Зеҳн
Т

Тоҷикистон

Бо истифода аз сарчашмаҳои муътамад, ҳаҷми зиёди иттилоот ва ҷалби муаллифони дорои ихтисосҳои гуногун таҳия намуда, маълумотҳо дар бораи Ватани азизамон

1 аъзоаз 8 ноябри 2026
Мақола

Нақлиёт

Нақлиёт дар таъмини рушди устувори иқтисодиёти ҷумҳурӣ мавқеи муҳим дошта, соҳаи афзалиятноки кишвар ҳисоб меёбад. Нақлиёт ҳамчун намуди фаъолияти хоҷагӣ ба нақлиёти истифодаи умум ва ғайриумум ҷудо мешавад. Нақлиёти истифодаи умум талаботи соҳаҳои иқтисодиёт ва аҳолиро дар боркашонӣ ва мусофирбарӣ қонеъ мегардонад. Намудҳои гуногуни маҳсулотро байни истеҳсолкунанда ва истеъмолкунанда мекашонанд. Нақлиёти истифодаи ғайриумумӣ (идоравӣ), маъмулан бору мусофирони корхонаву иттиҳодияи (ассотсиатсия, консерн ва ғайра)-и худро мекашонанд. Оғози ташаккули низоми нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба солҳои 20-уми асри 20 тааллуқ дошта, нақлиёти роҳи оҳан, автомобилӣ ва ҳавоиро дар бар мегирад. Соли 1924 аввалин хатсайри ҳавоии Душанбе — Тошканд ифтитоҳ ёфт. Солҳои 1926–1929 роҳи оҳани Тирмиз — Душанбе (225 километр) сохта шуд, ки мушкилоти алоқаи ҷумҳуриро бо шабакаи роҳи оҳани кишвар ҳал намуд. Солҳои 1929–1931 барои хизматрасонии нақлиётии сохтмони канали Вахш роҳи оҳани камбари Панҷи Поён бунёд карда шуд, ки баъдан ба роҳи истифодаи умум табдил ёфт. Дар ҳамин давра роҳҳои автомобилгарди ниҳоят муҳим барои ҷумҳурӣ ва нахустин дар ҳудуди он сохта шуданд, ки робитаҳои дохилии иқтисодиро, бахусус дар ноҳияҳои ҷанубӣ (Душанбе — Тирмиз, Саройкамар — Кӯлоб, Душанбе — Қӯрғонтеппа, шоҳроҳи Помири Шарқӣ — Ӯш — Хоруғ, Душанбе — Хуҷанд, баъдан шоҳроҳи Помир — Душанбе — Хоруғ) таъмин мекарданд. Дар солҳои пешазҷангӣ заминаи шабакаи роҳҳои алоқаи Тоҷикистон сохта шуд. Дар фурсати начандон зиёди таърихӣ Тоҷикистон аз кишвари қадимии дорои пайроҳа ва роҳҳои корвонгузар ба ҷумҳурии дорои роҳу нақлиёти замонавӣ табдил дода шуд. Ба сабаби шароити душвори релйеф роҳҳои оҳан чандон рушд наёфтанд. Ҳама роҳҳо якхатта буданд. Дар охири солҳои 80-ум дар хати Ҳавос — Хӯқанд сохтмони роҳи дуввум оғоз ёфт, ки баъдан ба кашиши барқӣ гузаронида шуд. Соли 1994 сохтмони ду хатти нави роҳи оҳани Самарқанд — Панҷакент ва Қӯрғонтеппа — Кӯлоб оғоз ёфт. Масофаи хатҳои роҳи оҳан дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 600 километр буд. Тақрибан 70% интиқоли бори хоҷагии халқ ба соҳаи нақлиёти автомобилӣ рост меомад. Ҳаҷми хизматрасонии нақлиётӣ тавассути тамоми соҳаҳои нақлиёт дар ҳолати пайвастаи рушд қарор дошт. Солҳои 2008–2010 ҳаҷми миёнаи солона дар самти боркашонӣ 2,5–3% ва мусофирбарӣ 4,5–5%-ро ташкил дод. Ҳаҷми умумии боркашонӣ дар соли 2018 афзуд (нигар ҷадвали 1). Робитаҳои нақлиётиву иқтисодии берунӣ ва байниҷумҳуриявӣ тавассути роҳҳои оҳан, автомобилгард ва инчунин нақлиёти ҳавоӣ амалӣ карда мешаванд. Алоқаи дохили ҷумҳурӣ асосан ба нақлиёти автомобилӣ вобаста аст. Қисми боркашонӣ ва мусофирбарӣ дар дохили ҷумҳурӣ тавассути нақлиёти роҳи оҳан ва дохилиминтақавии тариқи нақлиёти автомобилӣ амалӣ мешавад. Давоми 30 соли охир дар соҳаи нақлиёт бо маблағи зиёда аз 1,8 миллиард доллари амрикорӣ, 53 лоиҳаи гуногуни давлатӣ, аз ҷумла сохтмону таҷдиди роҳҳои автомобилгард, роҳи оҳан, бунёди иншоот ва лоиҳаҳои таҳкимбахши иқтидори техникии соҳа амалӣ гардид. Дар натиҷа, 2183 километр роҳ, 237 пул, 2 чорроҳаи сеқабата ва 2 дуқабата, 5 адад нақби мошингузар, 3,4 километр долонҳои зиддитармавӣ, 219 километр роҳи оҳан таҷдиду таъмир шуда, 682 адад техникаву таҷҳизоти роҳ харидорӣ гардид. Бо ёрии ташкилотҳои хориҷӣ 27,5 километр роҳҳои автомобилгард ва 47 адад пул (бо дарозии 2859 метр) ва аз ҷониби Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 9,91 километр роҳҳои автомобилгард ва 19 пул (бо дарозии 435 метр) сохтмону таҷдид шуданд. Дар ин давра барои муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгард 682 адад техникаю таҷҳизоти замонавӣ ва пуриқтидори нигоҳдории роҳҳо харидорӣ гардидаанд, ки зиёда аз 43,8%-и техникаю таҷҳизоти дар тавозуни муассисаҳо қарордоштаро ташкил медиҳанд. Баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ яке аз ҳадафҳои стратегӣ ба шумор рафта, сохтмону таҷдиди роҳҳои автомобилгарду оҳан, пулҳо, нақбҳо, фурудгоҳҳо ва дигар инфрасохтори нақлиётро мутобиқи меъёрҳои байналмилалӣ дар бар мегирад. Аз ин рӯ, дар комплекси нақлиёти ҷумҳурӣ 44 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи умумии беш аз 12 миллиард сомонӣ татбиқ гардида, зиёда аз 2 ҳазор километр роҳи мошингард, 31 километр нақб, 200 пул ва 173,2 километр роҳи оҳан сохтаву таҷдид шуд, аз ҷумла терминали мусофирбарӣ дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе мавриди истифода қарор гирифт. Ҳамчунин 374 адад техникаву механизми роҳдорӣ харидорӣ гардид. Соли 2011 барои инкишофи тамоми таркибҳои маҷмааи нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи давлатии рушди комплекси нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2025» таҳия шуд. Нақлиёти роҳи оҳан Дар қаламрави Тоҷикистон роҳи оҳан аз хатҳои транзитии гузарандаи Исфара – Шӯроб; Пахтаобод – Душанбе; Душанбе – Янгибозор; Тирмиз – Қӯрғонтеппа – Ёвон; Қӯрғонтеппа – Кӯлоб ва Самарқанд – Панҷакент иборат буд. Равобити байнидавлатии нақлиётиву иқтисодӣ тавассути роҳи оҳан бо кишварҳои Осиёи Марказӣ, Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Қазоқистон амалӣ карда мешавад. Дар робитаҳои иқтисодии байниминтақавӣ, боркашонӣ байни минтақаҳои шимолӣ ва ҷанубии ҷумҳурӣ ва мусофирбарӣ дар алоқаҳои байналмилалӣ ва маҳаллӣ (Душанбе – Маскав, Душанбе – Волгоград, Душанбе – Конибодом), инчунин дар минтақаи наздишаҳрии пойтахти ҷумҳурӣ амалӣ карда мешаванд. Дар оғози даврони Истиқлол роҳи оҳани Тоҷикистон дар ҳолати ба се қисм аз ҳам ҷудо қарор дошт. Соли 1994 дар заминаи шуъбаи душанбегии роҳи оҳани Осиёи Миёна корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» таъсис ёфт. Хатти нави роҳи оҳани Қӯрғонтеппа – Кӯлоб (соли 1998, бо дарозии 52 километр) ва марҳилаи дуввуми ин роҳ, қисмати Данғара – Қурбоншаҳид – Кӯлоб (соли 1999, бо дарозии 80 километр), инчунин роҳи оҳани Бохтар – Кӯлоб (бо дарозии 132 километр) ба истифода дода шуд. Соли 2011 қатораи мусофирбари Хуҷанд – Маскав ба фаъолият шурӯъ кард. Бори аввал дар даврони Истиқлол қатораҳои мусофирбари Кӯлоб – Маскав, Хуҷанд – Саратов низ ба фаъолият шурӯъ карданд. Соли 2016 дар қитъаи Ваҳдат – Ёвони роҳи оҳани Душанбе – Қӯрғонтеппа – Кӯлоб 40,7 километр роҳ, 3 нақб бо дарозии 3,7 километр ва 8 пул бо дарозии 683,2 метр ба истифода дода шуд. Айни ҳол 34 истгоҳу 4 вокзали роҳи оҳан, ки таҷдиду азнавсозӣ шудаанд, дар хизмати мардум қарор доранд. Дар доираи лоиҳаи муштараки Харитаи роҳ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон оид ба харидории 300 вагони болопӯшида, 200 нимвагон, 5 тепловоз ва 5200 тонна релси P65 бо пешниҳоди қарзи имтиёзноки Ҷумҳурии Қазоқистон ба маблағи умумии 50 миллион доллари Иёлоти Муттаҳидаи Амрико пешбинӣ гардид. Парки нақлиётии корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» аз 769 вагони борқаш, 168 вагони мусофирбар ва 7 тепловоз иборат аст. Соли 2019 тавассути нақлиёти роҳи оҳан 5798,9 ҳазор тонна бор ва 0,6 миллион мусофир интиқол дода шуд (нигар ҷадвали 2). Ҳаҷми боркашонӣ ва мусофирбарӣ дар солҳои 2015–2019 Ҷадвали 2. | Нишондиҳанда | 2015 | 2016 | 2017 | 2018 | 2019 | | :--- | :---: | :---: | :---: | :---: | :---: | | Боркашонӣ (ҳазор тонна) | 6125,6 | 5454,2 | 4646,5 | 5348,1 | 5798,9 | | Мусофирбарӣ (миллион мусофир) | 0,4 | 0,5 | 0,5 | 0,5 | 0,6 | Дар ҳудуди шаҳри Душанбе аз ҷониби корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» 5 пули роҳи оҳан ба маблағи умумии 8,5 миллион сомонӣ таъмиру азнавсозӣ карда шуд. Бо мақсади баромадан ба мамлакатҳои Осиёи Ҷанубӣ аз соли 2019 корҳои сохтмонӣ дар хатти роҳи оҳани Ҷалолиддини Балхӣ – Ҷайҳун – Панҷи Поён (Тоҷикистон) – Шерхон Бандар (Афғонистон) амалӣ мешавад. Нақлиёти ҳавоӣ Нақлиёти ҳавоӣ дар Тоҷикистон аз солҳои 20-уми асри 20 ибтидо мегирад. Дар давраи пешҷангӣ хатҳои ҳавоӣ аз Душанбе – Хуҷанд, инчунин аз Душанбе – Кӯлоб, Ғарм, Панҷ ва ғайра амал мекарданд. Соли 1937 роҳи ҳавоии Душанбе – Хоруғ кушода шуд. Солҳои 1971–1980 дарозии хатҳои ҳавоӣ 3,9 баробар (аз 17,9 то 68,9 ҳазор километр) ва ҳаҷми мусофирбарӣ аз 1691 ҳазор нафар ба 2497 ҳазор нафар зиёд шуд, яъне 1,5 баробар ва гардиши мусофирон аз 1603 ба 3406 миллион мусофиркм расид, яъне 2,1 маротиба афзуд. Тариқи нақлиёти ҳавоӣ миқдори назарраси корҳои соҳаи кишоварзӣ, ҷустуҷӯи геологӣ, ёрии тиббӣ ва ғайра иҷро карда мешаванд. Дар ҷумҳурӣ солҳои 1991–2008 танҳо як корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикистон» фаъолият дошт. Дар ин давра шумораи парвозҳои байналмилалӣ зиёд ва парвозҳои дохилӣ коҳиш ёфтанд. Ин аз рӯи омили баланд шудани тарифҳои ҳамлу нақли ҳавопаймоӣ ва паст шудани талаботи қобилияти пардохт ба ҳамлу нақли ҳавопаймоии дохилӣ вобаста буд. Соли 1995 фурудгоҳи шаҳри Кӯлоб таҷдид гардид ва ба истифода дода шуд. Соли 2008 дар заминаи коргоҳи ҳавопаймоии «Тоҷикистон» ҷамъияти саҳомии кушодаи «Тоҷик Эйр», 4 фурудгоҳи байналмилалӣ (Душанбе, Хуҷанд, Кӯлоб ва Қӯрғонтеппа), 29 фурудгоҳи маҳаллӣ (Хоруғ, Ванҷ, Рӯшон, Мурғоб, Дарвоз, Панҷакент, Айнӣ, Исфара, Панҷ, Ҳамадонӣ, Фархор, Рашт, Лахш ва ғайра), Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Ширкати таъминоти сӯзишворӣ» ва «Тоҷикаэронавигатсия» ташкил шуданд. Ҳамин тариқ, дар ҷумҳурӣ ҷуғрофияи парвозҳои ширкатҳои ватанӣ васеъ гардида, бо 26 давлати дунё ҳамкориҳо оид ба алоқаи ҳавоӣ ба роҳ монда шуд. Соли 2017 Агентсияи авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд. Ҳоло дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон ширкатҳои хориҷии «Сибир», «Ютайр», «Уральские авиалинии», «Глобус» ва «Икар» (Федератсияи Россия), «Южные авиалинии» (Хитой), «Туркиш авиалинии» (Туркия), «Осмон» (Эрон), «КамЭйр» (Афғонистон), «Авиа Трафик Компания» (Қирғизистон), «ЭйрАстана» (Қазоқистон), «Флай дубай» (Аморати Муттаҳидаи Араб) ва «Узбекистон ҳаво йӯллари» (Узбекистон) амал мекунанд. Соли 2017 ҳаҷми умумии интиқоли мусофирон аз ҷониби ширкатҳои ҳавопаймоии ватанӣ афзуда, 0,9 миллион мусофир ва гардиши мусофирон 2344,5 миллион мусофир-кмро ташкил дод (нигар ҷадвали 3). Ҳаҷми мусофирбарӣ ва гардиши мусофирон дар солҳои 2015–2019 Ҷадвали 3. | Нишондиҳанда | 2015 | 2016 | 2017 | 2018 | 2019 | | --- | --- | --- | --- | --- | --- | | Мусофирбарӣ (миллион мусофир) | 0,8 | 0,8 | 0,9 | 0,8 | 0,7 | | Гардиши мусофирон (миллион мусофир-километр) | 2028,6 | 2259,1 | 2344,5 | 2241,1 | 1913,4 | Дар ҷумҳурӣ 12 парки умумии ҳавопаймо ва 13 адад ҳавопаймои муосир мавриди истифода қарор доранд. Ҳоло ба 127 адад ширкати ҳавопаймоии ватаниву хориҷӣ хидматрасониҳои аэронавигатсионӣ карда мешавад. Бо мақсади боло бурдани сатҳи хизматрасониҳо аз ҷониби Ҷумҳурии Фаронса барои бунёди манораи назоратӣ - диспетчерӣ дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе корҳои сохтмонӣ идома доранд. Дар солҳои 2014–2018 дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе терминалҳои нави ҳозиразамони мусофирбарӣ ба истифода дода шуданд. Айни замон, дар соҳаи мазкур 3 лоиҳаи инвеститсионӣ, аз ҷумла лоиҳаи «Таҷдид ва муҷаҳҳазгардонии техникии фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд» (8,6 миллион доллари Иёлоти Муттаҳидаи Амрико), «Беҳтаргардонии хизматрасонии аэронавигатсионии Тоҷикистон» (3,4 миллион доллари Иёлоти Муттаҳидаи Амрико) ва сохтмони манораи назоратӣ-диспетчерӣ (4 миллион доллари Иёлоти Муттаҳидаи Амрико) дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе мавриди татбиқшавӣ қарор доранд. Дар умум дар даврони Истиқлол 220 километр хатти роҳи оҳан сохта ба истифода дода шуд. Нақлиёти автомобилӣ Нақлиёти автомобилӣ навъи нақлиёти асосии ҷумҳурӣ ба ҳисоб рафта, тақрибан 90% корҳои боркашонии ҷумҳуриро иҷро мекунад. Соли 2018 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дарозии умумии роҳҳои автомобилгарди истифодаи умум 14198 километрро ташкил дод. Роҳҳои автомобилӣ ҳамчун унсури асосии муҷаҳҳазкунии техникии нақлиёти автомобилӣ, хусусан дар даҳсолаҳои охир босуръат сохта ва таҷдид шуданд. Барои таъмир ва нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди истифодаи умумӣ аз буҷети давлат дар солҳои 1992 – 2020 778,6 миллион сомонӣ ва аз буҷети мақомоти маҳаллӣ 95 миллион сомонӣ ҷудо ва истифода шуд. Соли 2021 бо ин мақсад аз буҷети давлат 80,9 миллион сомонӣ пешбинӣ гардид, ки нисбат ба соли 1992 67,1 баробар зиёд аст. Соли 2020 221 корхонаи нақлиёти автомобилӣ (81 адад мусофирбар, 104 адад боркаш ва 36 адад омехта), 51 терминали мусофирбарӣ, 11 терминали боркашонӣ, 1314 нуқтаи таъмир ва хизматрасонии техникии таъмири нақлиёт ва 77 қароргоҳи нақлиёти автомобилӣ, инчунин 886 хатсайри мусофирбарӣ (180 шаҳрӣ, 571 наздишаҳрӣ, 118 байнишаҳрӣ ва 17 байналмилалӣ) ба қайд гирифта шуданд. Тавассути нақлиёти автомобилӣ дар ин давра 11 миллион 549 ҳазор тонна бор бо гардиши 2067,1 миллион тонна-километр ва 292 миллион 283,7 ҳазор мусофир бо гардиши 2632,8 миллион мусофир-километр интиқол дода шуд. Аз соли 2000 бо ҷалби маблағгузории хориҷӣ 44 лоиҳаи инвеститсионӣ оид ба сохтмону таҷдиди инфрасохтори нақлиётӣ татбиқ шуд, ки роҳҳои автомобилгарди Мурғоб – Қулма – Қароқурум; Шоҳон – Зигар – марҳилаи 1, 2 ва 3, Шкев – Зигар, Душанбе – Қӯрғонтеппа – Данғара – Кӯлоб, Дӯстӣ – Панҷи Поён – марҳилаи 1 ва 2, Душанбе – сарҳади Қирғизистон – марҳилаи 1, 2 ва 3, Душанбе – Чаноқ – сарҳади Узбекистон; Қӯрғонтеппа – Дӯстӣ марҳилаи 1, Душанбе – Турсунзода – сарҳади Узбекистон; Айнӣ – Панҷакент – сарҳади Узбекистон, пул аз болои дарёи Сурхоб дар Янғолиқ, пулҳо дар ноҳияҳои Ишкошим, Дарвоз, Ванҷ, Шӯробод, шаҳри Хоруғ, пулҳои байналмилалии байни Тоҷикистон ва Афғонистон дар мавзеъҳои Тем, Рузвай, Ишкошим, Панҷи Поён, Ванҷ, Шӯробод, нақбҳои «Истиқлол», «Озодӣ», «Шаҳристон», «Дӯстӣ», «Хатлон» ва ғайраро дар бар мегирад. Соли 2017 лоиҳаҳои сохтмони роҳи автомобилгарди Кӯлоб – Қалъаихумб, қитъаи Ш. Шоҳин – Шоҳон ва роҳи автомобилгарди Восеъ – Ховалинг ба истифода дода шуданд. Дар ин давра 9 терминали байналмилалии боркашонӣ ва 5 терминали мусофирбарӣ сохта, ба истифода дода шуд. Аз ҷониби Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Холдинг Азия Групп Таджикистан», Терминали марказии шаҳри Душанбе азнавсохта шуда, 40 адад автобуси замонавӣ ва 100 адад воситаи нақлиёти сабукрави «такси»-и истеҳсоли Кореяи Ҷанубӣ дар хизмати мусофирон қарор дода шуд. Соли 2014 50 адад автобуси «ЛиАЗ», 25 адад автобуси «ПАЗ» ва 30 адад троллейбус ба ҷумҳурӣ оварда шуд, ки ҳоло хизмат мерасонанд. Солҳои 2017–2018 64 автобуси тамғаи «ISUZU» ва 27 адад автобуси тамғаи «АКИА» барои беҳтар гардонидани хизматрасонӣ ба мусофирон харидорӣ карда шуд. Соли 2018 теъдоди умумии воситаҳои нақлиёти автомобилӣ 449780 ададро ташкил дод, (38988 адад боркаш, 14567 адад мусофирбар, 392425 адад сабукрав ва 3800 адад махсусгардонида). Дар заминаи барқарор шудани муносибатҳои иқтисодию иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Узбекистон фаъолияти 9 гузаргоҳи сарҳадии қаблан аз фаъолият бозмонда, аз ҷумла гузаргоҳҳои сарҳадии Айвоҷ (ноҳияи Шаҳритус) – Узбекистон, Саразм (шаҳри Панҷакент) – Узбекистон, Ҳаштяк (ноҳияи Спитамен) – Узбекистон, Навбунёд (ноҳияи Айнӣ) – Узбекистон, Равот (шаҳри Конибодом) – Узбекистон, Зафаробод (ноҳияи Зафаробод) – Узбекистон, Ҳавотоғ (ноҳияи Зафаробод) – Узбекистон ва Ӯротеппа (шаҳри Истаравшан) – Узбекистон аз нав барқарор карда шуданд. Айни замон, интиқоли байналмилалии бору мусофирон бо нақлиёти автомобилӣ тавассути ин гузаргоҳҳо амалӣ мешавад. Дар самти ҳамлу нақли байналмилалии бор 28 ширкати нақлиёти автомобилӣ дар ҳамкорӣ бо 3 Ассотсиатсияҳои байналмилалии автомобилии боркашонӣ («АВВАТ», «АІАТТ» ва ЛТ) дар асоси созишномаҳои байналмилалии дуҷонибаву бисёрҷониба бо 40 кишвари хориҷи дуру наздик ҳамлу нақлро амалӣ мекунанд. --- Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 344–346.

0

Занбӯрпарварӣ

Занбӯрпарварӣ соҳаи кишоварзӣ ба ҳисоб рафта, ба аҳолии Тоҷикистон аз замонҳои қадим маълум буд. Дар асри 11 Абӯалӣ ибни Сино дар асари худ «Ал-Қонун фи-тонна-тиб» дар бораи хусусиятҳои табобатии асал ва мум зикр карда буд. Занбӯрпарварӣ дар ҷумҳурӣ соҳаи нисбатан ҷавон буда, дар марҳилаи ташаккулёбӣ қарор дорад. Дар Тоҷикистони имрӯза аввалин оилаҳои занбӯри асал соли 1918 пайдо шуда буданд. Оилаҳои занбӯри асал дар ковокӣ ва кундаи дарахтон, қуттиҳои чӯбӣ, танӯр, кандуи чаҳорчӯба ва ғайра нигоҳ дошта мешуданд. Дар он давра занбӯрҳои асал аз Америка, Итолиё ва Кипр оварда мешуданд. Солҳои 1932–1934 нахустин кандуҳои занбӯри асал, ки аз 300 оилаи занбӯри навъи қафқозӣ иборат буданд, ба колхозҳои ноҳияҳои Хуҷанд, Конибодом, Ҳисор ва Шаҳринав оварда шуданд. Соли 1946 дар Варзоб ва соли 1949 дар Ғарм (ҳоло Рашт) парвариши занбӯри асал ба роҳ монда шуд. Соли 1952 дар шаҳри Душанбе идораи «Занбӯрпарварӣ» таъсис ёфт. Соли 1957 онро ба ноҳияи Янгибозор (ҳоло шаҳри Ваҳдат) кӯчонида, истеҳсоли мумварақа, канду ва болопӯши онро ба роҳ монданд, коргоҳи кандусозӣ ва мағозаи фурӯши асбобу анҷоми занбӯрпарварӣ ташкил карда шуд. Ҳамин тавр, адади оилаҳои занбӯри асал соли 1960 ба 70 ҳазор расид. Соли 1992 дар ҷумҳурӣ 250 ҳазор оилаи занбӯри асал мавҷуд буд. Иттиҳодия ва Ассотсиатсияи занбӯрпарварони Тоҷикистон ташкил ёфт, ки дар 42 ноҳия фаъолият мекард. Дар 360 хоҷагии занбӯрпарварӣ 7500 нафар машғули кор буд. Дар ноҳияҳои ҷумҳурӣ 16 хоҷагии махсуси занбӯрпарварӣ ташкил ёфт, ки 31 ҳазор оилаи занбӯри асал дошт. Дар хоҷагиҳои занбӯрпарварии Хуҷанд, Истаравшан, Зафаробод, Темурмалик, Ховалинг, Мӯъминобод, Шӯрообод (ҳоло Шамсиддин Шоҳин), Файзобод, Ҳисор (деҳаи Арчинак) ва Тавилдара 1500–4500 оилаи занбӯри асал мавҷуд буд (аз ҳар оилаи занбӯр то 20 килограмм асал мегирифтанд). Дар замони нооромиҳои сиёсии кишвар занбӯрпарварӣ рӯ ба таназзул ниҳод. Дар ҷумҳурӣ аз 250 ҳазор оилаи занбӯри асал, ки соли 1992 мавҷуд буд, соли 2005 ҳамагӣ 49 ҳазор оила боқӣ монд. Фаъолияти хоҷагиҳои калони занбӯрпарварӣ, масалан, совхози занбӯрпарварии ноҳияи Мӯъминобод ба куллӣ қатъ гашт. Соли 2005 дар ҷумҳурӣ ду барномаи давлатӣ — «Барномаи барқарорсозӣ ва рушди минбаъдаи соҳаи занбӯрпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2006–2010» ва «Барномаи рушди соҳаи занбӯрпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011–2016» қабул гардид, инчунин дар факултаи зооинженерии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур тахассуси занбӯрпарварӣ ва кафедраи парандапарварӣ ва занбӯрпарварӣ таъсис дода шуд. Дар натиҷа шумораи оилаҳои занбӯри асал аз 46 ҳазор ба 207 ҳазор расид. Соли 2013 ба ҷумҳурӣ 500 оилаи занбӯри асали хушзот ворид ва ба хоҷагиҳо тақсим карда шуд (Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон - 80, Суғд - 70, Хатлон - 150, ноҳияҳои тобеи марказ - 200). Корхонаи воҳиди давлатии «Асали Тоҷикистон» ва Ассотсиатсияи занбӯрпарварони Тоҷикистон таъсис ёфт. Ба ҳолати 1 январи соли 2021 — 235370 оилаи занбӯри асал ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 4965 оила зиёд аст. Бо дар назар доштани шароити беназири иқлимӣ ва захираҳои ғании набототи асалдор тамоми заминаҳо барои рушди бомуваффақияти соҳа мавҷуданд. Адабиёт: Шарипов А. (ва дигарон) Перспективы развития пчеловодства в Таджикистане // Научное обеспечение животноводства Таджикистана. Душанбе, 1990; Алиев Ғ. Таърихи занбӯрпарварӣ ва маслиҳат ба занбӯрпарварон. Душанбе, 1990; Харченко И. Н., Рыдин В. Е. Пчеловодство. Москва, 2015. А. Шарипов, Ғ. Алиев, Ш. Солиев. Моҳипарварӣ Дар ҷумҳурӣ моҳипарварии ҳавзӣ аз соли 1936 ибтидо гирифта, ҳамчун соҳаи хоҷагии халқ, он аз нимаи дуввуми солҳои 60, пас аз сохтани обанборҳои маснуъ босуръат рушд кард. Ҳавзи моҳипарварии шаҳри Сталинобод (ҳоло шаҳри Душанбе) дар байни деҳаҳои Лучоб ва Варзоб дар масоҳати 36 гектар воқеъ буд. Дар ин ҷо асосан моҳии фурӯшӣ парвариш карда мешуд. Маҳсулнокии ҳавз 8-10 сентнер аз ҳар гектар буд. Дар ибтидои солҳои 50 асри 20 моҳипарварӣ дар ноҳияҳои Шаҳринав, Сталинобод, Орҷоникидзеобод (ҳоло шаҳри Ваҳдат), Кӯйбишев (ҳоло ноҳияи А. Ҷомӣ) вусъат ёфт. Солҳои 60 асри 20 хоҷагии тухму моҳипарварии Қайроқум, хоҷагиҳои моҳипарварии Чӯбак, Кумсангир ва комбинати моҳии Панҷакент ба истифода дода шуданд. Соли 1982 Иттиҳодияи истеҳсолии моҳии Хоҷамастон, хоҷагии моҳипарварии Қайроқум бо хоҷагии тухмгузорӣ ва парвариши моҳӣ, комбинати моҳипарварии Панҷакент, хоҷагии моҳипарварии Чӯбак ва заводи гулмоҳипарварии Кофарниҳон фаъолият мекарданд. Масоҳати умумии ҳавз тақрибан 1000 гектарро ташкил медод. Соли 1986 дар ҷумҳурӣ 2470 тонна моҳӣ истеҳсол шуд. Бо мақсади ривоҷу равнақ додани соҳаи моҳипарварӣ дар Институти зоология, паразитология ва хоҷагиҳои моҳидорӣ корҳои илмиву таҳқиқотӣ анҷом дода мешаванд. 5 марти 1979 унвони фахрии Моҳипарвари хизматнишондодаи Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон аз ҷониби Президиуми Совети Олии Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон таъсис шуда буд, ки ба мутахассисони хуби хоҷагиҳои моҳипарварӣ, корхонаҳои саноати моҳӣ, коркунони Идораи (Управленияи) хоҷагии моҳипарварӣ назди Совети Вазирони Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон ва ба пешқадамони ин соҳа дода мешуд. Дар давоми панҷсолаи даҳум Комбинати моҳипарварии Панҷакент ба истифода дода шуда, майдони ҳавзи Иттиҳодияи истеҳсолии моҳии Хоҷамастон васеъ гардид. Дар анҷоми панҷсолаи ёздаҳум майдони ҳавзҳои Хоҷагии моҳипарварии Чӯбак аз ҳисоби ба истифода додани 2 ҳавзи дуввуми моҳифарбеҳкунӣ дар масоҳати 100 гектар васеъ ва заводи гулмоҳипарварӣ бо мақсади ба роҳ мондани гулмоҳичаҳо барои ҷойгир кардан дар обанбори Норак таҷдид карда шуд. Дар баробари сохта шудани неругоҳи барқи обии Роғун ва дигар силсиланеругоҳҳои Вахш масоҳати обанбор васеъ мешавад. Дар хоҷагиҳо навъҳои гулмоҳӣ, капур, амури сафед ва пешониғафсҳо парвариш карда мешуданд. Иттиҳодияи истеҳсолии моҳии Хоҷамастон таъминкунандаи асосии маводди моҳипарварӣ аст, ки на танҳо барои хоҷагиҳои моҳипарварии Тоҷикистон, балки ба баъзе хоҷагиҳои ҳавзии Қазоқистон, Ӯзбекистон ва дигар ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил маводди моҳипарварӣ фароҳам мекунад. Соли 2021 дар миқёси ҷумҳурӣ 352 хоҷагии моҳипарварӣ бо масоҳати 2713,4 гектар ҳавзҳои моҳипарварӣ ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 52 адад зиёд аст. Моҳидорӣ дар хоҷагии моҳипарварии Қайроқум, ки дар он ҷо бригадаҳои махсуси моҳидорӣ ташкил карда шудаанд, рушд кардааст. Ба роҳ мондани самти нави парвариши моҳӣ ва хоҷагии кӯливу молини моҳипарварӣ ба нақша гирифта шудааст. У. Ҷалилов, Ш. Солиев. Кирмакдорӣ Кирмакдорӣ дар Тоҷикистон қадимтарин соҳаи кишоварзӣ мебошад. Дар асрҳои 4-5 дар Хуҷанди бостонӣ ва дар ҷануб дар ҳудуди имрӯзаи ноҳияҳои Қубодиён ва Шаҳритуси вилояти Хатлон ба кирмакдорӣ машғул буданд. Баъдан он дар саросари Тоҷикистон вусъат ёфт. Тоҷикон аз қадим кирмакпарварони моҳир ва коркардкунандагони абрешим буданд. Анвои гуногуни матоъҳои абрешимӣ ва нимабрешимӣ шоҳӣ, атлас, беқасаб, адрас ва ғайра истеҳсол карда мешуд. Алҳол истеҳсолоти абрешими шаҳри Душанбе дар ҷамъияти саҳомии кушодаи «Тори заррин», ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «ВТ– Роҳи абрешим» ва «Тоҷикатлас» идома дорад. Дар Хуҷанд аз соли 1867 ҳамасола беш аз 10 ҳазор пуд навъҳои арзишноки пила истеҳсол карда мешуд. Соли 1872 дар Хуҷанд 2000 пуд ва соли 1887 – 6642 пуд пила тайёр карда шудааст. Соли 1892 бори аввал дар Осиёи Марказӣ дурагаи нави тухми кирмаки абрешим дар Хуҷанд ба вуҷуд оварда шуд. Дар Хуҷанд як корхонаи тухмитайёркунӣ таъсис ёфт, ки аҳолиро бо тухми аълосифат таъмин менамуд. Кирмакпарварон дар Хуҷанд тухмиҳои ҷопонӣ, фаронсавӣ, самарқандӣ ва фарғонагиро парвариш мекарданд. Соли 1886 ба кирмакпарвари маҳаллӣ Акрам Аскаров медали калони нуқрагин супурда шудааст. Селекционери зотпарвар аз Хуҷанд Алихоҷа Эшони пилачӣ ҳамасола тухмҳои абрешими гуногунранг (сурх, зард, кабуд, сафед ва ғайра) омода мекард. Соли 1900 Мир Солеҳ Зоитбоев ва Мирзо Хоҷа Ӯрунхоҷаев барои парвариши дурагаҳои нави сермаҳсули абрешим дар намоишгоҳ бо медалҳои нуқра ва биринҷӣ сарфароз шуда буданд. Соли 1910 Нишони шаҳри Хуҷанд тасдиқ гардид, ки дар он баргҳои тут, матоъҳо аз абрешим ва шохаи гандум тасвир шуда буданд, ки ин рамз дар баробари истеҳсоли ғалладона кирмакдориро низ инъикос мекард. Солҳои пеш аз инқилоб дар ноҳияҳои Хуҷанд пила сол аз сол зиёд истеҳсол карда мешуд: солҳои 1907–11723 пуд, 1910–23753 пуд, 1913–27 000 пуд. Соли 1919 дар Хуҷанд ва соли 1922 дар Душанбе заводи давлатии тухмитайёркунӣ ба истифода дода шуд. Барои қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти кирмакдорӣ соли 1957 дар шаҳри Хуҷанд ва соли 1980 дар шаҳри Душанбе заводҳои тухмии замонавӣ сохта ба истифода дода шуданд. Иқтидори заводҳо ба 50–60 ҳазор қуттии тухми кирмак расида, тамоми хоҷагиҳои кирмакдориро бо тухми ватанӣ таъмин менамуданд. Барои бо тухми кирмаки зотӣ таъмин кардани заводҳо соли 1963 дар шаҳри Ваҳдат Стансияи зотпарварии тухми кирмак ба истифода дода шуд. Кирмакдорӣ солҳои пойдории Давлати Шӯравӣ дар Тоҷикистон аз ҷиҳати ҳосили умумии пила ҷои чорум (пас аз Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Ӯзбекистон, Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Озарбойҷон ва Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Туркманистон) ва аз ҷиҳати ҳосилнокӣ ҷои дуввумро (баъд аз Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Ӯзбекистон) ишғол намудааст. Солҳои 1928–1929 дар Ленинобод (ҳоло Хуҷанд), Шаҳритус, Қӯрғонтеппа (ҳоло Бохтар), Кӯлоб, Шаҳринав, Ғарм ва дигар ноҳияҳои ҷумҳурӣ барои ривоҷи кирмакдорӣ ниҳолхонаҳои тутпарварӣ ташкил гардида буданд. Дар ҷумҳурӣ ба сабаби кам будани заминҳои обӣ тут чун манбаи ғизои кирмак дар байни заминҳо, атрофи роҳҳо шинонда шуда, дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ парвариши тути лалмӣ ҷорӣ карда шуда буд. Бо мақсади беҳтар гардондани сифати пила дар ҷумҳурӣ се бор (солҳои 1948–1950; 1955–1958; 1963–1971) зотивазкунӣ сурат гирифт. Дурагаҳои СН 8 Х СН9 аз истеҳсолот гирифта шуда, дурагаҳои баландсифати БК1 Х БК2, СН21 Х СН17, тетрахибриди №3 ҷорӣ карда шуданд. Дар ҷумҳурӣ, хусусан солҳои баъди Ҷанги Бузурги Ватанӣ кирмакдорӣ инкишоф ёфт. Соли 1940 дар ҷумҳурӣ ҳамагӣ 1279 тонна пила тайёр карда шуд, соли 1965 – 2359 тонна; 1970 – 2483,7 тонна, 1975 – 3419,3 тонна ва соли 1991 – 4528 тонна пила истеҳсол шуд, ки ин ба ҳисоби миёна аз ҳар қуттӣ мутаносибан 34; 52,7; 53,1; 59,5 килограммро ташкил дод. Ҳаҷми пилатайёркунӣ соли 1991 нисбат ба соли 1975 32,4% афзуд. Дар хоҷагиҳои алоҳида маҳсулнокии кирмаки пила ба ҳисоби миёна 70 килограмм ва ҳатто аз 100 килограмм зиёдро ташкил мекард. Соли 1976 кирмакпарварони колхози ба номи М. В. Фрунзеи ноҳияи Хуҷанд аз 490 қуттӣ кирмак ба ҳисоби миёна 103,9 килограмм ҳосил гирифта, нақшаи пиласупориро 121% иҷро карданд. Чандин кирмакпарвари ҷумҳурӣ барои дастовардҳои баланд бо унвони Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (Ф. Сӯфихонова, Б. Мирашӯрова, Ҷ. Ӯрунова) ва 8 нафар мутахассисони соҳа ба унвони Агрономи хизматнишондодаи Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон сарфароз шуданд. Дар натиҷаи ҷорӣ намудани дастовардҳои илмӣ муҳлати хӯрокдиҳии кирмак аз 30–32 то 25–28 рӯз кам карда шуд. Бо мақсади таъмини тухми кирмаки абрешими зотҳои ба маҳал мутобиқшуда дар назди Стансияи минтақавии таҷрибавии пахтакории ноҳияи Хуҷанд озмоишгоҳи кирмакдорӣ ва дар заминаи он Стансияи таҷрибавӣ ва соли 2018 Стансияи ҷумҳуриявии таҷрибавии кирмакпарварии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон ташкил гардид. Зотҳои нави «Тоҷикистон-1», «Тоҷикистон-2», «Хуҷанд-1» ва «Хуҷанд-2», инчунин дурагаҳои сермаҳсули онҳо ва дурагаҳои дарахти тут «Суғдиён-1» ва «Суғдиён-2»-и аз ҷониби олимони соҳа бавуҷудовардашуда дар амал татбиқ гардиданд. Соли 2004 дар факултети «Боғдорӣ ва биотехнологияи кишоварзӣ»-и Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шоҳтемур кафедраи кирмакпарварӣ таъсис дода шуд. Истеҳсоли пила дар ҷумҳурӣ дар солҳои 2008–2019 | Вилоят ё минтақа | 2008 (тонна) | 2010 (тонна) | 2012 (тонна) | 2019 (тонна) | | --- | --- | --- | --- | --- | | Суғд | 1303,1 | 396,4 | 636,2 | 315,7 | | Хатлон | 1212,7 | 518,8 | 560,2 | 378,4 | | Ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ | 243,2 | 162,7 | 145,1 | 109,6 | | Ҳамагӣ | 2759 | 1077,9 | 1341,5 | 803,7 | Соли 2011, «Барномаи рушди соҳаи кишоварзӣ ва коркарди пила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012–2020» тасдиқ шуд. Тибқи барномаи мазкур тадбирҳои зарурӣ ҷиҳати беҳтар кардани заминаи хӯроки кирмак ва корҳои зотпарварӣ, таъмини хоҷагиҳо бо тухмии хушсифати кирмак, бештар намудани ҳавасмандии хоҷагидорон ва кирмакпарварон дар истеҳсоли пила ва рушди соҳа амалӣ мешаванд. Адабиёт: Ҳафизов А. Р. Шелководство Средней Азии (Развитие и экономика). Ташкент, 1969; Муҳиддинов С. Москва, Салимҷонов С. Кирмакпарварӣ. Хуҷанд, 2010; Салимҷонов С. История шелководства и шелкомотального производства Северного Таджикистана. Душанбе, 2014. С. Салимҷонов, Д. Комилзода, С. Шарифов, Ш. Солиев. --- Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 341–343.

0

Кишоварзӣ

То солҳои 20-уми асри 20 кишоварзӣ дар қаламрави Тоҷикистони имрӯза хусусияти истеъмолӣ дошт. Маҳсулоти бозоргир (пахта, меваҳои хушк) танҳо дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистони Шимолӣ ба миқдори ночиз истеҳсол мешуданд. Дар солҳои Ҳокимияти Шӯравӣ дар ҷумҳурӣ колхозу совхозҳои калони истеҳсолӣ ба вуҷуд омаданд. Соли 1998 дар ҷумҳурӣ 255 колхоз, 230 совхоз, 8 идораи байнихоҷагӣ, 171 хоҷагии иҷоравӣ, 61 ҷамъияти саҳомӣ, 118 кооперативи кишоварзӣ, 87 ассотсиатсияи деҳқонӣ, 8243 хоҷагии деҳқонӣ вуҷуд дошт. Дар Тоҷикистон шабакаи васеи корхонаҳои давлатии кишоварзӣ — совхозҳо, фермаҳои парандапарварӣ, пойгоҳҳои чорводорӣ ва инкубатсионӣ-парандапарварӣ, хоҷагиҳои таҷрибӣ, муассисаҳои илмию тадқиқотӣ ба вуҷуд омаданд, ки дар пешрафти соҳаи кишоварзӣ нақши муҳим доштанд. Дар натиҷаи ин корҳо соли 2020 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ ба 33607,1 миллион сомонӣ баробар шуд, ки нисбат ба соли 2019 8,8% зиёд мебошад. Маҳсулоти соҳаҳои рустанипарварӣ ва чорводорӣ мутаносибан 8,1 ва 10,7 % афзуд. Рушди соҳаи чорводорӣ дар таъмини аҳолӣ бо гӯшт, шир ва тухм муассир буда, соли 2020 нисбат ба соли 2019 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ саршумори чорвои калон 27181 сар (аз ҷумла, 13568 гови дӯшоӣ), 154 кутос, 168498 гӯсфанду буз, 892 асп, 4965 оила занбӯри асал ва 707317 паранда зиёд гардид. Дар ин давра истеҳсоли гӯшт 269,5 ҳазор тонна ё 105,2 % (нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта), шир 1021,0 ҳазор тонна ё 102,0 %, тухм 983,1 миллион дона ё 135,5 %, асал 4220,9 тонна ё 100,1 % ва пашм 8017,0 тонна ё 103,2%-ро ташкил намуд. Шумораи корхонаҳои парандапарварӣ дар ҷумҳурӣ ба 170 адад расид, ки аз ҷумлаи ин корхонаҳо 72 адад ба истеҳсоли гӯшт ва 98 адад ба истеҳсоли тухми паранда машғуланд. Солҳои охир соҳаи моҳипарварӣ тадриҷан рушд карда, шумораи хоҷагиҳои соҳа дар ҷумҳурӣ ба 352 адад расид. Соли 2020-ум 3571,7 тонна моҳӣ истеҳсол шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2019 шумораи хоҷагиҳои моҳипарварӣ 52 адад ва истеҳсоли моҳӣ 29,9% афзуд. Соли 2020 дар ҷумҳурӣ истеҳсоли асал ба 4220,9 тонна нисбат ба соли 2019-ум 0,1% зиёд гардида, шумораи оилаҳои занбӯри асал дар хоҷагиҳои ҷумҳурӣ ба 235370 оила расонида шуд. Зироаткорӣ Намудҳои асосии кишти зироат дар Тоҷикистон: обӣ, лалмӣ, кӯҳистон. Кишти зироатҳои обӣ асосан дар минтақаҳои водӣ ва доманакӯҳҳо, кишоварзии лалмӣ дар минтақаҳои доманакӯҳ ва кӯҳистони ҷумҳурӣ, ки боришот дар он ҷо кам аст, кишоварзии кӯҳӣ — дар заминҳои обӣ ва лалмӣ, асосан дар доманаҳои нишебии контурашон паст роиҷ аст. Дар Тоҷикистон то замони шӯравӣ зироатпарварӣ асосан дастӣ иҷро мешуд. Асбобҳои асосӣ омоч ва молаи чӯбӣ буданд, нуриҳои минералӣ қариб истифода намешуданд. Пас аз Инқилоби Октябр дар Тоҷикистон хоҷагиҳои деҳқонии калон — колхозу совхозҳо ба вуҷуд омаданд, ки зироаткорӣ дар онҳо ба таври механикӣ роҳандозӣ шуд. Нуриҳои минералӣ, заҳрҳои зидди ҳашарот ва дигар маводди кимиёӣ ба таври васеъ истифода мешуданд. Азхудкунии заминҳои бекорхобида аҳамияти бузург дошт. Кишти заминҳои обӣ босуръат рушд кард. Майдони кишт дар соли 1998 тақрибан ба 758 ҳазор гектар расид, ки 521 ҳазор гектар заминҳои обӣ буданд. Дар рушди илми кишоварзии ҷумҳурӣ И. Н. Антипов-Каратаев, П. А. Керзум, В. Ф. Петров, Н. С. Паришкура, Л. П. Белякова, А. Н. Махсумов, Д. К. Қосимов, В. Н. Литвинов, Х. Д. Ҷуманқулов, Б. С. Сангинов, Х. Д. Домуллоҷонов, И. М. Липкинд, Ю. А. Акрамов, Х. И. Рашидов, У. Р. Раҳматҷонов саҳм гузоштанд. Онҳо усулҳои илмии кишти сермаҳсулро барои шароити мухталифи табиии Тоҷикистон таҳия ва мутобиқ намуда, тавсияҳои муайянро барои афзоиши ҳосилхезии замин ва истифодаи оқилонаи он пешниҳод карданд. Дар рушди зироаткории илмӣ таъсиси муассисаҳои илмӣ-тадқиқотӣ: Пажӯҳишгоҳи миллии илмӣ-тадқиқотии зироатпарварии Тоҷикистон, Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии хокшиносии Тоҷикистон, Пажӯҳишгоҳи илмии боғдорӣ, токпарварӣ ва сабзавоткории Тоҷикистон нақши бузург доранд. Зироаткории муосири илмӣ масъалаҳои зерро баррасӣ мекунад: ба вуҷуд овардани қабати киштшаванда, ба ҳадди ақал расонидани коркарди замин, киштгардон кардани он, биологикунонӣ, муҳофизати хок аз бодлес, зироаткории ландшафтӣ ва ғайра Аз ҷониби олимон дар соҳаи зироаткорӣ зиёда аз 250 навъи зироати кишоварзӣ офарида шуда, ба Комиссияи давлатии озмоиши навъи зироатҳои кишоварзӣ ва муҳофизати навъҳои Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид, ки аз онҳо зиёда аз 140 навъ ба шароити минтақа мутобиқ мебошад. Аз ҷониби олимон зиёда аз 60 технологияи самаранок ва инноватсионии кишти зироатҳои кишоварзӣ тарҳрезӣ ва татбиқ гардид, аз ҷумла: технологияи кишти ғалладонагиҳои ватанӣ бо коркарди сифрии хок, кишти пуштагии зироатҳо, усулҳои интегратсияи ҳифзи зироатҳои кишоварзӣ аз касалию ҳашароти зараррасон, кишти такрории тухмиҳои элитию репродуксионии зироатҳои кишоварзӣ ва ғайра. Татбиқи дастовардҳои илмӣ беҳтар гардид. Соли 2020 навъҳои ватании пахта дар масоҳати 123 ҳазор гектар ва навъҳои зироати ғалладонагӣ дар 173 ҳазор гектар кишт шуданд, ки мутаносибан 66,5 ва 45%-и майдони кишти ин зироатҳоро дар ҷумҳурӣ ташкил менамоянд. Кишти навъҳои зироати лӯбиёӣ дар масоҳати 12,2 ҳазор гектар ё 75% (бо дар назар доштани кишти такрории мош), хӯроки чорво дар масоҳати 70 ҳазор гектар ё 80% (бо назардошти кишти такрории ҷуворӣ), рустаниҳои равғандиҳанда дар масоҳати 18,2 ҳазор гектар ё 66% амалӣ гардидааст. Коллексияи захираи тухмии навъу намунаҳои зироатҳои маҳаллӣ ва ҳамавлоди ёбоии онҳо дар бонки марказии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон ба 12 ҳазор расонида шуд. А. Эргашев, Ш. Солиев. Пахтакорӣ Тоҷикистон манбаи пайдоиши рустаниҳои зироатии Осиёи Марказӣ ҳисоб мешавад, ки яке аз навъҳои пахта – ғӯза (Coc. Herbaceum L.) кишт карда мешавад. Пахтакорӣ дар Тоҷикистон соҳаи асосии кишоварзӣ буда, баланд бардоштани ҳосилнокӣ ва беҳтар намудани сифати он вазифаи аввалиндараҷа мебошад. Дар замони Ҳокимияти Шӯравӣ ба рушди пахтакорӣ таваҷҷуҳи хос дода мешуд, зеро дар ибтидо заминҳои муносиб барои кишти пахта кам буданд, бо мақсади таъмини пахта, саноати нассоҷии Тоҷикистон барои истеҳсоли нахи пахта, хусусан навъҳои маҳиннах, махсус гардонида шуд. Дар робита ба ин, барномаи бузурги сохтмони каналҳо дар водии Вахш, сохтмони қисми тоҷикистонии каналҳои калони Фарғона ва Ҳисор, азхудкунии заминҳо тавассути обтаъминкунии техникӣ дар қисми Тоҷикистони Дашти ташналаб, азхудкунии замин дар водиҳои Ёвон, Бешкент, Ашти Калон ва ғайра амалӣ карда шуданд. Дар натиҷа, майдони кишти пахта солҳои 1986–1990 назар ба соли 1913 аз 27,0 ҳазор гектар ба 313,9 ҳазор гектар расид, ки тақрибан 12 баробар зиёд аст. Ташкили хоҷагиҳои деҳқонии калон ва хоҷагиҳои давлатӣ (колхозу совхозҳо), бо технологияи муосир муҷаҳҳаз кардани онҳо, таъминот бо нуриҳои минералӣ ва хизматрасонии хуби агротехникӣ боиси рушди пахтакорӣ гардид. Соли 1984 дар хоҷагиҳо 4422 мошини пахтачинӣ кор мекард, ба ҳар гектар кишти пахта 250 килограмм нуриҳои азотӣ, 140–150 килограмм нуриҳои фосфорӣ ва 50–60 килограмм нуриҳои калийдор пошида шуд. Дар ҷумҳурӣ 20 озмоишгоҳи минтақавии агрокимёӣ ва 50 озмоишгоҳи биологӣ фаъолият мекунад. Қабл аз инқилоб дар Тоҷикистон пахтаи маҳиннах (Gossypium barbadense L.) кишт карда намешуд. Кишти он солҳои 1928–1929 ҷорӣ карда шуда буд, ки ҳосили хеле паст медод (соли 1932 – 1,9 сентнер аз ҳар гектар). Дар натиҷаи корҳои бомуваффақияти селексионии академики Академияи илмҳои Тоҷикистон В. П. Красичков имкони тавлиди пахтаи навъи 23 ба вуҷуд омад, ки бо пешпазӣ, муқовимат бар зидди гоммоз фарқ мекард ва ин имкон дод, ки афзоиши ҳосили ин зироат дар соли 1940 ба 13,9 сентнер аз ҳар гектар расонида шавад. Баъди кишти ин навъи пахта он ба касалии вилти (як навъ касалии бактерияноки ниҳоли пахта) Фузариум (Fusarium vasinfectum) мубтало шуд ва дар натиҷа пас аз дурагакунӣ пахтаи навъи маҳиннахи 504-В ба вуҷуд оварда шуд, ки ба касалии вилти Фузариум тобовар буд. Навъи мазкур бо сифати хеле хуби нахи навъи I фарқ мекард. Пас аз он кишти навъи 5904-И бо вазни қиёсӣ, ки бо навдадавонӣ, зудрасӣ ва муқовиматпазирӣ бар зидди вилти Фузариум фарқ мекард ва дар сифат аз дигар навъҳо камӣ надошт, ба роҳ монда шуд. Дар натиҷаи корҳои селексионии академикҳо В. П. Красичков ва Б. С. Сангинов навъҳои 5545-В, 6465-В, 6249-В ба вуҷуд омаданд, ки ҷорӣ кардани онҳо имкон фароҳам овард, то ҳосили навъҳои пахтаи маҳиннах ба сатҳи пахтаи миёнанах расонида шавад. Соли 1974 аз майдони кишти 79,5 ҳазор гектар 34,8 сентнер аз ҳар гектар ҳосил бардошта шуд. Ҳоло майдонҳои асосии киштро пахтаи маҳиннахи навъҳои 9326-В ва 750-В, ки академик Б. С. Сангинов ихтироъ кардааст, ишғол мекунанд. Кишти пахта дар Тоҷикистон мутобиқи минтақабандии амудии шароити табиӣ дар нуқтаҳои аз 300 то 1100 метр аз сатҳи баҳр қарор дорад. Навъҳои маҳиннах дар водии Вахш ва қисман дар вилояти Суғд дар баландиҳои то 400–600 метр аз сатҳи баҳр кишт карда мешаванд. Аз ин саҳҳ баландтар пахтаи миёнанах (Gos. Hirsutum) кишт мешавад. Чанде пеш, навъи асосии он навъи 108-F буд, аммо ба касалии вилти Вертисиллиум (Vertisilium dahliae Kleb) гирифтор шудани он боиси коҳиш ёфтани ҳосили кишти он дар солҳои 1961–1975 гардид. Баъдан, навъҳои ба касалии вилт тобовари Тошканд – 1,2 ва 3 ҷорӣ карда шуданд, ки ба баланд шудани ҳосил мусоидат карданд, лекин онҳо бо пастсифатии нахҳо фарқ мекарданд. Ҳоло навъҳои Қирғиз-3, инчунин навъҳои селексионии ватании «Меҳргон» (селексияи О. Маҳмудҷонов), «Гулистон» (селексияи Ш. Т. Бурнашев) кишт карда мешаванд. Кишти пахта дар Тоҷикистон дар фосилаи 60-сантиметрӣ байни қаторҳо анҷом дода мешавад. Тухмиҳои хушсифат ва дорукардашуда кишт карда мешаванд. Ҳангоми кишт миқдори ками аммофос ё нитроаммофос пошида шуда, ягонакунӣ дастӣ анҷом дода мешавад. Пас аз ягона кардан дар як гектар 100 ҳазор ниҳол бояд боқӣ монд. Дар давраи нашъунамо 2–3 бор нурӣ дода ва 5–7 бор обёрӣ мешавад. Дар охири моҳи июл чеканкаи дастӣ ё мошинӣ анҷом дода мешавад. Қабл аз ғунучини ҳосил барги пахтазор бо хлорати магний резонида шуда, дастӣ ё бо мошинҳои пахтачинӣ ҷамъоварӣ карда мешавад. Киштгардонии заминҳои пахтаю юнуҷқа вусъат ёфта, дар минтақаҳои ҷанубӣ ҳар 4-5 сол кишти зироатҳои шабдар (Trifolium respinatum L.) ё берсим (Trifolium alexandrinum L.) тавсия дода мешавад. Ҳашароти зараррасони маъмул: ширинча (Aphis frangulackoch), канаҳои анкабутмонанд (Tetranychus urticae koch) ва парвонаи пахта (ClorideaobsoletaF.). Дар мубориза бо онҳо аз усулҳои кимиёвӣ ва биологӣ истифода карда мешаванд. Солҳои охир, магаси сафеди пахта (Bemisiatabaci Geen) ба зироат хисороти зиёд мерасонад. Бемориҳои гоммоз (Bacterium malvacearum), пӯсидагии реша (Rizoctonia), вертисиллез, велти Фузариум ва макроспориоз (Macrosporium nigricantum Atr) бештар ба назар мерасанд. Соли 1974 ҳосили баландтарин ба даст оварда шуд - 33,2 сентнер аз ҳар гектар ва ҳосили нохолиси аз ҳама баландтарин соли 1980 - 1010 ҳазор тоннаро ташкил дод. Пас аз фурӯпошии Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ бо коҳиши робитаҳои иқтисодӣ бо кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ҷанги шаҳрвандӣ, кишти пахтаи хом якбора таназзул ёфта, дар оянда парвариши пахта соҳаи асосӣ боқӣ монд. Дар натиҷаи истифодаи технологияи муосир ва навъҳои беҳтарини тухмӣ, таҳкими заминаи моддӣ-техникӣ, механизатсияи корҳои саҳроӣ, эътимоднокии кори низоми ирригатсионию мелиоративӣ боис гардид, ки соли 2020 аз ҳар гектар ба ҳисоби миёна дар ҷумҳурӣ ба 22,1 сентнер ва дар баъзе хоҷагиҳо то 35–40 сентнер аз ҳар гектар ҳосил гирифта шуд ва бидуни васеъ кардани майдони кишти он истеҳсоли пахта ба 409 ҳазор тонна баробар гардид. Танҳо дар 4 соли охир 19 навъи асосии пахтаи ватанӣ ва хориҷӣ ба шароити минтақа мутобиқ гардонида шуд, аз ҷумла навъҳои «Фаровон-20», «Тезпур», «Зуҳал», «Флеш», «Сзинян-9», Кармен, Синюзса-39, «Меҳнат», «Дӯстӣ-1», «Инхай-6», «Сзинян-801», «Нодир», «Инхай-W1», «Фанмян-3», «Фанмян-8», «Синлуджун-66», «Карисма», «Яҳё-110», «Зебо», «2918-В», «ВД-75», «ВА-440», ки ба ҳисоби миёна ҳосилнокии онҳо 35-44 сентнер аст. Майдони кишти пахта дар солҳои соҳибистиқлолии кишвар | Сол | Майдон, ҳазор гектар | | --- | --- | | 1991 | 298,8 | | 1992 | 285,3 | | 1993 | 274,8 | | 1994 | 281 | | 1995 | 268,4 | | 1996 | 228,2 | | 1997 | 218,6 | | 1998 | 247,2 | | 1999 | 247,8 | | 2000 | 238,6 | | 2001 | 257,4 | | 2002 | 269,2 | | 2003 | 284,4 | | 2004 | 293,6 | | 2005 | 288,7 | | 2006 | 262,9 | | 2007 | 254,8 | | 2008 | 237,1 | | 2009 | 168,9 | | 2010 | 162,4 | | 2011 | 204,1 | | 2012 | 199,3 | | 2013 | 190,9 | | 2014 | 177,6 | | 2015 | 159,6 | | 2016 | 162,5 | | 2017 | 174 | | 2018 | 185,8 | | 2019 | 185,6 | | 2020 | 185,4 | Адабиёт: Хлопководство в Таджикской ССР. Душанбе, 1991; Региональный статистический сборник, Республика Таджикистан за 1991-1995 гг. Душанбе, 1996; Изв. Академии Наук Республики Таджикистан, №2 (138) Душанбе, 1998. Ҳ. Ҷумонқулов, Ш. Солиев. Зироатҳои ғалладона Зироатҳои ғалладона (гандум, ҷуворӣ, биринҷ, ҷав ва ҷави русӣ) дар заминҳои лалмӣ ва обӣ кишт карда мешаванд. Майдонҳои хурдро ҷойҷуворӣ, ҷавдор, тритикале ва арзан ишғол карда, майдонҳои калон ба гандум ва ҷав тааллуқ доранд. Дар водиҳо ва доманакӯҳҳо онҳо асосан ҳамчун зироатҳои тирамоҳӣ парвариш карда мешаванд, ки аз боришот беҳтар таъмин мешаванд ва ҳосили бештар медиҳанд. Соли 1998 кишти тирамоҳии гандум 136 ҳазор гектар, ҷав 15,4 ҳазор гектарро ташкил дод, ки ҳосили миёна дар ҷумҳурӣ мутаносибан аз ҳар гектар 10,2 ва 7,8 сентнерӣ буд. Дар заминҳои обёришаванда ҳосили ғалладона нисбат ба заминҳои лалмӣ 2–3 баробар ва аз он ҳам бештар аст. Соли 1998 аз заминҳои обёришаванда ба ҳисоби миёна 17,5 сентнер аз ҳар гектар дони ҷуворӣ ва 18,1 сентнер аз ҳар гектар шолӣ рӯёнида шуд, ки ин нисбат ба солҳои пешин хеле паст аст. Боиси коҳиш ёфтани ҳосили ғалладона нисбат ба соли 1990 норасоии нуриҳои минералӣ, сӯзишворӣ ва равғанҳои молиданӣ, мошинҳо ва воситаҳои кимиёии ҳифзи рустаниҳо гардид. Бо соҳибихтиёр гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон зарурати таъмини хоҷагии халқ бо ғаллаи истеҳсоли худӣ, масъалаи ғалладона ба масъалаи мубрам табдил ёфт. Бо талаботи солонаи хоҷагии халқ ба 1,5 миллион тонна истеҳсоли воқеии он солҳои 1993-1995 аз 20-25% зиёд набуд, танҳо соли 1996 ҳосили ғалладона ба 600 ҳазор тонна расид. Дар натиҷаи андешидани чораҳои ҳамаҷониба аз тарафи роҳбарияти кишвар ва татбиқи ислоҳоти соҳаи кишоварзӣ майдони кишти зироатҳои ғалладона ба таври назаррас рушд кард. Барномаи «Ғалладона» қабул гардид. Дар ин самт дар нақшаи ислоҳоти иқтисодии кишвар масъалаҳои мушаххас пешбинӣ шудаанд. Ба рушди назарраси парвариши ғалла ва афзоиши истеҳсоли ғалладона татбиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи тақсими 50 ҳазор гектар замин дар байни аҳолӣ ва ташкили хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) мусоидат намуд. Дар оянда бо мақсади ба даст овардани истиқлоли ғалла дар кишвар афзоиши қатъии баъдии ҳосили ғалла пешбинӣ шудааст. Дар ноҳияҳои Темурмалик ва Данғара аз заминҳои лалмӣ то 20-25 сентнер аз ҳар гектар гандуми тирамоҳӣ ба даст меоварданд. Соли 1996 совхози «Ғалаба»-и ин минтақа аз ҳар гектар 12–14 сентнер гандум рӯёнд. Дар заминҳои обёришавандаи ноҳияи Мастчоҳ аз ҳар гектар кишти гандуми навъи «Ежбош» 50–60 сентнер ҳосил ба даст оварданд. Бригадаҳо ва хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияҳои Исфара, Ҳисор, Ленин (ҳоло ноҳияи Рӯдакӣ) ва ғайра низ аз кишти гандум ҳосили баланд гирифтанд. Дар колхози ба номи Карл Маркси шаҳри Панҷакент, совхози «Сурхоб»-и ноҳияи Фархор ҳосили шолӣ аз ҳар гектар ба 60–70 сентнер расида буд. Бори аввал дар солҳои 80-ум то 130–140 сентнер аз ҳар гектар ду ҳосил дар колхози ба номи Раҳматови ноҳияи Кумсангир аз тарафи Мингтура Бутаев ва дар колхози «Пахтакор»-и ноҳияи Қубодиён аз тарафи дорандаи Ҷоизаи давлатии Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ Бекмурод Сафаров ба даст оварда шуд. Дар Тоҷикистон навъҳои зерини ғалладона ноҳиябандӣ шуданд: гандум–Сете Серрос-66, Наврӯз, Шарора, Ватан; ҷав – Ченад-345, Росава; биринҷ-УЗПОС-7-13, Лочвард; ҷуворимакка-Имертинии таркибӣ, Краснодарӣ 613-АТВ, Шуҳрат, зардхӯшаи Ҳисорӣ-45, Вахшӣ-10: ҷавдор — навъи тоҷикии зимистона–50, тезпазак; тритикале–Немича-2, Қосимовӣ, С. Г. Багдасарян. Соли 2020 ҳосилнокии ғалладонагиҳо дар ҷумҳурӣ ба ҳисоби миёна аз ҳар гектар 31,1 сентнерро ташкил дода, истеҳсоли он ба 1561 ҳазор тонна расид. Дар хоҷагиҳои пешқадам 45-50 сентнер аз ҳар гектар ҳосил мегирифтанд. Чунончи, кооперативҳои тиҷоратии истеҳсолии «Чорқӯҳ»-и шаҳри Исфара, «Муҳсинҷон», «Раҳмонҷон»-и ноҳияи Данғара, «Латиф Муродов»-и шаҳри Ҳисор ва хоҷагии деҳқонии «Нуробод»-и ноҳияи Спитамен барои истеҳсоли тухмиҳои хушсифату репродуксияҳои баланди зироатҳои кишоварзӣ фаъолияти худро хуб ба роҳ монданд. Фаъолияти аксар хоҷагиҳои тухмипарварӣ нисбат ба солҳои қаблӣ чашмрас бошад ҳам, ин танҳо 40-50% талаботи хоҷагиҳои ҷумҳуриро бо тухмиҳои хушсифат таъмин менамояд. Барои дар истеҳсолот ҷорӣ намудани навъҳои гандуми ҳосилнокиашон баланд 18 навъи гандуми мулоим, 11 дурагаи гандуми мулоим, 1 навъи гандуми сахт, 1 навъи тритикале, 2 навъи ҷав, 1 навъи нахӯд, 1 навъи наск, 3 навъи ҷуворӣ, 10 дурагаи ҷуворӣ дар истеҳсолот иҷозат дода шудаанд. Ш. Солиев. Тамокупарварӣ Парвариши тамоку дар Тоҷикистон соли 1931 дар ноҳияҳои Панҷакент, Айнӣ ва Ёвон оғоз ёфт. Аз соли 1966 инчунин дар минтақаи Ғарм, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва ноҳияи Ленин (ҳоло ноҳияи Рӯдакӣ) низ ба роҳ монда шуд. Маркази асосии истеҳсоли тамоку дар Тоҷикистон вилояти Ленинобод (ҳоло Суғд) ва ноҳияи Панҷакент (тақрибан 60% ҳосили умумӣ) мебошанд. Хоҷагиҳои пешқадами ин минтақа (колхозҳои ба номи Карл Маркс, «Ленинград») аз ҳар гектар то 46 сентнер ва бригадаҳои пешқадам то 50-60 сентнер аз ҳар гектар барги тамокуи навъҳои якум ва дуввум то 70% ҳосил ба даст меоварданд. Ҳосили миёнаи барги тамоку дар вилояти Ленинобод (ҳоло Суғд) ба 34-35 сентнер аз ҳар гектар расид. Навъи тамокуи Дюбеки Қирғиз 03-4-15 (2898) минтақабоб карда шуд. Соли 2007 дар 374 гектар ва соли 2008 дар майдони 136 гектар тамоку кишт карда шуд. Ҳосилнокӣ мутаносибан 13,7 ва 13,9 сентнер гектарро ташкил дод. Солҳои 2009-2010 сармояи ширкатҳои «Ҳаҷ ва К», ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Ба пеш» ва ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Сунел табак» ба рушди соҳа равона карда шуд. Вазорат барои пешбурди фаъолияти хоҷагиҳои деҳқонӣ ва сармоягузорони хориҷӣ шароити мусоидро фароҳам овард. Соли 2013 майдони кишти тамокуро ба 639 гектар ва истеҳсоли онро ба 783 тонна расонданд, ки ин нишондод нисбат ба соли 2008 мутаносибан 503 гектар ва 647 тонна зиёд мебошад. Ширкати «Тоҷик Табак Интернейшнл» барои рушди соҳа 750 ҳазор доллари Иёлоти Муттаҳидаи Амрико маблағгузорӣ намуда, майдони киштро аз 60 гектар (2012) ба 200 гектар (2013) расонид. Соли 2013 олимони Институти зироаткории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон тавсияномаи «Технологияи парвариши навъҳои нави тамоку дар Тоҷикистон»-ро ба табъ расониданд, ки дар он вобаста ба хусусиятҳои гуногуни навъҳои ноҳиябандишудаи тамоку, тарзи парвариш ва нигоҳубини онҳо, ферментатсия ва усулҳои коркарди тамоку, касалиҳо, ҳашароту зараррасонҳо ва роҳҳои мубориза бар зидди онҳо маълумоти илмӣ дода шуд. Рустаниҳои равғандеҳ Дар Тоҷикистон рустании асосии равғандеҳ загири равғанӣ (кудряш) мебошад, ки асосан дар заминҳои лалмии минтақаи Кӯлоб, инчунин ноҳияҳои кӯҳистон (баландии 2400 метр аз сатҳи баҳр) кишт карда мешавад. Масоҳати киштзори ин навъи рустанӣ соли 1995 нисбат ба соли 1991 бештар аз ду баробар (9,2 ҳазор гектар) зиёд шуд. Масоҳати майдонҳои кишти кунҷид, сафолин, офтобпараст, фундуқи заминӣ (арахис), лӯбиё, маъсар (рапс) кам аст. Солҳои охир тамоюли зиёдшавии майдони рустаниҳои равғандор дар манотиқи кишвар мушоҳида мешавад. Ҳосили миёнаи тухмиҳои рустаниҳои равғандеҳ дар солҳои нооромӣ бино бар паст будани технологияи кишоварзӣ, нарасидани нуриҳои минералӣ, техника, маводди кимиёвӣ, тухмии баландсифат ва ғайра кам шуд. Солҳои 2000 ба ҳисоби миёна дар ҷумҳурӣ 4-5 сентнер аз ҳар гектар тухми загир (1991- 4,2 сентнер аз ҳар гектар), 17,5 сентнер аз ҳар гектар тухми рапси зимистона ба даст оварда шуд. Дар хоҷагиҳои пешқадами ноҳияи Данғара ҳосили загир ба 8-9 сентнер ва дар қитъаи навъҳои шӯравӣ ба ҳар гектар 10,9 сентнер расид. Навъи загири Ҳисор-474 ва Баҳмал-2 маҳаллӣ карда шуд. Вобаста ба навъ, технологияи кишоварзӣ, тухми загир дорои 38-48% равғани хушк мебошад. Рустании қадимии анъанавии равғандеҳ дар Тоҷикистон – кунҷид дар водиҳо ва минтақаҳои наздикӯҳӣ, ҷангалҳои сербориши минтақаҳои Ҳисор ва Кӯлоб парвариш мешавад. Соли 1995 он дар 428 гектар кишт ва 0,7 сентнер аз ҳар гектар ҳосил гирифта шуд. Кунҷид дар заминҳои лалмӣ 1-1,5 сентнер аз ҳар гектар ва обёришаванда 4-5 сентнер аз ҳар гектар тухмӣ медиҳад. Навъи кунҷиди Тошканд-122 парвариш карда мешавад. Тухми кунҷид дорои равғани баландсифати 50- 60% мебошад. Дар байни рустаниҳои равғандеҳи ба хушкӣ тобовар сафлор аст, ки дар шароити вазнини ҷангалҳои лалмии вилояти Суғд кишт карда мешавад. Тибқи маълумоти қитъаҳои навсанҷӣ дар (Панҷакент), ҳосили тухмии маъсар ба 5-6 сентнер аз ҳар гектар ва дар заминҳои лалмии водии Ҳисор ба 8-12 баробар буд. Маъсар ба шароити хушксолӣ тобовар ва дар вақти нешзанӣ ба намӣ серталаб набуда, рустании серравған аст. Донаки маъсар 30-35% (дар мағз то 50%) равғани нимхушк дорад. Равғани тухми маъсар таъми талх дошта, дар саноати локу ранг ва собунпазӣ истифода мешавад. Лӯбиёро дар заминҳои обие парвариш кардан мумкин аст, ки дар онҳо ҷуворимакка ва лӯбиё парвариш карда шудаанд. Майдони кишти лӯбиё кам, аммо аз ҷиҳати миқдори ғизоҳои тухмӣ (сафеда, равған) ояндадор аст. Ҳосили миёнаи тухмии лӯбиё 6-7 сентнер аз ҳар гектар ва бо риояи қоидаҳои агротехникӣ 20-25 сентнер аз ҳар гектар ва баъзан 40 сентнер аз ҳар гектар мебошад. Навъҳои лӯбиёи «Надежда», «Орзу» ва «Доринас» маҳаллӣ карда шудаанд. Истифодаи заминҳои корами обёришаванда ва лалмии кишвар яке аз манбаъҳои асосии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ маҳсуб шуда, парвариш ва истеҳсоли рустаниҳои техникӣ ва равғандеҳ аҳолии кишварро бо равғани истеъмолии ватанӣ таъмин менамояд. Соли 2017 дар ҷумҳурӣ 12,7 ҳазор тонна равғани рустанӣ истеҳсол шуд. Барои таъмини аҳолӣ бо равғани истеҳсоли ватанӣ ба роҳ мондани парвариши зироати пахта муҳим аст. Ш. Солиев. Парвариши анҷибар (геран) Анҷибар соли 1931 аз Гурҷистон ба Тоҷикистон оварда шуда, кишти саноатии он аз соли 1934 оғоз ёфт. Он ҳамчун зироати яксола дар заминҳои обёришавандаи ноҳияҳои Турсунзода ва Қумсангир (ҳоло ноҳияи Ҷайҳун), ки дар он ҷо совхоз – заводҳои махсусгардонидашудаи «Эфиронос» ва «Геран» таъсис ёфта буданд, парвариш карда мешуд. Дар миқёси Иттиҳоди Шӯравӣ, Тоҷикистон аз рӯи масоҳати киштзор ва истеҳсоли равғани анҷибар яке аз ҷойҳои намоёнро ишғол мекард. То солҳои 90 майдони кишти анҷибар дар кишвар 1000 гектар буд, ки ҳосили миёнаи он 250-280 сентнер аз ҳар гектар ва баъзе хоҷагиҳои пешқадам то 400-500 сентнер аз ҳар гектар мерасониданд. Анҷибар рустании серҳосил буда, равғани эфир ҳосил мекунад. Д. К. Қосимов, Ш. Солиев. Сабзавоткорӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон шароити мусоиди хоку иқлим барои парвариши зироатҳои гармидӯст (бодиринг, қаламфур, боимҷон, харбуза, тарбуз, каду ва ғайра), ба хунукӣ тобовар (карам, сабзӣ, пиёз, сирпиёз) сабзавот ва зироатҳои полизӣ дорад. Мардуми тоҷик тӯли садсолаҳо пиёз, сабзӣ, тарбуз, харбуза, каду, сирпиёз, мурч ва дар 100–150 соли охир помидор ва картошка мекоранд. Талаботи аҳолии ҷумҳурӣ ба сабзавоти гуногун ва саноати коркарди ашёи хом аз ҳисоби маҳсулоти истеҳсоли худӣ қонеъ карда мешавад. Навъҳои гуногуни пиёз, сабзӣ, бодиринг, помидор, карам, сирпиёз, лаблабу, қаламфур, боимҷон, шалғам, шалғамча, каду, кабудиҳо ва занҷабил дар собиқ колхозу совхозҳо ва ҳоло хоҷагиҳои деҳқонии фермерӣ, инчунин қисми зиёди онҳо дар қитъаҳои наздиҳавлигии аҳолӣ парвариш карда мешаванд. Минтақаҳои асосии парвариши сабзавот қисмати водии вилояти Суғд, водиҳои Ҳисору Вахш ва ноҳияҳои дар водӣ қарордоштаи Кӯлоб мебошанд. Аксаран навъҳои селексияи Ташкилоти ғайридавлатии «Боғпарвар», селексияи миллӣ ва навъҳои ба маҳал мутобиқкардашуда парвариш карда мешаванд. Барои парвариши сабзавот дар давраи ғайримавсимӣ гармхонаҳо мавҷуданд. Гармхонаҳо аҳолии ҷумҳуриро бо сабзавоти тару тоза тақрибан дар тамоми сол таъмин мекунанд. Қисми муайяни сабзавот барои коркард ба корхонаҳои саноатӣ фиристода мешавад. Соли 2020 дар ҷумҳурӣ 2480595,0 тонна сабзавот, 756988,0 тонна полизӣ, истеҳсол шуд. Обчакорӣ Тоҷикистон аз қадим маркази кишти зироатҳои полизӣ буд. Дар ҷумҳурӣ навъҳои гуногуни харбузаҳои қандақ парвариш мешаванд, ки дар охири моҳи май ва аввали июн, навъҳои тухмӣ ва қаҳваранг охири июн то сентябр мепазанд. То тирамоҳ навъҳои харбузаи дерпаз, ки барои истеъмол дар давраи тирамоҳу зимистон мувофиқанд, мепазанд. Дар гузашта харбузаҳои дерпаз дар зарфҳои махсуси сурбӣ ба кишварҳои араб, Эрон, Ироқ ва ғайра фиристода мешуданд. Тарбуз дар 7-8 асри охир парвариш карда мешавад. Он аз кишварҳои Осиёи Хурд ва Африқои Шимолу Шарқӣ ворид шудааст. Навъҳои тарбузи зудпаз, миёна ва дерпазро давоми 4-5 моҳи тирамоҳу зимистон нигоҳ доштан мумкин аст. Он охири тобистон ва аввали тирамоҳ мепазад. Кадуро бештар дар тирамоҳу зимистон истеъмол мекунанд. Картошкапарварӣ Картошка дар Тоҷикистон зироати нисбатан нав ба ҳисоб рафта, 85 % истеҳсоли картошка ва 63% - масоҳати кишти картошка дар водии Рашт ва вилояти Суғд (Исфара, Ғончӣ, Мастчоҳи Кӯҳӣ, Шаҳристон) ба роҳ монда шудааст. Кишти картошкаро асосан дар шароити ҷумҳурии мо дар баландии 800-2800 метр аз сатҳи баҳр мегузаронанд. Талабот ба тухмӣ дар ҷумҳурӣ дар давоми сол 45- 50 ҳазор тонна ташкил мекунад. Дар Тоҷикистон картошка аввалҳои асри 20 дар Хуҷанд, Конибодом ва Истаравшан кишт карда мешуд. Баъдан кишти он дар ноҳияи Рашт ва ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба роҳ монда шуд. Ба Помир ва водии Рашт картошкаро афсарони марзбони рус оварданд. Маълумотҳое низ мавҷуданд, ки картошка бори аввал ба Помир аз Хитой оварда шудааст. Соли 2012 дар ҷумҳурӣ "Барномаи давлатии рушди картошкапарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (2012-2016)" қабул карда шуд, ки дар назди мутахассисони соҳаи кишоварзӣ, инчунин генетикҳо, селексионерон, фитопатологҳо вазифаҳои навро барои ба вуҷуд овардани картошка гузошт. Т. Ахмедов, Ш. Солиев. Зироатҳои хӯроки чорво Дар заминҳои обии ҷумҳурӣ зироатҳои асосии хӯроки чорво – юнуҷқа, ҷуворӣ ва лаблабуи қанд парвариш карда мешаванд. Барои рушди минбаъдаи чорводории ҷамъиятӣ ва фароҳам намудани заминаи хӯроки чорво вазифаҳои бузург гузошта шуда буданд. Омили асосӣ барои баланд бардоштани сатҳи интенсификатсияи истеҳсоли хӯроки чорво дар ҷумҳурӣ мебошад. Бо мақсади истифодаи дурусти давраи нашъунамои рустаниҳо баробари зироатҳои асосӣ дар аксар хоҷагиҳо заминҳои обӣ босамар истифода мешаванд. Масалан, кишти юнуҷқа бо зироатҳои ғалладонаи хӯроки чорво ҳосил мекунад. Истифодаи зироатҳо ва навъҳои гуногуни пешпаз ҳамчун зироатҳои мобайнӣ дар давраи зимистон имкон фароҳам меорад, ки чорвои хоҷагии қишлоқ то дарави якум бо хӯроки сабз таъмин карда шавад. Солҳои охир зиёда аз 80 ҳазор гектарро зироатҳои мобайнӣ ишғол кардаанд. Тамоми сол дар заминҳои обӣ зироатҳои мобайнии омехтаҳои лӯбиёгӣ-ғалладона, перко, шалғам ва маъсар, зироатҳои такрорӣ, хӯшадор ва омехтаи зироатҳои хӯроки чорво кишт карда мешаванд. Ҳар як тоннаи чоруми хӯроки чорво аз ҳисоби усулҳои кишоварзии истифодаи интенсивии давоми сол, ду ҳосили ғалладона ва ду-се ҳосили зироатҳои хӯроки чорво ба даст оварда мешавад. Ҳангоми боришоти зиёд, зироатҳои асосии хӯроки чорво ғалладонагиҳо, лӯбиёгӣ, эспарсет (навъи рустании лӯбиёгӣ), алафи судонӣ, офтобпараст барои силос, тарбуз барои хӯроки чорво ва дар шароити вазнини боришоти кам зироатҳои ғалладонаи хӯроки чорво ва алафи судонӣ маҳсуб мешаванд. Ҳалли масъалаи парвариши тухмии юнуҷқа дар ҷумҳурӣ имкони хеле васеъ намудани ин зироатро барои заминҳои обӣ ва лалмӣ таъмин карда, барои рушди киштгардони пахтаю юнуҷқа замина фароҳам овард. Бе ҳалли ин масъала дар минтақаи парвариши пахта мустаҳкам кардани заминаи хӯроки чорво ғайримумкин буд. Солҳои охир дар ҷумҳурӣ парвариши зироатҳо ва навъҳои нави хӯроки чорво ҷорӣ карда шуд. Ба ҳисоби миёна, зиёда аз сеяки заминҳои корам (37%) қариб нисфи заминҳои кишт дар заминҳои лалмӣ мебошанд. Олимони ин соҳа: А. Н. Махсумов, Х. Х. Каримов, Р. Шарипов, З. К. Каримов, А. Хусайнов, Г. Ғулов, Т. Нарзуллоев, Е. Н. Григоренкова, В. Х. Муратов. З. К. Каримов, Ш. Солиев. Боғдорӣ Шароити хоку иқлими Тоҷикистон барои парвариши аксар меваҷот мусоид аст. Аввалин маълумоти таърихии хаттӣ аз рушди баланди мевапарварӣ дар қаламрави имрӯзаи Тоҷикистон шаҳодат медиҳад. Тоҷикистон яке аз марказҳои пайдоиши рустаниҳои маданӣ ва зодгоҳи нахустини аксар зироатҳои мевагӣ мебошад. Боғдорӣ дар қаламрави Тоҷикистони бостонӣ ба шакли парвариши инфиродӣ, дар қитъаҳои наздиҳавлигӣ ва хоҷагиҳои хурд рушд мекард. Боғҳо дар як минтақаи хурд бо маҷмӯи хурди намудҳо ва навъҳо бунёд карда мешуданд. Ба меваҳое, ки аз онҳо маҳсулоти хушк (зардолу, ангур, тут, чормағз) омода мекарданд, таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда мешуд. Меваи хушк ғайр аз истеъмоли маҳаллӣ, ба хориҷи кишвар содирот ва ба молҳои зарурии саноатӣ иваз карда мешуд. Дар солҳои Ҳокимияти Шӯравӣ боғдорӣ дар ҷумҳурӣ ба куллӣ тағйир ёфт. Рушди нақшавӣ ва аз ҷиҳати илмӣ асосноки он имконпазир гардид. Дар майдонҳои васеъ бунёди боғҳо оғоз ёфт. Масоҳати умумии боғҳо дар соли 1994 85,1 ҳазор гектарро ташкил медод, ки аз ҷумла 60 ҳазор гектар мевадиҳанда буд. Аз рӯи нақшаи ҷойгиршавӣ самти мавҷудаи истеҳсолоти кишоварзӣ, шароити табиӣ ва иқлимии минтақаҳо, инчунин хусусиятҳои минтақаҳои маъмурию иқтисодӣ ва ноҳияҳо ба назар гирифта мешуданд. Дар натиҷаи омӯзиш ва санҷиши навъҳо дар шароити мушаххаси хок ва иқлими ҷумҳурӣ, навъҳои мутобиқгаштаи мева, ки дорои як қатор хусусияти пурарзиши иқтисодӣ ва биологӣ мебошанд, барои парвариш дар боғҳои навъи интенсивӣ мувофиқ шуданд. Дар робита ба интенсификатсияи соҳа, дар даҳсолаи охир пажӯҳишҳои филиалии Созмони ғайридавлатии «Боғпарвар» маҷмӯи навъҳои ояндадори ниҳолҳои мевадори навъи интенсивиро ба ҷумҳурӣ ворид кард, ки манбаи ғанӣ гардонидан ва таҷдиди навъҳои мавҷудаи боғҳои саноатӣ дар Тоҷикистон мебошанд. Мувофиқи маълумоти оморӣ давоми 4 сол (аз соли 2016 то соли 2019) дар ҷумҳурӣ дар майдони 14776 гектар боғу токзори нав бунёд гардидааст, ки 84,4 %-и иҷрои нақшаи барномаро таъмин менамояд. Аз майдони умумии боғу токзори бунёдгардида 13506 гектар 89,6 % нақшаи боғ ва 1270 гектар 52,2 % нақшаи токзор иҷро гардидааст. Рушди соҳаи боғдорӣ барои ба шуғли доимӣ фаро гирифтани аҳолии деҳот, бо ҷойи кор таъмин кардани қувваҳои коргарӣ ва баланд гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ мусоидат мекунад. Бо мақсади рушд бахшидан ба соҳаи боғу токпарварӣ дар давоми 30 соли истиқлолияти кишвар 3 маротиба Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар ҷумҳурӣ қабул ва мавриди амал қарор гирифт. Тибқи маълумоти оморӣ дар ҷумҳурӣ масоҳати боғу токзор ба 201652 гектар расонида шудааст, ки аз ин миқдор 143635 гектар ё 71,2%-и он мевадиҳанда аст. 109007 гектар боғ ва 34638 гектарро токзор ташкил медиҳад. Соли 2020 467802 тонна мева ва 239096 тонна ангур ба даст омад. Ф. Урунов, С. Маҳмадаминов, Ш. Солиев. Токпарварӣ Тибқи ҳафриёти бостоншиносии маҳалҳои аҳолинишини қадим, тавсифи таърихнигорон, таҳқиқоти бузургтарини генетикҳо, қаламрави Тоҷикистон дар баробари Афғонистон ва Эрон яке аз марказҳои пайдоиши навъҳои ангури маҳаллӣ мебошад. Дар ин ҷо дар натиҷаи парвариши чандинасра ва селексияи халқӣ, ток аз ҷиҳати зебоӣ, андоза ва ранги буттамева, афшураи ширин, навъҳои давраҳои гуногуни пухта расидан ва истифодаи ҳамагонӣ назир надорад. Мардум то имрӯз навъҳои куҳани маҳаллӣ, эндемикӣ, ба монанди сафедҳои чиллагӣ, Дороӣ, Исписор, Бахтёрӣ, Расмӣ, Ангури сиёҳ, Ҷавзи сафед, Нимранг, Думи рӯбоҳ ва ғайраро парвариш мекунанд. Токпарварӣ аз солҳои 30 асри 20 самти васеъ ва воқеии саноатӣ гирифт. Дар тӯли сӣ сол дар вилояти Ленинобод (ҳоло Суғд) ва Хатлон, инчунин дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ барои токзорҳо заминҳои калони обёришаванда ҷудо карда шуданд. Дар баробари ин, хоҷагиҳои калони махсусгардонидашудаи навтаъсис барои истеҳсоли ашёи хом ва содироти ангури тоза ва шароби ангурӣ ба хориҷи кишвар, коркарди аввалия ва дуввумдараҷаи ашёи хом дар водиҳои Ҳисор, Вахш, Кӯлоб, Панҷакент, Конибодом, Хуҷанд, Ӯротеппа (ҳоло Истаравшан) таъсис дода шуданд. Ба навъҳои беҳтарин мавизи Хусайнии сафед, Чанғолкара, Тоифии гулобӣ, Кишмиши сиёҳ ва сафед, навъҳои нави селексияи Зариф, Ҳисории барвақт, Анзоб, Кишмиши Хишрав, ВИР-и барвақтӣ дохил мешаванд. Бо вуҷуди мушкилоти муваққатии иқтисодӣ, солҳои охир майдони токзор дар ҳама шаклҳои хоҷагӣ аз 28,9 ҳазор гектар (1982) ба 39,2 ҳазор гектар (1993) афзуд. Танҳо солҳои 1993-1994 тақрибан 1,5 ҳазор гектар токзори нав бунёд карда шуданд. Гарчанде ки дар маҷмӯъ ҳосили ангур дар бахши давлатӣ бо сабабҳои объективӣ хеле коҳиш ёфт, аммо дар байни аҳолӣ он хеле баланд, ба ҳисоби миёна дар ҳудуди 150 сентнер аз ҳар гектар боқӣ монд. Олимони Институти илмӣ-таҳқиқотии боғпарварӣ, токпарварӣ ва сабзавоткории Тоҷикистон захираҳои бузургро барои рушди васеи токпарварӣ заминҳои лалмӣ, доманакӯҳҳо, кӯҳҳои вилояти Хатлон ва минтақаи Ҳисор муайян карда, оид ба тайёр кардани замин пеш аз кишт, зичии ниҳолҳо, ташаккули буттаҳо, нигоҳубини агротехникии токҳои ҷавон ва калон тавсияҳо доданд. Дар ноҳияҳои Мӯъминобод ва Ховалинг минтақаҳои беназири парвариши навъҳои ангури баландпояи шампан мавҷуданд. Майдони токзорҳои лалмӣ мунтазам афзуда, соли 1994 беш аз 16 ҳазор гектар ва соли 2020 майдони умумии токзор дар ҷумҳурӣ ҳамагӣ 39815 гектарро ташкил дод. А. Д. Савченко, З. А. Имомқулов, Ш. Солиев. Меваҳои субтропикӣ Шароити табиии Тоҷикистон имкон медиҳад, ки меваҳои субтропикӣ, аз қабили анор, хурмои шарқӣ, анҷир, меваҳои ситрусӣ, писта, бодом ва ғайра парвариш карда шаванд. Макони асосии парвариши онҳо Хуҷанд, Конибодом, Ӯротеппа, минтақаҳои Тоҷикистони Марказӣ ва Ҷанубӣ, инчунин Дарвоз мебошад. Дар давраи шӯравӣ зироатҳои нави субтропикӣ — хурмои шарқӣ, пекан (навъи чормағз), лимӯ ва афлесун ба вуҷуд омаданд. Дар боғҳои табиӣ ва сунъӣ чормағз ва писта паҳн шуд. Муассисаҳои таҳқиқотӣ — илмии ҷумҳурӣ дар соҳаи боғдории субтропикӣ корҳои зиёдеро ба анҷом расониданд. Аз солҳои 30 ноҳияҳое, ки манбаъҳои афзоиши табиии дарахтони субтропикӣ ҳастанд, мавриди таҳқиқ қарор дода шуданд. Боғҳои комплексӣ бунёд гардиданд, навъҳои маҳаллӣ омӯхта шуда, таҳқиқот оид ба селексия ва технологияи кишоварзӣ идома дошт. Рушди саноатии меваҳои ситрусӣ аз соли 1949 оғоз ёфта, дар соли 1982 майдони меваҳои ситрусӣ дар колхозу совхозҳои ҷумҳурӣ ба 150 гектар расид, ки ҳосили умумии он беш аз 1000 тонна буд, зиёда аз 90% ниҳолҳои ситрусии дар водии Вахш ҷойгиранд. Тоҷикистон дар собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ аз рӯи ҳосили лимӯ дар ҷои аввал буд. Меваҳои субтропикӣ соҳаи муҳим ва фоидаовари рустанипарварӣ мебошанд. Дар асоси технологияи пешрафтаи кишоварзӣ ва дастовардҳои нави илм тадқиқот рушд кард. Соли 1965 дар ноҳияи Колхозобод (ҳоло ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ) ягона совхози махсусгардонидашудаи ситруспарварӣ ба номи Н. Каробоев бо ҳосили солонаи беш аз 600 тонна ташкил карда шуд. Боғҳои калони анор дар хоҷагиҳои водии Ҳисор ва Вахш (совхозҳои «Сумбулӣ», «Норак», боғҳои Вахш ва ғайра) ва баъдтар дар қитъаҳои Ёл ва Даштиҷум бунёд карда шуданд. Ғ. Урунов, С. Маҳмадаминов, Ш. Солиев. Чорводорӣ Як самти соҳаи кишоварзии ҷумҳурӣ буда, аз чорводории ширӣ ва гӯштӣ, кутоспарварӣ, гӯсфандпарварӣ, бузпарварӣ, асппарварӣ, занбӯрпарварӣ иборат аст. Дар миқёси аксар кишварҳои ҷаҳон Тоҷикистон ҳамчун кишвар барои парвариши зоти гӯсфанди ҳисорӣ ва саршумори беназири экотипи кутосҳои Помир шинохта шудааст. Сатҳи баланди нишондиҳандаҳои миқдорӣ ва сифатии парвариши чорво аз ҳисоби тағйироти тақрибан куллии таркиби зоти чорво ва беҳтар намудани таъминоти хӯрок ба даст оварда шуд. 10 заводи зотпарварӣ, 16 хоҷагии зотпарварӣ ва зиёда аз 80 фермаи зотпарварӣ барои парвариши зотҳои гуногуни заводии чорвои калон, моли майда, инчунин аспҳо сохта шуданд. Дар охири соли 1990 дар кишвар зоти чорвои калон 95%-ро ташкил медод, аз ҷумла зоти аслӣ – 53%, говҳо – 96 % ва 71,7 %, гӯсфандон – 99,6 % ва 77,0 %, бузҳо – 85,0 % ва 74,0 %, аспҳо - 100 % ва 65,0 %. Татбиқи технологияи пешрафтаи парвариши чорвои хоҷагӣ ба афзоиши маҳсулнокии онҳо ва афзоиши истеҳсоли гӯшт ва маҳсулоти ширӣ мусоидат намуд. Дар ҷумҳурӣ намудҳои зиёди чорво парвариш карда мешаванд. Якчанд зоти чорвои сермаҳсули ширӣ ва гӯштии аз кишварҳои дигар овардашуда ба шароити маҳал мутобиқ карда шуданд. Бо мақсади пурзӯр намудани корҳои селексионӣ ва зотпарварӣ, такмил додани сифатҳои зотӣ ва маҳсулнокӣ ва ташаккули зот 50 завод ва хоҷагии зотпарварӣ таъсис ва ба тобеияти Вазорати хоҷагии қишлоқи ҷумҳурӣ гузаронида шуданд. Парвариши чорвои калони ширдеҳ ва гӯштӣ бузургтарин соҳаи чорводорӣ маҳсуб мешавад. Помир ва Лахш минтақаҳои анъанавии парвариши кутос мебошанд. Ҳиссаи бештари гӯшт ва шире, ки дар кишвар истеҳсол мешавад, ба ин зербахши чорводорӣ рост меояд. То таъсиси ҷумҳурӣ дар хоҷагиҳо асосан чорвои зебумонанди маҳаллӣ парвариш карда мешуд, ки бо вуҷуди ба иқлими гарми маҳаллӣ ва бемориҳои хунӣ тобовар будан, вазни зинда (180-200 килограмм) ва ҳосилнокии шир паст буд (300-500 килограмм). Тадбирҳо оид ба ташкили корхонаҳои коллективӣ ва давлатӣ, ташкили шабакаи васеи хадамоти махсусгардонидашудаи зотпарварӣ, муассисаҳои илмӣ ва тайёр кардани мутахассисон ба рушди соҳаи чорводорӣ мусоидат кард. Аз аввали солҳои 30 ба ҷумҳурӣ овардани зоти сермаҳсули швейцарӣ, ба таври васеъ дурага кардани говҳо ва говҳои зебумонанде бо наслафзоҳои ин зот имкон фароҳам овард, ки шумораи чорвои дурага (200 ҳазор сар) ба таври назаррас афзоиш ёбад. Дар натиҷаи бунёди иншооти обёрии ирригатсионӣ, корҳои мелиоративӣ, азхудкунии заминҳои нав ва васеъ намудани майдонҳои кишти зироатҳои хӯроки чорво заминаи хӯроки чорворо таҳким бахшида, саршумори чорвои маҳсулнок хеле афзуд. Бо роҳи селексия ва зотпарварӣ — навъи сермаҳсули гови швитсии зебумонанди тоҷикӣ ба вуҷуд оварда шуд. Маҳсулнокии шири ин навъи говҳо ба 2600 килограмм мерасад ва дар баъзе хоҷагиҳо миқдори чарб ва сафеда аз 3000 килограмм мегузарад. Парвариши чунин зоти сершир, ба монанди сиёҳало, як қатор зотҳои решаи шведӣ дар минтақаҳои Шимолӣ ва Ҷанубӣ ба роҳ монда шуд. Дар хоҷагиҳои зотпарварии пешқадам ширдӯшӣ аз ҳар сар гови дӯшӣ ба ҳисоби миёна аз 3400 килограмм боло рафт ва дар колхози ба номи А. М. Соатов (1994) он 4805 килограмм буд. Зиёда аз 20 сол аст, ки дар кишвар парвариши махсуси чорвои калони гӯштӣ рушд мекунад. Дар хоҷагиҳои кӯҳӣ ва баландкӯҳ чунин зоти говҳои гӯштӣ, аз қабили гови сарсафеди қазоқӣ, қалмиқӣ, абердин-ангуси қазоқӣ, ки ба онҳо тобоварӣ, гуногунии ғизо, истифодаи хуби чарогоҳҳо, беҳтар мутобиқшавӣ ва ҳосилнокии баланди гӯшт хос аст, парвариш карда мешаванд. Аввалин бор дар амалияи ҷаҳонии чорводорӣ дурагакунии зоти қалмиқӣ бо кутосро ба роҳ монда шуд. Дурагаҳои ҳосилшуда дорои як қатор сифатҳои дигари биологӣ нисбат ба зотҳои аслии худ ҳастанд. Саршумори чорвои зотӣ дар ҷумҳурӣ аз соли 1969 то 1990 хеле афзуда, дар хоҷагиҳои деҳқонӣ мутаносибан 261,8 ва 360,5 ҳазор сарро ташкил дод. Дар ин давра саршумори говҳои зотӣ 73,8 ҳазор сар афзудааст. Дар ҷумҳурӣ чандин фабрикаи зотпарварӣ, даҳҳо фермаи зотпарварӣ ва фермаҳо барои такмил ва ташаккули чорводорӣ мавҷуд аст. Селексионерон корҳои зотпарвариро оид ба рушди зоти швитсии зебумонанди тоҷикӣ, навъи чорвои калони сиёҳу сафеди гӯштӣ ва тоҷикӣ анҷом медиҳанд. Соҳаи чорводорӣ аз ҷиҳати истеҳсоли маҳсулоти умумии кишоварзӣ дар ҷои дуввум баъди рустанипарварӣ аст. Дар ноҳияҳои кӯҳсори ҷумҳурӣ чорводорӣ манбаи асосии даромади хоҷагиҳо ва аҳолӣ мебошад. Чорводорӣ дар хоҷагиҳои кишоварзӣ, деҳқонӣ (фермерӣ), иҷоравӣ ва хоҷагиҳои аҳолӣ оид ба парвариши чорвои калони гӯштию ширӣ, гӯсфанду буз, парранда, моҳӣ, занбӯри асал, харгӯш дар заминаи мустаҳками хӯрок, беҳтар намудани зот ва парваришу нигоҳубини чорво инкишоф меёбад. Соли 1991 дар тамоми шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ саршумори чорвои калон 1390718 сар, аз он модагов 585896 сар, аз саршумори умумӣ кутос 15076 сар, гӯсфанду буз 3354928 сар, асп 52506 сар, парранда 6586398 сар ва занбӯри асал 61570 оила буд. Соли 2020 саршумори чорвои калон ба 2392191 сар, аз ҷумла гови дӯшоӣ 1245298 сар, кутос 27282 сар, гӯсфанду буз 5819379 сар, асп 82214 сар, парранда 9616823 ва занбӯри асал 236266 оила расонида шуд. А. Қароқулов, Ш. Солиев. Гӯсфандпарварӣ Ҳамчун соҳаи муҳими чорводорӣ дар ҷои дуввум аст ва дар рушди баъдии истеҳсолоти кишоварзӣ аҳамияти калон дорад. Он имкон медиҳад, ки заминҳои хӯроки табиӣ мувофиқи фаслҳои сол ба таври оқилона истифода шаванд ва гӯшти аз ҷиҳати экологӣ тоза – равғани гӯсфанд ва чарбу, пашм ва пӯсти гӯсфанд бо хароҷоти камтарин ба даст оварда шавад. То ибтидои соли 1940 дар Тоҷикистон танҳо гӯсфандҳои дуруштпашми думдор ва фарбеҳ; дар ноҳияҳои баландкӯҳи водии Вахш, Қароқул, дар вилояти Суғд зоти ҷойдорӣ ва дар дигар минтақаҳо гӯсфандони зоти ҳисорӣ парвариш карда мешаванд. Ҷумҳурии Тоҷикистон бо гӯсфандони ҳисорӣ, ки ба гурӯҳи зотҳои думбадори фарбеҳ мансубанд, машҳур аст. Вазни зиндаи гӯсфанди ҳисориро то 200 килограмм баркашидаанд. Дар заводи зотпарварии «Ҳисор»-и ноҳияи Фархор як наслафзо парвариш карда шуд, ки вазни зиндаи он ба 192 килограмм расид. Дар ноҳияи Турсунзода мешҳо то 152 килограмм вазн мегиранд. Дар минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон, давоми 30 сол зоти навъи фабрикаи «Фархор» бо се нишонаи заводӣ зоти гӯсфандони Ҳисор ба вуҷуд оварда шуд. Вазни миёнаи зиндаи гӯсфандони зотӣ 135–140 килограмм, мешҳо – 80–85 килограмм, наслафзоҳо ва гӯсфандони ҷавон, ки мутаносибан дар 4,0–4,5-моҳагӣ 40–43 ва 36–39 килограмм ва дар 1,5 солагӣ 65–70 килограмм мебошанд. Корҳои баъдии илмӣ-таҳқиқотӣ дар парвариши гӯсфанди ҳисорӣ ба мустаҳкам кардани сифатҳои зотӣ ва маҳсулнокии ҳайвонот, ба вуҷуд овардани сохтори генетикии зот, ки ба пешрафти он мусоидат мекунанд, равона карда шудааст. Ташаккул ва эҷоди навъи нави Шаҳринав – Регар аз зоти ҳисорӣ дар Тоҷикистони Марказӣ таҳқиқоти хеле умедбахши имрӯза ва оянда мебошад. Минтақаҳои зотпарварӣ – водии Ҳисор ва баъзе хоҷагиҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон. Бо ҷуфт кардани мешҳои ҳисорӣ бо наслафзоҳои зоти Сарочин ва сипас бо истифода аз мешҳои дурага (насли мешҳои ҳисорӣ ва наслафзоҳои британии Линколн), зоти гӯсфанди гӯштучарбдор ва пашмини тоҷикӣ ба вуҷуд оварда шуд. Вазни зиндаи гӯсфандони наслафзо 118–162 килограмм, мешҳо 70 - 75 килограмм ва то 124 килограмм мебошанд. Ба ҳисоби миёна аз мешҳо 2,9 килограмм ва аз наслафзоҳо 4,5–6 килограмм пашм гирифта мешаванд. Гӯсфандони ҷойдор ба гурӯҳи зотҳои дунбадори гӯштии чарбдор дохил мешаванд. Вазни зиндаи гӯсфандони зотӣ 70–90 килограмм, мешҳои калонсол 50–55 килограмм, аъло – 70 килограмм. Ба ҳисоби миёна аз мешҳо 2,0–2,5 килограмм ва аз наслафзоҳо 3,0–3,5 килограмм пашм гирифта мешаванд. Минтақаҳои зотпарварии вилояти Суғд: ноҳияҳои Ғончӣ (ҳоло Деваштич), Нов (ҳоло Спитамен) ва шаҳри Хуҷанд. Дар Тоҷикистон парвариши навъи қароқулӣ асосан пас аз инқилоб ба роҳ монда шуд. Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷиҳати парвариши гӯсфандони қароқулӣ, дар байни кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар ҷои чорум аст. Дар байни гӯсфандони қароқулӣ намудҳои дохилии зотӣ (барои истифодаи пӯст) ва заводӣ мавҷуданд. Аз намудҳои маҳаллии зотӣ, бо ранги сиёҳ то 75%, хокистарӣ-20% паҳн шудаанд. Вазни зиндаи наслафзоҳо 60–65 килограмм, беҳтаринҳо то 80 килограмм, мешҳои калонсол 46–50 килограмм ва беҳтаринҳо то 60 килограмм мебошанд. Аз мешҳо 2,2–2,5 килограмм, аз гӯсфандҳо – 2,8 килограмм ва беҳтаринҳо мутаносибан 3,0–4,5 килограмм пашм гирифта мешавад. Гӯсфандони қароқулӣ бо мӯинаи зебо машҳуранд. Минтақаи зотпарварӣ – ноҳияҳои ҷанубии вилояти Хатлон. Хоҷагии давлатии зотпарварии «Қубодиён»-и ноҳияи Қубодиён, хоҷагии зотпарварии «Данғара»-и ноҳияи Данғара ва хоҷагии зотпарварии ба номи Ю. Гагарини ноҳияи Шаҳритус хоҷагиҳои беҳтарин мебошанд. Дар минтақаҳои баландкӯҳи ҷумҳурӣ дурагакунии репродуктивии гӯсфандон бо навъҳои маҳинпашм, мешҳои каммаҳсули дарвозӣ бо гӯсфандони зотҳои вюртембергӣ, қирғизӣ ва дурагаҳои онҳо бо рамаҳои зоти қафқозӣ имкон доданд, ки гурӯҳи гӯсфандони серпашми гӯштии помирӣ ба вуҷуд оварда шаванд. Вазни зиндаи мешҳо 55–58 килограмм, наслафзоҳо 85–90 килограмм ва беҳтаринҳо то 120 килограмм мебошанд. Пашми маҳин дар мешҳо 3,5–4,8 килограмм, дар кӯчқорон 7–7,5 килограмм мебошад. Пашми ин навъи гӯсфандон маҳину сафеди якранг аст. Хоҷагиҳои зотпарварии «Сағирдашт»-и Дарвоз, хоҷагиҳои зотпарварии «Кангурт» ва «Оличабулоқ»-и ноҳияи Совет, (ҳоло ноҳияи Темурмалик) «Лахш» ва «Бӯстон»-и ноҳияи Ҷирғатол, (ҳоло ноҳияи Лахш) беҳтаринанд. Ҳоло дар ҷумҳурӣ гӯсфандони зотҳои ҳисорӣ, тоҷикӣ, ҷойдорӣ, қароқулӣ, гурӯҳи маҳинпашми дарвозӣ ва бузи зоти тоҷикии серпашм парвариш ва нигоҳубин карда мешаванд. С. И. Форсихонов, Ғ. Сафарлиев, А. Ҳусейнов, Ш. Солиев. Асппарварӣ Асппарварӣ соҳаи қадим ва муҳимтарини ҳаёти мардуми тоҷик аст. То ҳол асппарварӣ дар хоҷагии халқи ҷумҳурӣ аҳамияти худро гум накардааст. Якчанд аср пеш аз милод дар давлати Давон (асри 2 пеш аз милод Фарғона ва минтақаҳои шумолии Тоҷикистони имрӯза) арғамакҳо – наслҳои аспҳои «осмонӣ» парвариш ёфта, дар Хуталон (қаламрави минтақаҳои имрӯзии марказӣ ва ҷанубии ҷумҳурӣ) навъи аълои аспҳо парвариш карда мешуданд. Минбаъд аспҳои Давон ва Хуталон бо аспҳои муғулӣ, ӯзбекӣ, туркманӣ ва арабӣ ҷуфт карда шуданд. Дар давраи азнавсозии сотсиалистии хоҷагии қишлоқ дар ҷумҳурӣ заводҳои асппарварӣ, аспрез (ипподром), парваришгоҳи аспҳои зотӣ бунёд ёфта, дар колхозу совхозҳо фермаҳои асппарварӣ ташкил карда шуданд. Ибтидои соли 1995 дар ҷумҳурӣ дар тамоми категорияҳои хоҷагиҳо тақрибан 57,6 ҳазор асп, аз ҷумла аспи корӣ беш аз 8 ҳазор буд. Зотҳои нодири он дар ноҳияҳои марказию ҷанубӣ (гуруҳи зоти савори лакай ва тоҷикӣ 84%), дар вилояти Суғд (қарабоир 6%) парвариш мешаванд. Дар хоҷагиҳои зотпарварӣ дар тӯли 55 сол бо роҳи ҷуфт кардани зотҳои лақайӣ, арабӣ ва хушзоти саворӣ гурӯҳи нави пурбаҳои аспҳои асили тоҷикӣ бо қади баланди то 158 сантиметр ва вазни зиндаи 420–450 килограмм ба вуҷуд оварда шуд. Заводҳои асппарварии Кӯктош ва ба номи Ҷомӣ, совхозҳои «Кангурт», «Данғара» ва «Эсанбой», хоҷагии иҷоравии ба номи А. Фирдавсии ноҳияи Қофарниҳон (ҳоло шаҳри Ваҳдат), хоҷагии «Чорводор»-и ноҳияи Вахш ва хоҷагии таҷрибаи Даҳанакиик ба парвариши аспҳои хушзоти дурага машғул буданд. Аспҳои корӣ ва сермаҳсул дар аксари колхозу совхозҳо парвариш карда мешаванд. Нигоҳубини аспҳо дар ҷумҳурӣ дар шакли гала буд. Аспҳои модиён ва ҷавонро дар чарогоҳҳои зимистонӣ ва тобистонӣ тамоми сол нигоҳ медоштанд. Нарёнҳо дар фасли баҳор дар чарогоҳҳо бо модиён ва дар вақтҳои дигар дар саисхонаҳо нигоҳ дошта мешаванд. Давраи ҳамли модиён 11 моҳ аст. Зоиши саросарӣ ба моҳҳои март – апрел рост меояд. Вазни зиндаи тойчаҳо ҳангоми таваллуд 40–50 килограмм, дар яксолагӣ то 170 килограмм. Тойчаҳо дар 8-моҳагӣ аз модар ҷудо карда мешаванд. Аспҳои ҷавонро аз 1,5–2 солагӣ барои кор ва саворӣ истифода мебаранд. Соли 2013 саршумори аспҳо аз 76,9 ҳазор ба 81,3 ҳазор (2019) расид. Соли 2021 82897 асп парвариш карда мешуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 892 сар зиёд аст. Аз аспҳо инчунин гӯшт, шир ва маҳсулоти ширии шифобахш (қимиз) ба даст меоранд. Ҳар сол ҳазорон аспсавор ба намудҳои варзиши миллии аспдавонӣ машғул мешаванд. Н. С. Мамин, А. Г. Шамсиев, Ш. Солиев. Парандапарварӣ Парандапарварӣ соҳаи босамари чорводорӣ дар таъмини аҳолӣ бо ғизои сафедадор ба ҳисоб меравад. Ҳангоми парвариши паранда, хоҷагии халқи ҷумҳурӣ чунин маҳсулот, аз қабили тухм, гӯшт, ашёи хом барои саноат (пашм, пар ва ғайра), инчунин пору барои заминҳои кишт мегирад. Азбаски ҷумҳурӣ ба минтақаи ғалладонагӣ дохил намешавад, вазни қиёсии Парандапарварӣ дар хоҷагии халқ дар гузашта низ кам буд. Аҳолӣ асосан мурғҳои навъи ҷангӣ ва парандаҳои хурди каммаҳсули маҳаллии умумӣ истифодашавандаро парвариш мекард. Соли 1913 дар ҳудуди имрӯзаи Тоҷикистон 20,5 миллион дона тухм ё тақрибан 20 дона тухм ба ҳар сари аҳолӣ истеҳсол карда шуд. Парандапарварӣ дар ҷумҳурӣ аз солҳои 30 асри 20 бо роҳи ташкили фермаҳои хурди парандапарварии колхозию совхозӣ ба вуҷуд омадааст, аммо хоҷагиҳои наздиҳавлигӣ истеҳсолкунандаи асосии маҳсулоти соҳа ба ҳисоб мерафтанд. Соли 1940 истеҳсоли тухм дар тамоми хоҷагиҳои деҳқонӣ тақрибан 38 миллион дона ва истеҳсол ба ҳар сари аҳолӣ 25 дона буд. Ба ҳисоби миёна дар як сол аз як мокиён ҳамагӣ 11 дона тухм ҷамъ карда мешавад. Парандапарварии саноатии Тоҷикистон асосан дар минтақаи субтропикии хушк аст. Олимони Институти таҳқиқоти илмии чорводории Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо мутахассисони фабрикаҳои парандапарварии Чептура (шаҳри Ҳисор), шаҳри Душанбе ва ноҳияи Ҷаббор Расулов низоми муносибкунонии микроиқлимро дар парандахонаҳо таҳия ва дар истеҳсолот ҷорӣ карданд; тадбирҳои технологӣ ва реҷаи ғизодиҳӣ, ки барои кам ва безарар кардани таъсири манфии омилҳои иқлимӣ мусоидат мекунанд, ворид карда шуданд; дурагаҳои парандаҳо бо маҳсулнокии баланд дар иқлими гарм муайян ва офарида шуданд. Ғайр аз ин, аз ҷониби мутахассисони хоҷагиҳои парандапарварӣ барои ба низом даровардани равандҳои технологӣ, тақвияти махсусгардонӣ ва концентратсияи истеҳсолот мунтазам тадбирҳо андешида мешуданд. Дар натиҷаи амалишавии ин тадбирҳо соли 1980 истеҳсоли тухм ва гӯшти паранда дар ҳамаи намуди хоҷагиҳои ҷумҳурӣ ба 322 миллион дона ва 16,5 ҳазор тонна ва соли 1990 мутаносибан то 592 миллион дона ва 15,1 ҳазор тонна афзуд. Истеҳсоли тухм ба ҳар сари аҳолӣ дар соли 1990 112 дона ва гӯшти паранда 2,8 килограммро ташкил дод. Шумораи тамоми намудҳои паранда дар ҷумҳурӣ 7,5 миллион-ро ташкил медод. Тухмнокии мурғон дар фабрикаи парандапарварии Чептура ба 255–260 дона ва дар баъзе мурғхонаҳо то 280 дона расид. Аз рӯи паст шудани сатҳи таъмини донҳои омехтаи баландсифат ва дигар воситаҳои моддию техникӣ дар хоҷагиҳои парандапарварӣ, солҳои охир боиси кам шудани паранда ва ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти соҳа гардид. Соли 1995 шумораи тамоми намудҳои паранда 478 ҳазор, ҳаҷми умумии истеҳсоли тухм 31 миллион донаро ташкил дод. Дар ҷумҳурӣ 12 фабрикаи парандапарварӣ, 1 совхози парандапарварӣ ва 3 истгоҳи ҷӯҷахобӣ (инкубаторӣ) ва парандапарварӣ фаъолият мекард. Соли 2021 дар минтақаҳои ҷумҳурӣ 177 адад корхонаи парандапарварӣ фаъолият мекард, ки нисбат ба соли 2020 43 адад зиёд аст. Дар соли 2020 шумораи паранда ба 9782,7 ҳазор сар расид. Истеҳсоли гӯшти паранда нисбат ба соли 2020 1,9 баробар зиёд гардида, 30,6 ҳазор тоннаро ташкил дод, ки аз он 23,9 ҳазор тонна ё 78,2 % ба хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва деҳқонӣ рост омада, нисбат ба моҳҳои январ-декабри соли 2019 2,4 баробар зиёд аст. Д. К. Колинов, Ш. Солиев. --- Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 332–341.

0

Ислоҳоти саноатӣ дар Тоҷикистон

Баъди таъсисёбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати собиқ Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ барои бартараф кардани монеа ва мушкилоти соҳаи иқтисод ва рушди саноати ҷумҳурӣ замина фароҳам омад. Дар ин давра бунёди корхонаҳои бузурги саноатӣ дар Тоҷикистон талаби замон буд. Бидуни истеҳсолоти саноатӣ таъмини пешрафти иқтисодӣ, бартараф кардани монеаҳо ва рушди муқаррарии қувваҳои истеҳсолкунандаи ҷумҳурӣ ғайриимкон буд. Дар охири солҳои 20-уми асри 20 дар ҷумҳурӣ асосан саноати сабук ва хӯрокворӣ вуҷуд дошт. Бо сабаби ҳанӯз омӯхта нашудани иқтидори саноатию энергетикии Тоҷикистон соҳаҳое бунёд гардида инкишоф ёфтанд, ки аз ашёи хом ғанӣ буданд. Тоҷикистон яке аз маконҳои асосии ашёи хоми саноатӣ ва хӯроквории Иттиҳоди Шӯравӣ гардид. Ғояи саноатикунонӣ дар нақшаҳои панҷсолаи пеш аз ҷанг инъикос шуда буд. Дар самти саноатикунонии мамлакат сохтмони нахустин неругоҳи бузург – неругоҳи барқи обии Варзоб бо иқтидори 7,5 ҳазор киловатт, хатти роҳи оҳани Мелниково (Конибодом)–Шӯроб, ду комбинати ғалла ва истеҳсоли орд дар Қӯрғонтеппа ва Янгибозор (ҳоло шаҳри Ваҳдат) оғоз ёфт. Заводи коркарди меваи Конибодом (соли 1928), кони ангишти «Первомайская» (1930, кони № 8), Комбинати консерви Хуҷанд (Ленинобод, соли 1932), ду заводи нахустини равғанкашӣ дар Қӯрғонтеппаву Кӯлоб ва чандин неругоҳи хурд сохта шуданд, ки ба давраи панҷсолаи якум (1928–1932) рост омаданд. Дар саноати пахтатозакунӣ таваҷҷуҳи асосӣ ба навсозии техникии он нигаронида шуда буд. Бо мақсади рушд додани саноати абрешимбофӣ ва пилтаресӣ солҳои 1930–1932 заводҳои пахтатозакунии Сталинобод (ҳоло шаҳри Душанбе), Хуҷанд, Фархор, Ҷилликӯл, Қӯрғонтеппа ба истифода дода шуданд. Фабрикаи дӯзандагии Сталинобод (соли 1933) ва фабрикаи дӯзандагӣ-трикотажии Ленинобод (вилояти Суғд, соли 1939) бузургтарин корхонаҳои ҳудуди ҷумҳурӣ буданд. Соли 1942 дар Сталинобод навбати аввали комбинати бофандагӣ ба кор даромад, ки пойгоҳи коркарди пахта дар ҷумҳурӣ маҳсуб мешуд. Бо вусъат ёфтани инқилоби фарҳангӣ саноати полиграфӣ хеле рушд карда, соли 1934 комбинати полиграфӣ ба фаъолият шурӯъ намуд. Дар натиҷа матбааи давлатии Душанбе ва чандин матбааи хурди ноҳиявӣ таъсис дода шуданд. Бо сохтани корхонаҳои саноатӣ масъалаи омода намудани кадрҳо ба миён омад. Дар давраи аввали саноатикунонӣ мутахассисон ва ҳатто як ҳиссаи коргарон аз Федератсияи Россия ва Украина ба Тоҷикистон вобаста карда шуданд. Барои ҷалби мардуми маҳаллӣ ва тайёр намудани коргарони касбӣ дар назди фабрикаю заводҳо (соли 1924) омӯзишгоҳҳо таъсис ёфтанд. Танҳо соли 1940 дар омӯзишгоҳҳои ҷумҳурӣ 1185 нафар мутахассиси касбӣ тайёр карда шуд. Дар ин давра қадамҳои нахустин барои табдил додани Тоҷикистон аз ҷумҳурии аграрӣ ба аграрӣ-саноатӣ гузошта шуданд. Саноат дар даврони истиқлол Аз аввали солҳои Истиқлоли давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ислоҳоти низоми иқтисодии миллӣ тавассути аз низоми банақшагирии мутамаркази давлатӣ ба иқтисоди бозоргонӣ гузаронидани соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ ба роҳ монда шуд. Бо мақсади тадриҷан зиёд кардани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир саноатикунонии босуръати кишвар ҳадафи чоруми миллӣ эълон гардид. Ҷиҳати расидан ба ин ҳадаф таҳия ва қабули маҷмуи тадбирҳо оид ба баланд бардоштани самаранокии истеҳсолот тавассути ҷорӣ кардани технологияи инноватсионӣ, таъсиси кластерҳои саноатӣ ва паркҳои технологӣ, ташкили марказҳои логистикӣ ва бизнес-инкубаторҳо дар соҳаҳои саноат аз шартҳои асосӣ мебошад. Барои амалисозии ин тадбирҳо, аз ҷониби вазорат лоиҳаҳо доир ба таъсиси технопаркҳо ва корхонаю коргоҳҳои истеҳсолӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ мутобиқ ба талаботи стандартҳои ҷорӣ таҳия гардиданд. Давоми солҳои 2005–2015 барои рушди соҳаҳои саноати кишвар дар маҷмӯъ ба маблағи 3,3 миллиард доллари Иёлоти Муттаҳидаи Амрико сармоягузорӣ шуд, аз ҷумла сармоягузории мустақим 2,8 миллиард доллари Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва дигар маблағгузориҳо 474,8 миллион доллари Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро ташкил медоданд. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ (дар соли 2015) ба 12,2 миллиард сомонӣ расонида шуд. Соли 2019 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноат ба 27 миллиард 586,6 миллион сомонӣ расонда шуд. Ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2018 3 миллиард 809,4 миллион сомонӣ зиёд буда, суръати афзоиш 113,6%-ро ташкил дод. Афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот дар саноатҳо: ангишт — 114,2%; маъдани кӯҳӣ — 117,6%; масолеҳи сохтмон — 114,3%; сабук – 123,6%; мошинсозӣ – 129,6%; табъу нашр – 109%; хӯрокворӣ – 109,2%; корхонаҳои пахтатозакунӣ – 102,5%; нафт ва газ – 117,6%; электроэнергетика – 119,6%. Дар се моҳи аввали соли 2021 дар Тоҷикистон истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 17,4% афзуда, ҳаҷми он 8201,1 миллион сомониро ташкил дод. Дар ҷумҳурӣ дар маҷмӯъ 2285 корхонаи саноатӣ, аз ҷумла 269 корхона дар саноати истихроҷ, 1859 дар саноати коркард, 76 корхона дар соҳаҳои таъминоти газ, барқ, буғ, об ва 81 корхона дар коркарди партовҳо фаъолият мекунанд. Аз миқдори умумӣ 695 корхона дар вилояти Суғд, 621 адад дар вилояти Хатлон, 493 адад дар шаҳри Душанбе, 419 адад дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва 57 адад дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон воқеанд. Бо мақсади такмил додани низоми сифати коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, таъмини сифат ва амнияти озуқаворӣ, афзоиши ҳаҷми содироти маҳсулоти соҳаҳои саноати хӯрокворӣ тавассути ҷорӣ намудани сертификатсиякунонии байналмилалӣ, дар корхонаҳои соҳа раванди гузариш ва мутобиқгардонии низоми сифати коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ба стандартҳои байналмилалӣ идома дошта, якчанд корхонаи соҳа мутобиқи низоми Таҳлили хатар ва нуқтаҳои муҳими назоратӣ (Hazard Analysis and Critical Control Points) сертификатсия шуда, низоми ISO22000 – Созмони байналмилалии стандартизатсия (International Organization for Standardization) ҷорӣ карда шуд. Дар натиҷа, якчанд корхонаи саноати хӯрокворӣ дар чорабиниҳои байналмилалӣ иштирок карда, ба муваффақиятҳо ноил гардидаанд, аз ҷумла маҳсулоти истеҳсоли корхонаҳои ватанӣ бино бар дорои сифати баланд будан, бо қарори Фонди байналмилалии сифати баланди кор дар шаҳри Женева (Швейсария) бо медали тило ва аз ҷониби Кумитаи номинатсияи Ассамблеяи тиҷоратии Аврупоӣ дар шаҳри Вена (Австрия) бо мукофоти байналхалқии «Сифати аврупоӣ» сарфароз гардонида шуданд. Ю. Николаев, Т. Луқмонов. --- Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 330–331.

0

Саноат

Минтақаҳои озоди иқтисодӣ Минтақаи озоди иқтисодии «Ишкошим» дар ноҳияи Ишкошими Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҷойгир буда, соли 2009 дар масоҳати 200 гектар таъсис ёфтааст. Минтақаи озоди иқтисодии «Ишкошим», асосан, минтақаи истеҳсолию тиҷоратӣ, сайёҳӣ, сармоягузорӣ ва савдои наздисоҳилӣ буда, ба муҳлати 50 сол ташкил шудааст. Дар минтақа 5 субъект (то январи соли 2021) ба қайд гирифта шудааст. Минтақаи озоди иқтисодии «Ишкошим» дар чорроҳаи чор давлати Хитой (Қошғар) – Тоҷикистон (Ишкошим) – Афғонистон (Файзобод) – Қирғизистон (Ӯш) воқеъ аст. Дар ҳудуди ноҳияи Ишкошим аз канданиҳои фоиданок сангҳои гаронбаҳо (кони «Кӯҳи лаъл», ки дар он санги гаронбаҳои лаъл истихроҷ мешавад) ва ороишию сохтмонӣ, захираи зиёди санги мармар мавҷуд аст, ки барои ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ ва дар ин замина ташкил намудани ҷойҳои нави кор мусоидат мекунанд. Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» соли 2019 дар масоҳати 309 гектар таъсис ёфта, соли 2020 ба фаъолият оғоз намуд. Дар минтақа 1 субъект (то январи соли 2021) ба қайд гирифта шудааст. Ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ дар самти бунёди корхонаҳои саноатӣ дар ҳудуди минтақаи иқтисодии мазкур ва бо ин васила ба шуғл фаро гирифтани шумораи бештари аҳолии маҳаллӣ минбаъд низ ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати иқтисодии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бомаром идома дода мешавад. Дар ҳудуди минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» дар 1 гектар бунёди корхонаи истеҳсоли қисмҳои эҳтиётии автомобилҳо бо арзиши беш аз 1,5 миллион сомонӣ ба нақша гирифта шуда, дар марҳалаи аввал истеҳсоли ҳавотозакунакҳои навъҳои гуногуни ҳавоӣ ва равғанӣ барои воситаҳои нақлиёти автомобилӣ ба роҳ монда мешавад. Саноат Соҳаи саноати Тоҷикистон то замони Истиқлол дар доираи низоми нақшавии тақсимоти қувваҳои истеҳсолкунанда ташаккул ёфта, аз корхонаҳои он филиззоти рангаву нодир ва гаронбаҳо дар шакли маъдан, маҳсулоти саноати бофандагӣ ва хӯрокворӣ ҳамчун маҳсулоти тайёру нимтайёр дар дохили ҷумҳурӣ ва дар ҳудуди собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ба фурӯш бароварда мешуд. Дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ҳиссаи маҳсулоти саноатӣ нисбат ба кишоварзӣ зиёд буд. Соли 1991 шумораи умумии корхонаҳои соҳа 2308 ададро ташкил медод, аз ҷумла 207 корхонаи саноати вазнин ва 119 корхонаи саноати сабук. Ҳаҷми истеҳсолоти соҳаи мазкур дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 25,4% буд. Ҳиссаи саноати сабук ва хӯрокворӣ 70,6% ва саноати вазнин 29,4%-ро ташкил дод, ки ин нишондиҳанда афзалият доштани соҳаҳои коркардро дар ҷумҳурӣ инъикос кард. Ҷанги шаҳрвандӣ (1992–1997) боиси коҳиш ёфтани иқтидори истеҳсолии корхонаҳои саноатӣ гардид. Ҳаҷми умумии маҳсулоти саноатӣ дар соли 1997 нисбат ба соли 1990 32,3%-ро ташкил кард. Иқтидори корхонаҳои истеҳсоли нахи пахта 3 баробар, пойафзор, шоҳиворӣ, қолинҳо 30–40 баробар ва маҳсулоти ширӣ 90 баробар коҳиш ёфт. Дар давраи таҳаввулоти иқтисодӣ дар истеҳсолоти саноатӣ тағйироти сохтории бузург ба вуҷуд омад. Мувофиқи барномаҳои стратегӣ оид ба рушди минтақавию соҳавӣ, масъалаи ҷойгиркунии иқтидорҳои нави истеҳсолӣ дар минтақаҳо, кофӣ будани захираи ашёи хоми табиӣ ва маҳсулоти кишоварзӣ афзалиятҳои сиёсати кишварро дар соҳаи саноат муқаррар кард. Соли 2019 дар соҳаи саноат 219 корхонаи нави саноатӣ, аз ҷумла дар вилояти Суғд – 59, Хатлон – 57, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 3, шаҳри Душанбе – 60 ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 40 корхона сохта ба истифода дода шуданд. Саноати маъдан ва филиззоти қиматбаҳо Дар шароити табиии кӯҳсори Тоҷикистон коркарди сарватҳои минералӣ ва таъмини пешрафти ин соҳа яке аз ҳадафҳои стратегии ҷумҳурӣ мебошад. Дар натиҷаи анҷоми корҳои нақшавии геологӣ дар ҷумҳурӣ чандин кони филиззоти ранга, сиёҳ, нодир, асил, сангҳои қиматбаҳо ва ороишӣ, маводди сохтмонӣ, ашёи кимиёвӣ-кӯҳӣ ва ғайра кашф гардиданд. Дар ҷумҳурӣ комбинатҳои кӯҳӣ-маъдантозакунӣ амал карда, бо ҷалби сармоягузории хориҷӣ чандин корхонаи муштарак таъсис дода шуд. Бо рушди саноати металлургияи Тоҷикистон коркарди ашёи хом ва истеҳсоли филиззоти ранга афзоиш ёфт. Нишондоди қиёсии соҳаи маъданҳои кӯҳӣ дар ҳаҷми умумии маҳсулоти саноатӣ агар соли 1991 – 8% бошад, пас дар соли 2020 ба 25,1% расид. Бо мақсади суръат бахшидани истеҳсоли тило, нуқра, филиззоти ранга, ташкили ҷойҳои нави корӣ, рушди буҷети давлат, ҷалби сармояи ватанию хориҷӣ ва таъсиси корхонаҳо «Барномаи давлатии коркард ва фурӯши сангҳои гаронбаҳо ва ороишӣ дар солҳои 2001–2005», «Барномаи рушди соҳаи саноати коркарди тило ва нуқра барои солҳои 2002–2010», «Барномаи рушди заргарӣ, коркарди сангҳои қиматбаҳо ва ороишӣ барои солҳои 2009–2015» ва «Барномаи давлатии рушди соҳаи саноати истихроҷу коркарди тило ва нуқра барои солҳои 2012–2016» татбиқ шуданд. Соли 2019 «Барномаи рушди металлургияи ранга ва сиёҳ барои давраи то соли 2025 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва соли 2020 «Барномаи саноатикунонии босуръати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020–2025» тасдиқ ва мавриди амал қарор доранд. Ҳаҷми маҳсулоти корхонаҳои зертобеъ дар соли 2020 нисбат ба солҳои 2000–2016 (8,28 миллиард сомонӣ) ба 7722,4 миллион сомонӣ баробар гардид, ки ин нишондод 7,65 миллиард сомонӣ зиёд мебошад. Солҳои 1992–2019 дар соҳаи саноати кӯҳии ҷумҳурӣ 30 корхонаи истихроҷ ва коркарди сангҳои гаронбаҳо ва ороишӣ ва 8 корхонаи заргарӣ таъсис ёфт. Корхонаҳои бузурги истеҳсоли тило, нуқра, филиззоти ранга, заргарӣ, коркарди сангҳои қиматбаҳо ва ороишии ҷумҳурӣ: ҷамъияти масъулияташ маҳдуди корхонаи муштараки «Зарафшон», ҶМТ КДММ «Апрелевка», ҷамъияти масъулияташ маҳдуди ТА корхонаи муштараки «Анзоб», ҷамъияти саҳомии кушодаи «ГОК Адрасмон», ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ширкати кӯҳӣ-саноати Тоҷикистону Хитой», ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Нуқрафом», ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ширкати металлургияи Анзоб», ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Броадтек Тоҷикистон Майнинг Инвестмент», Корхонаи махсуси давлатии ҷумҳуриявии «Тилои тоҷик», Артели заршӯйи «Одина», ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Абдулазиз», ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Таком Голд», ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Пакрут», ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Талко Голд», ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Авесто Одина», корхонаи воҳиди давлатии «Филиззоти нодири Тоҷикистон», ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Равшан», корхонаи воҳиди давлатии «Зари Кӯлоб», ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Тоҷик кристалл», ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ақиқа», ҷамъияти саҳомии кушодаи «Заргари тоҷик», ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Майрамбибӣ», ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Тоҷи зарин», ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Рухом», Ккорхонаи фаръии «Анори Дарвоз», Корхонаи коркарди санги «Анчин», Корхонаи коркарди санги «Фароғат», ҷамъияти саҳомии кушодаи «Чамаст», ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Лаъл», ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Асрори санг» ва ғайра. Аксари корхонаҳо аз нав маблағгузорӣ шуда, бо технологияи нав таъмин гардиданд. Маҳсулоти ин корхонаҳо ба талабот ва стандартҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯ аст. Соли 2020 корхонаҳои соҳаи саноати маъданҳои кӯҳӣ ва филиззоти гаронбаҳо ба маблағи 7722,4 миллион сомонӣ масолеҳ истеҳсол карданд, ки нисбат ба соли 2019 – 756,6 миллион сомонӣ зиёдтар буд. Дар ин давра 54,8 ҳазор тонна хокаи сурб, 94,2 ҳазор тонна хокаи руҳ, 48,7 ҳазор тонна хокаи мис, 54,7 ҳазор тонна хокаи сурма ва 6,9 ҳазор тонна сурмаи филиззӣ истеҳсол карда шуд. 100%-и маҳсулоти филиззоти қиматбаҳо дар ҳудуди ҷумҳурӣ ба фурӯш бароварда шудааст. Саноати сабук ва пилапарварӣ Саноати сабук ва пилапарварӣ яке аз соҳаҳои афзалиятноки саноати кишвар ба шумор меравад. Коркарди ашёи хоми маҳаллӣ ба монанди нахи пахта, пӯст, пашм, пила ва самаранок истифода намудани иқтидорҳои мавҷуда, ташкили ҷойҳои нави корӣ ва вусъати истеҳсоли маҳсулоти воридотиро ивазкунанда ва ба содирот нигаронидашуда афзалиятҳои соҳа муайян гардиданд. Давоми 30 соли Истиқлоли давлатии кишвар зиёда аз 50 корхонаи калони соҳа ифтитоҳ ёфт. Корхонаҳои нав, асосан дар самтҳои коркарди пахта ва нахи он, пӯст, истеҳсоли пахтаи тиббӣ, маҳсулоти дӯзандагӣ, бофандагӣ, ҷӯробу қолинбофӣ, мебелсозӣ, истеҳсоли пойафзор ва халта сохта, ба истифода дода шуданд. Соли 1991 шумораи корхонаҳои соҳа 63 адад буд, соли 2020 теъдоди онҳо ба 486 расид. Ҳаҷми маҳсулоти саноати сабук дар соли 1991 – 0,06 миллион сомонӣ, соли 1995 – 16 миллион сомонӣ, соли 2000 – 139,6 миллион сомонӣ, соли 2005 – 323,3 миллион сомонӣ, соли 2010 – 1093,7 миллион сомонӣ, соли 2015 – 1425,5 миллион сомонӣ, соли 2018 – 2700,4 миллион сомонӣ, соли 2019 – 2897,9 миллион сомонӣ ва соли 2020 – 3140,3 миллион сомониро ташкил дод. Истеҳсоли маҳсулоти муҳимтарини саноати сабук дар солҳои 1991–2020 Ҷадвали 1 | Номгӯи маҳсулот | Воҳиди андоза | 1991 | 1995 | 2000 | 2005 | 2010 | 2015 | 2018 | 2019 | 2020 | | --- | --- | --- | --- | --- | --- | --- | --- | --- | --- | --- | | Нахи пахта | ҳазор тонна | 246 | 168 | 107 | 153 | 95,2 | 98,4 | 98,5 | 102,5 | 101,5 | | Ресмони пахтагин | ҳазор тонна | 24,7 | 13,2 | 14,8 | 15 | 6,1 | 4,9 | 20,7 | 22,4 | 19,3 | | Матои пахтагин | миллион метри мураббаъ | 102,4 | 28 | 11,5 | 24,1 | 25,6 | 8,4 | 7,5 | 12,7 | 13,7 | | Матои нобофта | миллион метри мураббаъ | 13 | 5,5 | 1,8 | 1,7 | 1 | 0,8 | 1,1 | 2,1 | 2,2 | | Маҳсулоти дӯзандагӣ | миллион сомонӣ | 195,9 | 7,7 | 12,3 | 51,3 | 96,5 | 109,3 | 267,2 | 260,6 | 345,5 | | Ҷӯроб | миллион ҷуфт | 49,2 | 4,5 | 3,1 | 5 | 5,7 | 2,6 | 5,7 | 4,1 | 7,8 | | Қолин | миллион метри мураббаъ | 7,6 | 0,7 | 0,3 | 0,5 | 0,6 | 1,2 | 3,1 | 4,7 | 2,8 | | Пойафзор | миллион ҷуфт | 8,5 | 0,6 | 0,11 | 0,03 | 0,41 | 0,47 | 0,8 | 0,8 | 1,0 | | Мебел | миллион сомонӣ | 1,3 | 0,12 | 0,21 | 2,1 | 5,0 | 15,4 | 42,9 | 54,1 | 60,8 | | Атлас | миллион метри мураббаъ | 68,6 | 8,4 | 0,3 | 0 | 0,07 | 0,004 | 0,019 | 0,021 | 0,022 | Дар даврони соҳибистиқлолӣ корхонаҳои бузурги коркарди нахи пахта ба монанди ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ҷавонӣ», ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «САТН», корхонаи «Кабоол-тоҷик-текстайлз», ҷамъияти саҳомии кушодаи «Бофандаи Норак», ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Замин Текстил», ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Фаррес», ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Кӯлоб-текстайлз», ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ресандаи Хатлон», ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Спитамен Текстайлз», ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Хима текстил», ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Неку Хуҷанд», ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Файзи Истиқлол 2011», ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Нассоҷи Хуҷанд», ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Органик Ян» ва истеҳсолоти ресандагии ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Ҷунтай - Данғара Син Силу Текстил» ба маблағи зиёда аз 320 миллион доллари Иёлоти Муттаҳидаи Амрико сохта ба истифода дода шуданд. Ҳоло дар ҷумҳурӣ 18 корхонаи ресандагӣ бо иқтидори беш аз 80 ҳазор тонна коркарди нахи пахта дар реҷаи се басти корӣ (дар як сол) фаъолият доранд. Соли 2016 марҳилаи якум ва соли 2018 марҳилаи дуввуми истеҳсолоти ресандагии ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Ҷунтай - Данғара Син Силу Текстил» бо иқтидори коркарди 24,5 ҳазор тонна нахи пахта дар як сол ба истифода дода шуд, ки барои рушди саноати сабук такони ҷиддӣ бахшид. Маҳсулоти якчанд корхонаи соҳа дар бозорҳои хориҷии кишвар низ мавқеи худро пайдо карда, шимҳои мардонаву бачагона аз матои ҷинс, нимшимҳо, куртаҳои мардона, либосҳои варзишӣ ва кимоно ба давлатҳои Россия, Беларусь ва Иттиҳоди Аврупо содирот карда мешаванд. Ба роҳ мондани истеҳсоли либоси мактабӣ дар кишвар барои таъсиси ҷойҳои кори нав, зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда, ғанӣ гардонидани буҷети ҷумҳурӣ ва дар ин замина ба раванди саноаткунонии босуръати кишвар мусоидат намуд. Солҳои охир истеҳсоли либоси мактабӣ мунтазам тамоюли афзоиш дошта, аз 79 ҳазор дона (соли 2014) ба 926 ҳазор дона (соли 2020) расидааст. Соҳаи қолинбофӣ, ҳамчун қисми таркибии соҳаи саноати сабук ба ҳисоб рафта, дар давраи истиқлоли кишвар марҳила ба марҳила рушд мекунад. Соли 2014 «Барномаи рушди қолинбофӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014–2020» қабул карда шуд. Бо амалӣ шудани ин барнома истеҳсоли қолинҳо нисбат ба соли 2014 1,5 баробар афзоиш ёфта, аз 1 миллион 763 ҳазор метри мураббаъ соли 2014 ба 2 миллион 812 ҳазор метри мураббаъ дар соли 2020 расонида шуд. Саноати мебелбарорӣ низ батадриҷ рушд карда, корхонаҳои соҳа бо дастгоҳу таҷҳизоти нав муҷаҳҳаз гардиданд. Соли 2016 истеҳсоли мебел дар ҷумҳурӣ ба 17,4 миллион сомонӣ баробар буда, соли 2018 ин рақам ба 42,9 миллион сомонӣ расид. Корхонаҳои бузурги ин соҳа ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Бисот», «Арча-мебел», ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Тоҷикмебел», ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди ИИ «Империя» ва ғайра мебошанд. Рушди соҳаи коркарди маҳсулоти чорво (пӯст ва пашм) бо дар назар доштани истифода аз ашёи хоми маҳаллӣ, иқтидори содиротии ҷумҳурӣ ва ташкили ҷойҳои кории нав аҳаммияти иқтисодӣ дошта, дар давраи соҳибистиқлолии кишвар бо таъсиси корхонаҳои ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Чарми Осиё» дар заминаи «Заводи пӯсти Данғара», ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Матин Чарм», ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Файзи Мастчоҳ», ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Тоҷик Интиқол», ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Чарми Хуҷанд», ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Тоҷик–Хуа-Ши-Тай», ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сармоягузории Байналмилалии Дубай», ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сомон Чарм», ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ҳасан саноат», соҳибкори инфиродии «Набиев» ва соҳибкори инфиродии «Абдусатторов» амалӣ гардид. Саноати масолеҳи сохтмон Яке аз соҳаҳои муҳими саноати кишвар буда, дар рушди иқтисодиёти кишвар саҳми назаррас мегузорад. Бо истифода аз ашёи хоми маҳаллӣ корхонаҳои зиёд фаъолият карда, эҳтиёҷоти иншоотҳои сохтмонӣ, обиву барқӣ, роҳсозӣ ва иқоматиро бо масолеҳи сохтмонӣ таъмин менамоянд. Солҳои 90-уми асри 20 дар ҷумҳурӣ 32 корхонаи саноатӣ ва ташкилотҳои хизматрасонии соҳа фаъолият доштанд, соли 2019 миқдори онҳо ба 517 адад расид. Соли 2014 бунёд ва муҷаҳҳазгардонии корхонаҳо бо технологияи нав ба роҳ монда шуд. Дар 103 корхонаву коргоҳ барои 1710 нафар ҷойҳои нави корӣ таъсис дода шуданд, ки ба маблағи 49,7 миллион сомонӣ бо техникаву таҷҳизоти муосир таъмин гардиданд. Бо мақсади таъмини бозори дохилӣ бо сементи ватанӣ ва ба хориҷи кишвар содир намудани он соли 2014 корхонаҳои истеҳсоли семент ва варақаҳои гаҷкартонӣ таъсис дода шуданд. Масалан, ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Чунгтсай Моҳир семент» — иқтидори солонааш 1,2 миллион тонна буда, гаҷкартон бо иқтидори 1 миллион м мураббаъ, халтаҳои қоғазӣ бо иқтидори 80 миллион дона ва ширкати «Ху Чан Ғаюр Индастриал» бошад, гаҷ бо иқтидори 150 ҳазор тонна, варақаҳои гаҷӣ бо иқтидори 2,5 миллион дона истеҳсол мекунанд. Истеҳсоли семент дар ҷумҳурӣ аз нимаи дуввуми соли 2013 босуръат инкишоф ёфт. Ҳоло аз ҳисоби маҳсулоти истеҳсол кардаи корхонаҳои «Хуаксин Ғаюр семент», «Хуаксин Ғаюр Суғд семент» ва «Чунгтсай Моҳир семент» соле ба хориҷи кишвар зиёда аз 500 ҳазор тонна сементи навъҳои М - 400 ва М-500 содир карда мешавад. Тавассути ин корхонаҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон аз кишвари воридкунандаи ин навъи маҳсулот ба кишвари содиротсозанда табдил ёфт. Соли 2014 истеҳсоли сементи ватанӣ ба 1 миллион тонна расонда шуда, соли 2015 ба маблағи 1,3 миллиард сомонӣ масолеҳи сохтмонӣ истеҳсол гардид ва ҳиссаи соҳа дар маҷмӯи маҳсулоти саноатӣ 11,5%-ро ташкил дод. Корхонаҳои соҳаи мазкур соли 2019 ба маблағи 2,7 миллиард сомонӣ масолеҳ истеҳсол карданд, ки нисбат ба соли 2018 345,4 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Ҳиссаи соҳа дар маҷмӯи маҳсулоти саноатӣ 10%-ро ташкил дод. Истеҳсоли семент ба 4,2 миллион тонна, хишт – 159,1 миллион дона, газоблок - 36,9 ҳазор метри мукааб, масолеҳи ғайримаъданӣ - 1,5 миллион метри мукааб, гаҷкартон - 1,4 миллион дона ва шифер - 1,3 миллион дона баробар гардид. Дар ин давра 1,5 миллион тонна семент ба хориҷи кишвар, аз ҷумла ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон - 890 ҳазор тонна, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон - 576 ҳазор тонна ва Ҷумҳурии Қирғизистон - 80,6 ҳазор тонна содир гардид. 399,6 ҳазор дона гаҷкартон ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон содирот шуд. Дар маҷмӯъ соли 2019 25 корхона ва коргоҳҳои соҳа ба фаъолият оғоз намуда, ба маблағи 82,2 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол карданд. Соли 2020 корхонаҳои соҳа ба маблағи 3 миллиард сомонӣ масолеҳ истеҳсол карданд, ки нисбат ба соли 2019 200,4 миллион сомонӣ зиёдтар буд. Ҳиссаи соҳа дар маҷмӯи маҳсулоти саноатӣ 9,7%-ро ташкил дод. Истеҳсоли семент ба 4242,3 ҳазор тонна, хишт - 171,5 миллион дона, хишти сементӣ - 82,5 миллион дона, газоблок - 45,4 ҳазор метри мукааб, масолеҳи ғайримаъданӣ - 1434,3 ҳазор метри мукааб, бетони сохтмонӣ - 436,9 ҳазор метри мукааб, бомпӯши асбестӣ ба 1842,8 ҳазор дона баробар шуд. Ҳаҷми содироти масолеҳ 60,3 миллион доллари Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва ҳаҷми воридот 48,2 миллион долларро ташкил дод, содирот нисбат ба воридот ба 12,1 миллион доллари Иёлоти Муттаҳидаи Амрико зиёд гардид. Зиёдшавии ҳаҷми содирот аз ҳисоби фурӯши семент буд, ки маблағи он 59,8 миллион долларро ташкил дод. Дар ин давра воридоти таҷҳизоту технология 2,5 миллиард сомониро ташкил дод. Равандҳои истеҳсолии онҳо ба муҳити зист таъсир нарасонида, маводди энергетикию сӯзишвориро сарфа менамоянд. Хароҷоти қувваи барқ ва ангишт то 30% кам шуда, боиси то 15–25% баланд шудани даромаднокӣ ва паст гардидани арзиши аслии маҳсулот шуд. Истифодаи технологияи нав имкон дод, ки ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти соҳа аз 5 миллион сомонӣ (1991) ба 3 миллиард сомонӣ (2020) расад. Аксарияти корхонаҳои масолеҳи ғайримаъданӣ дар ноҳияҳои Рӯдакӣ, Ҷаббор Расулов, Бобоҷон Ғафуров, Спитамен, шаҳри Ҳисор ва ғайра сохта ба истифода дода шудаанд. Содироти семент охири соли 2015 оғоз гардида, соли 2020 ба 1,3 миллион тонна расид. Истеҳсоли масолеҳи асосии сохтмонӣ дар солҳои 1992–2020 Ҷадвали 2. | Номи масолеҳ | 1992 | 2000 | 2005 | 2010 | 2014 | 2015 | 2016 | 2017 | 2018 | 2019 | 2020 | | --- | --- | --- | --- | --- | --- | --- | --- | --- | --- | --- | --- | | Семент, ҳазор тонна | 446,8 | 54,8 | 253,1 | 288,2 | 1149,3 | 1412,0 | 2001,3 | 3117,2 | 3844,2 | 4202,2 | 4242,3 | | Маводди ғайримаъданӣ, ҳазор метри мукааб | 168,8 | 35,5 | 268,8 | 448,8 | 862,0 | 1100,0 | 1241,3 | 1041,1 | 1232,2 | 1511,4 | 1434,3 | | Хишт, миллион дона | 102,7 | 21,0 | 44,6 | 78,4 | 164,6 | 160,0 | 175,6 | 180 | 202 | 229 | 254,0 | Саноати сӯзишворию энергетикӣ Дар Тоҷикистон ин соҳа, асосан, истеҳсоли ангишт, нафт ва газро дар бар мегирад. Соҳаи муҳимтарин истихроҷи ангишт мебошад. Дар Тоҷикистон тақрибан 35 кони ангишт маълум аст. Конҳои калонтарини он: Шӯроб, Фон-Яғноб, Равот, Киштуду Заврон, Моғиён, Назарайлок ва Миёнаду. Солҳои 2013–2020 суръати афзоиши истихроҷи ангишт дар ҷумҳурӣ назаррас буд. Истихроҷи ангишт дар соли 2020 2 миллион 29 ҳазор тоннаро ташкил дод, ки нисбат ба соли 1991 1 миллион 720 ҳазор тонна ё 6 баробар зиёд мебошад. Бо фароҳам омадани шароити мусоид барои рушди соҳа ва таъмини соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ бо ангишт, аз соли 2013 то соли 2019 дар ҷумҳурӣ 18 адад корхона, аз ҷумла 6 корхонаи давлатӣ ва 12 корхонаи ғайридавлатӣ дар 11 кони ангишт, аз ҷумла 3 адад бо тарзи зеризаминӣ ва 15 адад бо тарзи кушода ба истихроҷи ангишт оғоз намуданд. Корхонаи фаръии «Шахтаи Фон-Яғноб» бузургтарин корхонаи истихроҷи ангишти Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар як сол тақрибан 900 ҳазор тонна ангишт истихроҷ мекунад. Соли 2001 дар қитъаи ғарбии кони ангишт корхонаи фаръии «Кони ангишти Зиддӣ» бо истихроҷи тарзи кушоди ангишт ва бо иқтидори 120 ҳазор тонна дар як сол ба кор шурӯъ кард. Дар қатори корхонаҳои мавҷудаи соҳаи саноати ангишт дар давраи солҳои 2013–2020 бо ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ корхонаҳои нав, аз ҷумла ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Талко-Ресурс», ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Комбинати металлургии Тоҷик», ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Қудрат-2010», ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сиёвуш» таъсис дода шуданд. Афзоиши истихроҷи ангишт ва пешрафти корхонаҳои соҳа маҳз дар ин давра ба назар расида, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот аз 87,3 миллион сомонӣ (2013) ба 380 миллион сомонӣ (2020), ҷалби сармоягузорӣ оид ба воридоти техника ва таҷҳизоти нав аз 27,1 миллион сомонӣ (2013) ба 56,4 миллион сомонӣ (2019) расонида шуд. Дар соли 2020 миқдори техникаҳои махсуси кӯҳӣ аз 36 то 889 адад расонида шуд, ки боиси афзоиши истихроҷи ангишт гардид. Дар ин давра ҳаҷми истихроҷи ангишт ба 2 миллион 29 ҳазор тонна расонида шуд, ки дар таърихи ҷумҳурӣ нишондоди баландтарин ба ҳисоб меравад. Дар натиҷаи ба роҳ мондани сиёсати дурусти ягонаи давлат дар бахши саноати истихроҷи ангишт ҷиҳати таъмини боэътимоди соҳаҳои иҷтимоиёт ва иқтисодиёти ҷумҳурӣ бо ангишт, дар самти кам кардани вобастагии кишвар аз воридоти гази табиӣ ва таъмини фаъолияти мунтазаму самараноки беш аз 200 корхонаи бузурги саноатӣ ва энергетикӣ бо истифода аз ангишт корҳои зиёди назаррас ба анҷом расонида шуданд. Ҳоло яке аз иншооти бузурги энергетикӣ — Маркази барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе-2 — бо истифода аз ангишти кони «Фон-Яғноб» фаъолият мекунад. Лоиҳаҳои мазкур ба таъминоти корхонаҳои саноатии шаҳри Душанбе, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва вилоятҳои Хатлону Суғд бо энергияи барқ, гармӣ ва буғи технологӣ нигаронида шудаанд. Ин имкон медиҳад, ки ҷуброни камбудҳои мавсимӣ дар истеҳсоли қувваи барқ таъмин гардида, қувваи барқи зиёдатӣ ба бозори энергетикии мамлакатҳои Осиёи Ҷанубӣ содирот карда шавад. Бо назардошти ҳаҷми фаровони захираҳои ангишт ва имконоти мавҷуда, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои фаъолият ва рушди соҳаи саноати ангишт заминаи мусоиди ҳуқуқӣ ташкил карда шуд. Ҳоло содироти ангишт ба Ҷумҳурии Исломии Покистон, Афғонистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба роҳ монда шудааст. Аз солҳои 60-уми асри гузашта дар натиҷаи корҳои тадқиқотӣ-геологӣ як қатор конҳои нафту газ дар ҳудуди вилоятҳои Суғду Хатлон ва водии Ҳисор кашф карда шуданд. Инҳо конҳои нафту гази Равот, Ниёзбек, Айриғон, Қарақчиқум, Кичикбел, Қизилтумшуқ, Оқбашадир, Қӯрғонча, Шоҳамбарӣ, Бештенток, Сулдузӣ ва ғайра мебошанд. Аз соли 2001 нафт дар заводи нафткоркунии Шоҳонаи Конибодом коркард мешавад. Дар ҷумҳурӣ 13 кони газ ба қайд гирифта шудааст, аз ҷумла 7-тои он дар шимоли мамлакат ва конҳои гази Қизилтумшуқ (Ҷалолиддини Балхӣ) ва Шоҳамбарӣ дар қисми марказии мамлакат воқеъ аст. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсоли нафт зиёда аз 200 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад ва ин нишондиҳанда то соли 1990-ум ба зиёда аз 320 ҳазор тонна расида буд. Истихроҷи газ дар Тоҷикистон хеле кам буда, талаботи аҳолиро қонеъ намегардонад. Гази кони Қизилтумшуқ ба воситаи қубур ба Душанбе дода мешавад. Гази Қизилтумшуқ асосан ба Заводи нуриҳои азотии Вахш дода мешавад, вале захираи он ночиз буда, талаботи асосӣ бо гази табиӣ аз ҳисоби гази Ӯзбекистон таъмин карда мешавад. Соҳаи электроэнергетика дар Тоҷикистон аз давраи Ҳокимияти Шӯравӣ инкишоф ёфтааст. Асоси соҳаи электроэнергетикаи Тоҷикистонро неругоҳҳои барқи обӣ (беш аз 90%) ташкил медиҳанд. Сохтмони неругоҳҳои барқи обӣ аз солҳои 30-ум оғоз ёфт. Неругоҳҳои бузурги он давра неругоҳҳои барқи обии Норак (бо иқтидори 3 миллион киловатт), Сарбанд (210 ҳазор киловатт), Сангтуда 2, Бойғозӣ, Қайроқум (126 ҳазор киловатт) буданд. Аз замони ба даст овардани истиқлоли давлатӣ истиқлолияти энергетикӣ яке аз ҳадафҳои стратегии мамлакат ба шумор меравад. Дар ин давра бо ҷалби сармоягузории хориҷӣ як қатор лоиҳаҳои инвеститсионӣ дар бахши энергетика амалӣ карда шуд, ки ҳаҷми умумии маблағгузорӣ 1861,8 миллион доллари Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро ташкил дод. Бо мақсади расидан ба ин ҳадаф иншоотҳои обиву барқӣ ва як қатор неругоҳҳои бузурги барқӣ, хатҳои интиқоли барқи баландшиддат ва зеристгоҳҳои барқии пуриқтидор сохта ба истифода дода шуд, инчунин татбиқи лоиҳаи минтақавии интиқоли неруи барқи CASA-1000 ва барқарору идомаи сохтмони неругоҳи барқи обии «Роғун» оғоз гардид. Ҳоло иншооти бузурги соҳа неругоҳҳои барқи обии «Сангтуда – 1» (бо иқтидори 670 мегаватт) ва «Сангтуда - 2» (220 мегаватт), Маркази барқу гармидиҳии Душанбе - 2 (400 мегаватт), хатҳои интиқоли барқии «Ҷануб-Шимол» (500 киловолт), «Конибодом-Бодканд» (220 киловолт), «Лолазор-Хатлон» (220 киловолт) ва «Тоҷикистон - Афғонистон» (220 киловолт) сохта ба истифода дода шудаанд. Дар натиҷаи ин тадбирҳо иқтидори истеҳсолӣ ва имконияти содиротии мамлакат то андозае зиёд шуда, васеъ шудани инфрасохтори интиқоли барқ барои иқтисодиёту иҷтимоиёт имконияти навро фароҳам овард, некуаҳволии мардум ва дастрасӣ ба барқро беҳтар гардонд. Саноати мошинсозӣ, ҳарбӣ ва кимиё Инкишофи соҳаҳои хоҷагии халқ ва умуман иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити муносибатҳои бозоргонӣ ба фаъолияти самараноки корхонаҳои соҳаи мошинсозӣ, саноати ҳарбӣ ва кимиё алоқамандии зич дошта, дараҷаи тараққиёт ва сифати таҷҳизоти дар соҳа истеҳсолшаванда, метавонад ба рушди соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти миллӣ заминаи устуворро фароҳам оварад. Тамоюли барқароршавии вазъи истеҳсолӣ дар корхонаҳои соҳаи мазкур аз соли 2000-ум оғоз гардид. Агар дар соли 2000 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти корхонаҳои соҳа 30,4 миллион сомониро ташкил дода бошад, ин нишондод дар соли 2005 ба 131,2 миллион сомонӣ ва соли 2009 ба 150,8 миллион сомонӣ баробар шуд. Суръати афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти соли 2009 нисбат ба соли 2000 463% ва соли 2005 ба 107%-ро ташкил дод. Бо ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ дар давоми 30 соли Истиқлоли давлатии ҷумҳурӣ дар ин соҳа беш аз 20 корхона ва коргоҳҳои гуногун ба истифода дода шуд. Дар корхонаҳо, асосан маҳсулотҳо ба монанди ноқилҳои гуногунтамғаи алюминий, профилҳои алюминий, қубур ва профили металлӣ, маводҳои таркандаи саноатӣ, тракторҳо, автобусҳо, кунҷак ва швеллерҳо, профилҳои пластикӣ, криолит ва фториди алюминий, кислотаи сулфат, плитаҳои резинӣ, мехҳои махсус ва моеъҳои шӯянда истеҳсол карда мешаванд, ки маҳсулоти воридотивазкунанда мебошанд. Ҳамзамон беш аз 30 корхонаи нави истеҳсоли маҳсулоти гуногуни пластикӣ, 25 корхонаи коркарди пораву партовҳои металлӣ, 15 корхона ва коргоҳҳои дорубарорӣ ва гиёҳҳои шифобахш ва 12 корхонаи коркарди алюминийи аввалия мавриди истифода қарор дода шуд. Бо мақсади афзоиши ҳаҷми коркарди алюминийи аввалия ва таъмини бозори дохилӣ бо ноқилҳои баландшиддат ва бо ҷалби сармояи дохилӣ дар шаҳри Душанбе корхонаи истеҳсоли ноқилҳо ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ноқили Талко» таъсис дода шуд (2011). Иқтидори солонаи корхона коркарди 10 ҳазор тонна алюминий мебошад. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти корхонаҳои соҳаи мазкур аз маблағи 655,7 миллион сомонӣ (2014) то ба 1986,2 миллион сомонӣ (2020) расонида шуд. Афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот дар ин давра аз ҳисоби корхонаҳои нави истеҳсолӣ мебошад. Ҳоло дар ҷумҳурӣ беш аз 23 корхонаву коргоҳҳои коркард ва истеҳсоли маҳсулоти доруворӣ фаъолият мекунанд. Дар давоми соли 2020 корхонаҳо ба маблағи 34,8 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаанд, ки нисбат ба соли гузашта 18,1 миллион сомонӣ зиёд буда, суръати афзоиш 2 баробар зиёд шудааст. Дар саноати мазкур 298 адад корхона ва коргоҳҳои истеҳсолӣ амал мекунанд, ки беш аз 40 номгӯи маҳсулоти асосии соҳаро истеҳсол карда истодаанд. Саноати хӯрокворӣ Ин соҳа асосан соҳаҳои истеҳсоли консерваҳои меваю сабзавот, равғанбарорӣ, шаробу нӯшокиҳои ғайриспиртию спиртӣ, тамокубарорӣ, каннодӣ, истеҳсоли намак, истеҳсоли орд ва гӯшту ширро фаро мегирад. Мақсади стратегии он аз таъминоти устувор ва кафолати аҳолии мамлакат бо маҳсулоти ғизоии бехатар ва дорои сифати баланд иборат буда, дар тӯли 30 соли Истиқлоли давлатӣ тавассути ворид кардани технологияҳои инноватсионӣ дар истеҳсолот ба дастовардҳои назаррас ноил гардидааст. Сиёсати инноватсионӣ дар соҳаи мазкур дар заминаи воридоти техника ва технологияҳои муосир, такмили низоми фурӯши маҳсулот дар асоси маркетинг, ташкили коркарди самараноки ашёи хоми дохилӣ ва фурӯши маҳсулоти ниҳоӣ дар мағозаҳои фирмавии корхонаҳои коркард, таъмини бехатарии коргарон, сарфаи захираҳои истифодашаванда, бозомӯзии мутахассисони соҳа дар давлатҳои мутараққие, ки натиҷаҳои назарраси инноватсионӣ ба даст овардаанд, амалӣ карда мешавад, ки ба афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти истеҳсолӣ мусоидат мекунад. Истифодаи техникаю технологияҳои муосири хориҷӣ дар истеҳсолот, ҷалби мутахассисони касбии хориҷӣ ва омодасозии кадрҳои сатҳи муносиб барои татбиқи технологияҳои инноватсионӣ дар хориҷи кишвар ба рушди инноватсия ва самаранокии истеҳсолот дар соҳа мусоидат кард. Ин пеш аз ҳама дар мисоли баланд шудани сифати коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, маводи бандубаст, истеҳсоли маҳсулоти гӯштию ширӣ, маҳсулоти қаннодӣ, намаки ошӣ, нӯшокиҳо, маҳсулоти макаронӣ, орд, нон ва маҳсулоти нонӣ ба назар мерасад. Таҷдиди хатҳои технологии корхонаҳои амалкунанда ва бунёди корхонаҳои муосир имкон фароҳам овард, ки коркарди саривақтии ашёи хом ва истеҳсоли маҳсулоти хушсифату ивазкунандаи воридот дар истеҳсолот ҷорӣ гардида, иқтидорҳои истеҳсолӣ талаботи бозори дохилиро бо маҳсулоти гӯштию ширӣ, консерваи меваю сабзавот, орд, макарон, нон ва маҳсулоти нонӣ, намаки ошию техникӣ, нӯшокиҳои спиртию ғайриспиртӣ таъмин намоянд. Тибқи маълумоти расмии омор, соли 1991 дар ҷумҳурӣ 94 корхонаи саноати хӯрокворӣ мавҷуд буд. Дар давраи Истиқлоли давлатӣ ин шумора мунтазам боло рафта, соли 2021 ба 525 корхона расонида шуд. Танҳо дар ҳашт соли охир (2013–2020) дар саноати хӯрокворӣ 495 корхона ва коргоҳ бо дарназардошти васеъгардонии истеҳсолоти мавҷуда сохта ба истифода дода шуд. «Комбинати орди Душанбе», «Суғдиён», «Чархи гандумин», «Зерновая компания», «Султони Ҳаким», «Астана», «Кока-Кола нӯшокиҳои Тоҷикистон», «RC Душанбе», «Сиёма», «Авесто Гурӯҳ», «Макколӣ», «Грин-Фудс», «Афзали Суғд», «Шири Данғара», «ТҶ-МОЛ», «Тиҷорати Сорбон», «Сирдарё», «Аштфрут», «Хуҷ-Андагро», «Корхонаи истеҳсолии Ганҷ», «Арай ТҶ» ва ғайра корхонаҳои азими кишвар буда, дар пешрафти саноати хӯрокворӣ саҳми назаррас доранд. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти хӯрокворӣ низ аз соли 1996 тамоили устувори рушд пайдо кард. Соли 1996 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти соҳа 48,3 миллион сомониро ташкил дода, дар соли 2020 ин нишондод ба 6 миллиард 768,9 миллион сомонӣ баробар шуд, ки ҳиссаи он дар маҷмӯи маҳсулоти саноатии кишвар ба 22% расонда шуд. Ҷиҳати паст намудани таъсири шиддати омилҳои берунӣ ба иқтисодиёти кишвар дар ин давра пешниҳоди имтиёзҳои андозӣ ба соҳаи саноат ба афзоиши ҳаҷми истеҳсол ва густариши ҳамкориҳо бо ширкатҳои бонуфузи ҷаҳонии кишварҳои Аврупо ва Осиё ба монанди ширкатҳои «ХАСКИ» (Ҷумҳурии Люксембург), «СИДЕЛ», «АДУЕ», «VGB», «Мингаззин» (Ҷумҳурии Италия), «ТРАН» (Ҷумҳурии Фаронса), «Франсуа» (Шоҳигарии Белгия), «АСКО» (Конфедератсияи Шветсария) ва ширкати «НАНТЕН» (Ҷумҳурии Финландия) дар самти воридоти хатҳои технологии муосир дар корхонаҳои ватанӣ мусоидат карда, ба инкишофи саноати хӯрокворӣ, аз ҷумла таъсиси брендҳои ватанӣ такон бахшид. Ин пеш аз ҳама дар мисоли баланд шудани сифати коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, маводи бандубасти маҳсулоти хӯрокӣ, таъсиси брендҳои ватанӣ ба монанди «Сиёма», «Оби зулол», «Амири», «Файзи Расул», «Шоҳона», «Фарозон», «Арзанда» ва дар корхонаҳои ватанӣ роҳандозӣ гардидани истеҳсоли брендҳои шинохтаи ҷаҳонии «Кока-Кола», «Пепси», «Фанта», «Миринда», «Бонаква», «Сеналко», «Буона» ва «Магна» ба назар мерасад. Дар натиҷа, воридоти нӯшокиҳои ташнагишикан аз 28,4 ҳазор тонна дар соли 2013 ба 16,7 ҳазор тонна дар соли 2020 расонида шуд, ки нисбат ба соли 2013 1,7 баробар ва ё 11,7 ҳазор тонна кам мебошад. Адабиёт: Султонов З. Ресурсно-экономический потенциал регионов Таджикистана. Душанбе, «Дониш» 1994; Ш. Ғаффоров, Ғ. Хоҷаев, А. Эшбоев. Захираҳои табиӣ ва вазъи истифодабарии онҳо. Душанбе. «ДДТТ», 2004; Утаганов А., Ғаффоров Ш. //Дастури таълимӣ-методӣ аз фанни «Географияи иқтисодӣ ва иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон». Душанбе, 2007. --- Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 325–330.

0

Минтақаҳои озоди иқтисодӣ

Минтақаи озоди иқтисодӣ ҳудуди махсуси аз ҷониби давлат ҷудошуда, ки дорои имтиёзҳои боҷию молиявист ва бо ҳадафҳои рушди иқтисодиву иҷтимоӣ таъсис ёфтааст. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон минтақаҳои озоди иқтисодӣ бо мақсади таъмини шароити мусоид барои суръат бахшидан ба рушди иқтисоди мамлакат, аз ҷумла таъмини аҳолӣ бо ҷои кор, рушди иқтисодиёт дар асоси технологияи инноватсионӣ, истифодаи таҷрибаи пешқадами хориҷӣ, муттаҳидсозӣ ва истифодаи маҷмӯи сармояи давлатӣ, тиҷоратӣ ва хориҷӣ, санҷиши усулҳои нави хоҷагидорӣ, ки ба омезиши шаклҳои гуногуни моликият асос ёфтаанд, дар иқтисодиёт ҷорӣ намудани ихтироот ва коркарди илмию техникии ватаниву хориҷӣ бо истифодаи баъдии онҳо дар дигар ташкилотҳои ҷумҳуриягӣ, густариши истеҳсоли молҳои истеъмолӣ ва хидматрасониҳо, афзун намудани содироти маҳсулот ва амалӣ кардани дигар вазифаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ташкил шудаанд. Соли 2004 бо мақсади афзудани рақобатпазирии иқтисоди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини рушди иқтисодӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид. Барои расидан ба ҳадафҳои миллӣ тавассути рушди минтақаҳои кишвар, баланд бардоштани иқтидори истеҳсолию содиротии мамлакат ва ҷалби бештари сармояи хориҷӣ 5 минтақаи озоди иқтисодӣ «Суғд», «Данғара», «Панҷ», «Ишкошим» ва «Кӯлоб» таъсис дода шуданд, ки аз онҳо минтақаҳои озоди иқтисодии «Суғд» ва «Данғара» фаъол маҳсуб мешаванд. Дар минтақаҳои озоди иқтисодии кишвар барномаи махсуси андозбандӣ амал карда, андоз аз даромад, андоз аз истифодабарандагони роҳ, андоз аз арзиши иловашуда, андоз аз фурӯши пахта ва алюминийи аввалия, андоз аз захираҳои табиӣ, аксизҳо, андозҳо аз воситаҳои нақлиёт, амволи ғайриманқул ва боҷҳои гумрукӣ барои содироти маҳсулоти дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ истеҳсолшуда ба сифр фоиз баробар аст. Субъектҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ танҳо ду намуд андоз: андози иҷтимоӣ (25%) ба Фонди музди меҳнат ва андоз аз даромад (8%–13%), ки аз музди меҳнати корманд нигоҳ дошта мешавад, пардохт мекунанд. Ҳифзи ҳуқуқҳо, афзалиятҳо ва ҳуқуқҳои баробари сармоягузорони ватанию хориҷӣ, дахолат накардани давлат ба тиҷорат, ҳуқуқи интиқоли даромад ба хориҷа, ҳаракати бемамониати моликият ва иттилоот, ҳифзи моликияти зеҳнӣ ва ҳуқуқи истифодаи захираҳои табиӣ кафолат дода мешаванд. Мутобиқи низомнома арзиши солонаи иҷораи қитъаи замин барои 1 метри мураббаъ 1 долларро ташкил мекунад. Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» соли 2009 таъсис ёфта, дар қисми ҷанубу ғарби шаҳри Хуҷанд ҷойгир аст. Масоҳати умумиаш 320 гектар аст. Муҳлати амали он 25 сол муайян карда шудааст. Дар минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» 31 субъект ба қайд гирифта шудааст, ки аз онҳо 26 субъектро корхонаҳои ватанӣ ва 5 субъектро корхонаҳои муштарак ташкил медиҳанд. Субъектҳои минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» ба истеҳсоли гелиоколлекторҳои офтобӣ, лӯлаҳои пластикӣ, ноқилҳои барқӣ, профилҳои алюминий ва пластикӣ, масолеҳи сохтмонӣ ва рангҳо, зарфҳои пластикӣ, маҳсулоти гӯштӣ, инчунин ба коркарди такрории оҳан ва ғайра машғуланд. Моҳҳои январ – июни соли 2021 дар ин минтақа 12 корхонаи саноатӣ фаъолият намуда, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 118184,0 ҳазор сомониро ташкил кард, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,8 баробар зиёд мебошад. Аз ҷумла, корхонаҳои саноатии ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Реал» ба маблағи 522407 ҳазор сомонӣ, ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Равзана Пластик» – 456,8 ҳазор сомонӣ, ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди корхонаи муштараки «Стар Пласт» – 3100,7 ҳазор сомонӣ, ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди корхонаи муштараки «Силкоат Бойя» – 4800,4 ҳазор сомонӣ, ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди корхонаи муштараки «Арча мебел» – 2590,8 ҳазор сомонӣ, ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди корхонаи муштараки ТТ «Таҷпроф» – 77618,6 ҳазор сомонӣ, ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Фортуна Ко» – 2784,1 ҳазор сомонӣ, ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Тоҷикполиэтилен» – 2021,2 ҳазор сомонӣ, ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди корхонаи муштараки ТТ «Афранг Пластик» – 8819,0 ҳазор сомонӣ, ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ариана метал пласт» – 9448,0 ҳазор сомонӣ ва ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Донаи алмос» – 1319,7 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол карданд. Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон ҷойгир буда, соли 2009 дар масоҳати 521,3 гектар ба муҳлати 25 сол таъсис ёфтааст. Дар минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» 25 субъект ба қайд гирифта шудааст. Моҳҳои январ – июни 2021 дар ин минтақа 9 корхонаи саноатӣ фаъолият намуда, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 25614,7 ҳазор сомониро ташкил дод, аз ҷумла, ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Тоҷпласт-1» ба маблағи 10049 ҳазор сомонӣ, ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Грин Голд» – 12 ҳазор сомонӣ, ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Миср-2001» – 102 ҳазор сомонӣ, ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Детйен Бетон» – 1751,1 ҳазор сомонӣ, ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ауфен» – 12826 ҳазор сомонӣ, ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ғаюр Саноат» – 578,4 ҳазор сомонӣ, ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Оро» – 29,2 ҳазор сомонӣ, ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Тоҷи Осиё» – 105 ҳазор сомонӣ ва ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сохтмон-11» – 162 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол карданд. Минтақаи озоди иқтисодии «Панҷ» Минтақаи озоди иқтисодии «Панҷ» дар ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон ҷойгир буда, соли 2008 таъсис ёфтааст. Минтақаи озоди иқтисодии «Панҷ» комплексӣ буда, ба муҳлати 25 сол дар масоҳати 401,6 гектар ташкил шуда, як қисми он бо 186 гектар ба бахши тиҷорат, воридот, содирот, молия ва инноватсия ва қисми дувум бо 215,6 гектар ба бахши саноат тааллуқ дорад. Дар минтақа 11 субъект (то январи соли 2021) ба қайд гирифта шудааст. Минтақаи озоди иқтисодии «Панҷ» дорои захираҳои бузурги ашёи хом, ба мисли реги кварсӣ ва пахтаи хом, инчунин маҳсулоти кишоварзӣ мебошад. Минтақаи озоди иқтисодии «Ишкошим» Минтақаи озоди иқтисодии «Ишкошим» дар ноҳияи Ишкошими Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҷойгир буда, соли 2009 дар масоҳати 200 гектар таъсис ёфтааст. Минтақаи озоди иқтисодии «Ишкошим», асосан, минтақаи истеҳсолию тиҷоратӣ, сайёҳӣ, сармоягузорӣ ва савдои наздисоҳилӣ буда, ба муҳлати 50 сол ташкил шудааст. Дар минтақа 5 субъект (то январи соли 2021) ба қайд гирифта шудааст. Минтақаи озоди иқтисодии «Ишкошим» дар чорроҳаи чор давлати Хитой (Қошғар) — Тоҷикистон (Ишкошим) — Афғонистон (Файзобод) — Қирғизистон (Ӯш) воқеъ аст. Дар ҳудуди ноҳияи Ишкошим аз канданиҳои фоиданок сангҳои гаронбаҳо (кони «Кӯҳи лаъл», ки дар он санги гаронбаҳои лаъл истихроҷ мешавад) ва ороишию сохтмонӣ, захираи зиёди санги мармар мавҷуд аст, ки барои ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ ва дар ин замина ташкил намудани ҷойҳои нави кор мусоидат менамоянд. Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» соли 2019 дар масоҳати 309 гектар таъсис ёфта, соли 2020 ба фаъолият оғоз намуд. Дар минтақа 1 субъект (то январи соли 2021) ба қайд гирифта шудааст. Ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ дар самти бунёди корхонаҳои саноатӣ дар ҳудуди минтақаи иқтисодии мазкур ва бо ин васила ба шуғл фаро гирифтани шумораи бештари аҳолии маҳаллӣ минбаъд низ ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати иқтисодии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бомаром идома дода мешавад. Дар ҳудуди минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» дар 1 гектар бунёди корхонаи истеҳсоли қисмҳои эҳтиётии автомобилҳо бо арзиши беш аз 1,5 миллион сомонӣ ба нақша гирифта шуда, дар марҳалаи аввал истеҳсоли ҳавотозакунакҳои навъҳои гуногуни ҳавоӣ ва равғанӣ барои воситаҳои нақлиёти автомобилӣ ба роҳ монда мешавад. --- Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 324–325.

0

Иқтисодиёт

Иқтисодиёт соҳаи муҳими хоҷагии халқи мамлакат буда, хусусиятҳои хосси тарзи истеҳсолот, инчунин хусусиятҳои фарқкунандаи мамлакатҳои алоҳидаро бо дар назар доштани мавқеи ҷуғрофиёӣ, ширкат дар тақсимоти байналмилалии меҳнат, анъанаҳои таърихие, ки тавассути сатҳи инкишофи қувваҳои истеҳсолкунанда ва дигар шароитҳои мушаххаси таърихӣ ба даст омадаанд, ифода мекунад. Иқтисодиёт соҳаҳои истеҳсолоти моддӣ – саноат, кишоварзӣ, сохтмон, нақлиёт, савдо, соҳаи ғайриистеҳсолӣ – маориф, тандурустӣ, фарҳанг ва ғайраро дар бар мегирад. Истеҳсолоти ҷамъиятӣ ба истеҳсолоти воситаҳои истеҳсолот ва истеҳсолоти маҳсулоти истеъмолшаванда ҷудо мешавад, ки таносуби байни онҳо асоси пешрафти техникиро таъмин мекунад. Иқтисодиёти Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ хоҷагии халқи ягона, маҷмӯе буд, ки ҳама зинаҳои истеҳсолоти ҷамъиятӣ, тақсимот ва мубодиларо дар ҳудуди мамлакат дар бар мегирифт. Он ба истеҳсолоти бузурги мошинӣ дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ такя карда, аз рӯи нақша барои баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии халқ инкишоф меёфт. Дар Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ ҷамъияти сотсиалистии мутарақкӣ бунёд шуд. Пайдо шудани якчанд давлати сотсиалистӣ дар ҷаҳон боиси ба вуҷуд омадани иқтисодиёти низоми ҷаҳонии сотсиализм гардид, ки самти асосии тараққиёти он пуриқтидор кардани раванди ҳамгароии иқтисодии сотсиалистӣ, наздик кардани хоҷагии халқи мамлакатҳои сотсиалистӣ ва ташаккули муносибатҳои устувор дар соҳаҳои асосии иқтисодиёт, илм ва техника буд. Иқтисодиётро ба шаклҳои зер ҷудо мекунанд: иқтисодиёти некуаҳволӣ (welfare economics), пӯшида (closed economy), сармояи бошиддат, кушода (opened economy), гузариш (transiting economy), бозорӣ (market economy) ва иқтисодиёти омехта (mixed economy). Тоҷикистон аз ҷиҳати мавқеи ҷуғрофиёӣ ва табиии худ яке аз минтақаҳои муҳими иқтисодии Осиёи Марказӣ маҳсуб мешавад. Пас аз соҳибихтиёр шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон, қатъ гардидани робитаҳои хоҷагӣ байни корхонаҳо, аз байн рафтани бозорҳои анъанавии фурӯш, камбуди ҷиддии захираҳои молӣ иқтисод ва тиҷорат ба мушкилоти ҷиддӣ рӯ ба рӯ шуд. Минбаъд марҳилаҳои иқтисодиёти Тоҷикистонро аз ибтидои соҳибистиқлолӣ то айни замон шартан ба 3 давра метавон ҷудо кард. Давраи аввал солҳои 1991–1994 таҳлили низоми шӯравӣ ва бартараф намудани оқибатҳои ногувори ҷанги шаҳрвандӣ, давраи дуввум солҳои 1995–1999 раҳоӣ бахшидани иқтисоди кишвар аз ҳолати буҳронӣ, тағйироти сохторӣ ва институционалӣ, гузаштан ба муносибатҳои нави иқтисодӣ; давраи севвум солҳои 2000–2014 солҳои рушди устувори иқтисодӣ. Соли 2011 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 952 корхонаи саноатӣ мавҷуд буд. Маҳсулоти корхонаҳои саноатӣ дар 9 моҳи соли 2012 – 1,4 миллиард доллари Иёлоти Муттаҳидаи Амрико-ро ташкил кард. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2019 дар соҳаи саноат 219 корхонаи нави саноатӣ бо таъсиси 2942 ҷои корӣ, аз ҷумла, дар вилояти Суғд 59 корхона бо 969 ҷойи кори нав, вилояти Хатлон 57 корхона бо 678 ҷойи кори нав, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 3 корхона бо 87 ҷойи кори нав, шаҳри Душанбе 60 корхона бо 812 ҷойи кори нав ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – 40 корхона бо 386 ҷойи кори нав сохта ба истифода дода шуданд. Аз шумораи умумии корхонаҳои нав: 38 корхона ба соҳаи мошинсозӣ, 53 корхона ба саноати сабук, 50 корхона ба соҳаи масолеҳи сохтмон, 62 корхона ба саноати хӯрокворӣ, 2 корхона ба саноати маъдан, 1 корхона ба саноати ангишт, 5 корхона ба соҳаи табъу нашр ва 8 корхона ба дигар соҳаҳо рост меояд. Саноатчиёни кишвар соли 2019 дар самтҳои гуногуни саноат фаъолият намуда, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатиро ба 27 миллиард 586,6 миллион сомонӣ расониданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2018 3 миллиард 809,4 миллион сомонӣ зиёд буда, суръати афзоиш 113,6%-ро ташкил дод. Соли 2019 256 корхонаи азими саноатӣ фаъолияти худро ҷамъбаст намуда, ба маблағи 14,6 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол намуданд, ки нисбат ба соли 2018 4,6 миллиард сомонӣ зиёд аст. То 1 апрели 2021 дар Тоҷикистон 603,3 ҳазор соҳибкори инфиродӣ ба қайд гирифта шудаанд, ки аз ин теъдод 83,8 ҳазор нафар тибқи шаҳодатнома, 345 ҳазор тибқи патент фаъолият мекунанд ва 178,410 хоҷагиҳои деҳқонӣ мавҷуданд. Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар солҳои 2012–2019 | Нишондиҳанда | 2012 | 2013 | 2014 | 2015 | 2016 | 2017 | 2018 | 2019 | | :--- | :--- | :--- | :--- | :--- | :--- | :--- | :--- | :--- | | Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ бо нархҳои амалии мутобиқи солҳо, миллион сомонӣ | 36163,1 | 40525,5 | 45606,6 | 50977,8 | 54790,3 | 64434,3 | 71059,2 | 77354,7 | | Суръати афзоиш бо ҳисоби фоиз нисбат ба соли гузашта | 107,5 | 107,4 | 106,7 | 106,0 | 106,9 | 107,2 | 107,6 | 107,5 | | Ба ҳар нафар аҳолӣ, сомонӣ | 4579,17 | 5019,7 | 5523,6 | 6031,7 | 6336,3 | 7291,4 | 7870,2 | 8388,3 | | Бо доллари Иёлоти Муттаҳидаи Амрико | 961,5 | 1053,5 | 1119,3 | 978,5 | 808,7 | 852,8 | 860,0 | 880,2 | Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ арзиши бозории мол ва хизматҳо, ки шаҳрвандони кишвар дар дохил ва берун аз кишвар дар муддати як сол истеҳсол намудаанд. Натиҷаи фаъолияти иқтисоди миллиро мол ва хизматҳое ташкил медиҳанд, ки дар муҳлати муайяни вақт истеҳсол шудаанд ва онҳоро маҳсулоти миллӣ меноманд. Соли 2020 маҷмӯи маҳсулоти дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон 87,379 миллион сомонӣ муқаррар шуд, ки нисбат ба соли 2019 ба андозаи 11,7% зиёд буд. Дар назар дошта шудааст, ки солҳои 2021–2022 маҷмӯи маҳсулоти дохилии номиналӣ бо ҳисоби миёна ба 11,0% афзоиш ёфта, ба 108,793 миллион сомонӣ баробар мешавад. Афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар солҳои 2020 – 7,8%, соли 2021 - 7,9% ва дар соли 2022 - 8,0%-ро ташкил медиҳад. Мутобиқи ҳисоботи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, таваррум дар соли 2020 – 6,8% (яъне нархҳо ба андозаи 6,8% дар 12 моҳ аз декабри 2019 то декабри 2020) ва дар солҳои 2021 ва 2022 – 6,8% ва 6,6%-ро ташкил медиҳад. Андоз Бо мақсади мукаммал ва дар як санади меъёрии ҳуқуқӣ ба танзим даровардани низоми андозбандии Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи ноябри 1998 нахустин Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуда, аз 1 январи 1999 мавриди амал қарор гирифт. Дар доираи он тамоми муқаррароти асосии маъмурӣ, намудҳои мушаххаси андоз ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъ оварда мешаванд, пешбинӣ гардида, бори нахуст додани рақами мушаххаси андозсупорӣ ба андозсупоранда ба назар гирифта, шумораи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ кам карда шуд. Бо дар назар доштани такмили марҳалавии низоми андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2004 Кодекси андоз дар таҳрири такрорӣ (бори дуввум) қабул карда шуд, ки дар он 21 намуди андоз ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ, аз ҷумла андози ҳадди ақал аз даромадҳо ва андоз аз фурӯши чакана пешбинӣ шуда буд. Соли 2011 лоиҳаи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав омода гардида, соли 2012 қабул ва аз 1 январи 2013 мавриди амал қарор дода шуд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 намуди андоз амал мекунад: андозҳои умумидавлатӣ: (андоз аз даромад; андоз аз фоида; андоз аз арзиши иловашуда; аксизҳо; андози иҷтимоӣ; андозҳо барои захираҳои табиӣ; андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард; андоз аз фурӯши алюминийи аввалия) ва андозҳои маҳаллӣ (андоз аз воситаҳои нақлиёт ва андозҳо аз молу мулки ғайриманқул). Дар Кодекси андоз 4 низоми имтиёзноки андозбандӣ пешбинӣ шуд, ки ба ҷалби сармоя мусоидат намуда, ба дастгирии соҳаҳои афзалиятноки иқтисодиёт нигаронида шудаанд (аз ҷумла, андозбандии сохтмони неругоҳҳои барқи обӣ, андозбандии корхонаҳои навтаъсис ва корхонаҳои амалкунанда, ки ба силсилаи комили коркарди нахи пахта ба маҳсулоти ниҳоӣ машғуланд, андозбандӣ аз рӯи созишномаҳо оид ба тақсими маҳсулот ва андозбандии субъектҳои минтақаи озоди иқтисодӣ). Ҳамзамон, дар Кодекси андоз чандин тағйиру илова ворид карда шуд. Аз ҷумла, низоми имтиёзноки андозбандии фаъолияти парандапарварӣ, моҳипарварӣ ва истеҳсоли хӯроки омехтаи паранда ва чорво (соли 2013); низоми имтиёзноки андозбандии субъектҳои бозори қоғазҳои қиматнок (соли 2015). Дар маҷмӯъ дар Кодекси андоз низоми имтиёзноки андозбандӣ то 6 адад расонида шуд, бекор намудани андоз аз фурӯши нахи пахта ва бар ивази он ҷорӣ намудани боҷи содиротии нахи пахта (соли 2016); ба муҳлати 5 сол аз андоз аз фоида озод намудани даромадҳо аз фаъолияти сайёҳӣ (соли 2017); бекор кардани санҷишҳои маҷмӯӣ ё мавзӯӣ ҳангоми қатъкунии фаъолияти хоҷагии кишоварзӣ бе таъсиси шахси ҳуқуқӣ (соли 2018); таҳвили (фурӯши) либосҳои ягонаи мактабӣ ва томактабӣ (истеҳсоли ватанӣ) ва маводди давоии истеҳсоли ватанӣ аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда озод карда шуд (соли 2018), воридот ва таҳвили баъдии автомобилҳои нав (аз санаи барориш 1 сол нагузашта, масофаи тайнамудаашон то 10 ҳазор километр бошад) бо мавқеи молии 8702, 8703, 8704 ва 8705 аз пардохти 50% маблағи андоз аз арзиши иловашуда озод карда шуданд (соли 2018) ва аз моддаи 109-уми Кодекси андоз меъёри 1%-и андоз аз даромади умумии корхонаҳо хориҷ карда шуд (соли 2020). Дар доираи муқаррароти санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор ва татбиқи стратегияву барномаҳои соҳавӣ, чораҳо андешида шудаанд. Аз ҷумла, дар доираи амалӣ кардани Барномаи рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2011–2019 аз ҷониби мақомоти андоз тавассути таҳия ва мавриди амал қарор додани барномаҳои компютерӣ, беҳтар намудани маъмурикунонии андоз ва сифати хизматрасониҳо ба андозсупорандагон, аз соли 2013 оғоз намуда, тартиби ба тариқи электронӣ пешниҳод кардани эъломияҳои андоз ҷорӣ карда шуд. Аз ҷониби мақомоти андоз барои чунин андозсупорандагон дар 38 нуқтаи нозироти андози шаҳру ноҳияҳо ҳуҷраҳои алоҳида (терминалҳо) бо компютерҳои ба Интернет пайваст кушода шудаанд, ки дар онҳо барои мусоидат ба андозсупорандагон ҷиҳати истифодаи дурусти хизматрасониҳои электронӣ, аз ҷумла пешниҳоди электронии эъломияҳо, кормандони алоҳида вобаста гардидаанд. Ҷиҳати беҳтар намудани маъмурикунонии андоз аз арзиши иловашуда, хизматрасонӣ ба андозсупорандагон ва пешгирии қонуншиканиҳо дар ҳисоб ва пардохти ин намуди андоз, аз 1 июли 2015 истифодаи ҳисобнома-фактураҳои электронии андоз аз арзиши иловашуда низ ҷорӣ карда шудааст, ки маъмурикунонии андоз аз арзиши иловашударо сифатан тағйир дод. Бо мақсади сода ва мувофиқ намудани пардохти андозҳо ва сарфа намудани вақти субъектҳои хоҷагидор дар сомонаи Кумитаи андоз шакли нави хизматрасонӣ ҷорӣ карда шуд, ки бо истифода аз он шаҳрвандон ва андозсупорандагон имкон доранд, ки маблағи андоз аз объектҳои ғайриманқул, андози замин ва андоз аз воситаҳои нақлиётро бо истифодаи кортҳои бонкӣ («VISA», «Master Card» ва «Корти миллӣ») пардохт намоянд. Дар баробари пардохти ғайринақдии маблағи андозҳои мазкур бо истифода аз кортҳои пардохтии бонкӣ, тавассути сомонаи Кумитаи андоз хизматрасонии интернет-эквайринг ҷорӣ карда шуд. Ҷиҳати бештар намудани муомилоти ғайринақдӣ ва саҳл намудани иҷрои ҳисоббаробаркуниҳо, Кумитаи андоз якҷо бо Бонки миллӣ ва дигар ташкилотҳои қарзӣ бо истифода аз (рамзҳои бақайдгирӣ) РК-рамзҳо ба роҳ мондани ҳисоббаробаркуниҳоро оғоз намуд, ки мавриди амал қарор гирифтани чунин тартиб пеш аз ҳама ба коҳиш додани муомилоти нақдӣ, шаффоф нишон додани амалиёти анҷомдодаи андозсупорандагон, дар ҳисобҳо пешгирӣ намудани қонунвайронкуниҳои андоз ва коҳиш додани иқтисоди пинҳонӣ мусоидат кард. Ҷиҳати сода намудани раванди баргардонидани маблағи андоз аз арзиши иловашудаи пардохтгардида, амсилаи (модули) нави хизматрасонӣ омода ва мавриди амал қарор гирифт, ки тибқи он пешниҳоди аризаи андозсупоранда ва хулосаи мақомоти андоз дар бораи баргардонидани маблағи андоз аз арзиши иловашуда дар шакли электронӣ ба роҳ монда шудааст. Чунин шакли хизматрасонӣ барои сари вақт баргардонидани маблағи андоз аз арзиши иловашуда, сарфаи вақти (хароҷоти) андозсупорандагон, инчунин баланд бардоштани мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ дар ҳисоботи Бонки ҷаҳонӣ «Рушди соҳибкорӣ» мусоидат менамояд. Ислоҳоти пулӣ Бонки миллии Тоҷикистон дар даврони Истиқлоли давлатӣ фаъолияти худро аз такмили заминаи қонунгузорӣ, ба муомилот баровардани пули миллӣ, бунёди сиёсати мукаммали пулию қарзӣ, таҳкими назорати бонкӣ ва муҳайё кардани ҳисоббаробаркуниҳои мунтазаму боэътимод оғоз намуда, то ин замон ба чандин дастоварди бузург ноил гардид. Баъди ба даст овардани Истиқлол ва авҷи низоъҳои дохилӣ дар шароити сатҳи баланди таваррум ва беқурбшавии пул, Тоҷикистон бештар ба ҳимояи иқтисодиёти худ ва татбиқи сиёсати самараноки иқтисодӣ ниёз дошт. Бо мақсади ҳифзи манфиатҳои кишвар ва суръат бахшидан ба дигаргуниҳои иқтисодӣ ва бунёди низоми пули миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 майи соли 1995 Комиссияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷорӣ намудани пули миллӣ бо қарори № 8 (324) «Дар бораи тартиби дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муомилот баровардани пули миллӣ — рубли тоҷикӣ» қарор қабул кард. Аз 10 майи 1995 дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон пули миллӣ — рубли тоҷикӣ — бо арзишҳои 1, 5, 10, 20, 50, 100, 200, 500, 1000 рубл ба муомилот бароварда шуд. Ба муомилот баровардани рубли тоҷикӣ зарурати ба таври дақиқ муайян кардани оқибати он ба равандҳои иҷтимоӣ ва иқтисодӣ, ташкили механизми пурраи танзими муносибатҳои пулию қарзӣ дар ҷумҳурӣ ба ҳисоб мерафт. Ин раванд дар маҷмӯъ то андозае имкон дод, ки вазъи иқтисодии кишвар муътадил гардад ва барои баровардани пули нави миллӣ — «сомонӣ» омодагӣ гирифта шавад. Дар ин муддат барои баланд бардоштани қобилияти харидории рубли тоҷикӣ ва ғанӣ гардонидани бозори истеъмолии дохилӣ як силсила тадбир андешида шуд. Аз ҷумла, муайян кардани қурби рубли тоҷикӣ нисбат ба асъори хориҷӣ оғоз ёфта, ҳисоббаробариҳо бо ҷумҳуриҳои собиқи Иттиҳоди Шӯравӣ ба тартиб дароварда шуданд ва дар бораи назорати асъор дастурамулу низомномаҳои дахлдор таҳия ва қабул гардиданд. Илова бар ин, ба муомилот баровардани рубли тоҷикӣ ба Ҳукумати Тоҷикистон имкон дод, ки қарзи дохилии худро дар назди шаҳрвандони ҷумҳурӣ дар бобати пардохти маош, нафақа, идрорпулӣ ва дигар пардохтҳои ба он баробар пардохт кунад ва Бонки миллии Тоҷикистон сиёсати мустақилонаи пулию қарзии хешро пеш бибарад. Ин рӯйдоди муҳим аз ҷониби мутахассисони соҳаи иқтисод қадами инқилобӣ арзёбӣ гардида, ҳамчун оғози давраи сифатан нави ислоҳоти иқтисодии мамлакат баҳои сазовор гирифт. Рубли тоҷикӣ яке аз василаҳои асосии ба даст овардани истиқлоли иқтисодии кишвар гардид ва имкон дод, ки то андозае муътадилии макроиқтисодӣ таъмин карда шавад. Маҳз дар ҳамин давраи инкишоф зарурати қабул намудани маҷмӯи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки мебоист мақсад ва вазифаҳои Бонки миллии Тоҷикистонро ба сифати бонки танзимгар равшан ифода намуда, мутобиқи меъёрҳои байналмилалӣ фаъолияти онро ба роҳ монад, ба миён омад. Бино бар ин, соли 1996 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» қабул шуд, ки барои ба бонки марказии муосир табдил ёфтани Бонки миллии Тоҷикистон ва таъмини устувории пули миллӣ замина гузошт. Иқдоми мазкур дар якҷоягӣ бо маҷмӯи чорабиниҳои дигари иқтисодию молиявӣ, аз ҷумла қабули Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисодии кишвар, таҷдиди низоми бонкӣ, қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба сирри бонкӣ, ҳифзи пасандозҳо ва ғайра имкон доданд, ки иқтисодиёти кишвар давраи таназзулро паси сар намояд ва барои ворид намудани нишонҳои нави пули миллӣ — «сомонӣ» дар соли 2000-ум заминаи зарурӣ фароҳам оварда шавад. Аз даврони истиқлоли давлатӣ то инҷониб дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муомилоти пулии кишвар асъори зерин истифода бурда шудааст: Пули миллӣ (рубл)-и собиқ Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ то 6 январи соли 1994; Рубли Федератсияи Россия (барориши соли 1993) – аз 6 январи соли 1994 то 10 майи 1995; Рубли тоҷикӣ – аз 10 майи 1995 то 30 октябри 2000; Сомонӣ – аз 30 октябри 2000 то инҷониб. Вобаста ба муътадил шудани вазъи сиёсӣ ва иҷтимоию иқтисодии мамлакат зарурати ислоҳоти дуввуми пулӣ ва ба муомилот баровардани пули дорои унсурҳои ҳимоявии муосир, ки мебоист ҳамзамон мероси таърихию фарҳангии тоҷиконро таҷассум намояд, ба миён омад. Бо мақсади сари вақт чоп намудани пули миллӣ соли 1999 Бонки миллии Тоҷикистон бо корхонаи Giesecke + Devrient GmbH (Олмон) шартнома ба имзо расонид. Аз 30 октябри соли 2000 воҳиди нави пули миллии кишвар — «сомонӣ», ки ба ифтихори асосгузори аввалин давлати мутамаркази тоҷикон Исмоили Сомонӣ (849–907) номгузорӣ шудааст, ба муомилот бароварда шуд. Пулҳои коғазӣ бо арзиши 1, 5, 10, 20, 50, 100 сомонӣ ва воҳиди хурди он бо арзиши 1, 5, 20, 50 дирам ба муомилот бароварда шуданд. Соли 2010 бино бар зарурат ва эҳтиёҷоти муомилоти пулии мамлакат пулҳои коғазӣ бо арзиши 3, 200, 500 сомонӣ ба муомилот ворид карда шуданд. Ҳамчунин, бо мақсади истифода дар муомилот, аз соли 2001 тангаҳои филизӣ ва аз соли 2004 ба муносибати ҷашну санаҳои таърихӣ тангаҳои хотиравӣ ва ҷашнӣ сикка зада мешаванд. Низоми бонкӣ Низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон қисми асосии ҷудонашавандаи бахши молиявӣ буда, барои амалӣ намудани сиёсати пулию қарзӣ ва иқтисодии кишвар нақши муҳим дорад. Вобаста ба ин, яке аз вазифаҳои асосии низоми бонкӣ пешбурди миёнаравии молиявӣ тавассути ҷалби захираҳои пулии озоди аҳолӣ ва дигар шахсони ҳуқуқӣ, равона намудани онҳо ба воситаи қарздиҳӣ ба субъектҳои иқтисодӣ ба ҳисоб меравад. Низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон дусатҳа буда, аз сатҳи болоӣ – Бонки миллии Тоҷикистон ва сатҳи поёнӣ – ташкилотҳои қарзии молиявӣ, аз ҷумла, бонкҳо, ташкилотҳои қарзии ғайрибонкӣ, ҳамчунин ташкилотҳои маблағгузории хурде, ки дар асоси иҷозатномаи Бонки миллии Тоҷикистон дар кишвар фаъолият мекунанд, иборат мебошад. Яке аз ҳадафҳои Бонки миллии Тоҷикистон таъмини устувории низоми бонкии давлат аст. Аз рӯи ин, Бонки миллии Тоҷикистон дорои ҳуқуқи истисноии танзим ва назорати ташкилотҳои қарзии молиявӣ буда, дар доираи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон», «Дар бораи фаъолияти бонкӣ», «Дар бораи фаъолияти Бонки исломӣ», «Дар бораи ташкилотҳои маблағгузории хурд» ва дигар қонунҳои соҳавӣ бо мақсади нигоҳдории суботи низоми бонкӣ ва низоми пардохт, ҳимояи манфиатҳои пасандоздорон ва қарздеҳон, танзим ва назорати ташкилотҳои қарзии молиявиро ба роҳ мондааст. Ташкилотҳои қарзии молиявӣ яке аз қисмҳои пайвасткунандаи байни саноат ва савдо, кишоварзӣ ва аҳолӣ мебошанд. Инчунин, ташкилотҳои қарзии молиявӣ ҳисоббаробаркунии пулӣ, қарздиҳии хоҷагиҳо, миёнаравӣ дар азнавтақсимкунии сармоя, баланд бардоштани самаранокии истеҳсолот ва ҳосилнокии меҳнатро таъмин намуда, хизматрасониҳо ва маҳсулоти бонкиро тавассути шабакаҳои васеи худ, аз ҷумла филиалу марказҳои хизматрасонии бонкӣ дар минтақаҳои гуногуни мамлакат ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ пешниҳод менамоянд, ки ба фарогирии молиявии кишвар мусоидат мекунанд. Низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи низоми бонкии Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон фаъолият намуда, бо қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 июни 1991 (№ 332) Бонки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд. Нақши бонки марказӣ ва иҷрои вазифаҳои он ба зиммаи Бонки миллии Тоҷикистон вогузор шуд, бонкҳои дигар дар заминаи бонкҳои соҳавӣ, ки пас аз пош хӯрдани собиқ ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Шӯравӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ боқӣ монданд, ба расмият дароварда шуда, фаъолияти худро идома доданд. Баробари ба даст омадани истиқлолияти давлатӣ, низоми бонкии ҷумҳурӣ низ то андозае ба соҳибихтиёрию мустақилӣ соҳиб гашт ва ба бунёди низоми миллии бонкдорӣ оғоз намуд. Низоми бонкӣ дар солҳои 1992–1995 ба мушкилоте, ки иқтисодиёти ҷумҳурӣ нисбат ба онҳо ҳассос буд, дучор омад. Соли 1992 дар қаламрави ҷумҳурӣ дар маҷмӯъ 10 бонк фаъолият мекард. Сохтори низоми бонкии кишвар тадриҷан мукаммал гардида, дар ҷамъбасти соли 2020 дар ҳудуди ҷумҳурӣ дар маҷмӯъ 69 ташкилоти қарзии молиявӣ, аз ҷумла 18 бонки анъанавӣ, 1 бонки исломӣ, 18 ташкилоти амонатии қарзии хурд, 5 ташкилоти қарзии хурд ва 27 фонди қарзии хурд фаъолият намуда, аз мавҷудияти шароити мусоиди макроиқтисодӣ ва пешбурди сиёсати оқилонаи самараноки пулию қарзии низоми бонкии кишвар шаҳодат медиҳанд. Дороии умумии бонкҳо, ҷамъиятҳои қарздиҳӣ ва дигар ташкилотҳои молиявии ғайрибонкӣ дар соли 2000 311 миллион сомонӣ (17,2% нисбат ба маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ)-ро ташкил намуда, дар интиҳо дороиҳои ташкилотҳои қарзии молиявӣ ба 26 307,4 миллион сомонӣ (31,9% нисбат ба маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ) баробар гардиданд. Уҳдадориҳо дар ин давра аз 272 миллион сомонӣ (15,1% нисбат ба маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ) то ба 19 131,7 миллион сомонӣ (23,2% нисбат ба маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ) зиёд гардиданд. Раванди таҳким ва такмили бахшҳо ва ҷанбаҳои гуногуни низоми бонкӣ ҳанӯз ҳам идома дорад ва он барои устувор нигоҳ доштани нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ, мувофиқ будан ба меъёрҳои имрӯзаи ҷаҳонӣ, ҷавобгӯ будан ба талаботи рӯзафзуни аҳолӣ ва иқтисодиёт равона шудааст. Низоми бонкии мамлакат ба низоми байналмилалии бонкӣ ворид шуда, аксари навгониҳои олами бонкдории ҷаҳонӣ дар фаъолияти худ ҷорӣ кард ва ҳамқадами давраю замон гардид. Ба меъёрҳои байналмилалии ҳисобдорӣ гузаштани Бонки миллии Тоҷикистон ва низоми бонкии мамлакат ҳамкории ин низомро бо низоми бонкии ҷаҳонӣ боз ҳам қавитар гардонд. Кори босамари низоми электронии пардохт, кортҳои пардохтии бонкҳо, банкоматҳо, посттерминалҳо низ дар фаъолияти бонкҳои ҷумҳурӣ яке аз омилҳои ба даст овардани боварии мардум ба низоми бонкдорӣ ба ҳисоб мераванд. Дар муддати нисбатан кӯтоҳи таърихӣ дар мамлакат заминаи боэътимоди қонунгузории соҳаи бонкдорӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии марбут ба ин соҳа ба вуҷуд оварда шуд. Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» (1996), «Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор» (1995), «Дар бораи бонкҳо ва фаъолияти бонкӣ» (1998), «Дар бораи кафолати амонатҳои шахсони воқеӣ» (2003), «Дар бораи ташкилотҳои маблағгузории хурд» (2004), «Дар бораи таърихи қарз (кредит)» (2009), «Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм» (2011), «Дар бораи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ» (2011), «Дар бораи фаъолияти бонки исломӣ» (2014), ки дар танзими низоми бонкии мамлакат нақши муҳимро доро мебошанд, мавриди амал қарор доранд. Афзоиши пасандозҳои аҳолӣ яке аз дастовардҳои муҳими низоми бонкдории мамлакат маҳсуб мешавад. Соли 2020 ҳаҷми умумии пасандозҳо дар муқоиса ба соли 2002 беш аз 77 баробар афзуда, 11,4 миллиард сомониро ташкил кард. Вобаста ба ин, имкони молиявии ташкилотҳои қарзии ватанӣ бештар гардид, танҳо дар соли 2020 ба муштариён ба маблағи 10,0 миллиард сомонӣ қарз пешниҳод карданд, ки ба таъмини рушди устувори иқтисодиёти миллӣ ва тақвияти иқтидори содиротии кишвар мусоидат намуд. Бо пешрафти низоми бонкӣ шаклу сифати хизматрасонии ташкилотҳои қарзӣ низ мунтазам ба таври мусбат тағйир меёфт. Ташкилотҳои қарзӣ дар баробари навъҳои маъмули хизматрасонии бонкӣ, мисли амалиёти хазинавӣ, додани қарз, қабули пасандозҳо, амалиёти муосири бонкӣ, аз қабили амалиёти сейфӣ, ҳамлу нақл, ҳисоббаробаркунӣ бо кортҳои пардохтии бонкӣ ва пардохти электронӣ мавриди истифода қарор медиҳанд. Дар баробари ин, бо мақсади ҷорӣ намудани хизматрасонии муосири бонкӣ ва беҳтар намудани хизматрасонии бонкӣ, дар ташкилотҳои қарзӣ технологияҳои муосири хизматрасониҳои фосилавии бонкӣ, ба мисли бонкдории мобилӣ, интернет-бонкинг, пардохтҳо тавассути навъи қолаби хатрамз QR-рамз ва маблағҳои электронӣ бомуваффақият татбиқ шуда истодаанд, ки бо истифода аз онҳо муштариён бемамониат амалиёти пардохтиро ба таври ғайринақдӣ анҷом медиҳанд. Бо мақсади бунёди низоми бонкии солим ва масъул дар мамлакат, ҳамчунин ҳимояи манфиатҳои ташкилотҳои қарзӣ Ассотсиатсияи бонкҳои Тоҷикистон ва барои ҳифзи манфиати ташкилотҳои қарзии хурд Ассотсиатсияи ташкилотҳои маблағгузории хурди Тоҷикистон ташкил гардид. Таъсиси бюроҳои қарзӣ низ барои шаффофияти фаъолияти қарздиҳӣ ва таъсиси пойгоҳи муътамади парвандаҳои қарзӣ дар кишвар мусоидат намуд. Бо мақсади таҳкими устуворӣ, амният ва эътимоднокии низоми бонкии мамлакат, баланд бардоштани боварии аҳолӣ ба ташкилотҳои қарзӣ ва васеъ гардонидани имконоти қарздиҳии онҳо, паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва мусоидат барои хизматрасонии молиявӣ ба муштариён санадҳои меъёрӣ — ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон такмил дода шуданд. Барои таъмини шаффофият ва беҳтар намудани назорати фосилавии фаъолияти ташкилотҳои қарзӣ ҳар сол Феҳристи шаклҳои ҳисоботҳои танзими фаъолияти ташкилотҳои қарзӣ такмил дода мешавад. Бо мақсади идомаи ислоҳот баҳри мукаммал намудани фаъолияти молиявӣ ва институционалии низоми бонкӣ, мутобиқ намудан ба меъёрҳои байналмилалӣ санадҳои меъёрию ҳуқуқии бонкӣ, тақвияти ҳамкориҳои мутақобила бо шарикони рушд, таъмини самарабахшӣ ва ҷолибияти низоми бонкӣ барои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ, татбиқи муваффақонаи сиёсати пулию қарзӣ ва асъорӣ, рушду таҳкими идоракунии хавфҳо ва пурзӯр намудани танзим ва назорати бонкӣ бори нахуст дар таърихи фаъолияти Бонки миллии Тоҷикистон «Нақшаи стратегии солимгардонии фаъолияти Бонки миллии Тоҷикистон барои солҳои 2015–2019» ба тасвиб расид. Дар самти сиёсати пулию қарзӣ дар доираи «Стратегияи пулию қарзӣ ва асъории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016–2020» як зумра ислоҳоти институционалӣ, аз қабили ҷорӣ ва таҳкими фишангҳои муосир, ҷорӣ намудани механизми идоракунии пардохтпазирӣ, тақвият додани дараҷаи таъсирбахшии фишангҳо, фароҳам овардани фазои мусоид ва заминаи устувор барои гузариши ботадриҷ ба реҷаи сифатан нави сиёсати пулию қарзӣ, ҳадафгирии таваррум татбиқ гардиданд. Бо мақсади дастгирии пардохтпазирии ташкилотҳои қарзӣ ва таъмини самаранокии сиёсати монетарӣ аз марти 2017 тибқи таҷрибаи муосири ҷаҳонӣ амалиётҳои кӯтоҳмуҳлати бозтамвил, аз қабили қарзи шабонарӯзӣ (овернайт), қарзи рӯзона (интрадей) ва музоядаҳои қарзӣ ба роҳ монда шуданд. Бо мақсади вусъат додани дараҷаи таъсирбахшии фишангҳои монетарӣ ва ҷолиб намудани шарту услуби анҷомдиҳии амалиёти монетарӣ, фишанги муосири амалиёти кӯтоҳмуҳлати амонатӣ бо пули миллӣ аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон ҷорӣ гардид. Инчунин, барои идораи пардохтпазирӣ ва истифодаи самараноки фишангҳои сиёсати пулию қарзӣ соли 2018 дар доираи ёрии техникии Бонки Швейтсария ва Хазинаи Байналмилалии Асъор механизми пешгӯии пардохтпазирӣ ба роҳ монда шуд. Ҷиҳати мукаммал намудани иқтидори таҳқиқотӣ ва дурнамосозии нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ баҳри пешбурди сиёсати пулию қарзии пешбинишаванда соли 2018 моделҳои сохторӣ «DSGE» ва макрофискалӣ ҷорӣ карда шуданд. Барномаи сармоягузории давлатӣ Барномаи сармоягузории давлатӣ — маҷмӯи грантҳо ва қарзҳое, ки аз ҷониби шарикони байналмилалии рушд барои татбиқи лоиҳаҳои хусусияти иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дошта равона карда мешаванд. Соли 2020 ҳаҷми умумии сармоягузорӣ ба 4523,5 миллион сомонӣ баробар шуд, ки 17,4%-и ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети давлатиро ташкил медод. Аз ин маблағ 48,6%-ро грантҳо ва 51,4%-ро қарзҳо ташкил медиҳанд. Адабиёт: Экономика: Толковый словарь: Англо-русский. Москва, 2000; Румянцева Е. Е. Новая экономическая энциклопедия. 3-е изд. Москва, 2008; Б. Исомат. Аз афкори иқтисодии ниёгон. Душанбе, 2011. Ш. Дӯстбоев, Х. Муҳаббердиев. --- Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 320–324.

0

Консепсияи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи дин

Консепсияи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи дин, санади меъёрию ҳуқуқие, ки мақсаду вазифаҳо, самтҳои афзалиятнок ва дурнамои дарозмуддати сиёсати давлатӣ дар соҳаи динро бо дар назар доштани манфиатҳои миллии кишвар муайян ва танзим менамояд. Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 апрели соли 2018, № 1042 тасдиқ шудааст. Аз 10 боб ва 55 модда иборат аст. Бобҳои Консепсия: Муқаррароти умумӣ. Заминаҳои қабули Консепсия. Вазъи кунунии сиёсати давлатӣ дар соҳаи дин. Мақсад ва вазифаҳои асосии сиёсати давлатӣ дар соҳаи дин. Заминаҳои ташаккули сиёсати давлатӣ дар соҳаи дин. Муносибати давлат ва иттиҳодияҳои динӣ. Муносибати давлат ба шаклгирии тафаккур ва таълими динӣ. Нақши иттиҳодияҳои динӣ дар пешгирии экстремизм. Муносибати давлат бо омили динӣ дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Муқаррароти хотимавӣ. Дар Консепсия таърифи мафҳумҳои асосии дар он мавриди истифода қароргирифта (мазҳаб, мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба дин, маросими динӣ, мафкураи динӣ, озодии пайравӣ ба дин, прозелитизми ноҷоиз, таассуби динӣ, таҳаммулпазирӣ, тундгароии динӣ, фаъолияти таблиғотӣ, ходимони динӣ, экстремизм) дода шудааст (моддаи 5). Яке аз муҳимтарин масъалаҳои раванди эҳёи давлатдории миллии тоҷикон ва шинохти фарҳангу ҳувияти миллии мардуми Тоҷикистон муайян кардани мақоми дин дар ҷомеа ва татбиқи самараноки сиёсати давлатӣ дар соҳаи дин арзёбӣ шудааст (моддаи 6). Сабабҳои қабули Консепсия: Солҳои охир ба фазои динии кишвар ворид гаштани ғояву ақидаҳои ҳизбу ҳаракатҳои исломии номатлуб, ки моҳияти сиёсии таблиғотӣ дошта, сабаби дар ҷомеа ривоҷ ёфтани дидгоҳҳои ифротию тундравона гаштанд. Густариши фаъолияти ин ҷараёну равияҳои навпайдо, ки арзишҳои аслии мазҳабӣ ва анъанавии мардуми Тоҷикистонро зери шубҳа ва хатар мегузаронанд, боиси таҳдиди ҷиддӣ ба амнияти миллӣ ва суботу оромиши ҷомеа мегардад. Густариши фаъолияти таблиғотии (миссионерии) равияҳои гуногуни хориҷии ғайриисломӣ дар фазои динии Тоҷикистон дар ду даҳсолаи охир, ки боиси ба вуҷуд омадани заминаҳои хусумату низоъҳои диниву мазҳабӣ гашт. Аз ҷониби намояндагони равияву мазҳабҳои навпайдои исломӣ ва ғайриисломӣ ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид кардани адабиёти диниву мазҳабӣ, маводди электронӣ, видеоӣ ва шунавоии дорои хусусияти таблиғотӣ. Дуруст танзим нагардидани раванди гирифтани таълими динии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар ва ба Ватан барнагаштани ҳамаи донишҷӯёни дар хориҷи кишвар ғайрирасмӣ ба таълими динӣ фарогирифта, ки боиси афзоиши ворид шудани ғояву ақидаҳои равияҳои исломии барои муҳити динии Тоҷикистон номатлуб гашт. Дар фазои иттилоотӣ ва фарҳангии Тоҷикистон паҳн шудани барномаҳои гуногуни диниву мазҳабӣ тавассути интернет ва шабакаҳои моҳвораӣ, ки барангезандаи мафкураву ғояҳои ифротӣ буда, боиси нигаронии ҷомеа гардиданд. Рушд наёфтан ва хусусияти куҳнапарастӣ, таассуб ва то ҳадде хурофотӣ гирифтани тафаккури динии ҷомеа дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон (моддаи 7). Муҳити динӣ аз лиҳози паҳншавии тундгароии динӣ ва экстремизм бештар осебпазир буда, мухолифатҳои назарии дохилимазҳабӣ, ба қутбҳо ҷудо шудани он бар асари ворид шудани ақидаҳои тундгаро ва донишҳои нокифояи динии аҳолӣ ба ин раванд мусоидат менамоянд (моддаи 40). Мутобиқи Консепсия, сиёсати давлатӣ дар соҳаи дин амалӣ намудани вазифаҳои асосии зерро пайгирӣ менамояд: ҳифзи истиқлолияти давлатӣ ва манфиатҳои миллӣ, таҳкими суботи ҷомеа ва амнияти миллии кишвар; рушди устувори робитаҳои созандаи давлат ва иттиҳодияҳои динӣ; таъмини татбиқи кафолатҳои конститутсионӣ дар соҳаи озодии виҷдон, фароҳам овардани шароиту имконоти беҳтар ҷиҳати татбиқи ҳуқуқи шаҳрвандон ба пайравӣ кардан ва ё накардан ба дине, ба тарзи озод интихоб кардан ва тағйир додани эътиқоди динӣ; таъмини баробарии шаҳрвандон дар назди қонун, новобаста аз муносибат ба дин ва эътиқод; такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ; таъмини мақом ва нақши аслии дин ҳамчун манбаи маънавию ахлоқӣ ва тарбиявии аҳли ҷомеа, тақвият додан ва ба самти созандагӣ равона намудани неруи маънавию ахлоқии ҷомеа; мусоидат ба раванди эҳёи фарҳангу худшиносии миллӣ, посдории мероси маънавию фарҳангӣ ва анъанаҳои динию таърихии мардуми тоҷик; ташаккули низоми шаффофу муассири таҳсилоти динӣ ва тафаккури динии ҷомеа, ҳимояи гуфтугӯи доимӣ ва таҳаммулпазири ҳамзистӣ байни дину мазҳабҳо ва иттиҳодияҳои динии гуногун, инчунин таҳкими фазои ваҳдату ризоят дар ҷомеа; пешгирии барангехтани кинаву адовати динӣ, падидаҳои номатлуби ифротгароӣ дар муҳити динӣ; ҷалби иттиҳодияҳои динӣ ба раванди бунёди давлати дунявӣ дар ҳалли масъалаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеа (моддаҳои 14, 15). Дар Консепсия зикр шудааст, ки мардуми тоҷик беш аз 1300 сол бо фарҳангу эътиқоди исломӣ зиндагӣ доранд. Дар ин муддат дини ислом ба яке аз бахшҳои муҳими фарҳанги миллии тоҷикон мубаддал шуда, меъёри ахлоқию маънавии он дар зиндагии аксарияти мардум ҷой гирифтааст. Дар натиҷаи раванди тӯлонии омезиши арзишҳои исломӣ бо арзишҳои миллии тоисломии тоҷикон дар фарҳангу ҳувияти мардуми тоҷик марзи мафҳумҳо ва арзишҳои миллӣ ва динӣ асосан аз байн рафта, дар зиндагии амалии аксари мардуми Тоҷикистон ин арзишҳо ба сифати бахшҳои пайвастаи як низоми комили арзишҳои ахлоқӣ муаррифӣ мегарданд. Тоҷикон бо пазируфтани ислом дар ташаккули фарҳанги исломӣ нақши муҳим бозидаанд. Сарзамини Мовароуннаҳр ва Хуросон дар тӯли садсолаҳо ҳамчун бузургтарин маркази ташаккули илму фарҳанги исломӣ муаррифӣ гардида, дар масири таърих забони тоҷикӣ ба унвони забони дуюми олами ислом шинохта шудааст. Мероси гаронбаҳои фарҳангии мутафаккирони тоҷик дар ташаккули сиёсати давлатӣ дар соҳаи дин ҳамчун манбаи маънавию ахлоқӣ ва тарбиявии аҳли ҷомеа мавриди истифода қарор мегирад. Халқи тоҷик дар рушди тамаддуни ҷаҳонӣ, аз ҷумла фарҳанги исломӣ саҳми бузург ва ҳалкунанда гузошта, бо офаридани осори бузурги моддию маънавии илмӣ, динӣ, фарҳангӣ ва ҳунарӣ яке аз саҳмиядорони асосии хазинаи пурғановати тамаддуни ҷаҳонӣ мебошад. Бино бар ин, мардуми тоҷик ва давлати Тоҷикистон имрӯз худро аз ҷумла меросдорони маънавии ин саҳмияи бузурги гузаштагони худ дар тамаддуни ҷаҳонӣ дониста, ҳамчун бахши ҷудоношавандаи тамаддуни исломӣ нисбат ба сарнавишти имрӯзаи он дар сатҳи ҷаҳонӣ ва минтақавӣ бетафовут нестанд (моддаи 50). Тибқи Консепсия, мусулмонони Тоҷикистон пайрави мазҳаби ҳанафии аҳли суннат ва ҷамоати дини ислом мебошанд ва 3 дарсади онҳоро пайравони мазҳаби исмоилии дини ислом ташкил медиҳанд. Таълимоти мазҳаби ҳанафӣ дар фарҳанги миллии тоҷикон нақши меҳварӣ дорад. Фарҳангу маънавиёт, одобу ахлоқ, меъёрҳои рӯзмарраи ҳаёт ва расму оинҳои мардуми тоҷик дар тӯли садсолаҳо бо мазҳаби ҳанафӣ пайваст гаштаанд. Ба мазҳаби ҳанафӣ ҳамчун ба мазҳаби аксарияти аҳолии кишвар ва меҳвари фарҳангу суннатҳои мардуми тоҷик эҳтироми хосса гузошта мешавад (моддаи 23). Ҳолати дар сатҳи таассубу хурофот боқӣ мондани тафаккури динии баъзе аз шаҳрвандон, ки метавонад яке аз монеаҳои рушди устувори ҷомеа ва нуқтаҳои заифи суботу амнияти миллии кишвар бошад, бояд тавассути ба роҳ мондани барномаҳои таълимию маърифатӣ, боло бардоштани фарҳанги ҳуқуқию динӣ ва такмили раванди омӯзиши қонунҳо, таърих ва асосҳои дин, диншиносӣ ва мероси гаронбаҳои фарҳанги миллӣ ислоҳ карда шавад (моддаи 35). Тибқи муқаррароти хотимавии Консепсия, вазорату идораҳо, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот барои татбиқ ва иҷрои самараноки он масъул мебошанд (моддаи 55). Адабиёт: «Дин ва ҷомеа», № 6, 7, 2019. Ҷашнҳои бузурги мусулмонӣ Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ду ҷашни бузурги мусулмонӣ — идҳои Рамазон ва Қурбон дар шумори идҳои расмӣ ва рӯзи истироҳат мебошанд. Ба ин ду ид «идайн» низ гуфта мешавад. Иди Рамазон (Иди Фитр, Иди Сиём), яке аз ҷашнҳои миллии суннатии мардуми мусулмон, аз ҷумла тоҷикон, ки дар поёни моҳи рамазон, рӯзи якуми моҳи шавволи солшумории ҳиҷрӣ баргузор мегардад. Аз ҷумлаи воҷиботи динӣ дар ин рӯз додани садақаи фитр ва баргузории намози ид мебошад, ки мусулмонон бо анҷом додани онҳо бо моҳи шарифи Рамазон то соли оянда хайрбод мегӯянд. Пас аз он ба сари қабри гузаштагонашон, хонаи наздикону пайвандон, ёрону дӯстон, ҳамсоягон (асосан хонаҳое, ки мурдаи тоза доранд) рафта, ба арвоҳи фавтидагон оят тиловат мекунанд, дар ҳаққи онҳо дуову фотиҳа мехонанд, аз Худованд барояшон омурзиши гуноҳон хоста, аз даргоҳи илоҳӣ ба хонадони онҳо дар мусибати ба сарашон омада сабри ҷамил талаб менамоянд ва орзуву таманнои хайр мекунанд, ки ин худ як навъ ифодаи таслияту таскинбахшӣ ва изҳори ҳамдардию ғамхорӣ дар ҳаққи якдигар аст. Одатан дар хондани намози Иди Рамазон таъхир карда мешавад. Уламои дин сабаби инро дар он мебинанд, ки барои додани садақаи фитр фурсати бештар фароҳам гардад. Ҳикмати асосӣ дар ин маврид, агар аз як сӯ, ба савоби афзунтар ноил гардидани саховатмандону хайркунандагон бошад, аз сӯйи дигар, ҳар чӣ бештар баҳравар гаштани ниёзмандон аз ин хайру саховати онҳост. Иди Қурбон (Гӯспандкушон, Гӯсфандкушон, Иди Азҳо), яке аз ду иди бузурги исломист, ки ҳар сол дар рӯзи 10-уми зулҳиҷҷаи солшумории ҳиҷрии қамарӣ таҷлил мешавад. Ба қавли Берунӣ, «рӯзи даҳуми ин моҳ Иди Қурбон аст, ки қурбониҳо ва ҳадиро дар рӯз мекушанд. Ва охирин рӯзи ҳаҷ ҳамин рӯз аст. Ва дар ин рӯз Худованд ба ҷои Исмоил як қӯчро қурбонӣ гирифт» («Осору-л-боқия», саҳ. 385). Бино бар забҳи шутур, гов ё гӯсфанд (узҳия) дар айёми Иди Қурбон онро Идуннахр, Идулазҳо низ меноманд. Дар мавсими ҳаҷ дар Макка на танҳо ҳоҷиён, балки ҳар мусулмоне, ки қудрату тавоноӣ дорад, метавонад дар айёми иди Қурбон молеро қурбонӣ кунад. Дар китобҳои қисас ва таърих омадааст, ки пас аз бинои Каъба Иброҳим (алайҳиссалом) дар рӯъё фармони илоҳӣ ба забҳи Исмоил (алайҳиссалом)-ро дарёфт ва чун онро ба фарзандаш баён кард, ӯ низ ба амри илоҳӣ гардан ниҳод. Иблис саъй кард, то Исмоилро аз роҳ бизанад, вале дар фирефтани ӯ ва модараш Ҳоҷар ноком шуд. Ҳангоме ки Иброҳим кордро бар гулӯи Исмоил ниҳод, овози ғайбӣ ӯро аз идомаи кор боздошт. Хитоб омад, ки Худованд дар муқобили сабр ва сидқи эшон гӯсфандеро фидя фиристодааст ва Иброҳим маъмур шуд, то гӯсфандро ба ҷои Исмоил қурбонӣ кунад. Суннати мазкури иброҳимӣ минбаъд дар заминаи яке аз маносики ҳаҷ қарор гирифт. Ва ҳам дар ин замина аст, ки он ба иди «Гӯсфандкушон» маъруф шудааст, чунонки Рӯдакӣ мегӯяд: Бод бар ту мубораку хуншон, Ҷашни Наврӯзу Гӯспандкушон! Маъмулан, дар адои намози иди Қурбон таъҷил карда, барвақттар хондани он мустаҳаб ба шумор меравад. Сабаби ин амр дар он аст, ки мусулмонон барои қурбонӣ кардан вақти бештаре дар ихтиёр дошта бошанд. Аз ҷумлаи анъанаву суннатҳои неке, ки дар рӯзҳои Иди Рамазон ва Иди Қурбон анҷом дода мешавад, хайру саховат ба ниёзмандон, пӯшидани либоси беҳтарин, хешро оростану перостан ва бо шодию нишот ба идгоҳ (намозгоҳ) ва табрики ҳамдигар рафтан аст. Адабиёт: Мец А. Мусульманский ренессанс. Москва, 1973; Берунӣ Абурайҳон. Китобу-т-тафҳим. Душанбе, 1976; Ҳамон. Осор-ул-боқия. Душанбе, 1990; Ислам: Энциклопедический словарь. Москва, 1991; Боқизода А. Накҳати Рамазон. Душанбе, 2006; Раҳмонов Э. Дар бораи дин. Душанбе, 2006; Али-заде. Исламский энциклопедический словарь. Москва, 2007. С. Маҳмадуллоҳ. Танзими анъана ва ҷашну маросим Дар солҳои нахустини Истиқлол зоҳирпарастию худнамоӣ дар барпо кардани маъракаҳои пурдабдаба ва мусобиқа дар оростани дастурхони серхароҷот ба ҳукми анъана даромада, аҳволи оилаҳои нисбатан дасткӯтоҳро боз ҳам вазнинтар мекард. Анъана ва урфу одатҳои нав ба наве пайдо мешуданд, ки ба ҳаёти шахсӣ ва оилавии шаҳрвандон ба ҷуз сарборию вазнинӣ чизи дигаре намеоварданд. Бо мақсади пешгирӣ кардани исрофкорӣ ва зиёдаравиҳо соли 1999 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба зарурати танзими маъракаҳо ба тасвиб расида, дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 ноябри соли 1999 Комиссияи ҷумҳуриявӣ доир ба анъана ва маросимҳои миллӣ таъсис дода шуд. Бо мақсади назорати танзими анъана ва ҷашну маросимҳо бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, № 253 аз 24 майи соли 2007 Раёсати танзими анъана ва ҷашну маросимҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт. Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба баррасии умумихалқӣ пешниҳод шуд. Барои қабули Қонун беш аз 20 ҳазор дархосту пешниҳод ба унвони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол гардид. Инчунин тавассути васоити ахбори умум, сомонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон андешаву мулоҳизаҳои мардум изҳор карда шуданд. Дар таърихи давлатдории навини тоҷикон нахустин қонуни сирф миллӣ – Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» 8 июни соли 2007 таҳти № 272 ба имзо расида, ҳадафи он ҳимояи манфиатҳои иҷтимоии мардуми Тоҷикистон, мусоидат барои паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва гирифтани пеши роҳи хароҷоти зиёдагӣ мебошад, ки ба манфиатҳои иқтисодӣ ва фазои маънавии ҳаёти шаҳрвандон зарари ҷиддӣ ворид менамояд. Қонун бо тақозои рушди ҷомеа анъана ва ҷашну маросимро ба танзим дароварда, баҳри ҳифзи арзишҳои асили фарҳанги миллӣ ва эҳтиром ба суннатҳои мардумӣ барои баланд бардоштани сатҳи иҷтимоию иқтисодии ҳаёти шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардидааст. Дар радифи таъмини иҷрои талаботи қисми 1-и моддаи 5-и Қонуни мазкур дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот 503 комиссияи доимӣ амал менамоянд. Тибқи маълумоти шуъбаву бахшҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросими вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дар вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо ва корхонаҳое, ки на камтар аз 30 нафар корманд доранд, 6439 комиссияи ҷамъиятии танзими анъана ва ҷашну маросим (Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – 692, вилояти Суғд – 1740, вилояти Хатлон – 1666, шаҳри Душанбе – 1020 ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – 1321) фаъолият доранд. Бо саҳми вазорату идораҳо, ташкилоту созмонҳо ва ҳамватанони саховатманду хайрхоҳ тайи чанд соли охир дар арафаи ҷашнҳои миллӣ, аз ҷумла ҷашни Наврӯз, Рӯзи Ваҳдати миллӣ, Рӯзи Истиқлол хатнасури беш аз 94 ҳазору 589 нафар тифл ва тӯйи домодию арӯсии зиёда аз 5608 ҷуфт навхонадор аз оилаҳои камбизоат ва эҳтиёҷманд ба тариқи дастаҷамъона сурат гирифт. Аз рӯзҳои аввал иҷрои талаботи Қонун дар самти ҳимояи манфиати шаҳрвандони ҷумҳурӣ натиҷаҳои назарраси молӣ ва иқтисодӣ дод. Муҳимтар аз ҳама, мазмун, моҳият ва муҳтавои Қонун комилан ба табиат ва манфиати мардум мувофиқ омада, аз ҷониби шаҳрвандони кишвар бо қаноатмандӣ пазируфта шуд. Х. Шокиров. --- Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 315–317.

0

Ялдо

Ялдо, Шаби ялдо, шаби чилла, ҷашни бостонии мардуми ориёӣ, дарозтарин шаби аввали моҳи дай, ки ба муносибати зодрӯзи эзади Меҳр ё Митра баргузор мешуд. Мувофиқи тақвими эронӣ шаби 30-юми моҳи озар (22-уми декабр) рӯзи таваллуди Меҳр мебошад, зеро аз ҳамин вақт сар карда, рӯзҳо дарозтар ва тобиши офтоб бештар мегардад. Ялдоро инқилоби зимистонаи Офтоб низ мегӯянд. Офтоб дар ин вақт аз нуқтаи ҷанубтарини эклиптика (бо майли 23°27′) мегузарад ва рӯзи аз ҳама кӯтоҳу шаби аз ҳама дароз ба вуҷуд меояд. Эрониён ба муносибати ҳамин сана шабнишиниҳо барпо мекарданд. Вожаи «ялдо» аслан аз забони сурёнӣ буда, маънои вилодат ё таваллудро дорад. Яъне дар ин шаби дарозтарини сол Меҳр таваллуд шудааст, чун ӯ эзади рӯшноӣ ва фурӯғ буд, аз ҳамон замони зода шудани ӯ рӯзҳо ба дароз шудан сар мекарданд. Дар асотир ва боварҳои қадимии эрониён гуфта шудааст, ки Меҳр аз нуре, ки аз паси кӯҳҳои Албурз метобад, таваллуд шудааст. Эрониёни қадим дар Ялдо ба домани ин кӯҳ мерафтаанд, то ки субҳ шафақи сурхро ҳамчун намоди таваллуди Меҳр мушоҳида намоянд. Ӯ бар тан зиреҳи заррину бар дӯш сипари симин ва дар даст гурзе гарон дорад. Бар гардунаи минуии бо ситораҳо мунаққаш, ба чаҳор аспи сафеди намиранда, ки наълҳои заррин ва симин доранд, савор аст. Ҳоло дар бисёр устонҳои Эрон шаби дарозтарини солро бо номи Ялдо ҷашн мегиранд ва дар ин шаб ғизоҳои махсус тановул карда, амалу одатҳои суннатиро иҷро менамоянд. Дар рӯи суфраи маросими Ялдо меваҳои сурхранги себ, анор, ангур ва қанду мағзу мавиз мегузоранд. Яке аз неъматҳои шартии ин дастархони ҷашнӣ тарбуз (ҳиндувона) мебошад. Аз таомҳо оши шир, биринҷ, мурғ бештар таҳия ва тановул мегардад, ки аксаран ранги сафед, зард ва ё сурх доранд. Ҳар як мева ё ғизое, ки дар суфраи маросимӣ ниҳода мешавад, рамзи хоссеро ифода мекунад. Чунончи, ранги сурхро ҳамчун рамзи шафақ ва тулӯи офтоб, яъне таваллуди хуршед маънидод мекунанд. Дар бисёр манотиқи Эрон ва Тоҷикистон мардум зимистонро ба ду чилла: калону хурд ҷудо мекунанд ва шаби нахустини чиллаи калонро ба Ялдо баробар медонанд, аз ин хотир таъбири «шаби чилла» низ дар гуфтори мардум роиҷ аст. Мардуми Хуросон дар ин шаб бедор мемонанд ва ба ибодату қироати Қуръони маҷид мепардозанд. Дар бисёр деҳаҳо ҷавонон қиссахонӣ, шоҳномахонӣ ва саргармиҳои дигаре чун фолкушоӣ, чистонёбӣ, шеърхонӣ барпо мекунанд. Бурдани ҳадя ба арӯс ба унвони «шаби чилла» аз унсурҳои дигари маросими Шаби ялдо дар ҷануби Хуросон аст. Дар ин шаб барои духтароне, ки ба тозагӣ номзад шудаанд, аз тарафи хонаводаи домод ҳадяҳо фиристода мешаванд ва хонаводаҳои арӯсу домод даври ҳам ҷамъ меоянд. Дини меҳрпарастӣ дар замони ҳукумати Ашкониён аз сарзамини Эрони бузург ба Рум ва кишварҳои Балкану романизабони Аврупо роҳ ёфтааст. То асри 4-и милодӣ дар империяи Рум ва баъзе мамлакатҳои аврупоӣ дини меҳрпарастӣ ҷорӣ будааст ва баъд масеҳият ҷои меҳрпарастиро ишғол кардааст. Дар ин мамолик рӯзи 25-уми декабрро ҳамчун зодрӯзи Митра ҷашн мегирифтанд, шамъафрӯзӣ мекарданду шабнишиниҳо барпо менамуданд. Чун масеҳият дар империяи Рум ҷойгузини меҳрпарастӣ гашт, мардум шабнишинии зодрӯзи Меҳрро идома медоданд. Аз ин сабаб рӯҳониёни масеҳиро маъмур карданд, ки рӯзи таваллуди Исоро 25-уми декабр эълон кунанд ва таҷлил намоянд (то он замон зодрӯзи Исои Масеҳ 6-уми январ таҷлил мешуд). Ҳамин тавр, Ялдо дар кишварҳои аврупоӣ ба ҷашни Кристмас (Рождество — Милод) ё худ зодрӯзи Исои Масеҳ табдил ёфт ва то имрӯз идома дорад. Дар кишварҳои масеҳикеши Аврупо дар шаби ҷашни Милод ҳоло ҳам шамъ равшан мекунанд ва он се ҳафта фурӯзон мемонанд. Шамъгузорӣ ёде аз эзади фурӯғу рӯшноӣ Меҳр (Митра) мебошад, яъне идома ва унсурҳои оини бостонии ниёгони мо — меҳрпарастӣ ҳоло ҳам дар фарҳанги халқҳои гуногуни ҷаҳон ба назар мерасанд. Адабиёт: Баҳор М. Пажӯҳише дар асотири Эрон. Теҳрон, 1381 шамсӣ; Разӣ Х. Ойини Меҳр: Пажӯҳишҳое дар таърихи ойини розомези митрӣ дар Шарқу Ғарб. Ҷилди 1. Теҳрон, 1381; Раҳимов Д. Нигоҳе ба ҷашнҳои миллӣ ва оинҳои суннатии тоҷикон. Душанбе, 2011. Д. Раҳимов. --- Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 314–315.

0

Тиргон

Тиргон, яке аз ҷашнҳои бостонии мардумони эронитабор, ки то асрҳои миёна маъмул будааст. Ин ҷашн дар рӯзи 13-уми моҳи тир, ки он рӯзро низ «тир» меномиданд, баргузор мегашт. Ҷашни Тиргон ба эҳтироми об ва оини обпошӣ марбут аст. Дар асотиршиносии Эрони Бостон Тир номи эзади борон буда, номи ӯ дар Авесто дар шакли «Тиштрайа», дар паҳлавӣ «Тиштар» ва дар форсии навин бо номи «Тир» зикр шудааст. Мувофиқи маълумоти Авесто, вазифаи Тиштар об гирифтан аз дарёи Фароҳкарт ва онро дар шакли борон ба заминҳои аҳуроӣ резонидан будааст. Тиштар инчунин номи ситораи рахшонтарини осмон буда, бо номи ситораи Сириуси юнонӣ ҳамреша аст. Дар яшти ҳаштуми Авесто («Тир-яшт») Тиштар ситораи сапеду дурахшон ва тавоно мебошад, ки сиришти обро дораду нажодаш аз Апам Напат (эзади обҳо) аст. Тиштар ба колбадҳои марди ҷавони нерӯманд, аспи сафеди заррингӯш ва гови зариншох дармеояд ва бо деви хушксолию беборонӣ — Апаоша, ки мехост ҷаҳонро аз беобӣ табоҳ созад, мубориза мебарад. Дар набарди аввал Апаоша ғолиб меояд ва пеши дарёи Фароҳкартро мебандад, абрҳои бороноварро пора-пора мекунад, аммо дар набарди дуввум Тиштар нерӯ гирифта, деви хушксолиро шикаст медиҳад. Аз он пас абрҳо пурбор шуда, боронҳои фаровон ба кӯҳу дашту даман меборанд ва табиат сарсабз гашта, ҳаёти осудаву хуррам оғоз мешавад. Дар қиссаҳои эронӣ чунин оварда шудааст, ки дар ин рӯз дар мавзеи Табаристон Манучеҳри пешдодӣ аз Афросиёб шикаст хӯрд ва барои тақсим кардани қаламрав шарте пеш гузоштанд. Яке аз паҳлавонони эронӣ бо номи Ораш ба болои кӯҳи Дамованд баромад ва бо тамоми нерӯи худ камонро кашида, тире ба сӯи дарёи Ҷайҳун партоб кард. Тир бо суръати тез аз субҳ то нимрӯзӣ парвоз карда, ниҳоят дар соҳили Ҷайҳун ба тани як дарахти бузургу ғафс фуруд омад. Аз ҷои фуруд омадани тир марзи Эрону Турон муайян шуд. Дар гузашта дар рӯзи Тиргон дар байни ақвоми эронӣ маросими дигаре бо номи «Обрезгон» баргузор мешудааст. Дар замони шоҳигарии Пирӯзи Сосонӣ, ниёи Хусрави Анӯшервон, дар Эрон ҳафт сол хушксолӣ рух дода, борон намеборид. Одамону ҷонварон ва гиёҳҳо аз ин хушксолӣ маҳв мешуданд. Ин вазъро дида, шоҳ Пирӯз фармон дод, ки дар оташкада барои даъвати борон ба ибодат пардозанд. Ниҳоят баъди ҳафт сол дар рӯзи Тир борон борид. Ба хотири ин борони таърихӣ Пирӯзшоҳ амр намуд, ки ин рӯзро Обрезгон ном гузоранд ва онро ҳар сол ҷашн бигиранд. Абусаиди Гардезӣ — муаллифи «Зайну-л-ахбор» дар асараш оид ба расми зарфшиканӣ ва обтанӣ дар ин ҷашн байни эрониёни қадим ёдовар шуда, ривояти дигареро ҷиҳати пайдоиши Тиргон зикр намудааст: «... ва андар Тир порсиён ғусл кунанд ва сафолинҳову оташдонҳо бишкананд. Ва чунин гӯянд, ки мардумон андар ин рӯз аз ҳисори Афросиёб бирастанд ва ҳар касе ба сари кори хеш шуданд. Ва ҳам андар ин айём гандум ё мева бипазанду бихӯранд ва гӯянд: андар он вақт ҳама гандум пухтанду хӯрданд, ки орд натавонистанд кард, зеро ҳама дар ҳисор буданд». Дар ин ҷашн эрониёни қадим даруну беруни хонаро об пошида меруфтанд, либоси тоза мепӯшиданд. Сипас аз риштаи абрешимии ҳафтранг ресмоне ба шакли дастпона мебофтанд ва «Тиру бод» меномиданд. Баъди 10 рӯз дар рӯзи Бод онро кушода, ба бод медоданд. Мардумони эронӣ дар ин рӯз аз хонаҳои худ баромада, хурсандӣ мекарданд, ба якдигар об мепошиданд. Ҳоло ҳам дар баъзе минтақаҳои эронинишин ин оин бо каме тағйирот маъмул аст. Расмҳои зарфшиканӣ, шустушӯй, пухта хӯрдани гандуму мева низ дар маъхазҳо ишора шудаанд. Агарчи ҷашни Тиргон ва устураи Тиштар ё Тир аз байн рафтааст, аммо баъзе пораҳои он дар боварҳо ва таъбирҳо боқӣ мондаанд. Дар тасаввуроти мардуми баъзе манотиқи Тоҷикистон то ба имрӯз боварҳо дар бораи эзади тундару чароғак ва борон бо номи Қанбар, дар баъзе ҷойҳои дигар бо номи Бобо Қилдир боқӣ мондаанд, ки бешак идомаи омиёнаи асотири ниёгони мо дар бораи эзади борон Тир мебошанд. Адабиёт: Брагинский И. С. Из истории таджикской народной поэзии. Элементы народно-поэтического творчества в памятниках древней и средневековой письменности. Москва, 1956; Берунӣ А. Осору-л-боқия. Душанбе, 1990; Раҳимов Д. Нигоҳе ба ҷашнҳои миллӣ ва оинҳои суннатии тоҷикон. Душанбе, 2010. Д. Раҳимов. --- Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 314.

0

Сада

Сада, ҷашни Сада, яке аз ҷашнҳои бостонии мардуми эронӣ, ки рӯзи даҳуми моҳи ёздаҳуми солшумории шамсӣ – баҳман барпо мешуд ва тибқи тақвими милодӣ ба рӯзҳои 30–31-уми январ баробар аст. Азбаски аз даҳуми баҳман то ҷашни Наврӯз панҷоҳ шабонарӯз аст, ин рӯзро Сада ном ниҳодаанд, зеро, ба гуфтаи Абурайҳони Берунӣ, форсиён шабу рӯзро алоҳида ҳисоб мекарданд. Маъхазҳои адабию таърихӣ ва манбаъҳои бостонӣ собит кардаанд, ки пайдоиш ва решаи иҷтимоии ин ҷашн бештар ба корҳои кишоварзӣ алоқаманд буда, ибтидоаш бо рӯзгори қадими мардуми эронитабор пайванди ногусастанӣ дорад. Аз рӯи иттилои гоҳшуморҳо ҷашни Сада ба муносибати «аз хонаи зимистониаш убур намудани хуршед» ва ба баҳор майл кардани он ҷашн гирифта мешудааст, ки ин ҳолати табиат дар натиҷаи баробар шудани шабу рӯзи зимистонӣ ба амал меояд. Шабу рӯзи зимистонӣ 25-уми декабр баробар мешавад ва шояд ҳолати мусовӣ будани шабу рӯзи зимистонӣ замоне охири моҳи январ сурат мегирифтааст. Аз рӯи гуфтаи Абурайҳони Берунӣ, одамон гӯё ҷашни Садаро ба муносибати «аз дӯзах ба рӯйи олам баромадани зимистон» оташ афрӯхта, ҷашн мегирифтаанд. Дар ин ҷашн моддаҳои хушбӯйро дуд мекарданд, ки зимистон ба хубӣ сипарӣ гардад ва ба мардум осебу зиёне нарасад. Абулқосим Фирдавсӣ дар «Шоҳнома» Ҳушангро асосгузори ин ҷашн гуфтааст: гӯё Ҳушанг ҳангоми саёҳат бо дарбориён ба море дучор омада, сангеро сӯйи ӯ андохт. Санг ба санги дигар бархӯрда, аз он оташаке парид ва ба ин васила оташ кашф гардид. Минбаъд одамон ба ҳамин муносибат оташе афрӯхта, ба он саҷда мекарданд ва ин маросимро Сада номиданд. Дар баъзе ривоятҳои асотирӣ пайдоиши ҷашни Садаро ба шоҳ Фаридун ва даврони салтанати ӯ нисбат медиҳанд. Бо амри Заҳҳок – шоҳи ҷоҳил ҳар рӯз ду нафар шахси бегуноҳро кушта, аз мағзи сари онҳо барои морони ӯ ғизо таҳия мекарданд. Армоил ин одамонро яктоӣ дар кӯҳи Дамованд пинҳон кард, ба ҷои онҳо гӯсфандеро кушта, аз мағзи сари он барои морони Заҳҳок маъҷун таҳия мекард. Вақте ки Фаридун Заҳҳокро нобуд кард ва бар тахт нишаст, хост Армоилро низ ҷазо диҳад. Ӯ кори худро ба шоҳ баён кард. Барои исботи ҳақ будани гуфтаҳои Армоил шахсони аз марг наҷотдодаи ӯ шабонгоҳ ҳар кадоме дар кӯҳи Дамованд оташ афрӯхтанд, ҳисоби онҳо ба 100 мерасид. Ҳамин тавр, ба сабаби аз марг наҷот ёфтани 100 нафар одами бегуноҳ Фаридун ҷашне баргузор намуд ва номи онро Сада гузошт. Ба расмият даромадани онро манбаъҳои адабию таърихӣ собит сохтаанд. Аҷдоди мо дар ин рӯз ҷашне меоростанд, тамоми шаб гулхан афрӯхта, дар гирди он рақсу бозӣ мекарданд ва сӯи осмон кабутарҳо сар медоданд. Аз рӯи одат ба муносибати ҷашни Сада шоҳону амирон ҷамъ меомаданд, шоирон дар васфи Сада чакомаҳо месуруданд ва тавассути баргузор намудани русуми неки ниёкон сарварони замонро (мамдӯҳонро) ба саховатмандию мурувват даъват мекарданд. Мувофиқи иттилои Ибни Мискавайҳ, барои баргузории ҷашни Сада бо амри шоҳони эронитабор дар талу пушта ва ҷойҳои баланди шаҳрҳо ҳезуми бисёреро болои ҳам чида, онро бо тасмаҳои оҳанин мебастанд. Дар болои онҳо зоғ ва ҳар гуна парандаҳоро аз пояшон баста мемонданд. Даруни чормағзро кофта, бо пахтаи нафтолуд пур мекарданд ва бо ресмоне ба пойҳову гардани парандагон мебастанд. Дар базмгоҳ сутунҳои аз шамъҳои ранга озинбастаро мегузоштанд. Баробари фаро расидани вақту соати ҷашни Сада оташро дар як вақт ҳам дар базмгоҳ ва ҳам дар талу теппа фурӯзон мекарданд. Чормағзро даргиронда, парандагонро раҳо мекарданд. Шаби тор мисли рӯз равшан мегардид. Сада то асрҳои 10–11 ҳар сол ҷашн гирифта мешуд. Баъди ҳамлаи муғул дар дарбор таҷлили он аз байн рафт, вале байни мардум чун ҷашнҳои Наврӯзу Меҳргон бо анъаноти деринаи ориёӣ таҷлил мегардид. Султон Маҳмуд ва писараш Масъуд, ки диндорони мутаассиб буданд, бо мақсади боз ҳам тақвият бахшидани дини ислом бисёр анъанаҳо ва суннатҳои бостонии мардуми ориёиро манъ карда буданд, ки яке аз онҳо ҷашни Сада мебошад. Дар байни мардуми ориёиасли Ҳинду Эрон роҷеъ ба оташ асотири ҷолиб мавҷуданд. Аз Авесто, манбаъҳои форсии миёна, паҳлавии сосонӣ устураву ривоятҳои фаровонеро метавон пайдо намуд, ки тибқи онҳо нуру оташ бо пайдоиш ва фурӯзонии хеш тамоми беморӣ, зиштӣ, тарсу ваҳм ва ҳамаи осори бадию шайтониро парокандаву нобуд мекардааст. Гузаштагони мо дар оташдонҳову оташкадаҳо оташро ҳамеша фурӯзон нигоҳ медоштанд ва намегузоштанд, ки оташ хомӯш шавад. Дар оғози ҳамаи ҷашну сурҳо оташ меафрӯхтанд. Аҳуро Маздоро ситоиш намуда, намоз мегузорданд. Аз ҳамаи ин ҷашнҳои марбут ба оташ маъмултаринаш Сада буд. Ҷашни Сада то ҳол дар байни зардуштиёни Ҳинду Эрон баргузор мегардад. Мардуми Варорӯд онро бо номҳои ҷашни «Хут», «Чаҳоршанбеи охирин», «Чаҳоршанбеи сурӣ», «Аловпарак» ва «Оташафрӯз» таҷлил менамоянд. Дар Тоҷикистон баробари ба даст овардани истиқлоли давлатӣ ҷашни Сада дубора эҳё ва ҳамчун иди миллӣ эътироф гардид. Адабиёт: Бертельс Е. Э. Праздник джашни Сада в таджикской поэзии // История таджикско-персидской литературы. Москва, 1957; Аҳмадов Р. Наврӯзи оламафрӯз. Душанбе, 1978; Негмати А. Земледельческие календарные праздники древних таджиков и их предков. Душанбе, 1989; Берунӣ. Осору-л-боқия. Душанбе, 1999; Розӣ Х. Гоҳшуморӣ ва ҷашнҳои Эрони бостон. Теҳрон, 1380 (2002). Р. Аҳмадов. --- Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 313–314.

0

Наврӯз

Наврӯз, соли нав, сари сол, қадимтарин ҷашни мардумии эронитаборон, аз ҷумла тоҷикон (баъдан дар байни мардумони ғайриэронӣ низ расм шудааст), ки ба рӯзи аввали солшумории шамсӣ – 1-уми фарвардин (аввали ҳамал) ё 21-уми марти солшумории милодӣ рост меояд. Наврӯзро дар баъзе ноҳияҳо «Иди сари сол», «Иди соли нав» ва дар байни мардуми Бадахшон «Хидир айём» (ё Иди бузург) меноманд. Наврӯз ҷашни бузурги бедории табиат ва баробарии шабу рӯз мебошад, ки ҳазорсолаҳо ҳамчун ҷашни пирӯзии рӯшноӣ бар торикӣ, гармо бар сармо, некӣ бар бадӣ ва оғози хилқати инсону табиат дар байни мардумони Эрону Афғонистон, Тоҷикистон ва кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ, Шарқи Наздик ва Қафқоз таҷлил мешавад. Наврӯз дар байни тамоми идҳои мардумони ҷаҳон ҳамагонатарини ҷашнҳост. Наврӯз ҷашнест, ки бар пояи эътиқодҳову боварҳо ва ҷаҳонбинии фалсафии мардумони эронитабор бунёд ёфтааст. Наврӯз таърихи хеле қадимӣ дорад. Аксарияти манобеи бостонӣ пайдоиши онро ба фаъолияти шоҳи чаҳоруми пешдодӣ Ҷамшед нисбат медиҳанд. Аз ҷумла, Фирдавсӣ дар яке аз достонҳои оғози «Шоҳнома» овардааст, ки Ҷамшед баъд аз поён бахшидани корҳои бузург дар даврони подшоҳии хеш бо ёрии фарри каёнӣ ва мувофиқ ба шукӯҳи подшоҳии хеш аз зару сим тахте бисохт ва онро бо дурру гавҳар биёрост ва чун нахустин бор девҳо, ки дар итоати Ҷамшед буданд, тахтро ба дӯш гирифта, аз замин ба осмон боло шуданд, нури офтоб ба чеҳраи Ҷамшед ва бар тахти ӯ метобид ва инъикос ёфта, медурахшид. Мардум ин манзараро дида, дар шигифт шуданд ва он рӯзро «рӯзи нав» хонданд. Пас аз он рӯз Ҷамшед ба ҷашн гирифтани Наврӯз оғоз намуд. Дар сангнигораҳои Тахти Ҷамшед (Персеполис) тасвири шоҳаншоҳи Ҳахоманишӣ (махсусан Дориюши Бузург) ва таҷлили Наврӯз ба назар мерасад. Дар он мардум аз гӯшаву канори Эронзамин ба сӯи ин тахтгоҳ бо ҳадяҳои наврӯзӣ равонанд. Дар манобеи таърихию адабии бостонӣ ва қариб дар ҳамаи ривоятҳову устураҳо Ҷамшедро асосгузори Наврӯз номиданд. Фирдавсӣ, Истахрӣ, Ҳамзаи Исфаҳонӣ, Гардезӣ, Берунӣ ва дигарон дар бораи пайдоиши Наврӯз ва тарзи барпо гардидани он маълумот ироа намудаанд. Масъуди Ҳамзаи Исфаҳонӣ дар китоби «Мулуку-л-арз вал-анбиё» бар асоси асотиру ақидаҳои куҳан дар бораи таърихи мардумони эронӣ мегӯяд, ки дар оғози офариниши ҷаҳон хуршеду моҳу ситорагон ва замин дар рӯзи аввали фарвардинмоҳ, ки рӯзи Наврӯз аст, ба ҳаракат даромадаанд ва аз гардиши онҳо рӯзу шаб падид омадааст. Берунӣ дар баробари баъзе масъалаҳои дигар роҷеъ ба Наврӯз чунин гуфтааст: «Бархе аз уламои эронӣ мегӯянд, ки сабаби ин рӯзро Наврӯз номидан ин аст, ки дар айёми Таҳмурас собиа (бутҳо) ошкор шуданд ва чун Ҷамшед ба подшоҳӣ расид, динро нав кард. Ва ин кор хеле бузург ба назар омад ва он рӯзро, ки рӯзи тозае буд, Ҷамшед ид гирифт, агарчи пеш аз ин Наврӯз бузург ва муаззам буд». Аз гуфтаи Берунӣ чунин бармеояд, ки дар рӯзи фархундаи Наврӯз дар байни мардуми эронӣ чунин анъана будааст, ки одамон барои якдигар ҳадя мефиристодаанд. Берунӣ аз Озарбади мӯбади Бағдод чунин нақл мекунад, ки найшақарро дар кишвари Эрон рӯзи Наврӯз кашф кардаанд. Пеш аз ин онро касе намешинохтааст. Гӯё рӯзе худи Ҷамшед буттаи найро дар шикоргоҳ мебинад ва онро ба даст гирифта, обашро чашидааст, ки ширин мебошад. Амр кардааст, ки оби онро берун оваранду аз он шакар истеҳсол намоянд. Он гоҳ дар рӯзи шашуми моҳи фарвардин шакар ба даст омад ва мардум ба муносибати пайдо шудани шакар дар Наврӯз ба якдигар ҳадя медоданд. Тибқи иттилои Берунӣ, рӯзи шашуми моҳи фарвардин Наврӯзи бузург аст. Гӯянд, Худованд дар ин рӯз аз офариниши ҷаҳон осуда гардидааст, чунки дар ин рӯз Худованд Муштариро офаридааст. Зардуштиён мегӯянд, ки Зардушт дар ин рӯз тавфиқ ёфтааст, ки бо Худованд муноҷот намояд ва Кайхусрав дар ин рӯз ба ҳаво ба меъроҷ рафта ва дар ин рӯз барои сокинони кураи Замин саодатро қисмат кардааст, бино бар ин, мардум ин рӯзро рӯзи умед номидаанд. Ҳар кас дар бомдоди ин рӯз, пеш аз он ки сухан гӯяд, шакар бичашад ва бо равғани зайтун тани худро чарб кунад, тамоми сол аз кулли балоҳо эмин хоҳад монд. Дар аҳди Сомониён ба инкишофи суннатҳои бостонии халқи тоҷик ва халқҳои дигари Мовароуннаҳру Хуросон шароити мусоид фароҳам омад. Дар ин давра идҳои Наврӯз, Садаву Меҳргон ҷашн гирифта мешуданд. Бино ба маълумоти Муҳаммади Наршахӣ, Наврӯзро аввал дар рӯзи 1-уми фарвардин кишоварзон, баъди панҷ рӯз муғон (оташпарастон) ҷашн мегирифтанд, ин рӯзҳоро «Наврӯзи кишоварзон»-у «Наврӯзи муғон» меномиданд. Дар аҳди Ғазнавиён, Салҷуқиён, Хоразмшоҳиён ва ҳатто баъди истилои муғул Наврӯзро мардум бо тантана ҷашн мегирифтанд ва ба шарафи Наврӯз пешакӣ тайёрӣ медиданд. 25 рӯз пеш аз Наврӯз дар зарфҳои махсус гандуму адас сабзонида, дар рӯи хони наврӯзӣ мегузоштанд ва омади кишти зироатро аз рӯи ҳолати сабзиши онҳо пешбинӣ менамуданд. Гоҳшуморӣ ва нишонаҳои фарорасии Наврӯз Тоҷикон аз замонҳои қадим фарорасии Наврӯз, эътидоли баҳорию тирамоҳӣ ва суръати вақтро дар давоми шабонарӯз аз мушоҳидаи такрор шудани ҳодисаҳои табиат, гардиши ҷирмҳои осмонӣ ва рафтори ҷонварон муайян мекарданд. Яке аз тақвимҳои хосси мардуми Бадахшони Тоҷикистон ҳисоби «Офтоб дар мард» (ба забони мардуми маҳаллӣ Хир пи чор) мебошад. Ҳисоби вақт аз рӯи узвҳои бадани инсон аз гоҳшумориҳои қадимии тоҷикон буда, дар Қаротегину Дарвоз, Ванҷу Язгулом, Ишкошим, Рӯшон, Шуғнон, Вахон, инчунин дар байни тоҷикони водии Фарғона (Сӯх) аз ҷониби мардумшиносон ба қайд гирифта шудааст. Ин навъи тақвимро тоҷикони Афғонистон ва ҳатто дар Покистон ҳам истифода мекарданд. Онро сокинони ин минтақаҳо «ҳисоби мард», «офтоб дар мард», «панҷоҳи мард», «нишонҳо» ва монанди инҳо низ ном мебаранд. Тибқи ҳисоби ин тақвим, офтоб дар ҳар як узви бадан якчанд рӯз меистад, масалан, се рӯз дар камар, се рӯз дар зону, дар пою нохунҳо ва ғайра. Мувофиқи тасаввуроти тоҷикони ҳавзаи Хингоб, Наврӯз замоне фаро мерасад, ки офтоб ба нишони «дил» ворид шавад. Ин айём се рӯз давом карда, иди Соли нав ё Сари сол барпо мегашт. Дар ҳисоби сокинони баъзе деҳаҳо Наврӯз дар давраи «камар» ё «кордафсон» (рон) фаро мерасидааст. Мутобиқи ҳамин тақвим аксари мардум корҳои деҳқониро оғоз мекарданд. Иҷрои бархе маросими мавсимӣ ва расму одат низ аз рӯи ҳамин гоҳшуморӣ сурат мегирифтааст. Дар Бадахшон низ, ки тақвими «Офтоб дар мард» (Хир пи чор) корбурди васеъ дошт ва дорад, нишони «дил» замони таҷлили соли нав аст. Шеваи дигари таъйини фарорасии соли нав дар байни аҳолии кӯҳистон мушоҳидаи ҳаракати офтоб ва афтодани сояи он ба нуқтаҳои муайян ба шумор мерафт. Асосан гардиши офтоб аз рӯи ҷойҳои нишоншуда дар қаторкӯҳҳо, қуллаҳо, дарахтон, сангҳо ва ғайра мушоҳида мешавад, ки офтоб дар паси онҳо ғуруб ё тулӯъ мекард. Ҳисоби рӯзҳои солро мардум ба ҷуз аз нуқтаҳои тулӯъ ва ғуруби офтоб, равиши сояи қуллаҳои кӯҳ, ҳамчунин аз равзан ба нишонаҳои гуногуни хонаҳои анъанавӣ расидани нури офтоб ва ғайра муайян мекарданд. Яке аз куҳансолони деҳаи Сорчи ноҳияи Роштқала Худоёров Файзулло (85-сола) гуфтааст: «Ҳангоме ки аз равзанаи хона офтоб рост ба болои шахсутуни хона меафтад, мегӯянд, ки «офтоб дар мард» афтод, яъне офтоб қувват гирифт ва метавонем, ки ба Наврӯз тайёрӣ бинем». Дар деҳаи Ямги ноҳияи Ишкошим санге мавҷуд аст, ки мардум онро «офтоббин» ном мебаранд. Чанд рӯз пеш аз ҷашни Наврӯз мӯйсафедони ин деҳа ба воситаи ин санг фарорасии Наврӯзро мушоҳида мекунанд. Ин олати сангӣ дар ҳамворӣ ҷойгир шудааст ва дар миёнҷойи он сӯрохе мавҷуд аст. Вақте ки офтоб вориди он гашт, одамон пай мебаранд, ки Наврӯз фаро расидааст. Ин мушоҳидаи мардум танҳо аз 18 то 21-уми март ба амал меояд. Дар баробари мушоҳидаҳои ҷирмҳои осмонӣ ва гардишу афтодани сояи офтоб дар мавзеъҳои муайян мардуми тоҷик инчунин кӯчишу рафтори ҷонварони мухталифро мушоҳида карда, фарорасии баҳорро таъйин менамуданд. Ин мушоҳидаҳои фенологӣ барои муайян кардани замони фарорасии мавсими баҳор, оғози корҳои кишоварзӣ, кишти зироат, молдорӣ, боғдорӣ ва ғайра истифода мешуданд. Чунончи, аҳолии деҳоти ҳавзаи дарёи Хингоб дар оғози баҳор парида омадани парандаи хурд — сангобдавакро мушоҳида кардаанд. Дар ин айём инчунин парандаи дигар – шохник парида меомадааст, гамбуски хурди сиёҳ — говак пайдо мешудааст, гулҳои зардаку сиёҳтӯш – гули чоғузак мерӯидаанд. Мардумони шаҳрҳои Бухорову Самарқанд, Шаҳрисабз ва сокинони водиҳои Ҳисору Зарафшону Фарғона бо дидани лаклак бар он бовар буданд, ки баҳор расидааст, ҷашни Наврӯз наздик аст, чунки лаклак қосиди баҳору Наврӯз буда, одамони аз сармои зимистон дилтанггардида баробари дидани ин парандаи зебо шоду масрур мешаванд. Рамзҳои наврӯзӣ Ҷашни Наврӯз рамзҳои хосси худро дорад. Дар ҷашни Наврӯз ва оину суннатҳои марбути он ранги сафед аҳаммияти бештар доштааст ва дар гузашта ранги сафедро ҳамчун рамзи покию беолоишӣ, сулҳу осоиш, осмони соф ва кушоиши кор шумурда, дар интихоби ғизову обу либосу ороиши хона ба он афзалият медоданд. Ниёгони тоҷикон кӯшиш менамуданд, ки ҳар чӣ бештар ин ранг дар айёми Наврӯз ба назарҳо расад. Масалан, ҳангоми таҷлили сол либоси сафед ба бар мекарданд. Дар рӯи суфраи наврӯзӣ шакар, шир, мост ва хӯрокҳои аз ширу биринҷ таҳияшуда мегузоштанд. Аз гӯшти ҷонварон, асосан мурғу моҳиро рӯи дастурхон мениҳоданд, ки сафедранг ҳастанд. Дар суфраи наврӯзӣ инчунин себу сир ва санҷид ҳам мегузоштанд, ки дарунашон сафед аст. Расми сафедгузинӣ ва рамзофарӣ дар замонҳои хеле қадим низ маъмул будааст. Бино ба маълумоти Мусо ибни Исо ал-Кисравӣ, шоҳони Сосонӣ пагоҳии рӯзи Наврӯз бози сафедеро ба ҳаво сар медоданд, субҳи Наврӯзро бо ошомидани шири навдӯшида, ё хӯрдани пораи панири тоза оғоз мекарданд ва дар ин рӯз ба шоҳ дар обгинаи нуқрагин об мебурданд. Дар минтақаи Дарвози Тоҷикистон дар айёми Наврӯз аслан ғизоҳои ширӣ, ба мисли ширбиринҷ, ширчӯш, ширравған, ширбат омода мекарданд. Мардум ин хӯрокҳоро дар хона таҳия карда, сипас ба табақу зарфҳо бардошта, ба идгоҳ мебурданд ва бо ҳам тановул мекарданд. Тоҷикони ноҳияи Сӯхи вилояти Фарғона дар суфраи идона суманакро дар зарфи сафедранг мегузоранд ва ҳатто ба хонаи ҳамсоя ва хешу ақрабо низ дар зарфи сафед мебаранд. Кадбону ба сари шахси суманаковарда рӯймоли сафед баста, ба зарфаш, маъмулан, орд, қанд ё тухми мурғ мениҳад. Дар Бадахшони Тоҷикистон дар рӯзи Наврӯз агар мардум ба хонаи якдигар оянд, шахси ба хона воридшаванда дар даст шохчаи тару тозаи бедро дошта мегӯяд: «Шогуни баҳор муборак!» ва мизбон «Бо рӯи шумо муборак!» гуфта, қадре ордро ба китфи рости шахси омада ва шохчаи бедаш мепошад. Ин орд рамзи ҳаёти осуда буда, сафедӣ, фаровонӣ ва фоли нек ба шумор меравад. Дар Самарқанду Бухоро, Хуҷанду Ҳисор, Кешу Фарғона, Қаротегину Дарвоз, Зарафшону Бадахшону Хатлон ва дигар ҷойҳо идгоҳҳои махсус вуҷуд доштанд, дилхушиҳои гуногун, бозӣ ва сайрҳои халқӣ баргузор мешуданд. Ин гуна идгоҳҳо дар Самарқанд – мавзеи Оби Раҳмат, дар Бухоро – Чашмаи Аюб, дар Кӯлоб – Тамошотеппа, дар Ҳисору Панҷакенту Хуҷанд ва Истаравшану навоҳии дигар лаби рӯдхонаҳо ва атрофи чашмаҳои маъруфу ҷойҳои хушобу ҳаво интихоб шуда буданд. Дар баъзе маҳалҳо сайри наврӯзӣ дар назди мазоре бо қурбон кардани гӯсфанд ё буз ҳам барпо мешуд. Аз ҳамон давра одати мардум шуда буд, ки рӯзи Наврӯз дар ҳафт зарф ҳафт навъи ғалларо мекориданд ва аз рӯи сабзиши онҳо фол мегирифтанду пешгӯӣ мекарданд, ки дар ин сол ба кадоме аз ин рустаниҳо эътибор бидиҳанд ва корҳои кишоварзон чӣ гуна сурат хоҳанд гирифт. Дар байни мардуми тоҷик оид ба Наврӯз нақлу ривоят, рубоию дубайтӣ, суруду тарона, ғазалу мухаммас ва қиссаву ҳикояту достон эҷод шудаанд. Мардуми заҳматкаш бо таҷлили Наврӯз сулҳу салоҳ, беҳбуд, оромишу осоиш ва хушнудиро орзу мекарданд. Бозиҳои наврӯзӣ Як бахши ҷашни Наврӯзро бозиҳои суннатии варзишӣ ташкил медиҳанд. Дар айёми Наврӯз мусобиқаҳои гуштингирӣ, аспдавонӣ, пиёдапойга (давидан), бандкашӣ, ҷавгонбозӣ (дар Яғноб, Бадахшон), инчунин бозиҳои тухмҷанг, хурӯсҷанг, кабкҷанг, чилликандозӣ, дастхобонӣ ва монанди инҳо барпо мешуданд. Гуштингирӣ ва бузкашӣ маъмултарини мусобиқаҳои наврӯзӣ буданд. Дар баъзе минтақаҳо мусобиқаи пиёдакашак низ доир мешуд. Ҷавонмардони пурқувват ба ду даста тақсим шуда, талош мекарданд, ки пораи матои 2–3-метриро ба даст оранд. Навъи дигари бозиҳои варзишии наврӯзӣ сараспа буд, ки тирандозон аз болои аспи давон нишони ҳаракаткунандаро (буз ё мурғро аз пояш баста сар медоданд) ба нишон мегирифтанд. Дар водии Хуф найзапартоӣ маъмул буд, ки аз болои аспи давон тухмро дар замин бо найза мезаданд. Инчунин дар ҷашни Наврӯз арғамчинкашӣ, тирандозӣ, лаклакбозӣ, бандпарӣ, ҷаҳидан аз болои арғамчин ва чанде дигар бозиҳо иҷро мешуданд. Расму оин ва суфраи наврӯзӣ Дар бисёр маҳалҳо пеш аз фаро расидани Наврӯз мардум расму оинҳои гулгардонӣ, суманакпазӣ, ҷуфтбаророн, чоршанбеи сурӣ ё чоршанбеи охирин, ҳинобандон, бахткушоён ва ғайраро бо мақсаду ниятҳои нек иҷро мекарданд. Дар бисёр ҷойҳо рӯзи чоршанбеи охири солро «чоршанбеи сурӣ», яъне ҷашну хушнудии рӯзи чоршанбе номида, онро дар арафаи ҷашни Наврӯз барпо менамуданд. Мардум хона ва гирди оташдонро тоза мекарданд, оташ меафрӯхтанд, фол мекушоданд, ҳазориспанд дуд мекарданд, чойнику пиёлаи кафида ва тарқёфтаро дур меандохтанд, оташбозӣ (алавпарак) мекарданд. Мардуми водии Ҳисор, Қаротегин ва Кӯлоб дар чаҳоршанбеи охири сол, ҳангоми ғуруби офтоб дар майдонҳо ё кӯчаҳо оташ афрӯхта, аз болояш се бор меҷаҳиданд. Зарфи сафолиро ба оташ андохта мешикастанд ва то ба хонаҳояшон баргаштан ба қафо нигоҳ намекарданд. Дар баъзе манотиқи тоҷикнишини Осиёи Марказӣ низ маросими оташафрӯзӣ баргузор мешуд. Ба баргузории ин маросим аҳли ҳар оила аз рӯи тавоноӣ ва имкони моддии хеш омодагӣ мегирифт. Сардори оила субҳ пеш аз баромадани Офтоб бо кӯза ё зарфи об ба лаби чашма ё рӯд рафта, зарфҳоро пуроб мекард. Аз болои об се бор ҷаҳида, «Ҳар чӣ дарду бало дорам, об бибар» гуфта, оби тозаро оварда ба остонаи дари хонаи худ мерехту баъзе амалҳои рамзомезро иҷро менамуд. Ҳангоми таҷлили Соли нав дар байни мардум оростани суфраи «Ҳафтсин» маъмул буд, ки ба он ҳафт ашёи сарҳарфи номашон «син» дохил мешуданд. Ин ашё себ, сир, сирко, сабза, суманак, санҷид, сумоқ буда, ҳар кадомашон рамзу маънӣ дошт. Баъзеҳо ба пайравии «Ҳафтсин» суфраи «Ҳафтшин»-ро низ оро медоданд, ки фарогири шаҳд (асал), шир, шароб, шакар, шамъ, шамшод ва шарбат буд. Тоҷикон суфраи «Ҳафтмева»-ро меоростанд, ки аз ҳафт навъи меваҳои маҳаллӣ иборат буд. Занҳо дар арафаи Наврӯз маслиҳат карда, дар табақҳо гандум месабзонданд ва дар рӯзи муайян аз он дастаҷамъӣ дар деги калоне суманак мепухтанд. Дар айёми Наврӯз мардум ба сайру гашти идона мебаромаданд. Ҷойҳо ва мавзеъҳои махсуси сайр ва идгоҳҳо мавҷуд буданд, масалан, «Сайри соли нав», «Сайри Ширбадан», «Сайри Оби Раҳмат», «Сайри Қӯшчинор», «Сайри гули биҳӣ», «Сайри гули норинҷ» ва ғайра. Мардум гурӯҳ-гурӯҳ (занҳо ҷудо аз мардон) ба талу теппаҳои гулпӯш, лаби чашмаву канори дарёҳои мусаффо ва ҷойҳои дигари хушобуҳаво рафта, базму хурсандиҳо мекарданд. Духтарон даф зада, сурудхонӣ ва рақсу бозиҳо мекарданд, ба шохҳои дарахтони бузург арғунчак баста, алвонҷ мехӯрданд. Наврӯз дар адабиёт ва мусиқӣ Дар адабиёти хаттӣ ва эҷодиёти шифоҳӣ дар васфи Наврӯз шеъру таронаҳои бисёр эҷод гардиданд, ки дар онҳо арҷгузории арзишҳои фарҳангии миллӣ, зебоиҳои баҳор, васфи манзараҳои дилфиреби диёр, ишқу ошиқӣ, инсондӯстию рафоқат, адлу инсоф ва дигар ғояҳои умумибашарӣ аксандоз шудаанд. Машҳуртарин таронаҳову оҳангҳои наврӯзӣ, ки аз аҳди хонадони Сосониён то ин замон суруда мешуданд, инҳо буданд: «Фаҳлабодӣ», «Сабзаи баҳор», «Офарин», «Хусравонӣ», «Мардистонӣ», «Сабз андар сабз», «Нӯшинлабон», «Боғи Ширин», «Наврӯз», «Наврӯзи Хоро», «Наврӯзи Бузург», «Наврӯзи Аҷам», «Кабки дарӣ» ва ғайра. Дар ин суруду таронаҳо шуҷоату мардонагии ҷаҳонпаҳлавонон васф ва ишқу муҳаббати мардум ба зодгоҳу диёр, табиати зебоманзари кишвар ситоиш ёфтаанд. Наврӯзи байналмилалӣ Наврӯз ҷашни созандаву сулҳовар, муттаҳидкунандаи инсонҳо ва таблиғкунандаи дӯстию рафоқат, баробарӣ, адолату додгустарӣ ва ахлоқи ҳамидаи инсон аст. Ин ҷиҳати масъаларо ба эътибор гирифта, Созмони Милали Муттаҳид 23-юми феврали соли 2010 дар иҷлосияи 64-уми Ассамблеяи генералӣ қароре ба тасвиб расонд, ки тибқи он рӯзи 21-уми мартро Рӯзи байналмилалии Наврӯз эълон намуд. Мувофиқи он Наврӯз ба маҷрои тамаддуни ҷаҳонӣ ворид шуда, ҳамасола дар тамоми ҷаҳон таҷлил мегардад. Дар даврони истиқлол Наврӯз бо тамоми урфу русумаш эҳё гардида, ҳамчун ҷашни бедории табиат, ҷашни сурур ва худшиносии миллӣ бо риояи расму оин ва анъанаҳои қадимӣ вориди зиндагии мардум гардид. Ҳоло Наврӯзро дар шаҳри Душанбе дар «Наврӯзгоҳи пойтахт» ва дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар боғҳои шаҳрию фарҳангӣ ва варзишгоҳҳо таҷлил менамоянд. Дар сайргоҳҳо дастархонҳои наврӯзиро меороянд ва намоиши ҳунарҳои мардумӣ, барномаҳои ҳунарӣ созмон медиҳанд. Дар рӯзҳои ҷашни Наврӯз дар варзишгоҳҳо ва ҷойҳои махсус мусобиқаҳои гуногуни наврӯзӣ, аз қабили гуштингирӣ, аспдавонӣ, бузкашӣ ва ғайра ташкил карда мешаванд. Адабиёт: Аҳмадов Р. Наврӯзи оламафрӯз. Душанбе, 1978; Берунӣ Абурайҳон. Осору-л-боқия. Душанбе, 1990; Мирбобо А. Наврӯз ва ҷаҳонибинӣ. Душанбе, 1992; Аҳмадов Р. Наврӯзи хуҷастапай. Душанбе, 2001; Ҳамон. Фолклори маросимҳои мавсимии тоҷикони Осиёи Марказӣ. Душанбе, 2007; Раҳимов Д. Нигоҳе ба ҷашни миллӣ ва оинҳои суннатии тоҷикон. Душанбе, 2011; Аҳмадов Р. Наврӯзи оламоро. Душанбе, 2012. Р. Аҳмадов, Д. Раҳимов. --- Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 307–313.

0

Ҷашнҳои миллӣ

Меҳргон ҷашни бостонии миллист. Меҳргон аз вожаи «Меҳр» корбаст шуда, шакли аввалаи «Митра» – номи яке аз бузургтарин эзадони ҳиндуэронист, ки 1400 сол то милод дар сангнавиштаҳо ҳакк шудааст. Дар Авесто низ суруде мансуб ба Меҳр мавҷуд аст. Дар осори санскрит, бавижа дар Ведаҳо, ки қадимтарин ҷузъи он «Ригведа» аст, роҷеъ ба ин эзад иттилоъ зикр шудааст. Тибқи тақвими зардуштии авестӣ, Меҳргон рӯзи эътидоли тирамоҳӣ оғоз меёбад, ки он ба 16-уми меҳрмоҳ (моҳи ҳафтуми солшумории шамсӣ), мутобиқ ба 22 октябри солшумории григорианӣ рост меояд. Тибқи гоҳшумории авестӣ ҳар як моҳ аз 30 рӯз иборат буд, ки ҳар кадоми он рӯзҳо бо номи яке аз эзадон номгузорӣ шудааст. Ҳар гоҳ номи рӯзу моҳ бо ҳам баробар меомад, он рӯзро ҷашн мегирифтанд. Чун номи рӯзи 16-уми ҳар як моҳ «Меҳр» буд, ба он пасванди «гон»-ро изофа намуда, «Меҳргон» номида, ҷашни бузург созмон медоданд. Ҷашни Меҳргон пас аз Наврӯз куҳантарин иде мебошад, ки аз қадимулайём ба муносибати бардошти ҳосили кишти деҳқонӣ ва поён пазируфтани корҳои кишоварзӣ таҷлил мегардад. Доир ба пайдоиши ҷашни Меҳргон ривоятҳои гуногун мавҷуданд. Бино бар маълумоти Берунӣ дар «Осору-л-боқия», Фаридун ба муносибати нобуд кардани Заҳҳок дар кӯҳи Дамованд базме ороста, ба ҷашни Меҳргон асос гузоштааст. Дар даврони куҳан маъмултарин ва ҷолибтарин русуми ин ҷашн оростану перостани хони меҳргонӣ будааст, ки махсус бо анвои меваҷот сурат мегирифтааст. Дар замонҳои қадим чунин одат будааст, ки дар ҷашни Меҳргон агар касе ба тани худ равғани бон молида, ба наздиконаш гулоб пошад, ҳамеша сиҳҳату саломат ва сарбаланд мегаштааст. Дар Меҳргони бузург шоҳ намояндагони вилоятҳо ва шаҳрҳои кишварашро қабул мекард. Онҳо барои шоҳ ва ғанӣ гардондани хазинаи давлат туҳфаҳо меоварданд. Баъзан ашёи рамзиро дар лагани тилоӣ монда, болояшро бо матои гаронбаҳо пӯшонда, назди шоҳ мегузоштанд, ки ин амал пандомӯз буд. Меҳргон баробари рушди деҳқонӣ пайдо шудааст ва онро баъди ғунучини ҳосил ид мекардаанд. Деҳқонҳо ба пешвози Меҳргон ҳашар мекарданд, сарулибоси нав мепӯшиданд, сайру базмҳо анҷом медоданд, шоирон дар васфи Меҳргон шеърҳо менавиштанд. Ҳофизону мутрибон ба муносибати ин ҷашни бузург суруду оҳангҳои ҷашнӣ эҷод мекарданд, ки онҳо «Меҳргонӣ», «Меҳргони бузург», «Меҳргони хурд» ва ғайра ном доштанд. Дар рӯзи Меҳргон шоҳи сосонӣ бомдодон ҷомаи махсусе, ки аз матои «Бурди яманӣ» ва зарбофти гаронбаҳо буд, ба бар карда, тоҷи махсусро, ки нақши хуршед дошт, ба сар мениҳод, дар толори бузург менишаст ва мардуми аз вилоятҳои дури мамлакат омадаро мепазируфту ҳадяҳояшонро қабул мекард. Меҳргонро Ҳахоманишиён низ таҷлил мекарданд, дар давраи Сомониён ва то ҳамлаи муғул (асри 13) ин идро бо шукӯҳу тантана ҷашн мегирифтанд. Муғулҳо ҷашни Меҳргонро дар дарбори шоҳон манъ карда бошанд ҳам, ин ҷашн дар байни кишоварзон бо ин ё он ном таҷлил мешуд ва ин анъана то замони мо расидааст. Масалан, сокинони деҳаи Сарчашмаи ноҳияи Шаҳрисабзи вилояти Қашқадарё (Ҷумҳурии Ӯзбекистон) баъди бардошти ҳосили деҳқонӣ, дар миёнаи моҳи октябр, бо номи «Сайри мазор» ҷашне доранд. Дар ин рӯз гӯсфанд ё гов кушта, аҳли деҳа ҷашни бузурге меороянд, дастархонашонро бо меваҳои гуногун, тарбузу харбуза ва сабзавот пур карда, дар атрофи хони пурнозу неъмат тарона месароянд, дафу танбӯру дутор навохта, рақсу бозӣ мекунанд ва ин шодиву сурур то бегоҳ идома меёбад. Мардум ҷашни «Сайри мазор»-ро ба хотири фаровонии ҳосил ва осудагии рӯзгор баргузор мекунанд. Чунин маросим, ки боқимондаи ҷашни бостонии Меҳргон мебошад, дар дигар маҳалҳои тоҷикнишини Осиёи Марказӣ ҳам ба мушоҳида мерасад. Меҳргонро зардуштиёни Язд ва Кирмоншоҳи Эрон дар давоми 6 рӯз бо риояи анъанаҳои бостонӣ таҷлил мекунанд. Онҳо дар ин рӯз либоси нав мепӯшанд, даруни мурғро бо маводди ғизоӣ пур карда мепазанд, дар рӯи дастархони меҳргонӣ шарбат, гулоб, ширинӣ, сабзавот, меваҷот (анор, себ, ангур), гулҳои рангоранг, оина, сурмадон ва китоби Авесторо мегузоранд. Атрофи хони меҳргониро бо овишн (пудинаи кӯҳӣ) оро медиҳанд, гузоштани чанд адад сиккаи нуқра, санҷиду бодому писта ва зарфи оби хушбӯйи овишнро раво намуда, шамъҳоро фурӯзон ва дар зарфе испанд дуд мекунанд. Ҳангоми пешин аҳли хонавода, хурду бузург бо шодию сурур сари дастархон баробари оинаи барқад рост истода, дуо мехонанд ва сипас ба нӯшидани шарбат сар мекунанд, зану мард ба чашмонашон сурма мекашанд ва овишни хушкро бо нуқлу санҷид ба сари ҳамдигар рехта, якдигарро табрик мекунанд. Дар ин рӯз барои тозадомодону номзадҳояшон порча, ширинӣ мебаранд, ба тангдастону бечорагон ёрӣ мерасонанд. Агар дар ин рӯз тифле ба дунё ояд, номе ба ӯ мегузоранд, ки вожаи «Меҳр» дар он бошад. Масалан, Меҳрдод, Меҳрноз, Меҳрбону, Меҳрваш, Меҳрдухт, Меҳрон, Меҳрубон, Меҳроб ва ғайра. Дар даврони шӯравӣ заҳматкашон ҳар сол баъди ҷамъоварии зироат «Иди ҳосилот»-ро анҷом медоданд, ки он қисме аз унсурҳои ҷашни бостонии Меҳргонро фаро мегирифт. Рӯзҳои ҷашн дар шаҳру деҳот бозиҳои варзишӣ — бузкашӣ, гуштингирӣ, камонварӣ ва ғайра барпо мегардиданд. Баъди истиқлоли давлатии Тоҷикистон ин иди аҷдодӣ дубора эҳё шуд. Ҳоло ҳар сол дар Тоҷикистон баъди ҷамъоварии зироати кишоварзӣ ҷашни Меҳргон бо риояи русуми суннатӣ таҷлил мегардад. Ба ин муносибат дар ҷумҳурӣ Иди харбуза, Иди асал, намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, мусобиқаҳои варзишӣ, барномаҳои махсуси консертӣ ва сайругашти оммавии мардум ташкил карда мешаванд. Адабиёт: Аҳмадов Р. Наврӯзи оламафрӯз. Душанбе, 1978. Р. Аҳмадов. --- Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 306–307.

0

Либос

Маълумот оид ба либоси қадимтарини тоҷикон дар асарҳои муаррихони юнонӣ ва хитоӣ вомехӯрад. Бозёфтҳои бостоншиносӣ, тасвироти рӯи деворҳову сангҳо гувоҳӣ медиҳанд, ки аҷдоди тоҷикон аз давраи ташаккули таърихиашон дорои навъҳои гуногуни кулоҳ ва ашёи ороишу зебу зинати миллӣ будаанд. Заминаҳои пайдоиши либоси анъанавиро дар Бохтар ба асри 2 то милод мансуб медонанд. Шаклҳои дақиқи либосҳои суғдию бохтарӣ дар тасвирҳои Тахти Ҷамшед, Хизонаи Амударё ва ғайра инъикос ёфтаанд. Дар давраи Кушониён (асри 1 то милод – асри 3) дар сарулибоси аҳолии Бохтар як навъ омехтагӣ бо либоси мардуми кӯчӣ ба назар мерасад. Дар асри 5 баъди бунёди марказҳои шоҳибофии худӣ дар сарулибоси тоҷикон дигаргунӣ ворид шуд, ки пероҳани дароз, куртаи остиндароз, шалвори хиштакдор, қитфирак, хилъат, мӯзаи сабук, шипак ва ғайра хосси он замонанд. Густариши дини ислом ба Осиёи Марказӣ ба сарулибоси сокинони минтақа таъсири ҷиддӣ расонд. Барои мардуми Шарқи Наздик ва Миёна либоси шаклан ягона ба вуҷуд омад. Хилъат либоси маъмулию болопӯш буда, мардҳо аз зери он куртаву шалвор мепӯшиданд. Пероҳани занона остиндор буда, дар поин тирезҳои паҳлуӣ дошт ва аз ин рӯ қисми болои курта тангу поёни он васеъ омода мешуд. Дар асри 13 пӯшидани хилъати нимдоманҳояш уреб, ки то миён буриши паҳлуӣ ва дар пеши бар нақши гулдӯзӣ дошт, ба ҳукми анъана даромад. Маъмултарин навъи хилъати тунуки мардонаву занона қабо буд, ки аз матоъҳои гуногуни якрангаву мунаққаш истифода шуда, аз зери он куртаи сафеди ҷоки гиребонаш уфуқӣ мепӯшиданд. Ба сифати либоси ороста хилъати фаранчӣ хидмат мекард, ки онро аз болои қабо мепӯшиданду аз болои он камарбанд намебастанд. Хилъати фарачӣ ва қаборо аз матоъҳои абрешимӣ (дебову атлас, паринду дороӣ, сайфур ва ғайра) ва зарбоф (парчаву кимхо ва касабу симгун) медухтанд. Либос дар асрҳои 15–20 Дар асрҳои 15–17 занҳо ба сар рӯймоли сафеди майданақш баста, маликаҳову шоҳдухтарон бо дайҳими бо тӯғи баланд оро додашуда мегаштанд. Дар асри 18 пӯшидани фаранчиву чашмбанд роиҷ гардида, дар баъзе маконҳо ба ҷои фаранчӣ фарисар истифода мешуд, ки он чашмбанд надошт. Маводди таърихии нимаи дуввуми асри 19 – аввали асри 20 гувоҳӣ медиҳад, ки либосҳои тоҷикони қисми шимолу ҷануби Тоҷикистони кунунӣ аз якдигар андаке фарқ доштанд. Ин гуногунӣ ба иқтисодиёт ва шароити ҷуғрофиёӣ вобаста буд. Дар қисми шимоли Тоҷикистон як навъи куртаи расмӣ медухтанд, ки он «куртача» ном дошт. Пушти ин навъ куртаҳо якқад буда, камзӯлчаи пешаш чинчин дӯхта мешуд. Дар ҷануби Тоҷикистон куртаҳои идона, тӯёна ва рӯзмарраро гулдӯзиву юрмадӯзӣ мекарданд. Пойафзори занона аз масҳӣ, кафши чӯбин ва чармин иборат буд. Занон вақти кор баъзан чоруку мӯза ҳам мепӯшиданд. Либоси таҳпӯши мардон аз эзори дарози васеъ ва курта иборат буд. Буришу дӯхти курта дар ҳама ҷо яксон буда, фақат бо шакли гиребон фарқ мекард. Гиребони куртаро уфуқӣ ё шоқулӣ бурида, мағзӣ медавонданду шероза мечаспонданд. Дар шимоли Тоҷикистон куртаҳои гиребонбӯғаки тугмадор расм буд. Дар аксари ноҳияҳои кишвар аз болои курта яктах, челаки беастар мепӯшиданд. Дар водиҳои Қаротегин (Рашти имрӯза), Яғноб ва Кӯҳистони Мастчоҳ дар пеши челак аз зер матои чоркунҷаи дарозрӯя медухтанд, ки он вазифаи куртаро адо мекард. Дар шимоли Тоҷикистон яктахҳои пешкушодро ба ҷои курта мепӯшиданд. Дар Бадахшон ва баъзе деҳаҳои Дарвоз аз болои курта камзӯлчаҳои кӯтоҳи беостин (васкат) мепӯшиданд. Ҷомаҳои серпахтаву кампахтаи абраву астардор, ки дар лаби доман, сари остинаш зеҳ мешинонданд ва чакмани моҳутӣ, пашмин ва пӯстин либоси зимистона ҳисоб меёфтанд. Баъди ба Руссия ҳамроҳ карда шудани Осиёи Миёна либоси аврупоӣ маъмул гашт. Соли 1895 дар бозори Панҷшанбе ва атрофи он 23 дӯкони дӯзандагӣ мавҷуд буд. Охири асри 19 – ибтидои асри 20 либоси боло (мунисак, калтача) барои занон ҳатмӣ буд. Дар Душанбе ғайр аз мунисак ҳамчунин челакҳои гиребондор (3–4 сантиметр) низ мепӯшиданд. Остини челаки мардона то панҷаи даст, занона аз панҷаи даст дарозтар буд. Солҳои 20 асри 20 пероҳани гиребонаш рости парпар (чинчин) роиҷ шуд. Солҳои 30 пероҳани то сари китф буришдор, остинкӯтоҳ, гиребонхобида, тоқӣ ва камзӯлча пайдо шуданд. Устоҳои кафшдӯз ба дӯхтани мукӣ, чорук ва мӯза тахассус дошта, кафшҳои зебои мардонаву занона медухтанд. Истеҳсоли саноатӣ ва тарроҳии либос Дар замони шӯравӣ тарзи саноатии истеҳсоли либос ба роҳ монда шуд. Фабрикаи дӯзандагии Ленинобод (ҳоло Хуҷанд), фабрикаи дӯзандагии Табошар, корхонаҳои дӯзандагии «Гулистон», «Тоҷикатлас», Иттиҳодияи истеҳсолии дӯзандагии «50-солагии Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ», фабрикаи трикотаж дар шаҳри Душанбе, фабрикаи дӯзандагии Норак ва ғайра дар ин ҷода фаъолияти босамар доштанд. Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар кишвар чандин корхонаи нави дӯзандагӣ арзи вуҷуд кард. Дар Душанбе корхонаҳои «Дилором», «Гулдаст», «Ёқут», «Чевар», «Тоҷтекс», дар Хуҷанд корхонаҳои «Суғдиён», «Лидер», дар Истаравшан ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ноҳид», корхонаҳои «Палос» дар Бӯстон, «Шарофат» дар Ҳисор, «Субҳи Рашт», корхонаи дӯзандагии «Хайёт» дар Хоруғ ба истеҳсол ва фурӯши анвои гуногуни либос машғуланд. Дар эҳёи суннатҳои қадимии либосдӯзӣ, барқарорсозии нақшу унсурҳои қадимӣ дар тарҳҳои наву замонавӣ ва тарғиби либосҳои миллии тоҷикон тарроҳони боистеъдод М. Қаюмова, Н. Имронова (ҷоизадори Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг барои тарроҳиву навоварӣ), Н. Икромова, Х. Сатторов, М. Ҳамроева, У. Кучкалиев, С. Ҳамроева, С. Махсумов, Р. Шералиева, С. Ғуломова, Л. Мамадсултонова, М. Бобоқулов, У. Порсоева, Д. Турсунова, С. Каримова, М. Акбарова, М. Ниёзова саҳми назаррас дошта, бо коллексияи либосҳои эҷод намудаашон дар ҳафтаҳои муди ватанӣ ва намоишгоҳҳои байналмилалӣ ширкат меварзанд. Барои нигоҳдошт, тарғиб ва рушди ҳунари либосдӯзӣ фестивали байналмилалии «Диёри ҳусн» баргузор мешавад. Дар озмунҳои «Чакомаи гесӯ», «Чевар» ва «Атласи Хуҷанд» низ беҳтарин намунаҳои ҳунари чеварони тоҷик намоиш дода мешаванд. Либос ва таҳсили тарроҳӣ дар ҷомеаи муосир Дар ҷомеаи муосир либоси анъанавӣ синтези услубҳои миллӣ ва ғарбиро дар бар мегирад. Ҳолати ба бар кардани нимтанаи боронӣ аз болои куртаву поҷомаи миллӣ мисоли возеҳи чунин либоспӯшӣ аст. Либосҳое, ки аз матоъҳои миллӣ дӯхта шуда, шаклбурии гуногуни навбаромад доранд, васеъ паҳн гардидаанд. Масалан, дар солҳои охир ба бар кардани болопӯшҳои аз атласу адрас дӯхташуда ё бо гулдӯзии миллӣ оро додашуда оммавӣ гаштааст. Бо мақсади омода намудани дизайнерону тарроҳони либос дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон кафедраи дизайни либос ва санъати муд ва дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон кафедраи тарҳрезии бадеии либос фаъолият доранд. Таълими дизайнерону тарроҳони либос инчунин дар чанде аз муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва коллеҷҳову литсейҳо ба роҳ монда шудааст. --- Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 300–301.

0

Тоҷикистон дар солҳои 1959–1991

Ҳаёти иҷтимоӣ-сиёсӣ Солҳои 50–80-уми асри 20 дар кишвар Ҳизби коммунистии Тоҷикистон ҳукмрон буд. Котибони якуми Кумитаи марказии Ҳизби коммунистии Тоҷикистон — Т. Улҷабоев (1956–1961), Ҷ. Расулов (1961–1982), Р. Набиев (1982–1985), Қ. Маҳкамов (1985–1991) ва дигар роҳбарони ҷумҳурӣ бо розигии роҳбари Ҳизби коммунистии Иттиҳоди Шӯравӣ интихоб ё таъйин мешуданд. 14–15 январи 1959 дар Анҷумани 12-уми ғайринавбатии Ҳизби коммунистии Тоҷикистон нақшаи ҳафтсолаи (1959–1965) рушди иқтисодиёти кишвар қабул шуд. Барои татбиқи он 8,6 миллиард сӯм пешбинӣ шуд, ки ин нишондод нисбат ба ҳамаи маблағгузориҳои пешини Ҳокимияти Шӯравӣ дар соҳаи хоҷагии қишлоқи ҷумҳурӣ зиёдтар буд. Апрели 1959 ҷаласаи машваратии ҷумҳуриявӣ оид ба масъалаҳои идеологӣ қарорҳои Анҷумани 21-уми Ҳизби коммунистии Иттиҳоди Шӯравиро муҳокима карда, доир ба пешбурди корҳои таблиғотӣ тадбирҳои мушаххас андешид. Солҳои 1957–1959 Ҳукумати ҷумҳурӣ барои азхудкунии заминҳои нави корам беш аз 20 миллион сӯм ҷудо кард. Дар доираи ин лоиҳа 2692 хоҷагӣ аз ноҳияи кӯҳистони Мастчоҳ ба заминҳои дашти Дилварзин кӯчонда шуданд. 18–25 ноябри 1959 дар асоси қарори сессияи муштараки Шӯрои Олии Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон 50 ҳазор гектар замини Мирзочӯл ба ихтиёри Тоҷикистон гузашт. 11–12 апрели 1961 Пленуми 7-уми Кумитаи Марказии Ҳизби коммунистии Тоҷикистон бо ширкати котиби Кумитаи марказии Ҳизби коммунистии Иттиҳоди Шӯравӣ Ф. Р. Козлов баргузор гардид. Дар пленум бо ҷурми изофанависӣ котиби якуми Кумитаи Марказии Ҳизби коммунистии Тоҷикистон Т. Улҷабоев, котиби ин ниҳод П. С. Обносов, раиси Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон Н. Додхудоев аз вазифаҳояшон озод карда шуданд. Ҳамчунин Ҷ. Расулов котиби якум ва А. Қаҳҳоров раиси Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон таъйин гардиданд. 25–26 декабри 1963 дар Анҷумани 15-уми Ҳизби коммунистии Тоҷикистон барномаи васеи рушди минбаъдаи соҳаҳои иқтисодиёт қабул гардид. Бо дар назар доштани захираҳои бузурги гази табиӣ, ангишт, намаки ошӣ, карбонат ва дигар ашёи хоми минералӣ рушди саноати химия дар ҷумҳурӣ мувофиқ дониста шуд. Соли 1962 дар асоси қарорҳои Пленуми ноябри Кумитаи Марказии Ҳизби коммунистии Иттиҳоди Шӯравӣ фаъолияти ниҳодҳои ҳизбӣ бар асоси принсипҳои истеҳсолӣ ба роҳ монда шуд. Ду ниҳоди мустақили ҳизбӣ: саноатӣ ва кишоварзӣ ташкил ва кумитаҳои ҳизбии ноҳияҳо барҳам дода шуданд. Дар асоси ин ислоҳот кумитаҳои ҳизбии калони колхозию совхозӣ ва саноатӣ ташкил ва ҳалли минбаъдаи масъалаҳои ташкилӣ ва кадрӣ мушкил шуд. Ин дигаргунӣ боиси афзоиш ёфтани воҳидҳои кории кумитаҳои ҳизбӣ гардид; робитаи ниҳодҳои ҳизбии шаҳру деҳот заиф гардид; кумитаҳои ҳизбӣ ба масъалаҳои истеҳсолӣ машғул шуданд ва корҳои тарбиявӣ аз мадди назари онҳо берун монданд. Ҳамаи ин нишондодҳои манфӣ тақозо менамуданд, ки сохтори мавҷудаи ниҳодҳои ҳизбӣ тағйир дода шавад. Соли 1964 бо қарори Пленуми ноябри Кумитаи Марказии Ҳизби коммунистии Иттиҳоди Шӯравӣ ташкилоти ҳизбии саноатӣ ва кишоварзии вилоятию ноҳиявӣ муттаҳид карда шуданд. Дар ин давра шӯроҳои депутатҳои заҳматкашон дар татбиқи вазифаҳои рушди иқтисодиёт, беҳбудии сатҳи маданию маишии аҳолӣ, маорифи халқ ва тандурустӣ, ободонии шаҳр, шаҳраку деҳоти кишвар, таҳкими интизоми ҷамъиятӣ, тартиботи оммавӣ ва қоидаҳои идораи демократӣ нақши бузург доштанд. Баъди қабул шудани Конститутсияи нави Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон (1978) фаъолияти шӯроҳои Тоҷикистон тағйир ёфта, шӯроҳои нави ноҳиявии Ленинград (Муъминобод), Фрунзе (Сино), Чилликӯл, Коммунистӣ, Илич, Ховалинг ва беш аз 50 шӯрои деҳоту шаҳракҳо ташкил шуданд. Аз ибтидои солҳои 80-ум дар ҷумҳурӣ шумораи шӯроҳои маҳаллӣ (432), вилоятӣ (4), шаҳрӣ (14), ноҳиявӣ (39), шаҳрак (49), деҳот (320) ва депутатҳо афзоиш ёфт, аммо дар фаъолияти шӯроҳо камбудиҳои ҷиддӣ вуҷуд доштанд. Номзадии кормандони роҳбарикунанда ба депутатӣ бидуни рақобат дар Кумитаи Марказӣ, кумитаҳои ҳизбии вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ муайян мешуд. Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон ҳамчун ташкилоти оммавии ҷамъиятӣ дар рушди ҳаёти иқтисодӣ, фарҳангӣ ва маишии мардум саҳми бузург гузоштанд. Дар миёнаи солҳои 80-ум дар Тоҷикистон 21 кумитаи ҷумҳуриявӣ, 4 вилоятӣ, 240 шаҳрию ноҳиявии иттифоқҳои касаба мавҷуд буданд. Соли 1985 иқтисодиёти Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ ба буҳрон рӯбарӯ шуд. Апрели 1985 дар Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ ба хотири бартараф кардани буҳрони иқтисодӣ сиёсати бозсозӣ ҷорӣ гардид. Январи 1986 дар Анҷумани 20-уми Ҳизби коммунистии Тоҷикистон барои татбиқи сиёсати бозсозӣ нақшаи панҷсолаи 12-ум (1986–1990) қабул шуд. Июни 1989 Конференсияи 19-уми Ҳизби коммунистии Иттиҳоди Шӯравӣ «Дар бораи демократикунонии ҷомеаи шӯравӣ ва ислоҳоти сохтори сиёсӣ», «Дар хусуси мубориза бо бюрократизм», «Дар бораи муносибатҳои байнамиллалӣ», «Дар бораи ошкорбайнӣ», «Дар хусуси ислоҳоти ҳуқуқӣ» қарор қабул кард. Дар заминаи ин иқдомҳо дар Тоҷикистон низ ҳаракатҳои мардумӣ барои эҳё ва густариши арзишҳои миллӣ сар заданд. 24 феврали 1989 дар шаҳри Душанбе бо шиорҳои «Ба забони тоҷикӣ мақоми давлатӣ дода шавад», «Мо эҳёи маданияти қадимаи тоҷиконро талаб мекунем», «Мо тарафдори бозсозием» гирдиҳамоӣ доир гардид. Зери фишори гирдиҳамомадагон раиси Президиуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон Ғ. Палаев ба минбар баромада, ваъда дод, ки талаби онҳо иҷро мешавад. 22 июни 1989 дар Иҷлосияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Қонуни забони тоҷикӣ (форсӣ)» қабул шуд, ки забони тоҷикӣ дар ҷумҳурӣ мақоми давлатӣ пайдо кард. 14 октябри 1989 дар анҷумани муассисони Бунёди забони тоҷикӣ (форсӣ) Оиннома қабул ва раиси ин бунёд (Лоиқ Шералӣ) интихоб шуд. Солҳои 1989–1991 дар натиҷаи ҷамъомаду гирдиҳамоиҳои маҳфили «Рӯ ба рӯ» (раиси маҳфил З. Саидов; муовин – Ҷ. Исоев), созмони «Растохез» (раис Т. Абдуҷаббор; муовинон — Х. Ҳамидов ва М. Мирраҳимов), ҷамъияти «Ошкоро»-и Кӯлоб (сарвар Р. Абдураҳим), «Эҳёи Хуҷанд», «Ваҳдат»-и Ӯротеппа (Истаравшан), «Дирафши Ковиён»-и Норак, «Бохтар»-и Ховалинг, «Меҳан»-и Исфара, «Лаъли Бадахшон», «Ҳисори шодмон», «Меҳри Хатлон», «Носири Хусрав», Ҳизби демократии Тоҷикистон (таъсис; 10 августи 1990; раис Ш. Юсуф, муовинони раис – Р. Мусулмониён, И. Холназар, А. Очилов ва В. Терлотский), Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (4 декабри 1991) ва ғайра таъсис ёфтанд. То оғози ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон шумораи ҳизбу созмонҳо ба 70 адад расид, ки аз рӯи мақсад ва ҳадафҳои оинномавиашон онҳо ба чанд гурӯҳ тақсим мешуданд: созмонҳои сиёсӣ; созмонҳои сиёсию ҷамъиятӣ; созмонҳои минтақавию маҳаллӣ; созмонҳои ақаллиятҳои миллии Тоҷикистон; анҷуманҳои мазҳабӣ. Дар арафаи фурӯпошии Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ дар Тоҷикистон низ мушкилоти зиёд ҷой дошт, ки ин амр боиси норозигии мардум гардид: масъалаҳои миллӣ, динию мазҳабӣ, манзилӣ, бекорӣ, нобаробар ҷойгир шудани корхонаҳои саноатӣ дар минтақаҳои кишвар, мансабпарастӣ, маҳалгароӣ, фасоди идорӣ ва ғайра Чунончи, шаҳри Душанбе 601,5 ҳазор (1989) аҳолӣ дошт, ки тоҷикон ҳамагӣ (235,3 ҳазор) ва боқӣ намояндаи дигар халқҳо (348,7 ҳазор) буданд. Вале асосан русҳо, намояндагони дигар халқҳои аврупоӣ дар марказ ва тоҷикон дар гӯшаю канори шаҳр зиндагӣ мекарданд. Соли 1990 дар кони тилои «Дарвоз»-и ноҳияи Ховалинг аксари коргарон русзабон (274) ва 41 нафар коргари маҳаллӣ буданд. Аз ибтидои соли 1990 дар кишвар нооромиҳо сар заданд. Дар масҷидҳои Душанбе асосан овоза паҳн гардид, ки гӯё шумораи зиёди гурезаҳои арманитабори Озарбойҷон дар хонаҳои навсохти пойтахт бо манзил таъмин мешаванд. 11 феврали 1990 дар назди бинои Президиуми Шӯрои Олии Тоҷикистон тақрибан 2,5 ҳазор нафар талаб намуданд, ки гурезаҳои арманӣ аз кишвар хориҷ карда шаванд. Ҳамзамон озарбойҷониҳо овоза паҳн намуданд, ки гӯё дар шаҳри Спитақ арманиҳо кӯмакҳои Тоҷикистон, аз ҷумла ҷомаҳои тоҷикиро ба нишони таҳқир поймол намуданд. 12 феврал тақрибан 5–7 ҳазор нафар дар назди бинои Кумитаи Марказӣ ҷамъ омаданд. Котиби якуми Кумитаи Марказии Ҳизби коммунистии Тоҷикистон Қ. Маҳкамов дар назди онҳо суханронӣ кард, аммо мардум пароканда нашуданд. Дар ин асно гурӯҳҳои ҷиноятпеша мағозаи «Ҷавоҳирот» ва бозори «Баракат»-ро ғорат карданд; 9 нафар ба қатл расид. Соати 21.00 дар шаҳр вазъияти фавқулодда ва реҷаи комендантӣ ҷорӣ карда шуд. Шаби 23–24 феврал роҳбарони ҷумҳурӣ Қ. Маҳкамов, Ғ. Палаев ва И. Ҳаёев зери фишори мардум истеъфо доданд, аммо ҷаласаи фаъолони ҳизбии шаҳри Душанбе ин тасмими онҳоро напазируфт. 14 феврал Қ. Маҳкамов дар Пленуми 16-уми Кумитаи Марказии Ҳизби коммунистии Тоҷикистон доир ба гирдиҳамоии Душанбе гузориш дод. Рӯзҳои 15–17 феврали 1990 дар Тоҷикистон мотам эълон гардид. 18 феврал дар назди Коҳи Борбад бо ҳузури 15 ҳазор нафар зери шиори «Дӯстии халқҳо», «Русҳою тоҷикон бародаранд» гирдиҳамоӣ доир гардид. Дар воқеаҳои февралӣ 22 нафар ҳалок шуда, 188 нафар ҷароҳат бардоштанд. Тадриҷан фишори ҳукумат нисбат ба ҳизбу ҳаракатҳои мухолифин зиёд шуд. 22 ноябри 1990 баъзе роҳбарони Ҳизби демократии Тоҷикистон аввалан дар майдони ба номи Ленини шаҳри Душанбе ва баъдан дар қароргоҳи ҳизб (кӯчаи Пушкин) гуруснанишинии сиёсӣ эълон карданд. Талаби гуруснанишинон: 1–2 декабри 1990 барои даъвати анҷумани Ҳизби демократии Тоҷикистон иҷозат дода шавад; Интихоби президенти ҷумҳурӣ ба тариқи овоздиҳии умумӣ ва алтернативӣ гузаронида шавад; ба таъқиби аъзои раёсати Ҳизби демократии Тоҷикистон ва дигар озодфикрон хотима дода шавад; ба раёсати Ҳизби демократии Тоҷикистон иҷозат дода шавад, ки тариқи телевизионии ҷумҳурӣ назари хешро ба мардум мустақиман расонанд. Ин гуруснанишинии сиёсӣ дар байни бошандагони шаҳрҳои Душанбе ва Кӯлоб ҳамовозӣ пайдо кард. 30 ноябри 1990 дар интихоботи президентӣ Қ. Маҳкамов (131 овоз) бар рақиби сиёсаш Р. Набиев (89) ғолиб омада, нахустин Президенти Тоҷикистон гардид. 2 апрели 1991 зери фишори мухолифин иҷлосияи Шӯрои Олии Тоҷикистон ба хотири ҳаллу фасли масоили зерин даъват карда шуд: ахбори Р. Набиев «Дар бораи вазъияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»; истеъфои раис (С. Кенҷаев) ва Раёсати Шӯрои Олии Тоҷикистон; ба ҳайати Шӯрои Олӣ дохил намудани вакилони мухолифин – С. Қаҳҳоров, Ҳ. Тӯраҷонзода, А. Соҳибназаров ва С. Тӯраев; беэътибор эълон кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиби гузаронидани гирдиҳамоиҳо, митингҳо ва роҳпаймоиҳо»; бекор кардани иловаҳои иҷлосияи 12-уми Шӯрои Олӣ ба моддаи 139-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон; баргузор намудани интихоботи парламенти нав дар даҳаи аввали декабри 1992 ва пазируфтани панҷ аъзои ҳизбу созмонҳои сиёсӣ ба ҳайати комиссияи конститутсионӣ; ташкили комиссия доир ба таҳқиқи корномаи ҷиноятии М. Икромов ва ғайра. 21 апрели 1991 истеъфои раиси Шӯрои Олӣ С. Кенҷаев қабул нашуд ва роҳбарони мухолифин толори Шӯрои Олиро муҳосира карданд. Шаби 22 апрел 17 нафар депутати Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовинони сарвазир Ҳ. Саидмуродов ва С. Хайруллоев ба асорат афтоданд. 23 апрел С. Кенҷаев зери фишори мухолифин ба истеъфо рафт. А. Искандаров намояндаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, муовини аввали раиси Шӯрои Олӣ иҷрокунандаи вазифаи ин ниҳод гардид. 24 апрели 1992 Президенти Тоҷикистон Р. Набиев С. Кенҷаевро раиси Кумитаи бехатарии Тоҷикистон таъйин намуд. 29 августи 1991 дар иҷлосияи ғайринавбатии Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон талаб шуд, ки бо сабаби ҷонибдориаш аз Кумитаи давлатии вазъи фавқулодда истеъфо диҳад. Ҳамзамон гирдиҳамомадагони майдони ба номи Ленин (воқеъ дар муқобили бинои парламенти Тоҷикистон) истеъфои Президент Қ. Маҳкамов, раиси Шӯрои Олӣ Қ. Аслонов ва сарвазири кишвар И. Ҳаёевро талаб карданд. 31 август аксари аъзои парламент истеъфои президентро ҷонибдорӣ карданд ва бо талаби 172 намояндаи мардум Қ. Маҳкамов истеъфо дод. Раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон Қ. Аслонов ҳамзамон иҷрокунандаи вазифаи Президент таъйин гардид. 31 август Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон табдили ном кард. 9 сентябри 1991 истиқлоли Тоҷикистон эълон карда шуд. Иқтисодиёт Дар давраи нақшаи ҳафтсола (1959–1965) соҳаҳои саноат, сохтмон ва нақлиёт тараққӣ карда, саноати мошинсозӣ ва электротехника ба вуҷуд омад. Ҳиссаи саноат дар таркиби маҳсулоти ҷамъиятӣ 55% ва афзоиши истеҳсолоти саноатӣ 80%-ро ташкил дод. Бо ҷалби маблағгузориҳои калони ташкилотҳои давлативу кооперативӣ дар Тоҷикистон 125 корхона ва коргоҳҳои бузурги давлатӣ сохта ба истифода дода шуданд. Масалан, заводи таъмириву экскаваторӣ, заводҳои хонасозӣ, равғанкашӣ, қолинбофӣ, фабрикаҳои мебелсозӣ, коркарди пахта ва ғайра. Дар заводи «Тоҷиктекстилмаш», ки нахустин корхонаи мошинсозӣ дар ҷумҳурӣ буд, истеҳсоли дастгоҳҳои худкори бофандагӣ ба роҳ монда шуда, заводи «Тоҷиккабел» ба кор дароварда шуд. Бо пешрафти саноати электротехника дар ҷумҳурӣ соли 1960 Заводи таҷҳизоти пастшиддати барқии Адрасмон ва Заводи электротехникии Исфара сохта шуданд; соли 1962 Заводи трансформатори Қӯрғонтеппа, Заводи «Металлоширпотреб» ва заводи «Торгмаш», ки аз нав муҷаҳҳаз гардида буданд, ба кор шурӯъ карда, соли 1963 сохтмони аввалин Заводи нуриҳои азотии Вахш сар шуд. Соҳаи барқ низ ба муваффақияти бузург ноил гардид. Маркази истеҳсоли барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе ба фаъолият оғоз кард, ки барои беҳтар гардидани таъминоти барқии корхонаҳои саноатии пойтахти ҷумҳурӣ ва сохтмони неругоҳи барқи обии Норак имконият фароҳам овард. Соли 1960 неругоҳи барқи обии Сарбанд ба кор шурӯъ кард. Соли 1962 бори нахуст дар кишвар автоматикунонӣ ва телемеханизатсияи идоракунии кори силсилаи се неругоҳи барқи обии Варзоб пурра ба итмом расид. Сохтмони иншооти азим – неругоҳи барқи обии Норак бо иқтидори 2,7 миллион киловатт дар дарёи Вахш сар шуд. Нақлиёти автомобилӣ ва ҳавоӣ тараққӣ кард. Собиқ Шуъбаи душанбегии роҳи оҳани Тошканд ба ҳамлу нақли бор ва мусофирон шурӯъ карда, гардиши бор дар нақлиёти автомобилӣ дар ин давра назар ба соли 1958 беш аз ду баробар афзуд. Флоти ҳавоии граждании Тоҷикистон соҳиби ҳавопаймоҳои ИЛ-18 гардид. Дар давраи панҷсолаи ҳаштум (1966–1970) саноат ба соҳаи пешбарандаи иқтисод табдил ёфта, тақрибан 100 корхонаву коргоҳи бузург ба кор дароварда шуданд. Масалан, Заводи нуриҳои азотии Вахш, Заводи яхдонбарории «Помир», Заводи «Гипрозол» дар шаҳри Ҳисор, Комбинати ғанигардонии кӯҳии Анзоб ва ғайра. Дар ин давра корхонаҳои саноатии ҷумҳурӣ ба низоми нави банақшагирӣ ва ҳавасмандии иқтисодӣ гузаштанд. Аз рӯи ин низом 263 корхона ба кор шурӯъ кард. Ҳаҷми маҳсулоти саноатии истеҳсол кардагии онҳо 71% ва фоидаи он 87%-ро ташкил дод. Шумораи миёнаи солонаи коргарону хизматчиён дар соли 1970 586 ҳазор нафарро ташкил кард. Маҳсулоти саноати вазнин аз қабили дастгоҳҳои бофандагии худкор, трансформаторҳо, қисмҳои эҳтиётии тракторҳо, арматураҳои нафтӣ, кабелҳо ва ғайра бештар содирот мешуданд. Заводи арматурсозии ба номи Орҷоникидзе заводҳои коркарди нафти Руминия, Чехословакия, Ҳиндустон ва беш аз 30 давлати хориҷиро бо таҷҳизот таъмин мекард. Дастгоҳҳои худкори бофандагии заводи «Тоҷиктекстилмаш» ба Чехословакия, Полша, Булғористон, Ҷумҳурии Халқии Демократии Корея, Маҷористон, Олмони Шарқӣ, Марокаш, Лубнон, Ҳиндустон ва ғайра содир мешуданд. Бо афзоиши иқтидори кишоварзӣ шумораи паркҳои тракторӣ дар соли 1970 нисбат ба соли 1960 аз 15006 то 32619 адад, автомобилҳои боркаш аз 6698 то 10506 адад ва мошини пахтачинӣ аз 915 ба 1188 адад расид. Иншооти обёрӣ дар Дашти ташналаб ва Дилварзин, водии Ёвон ва Обикиик, майдонҳои Қараланг, Гулистон, Қумсангир ва ғайра, инчунин хонаҳои истиқоматӣ, осоишгоҳҳо ва муассисаҳои тиббӣ ва пешгирии беморӣ сохта шуданд. Соли 1970 тақрибан 960,4 ҳазор нафар ба таҳсили илм фаро гирифта шуданд. Тақрибан 120 ҳазор мутахассисон дорои маълумоти олӣ ва миёнаи махсус буданд. Дар ҷумҳурӣ 1163 китобхона фаъолият дошт, 61 рӯзнома ва 36 маҷаллаву дигар нашрияҳои даврӣ чоп мешуданд. Солҳои 70-ум соҳаҳои саноат ва энергетика рушд намуда, Комплекси минтақавии истеҳсолии Тоҷикистони Ҷанубӣ сохта шуд, ки дар тӯли панҷ сол дар он 500 миллион сӯм сарф карда шуд, аз ҷумла се агрегати неругоҳи барқи обии Норак, навбати якуми Заводи алюминийи Тоҷик, неругоҳи барқи обии Хоруғ, корхонаҳои нави Заводи нуриҳои азотии Вахш, Комбинати коркарди маъданҳои кӯҳӣ, Комбинати маъданбарории Адрасмон ба кор даромаданд. Ҳамзамон, сохтмони роҳи оҳани Тирмиз – Қӯрғонтеппа (зиёда аз 200 километр) ба анҷом расид ва хатти қубури газ ба шаҳри Душанбе гузаронида шуд. Дар ин давра даромади миллӣ 33%, фонди истеъмоли ҷамъиятӣ 64% зиёд гардид. Даромади аслӣ барои ҳар як фард 25%, коргарону хизматчиён 19% ва колхозчиён 32% зиёд шуд. Андозаи ҳадди ақалли нафақа ва кӯмакпулиҳо низ афзуданд. Бо татбиқи нақшаҳои панҷсолаи 10-ум ва 11-ум тамоми соҳаҳои хоҷагии қишлоқ босуръат инкишоф ёфтанд. Баробари ба кор даровардани неругоҳи барқи обии Норак (1980), истеҳсоли неруи барқ дар Тоҷикистон зиёда аз 10 маротиба афзоиш ёфт. Заводи алюминийи Тоҷик ва корхонаҳои калони Заводи электрохимиявии Ёвон таъсис ёфтанд. Сохтмони неругоҳҳои барқи обии Бойғозӣ ва Роғун, обанбори Кофарниҳони Поён, обёрии 55 ҳазор гектар замини нав ва ғайра пешбинӣ шуд. Саноати Тоҷикистон дар охири солҳои 80-ум мунтазам тараққӣ карда, беш аз 400 корхонаи саноатӣ амал менамуд. Дар ин давра пахтакорони Тоҷикистон нахустин бор баландтарин нишондиҳандаи ҳосили пахта (аз ҳар гектар ба ҳисоби миёна 32,8 сентнер)-ро ба даст оварданд. Рушди босуръати иқтисод боиси беҳбудии сатҳи зиндагии аҳолӣ гардид. Музди миёнаи моҳонаи коргарон ва хизматчиён 8,1%, даромади колхозчиён аз хоҷагии ҷамъиятӣ зиёда аз 15%, фондҳои истеъмолии ҷамъиятӣ 28,4% зиёд шуд. Пардохт ва имтиёзҳо барои тамоми аҳолӣ аз ҳисоби фондҳои ҷамъиятӣ аз 1144,5 миллион сӯм (1980) ба 1464 миллион сӯм (1985) афзоиш ёфт. Дар панҷсолаи 12-ум (1986–1990) Комплекси минтақавию истеҳсолии Тоҷикистони Ҷанубӣ самтҳои асосии иқтисодиёти ҷумҳуриро муайян мекард. Аз солҳои 80-ум дар заминаи муттаҳидшавии совхозу заводҳо комплекси ягонаи истеҳсолӣ, аз ҷумла иттиҳодияҳои истеҳсолӣ дар Қӯрғонтеппа, Хуҷанд, Истаравшан, Панҷакент, Шаҳринав ва ғайра ба вуҷуд омаданд. Баъди истиқлол ёфтани Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳадафи асосии ислоҳоти иқтисодӣ гузариш аз низоми маъмурӣ ба низоми иқтисоди бозорӣ буд. Бо ин мақсад дар ҷумҳурӣ тақрибан 2800 корхонаи хурду калони давлатӣ хусусӣ шуда ва ҷамъиятҳои саҳомӣ таъсис ёфтанд. Илму фарҳанг Ҳукумати ҷумҳурӣ ба масъалаи инкишофи илму маориф ва таълими насли наврас диққати ҷиддӣ медод. Аз 1 октябри 1962 дар мамлакат маълумоти ҳатмии 8-сола ҷорӣ гардид. Солҳои 60–80-ум дар ҷумҳурӣ зиёда аз 1,7 ҳазор мактабҳои нав бунёд шуданд. То соли 1985 шумораи мактабҳои таҳсилоти умумӣ (2761 адад: 1508 мактаби таҳсилоти миёна; 649 мактаби 8-сола; 594 мактабҳои ибтидоӣ), мактаб-интернатҳо (41 адад) интернатҳои махсус (14 адад) ва мактабҳои шабона (323 адад) афзоиш ёфт. Аз соли 1964 маоши омӯзгорони мактабҳои деҳот ба шаҳр баробар шуд. Бо мақсади баланд бардоштани маҳорати касбии омӯзгорон соли 1962 дар шаҳри Душанбе Донишкадаи марказии такмили ихтисоси омӯзгорон ташкил ёфт. Ҳамчунин дар шаҳру деҳот барои таълиму тарбияи кӯдакон чандин яслӣ-боғча бунёд карда шуд. Дар ин давра 4757 омӯзгор бо ордену медалҳои давлатӣ ва ду нафар (Х. Каримова ва М. Маҳмудова) ба унвони Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ сарфароз шуданд. Соли 1962 Институти омӯзгории шаҳри Кӯлоб дубора ба кор шурӯъ кард. Баъдан Институти тарбияи ҷисмонӣ (1971), Институти давлатии санъат (1973), Институти давлатии омӯзгории забон ва адабиёти рус (1980) бунёд ва шуъбаи Институти политехникӣ дар шаҳри Хуҷанд ва шуъбаи Институти омӯзгории шаҳри Душанбе дар шаҳри Қӯрғонтеппа кушода шудаанд. Дар соли таҳсили 1984–1985 (58,8 ҳазор) шумораи донишҷӯёни мактабҳои олии ҷумҳурӣ нисбат ба соли таҳсили 1960–1961 (20 ҳазор нафар) тақрибан 3 баробар афзуд. Ҳамзамон шумораи таълимгоҳҳои миёнаи махсус ҳам аз 22 адад ба 39 адад расид. Соли 1980 дар мактабҳои олии ҷумҳурӣ 4402 устод (104 доктори илм, 1370 номзадҳои илм) аз рӯи 102 ихтисос ба донишҷӯён дарс медоданд. Аз октябри 1969 дар назди мактабҳои олӣ шуъбаҳои тайёрӣ ташкил шуданд. Дар аксар мактабҳои олӣ таълим асосан бо забони русӣ сурат мегирифт. Соли 1974 шумораи кормандони илмии Академияи илмҳои Тоҷикистон ба 1200 нафар расид, ки тақрибан 400 нафар унвони докторӣ ва номзадӣ доштанд. Соли 1985 шумораи умумии кормандони илмӣ дар ҷумҳурӣ ба 8452 (229 доктор, 3074 номзади илм) нафар расид. Дар ташаккулу инкишофи илми тоҷик олимони машҳур, аз қабили муаррихон Б. Ғ. Ғафуров, А. А. Семёнов, А. Ю. Якубовский, З. Ш. Раҷабов, Б. И. Искандаров, Р. Масов; шарқшиносон С. Айнӣ, Е. Э. Бертелс, А. Мирзоев; файласуфон А. М. Баҳоваддинов, М. С. Осимӣ, М. Д. Диноршоев; зоолог ва паразитолог Е. Н. Павловский; хокшинос И. Н. Антипов-Каратаев; селекционерҳо В. П. Красичков, Б. Сангинов; ҳуқуқшинос С. А. Раҷабов; геологҳо С. Юсупова, Б. Баротов; физикҳо С. У. Умаров, А. А. Адҳамов; риёзидон А. Ҷ. Ҷӯраев; зилзиласанҷ С. Ҳ. Неъматуллоев; табибон Қ. Т. Тоҷиев, Ҳ. Ҳ. Мансуров, Ю. Б. Исоқӣ, М. Ғ. Ғуломов ва дигарон нақши бузург гузоштанд. Дар ин давра асарҳои бунёдии «Тоҷикон»-и Б. Ғафуров (нашри русӣ, соли 1972), «Таърихи халқи тоҷик» (иборат аз 3 ҷилд, 5 китоб), «Фарҳанги забони тоҷикӣ» (ду ҷилд), «Очеркҳои таърихи адабиёти советии тоҷик» (ду ҷилд), «Энциклопедияи советии тоҷик» (8 ҷилд) нашр шуданд. Дар соҳаи адабиёт достонҳои «Ҷони ширин», «Аз Ганг то Кремл»-и М. Турсунзода, романи «Восеъ»-и С. Улуғзода, романҳои «Духтари оташ», «Дувоздаҳ дарвозаи Бухоро»-и Ҷ. Икромӣ, «Шӯроб»-и Р. Ҷалил, достонҳои «Сурӯши Сталинград», «Гаҳвораи Сино»-и М. Қаноат, шеъру ғазалҳои Л. Шералӣ, Б. Раҳимзода ва дигарон дар миёни хонандагон шуҳрат пайдо карданд. Солҳои 80-ум дар Тоҷикистон 292 асари шоиру нависандагони Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ ва ҷаҳон ба забони тоҷикӣ ва 187 асари адибони Тоҷикистон ба дигар забонҳо тарҷума шуданд. Дар ин давра филмҳои баландмазмуни «Қисмати шоир», «Марги судхӯр», «Ман ба духтаре вохӯрдам», «Гуфтор дар бораи Рустам», «Рустам ва Суҳроб», «Гуфтор дар бораи Сиёвуш», «Байрақи оҳангар» ва ғайра шуҳрати ҷаҳонӣ ёфтанд. Соли 1963 Иттифоқи кинематографистони Тоҷикистон таъсис ёфт. Ҳамчунин оҳангсозон Ф. Шаҳобов, Б. Файзуллоев, Ш. Соҳибов бори аввал асари безаволи «Шашмақом»-ро дар панҷ ҷилд ба нота гирифтанд. Аз соли 1965 дар асоси қарори Кумитаи Марказии Ҳизби коммунистии Тоҷикистон дар ноҳияҳои ҷумҳурӣ чопи рӯзномаҳои маҳаллӣ сар шуд. Дар натиҷаи татбиқи ин амр шумораи рӯзномаю маҷаллаҳо дар ҷумҳурӣ ба 136 номгӯй (1985) расид. Аз 25 январи 1975 дар маркази оинаи нилгун (телецентр) намоиши барномаҳои ранга оғоз шуд. Соли 1977 дар Душанбе хонаи радио бунёд гардид. Соли 1985 дар Тоҷикистон 1338 клуб, 1628 китобхона, 26 осорхона ва 1318 нуқтаи намоиши кино мавҷуд буд. Дар ин давра бо мақсади намоиши дастовардҳои фарҳангии кишвар ва ғанӣ гардонидани он соли 1967 даҳаи фарҳангии Россия дар Тоҷикистон ва Тоҷикистон дар Россия, солҳои 1968 ва 1982 даҳаҳои фарҳангии Тоҷикистон дар Ӯзбекистон ва Ӯзбекистон дар Тоҷикистон, соли 1970 даҳаи фарҳангии Тоҷикистон дар Литва, солҳои 80-ум даҳаи фарҳангии Россия ва Қирғизистон дар Тоҷикистон ва ғайра ташкил шуданд. Қ. Расулиён. Комиссияи оштии миллӣ Ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон (1992–1997) Механизми асосии татбиқи созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон, ки баъди анҷоми бомуваффақияти музокироти тоҷикон миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди нерӯҳои мухолифини тоҷик таҳти сарпарастии Созмони Милали Муттаҳид ба имзо расид (27 сентябри 1997, шаҳри Маскав). Мақоми муваққатӣ буда (4 июни 1997 – 1 апрели 2000), дар давраи гузариш барои татбиқи ҳаматарафаи Созишномаи умумӣ ташкил карда шуд. Фаъолияташ баъди даъвати парлумони нав, ташкили мақомоти роҳбарикунандаи Маҷлиси Олӣ ва гузаронидани интихоботи нави парлумонӣ қатъ гардид. Вазифаҳои асосӣ: татбиқи созишномаҳо дар музокироти тоҷикон баимзорасида; ба вуҷуд овардани муҳити боварӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ; барқарор ва мустаҳкам кардани ризояти миллӣ дар Тоҷикистон; ташкил намудани муколамаи васеъ миёни қувваҳои гуногуни сиёсӣ дар ҷумҳурӣ. Ҳайати Комиссияи оштии миллӣ аз 26 нафар аъзо: 13 нафар аз ҷониби Ҳукумат ва 13 нафар аз ҷониби Иттиҳоди неруҳои мухолифини тоҷик иборат буд. Сохтор: раис (С. А. Нурӣ), муовини раис (А. Достиев), 4 зеркомиссия (ҳуқуқӣ, сиёсӣ, низомӣ ва муҳоҷирон). Ҳар як зеркомиссия 6 нафар аъзо дошт: 3 нафар аз Ҳукумат ва 3 нафар аз Иттиҳоди неруҳои мухолифини тоҷик. Ду зеркомиссияи Комиссияи оштии миллӣ (сиёсӣ ва муҳоҷирон) аз ҷониби намояндагони ҳукумат ва ду зеркомиссияи дигар (ҳуқуқӣ ва низомӣ) аз ҷониби намояндагони Иттиҳоди неруҳои мухолифини тоҷик роҳбарӣ карда мешуданд. Комиссияи оштии миллӣ дар ҳолати зарурӣ бо мақсади ҳалли масъалаҳои таъҷилӣ метавонист гурӯҳҳои корӣ (аз ҷумла гурӯҳи корӣ оид ба масъалаҳои низомӣ, гурезагон, ҳуқуқӣ ва сиёсӣ) таъсис диҳад. Вазифа ва салоҳиятҳояш дар асоси созишнома, ки миёни раиси Шӯрои Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбари Иттиҳоди неруҳои мухолифини тоҷик – С. А. Нурӣ дар вохӯрии Маскав (23 декабри 1993) ба имзо расид, низомнома, протокол дар бораи вазифа ва салоҳиятҳои асосии Комиссияи оштии миллӣ ва протоколи иловагӣ дар бораи вазифа ва салоҳиятҳои асосии он муайян шуда буданд. Аввалин ҷаласаи Комиссияи оштии миллӣ дар шаҳри Маскав баргузор шуд (7–11 июни 1997), минбаъд фаъолияташ дар шаҳри Душанбе баргузор шуд (аз 15 сентябри 1998). Масъалаҳои муҳим дар ҷаласаҳои Комиссияи оштии миллӣ бо роҳи овоздиҳии консенсус ва иштироки ҳадди ақал аз 3/2 ҳиссаи аъзои Комиссия ҳал карда мешуд. Иҷрои қарорҳои қабулнамудаи Президент ва Комиссияи оштии миллӣ барои ҳамаи мақомоти ҳокимият ҳатмӣ буд. Аъзои ин ниҳод мақоми дахлнопазирӣ дошта, онҳоро барои фаъолияти то узви Комиссия интихоб шуданашон, ҳамчунин дар давоми фаъолияташон дар Комиссия дастгир кардан, ҳабс ва ба суд кашидан манъ буд. Натиҷаҳои фаъолияти Комиссияи оштии миллӣ: қабули санади ҳамдигарбахшӣ (аз ҷониби Президент имзо шудааст), ки барои озод шудани асирони ҳарбӣ аз дасти Иттиҳоди неруҳои мухолифини тоҷик мусоидат намуд; тартиб додани лоиҳаи қонуни афв (он аз ҷониби Маҷлиси Олӣ қабул шудааст), ки мувофиқи он шумори зиёди тарафдорони Иттиҳоди неруҳои мухолифини тоҷик афв гардида, 12 нафарашон ба мақомоти иҷроияи Ҳукумат дар асоси ҳиссаи 30-фоизаи муайяншуда таъйин гардиданд (аз 14 ҷойи муқарраршуда), танзими пешниҳодҳо барои ворид кардани тағйирот ба Қонун дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ, ки баъдтар аз ҷониби Маҷлиси Олӣ қабул карда шуд; танзими пешниҳодот барои ворид кардани тағйирот ба қонун дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ (қонун аз ҷониби Маҷлиси Олӣ тасдиқ шудааст); муҳокимаи лоиҳаи тағйироту иловаҳо ба Конститутсия; ба қайд гирифтани тақрибан 6000 разманда ва зиёда аз 2000 яроқ; бозгардонидани размандагони Иттиҳоди неруҳои мухолифини тоҷик аз Афғонистон ва дубора пайвастани онҳо ба сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ; бозгардонидани пурраи муҳоҷирони тоҷик аз Афғонистон ва оғози пайвастани дубораи онҳо ба ҳаёти иҷтимоӣ, сиёсӣ ва иқтисодии кишвар. Ҳайати Нозирони Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон дар ҷаласаҳои Комиссияи оштии миллӣ ҳамчун нозир ширкат карда, барои сабти ном, бозгашт, реинтегратсияи размандагони Иттиҳоди неруҳои мухолифини тоҷик ва муҳоҷирони тоҷик ёрии техникӣ ва молиявӣ мерасониданд. К. Олимов, А. Мӯсоев. --- Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 293–297.

0

Тоҷикистон дар солҳои барқарорсозии баъдиҷангӣ ва рушди минбаъдаи хоҷагии халқ (1946–1958)

Пас аз анҷоми музаффаронаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ, мардуми Тоҷикистон, ба мисли дигар халқҳои шӯравӣ, бо шӯру шавқи зиёд ба меҳнати осоиштаи бунёдкорона, табобати ҷароҳатҳои дар ҷанг бардошташуда, барқарорсозии хоҷагии халқ ва расидан ба уфуқҳои нави рушди иқтисодӣ ва фарҳангии ҷумҳурӣ оғоз кард. Панҷсолаи чорум (1946–1950) Иҷлосияи Шӯрои Олии ҷумҳурӣ моҳи августи соли 1946 нақшаи панҷсолаи барқарорсозӣ ва рушди минбаъдаи хоҷагии халқи Тоҷикистон барои солҳои 1946–1950-ро қабул намуд, ки барномаи васеи сохтмони хоҷагӣ ва маданиро муайян кард. Ба рушди минбаъдаи саноати маъдани кӯҳӣ ва сӯзишворӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда шуд. Вазифаи асосӣ дар соҳаи хоҷагии қишлоқ таъмини барқарорсозӣ ва рушди минбаъдаи пахтакорӣ, хусусан истеҳсоли пахтаи навъи маҳиннах буд. Меҳнаткашони ҷумҳурӣ дар мубориза барои иҷрои нақшаи чоруми панҷсола фаъолона иштирок намуда, аллакай соли 1948 муваффақиятҳои назаррас ба даст оварданд. Истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ нисбат ба супориши нақшавӣ барзиёд иҷро шуд. Иқтидори заводҳои пахтатозакунӣ нисбат ба соли 1940 2 маротиба ва фабрикаҳои бофандагӣ 3 маротиба афзуд. Корхонаҳои саноати бофандагӣ назар ба соли 1940 ба 12,5 миллион сӯм бештар маҳсулот бароварданд. Дар нақшаи чоруми панҷсола, коргоҳҳои асосии заводҳои «Металлоширпотреб»-и Душанбе, заводи рехтагарӣ-механикии Конибодом, комбинати шпати гудохташавандаи Такоб, заводи пахтатозакунии Пролетар (ҳоло Ҷаббор Расулов), заводҳои хишти ноҳияҳои Ҳисор ва Орҷоникидзеобод (ҳоло шаҳри Ваҳдат) ва корхонаҳои саноатӣ ба истифода дода шуданд. Дар саноат ҳаракати стахановчиён ва зарбдорон хусусияти оммавӣ касб кард. Шумораи навоварони истеҳсолӣ ба 10 ҳазор нафар расид. Дар маҷмӯъ, панҷсолаи чорум дар ҷумҳурӣ, чун дар тамоми Иттиҳоди Шӯравӣ пеш аз муҳлат иҷро карда шуд. Сатҳи истеҳсолоти саноатии Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон нисбат ба давраи пешҷангӣ якуним маротиба зиёд шуд. Истихроҷи ангишт 2 маротиба, филиззоти ранга 1,5 маротиба ва истеҳсоли нахи пахта 3,1 маротиба афзуд. Саноати абрешим хеле пеш рафт. Истеҳсоли маҳсулоти озуқаворӣ хеле зиёд шуд. Дар асоси қарори пленуми февралии (1947) Кумитаи Марказии Ҳизби коммунистии (болшевикии) умумииттифоқ «Дар бораи чораҳои баланд бардоштани хоҷагии қишлоқ дар давраи баъдазҷангӣ» Тоҷикистон дар рушди пахтакорӣ, ки дар солҳои ҷанг аз ҳама бештар зарар дид, ба муваффақиятҳои назаррас ноил гардид. Ҷумҳурӣ аллакай дар соли 1947 аз рӯи ҳосилнокии пахта ба дараҷаи барои соли 1950 пешбинишуда расид, ҳосили умумии он аз сатҳи соли 1940 гузашт. Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон аз рӯи ҳосили пахта дар Иттиҳоди Шӯравӣ соҳиби ҷои якум шуд. Ҳукумат ба меҳнати колхозчиёни Тоҷикистон баҳои баланд дод. Соли 1947 ба 159 нафар пешқадамони хоҷагии қишлоқ унвони Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ дода шуд ва 4095 нафар бо ордену медалҳои Иттиҳоди Шӯравӣ мукофотонида шуданд. Феврали соли 1948 анҷумани ҷумҳуриявии пахтакорон аз номи ҳамаи колхозчиёни Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон иҷрои нақшаи рушди пахтакорӣ барои соли 1950-ро дар соли 1948 ба уҳда гирифт. Ин уҳдадорӣ бомуваффақият иҷро шуд. Қабули Фармони Шӯрои Вазирони Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ «Дар бораи чораҳои рушди минбаъдаи пахтакорӣ дар Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон барои солҳои 1949–1952», ки моҳи марти соли 1949 қабул шудааст, барои рушди пахтакорӣ аҳамияти муҳим дошт. Деҳқонони колхозӣ ва тамоми коргарони хоҷагии қишлоқ кори бузургро оид ба мустаҳкам кардани шакли ташкилӣ-хоҷагии колхозҳо анҷом доданд. Мустаҳкам шудани колхозҳои хурд боиси афзоиши қувваҳои истеҳсолкунандаи хоҷагии қишлоқ гардид. Электрикунонии он бомуваффақият иҷро меёфт. Шумораи истгоҳҳои барқии деҳот соли 1950 нисбат ба соли 1940 бештар аз ду маротиба ва иқтидори онҳо — 3,2 маротиба афзуд. Электрикунонӣ истеҳсолоти колхозиро ба сатҳи нави техникӣ бароварда, имконият фароҳам овард, ки як қатор равандҳои заҳматталаб механизонида шаванд. Корҳои бузурги обёрӣ дар водии Вахшу Ҳисор ва дигар ноҳияҳои ҷумҳурӣ, сохтмон ва таъмири системаҳои обёрӣ ва иншооти гидротехникӣ, ба миқдори зиёд ворид кардани трактору мошинҳо ва нуриҳои минералӣ рушди минбаъдаи соҳаи кишоварзии ҷумҳуриро таъмин намуданд. Ҷамъоварии ҳосили пахта 3,3 маротиба, аз ҷумла навъҳои маҳиннах – 5 маротиба афзоиш ёфт. Ҳосили ғалладонагиҳо соли 1950 нисбат ба соли 1940 3% ва ҳосили умумии онҳо 34% зиёд шуданд. Рушди истеҳсолоти хоҷагии қишлоқ, мустаҳкам кардани иқтисодиёти колхозҳо омили баланд шудани сатҳи некуаҳволии меҳнаткашони деҳот гардид. Колхозҳо ва колхозчиёни ҷумҳурӣ дар соли 1950 танҳо аз ҳисоби супурдани пахта ба давлат зиёда аз 1 миллиарду 260 миллион сӯм даромади пулӣ гирифтанд. Шумораи колхозҳои миллионер ба 550 расид. Соли 1947 низоми карточка бекор карда шуд. Солҳои 1948–1950 нархи озуқаворӣ ва молҳои саноатӣ се маротиба коҳиш ёфт, ки ин боиси афзоиши музди меҳнати воқеӣ ва қобилияти харидории аҳолӣ гардид. Таъминоти иҷтимоии меҳнаткашон хеле беҳтар шуд. Шабакаи муассисаҳои табобатӣ ва санитарию-профилактикӣ васеъ гардид. Дар соҳаи сохтмони маданӣ вазифаи асосӣ ҷорӣ намудани таълими умумии ҳафтсола буд. Дар соли таҳсили 1950–1951 дар ҷумҳурӣ 2769 мактаб, аз он ҷумла ибтидоӣ — 1854, ҳафтсола — 807, миёна — 108 адад мавҷуд буд. Ифтитоҳи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (1948, ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) рӯйдоди бузург маҳсуб мешуд. То охири панҷсола дар ҷумҳурӣ 32 муассисаи миёнаи махсуси таълимӣ, 3 институти педагогӣ, 2 институти муаллимӣ, институтҳои тиббӣ ва хоҷагии қишлоқ фаъолият дошт. Дар хоҷагии халқ тақрибан 6,5 ҳазор нафар бо маълумоти олӣ кор мекарданд. Панҷсолаи панҷум (1951–1955) Моҳи сентябри соли 1952 анҷумани 8-уми Ҳизби коммунистии (болшевикии) Тоҷикистон баргузор гардид, ки вазифаҳои нави асосии рушди хоҷагии халқи Тоҷикистонро барои солҳои 1951–1955 муайян кард. Дар муборизаи умумихалқӣ барои иҷрои нақшаи панҷсолаи панҷум, чун солҳои қаблӣ, синфи коргар нақши пешоҳангро мебозид. Ба туфайли меҳнати қаҳрамононаи он саноати ҷумҳурӣ бо суръат рушд кард. Дар панҷсолаи панҷум нисбат ба панҷсолаи чорум ҳаҷми маблағгузории асосӣ ба саноат се маротиба афзуд. Зиёда аз 40 корхона ва коргоҳҳои нави саноатӣ ба истифода дода шуданд. Иқтидори истеҳсолии корхонаҳои фаъолияткунанда аз ҳисоби васеъ кардан ва азнавсозии онҳо афзоиш ёфт. Соли 1955 ҳосилнокии меҳнат нисбат ба соли 1950 30% ва маҳсулоти умумии саноат 84% афзуд. Истеҳсоли воситаҳои истеҳсолот бо суръати баланд рушд кард. Истеҳсоли маҳсулоти мошинсозӣ ва коркарди филиззот 2,4 маротиба афзуд. Бо вуҷуди ин, соҳаҳои пешбаранда чун пештара саноати сабук ва хӯрокворӣ боқӣ монд. Вазни қиёсии онҳо дар ҳаҷми умумии истеҳсоли саноат дар ҳамон соли 1955 81 %-ро ташкил дод. Дар панҷсолаи панҷум татбиқи усулҳои индустриалӣ дар сохтмон оғоз ёфт. Дар Душанбе заводи конструксияҳои оҳану бетонӣ ба истифода дода шуд. Дар ҷумҳурӣ якчанд заводҳои бетонӣ бо механиконии равандҳои пурраи истеҳсолӣ сохта шуданд. Маҳсулоти умумии саноати масолеҳи сохтмонӣ дар муддати панҷ сол 3,4 маротиба афзуд, ҳол он ки суръати рушди саноати сохтмонӣ ҳанӯз ҳам аз вусъати сохтмони асосӣ қафо монд. Истеҳсоли неруи барқ нисбат ба соли 1950 1,7 маротиба афзуда, соли 1955 ба 296 миллион киловатт-соат расид. Таҳкими колхозҳои хурд идома ёфт. Ин имкон дод, ки сохтори ташкили меҳнат беҳтар, захираҳои инсонӣ ва техника самаранок истифода гардида, хоҷагии иҷтимоӣ мустаҳкам карда шавад. Дар рушди пахтакорӣ ва тамоми кишоварзии обёришаванда гузариш ба низоми нави обёрӣ аҳамияти калон дошт, дар ҳоле ки шабакаҳои доимии хурди обёрикунанда ба каналҳои обёрикунандаи муваққатӣ, ки танҳо дар давраи обёрӣ канда мешаванд, иваз карда мешаванд. Соли 1952 тақрибан 80%-и тамоми майдонҳои пахта ба ин низом гузаронида шуданд. Барҳам додани наҳрҳои хурд ва ба гардиши кишоварзӣ дохил кардани заминҳои бекорхобида имкон дод, ки масоҳати майдонҳои кишт зиёд гардида, заминҳои обёришаванда пурра истифода бурда шаванд, дараҷаи механиконии корҳо дар соҳаи пахтакорӣ баланд гардида, бештар усулҳои пешрафтии кишоварзӣ барои парвариши пахта дар истеҳсолот ҷорӣ карда шаванд. Пахтакорони Тоҷикистон бо пахтакорони ҷумҳуриҳои Ӯзбекистону Туркманистон мусобиқа карда, ба баланд шудани ҳосилнокии минбаъда ва зиёд гардидани истеҳсоли пахта ноил гаштанд. Соли 1952 нақшаи ҷамъоварии пахта 108,6% иҷро гардида, ҳосили он ба ҳисоби миёна дар саросари ҷумҳурӣ аз ҳар гектар 27,8 сентнерро ташкил дод. 18–20 сентябри соли 1954 анҷумани 9-уми Ҳизби коммунистии Тоҷикистон баргузор гардид, ки ба зарурати рушди минбаъдаи пахтакорӣ, барҳам додани ақибмонии соҳаи чорводорӣ, баланд бардоштани ҳосили ғалла ва дигар соҳаҳо ишора намуд. Қарори Кумитаи Марказии Ҳизби коммунистии Иттиҳоди Шӯравӣ ва Шӯрои Вазирони Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ аз 5 июни соли 1954 «Дар бораи рушди минбаъдаи пахтакорӣ дар Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон барои солҳои 1954–1960», ки васеъ кардани майдони кишт, боло бурдани ҳосили пахта ва ҷамъоварии умумии ашёи хомро пешбинӣ намуда буд, аҳамияти калон дошт. Бо иҷрои ин амал, пахтакорон ҳолати заминҳои обиро хеле беҳтар карданд. Низоми кӯҳнаи обёрӣ таъмир ва низоми нав сохта шуда, воридоти нуриҳои минералӣ зиёд гардида, шумораи хоҷагиҳои бо техника муҷаҳҳаз бештар гардид. Ҳазорон хоҷагиҳои колхозчиён, асосан аз ноҳияҳои ғаллакори кӯҳистони ҷумҳурӣ, ба заминҳои навкорам муҳоҷир карда шуданд. Барои анҷом додани корҳои мелиоративӣ истгоҳҳои байниноҳиявии мошинӣ-экскаваторӣ таъсис дода шуданд. Бо ёрии истгоҳҳои мошинӣ-экскаваторӣ ва истгоҳҳои мошину трактор колхозу совхозҳо заминҳои нав, аз ҷумла, майдонҳои калонро дар ноҳияҳои Фархор, Москва (ҳоло Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ) ва водии Вахш аз худ карданд. Дар панҷсолаи панҷум сармоягузорӣ ба обёрӣ нисбат ба соли 1946–1950 бештар аз сеяк афзуда, 432 миллион сӯмро ташкил намуд. Соли 1955 Тоҷикистон 400 ҳазор тонна пахта истеҳсол кард. Солҳои 1953–1955 дар соҳаи чорводории ҷумҳурӣ дигаргуниҳои муҳим ба амал омаданд. Соли 1955 ба рушди парвариши гӯсфанди маҳинпашм ва ниммаҳин оғоз бахшиданд. Дар давоми солҳои панҷсола ҳосилнокии меҳнат дар колхозҳо 33 % афзуд. Дастовардҳои меҳнаткашони хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон моҳи ноябри соли 1954 дар Намоишгоҳи умумииттифоқии хоҷагии қишлоқ дар Маскав намоиш дода шуданд. Ҳуқуқи иштирокро дар он се ноҳия, 7 истгоҳи мошину трактор, як совхоз, даҳҳо колхоз, зиёда аз сад бригада, 2175 колхозчӣ, коргарони истгоҳҳои мошину трактор ва совхозҳо, мутахассисони хоҷагии қишлоқ, коркунони илм, ҳизбӣ ва шӯравӣ пайдо карданд. Рушди хоҷагии халқ дар солҳои 1956–1958 Меҳнаткашони Тоҷикистон нақшаи панҷсолаи панҷумро ба итмом расонида, ба ҳалли вазифаҳои нави боз ҳам азим шурӯъ карданд. Анҷумани 10-уми Ҳизби коммунистии Тоҷикистон, ки 26–29 январи соли 1956 баргузор гардид, тадбирҳои зарурӣ барои рафти иҷрои нақшаи панҷсолаи шашуми ҷумҳурӣ барои солҳои 1956–1960 муайян намуд. Солҳои 1956–1957 дар саноати ҷумҳурӣ 612 миллион сӯм сармоягузорӣ карда шуда, аз ҷумла 32 корхонаи саноатӣ ба истифода дода шуданд, ки яке аз калонтарини онҳо дар Осиёи Марказӣ неругоҳи барқи обии Қайроққум («Дӯстии халқҳо») мебошад. Ба кор даромадани ин истгоҳ ва бунёди обанбор дар Сирдарё бо номи Баҳри Тоҷик имкон дод, ки 350 ҳазор гектар заминҳои навкорами Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қазоқистон обёрӣ карда шаванд. Дар соли севуми панҷсолаи шашум дар Тоҷикистон якчанд иншооти нави саноатӣ ба истифода дода шуда, сатҳи техникии корхонаҳо боз ҳам баландтар гардид. Истеҳсоли қувваи барқ нисбат ба соли 1955 тақрибан 3 маротиба афзуда, соли 1958 ба 859,8 миллион киловатт-соат расид. Аввалин маротиба дар таърихи Тоҷикистон тавозуни фаъоли барқ ба даст оварда шуд. Истихроҷи ангишт беш аз 35% афзоиш ёфт. Дар давоми солҳои 1956–1958, истеҳсоли он ба 2215 ҳазор тонна расид. Дар давраи ба истифода додани навбати дуввуми заводи сементи Душанбе истеҳсоли семент хеле афзуд. Соли 1958 ба ҷои 24,5 ҳазор тоннаи соли 1955, 48,9 ҳазор тонна истеҳсол карда шуд. Истеҳсоли конструксия ва ҷузъҳои оҳану бетонии васлшаванда тақрибан 37 маротиба афзуда, соли 1958 ба 109 ҳазор метри мукааб расид. Дар солҳои панҷсолаи шашум фабрикаи пойафзолбарории Ленинобод ва мебели Душанбе, заводҳои равғанкашии Конибодом ва Қӯрғонтеппа (ҳоло Бохтар) низ ба фаъолият шурӯъ намуданд. Ҳамин тариқ, дар тӯли ду соли панҷсолаи баъдиҷангӣ корхонаҳои саноати истихроҷи маъдани кӯҳӣ, металлургӣ, пахтатозакунӣ, хӯрокворӣ ва дигар соҳаҳо сохта ба истифода дода шуданд. Ҳаҷми маҳсулоти тамоми саноати Тоҷикистон соли 1958 нисбат ба соли 1940 бештар аз 3,6 маротиба афзуд. Қарори Кумитаи Марказии Ҳизби коммунистии Иттиҳоди Шӯравӣ ва Шӯрои Вазирони Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ «Дар бораи чораҳои минбаъд баланд бардоштани ҳавасмандии моддӣ барои истеҳсол ва захираи пахтаи хом» аз 11 августи соли 1956 қабул гардида, ба рушди пахтакорӣ ва ба пешсафон баробар кардани колхозҳои пахтакори ақибмонда мусоидат намуд. Нархҳои захираи пахтаи хом вобаста ба навъҳо баланд бардошта шуда, музди натуралӣ барои кори иҷрокардаи истгоҳҳои мошину трактор барои колхозҳо кам карда шуд ва барои колхозҳои ба ноҳияҳои обёришаванда кӯчонидашуда, алахусус дар Дашти ташналаб имтиёзҳо муқаррар карда шуданд. Барои азхудкунии заминҳои нав дар дашти Дилварзин барои кишти пахта корҳои бузурге анҷом шуданд. Дар ин ҷо 47 километр марҳилаи якуми канал сохта шуд, ки он якчанд ҳазор гектар заминҳои навкорамро обшор мекард. Ба ин ҷо колхозчиёни ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ муҳоҷир карда шуданд. Давлат барои ташкили хоҷагӣ маблағҳои зарурӣ ҷудо намуд. Аллакай соли 1956, колхозчиёни муҳоҷир аввалин ҳосили пахтаи Дашти Дилварзинро ба даст оварданд. Соли 1956 пахтакорони тоҷик аз ҳар гектар ба ҳисоби миёна 25,2 сентнерӣ ҳосил ҷамъоварӣ намуда, ба давлат 415,4 ҳазор тонна пахта супориданд. Бо қарори Президиуми Шӯрои Олии Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ аз 23 декабри соли 1956 Ҷумҳурии Тоҷикистон барои муваффақиятҳо дар рушди соҳаи пахтакорӣ бо ордени Ленин мукофотонида шуд. 49 нафар пешқадамони хоҷагии қишлоқи ҷумҳурӣ бо унвони олии Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ ва тақрибан 2 ҳазор нафар бо ордену медалҳои Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ мукофотонида шуданд. Дар панҷсолаи шашум корҳо дар сохтмонҳои обёришавандаи Тоҷикистон оғоз ёфт. Дар шимоли ҷумҳурӣ навбати якуми пойгоҳҳои обкашии Хоҷабоқирғон, Сомғор ва Дилварзин ба фаъолият шурӯъ намуда, якчанд ҳазор гектар заминҳои истифоданашуда азхуд карда шуданд. Кумитаи Марказии Ҳизби коммунистии Иттиҳоди Шӯравӣ ва Шӯрои Вазирони Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ 14 июни соли 1958 «Дар бораи минбаъд вусъат додан ва тезонидани корҳо дар соҳаи обёрӣ ва азхуд кардани Дашти ташналаби Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Ӯзбекистон, Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Қазоқистон ва Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон» қарор қабул намуд. Дар қарор ба Тоҷикистон диққати калон дода шуд. Аз ҷумла, то соли 1966 зиёдшавии майдони заминҳои обии даштҳои Дилварзин ва Сомғор, ноҳияҳои Ӯротеппа ва Шаҳристон то ба 50 ҳазор гектар дар назар дошта шуда буд. Кумитаи Марказии Ҳизби коммунистии Иттиҳоди Шӯравӣ ва Шӯрои Вазирони Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ инчунин таклифи Кумитаи Марказии Ҳизби коммунистӣ ва ҳукумати Ӯзбекистонро дар бораи аз Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Ӯзбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон додани 50 ҳазор гектар замини Дашти ташналаб, ки бо вилояти Ленинобод (ҳоло Суғд) ҳамшафат аст, маъқул донистанд. Мустаҳкам кардани заминаи ташкилӣ-иқтисодии колхозҳо ва болоравии иқтисодиёти онҳо имкон дод, ки дар муддати кӯтоҳ қарори февралии (1958) Пленуми Кумитаи Марказии Ҳизби коммунистии Иттиҳоди Шӯравӣ «Дар бораи рушди минбаъдаи сохти колхозӣ ва аз нав ташкил намудани истгоҳҳои мошину трактор» иҷро шавад. Истгоҳҳои мошину трактор ба қароргоҳҳои таъмирӣ-техникӣ табдил дода шуданд. Тамоми техника ба тавозуни колхозҳо гузаронида шуд. Механизаторон барои кор ба колхозҳо гузаштанд. Ҷалб намудани заминҳо, техникаҳо ва механизаторон ба колхозҳо барои тақвияти минбаъдаи иқтисодиёт ва тезондани тараққиёти истеҳсолоти хоҷагии қишлоқ имкониятҳои васеъ фароҳам овард. Базаи моддӣ-техникии колхозҳо ба таври назаррас васеъ гардид. Соли 1958 дар хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон зиёда аз 9 ҳазор трактор мавҷуд буд. Пахтакорони тоҷик соли 1958 421,2 ҳазор тонна ашёи хом истеҳсол карданд. Маҳсулоти умумии соҳаи чорводорӣ нисбат ба соли 1953 беш аз 1,6 маротиба афзуд. Рушди иқтисодиёти сотсиалистӣ ба баланд шудани дараҷаи некӯаҳволии моддии меҳнаткашон мусоидат менамуд. Соли 1956 рӯзи кории коргарон ва хизматчиён дар рӯзҳои пеш аз истироҳат ва пеш аз ид 2 соат кам ва барои наврасон рӯзи кории 6-соата муқаррар карда шуд. Шурӯъ аз соли 1957 коргарон ва хизматчиёни маъдани кӯҳӣ ва як қатор соҳаҳои саноати вазнин ба рӯзи кории 7 ва 6-соата гузаронида шуданд. Аз январи соли 1957 музди меҳнати коргарон ва хизматчиёни каммузд зиёд карда шуд. Ғайр аз ин, ҳадди ақалли музди меҳнати бидуни андоз баланд бардошта шуд. Бо афзоиши иқтисодиёти колхозҳо некӯаҳволии моддии колхозчиён низ баланд гардид. Ба ин инчунин поин овардани меъёрҳои таҳвили ҳатмии маҳсулоти чорводорӣ ба давлат ва баъдан пурра бекор кардани таҳвили ҳатмии ҳамаи навъҳои маҳсулоти хоҷагии қишлоқ аз ҷониби хоҷагиҳои колхозчиён мусоидат кард. Бо қатъи барориши вомбаргҳои давлатии бо роҳи обуна тақсимшуда, бекор кардани пардохти ҳаққи таҳсил дар синфҳои болоии мактабҳои миёна, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи махсус ва олӣ меҳнаткашон манфиатҳои калони моддиро ба даст оварданд. Таъминоти нафақаи пиронсолӣ ва маъюбӣ хеле беҳтар гардид. Дар Тоҷикистон сохтмони васеи манзил ба роҳ монда шуда, шаҳрҳо, шаҳракҳои коргарнишин ва марказҳои деҳоти ноҳияҳо обод гардиданд. Дар давоми солҳои 1951–1958 дар ҷумҳурӣ аз ҷониби корхона ва ташкилотҳои давлатӣ ва кооперативӣ, колхозҳо ва аҳолӣ дар майдони 4,775 ҳазор метри мураббаъ манзили истиқоматӣ сохта шуд. Ҳазорон оилаҳо соҳиби хонаҳои истиқоматии обод гардиданд. Соли 1955 дар Душанбе хати ҳаракати мусофирбарии троллейбус кушода шуд. Ҳаҷми маблағҳои буҷетӣ барои чорабиниҳои иҷтимоӣ-фарҳангӣ дар ҷумҳурӣ аз 642 миллион сӯми соли 1953 ба 1,044 миллион сӯм дар соли 1958 расид. Маориф, илм ва фарҳанг Дар соҳаи маорифи халқ ва тандурустӣ муваффақиятҳои калон ба даст оварда шуд. Маблағҳои давлатӣ барои соҳаи маориф сол то сол меафзуд. Соли 1958 дар Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон барои эҳтиёҷоти маориф 657,8 миллион сӯм сарф гардид. Дар соли таҳсили 1956–1957 дар Тоҷикистон ду мактаб-интернат дар Ӯротеппа (ҳоло шаҳри Истаравшан) ва Шаҳринав ташкил карда шуд. Соли 1958 дар мактабҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ 20394 муаллим кор мекард, ки аз онҳо 8681 нафарашон маълумоти олӣ ва олии нопурра доштанд. Соли 1956 дар Душанбе Институти политехникӣ (ҳоло Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. С. Осимӣ) кушода шуд. Соли хониши 1957–1958 дар 7 муассисаи олии таълимии ҷумҳурӣ 17,1 ҳазор донишҷӯ, аз ҷумла 10,6 ҳазор ҷавонписарон ва духтарони миллатҳои маҳаллӣ таҳсил ва дар 29 техникум ва дигар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи махсус 13,6 ҳазор донишҷӯён таҳсил мекарданд. Дар ҷумҳурӣ соҳаи илм низ рушд намуд. Доираи корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ васеъ гардид. Соли 1951 Академияи илмҳои Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон таъсис ёфт. Баъдан дар сохтори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон институтҳои астрофизика, мушкилоти об, сохтмони ба зилзила тобовар ва сейсмология, инчунин шуъбаҳои физика, энергетика ва фалсафа ташкил карда шуданд. Дар Панҷакент, ки чандин сол боз корҳои бузурги бостоншиносӣ анҷом дода мешаванд, пойгоҳи доимии бостоншиносӣ таъсис дода шуд. Корҳои илмӣ ба ғайр аз Академия, дар собиқ Институти таърихи ҳизбии назди Кумитаи Марказии Ҳизби коммунистии Тоҷикистон (соли 1951 таъсис ёфтааст), Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон, муассисаҳои омӯзгорӣ ва дигар муассисаҳои таҳсилоти олӣ анҷом дода мешуданд. Олимон ба хоҷагии халқ, мақомоти маорифи халқ ва фарҳанг кумаки зиёд расониданд. Нависандагон ва шоирони Тоҷикистон як қатор асарҳои ба мукофоти давлатии Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ арзандаро эҷод карданд. Баҳои баланди дастовардҳои адабиёти шӯравии тоҷик ин ба Мукофоти давлатии Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ сарфароз гардонидани устод С. Айнӣ барои китоби «Ёддоштҳо», М. Турсунзода барои силсилаи шеърҳои «Қиссаи Ҳиндустон» ва М. Миршакар барои достонҳои «Панҷи ноором» ва «Қишлоқи тиллоӣ» ба ҳисоб меравад. Санъати шӯравии тоҷик ба рушди минбаъда ноил гардид. Шабакаи муассисаҳои маданӣ-равшаннамоӣ васеъ гардид. Соли 1954 сохтмони бинои нави Китобхонаи ҷумҳуриявии ба номи А. Фирдавсӣ дар Душанбе — бузургтарин хазинаи китоб дар ҷумҳурӣ — ба итмом расид. Нашри рӯзнома, китоб ва маҷаллаҳо афзуд. Солҳои 1955–1956 бо ташаббуси киностудияи «Тоҷикфилм» 5 филми бадеии пурраметра ба намоиш гузошта шуд. Моҳи апрели соли 1957 Даҳаи адабиёт ва санъати Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон дар Маскав баргузор гардид. Ин як рӯйдоди муҳим дар ҳаёти фарҳангии ҷумҳурӣ, имтиҳони ҷиддии камолот ва маҳорати касбии нависандагон, рассомон, бастакорон, арбобони санъати театрӣ ва синамогарон, намоиши дастовардҳои бадеӣ ва эҷодии халқ буд. Дар баробари рушди фарҳанги ҷумҳурӣ зиёиёни асил ба камол расида, неруи эҷодии онҳо боз ҳам устувор гардид. Ш. Султонов, Х. Ахмедов. --- Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 290–293.

0

Тоҷикистон дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941–1945)

22 июни 1941 Олмони фашистӣ бидуни эълони ҷанг аҳдшиканона ба ҳудуди Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ ҳуҷум кард. Ҷанги Бузурги Ватанӣ сар шуд. Ҳукумати Шӯравӣ барои ба муқобили душман сафарбар намудани тамоми қувва ва таъмини ғалабаи мардуми шӯравӣ корҳои зиёд анҷом дод. Аз ҷумла, 30 июни 1941 Кумитаи давлатии мудофиа ташкил шуда, тамоми ҳокимияти ҳарбӣ, сиёсӣ ва хоҷагии мамлакат, ташкилоту идораҳои Тоҷикистон ба ихтиёри он гузаштанд. Дар Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали ҷанг даъват ва сафарбарии ҷавонмардон ба фронт оғоз гардид. Танҳо дар моҳҳои аввал тақрибан 6 ҳазор ҷавонмардон барои мудофиаи Ватан ихтиёран ба комиссариатҳои ҳарбии ҷумҳурӣ ариза доданд. Дар назди баъзе комиссариатҳои ҳарбӣ барои омӯзиши ҷавонон маркази таълими ҳарбӣ ташкил шуд. Аз 17 сентябри 1941 дар асоси қарори Кумитаи давлатии мудофиа дар Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ барои ҷавонмардони синнашон аз 16 то 50-сола таълими умумии ҳарбӣ ҷорӣ гардид. Дар Тоҷикистон аз октябри 1941 то августи 1942 177685 нафар ба таълими умумии ҳарбӣ ҷалб шуданд. Корнамоӣ дар майдони набард Дар моҳҳои аввали Ҷанги Бузурги Ватанӣ бисёр ҷанговарони тоҷик, аз қабили Н. Алиев, М. Иброҳимов, А. Ҳоҷибоев, С. Муҳаббатов, А. Пиров, А. Пирмуҳаммадзода, Э. Рӯзиев, Х. Кенҷаев, А. Қаландаров, А. Маҳмудов, А. Дадабоев, А. Қаноатов, Х. Абдиев ва дигарон дар набардҳои аввал бар зидди истилогарони фашистӣ ҷасорату шуҷоат нишон доданд. Тирамоҳи 1941 нируҳои асосии фашистӣ ба самти Маскав наздик шуданд. Тамоми мардуми шӯравӣ тавассути қатора барои ҳимояи шаҳр аслиҳа, лавозимоти ҷангӣ, озуқа ва афсар фиристоданд. Октябри 1941 аз Тоҷикистон дивизияи 20-уми савораи кӯҳӣ ба сӯи Маскав равона шуд ва беш аз 150 сарбозу афсарони он барои корнамоишон ба мукофотҳо сазовор гардиданд. Декабри 1941 Артиши шӯравӣ бори аввал дар Ҷанги дуюми ҷаҳон ба ҳуҷуми ҷавобӣ гузашт ва нақшаи «Ҷанги барқосо»-и Гитлер барбод рафт. Соли 1942 аскарони шӯравӣ дар муҳорибаи Сталинград низ корнамоӣ нишон доданд. Августи 1942 сарбозони дивизияи 61-уми савора, ки дар Тоҷикистон ташкил шуда буд, ба муҳорибаи Сталинград фиристода шуданд. Баъзе афсарони ин дивизия, аз қабили Ш. Аҳмадҷонов, А. Қаландаров, Х. Раҳимов, С. Амиршоев, С. Пӯлотов, М. Нарзибеков, М. Холматов, Р. Рӯзиев, Р. Аноров, А. Сулаймонов, Т. Алпатов, П. Абаринов ва дигарон сарбозони душманро бо муҳиммоти ҷангишон маҳв карда, бо ордену медалҳо сарфароз гардиданд. 19 ноябри 1942 ҳуҷуми ҷавобии Артиши Шӯравӣ дар минтақаи Сталинград сар шуд. 2 феврали 1943 набарди назди дарёи Волга бо ғалабаи Артиши Шӯравӣ хотима ёфт. Мардуми шӯравӣ ҳамеша ҷанговаронро ба майдони набард, ба муҳофизати Ватан ботантана гусел мекарданд. Марти 1943 мардуми ҷумҳурӣ бо имзои 300 ҳазор нафар ба аскарони тоҷик мактуб равон карданд. Онҳо қавл доданд, ки тамоми неруи худро баҳри ғалабаи ҷанговарон бар душман равона мекунанд. Тобистони 1943 фармондеҳи артиши Олмон тасмим гирифт, ки дар минтақаи Камонаки Курск ба Артиши Шӯравӣ зарба занад. Дар набарди назди Курск батареяи фармондеҳ Х. Кенҷаев ва дар муҳорибаи назди Днепр батареяи И. Ҳамзаалиев шумораи зиёди душманро маҳв карда, ҳар ду бо унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ сарфароз шуданд. Дар муҳорибаи назди дарёи Днепр 21 нафар фиристодагони Тоҷикистон — С. Турдиев, Д. Азизов, Ҳ. Қосимов, Т. Мирзоев, Ӯ. Якубов, И. Крумин, А. Лапшин, М. Панфилов, П. Кашпуров, Н. Аникин, Х. Муҳаммадмирзоев, К. Ходов, В. Барутин, М. Новоселсев, А. Рудой, А. Гордеев, Б. Давлатов, В. Бояркин, Е. Данилян, И. Двадненко ва Д. Коржов бо унвони Қаҳрамонони Иттиҳоди Шӯравӣ сарфароз гардиданд. Дар ин муҳориба дивизияи 20-уми савора барои нишон додани қаҳрамонию мардонагии ҷанговаронаш ба гвардияи 17-ум табдили ном кард. Баъдан набарди сарбозони дивизия аз Белоруссия, Полша, Олмон то соҳилҳои дарёи Элба идома ёфт. Соли 1943 Т. Эрйигитов дар майдони набарди Волхов корнамоии А. Матросовро такрор кард. Ӯ дар лаҳзаи ҳалкунандаи ҷанг бо синааш пулемёти душманро пӯшонида, ҷони ҳамроҳонашро наҷот дод ва пас аз марг бо унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ сарфароз гардид. Фиристодагони дигари Тоҷикистон капитан Т. К. Гаврилов (Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ), А. Муъминов, Ю. Муъминов, А. Салимов, С. Ёфтаков, Ш. Исоев, Т. Одилов, М. И. Зафран ва дигарон барои аз муҳосира озод кардани Ленинград ҷасорату қаҳрамонӣ нишон дода, бо мукофотҳои олии давлатӣ сарфароз гардиданд. Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ занони тоҷик, лейтенанти хизмати тиббӣ Ш. Ҳайдарова, Ч. Раҳимова, парасторон Р. Давронова, Ш. Ходатова, Ч. Мақсудова, С. Сангинова, лётчикон О. Муҳаммадҷонова, Л. Лаврентева, сержанти хурди полки авиатсионӣ С. Алибоева ва дигарон бо ордену медал сарфароз гардиданд. Ҳазорон ҷанговарони тоҷик (И. Шарифов, С. Амиршоев, Ф. Аҳмадов, Ч. Урозов, Э. Шарифов, А. Саидбеков, А. Фармонқулов) дар муҳорибаҳои Украина, Белоруссия ва назди Балтика ҷоннисорӣ намуданд. Дар маҷмӯъ аз Тоҷикистон дар муҳорибаҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ зиёда аз 300 ҳазор сарбозу афсарон ширкат карда, тақрибан 150 ҳазор нафари онҳо фавтиданд ва маъюб шуданд; 58 нафар бо унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ, 20 нафар ба се дараҷаи ордени Шараф ва беш аз 50 ҳазор нафар бо ордену медалҳои дигар сарфароз гардиданд. Иқтисодиёт Аз 22 июни 1941 дар асоси муроҷиатнома ва директиваи Ҳукумати Шӯравӣ умури иқтисоди ҷумҳурӣ таҳти шиори «Ҳама чиз барои фронт! Ҳама чиз барои ғалаба!» ба талаботи замони ҷанг мутобиқ гардид. Дар корхонаҳои саноатӣ истеҳсоли лавозимоту либоси ҳарбӣ, абрешим, нони хушк, консерва ва ғайра вусъат ёфт. Дар рафти гузариш дар корхонаҳо норасоии шадиди кадрҳои ихтисосманд, ашёи хом, сӯзишворӣ, неруи барқ, нақлиёт ва ғайра мушоҳида мешуд. Дар замони ҷанг қувваи асосии корӣ – мардҳо ба фронт сафарбар шуда, барои таъмини муназзами фаъолияти корхонаҳо дар ақибгоҳ бо қарори Раёсати Шӯрои Олии Иттиҳоди Шӯравӣ (аз 26 июни 1941), рӯзи кории 10–11-соата ҷорӣ ва рӯзи истироҳатӣ ва рухсатии меҳнатии коргарону хизматчиён бекор гардид. Ҳамчунин дар моҳҳои аввали ҷанг ҷалби занон ба корхонаҳои саноатии ҷумҳурӣ афзуд. Соли 1941 тақрибан нисфи коргаронро занон ташкил медоданд. Дар баъзе корхонаҳо 70–80 дарсади коргарон насли ҷавон буданд. Ҳамзамон барои бартараф кардани норасоии кадрӣ дар Тоҷикистон тақрибан 5 ҳазор нафар ба омӯзишгоҳҳои касбӣ-техникӣ ва мактабҳои таълимии назди фабрикаву заводҳо ҷалб шуданд. Дар давраи ҷанг мусобиқаи сотсиалистӣ барои иҷроиши барзиёди нақшаҳои истеҳсолӣ, сарфаи ашёи хом, баланд бардоштани самараи меҳнат ва коҳиши арзиши аслии маҳсулот хеле ривоҷ ёфт. Соли 1941 дар байни ҷавонони кишвари мо ҳаракати пешқадамони давраи ҷанг — дусадфоиза (коргаре, ки ду сарборӣ иҷро мекард — яке барои худ, дигаре барои рафиқе, ки дар фронт аст) маъмул гардид. Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ шумораи бригадаҳои ҷавонони фронтӣ ба 1427 расид. Дар Тоҷикистон роҳбари бригадаи Фабрикаи шоҳибофии Душанбе Ахмедова бори аввал ташаббусро нишон дода, тамоми комсомолон ва ҷавононро ба ҳаракати дусадфоиза таҳрик дод. Баъдан ин ҳаракат дар Комбинати абрешимбофии Ленинобод, кони Чоруқдаррон, Заводи равғанбарории Қӯрғонтеппа ва Комбинати консервабарории Чкаловск (ҳоло Гулистон) ва ғайра натиҷаи мусбат дод. Дар натиҷаи ин тадбирҳо истихроҷи ангишт ба 224 ҳазор тонна (1945), истеҳсоли қувваи барқ мутаносибан ба 72,1 миллион киловатт/соат, газвори пахтагин ба 3 миллион метр (1940) расид. Корхонаҳои нассоҷии кишвар дар солҳои ҷанг тақрибан 178 ҳазор тонна нахи пахта, 770 тонна калобаи абрешимӣ, 6,5 миллион метр матои абрешимӣ, даҳҳо миллион қуттии консерва, ҳазор ҷуфт пойафзол ва маҳсулоти дигар истеҳсол карданд. Дар ин давра истеҳсоли маҳсулоти умумии корхонаҳои калони хӯроквории ҷумҳурӣ ба 82,7 миллион сӯм расид, ки нисбат ба давраи пеш аз ҷанг зиёд буд. 16 августи 1941 Ҳокимияти Шӯравӣ дар бораи аз хатти ҷабҳа ба Поволже, Урал, Сибири Ғарбӣ, Қазоқистон ва Осиёи Миёна кӯчонидани корхонаҳои саноатӣ қарор қабул кард. Дар давраи аввали ҷанг 27 адад корхонаҳои саноатӣ ва таҷҳизоти онҳо аз хатти ҷабҳа ба Тоҷикистон кӯчонида шуданд, ки бештари онҳо корхонаҳои соҳаи сабук ва хӯрокворӣ буданд. Дар муддати кӯтоҳ Заводи консервабарории Феодосия «Красный Перекоп», Заводи зарфҳои шишагии Симферопол ба номи 1-уми Май, Комбинати шоҳибофии Маскав ба номи Шербаков, Комбинати бофандагии Люберетск ва ғайра ба фаъолият оғоз карданд. Дар солҳои ҷанг дар ҷумҳурӣ зиёда аз 20 корхонаву коргоҳҳои нав, аз қабили корхонаҳои сементбарорӣ, таъмири автомобилӣ, электрокимиё, конҳои филиззоти рангаи Чилликул, Чоруқдаррон ва Такфон, Фабрикаи ресандагии Конибодом, корхонаҳои давлатии шири Сталинобод ва Ленинобод ва ғайра ба кор сар карданд. Бунёди неругоҳи барқи обии Варзоби Поён идома дошт. Дар натиҷа шумораи коргарони корхонаҳои истеҳсолӣ то соли 1945 ба 42,4 ҳазор расид. Дар замони ҷанг кишоварзони ҷумҳурӣ вазифадор шуданд, ки корхонаҳои саноатиро бо маҳсулоти стратегӣ — пахта ва пилла таъмин намуда, истеҳсоли ғалла ва маҳсулоти чорворо афзун гардонанд. Иҷроиши ин масъала ба дӯши занон, мӯйсафедон ва ҷавонон афтода, камбуди техникаи кишоварзӣ ва кадрҳои механизаторӣ ба пешрафти соҳа таъсири номатлуб мерасонд. Аз ин рӯ, дар назди мактабҳои механикии хоҷагии қишлоқи Ленинобод ва Шаҳритӯс, таълимгоҳҳои назди истгоҳҳои мошину трактор масъалаи тайёр кардани кадрҳо ба роҳ монда шуд. Дар натиҷаи ин иқдом нақши занон дар умури корҳои механизаторӣ, артелҳои хоҷагии қишлоқ, бригадаҳо, звеноҳо, фермаҳои чорводорӣ ва ҷавонон дар пешрафти соҳаи кишоварзӣ (45%) афзоиш ёфт. Соли 1941 Ҳукумати Шӯравӣ низоми карточкаро барои дарёфти ғизо ва молҳои саноатӣ ҷорӣ кард. Мардуми ақибгоҳ ба душвориҳои моддӣ нигоҳ накарда, ба фронт ёрӣ мерасониданд. Соли 1942 сохтмони Канали Ҳисор ба итмом расид, аммо бо сабаби камбуди техника ва қувваи кории мардҳо иншооти обёрӣ, заҳкашҳо, насосҳои обкашӣ корношоям шуда, тадриҷан нақшаи истеҳсоли пахта дар соли 1942 (121,7 ҳазор тонна) ва 1943 (58,3 ҳазор тонна) нисбат ба соли 1941 (181,8 ҳазор тонна) кам шуд ва баръакс истеҳсоли ғалла то соли 1943 (700 ҳазор тонна) афзоиш ёфта, воридоти ғалла ба ҷумҳурӣ қатъ гардид. Ҳамчунин дар солҳои 1943–1944 кишоварзон ба фонди захиравию мудофиавии Артиши Шӯравӣ 65 ҳазор пуд ғалла равон карданд. Соли 1944 160 колхозчӣ ва корманди ҳизбиву шӯравии Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон аз ҷониби Раёсати Шӯрои Олии Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ барои иҷрои нақшаи давлатии истеҳсоли ғалла ба орденҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ (дараҷаҳои I ва II) сарфароз шуданд. Дар солҳои ҷанг чорводорони кишвар зиёда аз 2,2 миллион пуд гӯшт истеҳсол карданд, ки зиёда аз 316 ҳазор пуди он ба хазинаи мудофиавии Артиши Шӯравӣ равона гардид. Дар солҳои ҷанг мардуми Тоҷикистон барои ҷанговарони Артиши Шӯравӣ 151 вагон туҳфа, барои фонди хазинаи мудофиавии Ватан зиёда аз 75 миллион сӯм, 40750 пуд ғалла, барои сохтмони колоннаи танкии «Колхозчии Тоҷикистон» беш аз 84 миллион сӯм ва барои эскадриляи ҳавоии «Тоҷикистони Советӣ» 35,2 миллион сӯм ҷамъоварӣ карданд; ҳамчунин ба маблағи 584 миллион сӯм вомбарги қарзи давлатӣ ва 130 миллион сӯм чиптаи лотерея харидорӣ намуданд, ҷавонони ҷумҳурӣ барои таъмини аслиҳа 6 миллион сӯм ҷамъ карданд. Маориф ва илму фарҳанг Дар замони ҷанг вазъи таълим низ мураккаб гардид. Зиёда аз 5 ҳазор омӯзгор ба майдони ҷанг сафарбар шуданд, биноҳои мактабҳо қисман ба госпитали ҳарбӣ табдил ёфтанд. Дар баъзе мактабҳо норасоии ҷои нишаст, китобу дафтар ва дигар лавозимот мушоҳида мешуд. Қисман хонандагони синфҳои болоӣ ё ба майдони ҷанг ё ба истеҳсолот сафарбар мешуданд. Бо вуҷуди ин душвориҳо Ҳукумати ҷумҳурӣ кӯшиш менамуд, ки ҷавонони синни мактабӣ аз таълим берун намонанд. Дар соли таҳсили 1945–1946 шумораи мактабҳо ба 2881 адад ва талабагон ба 239,8 ҳазор нафар расид. Ноябри 1942 150 ҳазор китоби таълимии тозанашр аз шаҳри Ленинград ба Сталинобод оварда шуд. Дар солҳои ҷанг Донишкадаи технологии саноати консервабарории Одесса ва Донишкадаи кишоварзии Ворошиловград муваққатан ба Сталинобод кӯчонида шуданд. Соли 1943 Донишкадаи педагогии шаҳри Ленинобод ба донишкадаи занона ва омӯзишгоҳҳои шаҳрҳои Ленинобод, Конибодом ва Хоруғ ба омӯзишгоҳи омӯзгории занона табдил дода шуданд. Соли 1943 аввалин хатмкунандагони Институти тиббии Сталинобод ба номи Абуалӣ ибни Сино (25 нафар) фавран ба майдони ҷанг сафарбар гардиданд. Адабиёти тоҷик низ зери ғояҳои ватандӯстӣ инкишоф меёфт. Шоиру нависандагони тоҷик Ҳ. Юсуфӣ, А. Назаров, Ҳ. Карим, Ф. Ниёзӣ, А. Қаҳҳорӣ, Л. Бузургзода, А. Пирмуҳаммадзода бо силоҳу қалам бар зидди душман мубориза мебурданд. С. Айнӣ оташи ғазаби худро нисбат ба душман дар шеърҳои «Суруди зафар», «Қиссаи ҷанг ва зафар», мақолаҳои публисистии «Чингизи асри XX», «Деви ҳафтсар», «Шерзод» ва ғайра баён кард. А. Лоҳутӣ бо шеърҳои «Шамшери душман бишканем», «Ба шаҳри Ленин», «Ба халқи муборизи Украина», «Бародари рус», М. Турсунзода бо шеъру достонҳои ватандӯстонаи «Хотираи капитан», «Баҳодури тоҷик», «Ғалабаи Таня», «Писари Ватан», осори манзуму мансури М. Миршакар, А. Деҳотӣ, М. Раҳимӣ, Б. Раҳимзода, Ҷ. Икромӣ, С. Улуғзода, Р. Ҷалил ва дигарон дар қалби хонандагон роҳ ёфтанд. Дар Театри давлатии опера ва балети ба номи С. Айнӣ (бунёд: 1942) намоишҳои мазҳакавӣ-мусиқавии «Розия», операи тоҷикии «Тоҳир ва Зӯҳро», дар театрҳои драмавӣ асарҳои муаллифони тоҷик, аз қабили «Дар оташ»-и С. Улуғзода, «Хонаи Нодир» ва «Дили модар»-и Ҷ. Икромӣ ба саҳна гузошта шуданд. Соли 1943 «Театри фронтии Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон» ташкил шуд, ки дар байни сарбозони шӯравӣ шуҳрат пайдо кард. Театри мазҳакавии Ленинград, Театри кӯдаконаи Ворошиловград, Театри кӯдаконаи Воронеж, Театри Украина ба номи В. И. Шорс, киностудияи кӯдаконаи иттифоқии «Союздетфильм»-и Маскав (ба киностудияи Сталинобод муттаҳид шуд), ба пойтахти ҷумҳурӣ кӯчонида шуданд. Соли 1943 нахустин филм дар бораи ширкати ҷанговарони тоҷик дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ «Фарзанди Тоҷикистон» таҳия гардид. Бо нишони қадрдонӣ аз меҳнату фидокории коргарон, колхозчиён ва зиёиёни Тоҷикистон зиёда аз 102 ҳазор нафар ба медали «Барои меҳнати шуҷоатнок дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941–1945» сарфароз шуданд. 9 майи 1945 мардуми тоҷик якҷо бо дигар мардумони Иттиҳоди Шӯравӣ ғалабаро бар зидди Олмони фашистӣ таҷлил карданд. 8 августи 1945 Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ ба муқобили Ҷопон ҷанг эълон намуд. 2 сентябри 1945 Ҷопон таслим шуд ва Ҷанги дуюми ҷаҳон ба охир расид. --- Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 286–289.

0

Иқтисодиёти Тоҷикистон дар солҳои панҷсолаи севвум

Моҳи феврали соли 1939 Анҷумани 5-уми Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон нақшаи панҷсолаи севвуми рушди хоҷагии халқи мамлакат барои солҳои 1938–1942-ро муҳокима ва тасдиқ кард. Дар нақша васеъкунии корхонаҳои мавҷудаи истихроҷи маъдани кӯҳӣ дар шимоли ҷумҳурӣ (маҷмааи филиззоти рангаи Қаромазор), фаъолияти 40 корхонаи комбинати маъдани кӯҳии Такоб, афзоиши истихроҷи ангишт ва нафт, бунёди неругоҳҳои барқи обии Варзоби Поён ва Хоруғ пешбинӣ шуда буд. Комбинати маъдани кӯҳӣ дар Такоб, кони нави Шӯроб, неругоҳи барқи обии Хоруғ, коргоҳҳои нави комбинати гӯшти пойтахт, заводҳои пахтатозакунии Регар (ҳоло шаҳри Турсунзода) ва Конибодом ба истифода дода шуданд. Соли 1940 маҳсулоти умумии саноати ҷумҳурӣ нисбат ба соли 1937 72% ва нисбат ба соли 1913 8,8 баробар афзуд. Тоҷикистони Шӯравӣ ба ҷумҳурии аграрӣ-саноатӣ табдил ёфт. Сохтмони роҳҳои автомобилгард ва роҳи оҳан босуръат идома ёфта, соҳаи алоқа рушд кард. Пешрафти саноат ба афзоиши синфи коргар мусоидат намуд. Соли 1940 шумораи умумии коргарон ва хизматчиён дар хоҷагии халқи ҷумҳурӣ аз 140 ҳазор нафар гузашт. Коллективонии хоҷагии қишлоқ комилан ба анҷом расида, мустаҳкам кардани шакли ташкилӣ-хоҷагии минбаъдаи колхозҳо амалӣ карда шуд. Соли 1940 майдони кишт 768,1 ҳазор гектарро ташкил намуд, ки нисбат ба соли 1913 якуним баробар зиёд буд. Агар дар ибтидои панҷсола дар ҷумҳурӣ 46 қароргоҳи мошинию тракторӣ мавҷуд буд, пас соли 1940 он ба 51 адад, шумораи тракторҳо аз 3740 ба 3884, автомобилҳои боркаш аз 811 ба 1533 адад афзуд. Тайёр намудани механизаторон ва мутахассисони хоҷагии қишлоқ ба таври васеъ ба роҳ монда шуд. Соли 1939 40 мактаб ва курсҳои кадрҳои хоҷагии қишлоқ 4441 тракторчӣ, 269 бригадмеханик, 129 комбайнчӣ, 55 механики минтақавӣ ва дигар мутахассисони соҳаи хоҷагии қишлоқро омода намуданд. Масъалаи ҷалби занон ба истеҳсолоти ҷамъиятӣ бомуваффақият ҳал шуда, нақши занон дар колхозу совхозҳо баланд гардид. Солҳои 1939–1941 дар Тоҷикистон бо мақсади боз ҳам васеъ намудани истеҳсолоти хоҷагии қишлоқ ҳаракати азхудкунии заминҳои биёбон ва хушк оғоз шуд. Барои амалӣ кардани ин мақсад сохтмони Канали Калони Фарғона аҳаммияти бузург дошт. Дар муддати кӯтоҳи бесобиқа (40 рӯз) ба масофаи 79 километр шабакаи асосии обгузар бунёд карда шуд. Солҳои 1940–1941 сохтмони каналҳои Фарғонаи Шимолӣ ва Ҳисор идома ёфта, низоми обёрии Вахш такмил дода шуд. Дар сохтмони Канали Калони Фарғона тақрибан 8 ҳазор ва дар сохтмони шоҳроҳи бузурги Помир 4,5 ҳазор нафар ҷавони ватандӯст кор карданд. Комёбиҳои тараққиёти хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон дар Намоишгоҳи комёбиҳои хоҷагии халқ намоиш дода шуданд. Соли 1939 ҳуқуқи иштирок дар намоишгоҳро 288 колхоз ва 1488 пешқадамони хоҷагии қишлоқ ба даст оварданд ва соли 1940 дастоварди 409 колхози ҷумҳурӣ дар намоишгоҳ гузошта шуд, ки шумораи иштирокчиёни он аз Тоҷикистон 3459 нафар буд. Пешқадамони хоҷагии қишлоқи сотсиалистӣ сазовори дипломҳои Намоишгоҳи комёбиҳои хоҷагии халқ ва мукофотҳои олии ҳукуматӣ дониста шуданд. Дар тарбияи ғоявию сиёсии меҳнаткашон муассисаҳои маданӣ-маърифатӣ, матбуот ва радио нақши муҳим бозиданд. Солҳои 1938–1940 дар ҷумҳурӣ 802 китоб бо теъдоди 10384 ҳазор нусха нашр шуд. Комсомоли ҷумҳурӣ дар ҳаёти сиёсӣ ва фаъолияти хоҷагӣ нақши бузург дошт. Дар аввали соли 1940 дар сафҳои Иттифоқи ленинии Кумитаи ҷавонони умумииттифоқи Тоҷикистон 65 ҳазор нафар, аз ҷумла, 14 ҳазор духтарон буданд. Моҳи январи соли 1940 шумораи ташкилотҳои ибтидоии комсомолӣ ба 3314 адад афзуд, дар ҳоле ки соли 1938 шумораи онҳо 1537 ададро ташкил медод. Октябри соли 1939 даҳсолагии Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон ботантана таҷлил гардида, коргарони пешқадам, колхозчиён, ходимони адабиёт ва санъат бо ордену медалҳои Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ сарфароз гардиданд. Кори «Ҷамъияти мусоидат ба мудофиа, авиатсия ва сохтмони кимиёвӣ», Ҷамъияти Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар ва ҷамъиятҳои варзишӣ эҳё шуд. Танҳо соли 1939 ба «Ҷамъияти Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар» 43 ҳазор аъзо ҷалб гардида, то соли 1940 дар сафҳои он тақрибан 80 ҳазор нафар буд. Дар гурӯҳҳои мудофиавӣ 14 ҳазор тирандоз, низомиёни савора, пулемётчиён ва дигарон тайёр карда шуданд. Зиёда аз 12 ҳазор нафар курси мудофиаи зиддиҳавоӣ ва зиддикимиёвиро омӯхт. Рушди иқтисод барои баланд бардоштани сатҳи зиндагии меҳнаткашон шароити мусоид фароҳам овард. Бо ин мақсад, соли хониши 1939–1940 дар пойтахти ҷумҳурӣ Институти давлатии тиббии Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино) кушода шуд. Сохти колхозӣ имконият фароҳам овард, ки маҳсулоти умумӣ ва молии истеҳсоли хоҷагии қишлоқ зиёд гардида, даромади пулии колхозҳо афзояд. Соли 1938 Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва зиёда аз 30 ноҳия аз супоридани ғалла ба давлат ва тамоми ноҳияҳои баландкӯҳу марзӣ аз супоридани гӯшту шир озод карда шуданд. Соли 1939 музди миёнаи меҳнати коргарон ва хизматчиёни соҳаи саноат нисбат ба соли 1929 бештар аз 3 маротиба афзуд. Соли 1940 даромади умумии пулии колхозҳо 42,2 миллион сӯмро ташкил намуда, даромади миёнаи пулии як колхоз 136 ҳазор сӯм ва ба як хоҷагии колхозӣ 214 сӯм рост меомад. Ҳаҷми умумии гардиши моли чакана дар ҷумҳурӣ аз 81 миллион сӯми соли 1937 то ба 100,3 миллион сӯм дар соли 1940 афзуд. Дар давоми солҳои 1938–1941 дар Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон корхонаҳои давлатӣ ва кооперативӣ, ташкилотҳо, колхозҳо, инчунин коргарон ва хизматчиёни давлатӣ аз ҳисоби худ 705 ҳазор метри мураббаъ, аз он аз ҳисоби маблағҳои давлатӣ – 233 ҳазор метри мураббаъ манзили иқоматӣ сохтанд. Маблағгузории давлат барои таъминоти иҷтимоӣ зиёд шуд. Агар дар ҷумҳурӣ соли 1930 он 20 ҳазор сӯмро ташкил медод, соли 1940 ба 640 ҳазор сӯм расид. Андозаи ёрии иҷтимоӣ дар шакли нафақа ва ёрдампулиҳои давлатӣ зиёд шуд. Соли 1930 танҳо 218 нафар бо нафақаи давлатӣ таъмин буданд ва пас аз 10 сол шумораи нафақахӯрон ба 7518 нафар расид. Г. Х. Ҳайдаров. --- Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 285.

0

Ташкилёбии Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон

Таъсисёбии Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон 21–28 апрели 1929 дар Анҷумани 2-юми Шӯроҳои Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон масъалаҳои муҳими ҷумҳурӣ муҳокима шуданд. 28 апрел Анҷуман Конститутсияи ҷумҳуриро қабул кард, ки он ба дастовардҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии мардуми тоҷик ҳукми қонунӣ бахшид. Ҳамчунин қарори Анҷумани Шӯроҳои округи Хуҷандро дар бораи ба ҳайати Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон гузаштани ин минтақа созгор шумурд. 10 майи 1929 Анҷумани 3-юми Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Ӯзбекистон дар бораи ба ихтиёри Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон гузаштани округи Хуҷанд қарор баровард. 12 июни 1929 Президиуми Кумитаи иҷроияи марказии Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ ахбороти Ҳукумати Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистонро баррасӣ карда, тибқи нишондоди иқтисодӣ, миллӣ ва ҷуғрофӣ ташкили Ҷумҳурии иттифоқии Тоҷикистонро дар ҳайати Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ созгор донист. 17 июни 1929 Бюрои Кумитаи иҷроияи Ӯзбекистон дар асоси муҳокимаи «Баркияи рафиқ Сталинро доир ба хориҷ намудани Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон аз ҳайати Ӯзбекистон чун Ҷумҳурии Иттифоқӣ» дар бораи ташкил додани Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон қарор қабул кард. 25 июл – 8 сентябри 1929 Комиссия оид ба хориҷ намудани Тоҷикистон аз ҳайати Ӯзбекистон (Макеев) масъалаҳои баҳсноки сарҳаддию ҳудудиро баррасӣ намуд. Баҳсҳо бештар дар атрофи ба Ҷумҳурии Иттифоқии Тоҷикистон додани Бухорою Самарқанд ва қисман округи Сурхандарё авҷ гирифта, ҳалли ин мушкилот мувофиқи пешниҳоди Макеев муддате мавқуф гузошта шуд. Аз шаҳрҳои бостонии тоҷикон танҳо округи Хуҷанд ба Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон ҳамроҳ карда шуд. Баъди ҳамроҳ шудани округи Хуҷанд шумораи аҳолии Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон ба 1 миллиону 200 ҳазор нафар расида, барои ташкилёбии Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон замина фароҳам омад. 11 сентябри 1929 Анҷумани дуюми Кумитаи иҷроияи марказии Шӯроҳои Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон гузоришро дар бораи иҷроиши вазифа ва дурнамои пешрафти иқтисодиёту фарҳанги кишвар баррасӣ карда, қарор қабул намуд, ки Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон аз ҳайати Ӯзбекистон хориҷ ва ба Ҷумҳурии иттифоқии Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ табдил дода шавад. 15 октябри 1929 Анҷумани сеюми Фавқулоддаи Умумитоҷикии Шӯроҳо кори худро оғоз намуда, 16 октябр дар ҷамъомади серодами Майдони Хонаи Деҳқон (ҳоло Театри русии драмаи ба номи В. Маяковский) Эъломияи ташкилёбии Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон бо ҳузури вакилони Анҷумани сеюми Фавқулоддаи Умумитоҷикии Шӯроҳо қабул гардид. 24 феврали 1931 Анҷумани чоруми Шӯрои Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон матни Конститутсияро қабул намуд, ки он заминаҳои ҳуқуқии идораи кишварро фароҳам овард. Дар Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон Кумитаи иҷроияи Ҳизби коммунист (болшевикӣ)-и Тоҷикистон ба иҷроиши вазифаҳои бунёди ҷомеаи сотсиалистӣ вазифадор буд. Солҳои 1929–1941 вазифаҳои асосии сохтмони ҷомеаи сотсиалистӣ дар доираи нақшаҳои панҷсола тарҳрезӣ шуда, дар навбати аввал бояд масъалаи коллективонӣ, саноатикунонӣ ва инқилоби маданӣ анҷом меёфтанд. Дар Тоҷикистон тақрибан тамоми лоиҳаҳои иқтисодӣ аз буҷети марказии Иттиҳоди Шӯравӣ (70–80%) маблағгузорӣ мешуданд. Коллективонии соҳаи кишоварзӣ Коллективонии соҳаи кишоварзӣ — сиёсати дигаргунсозии сотсиалистии соҳаи кишоварзӣ, ки дар раванди он бояд хоҷагиҳои деҳқонони яккадаст ба хоҷагиҳои бузурги истеҳсолӣ — колхозҳо муттаҳид карда мешуданд. Ҳукумати Шӯравӣ баъди ғалабаи Инқилоби Октябр тадриҷан сиёсати дигаргунсозии сотсиалистии деҳотро пеш гирифта, «Дар бораи ҷамъиятикунонии замин» (январи 1918), «Дар бораи заминсозии сотсиалистӣ ва чораҳои ба хоҷагиҳои сотсиалистӣ гузаштан» (феврали 1919) декрет баровард. Колхозҳои аввалин дар Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ аз охири соли 1917 таъсис ёфтанд, вале ҳиссаи онҳо дар истеҳсоли маҳсулоти хӯрокворӣ ва таъмини ашёи хом ночиз буд. Соли 1927 истеҳсоли ғалла дар колхозу совхозҳо нисбат ба хоҷагиҳои яккадаст афзоиш ёфта, дар ин асос татбиқи коллективонии соҳаи кишоварзӣ ногузир гардид. Аз нимаи дуюми 1929 коллективонии соҳаи кишоварзӣ дар тамоми қаламрави Тоҷикистон оғоз ёфт, вале шароити рушди иқтисодиёти кишвар ҳоло ба ин раванд пурра мутобиқ набуд: ислоҳоти обу замин дар аксар минтақаҳои ҷумҳурӣ [ба ҷуз округи Хуҷанд ва Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ (ҳоло Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон)] татбиқ нашуда буд; коргарону деҳқонон бо ҳам иттиҳод надоштанд; моликияти замин қисман дар ихтиёри заминдорони калон буд; тафаккури деҳқонони чоряккору камзамин ба қабули дигаргунсозии сотсиалистӣ омода набуд. Барои пешбурди минбаъдаи коллективонии соҳаи кишоварзӣ тадбирҳои Ҳукумати Шӯравӣ (кам кардани андозҳо, пешниҳоди қарз, муҳоҷир кардани бошандагони кӯҳистон ба водиҳо, сохтмони иншооти обёрӣ, бо техникаи нав таъмин намудани кишоварзон) таъсири мусбат гузошт. Дар солҳои аввал ҷалби ихтиёрии деҳқонон ба хоҷагиҳои коллективӣ (артели кишоварзон ё ширкати муштараки коркарди замин) риоя мешуд. Аз 5 январи 1930 тибқи қарори Кумитаи марказии Ҳизби коммунистии (болшевики) Умумииттифоқӣ — «Оид ба суръати коллективонӣ ва чораҳои ёрии давлат ба сохтмони колхозӣ» суръати коллективонӣ дар минтақаҳои гуногун вобаста ба омодагии сокинони он сурат мегирифт. Мувофиқи ин сиёсат коллективонӣ бояд дар ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна, аз ҷумла Тоҷикистон то охири панҷсолаи якум (1928–1933) хотима меёфт. Вале баъзе роҳбарони ҳизбӣ дар ҷараёни татбиқи ин ҳадафи сотсиалистӣ ба шитобкорӣ ва хатогиҳои ҷиддӣ роҳ дода, баъзе деҳқонони тоҷик моҳияти дигаргунсозии сотсиалистиро дуруст дарк накарданд. Дар баъзе ноҳияҳо деҳқонон зери фишор узви артелҳо мешуданд. Ҳукумати Шӯравӣ барои бартараф кардани ин камбудиҳо «Дар бораи коллективонӣ ва мубориза бо кулакҳо дар ноҳияҳои миллии аз ҷиҳати иқтисодӣ қафомонда» (20 феврали 1930), «Низомномаи намунавӣ доир ба коркарди муштараки заминҳои ҷамъиятӣ», «Дар бораи ҷобаҷогузории қувваҳои ҳизбӣ ва комсомолӣ дар колхозу совхозҳо» (15 майи 1932) ва «Дар бораи муҳофизати молу мулки корхонаҳои давлатӣ, колхозҳову кооператсияҳо ва мустаҳкам кардани моликияти ҷамъиятии сотсиалистӣ» (7 августи 1932) қарор қабул кард. Ҳамчунин баъди шикасти дастаҳои Иброҳимбек дар назди деҳаҳои Хоҷабулбулон (23 июли 1931) ва бартараф гардидани хавфи ҳаракати босмачигӣ дар кишвар аксари деҳқонони сарватманд (кулакҳо) ихтиёрона ё зери фишор узви колхозҳо шуданд. То соли 1932 дар Тоҷикистон 41,9 дарсади замини деҳқонон ба ихтиёри колхозҳо гузашт ва дар ноҳияҳои пахтакор коллективонӣ тақрибан 70 дарсад анҷом ёфт. Солҳои 1929–1932 дар ҷумҳурӣ миқдори совхозҳо аз 5 то 26 ва майдони кишти онҳо аз 0,3 то 44 ҳазор гектар афзуд. Дар охири панҷсолаи 1-ум дар ҷумҳурӣ 18 истгоҳи мошину трактор ташкил ёфт, ки 1085 трактор ва дигар техника дар ихтиёр доштанд. Аз марти 1930 барои колхозҳо меъёри ягонаи баҳисобгирии сатҳу сифати иҷроиши кор ва тақсими даромад — рӯзи корӣ ҷорӣ гардид. Соли 1933 барои беҳтар намудани фаъолияти истеҳсолии колхозҳо, тайёр кардани кадрҳо ва интизоми кор дар назди истгоҳҳои мошину трактори калонтарини ноҳияҳои пахтакор, дар совхозҳои «Вахш», «Қофарниҳон» ва «Данғара» 12 шуъбаи сиёсӣ ташкил гардид. Нишондоди коллективонии соҳаи кишоварзӣ дар Тоҷикистон | Нишондиҳанда | 1 октябри 1929 | 1 июли 1932 | 1 июли 1937 | | --- | --- | --- | --- | | Миқдори колхозҳо (аз рӯи ҳазор) | 0,2 | 2,1 | 4,0 | | Миқдори ҳавлиҳои колхозӣ (аз рӯи ҳазор) | 2,9 | 88,7 | 170,7 | | Фоизи коллективонӣ аз рӯйи миқдори ҳавлиҳо | 1,5 | 41,9 | 89,9 | | Фоизи коллективонӣ аз рӯйи майдони кишт | — | 65,3 | 98,3 | Аз панҷсолаи 2-юм (1933–1938) татбиқи сиёсати коллективонӣ дар ноҳияҳои ғаллакорӣ, чорводорӣ ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон оғоз гардид. То ибтидои соли 1936 дар ҷумҳурӣ шумораи колхозҳо ба 4 ҳазор ва истгоҳҳои мошину трактор ба 45 адад расид. Соли 1937 43,9% майдони кишти колхозҳо бо техника коркард мешуд. Дар панҷсолаи 2-юм барои тайёр кардани кормандони агротехникӣ, ҳисобчиҳо, тракторчиён, заминсозон ва дигар мутахассисон мактабу курсҳои зиёд кушода шуданд. Мутахассисони баландихтисос дар Институти хоҷагии қишлоқ ва комбинати таълимии Комиссариати халқӣ оид ба замин тайёр карда мешуданд. Дар охири панҷсолаи 2-юм бунёди колхозӣ дар Тоҷикистон қатъиян ғалаба кард. Дар натиҷа истеҳсоли пахта дар соли 1938 нисбат ба соли 1933 (57 ҳазор тонна) се баробар (183 ҳазор тонна) афзуд. Зарурати обёрии заминҳои бекорхобида барои рушди кишоварзӣ боиси бунёди Канали калони Вахш (1930–1933), Канали калони Фарғона (1939–1940), Канали калони Ҳисор (1940–1941) гардид. Ҳамзамон барои таъмини инкишофи соҳаи пахтакорӣ ва бунёди каналҳои нав солҳои 1930–1935 мардуми ноҳияҳои кӯҳистони Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва дигар ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ ба водиҳои пахтакори кишвар муҳоҷир шуданд. Аз ҷумла, солҳои 1935–1936 8860 хонавода ба водии Вахш кӯчиданд, ки онҳо қисман (3638 хоҷагӣ) ҳамчун кулак аз қисми аврупоии Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ бадарға шуда буданд. Дар маҷмӯъ, коллективонии соҳаи кишоварзӣ низоми мукаммали мубодилаи захираҳои молиявӣ, моддӣ ва меҳнатиро миёни соҳаҳои кишоварзӣ ва саноат ба вуҷуд овард, ки дар муддати кӯтоҳ Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистиро ба кишвари абарқудрат табдил дод. Саноаткунонӣ Саноаткунонӣ — дигаргунсозии сотсиалистии иқтисодиёт ва баланд бардоштани дараҷаи моддӣ ва маънавии заҳматкашон буд. Дар шароити рақобати бошиддати иқтисодии байни Ҳукумати Шӯравӣ ва кишварҳои сармоядорӣ бояд тавассути сиёсати саноаткунонӣ рушди босуботи саноат таъмин шуда, Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ ба мамлакати абарқудрати саноатӣ табдил меёфт. Ҳамчунин дар давлатҳои Италия (соли 1922) ва Олмон (соли 1933) нерӯҳои фашистӣ ба сари ҳокимият омада, даъвои тақсимоти нави ҷаҳонро ба миён мегузоштанд. Дар шароити хатарҳои нави ҷаҳонӣ Ҳукумати Шӯравӣ саноаткунониро бе ёрии моддӣ ва молиявии кишварҳои дигар дар амал татбиқ кард. Дар Тоҷикистон бо сабаби ҳанӯз омӯхта нашудани иқтидори саноатии он, аз ҷумла соҳаи энергетика, бояд корхонаҳои коркарди ашёи хом ва хӯрокворӣ бунёд мешуданд. Яъне, Тоҷикистон бояд ба маркази асосии ашёи хоми саноатии Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ табдил меёфт. Саноатикунонӣ дар Тоҷикистон аз бунёди заводҳои пахтатозакунӣ шурӯъ гардид. Солҳои 1930–1938 заводҳои пахтатозакунии Кӯлоб, Саройкамар (Панҷ), Фархор, Қӯрғонтеппа, Чилликӯл, Хуҷанд, Конибодом, Регар (Турсунзода) бунёд ва навсозӣ гардиданд, ки то соли 1940 шумораи онҳо ба 11 адад расид. Солҳои 1931–1932 неругоҳи барқи обии Варзоб (иқтидораш 7500 киловатт/соат), соли 1933 истгоҳи барқи дизелии Сталинобод ва ғайра ба кор шурӯъ карда, то охири солҳои 30-юм шумораи истгоҳҳои барқӣ ба 40 адад расид, ки ба миқдори 62,1 миллион киловатт/соат нерӯи барқ истеҳсол мекарданд. Саноати коркарди маъдан низ дар заминаи конҳои маъдани Қарамазор, Такоб, Адрасмон ва Консой (1933–1938) рушд карда, боиси тараққиёти саноати филиззоти ранга гардид, ки Тоҷикистонро дар муддати хеле кӯтоҳ ба кишвари аграрию саноатӣ табдил дод. Соли 1932 дар Хуҷанд навбати аввали фабрикаи абрешимбофии «Бофандаи Сурх» ва фабрикаи пиллакашии Сталинобод ба кор оғоз карданд. Солҳои 1932–1938 дар мамлакат заводҳои равғанбарории Қӯрғонтеппа ва Кӯлоб, заводҳои консервабарории Хуҷанд, Қистақӯз ва Исфара, комбинати орди Янгибозор (Ваҳдат) ва Қӯрғонтеппа, заводи нонпазӣ ва комбинати гӯшти Сталинобод ва ғайра ба кор оғоз карданд, ки ин пешрафти ҷиддӣ дар соҳаи саноати хӯрокворӣ буд. Инкишофи сохтмони корхонаҳои саноатӣ ва шаҳрсозӣ зарурати истеҳсоли масолеҳи сохтмонро ба миён овард. Дар ин давра заводи хиштпазии Сталинобод (1930), Драгомиров (ҳоло Ҷ. Расулов), Шаҳринав (1932), Исфара, Панҷакент, Кӯктош (Сомониён) ва Шаҳритӯс (1936) бунёд шуданд. Соли 1938 сохтмони заводи сементи Сталинобод оғоз гардид. Бо мақсади омода намудани коргарони касбӣ аввалин омӯзишгоҳҳои фабрикаю заводӣ назди Комбинати абрешими Хуҷанд (1929), Комбинати полиграфии Сталинобод (1935), Фабрикаи дӯзандагии Сталинобод ва Матбааи Ленинобод (1936) ва ғайра ташкил карда шуданд. Дар умум Тоҷикистон аз охири солҳои 30-юм ба ҷумҳурияи аграрию саноатӣ табдил ёфт. Инқилоби маданӣ Инқилоби маданӣ — таҳаввулоти бузург дар соҳаи маориф ва фарҳанги тоҷик буд, ки бо мақсади соҳибмаърифат гардонидани аҳолии Тоҷикистон, ташкил кардани мактабҳои махсуси маҳви бесаводӣ ва бо китобҳои дарсӣ ва дигар лавозимоти хониш таъмин кардани онҳо шурӯъ шуд. Инқилоби фарҳангӣ тақрибан соли 1929 шурӯъ гардида, аз бастани мактабҳо, мадрасаҳо ва муассисаҳои таълимии низомашон куҳна оғоз ёфт. Солҳои 1925–1930 шумораи мактабҳои маҳви бесаводӣ ба 1111 адад расид. Дар натиҷаи татбиқи сиёсати шӯравӣ ва дуруст ба роҳ мондани низоми маориф соли 1939 сатҳи саводнокии аҳолии Тоҷикистон ба 82,8% расид. Барои рушди соҳаи маориф ҷорӣ намудани таълими ибтидоӣ ва умумии ҳатмӣ мусоидат кард. Соли 1930 11 мактаби 7-сола ва 2 мактаби миёна фаъолият дошт (шумораи онҳо соли 1938 мутаносибан ба 89 ва 18 адад расид), ки дар онҳо беш аз 22000 хонанда таҳсил мекарданд. То соли 1933 инчунин мактабҳои ибтидоии 2-сола (синфҳои 1 ва 2) вуҷуд доштанд. Барои тайёр кардани омӯзгорон дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд ва баъзе ноҳияҳои дигари ҷумҳурӣ мактабҳои олӣ ва курсҳои кӯтоҳмуддати муаллимӣ, омӯзишгоҳҳои педагогӣ таъсис ёфта буданд (институтҳои педагогии Душанбе (1931), Хуҷанд (1932), Академияи педагогии Сталинобод (1931), комбинатҳои педагогии Душанбе, Хуҷанд, Конибодом, Ғарм, Нов, Ӯротеппа, Панҷакент, Хоруғ, Кӯлоб, Шаҳринав ва ғайра). Солҳои 1940–1941 дар ҷумҳурӣ 6 мактаби олӣ фаъолият дошт, ки дар онҳо 2,3 ҳазор донишҷӯ таҳсил мекарданд. Солҳои 1930 дар Тоҷикистон 3 театри касбӣ, филармонияи давлатӣ, ансамбли рақсии миллӣ, оркестри симфонӣ, хонаи эҷодиёти халқ, театри опера ва балет, 12 театри халқӣ (дар Хоруғ, Ғарм, Кӯлоб, Панҷакент, Қӯрғонтеппа, Ӯротеппа, Исфара, Ҳисор), 140 нуқтаи намоиши кино, 416 китобхонаи илмӣ-оммавӣ (китобхонаи ҷумҳуриявии ба номи А. Фирдавсӣ, 1933), 2 осорхона (дар Душанбе ва Хуҷанд) амал мекарданд. Саноати полиграфӣ аз Нашриёти давлатии Тоҷикистон ва 34 матбааи хурду миёнаи ноҳиявӣ иборат буд. Дар ин давра 5 рӯзномаи ҷумҳуриявӣ («Тоҷикистони сурх», «Маориф ва маданият», «Коммунист Таджикистана», «Роҳбари дониш», «Дониш ва омӯзгор»), 1 рӯзномаи минтақавӣ, чандин маҷалла, зиёда аз 350 газетаҳои деворӣ ба табъ мерасиданд. Солҳои 1929–1940 ду ислоҳоти алифбо гузаронида шуд; се бор (1929, 1931, 1937) конститутсия қабул гардид. Инқилоби фарҳангӣ барои дастрасии оммавии таҳсил, ташаккули низоми маорифи шӯравӣ ва баланд шудани сатҳи маърифати аҳолӣ замина гузошт. Аҳамияти таърихии инқилоби фарҳангӣ хеле бузург буда, рушди маориф, санъат, фарҳанг ва матбуоти тоҷикро ба сатҳи сифатан нав баровард. Гузариш ба алифбои лотинӣ ва русиасос Баъди ташкилёбии Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ масъалаи табдили хат ва алифбои ягона барои ҳамаи аҳолии Иттиҳоди Шӯравӣ пеш омад. Соли 1929 масъалаи гузариш ба алифбои лотинӣ ба таври қатъӣ гузошта шуд. Соли 1927 бо ташаббуси Комиссари халқии маорифи Иттиҳоди Шӯравӣ А. Луначарский Комиссияи гузариш ба алифбои лотинӣ таъсис ёфт. Табдили алифбо аз хатти форсӣ ба лотинӣ аввалан дар Туркия оғоз шуда, баъдан бо баҳонаи маҳви бесаводӣ дар байни аҳли маориф ва фарҳанги туркони Қафқоз, бахусус ҷумҳурии Озарбойҷон, тоторҳои Россия (аз 1922) ва мардуми туркзабони Осиёи Миёна ҷонибдорони зиёд пайдо кард. Баръакси туркзабонон ва дигар ислоҳотгароён дар байни зиёиёни калонсоли тоҷик ҷонибдорони табдили алифбо ба лотинӣ камтар буданд. Устод Айнӣ, Мунзим, Ҳамдӣ ва дигарон дар комиссияи гузариш таърихи беш аз ҳазорсола доштани хатти форсӣ ва душвор будани баргардонии дастхатҳои қадимаро ба алифбои лотинӣ ба миён мегузоштанд. Ҷумҳурии Ӯзбекистон алифбои лотиниро дарҳол қабул кард, аммо доираҳои ҳукмрони Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон гузариш ба алифбои лотиниро ба таъхир меандохтанд. Дар ҷаласаи охирини Комиссияи табдили алифбо шиори «Гузариш ба алифбои лотинӣ — ҳукми инқилоб. Марг ба душмани халқ!» овезон буд. Ҳайати Комиссияи табдили хат баъди овоздиҳии маҷбурӣ лоиҳаи алифбои лотинасосии тоҷикии Абдурауфи Фитратро, ки ба савтиёти забони тоҷикӣ мувофиқ буд, охири соли 1929 қабул кард. Аммо ҷараёни татбиқи алифбои лотинасос дар Тоҷикистон ба осонӣ амалӣ нашуд ва қаноатбахш набуд. Аз ин сабаб, моҳи январи соли 1929 «фармоиш»-и раиси Кумитаи Марказии Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон Нусратулло Махсум дар бораи такмил ва пешрафти корҳои алифбои нав содир шуда, иҷрои қарорҳои Кумитаи Марказӣ оид ба алифбои навро барои ҳамаи мақомот «маҷбурӣ ва қатъӣ» эълон намуд ва дар асоси ин фармон ҷараёни гузаштан ба алифбои нав суръат гирифт. Ҳамин тавр, алифбои лотинӣ ва имлои забони тоҷикӣ бо ҳуруфи лотинӣ дар Тоҷикистон то соли 1936 ба куллӣ ҷорӣ шуд. Вале охири солҳои 30-юми асри 20 дар Тоҷикистон ва кишварҳои турктаборе, ки дар онҳо алифбои лотинӣ ҷорӣ буд, ҷараёни гузариш ба алифбои кириллии русӣ оғоз гардид. Бинобар ин, соли 1938 таълими забони русӣ дар мактабҳои тоҷикӣ аз соли дуввуми таҳсил ҷорӣ гардид ва худи ҳамин сол Кумитаи Марказӣ маҷлиси машваратии умумиро ду маротиба дар мавзуи забон ва хат даъват намуд. Дар ин маҷлисҳои машваратӣ пешниҳод гардид, ки барои тағйири алифбои лотинасоси тоҷикӣ ба алифбои русиасос ва омода кардани тарҳи алифбои нав гурӯҳи олимон аз сектори таърихӣ-забоншиносии Базаи Тоҷикистонии Академияи илмҳои Иттиҳоди Шӯравӣ: С. Арзуманов, Л. Бузургзода, Р. Ҷалилов, Н. Ершов, С. Нестеренко, Б. Ниёзмуҳаммодов вазифадор карда шаванд. Соли 1939 нахустин Анҷумани омӯзгорони Тоҷикистон баргузор гардид ва аз сӯи ширкаткунандагони он ба Ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод гардид, ки нақшаи табдили алифбои лотинӣ ба алифбои кириллӣ дар кишвар ҳарчӣ зудтар татбиқ гардад. Дар ҷараёни гузаштан ба алифбои русиасос, моҳи феврали соли 1940 Конференсияи ҷумҳуриявӣ оид ба алифбои нав доир гардид ва дар он алифбои нави русии тоҷикӣ пазируфта шуд, ки он аз 37 ҳарф иборат буд. Моҳи майи соли 1940 иҷлосияи шашуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон (даъвати якум) Қонун «Дар бораи гузаронидани хати лотинии тоҷикӣ ба алифбои нави тоҷикӣ дар асоси графикаи русӣ»-ро ба тасвиб расонд, ки мувофиқи он ҳуҷҷатгузорӣ дар тамоми идора ва созмону бунёдҳои мухталифи илмию иҷтимоӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон ба алифбои кириллӣ сурат мегирифт. Нашрияҳои Тоҷикистон аз 1 июни соли 1940 бо ин алифбо чоп шуданд. Бинобар ин қарор бояд то 1 сентябри соли 1941 ҳамаи корҳои марбут аз алифбои лотинӣ ба алифбои нави тоҷикӣ мегузашт. Аммо ҷараёни гузариш аз алифбои лотинӣ ба алифбои русиасос ба мисли гузариш аз алифбои арабиасос ба алифбои лотинасос дар байни зиёиёни кишвар мавриди баҳсу мунозираи илмӣ қарор нагирифт ва дар ин хусус аз олимону соҳибназарон касе ҳам изҳори назар накард, зеро дар солҳои 1936–1937 дар натиҷаи таъқиби зиёиён, ки ҳазорҳо нафар ба марг маҳкум шуданд, зиёиёни кишвар аз ибрози андеша дар ин хусус худдорӣ карданд. «Таъқиботи сталинӣ» Солҳои 1934–1938 таъқиботи сиёсии ходимони ҳизбию давлатӣ ва аҳли зиё бо айбҳои сохтаи мурофиавӣ дар Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ афзоиш ёфтанд. «Таъқиботи Сталинӣ» таҳти шиори маҳв кардани мухолифини сиёсат ва бунёди ҷомеаи сотсиалистӣ сурат мегирифт. Афроди гуногун аз ҷониби Сарраёсати бехатарии Комиссариати халқии корҳои дохилии Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ ба «рӯйхати сиёҳ» ворид шуда, бо фармони бевоситаи Сталин ба ҷазоҳои гуногун (ҳабс, бадарға, қатл ва ғайра) маҳкум мегардиданд. Агар оид ба нафаре ҳамчун «душмани халқ» ба мақомот маълумот мерасид, ӯро бе тафтишу баррасӣ ва ҳукми додгоҳ ба ҷазо гирифтор менамуданд. Ба ин восита солҳои 30-юми асри 20 ходимони намоёни давлатӣ, роҳбарони сиёсию ҳизбии Тоҷикистон, аз қабили Н. Махсум, Ш. Шоҳтемур, А. Муҳиддинов, А. Ҳоҷибоев ва Ч. Имомов, А. Раҳимбоев, Ӯ. Ашуров, И. Исмоилов, А. Фозилов, А. Мавлонбеков, С. Абдуллоев, С. Носиров, Р. Бобоҷонов, А. Алиев, О. Оқчурин, Г. Бройдо, Т. Рискулов, Н. Тӯрақулов, Ф. Хоҷаев, Нисормуҳаммади Афғон, С. Афзалов, М. Гусейнов, Х. Боқиев, М. Қурбонов ва дигарон чун миллатгарои буржуазӣ ба додгоҳ кашида шуданд. Аз соли 1937 дар Тоҷикистон таъқиботи Сталинӣ авҷ гирифт, даҳҳо ҳазор зиёиён, рӯҳониён, заминдорони соҳибмулк бо ҷурми миллатгароӣ, пуштибонии босмачиён ва ҷосусӣ ҳабсу бадарға шуданд. Дар ин таъқиботи хунин ва қазияҳои сохта нақши А. Раҳимбоев, ки аз соли 1933 Раиси Шӯрои Комиссарони Халқии Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон буд, барои заиф сохтани нуфузу эътибори кадрҳои миллӣ бузург аст. Вале худи А. Раҳимбоев низ соли 1938 дучори ин таъқибот гашта, ба қатл маҳкум гардид. Дар ин давра фаъолияти зиёиён таҳти назорати шадид қарор гирифт. Дастовардҳои илмӣ агар ба идеологияи роҳбарони Ҳизби коммунист мувофиқат намекарданд, олимонро ҳамчун мубаллиғи арзишҳои ҷомеаи сармоядорӣ ҷазо медоданд. Соли 1931 Иттифоқи Нависандагони Тоҷикистон 28 аъзо дошт, ки баъзе онҳо муқобили ҳамдигар мақолаҳои туҳматомез навиштанд ва дар натиҷа адибон Х. Карим, Ғ. Абдулло ва Р. Абдуллоро барои робита бо тарроҳи марзбандии миллии Осиёи Миёна А. Раҳимбоев айбдор карданд. Ҳамчунин Ҷ. Икромӣ, С. Ализода, Т. Зеҳнӣ ва Р. Ҳошим низ гирифтори таъқибот гардида, ҳабс шуданд. Тибқи нақшаи амниятии Лаврентий Берия талаб карда шуд, ки аз Тоҷикистон 120 ҳазор нафар ҳабсу бадарға карда шаванд. Вале Б. Ғафуров ҳангоми дидор бо Сталин ин нақшаро баррасӣ намуда, аксари мардумро аз таъқиботу маҳвшавӣ наҷот дод. --- Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 281–284.

0

Ташкилёбии Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон

Тақсимоти ҳудуди миллӣ дар Осиёи Миёна Баъди барпо намудани тартиботи шӯравӣ Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Туркистон (дар ҳайати Ҷумҳурии Федеративии Шӯравии Сотсиалистии Руссия), Ҷумҳурии Халқии Шӯравии Бухоро ва Ҷумҳурии Халқии Шӯравии Хоразм ташкил шуданд. Ин давлатҳо бар асоси воҳидҳои маъмурӣ-ҳудудӣ номгузорӣ шуда, ҳувияти ин ё он миллатро ифода карда наметавонистанд. Масалан, аксари тоҷикони Осиёи Марказӣ дар Ҷумҳурии Халқии Шӯравии Бухоро (52,3%; 420130 нафар; ӯзбекҳо, 22,2%) ва Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Туркистон (47,7%; 403698 нафар; ӯзбекҳо 66,5%) зиндагӣ мекарданд. Ҳизби ҳукмрони коммунистӣ ҳалли масъалаи миллиро дар шароити Осиёи Миёна барои бунёди ҷомеаи сотсиалистӣ ногузир медонист. Ҳалли ин масъала дар асоси тавсияи асосгузори Ҳизби болшевикии Руссия ва сарвари Ҳокимияти Шӯравӣ В. И. Ленин сурат гирифта, бояд ҳамаи миллатҳои собиқ мазлуми империяи Руссия дар заминаи ҳуқуқи худмуайянкунӣ давлатҳои миллиашонро бунёд мекарданд. Мутасаддиёни Ҳизби коммунистии (болшевик) Руссия солҳои 1920–1921 дар шароити Осиёи Миёна ҳалли ҷиддии масъалаи миллиро бидуни тақсимоти ҳудудии миллӣ ғайриимкон дониста, дар ин маврид чанд лоиҳаи тавсиягӣ қабул карданд: 15 январи 1920 Комиссияи туркистонии Кумитаи Марказии Ҳизби коммунистии (болшевик)-и Русия ва Шӯрои Комиссарони Халқии Федератсияи Руссия ташкили ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон, Туркманистон ва Қирғизистонро аз рӯи нишонаҳои миллӣ дар Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Туркистон қобили қабул донистанд. Аз рӯзҳои аввал мутасаддиёни Ҳизби коммунистӣ манфиатҳои миллии тоҷиконро ҳамчун мардуми муқимии қадимии Осиёи Миёна сарф назар карда, онҳоро нисбат ба туркманҳо, ӯзбекҳо ва қирғизҳо «миллати хурд» медонистанд. Ҳамзамон қисми зиёди амалдорони шӯравӣ, зиёиён ва ходимони ҳизбӣ зери таъсири пантуркизм қарор гирифта, мавҷудияти тоҷиконро чун миллат ва ё худ халқияти мустақил инкор мекарданд. Ба андешаи пантуркистон тоҷикони Осиёи Миёна дар асл турканд, ки гӯё «забони модариашонро гум карда, забони вайроншудаи форсиро пазируфтаанд». Баъзе роҳбарони сатҳи аввали Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Туркистон ва Ҷумҳурии Халқии Шӯравии Бухоро (Ф. Хоҷаев, А. Раҳимбоев, А. Муҳиддинов, А. Фитрат), ки аслан тоҷик буданд, дар раванди сарнавиштсози тақсимоти ҳудудии миллӣ ҳатто тоҷик будани худро инкор намуданд. Баъзеи онҳо ҳатто тавсия мекарданд, ки «тоҷиконро бояд ба асл – мансубияти туркиашон баргардонем». Аз ҷониби дигар, роҳбарияти Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Туркистон ва Ҷумҳурии Халқии Шӯравии Бухоро бархилофи арзишҳои фарҳангии тоҷикон чанд тасмими нодуруст гирифтанд, ки ин ба раванди тақсимоти ҳудуди миллӣ таъсири номатлуб гузошт: мувофиқи қарори Кумитаи иҷроияи марказии Ҷумҳурии Туркистон аз 14 июли 1918 дар ин сарзамин забонҳои ӯзбекӣ ва қирғизӣ дар қатори забони русӣ забонҳои давлатӣ эълон гардида, нуфузи забони форсии тоҷикӣ қасдан инкор карда шуд. Минбаъд аз соли 1923 ҳуҷҷатнигорӣ ва забони расмӣ дар ин кишвар дар баробари забони русӣ бо се забон – ӯзбекӣ, қирғизӣ ва туркманӣ сурат гирифта, мавқеи расмии забони форсии тоҷикӣ боз маҳдудтар шуд; аз декабри 1921 нашри маҷаллаи ягонаи форсии тоҷикии «Шуълаи инқилоб» дар Самарқанд қатъ гардид; соли 1919 дар ҳайати Комиссариат оид ба корҳои миллии Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Туркистон шуъбаҳои ӯзбекӣ, қирғизӣ, туркманӣ, озарӣ, туркӣ, тоторӣ, русӣ, украинӣ, форсӣ ва яҳудӣ амал мекарданд, аммо ташкилоте, ки манфиати миллии тоҷиконро ҳимоя кунад, умуман вуҷуд надошт; дар Конститутсияи Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Туркистон (1920) қирғизҳо, ӯзбекҳо ва туркманҳо ҳам мардуми муқимӣ эътироф шуданд ва номи тоҷикон аз ин ҳуҷҷати муҳим берун монд; 11 марти 1921 Шӯрои нозирони халқии Ҷумҳурии Бухоро бо сарварии Ф. Хоҷаев дар қаламрави мамлакат ба забони туркӣ мақоми расмӣ дод, ки ӯро ҳамсафонаш Н. Хусайнови тотор, О. Оқчурин ва А. Фитрат дастгирӣ карданд. Ҳатто туркпарасти ашаддӣ А. Фитрат, ки соли 1921 нозири маориф ва соли 1922 ҷонишини раиси Шӯрои нозирони халқи Бухоро буд, барои ба забони форсии тоҷикӣ сухан гуфтан ҷарима ҷорӣ кард. Тадриҷан дар мактабҳои маҳаллаҳои тоҷикнишини Ҷумҳурии Халқии Шӯравии Бухоро таълим низ бо забони туркӣ ё ӯзбекӣ ба роҳ монда шуд. 10 апрели 1924 бо қарори Кумитаи Марказии Ҳизби коммунистии Бухоро Комиссияи марказии тақсимоти ҳудуди миллӣ дар ҳайати Ф. Хоҷаев, К. Атобоев, К. Пӯлодов, А. Муҳиддинов ва Наврӯзбоев ташкил шуд. То майи 1924 ташкилотҳои гуногуни ҳизбӣ масъалаи тақсимоти ҳудуди миллиро дар Осиёи Миёна муҳокима карда, фикру андеша ва лоиҳаҳои мушаххас пешниҳод намуданд. Аз ҷумла, арбоби барҷастаи шӯравӣ, комиссари халқии корҳои хориҷӣ Г. Чичерин бар асоси ақидаи шарқшиносони рус лоиҳаеро пешниҳод намуд («лоиҳаи Чичерин»), ки мувофиқи он бояд дар Осиёи Миёна Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҷумҳурии бузургтарин ва дар ҳайати он Ҷумҳурии мухтори Ӯзбекистон бунёд мегардид, вале бо сабаби дар ҳайати мутасаддиёни масъалаи марзбандии ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна зиёд будани нуфузи туркпарастон «лоиҳаи Чичерин» қабул нашуд. 12 июни 1924 Бюрои сиёсии Кумитаи Марказии Ҳизби коммунистии (болшевик)-и Руссия «Дар бораи тақсимоти миллии ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна (Туркистон, Бухоро ва Хоразм)» қарор қабул кард. Дар асоси он ташкили ҷумҳуриҳои иттифоқии сотсиалистии Туркманистону Ӯзбекистон, вилояти мухтори Қара-Қирғиз (Қирғизистон; дар ҳайати Федератсияи Руссия), вилояти мухтори Тоҷикистонро (дар ҳайати Ӯзбекистон) ва муттаҳид кардани ноҳияҳои қирғизнишин (қазоқнишин)-и Туркистон бо Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Қирғизистон (Қазоқистон) зарур шуморида шуд. 16 августи 1924 дар маҷлиси Бюрои осиёмиёнагӣ комиссияи сарҳаддии тоҷикон дар ҳайати Ч. Имомов, А. Ҳоҷибоев (роҳбари гурӯҳ) ва М. Саидҷонов ташкил шуд. 21 августи 1924 дар маҷлиси 5-уми комиссияи тақсимоти ҳудуди миллӣ фикру мулоҳизаҳо «Дар бораи вилояти мухтори Тоҷикистон ва ҳудуди он» шунида шуд. Дар маҷлис роҳбари гурӯҳи комиссияи сарҳаддии тоҷикон А. Ҳоҷибоев аз қолаби тавсиякардаи сарварони комиссия берун баромада натавонист. Ӯ ҳатто аз шаҳрҳои қадимаи тоҷикон Бухоро, Самарқанд ва Хуҷанд даст кашида, сараввал деҳаи Қаратоғ ва сипас Душанберо ҳамчун пойтахти Вилояти мухтори Тоҷикистон пешниҳод намуд. Ташкилёбии Ҷумҳурии Мухтори Сотсиалистии Шӯравии Тоҷикистон 11 октябри 1924 Бюрои сиёсии Кумитаи Марказии Ҳизби коммунистии Россия зарур шуморид, ки ба ҷои Вилояти мухтор Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон дар ҳайати Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Ӯзбекистон ташкил карда шавад. 14 октябри 1924 бо пешниҳоди Кумитаи иҷроияи марказии Умумируссиягӣ ва Кумитаи иҷроияи марказии Туркистон Тоҷикистон ҳамчун Ҷумҳурии Мухтор дар ҳайати Ӯзбекистон таъсис дода шуд. Ба ҳайати Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон собиқ вилоятҳои Ҷумҳурии Халқии Шӯравии Бухоро – Ғарм, Душанбе, Кӯлоб ва Қӯрғонтеппа ва Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Туркистон – Панҷакенту Ӯротеппа дохил шуданд. Дар ин замон масоҳати ҷумҳурӣ 135,6 ҳазор километри мураббаъ ва аҳолияш 739,5 ҳазор нафар (78,33% тоҷикон) буд. 26 ноябри 1924 дар Тошканд Кумитаи инқилобии Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон бо сарварии Н. Махсум ташкил ёфт. 3 феврали 1925 ҳукумати Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон ба Душанбе омад, 4 феврал дар гирдиҳамоии Душанбе эъломияи ташкилёбии Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон қироат карда шуд. Дар ин рӯз шумораи махсуси нахустин рӯзномаи тоҷикӣ «Овози тоҷик» аз чоп баромад. 5 феврал барҳам додани ташкилотҳои собиқ Ҷумҳурии Бухорои Шарқӣ сар шуд. 6 декабри 1924 дар Тоҷикистон Бюрои ташкилии Ҳизби коммунистии (болшевикии) Ӯзбекистон таъсис ёфт, ки он ҳамчун мақоми муваққатии роҳбарикунанда ташкилоти ҳизбиро ташкил мекард. Декабри 1925 қаламрави Помир бо номи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба ҳайати Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон дохил гардид. Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон дар соли 1925 аз воҳидҳои зерин иборат буд: Вилояти Ғарм — туманҳои Ванҷ, Дарвоз, Чиргатол, Қалъаи Лаби Об, Қалъаи Ҳоит ва Обигарм; Вилояти Душанбе — туманҳои Ҳисор, Душанбе, Қаратоғ, Файзобод, Ёвон ва Янгибозор; Вилояти Кӯлоб — туманҳои Балҷувон, Кӯлоб, Муъминобод ва Ховалинг; Вилояти Қӯрғонтеппа — туманҳои Қӯрғонтеппа, Чилликул, Қубодиён ва Саройкамар; Вилояти Панҷакент — волостҳои Офтобрӯ, Искодар, Киштут, Панҷакент, Фалғар ва Моғиён-Фороб; Вилояти Ӯротеппа — волостҳои Басманда, Ганҷӣ, Далён, Мастчоҳ, Ӯротеппа ва Шаҳристон; Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон. Дар миёнаҳои соли 1926 хатари дастаҳои босмачиён амалан бартараф ва дар кишвар бори аввал интихоботи шӯравӣ баргузор шуд. 14 августи 1924 бо қарори Кумитаи инқилобӣ заминдорону тоҷирони калон, рӯҳониён, собиқ мансабдорони амир, босмачиён ва дигар мухолифини шӯравӣ аз ҳуқуқи интихоботӣ маҳрум шуданд. 1–12 декабри 1926 дар Душанбе Анҷумани 1-уми муассисони Шӯрои Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон бо ширкати 336 вакил баргузор шуд. Анҷуман масъалаи вазъияти байналхалқӣ ва дохилии Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ, барҳам додани ҳаракати босмачигиро муҳокима кард; маърузаи Ҳукумат ва Кумитаи инқилобии Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон, комиссариатҳои маорифи халқ, тандурустиро шунид; дар бораи миллӣ кунонидани об, замин, ҷангал, озодии занон, таълими умумӣ ва ғайра қарор қабул кард. Ҳамзамон Кумитаи иҷроияи марказии Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон Президиум ва Ҳукумати ҷумҳурӣ – Шӯрои комиссарони халқро интихоб намуд. Шӯрои комиссарони халқ аз чанд комиссариат иборат буд: молия, хоҷагии қишлоқ, корҳои дохилӣ, адлия, маориф, инспексияи коргару деҳқон, ҳифзи тандурустӣ, савдо, Шӯрои марказии хоҷагии халқ ва Идораи марказии омор. Анҷумани 1-уми муассисон роҳҳои минбаъдаи инкишофи ҷомеаи шӯравиро мушаххас нишон дод. Тибқи қонуни қабулнамудаи анҷуман то давраи қабули Конститутсия тамоми қудрат дар ҷумҳурӣ ба ихтиёри Кумитаи иҷроияи марказии Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон гузашт. Сентябри 1929 уезди Хуҷанд (ноҳияҳои Конибодом, Исфара ва Ашт) ба ҳайати Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон дохил шуд. Ҳамин тариқ, мардуми тоҷик дар шароити густариши пантуркизм дар минтақа ба ташкили ҷумҳурии мухтор даст ёфт, ки ин барои бунёди давлатдории миллӣ нақши бузург дошт, вале ин ҷумҳурӣ дар гӯшаи қафомондатарини кишвар – Бухорои Шарқӣ, дур аз марказҳои фарҳангии халқи тоҷик – Бухоро, Самарқанд ва Хуҷанд бунёд гардид. Амалдорони ҷумҳурии Бухоро дар раванди тақсимоти ҳудуди миллӣ бо истифода аз ин омил мардуми шаҳру деҳотро ташвиқ мекарданд, ки ҳар касе худро дар рӯйхат «ӯзбек» нависад, дар манзили худ озодона иқомат мекунад. Ҳар касе агар худро «тоҷик» сабт кунад, хона ва чизу чораашро гузошта, ба вилояти мухтори тоҷикон равад ва ё онҳо маҷбуран фиристода мешуданд. Дар асоси ин ташвиқот баъзе тоҷикони Бухоро ва дигар вилоятҳои Осиёи Миёна худро дар рӯйхат «ӯзбек» нишон доданд. Ҳамчунин тақсимоти ҳудуди миллӣ дар Осиёи Миёна шитобкорона ва ғайривоқеӣ сурат гирифта, баъзе мутасаддиёни ҳизбию шӯравӣ ҳангоми рӯйхатгирии аҳолӣ дар ҳуҷҷатҳо этноними «тоҷик»-ро ба «ӯзбек» иваз карданд. Н. Ҳотамов. --- Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 279–280.

0