Зеҳн
Панду андарзҳо·Барномасоз·14 рӯз пешНашрия

ПАНДИ СУДМАНДИ ҲАКИМ

Ҳакиме дар як коғази сафед бо ранги сиёҳ нуқтаи калоне гузошт ва ба шогирдонаш нишон дода пурсид:

-Шумо чиро мебинед?

Шогирдонаш гуфтанд:

-Нуқтаи сиёҳро.

Ҳаким гуфт:

-Дидед, ки шумо чашматон дарҳол ба нуқтаи сиёҳ афтод, аммо сафедии коғазро надидед...

Мо дар инсон низ дарҳол айбу нуқси ўро, ки мисли ҳамин нуқтаи сиёҳ аст, мебинем !Аммо, хубиву хислатҳои неки ўро, ки мисли сафедии коғаз зиёд аст, мо намебинем ё бинем низ нодида мегирем. Барои ҳамин, хуб нест, ки барои андаке сиёҳӣ, сафедиҳои ўро фаромўш карда, беқадру беэҳтиромӣ созем!

0

Ҷавобҳо (0)

Ҳанӯз шарҳе нест.