ЛУТФИ НОЗУК
Марде дар ошхона нишаста буд.
Пиру кампире ҳам ворид шуданд.
Маълум буд, ки шароити хуб надоштанд. Мард ба пиру кампир таваҷҷуҳ мекард. Кампир ба шавҳараш гуфт:
Дилам ош мехоҳад, ба андозаи ош пул дорӣ?
Мўйсафед гуфт: Ин маротиб танҳо шўрбо хўрем, маротиби дигар ҳатман ош хоҳем хўрд. Ҳоло пули ошро надорам.
Марде, ки дар наздикии онҳо нишаста буд ва суханрониҳои пиру кампир ба гўшаш мерасид, хеле ғамгин гашт. Сипас телефонашро аз ҷайбаш баровард ва каме суханронӣ кард. Баъд телефонро ба рўи миз гузошту бо овози баланд гуфт:
- Барои ҳамаи нишастагон аз ҳисоби ман ош тақсим шавад. Ман фарзанддор шудам.
Ба пиру кампир ҳам ош оварда шуд ва онҳо низ нўши ҷон карданд.
Дуои хайр доданд. Ин ҳолатро марди дигаре ҳам назорат мекард.
Аз байн чанд рўз гузашт. Рўзе нафари савумин марди оштақсимкунро бо ду фарзанди калонсолаш мебинад. Наздаш меравад ва мегўяд:
-Ту чанд рўз пеш дар ошхона барои соҳиби фарзанд шуданат ош тақсим кардӣ, аммо мебинам, ки фарзандони калон дорӣ.
Мард гуфт: Аҳвол ва суханронии пиру кампирро шунидам. Агар танҳо ба онҳо ош мегирифтам, шояд ба иззати нафсашон мерасидаму онҳоро ғамгин месохтам. Ба хотири наранҷидани онҳо барои тамоми нишастагон ош тақсим кардам.
Дар тақсимоти садақа бояд чунон рафтор кард, ки ба иззати нафси дигаре нарасид. Садақа барои шод кардан аст, на барои ғамгин сохтан.
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё