ДАРСИ АДАБ
Рўзе духтарак аз падараш пурсид:
-Падарҷон, агар ман нафареро хеле дўст бидорам, аммо ў пайваста як кори баде анҷом диҳад, ман бояд чӣ кор кунам?
Падар ҷавоб дод:
- Бояд ба ў бигўӣ, ки ин кори хубе нест, онро накун.
Боз пурсид:
- Агар гуфта натавонам-чӣ?
Падар гуфт:
- Хуб, дар як порча коғаз бинавис ва дар ҷайбаш гузор.
Субҳ, ки мард барои рафтан ба кор омода мешуд, аз ҷайбаш порчаи коғазе ёфт, ки дар он чунин навиштае буд:
«Салом падарҷон. Сигор кашидан кори хубе нест, лутфан ин корро накунед».
0
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё