Қадри умр
Мол аз баҳри осоиши умр аст, на умр аз баҳри гирд кардани мол!
Оқилеро пурсиданд, ки некбахт кисту бадбахт кист? Гуфт: «Некбахт он, ки хӯрду кишт ва бадбахт он, ки мурду ҳишт».
Макун намоз бар он ҳеҷ кас, ки ҳеҷ накард,
Ки умр дар сари таҳсили мол карду нахӯрд!
Ду кас ранҷи беҳуда бурданду саъйи бефоида карданд: яке он, ки андӯхту нахӯрд ва дигар он, ки омӯхту амал накард.
Илм чандон, ки бештар хонӣ,
Чун амал дар ту нест, нодонӣ!
На муҳаққиқ бувад, на донишманд,
Чорпое бар ӯ китобе чанд!
Он тиҳимағзро чӣ илму хабар,
Ки бар ӯ ҳезум аст ё дафтар?
Олими нопарҳезгор — кӯри машъаладор аст!
Бефоида ҳар кӣ умр дарбохт,
Чизе нахариду зар бияндохт.
Се чиз бе се чиз пойдор намонад: мол бе тиҷорату илм бе баҳс ва мулк бе сиёсат.
Раҳм овардан бар бадон — ситам аст бар некон ва афв кардан аз золимон — ҷавр аст бар мазлумон!
Хабисро чу тааҳҳуд кунию бинвозӣ,
Ба давлати ту нигаҳ мекунад ба анбозӣ.
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё