НАСИҲАТИ ИБРОҲИМ ЪАЛАЙҲИ-С-САЛОМ БА ПАДАРАШ ОЗАР
Иброҳим (а) доим падарашро насиҳат карда мегуфт:
“Эй Падарҷон! Чаро ин бутҳоро мепарастед?!
Эй Падарҷон! Чаро назди ин бутҳо саҷда мекунед?!
Эй Падарҷон! Чаро ҳоҷатҳоятонро аз ин бутҳо мепурсед?!
Охир, ин бутҳо гап задан ва гӯш кардан наметавонанд-ку!
Охир, инҳо зарар ва фоида расонидан наметавонанд-ку!
Эй Падарҷон! Чаро назди ин бутҳо таом мегузоред?!
Охир, онҳо хӯрдан ва нӯшидан наметавонанд-ку!”
Озар падари Иброҳим (а) аз ин суханони фарзандаш ба ғазаб меомад, аммо ҳақ будани онро намефаҳмид.
Иброҳим (а) ҳамчунин ҳамдеҳагонашро насиҳат мекард, лекин онҳо ҳам аз суханони Иброҳим(а) қаҳрашон меомад ва ҳақ будани онро намефаҳмиданд.
Як рӯз Иброҳим (а) худ ба худ гуфт, акнун ман ин бутҳоро бо дастони худам мешиканам, ана баъд ин мардум арзандаи парастиш набудани бутҳоро мефаҳманд.
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё