Зеҳн
Ҳикмат·Зеҳн·21 рӯз пешНашрия

Одамизод бо ҳисси парастиши Худо ба дунё омада, баъдан ҳастиву ягонагии Парвардигорро эҳсос мекунад.

Аввалин ва асоситарин масъулияти инсони болиғ ва соҳибақл имон овардан ба Худованди Донову Тавоно мебошад.

Агар инсон бо чашми хирад ба худ ва ба ҳар он чизе, ки ӯро иҳота кардааст, назар кунад, ҳастии Худованди Қодиру Тавоноро ба осонӣ дарк мекунад ва ба қадри идрокаш Ӯро дӯст медорад. Агар ӯ ба Худо имон надошта бошад, бовар карданаш ба фариштагон, китобҳо, паёмбарон, қазову қадар ва рӯзи қиёмат маъние надорад. Асли имон эътиқод доштан ба ҳастии Худованд аст. Инсон вобаста ба покиву устувории имонаш аз файзу баракати ибодатҳо баҳравар мегардад.

1

Ҷавобҳо (0)

Ҳанӯз шарҳе нест.