Зеҳн
Панду андарзҳо·Аиъша·29 рӯз пешНашрия

ПИСАРИ ОЗАРИ БУТТАРОШ

Озар як писари бисёр боақлу тамйиз дошт. Номи писараш Иброҳим (а) буд. Иброҳим (а) медид, ки мардуми он деҳа ба назди бутҳо рафта, саҷда мекунанд ва онҳоро мепарастанд. Иброҳим (а) медонист, ки ин бутҳо аз санг сохта шудаанд, медонист, ки онҳо гап задан ва гӯш кардан наметавонанд, медонист, ки онҳо зарар ва фоида расонидан наметавонанд.

Иброҳим (а) медид, ки гоҳе пашшаҳо омада, бар рӯйи он бутҳо мешинанд, вале бутҳо он пашаҳоро аз рӯйи худ дур кардан наметавонанд, мушҳо омада хӯроки назди бутҳо гузоштаи мардумро мехӯранд, аммо бутҳо мушҳоро аз ин кор манъ кардан наметавонанд. Иброҳим (а) дар ҳайрат монда, худ ба худ мегуфт: “Чаро ин мардум бутҳои беҷонро мепарастанд ва чаро ҳоҷатҳояшонро аз онҳо мепурсанд”?

1

Ҷавобҳо (0)

Ҳанӯз шарҳе нест.