ШИКАСТАНИ БУТҲО АЗ ҶОНИБИ ИБРОҲИМ ЪЛАЙҲИ-С-САЛОМ
Яке аз рӯзҳо дар деҳае, ки Иброҳим (а) зиндагӣ мекард, рӯзи ид фаро расид. Мардум ҳама хушҳолӣ мекарданд. Ҳамаи мардум аз хонаҳояшон барои гаштугузор берун баромаданд.
Кӯдакҳо низ барои сайру тамошо берун рафтанд. Озар падари Иброҳим (а) ҳам ҳамроҳи мардум ба гашту гузор баромад ва ба писараш Иброҳим (а) гуфт: “Ту ҳамроҳи мо ба тамошо намеравӣ?” Ҳазрати Иброҳим (а) “Ман каме беморам” гуфт. Мардуми деҳа ҳамагӣ ба сайру тамошо баромаданд, аммо Иброҳим (а) дар хона худаш танҳо монд.
Иброҳим (а) ба бутхона омад ва гуфт: “Оё гап намезанед?! Оё сухани маро гӯш намекунед?! Марҳамат, хӯрданӣ ва нӯшиданиҳо дар пешатон тайёр аст. Чаро намехӯред ва наменӯшед?!” Ҳарчанд Иброҳим (а) сухан мегуфт ва бутҳоро ба хӯрдану нӯшидан таклиф мекард, аммо онҳо хомӯш буданд. Зеро он бутҳо аз санг сохта шуда ва гап задан наметавонистанд. Иброҳим (а) боз такрор кард:
"Шуморо чӣ шудааст, ки гап намезанед?!"
Аммо бутон ҳамоно хомӯш буданд ва гап намезаданд. Дар ҳамин ҳолат Иброҳим (а) аз хомӯшии бутҳо ба ғазаб омад ва табари калонеро гирифту ба шикастани онҳо сар кард. Вай ҳамаи бутҳоро шикаст, магар як бути калонро боқӣ гузошт ва табарро бар гарданаш овезон кард
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё