Талаби хайр чист?
Талаби хайр яъне барои ҳар кас беҳтаринҳоро хостан. Аммо на ҳатман он чизҳоеро, ки худи мо дар зеҳн дорем, балки он чиро, ки Худованд ба хубии он огоҳии комил дорад.
Вақте барои касе талаби хайр мекунед, дар асл аз Худо мехоҳед, ки беҳтаринро насиби ӯ гардонад. Ва Худованд онро барои ҳамон шахсе, ки шумо дар ҳаққаш дуо мекунед, ҷорӣ месозад.
Ёд гиред, ки ҳатто барои одамони бади зиндагиятон низ талаби хайр кунед. Зеро талаби хайр ҳам бузургтарин дуост ва ҳам ба маъное, бузургтарин нафрин...
Дуо буданаш равшан аст: шумо барои касе тамоми некиҳоро мехоҳед ва Худованд он некиро ҷорӣ мекунад.
Аммо «нафрин» буданаш аз он ҷиҳат аст, ки шумо барои касе бадӣ ё шар намехоҳед. Баръакс, аз Худо мехоҳед, ки он чиро хайр аст, барои шахсе, ки роҳи бадиро пеш гирифтааст, насиб гардонад. Ва Худованд беҳтар медонад, ки чӣ гуна бо сабаби ҳамин дуои шумо ӯро ҳушдор диҳад, то аз он сабақ бигирад.
Пас ҳамеша барои ҳама талаби хайр кунед.
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё