ИМТИҲОНИ ДУНЁ
Ҳамзамон шайтон дар роҳи рушди маънавиёти мо мисли як монеа аст. Зиндагии инсон худ як мусобиқа ва як имтиҳон аст. Ба монанди мусобиқаи варзишие, ки дар рафти он дар пеши роҳи варзишгарони даванда монеаҳо гузошта мешаванд. Баъзе варзишгарон ба монеаҳо бархӯрда меафтанд, дар ҳоле ки варзишгарони дигар аз болои монеаҳо ҷаҳида, ба марра мерасанд.
Оё шумо ягон бор майдони машқу тамрини аскаронро дидаед? Майдони машқи онҳо пур аз монеаҳову деворҳои душворгузар аст. Дар ҷое баландӣ, дар ҷое пастӣ, дар ҷойи дигар нардбон ва дар ҷое хандақ ҳаст. Аскарон бояд аз баландӣ биҷаҳанд, аз пастӣ ба боло бо нардбон зуд баромада тавонанд. Албатта, ҳамаи ин монеаҳоро бо мақсади ранҷу азияти аскарон нагузоштаанд, балки дар натиҷаи машқу тамрин маҳорати аскарон рушду такмил меёбад. Ҳамон гуна ки аскарон дар машқгоҳ маҳорату малакаи худро такмил медиҳанд, мо ҳам бояд монеаву сахтиҳои зиндагиро гузашта, имону эътиқодамонро мукаммал созем.
Яке аз монеаҳои бузург дар зиндагии инсон ҳамин шайтон мебошад. Нафси бади инсон, яъне ҳиссиёте, ки инсонро пайваста ба иҷрои корҳои зишт водор месозад, дастгири асосии шайтон аст. Инсон дар муқобили ин ду қувваи бадӣ бояд қавию устувор бошад. Дар акси ҳол ба монанди варзишгаре, ки хуб тамрин накардааст, ба ин монеаҳо дармонда, мағлуб мегардад.
Касоне, ки аз дасисаҳои шайтон огоҳанд ва ҳамеша бар зидди ӯ муқовимат мекунанд, метавонанд аз монеаву домҳои гузоштаи ӯ раҳо ёбанд. Вале инсонро лозим аст, ки дар мубориза бар зидди васвасаҳои шайтонӣ омодагии хуб бинад, меҳнат кунад ва арақи ҷабин резад. Вақте инсон аз доми шайтон раҳо меёбад ва дар монеаҳои ӯ дарнамемонад, ӯро як лаззате ва эҳсосоти аҷибе фаро мегирад, ки дар воқеъ чашиданист. Чунки ин имтиҳони худи инсон аст ва бад-ин васила меъёри сабру матонат ва устувории иродаи худро мефаҳмад. Ҳеҷ як ҳузуру ҳаловат ба андозаи завқе, ки инсон аз пирӯзӣ дар имтиҳони имону иродаи устувор дарёфт мекунад, хуштар нест.
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё