Нуқтаи сиёҳ
Устоде ба шогирдонаш як қоғазро нишон дода, онҳоро барои андеша кардан даъват намуд. Дар миёни қоғаз танҳо як нуқтаи сиёҳ буд.
— Бигӯед, шумо чиро мебинед?
— Нуқтаро, — гуфт шогирди аввал.
— Нуқтаи сиёҳро? — гуфт дувумӣ.
— Нуқтаи сиёҳу ғафсро, — шитобон ҷавоб дод сеюмӣ.
— Афсӯс, — устод лаҳзае ба хаёл рафта, оҳиста сухан оғоз кард. — Ҳамаи шумо нуқтаи хурди сиёҳро дар рӯи қоғази сафед дидед, аммо он ҳудуди бузургу сафедеро, ки нуқта дар он ҷой гирифтааст, пай набурдед. Дар зиндагӣ низ чунин мешавад. Мо одамонро барои камбудиҳои ночизи онҳо айбдор мекунем. Ҳол он ки паси он нуқсони хурд дили бузург ва олиҷаноб нуҳуфтаро дарк намекунем. Ё ки дарк кардани онро намехоҳем …
0
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё