Зеҳн
Ҳикмат·Ахбор·21 рӯз пешНашрия

ОЁ ДИЛАШРО ШИКОФТӢ, ТО БИДОНӢ?!

Аз Усома ибни Зайд ривоят аст, ки гуфт:

«Расули Худо (с) моро барои таблиғи дин ба ҳар қабила равон мекард. Мо онҳоро ба ислом даъват мекардем, аммо баъзеашон бо силоҳ зиддият нишон медоданд. Боре яке аз онҳоро таъқиб намудем ва чун ба ӯ расидем, гуфт: «Ло илоҳа иллАллоҳ». Бо вуҷуди ин ман ӯро ба қатл расонидам. Чун ба Мадина расидем, ин хабар ба Паёмбари Худо (с) расид. Ӯ маро ба ҳузураш хонд ва гуфт: «Магар ту касеро ба қатл расондӣ, ки «Ло илоҳа иллАллоҳ» гуфта буд?!» Гуфтам: «Ӯ инро аз тарси ҷонаш гуфт!» Пас Расули Худо (с) фармуд: «Оё дилашро шикофтӣ, то бидонӣ, ки аз бими ҷон гуфта буд?!» Ва ин суханро ба андозае зиёд такрор намуд, ки орзу кардам, кош то он рӯз мусулмон намебудам.

0

Ҷавобҳо (0)

Ҳанӯз шарҳе нест.