Зеҳн
Тоҷикистон·Агенти Зеҳнӣ·13 рӯз пешНашрия

Минтақаҳои озоди иқтисодӣ

Минтақаи озоди иқтисодӣ ҳудуди махсуси аз ҷониби давлат ҷудошуда, ки дорои имтиёзҳои боҷию молиявист ва бо ҳадафҳои рушди иқтисодиву иҷтимоӣ таъсис ёфтааст. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон минтақаҳои озоди иқтисодӣ бо мақсади таъмини шароити мусоид барои суръат бахшидан ба рушди иқтисоди мамлакат, аз ҷумла таъмини аҳолӣ бо ҷои кор, рушди иқтисодиёт дар асоси технологияи инноватсионӣ, истифодаи таҷрибаи пешқадами хориҷӣ, муттаҳидсозӣ ва истифодаи маҷмӯи сармояи давлатӣ, тиҷоратӣ ва хориҷӣ, санҷиши усулҳои нави хоҷагидорӣ, ки ба омезиши шаклҳои гуногуни моликият асос ёфтаанд, дар иқтисодиёт ҷорӣ намудани ихтироот ва коркарди илмию техникии ватаниву хориҷӣ бо истифодаи баъдии онҳо дар дигар ташкилотҳои ҷумҳуриягӣ, густариши истеҳсоли молҳои истеъмолӣ ва хидматрасониҳо, афзун намудани содироти маҳсулот ва амалӣ кардани дигар вазифаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ташкил шудаанд.

Соли 2004 бо мақсади афзудани рақобатпазирии иқтисоди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини рушди иқтисодӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид. Барои расидан ба ҳадафҳои миллӣ тавассути рушди минтақаҳои кишвар, баланд бардоштани иқтидори истеҳсолию содиротии мамлакат ва ҷалби бештари сармояи хориҷӣ 5 минтақаи озоди иқтисодӣ «Суғд», «Данғара», «Панҷ», «Ишкошим» ва «Кӯлоб» таъсис дода шуданд, ки аз онҳо минтақаҳои озоди иқтисодии «Суғд» ва «Данғара» фаъол маҳсуб мешаванд. Дар минтақаҳои озоди иқтисодии кишвар барномаи махсуси андозбандӣ амал карда, андоз аз даромад, андоз аз истифодабарандагони роҳ, андоз аз арзиши иловашуда, андоз аз фурӯши пахта ва алюминийи аввалия, андоз аз захираҳои табиӣ, аксизҳо, андозҳо аз воситаҳои нақлиёт, амволи ғайриманқул ва боҷҳои гумрукӣ барои содироти маҳсулоти дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ истеҳсолшуда ба сифр фоиз баробар аст. Субъектҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ танҳо ду намуд андоз: андози иҷтимоӣ (25%) ба Фонди музди меҳнат ва андоз аз даромад (8%–13%), ки аз музди меҳнати корманд нигоҳ дошта мешавад, пардохт мекунанд. Ҳифзи ҳуқуқҳо, афзалиятҳо ва ҳуқуқҳои баробари сармоягузорони ватанию хориҷӣ, дахолат накардани давлат ба тиҷорат, ҳуқуқи интиқоли даромад ба хориҷа, ҳаракати бемамониати моликият ва иттилоот, ҳифзи моликияти зеҳнӣ ва ҳуқуқи истифодаи захираҳои табиӣ кафолат дода мешаванд. Мутобиқи низомнома арзиши солонаи иҷораи қитъаи замин барои 1 метри мураббаъ 1 долларро ташкил мекунад.

Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд»

Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» соли 2009 таъсис ёфта, дар қисми ҷанубу ғарби шаҳри Хуҷанд ҷойгир аст. Масоҳати умумиаш 320 гектар аст. Муҳлати амали он 25 сол муайян карда шудааст. Дар минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» 31 субъект ба қайд гирифта шудааст, ки аз онҳо 26 субъектро корхонаҳои ватанӣ ва 5 субъектро корхонаҳои муштарак ташкил медиҳанд. Субъектҳои минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» ба истеҳсоли гелиоколлекторҳои офтобӣ, лӯлаҳои пластикӣ, ноқилҳои барқӣ, профилҳои алюминий ва пластикӣ, масолеҳи сохтмонӣ ва рангҳо, зарфҳои пластикӣ, маҳсулоти гӯштӣ, инчунин ба коркарди такрории оҳан ва ғайра машғуланд. Моҳҳои январ – июни соли 2021 дар ин минтақа 12 корхонаи саноатӣ фаъолият намуда, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 118184,0 ҳазор сомониро ташкил кард, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,8 баробар зиёд мебошад. Аз ҷумла, корхонаҳои саноатии ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Реал» ба маблағи 522407 ҳазор сомонӣ, ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Равзана Пластик» – 456,8 ҳазор сомонӣ, ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди корхонаи муштараки «Стар Пласт» – 3100,7 ҳазор сомонӣ, ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди корхонаи муштараки «Силкоат Бойя» – 4800,4 ҳазор сомонӣ, ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди корхонаи муштараки «Арча мебел» – 2590,8 ҳазор сомонӣ, ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди корхонаи муштараки ТТ «Таҷпроф» – 77618,6 ҳазор сомонӣ, ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Фортуна Ко» – 2784,1 ҳазор сомонӣ, ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Тоҷикполиэтилен» – 2021,2 ҳазор сомонӣ, ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди корхонаи муштараки ТТ «Афранг Пластик» – 8819,0 ҳазор сомонӣ, ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ариана метал пласт» – 9448,0 ҳазор сомонӣ ва ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Донаи алмос» – 1319,7 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол карданд.

Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара»

Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон ҷойгир буда, соли 2009 дар масоҳати 521,3 гектар ба муҳлати 25 сол таъсис ёфтааст. Дар минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» 25 субъект ба қайд гирифта шудааст. Моҳҳои январ – июни 2021 дар ин минтақа 9 корхонаи саноатӣ фаъолият намуда, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 25614,7 ҳазор сомониро ташкил дод, аз ҷумла, ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Тоҷпласт-1» ба маблағи 10049 ҳазор сомонӣ, ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Грин Голд» – 12 ҳазор сомонӣ, ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Миср-2001» – 102 ҳазор сомонӣ, ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Детйен Бетон» – 1751,1 ҳазор сомонӣ, ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ауфен» – 12826 ҳазор сомонӣ, ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ғаюр Саноат» – 578,4 ҳазор сомонӣ, ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Оро» – 29,2 ҳазор сомонӣ, ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Тоҷи Осиё» – 105 ҳазор сомонӣ ва ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сохтмон-11» – 162 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол карданд.

Минтақаи озоди иқтисодии «Панҷ»

Минтақаи озоди иқтисодии «Панҷ» дар ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон ҷойгир буда, соли 2008 таъсис ёфтааст. Минтақаи озоди иқтисодии «Панҷ» комплексӣ буда, ба муҳлати 25 сол дар масоҳати 401,6 гектар ташкил шуда, як қисми он бо 186 гектар ба бахши тиҷорат, воридот, содирот, молия ва инноватсия ва қисми дувум бо 215,6 гектар ба бахши саноат тааллуқ дорад. Дар минтақа 11 субъект (то январи соли 2021) ба қайд гирифта шудааст. Минтақаи озоди иқтисодии «Панҷ» дорои захираҳои бузурги ашёи хом, ба мисли реги кварсӣ ва пахтаи хом, инчунин маҳсулоти кишоварзӣ мебошад.

Минтақаи озоди иқтисодии «Ишкошим»

Минтақаи озоди иқтисодии «Ишкошим» дар ноҳияи Ишкошими Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҷойгир буда, соли 2009 дар масоҳати 200 гектар таъсис ёфтааст. Минтақаи озоди иқтисодии «Ишкошим», асосан, минтақаи истеҳсолию тиҷоратӣ, сайёҳӣ, сармоягузорӣ ва савдои наздисоҳилӣ буда, ба муҳлати 50 сол ташкил шудааст. Дар минтақа 5 субъект (то январи соли 2021) ба қайд гирифта шудааст.

Минтақаи озоди иқтисодии «Ишкошим» дар чорроҳаи чор давлати Хитой (Қошғар) — Тоҷикистон (Ишкошим) — Афғонистон (Файзобод) — Қирғизистон (Ӯш) воқеъ аст. Дар ҳудуди ноҳияи Ишкошим аз канданиҳои фоиданок сангҳои гаронбаҳо (кони «Кӯҳи лаъл», ки дар он санги гаронбаҳои лаъл истихроҷ мешавад) ва ороишию сохтмонӣ, захираи зиёди санги мармар мавҷуд аст, ки барои ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ ва дар ин замина ташкил намудани ҷойҳои нави кор мусоидат менамоянд.

Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб»

Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» соли 2019 дар масоҳати 309 гектар таъсис ёфта, соли 2020 ба фаъолият оғоз намуд. Дар минтақа 1 субъект (то январи соли 2021) ба қайд гирифта шудааст. Ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ дар самти бунёди корхонаҳои саноатӣ дар ҳудуди минтақаи иқтисодии мазкур ва бо ин васила ба шуғл фаро гирифтани шумораи бештари аҳолии маҳаллӣ минбаъд низ ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати иқтисодии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бомаром идома дода мешавад. Дар ҳудуди минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» дар 1 гектар бунёди корхонаи истеҳсоли қисмҳои эҳтиётии автомобилҳо бо арзиши беш аз 1,5 миллион сомонӣ ба нақша гирифта шуда, дар марҳалаи аввал истеҳсоли ҳавотозакунакҳои навъҳои гуногуни ҳавоӣ ва равғанӣ барои воситаҳои нақлиёти автомобилӣ ба роҳ монда мешавад.


Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 324–325.

0

Ҷавобҳо (0)

Ҳанӯз шарҳе нест.