Занбӯрпарварӣ
Занбӯрпарварӣ соҳаи кишоварзӣ ба ҳисоб рафта, ба аҳолии Тоҷикистон аз замонҳои қадим маълум буд. Дар асри 11 Абӯалӣ ибни Сино дар асари худ «Ал-Қонун фи-тонна-тиб» дар бораи хусусиятҳои табобатии асал ва мум зикр карда буд. Занбӯрпарварӣ дар ҷумҳурӣ соҳаи нисбатан ҷавон буда, дар марҳилаи ташаккулёбӣ қарор дорад.
Дар Тоҷикистони имрӯза аввалин оилаҳои занбӯри асал соли 1918 пайдо шуда буданд. Оилаҳои занбӯри асал дар ковокӣ ва кундаи дарахтон, қуттиҳои чӯбӣ, танӯр, кандуи чаҳорчӯба ва ғайра нигоҳ дошта мешуданд. Дар он давра занбӯрҳои асал аз Америка, Итолиё ва Кипр оварда мешуданд. Солҳои 1932–1934 нахустин кандуҳои занбӯри асал, ки аз 300 оилаи занбӯри навъи қафқозӣ иборат буданд, ба колхозҳои ноҳияҳои Хуҷанд, Конибодом, Ҳисор ва Шаҳринав оварда шуданд.
Соли 1946 дар Варзоб ва соли 1949 дар Ғарм (ҳоло Рашт) парвариши занбӯри асал ба роҳ монда шуд. Соли 1952 дар шаҳри Душанбе идораи «Занбӯрпарварӣ» таъсис ёфт. Соли 1957 онро ба ноҳияи Янгибозор (ҳоло шаҳри Ваҳдат) кӯчонида, истеҳсоли мумварақа, канду ва болопӯши онро ба роҳ монданд, коргоҳи кандусозӣ ва мағозаи фурӯши асбобу анҷоми занбӯрпарварӣ ташкил карда шуд. Ҳамин тавр, адади оилаҳои занбӯри асал соли 1960 ба 70 ҳазор расид.
Соли 1992 дар ҷумҳурӣ 250 ҳазор оилаи занбӯри асал мавҷуд буд. Иттиҳодия ва Ассотсиатсияи занбӯрпарварони Тоҷикистон ташкил ёфт, ки дар 42 ноҳия фаъолият мекард. Дар 360 хоҷагии занбӯрпарварӣ 7500 нафар машғули кор буд. Дар ноҳияҳои ҷумҳурӣ 16 хоҷагии махсуси занбӯрпарварӣ ташкил ёфт, ки 31 ҳазор оилаи занбӯри асал дошт. Дар хоҷагиҳои занбӯрпарварии Хуҷанд, Истаравшан, Зафаробод, Темурмалик, Ховалинг, Мӯъминобод, Шӯрообод (ҳоло Шамсиддин Шоҳин), Файзобод, Ҳисор (деҳаи Арчинак) ва Тавилдара 1500–4500 оилаи занбӯри асал мавҷуд буд (аз ҳар оилаи занбӯр то 20 килограмм асал мегирифтанд). Дар замони нооромиҳои сиёсии кишвар занбӯрпарварӣ рӯ ба таназзул ниҳод. Дар ҷумҳурӣ аз 250 ҳазор оилаи занбӯри асал, ки соли 1992 мавҷуд буд, соли 2005 ҳамагӣ 49 ҳазор оила боқӣ монд. Фаъолияти хоҷагиҳои калони занбӯрпарварӣ, масалан, совхози занбӯрпарварии ноҳияи Мӯъминобод ба куллӣ қатъ гашт.
Соли 2005 дар ҷумҳурӣ ду барномаи давлатӣ — «Барномаи барқарорсозӣ ва рушди минбаъдаи соҳаи занбӯрпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2006–2010» ва «Барномаи рушди соҳаи занбӯрпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011–2016» қабул гардид, инчунин дар факултаи зооинженерии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур тахассуси занбӯрпарварӣ ва кафедраи парандапарварӣ ва занбӯрпарварӣ таъсис дода шуд.
Дар натиҷа шумораи оилаҳои занбӯри асал аз 46 ҳазор ба 207 ҳазор расид. Соли 2013 ба ҷумҳурӣ 500 оилаи занбӯри асали хушзот ворид ва ба хоҷагиҳо тақсим карда шуд (Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон - 80, Суғд - 70, Хатлон - 150, ноҳияҳои тобеи марказ - 200). Корхонаи воҳиди давлатии «Асали Тоҷикистон» ва Ассотсиатсияи занбӯрпарварони Тоҷикистон таъсис ёфт.
Ба ҳолати 1 январи соли 2021 — 235370 оилаи занбӯри асал ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 4965 оила зиёд аст. Бо дар назар доштани шароити беназири иқлимӣ ва захираҳои ғании набототи асалдор тамоми заминаҳо барои рушди бомуваффақияти соҳа мавҷуданд.
Адабиёт: Шарипов А. (ва дигарон) Перспективы развития пчеловодства в Таджикистане // Научное обеспечение животноводства Таджикистана. Душанбе, 1990; Алиев Ғ. Таърихи занбӯрпарварӣ ва маслиҳат ба занбӯрпарварон. Душанбе, 1990; Харченко И. Н., Рыдин В. Е. Пчеловодство. Москва, 2015.
А. Шарипов, Ғ. Алиев, Ш. Солиев.
Моҳипарварӣ
Дар ҷумҳурӣ моҳипарварии ҳавзӣ аз соли 1936 ибтидо гирифта, ҳамчун соҳаи хоҷагии халқ, он аз нимаи дуввуми солҳои 60, пас аз сохтани обанборҳои маснуъ босуръат рушд кард.
Ҳавзи моҳипарварии шаҳри Сталинобод (ҳоло шаҳри Душанбе) дар байни деҳаҳои Лучоб ва Варзоб дар масоҳати 36 гектар воқеъ буд. Дар ин ҷо асосан моҳии фурӯшӣ парвариш карда мешуд. Маҳсулнокии ҳавз 8-10 сентнер аз ҳар гектар буд. Дар ибтидои солҳои 50 асри 20 моҳипарварӣ дар ноҳияҳои Шаҳринав, Сталинобод, Орҷоникидзеобод (ҳоло шаҳри Ваҳдат), Кӯйбишев (ҳоло ноҳияи А. Ҷомӣ) вусъат ёфт. Солҳои 60 асри 20 хоҷагии тухму моҳипарварии Қайроқум, хоҷагиҳои моҳипарварии Чӯбак, Кумсангир ва комбинати моҳии Панҷакент ба истифода дода шуданд. Соли 1982 Иттиҳодияи истеҳсолии моҳии Хоҷамастон, хоҷагии моҳипарварии Қайроқум бо хоҷагии тухмгузорӣ ва парвариши моҳӣ, комбинати моҳипарварии Панҷакент, хоҷагии моҳипарварии Чӯбак ва заводи гулмоҳипарварии Кофарниҳон фаъолият мекарданд. Масоҳати умумии ҳавз тақрибан 1000 гектарро ташкил медод. Соли 1986 дар ҷумҳурӣ 2470 тонна моҳӣ истеҳсол шуд.
Бо мақсади ривоҷу равнақ додани соҳаи моҳипарварӣ дар Институти зоология, паразитология ва хоҷагиҳои моҳидорӣ корҳои илмиву таҳқиқотӣ анҷом дода мешаванд. 5 марти 1979 унвони фахрии Моҳипарвари хизматнишондодаи Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон аз ҷониби Президиуми Совети Олии Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон таъсис шуда буд, ки ба мутахассисони хуби хоҷагиҳои моҳипарварӣ, корхонаҳои саноати моҳӣ, коркунони Идораи (Управленияи) хоҷагии моҳипарварӣ назди Совети Вазирони Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон ва ба пешқадамони ин соҳа дода мешуд.
Дар давоми панҷсолаи даҳум Комбинати моҳипарварии Панҷакент ба истифода дода шуда, майдони ҳавзи Иттиҳодияи истеҳсолии моҳии Хоҷамастон васеъ гардид. Дар анҷоми панҷсолаи ёздаҳум майдони ҳавзҳои Хоҷагии моҳипарварии Чӯбак аз ҳисоби ба истифода додани 2 ҳавзи дуввуми моҳифарбеҳкунӣ дар масоҳати 100 гектар васеъ ва заводи гулмоҳипарварӣ бо мақсади ба роҳ мондани гулмоҳичаҳо барои ҷойгир кардан дар обанбори Норак таҷдид карда шуд.
Дар баробари сохта шудани неругоҳи барқи обии Роғун ва дигар силсиланеругоҳҳои Вахш масоҳати обанбор васеъ мешавад. Дар хоҷагиҳо навъҳои гулмоҳӣ, капур, амури сафед ва пешониғафсҳо парвариш карда мешуданд. Иттиҳодияи истеҳсолии моҳии Хоҷамастон таъминкунандаи асосии маводди моҳипарварӣ аст, ки на танҳо барои хоҷагиҳои моҳипарварии Тоҷикистон, балки ба баъзе хоҷагиҳои ҳавзии Қазоқистон, Ӯзбекистон ва дигар ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил маводди моҳипарварӣ фароҳам мекунад.
Соли 2021 дар миқёси ҷумҳурӣ 352 хоҷагии моҳипарварӣ бо масоҳати 2713,4 гектар ҳавзҳои моҳипарварӣ ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 52 адад зиёд аст.
Моҳидорӣ дар хоҷагии моҳипарварии Қайроқум, ки дар он ҷо бригадаҳои махсуси моҳидорӣ ташкил карда шудаанд, рушд кардааст. Ба роҳ мондани самти нави парвариши моҳӣ ва хоҷагии кӯливу молини моҳипарварӣ ба нақша гирифта шудааст.
У. Ҷалилов, Ш. Солиев.
Кирмакдорӣ
Кирмакдорӣ дар Тоҷикистон қадимтарин соҳаи кишоварзӣ мебошад. Дар асрҳои 4-5 дар Хуҷанди бостонӣ ва дар ҷануб дар ҳудуди имрӯзаи ноҳияҳои Қубодиён ва Шаҳритуси вилояти Хатлон ба кирмакдорӣ машғул буданд. Баъдан он дар саросари Тоҷикистон вусъат ёфт. Тоҷикон аз қадим кирмакпарварони моҳир ва коркардкунандагони абрешим буданд. Анвои гуногуни матоъҳои абрешимӣ ва нимабрешимӣ шоҳӣ, атлас, беқасаб, адрас ва ғайра истеҳсол карда мешуд. Алҳол истеҳсолоти абрешими шаҳри Душанбе дар ҷамъияти саҳомии кушодаи «Тори заррин», ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «ВТ– Роҳи абрешим» ва «Тоҷикатлас» идома дорад. Дар Хуҷанд аз соли 1867 ҳамасола беш аз 10 ҳазор пуд навъҳои арзишноки пила истеҳсол карда мешуд. Соли 1872 дар Хуҷанд 2000 пуд ва соли 1887 – 6642 пуд пила тайёр карда шудааст. Соли 1892 бори аввал дар Осиёи Марказӣ дурагаи нави тухми кирмаки абрешим дар Хуҷанд ба вуҷуд оварда шуд. Дар Хуҷанд як корхонаи тухмитайёркунӣ таъсис ёфт, ки аҳолиро бо тухми аълосифат таъмин менамуд. Кирмакпарварон дар Хуҷанд тухмиҳои ҷопонӣ, фаронсавӣ, самарқандӣ ва фарғонагиро парвариш мекарданд. Соли 1886 ба кирмакпарвари маҳаллӣ Акрам Аскаров медали калони нуқрагин супурда шудааст. Селекционери зотпарвар аз Хуҷанд Алихоҷа Эшони пилачӣ ҳамасола тухмҳои абрешими гуногунранг (сурх, зард, кабуд, сафед ва ғайра) омода мекард. Соли 1900 Мир Солеҳ Зоитбоев ва Мирзо Хоҷа Ӯрунхоҷаев барои парвариши дурагаҳои нави сермаҳсули абрешим дар намоишгоҳ бо медалҳои нуқра ва биринҷӣ сарфароз шуда буданд.
Соли 1910 Нишони шаҳри Хуҷанд тасдиқ гардид, ки дар он баргҳои тут, матоъҳо аз абрешим ва шохаи гандум тасвир шуда буданд, ки ин рамз дар баробари истеҳсоли ғалладона кирмакдориро низ инъикос мекард. Солҳои пеш аз инқилоб дар ноҳияҳои Хуҷанд пила сол аз сол зиёд истеҳсол карда мешуд: солҳои 1907–11723 пуд, 1910–23753 пуд, 1913–27 000 пуд.
Соли 1919 дар Хуҷанд ва соли 1922 дар Душанбе заводи давлатии тухмитайёркунӣ ба истифода дода шуд. Барои қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти кирмакдорӣ соли 1957 дар шаҳри Хуҷанд ва соли 1980 дар шаҳри Душанбе заводҳои тухмии замонавӣ сохта ба истифода дода шуданд. Иқтидори заводҳо ба 50–60 ҳазор қуттии тухми кирмак расида, тамоми хоҷагиҳои кирмакдориро бо тухми ватанӣ таъмин менамуданд. Барои бо тухми кирмаки зотӣ таъмин кардани заводҳо соли 1963 дар шаҳри Ваҳдат Стансияи зотпарварии тухми кирмак ба истифода дода шуд.
Кирмакдорӣ солҳои пойдории Давлати Шӯравӣ дар Тоҷикистон аз ҷиҳати ҳосили умумии пила ҷои чорум (пас аз Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Ӯзбекистон, Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Озарбойҷон ва Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Туркманистон) ва аз ҷиҳати ҳосилнокӣ ҷои дуввумро (баъд аз Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Ӯзбекистон) ишғол намудааст. Солҳои 1928–1929 дар Ленинобод (ҳоло Хуҷанд), Шаҳритус, Қӯрғонтеппа (ҳоло Бохтар), Кӯлоб, Шаҳринав, Ғарм ва дигар ноҳияҳои ҷумҳурӣ барои ривоҷи кирмакдорӣ ниҳолхонаҳои тутпарварӣ ташкил гардида буданд. Дар ҷумҳурӣ ба сабаби кам будани заминҳои обӣ тут чун манбаи ғизои кирмак дар байни заминҳо, атрофи роҳҳо шинонда шуда, дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ парвариши тути лалмӣ ҷорӣ карда шуда буд.
Бо мақсади беҳтар гардондани сифати пила дар ҷумҳурӣ се бор (солҳои 1948–1950; 1955–1958; 1963–1971) зотивазкунӣ сурат гирифт. Дурагаҳои СН 8 Х СН9 аз истеҳсолот гирифта шуда, дурагаҳои баландсифати БК1 Х БК2, СН21 Х СН17, тетрахибриди №3 ҷорӣ карда шуданд.
Дар ҷумҳурӣ, хусусан солҳои баъди Ҷанги Бузурги Ватанӣ кирмакдорӣ инкишоф ёфт. Соли 1940 дар ҷумҳурӣ ҳамагӣ 1279 тонна пила тайёр карда шуд, соли 1965 – 2359 тонна; 1970 – 2483,7 тонна, 1975 – 3419,3 тонна ва соли 1991 – 4528 тонна пила истеҳсол шуд, ки ин ба ҳисоби миёна аз ҳар қуттӣ мутаносибан 34; 52,7; 53,1; 59,5 килограммро ташкил дод. Ҳаҷми пилатайёркунӣ соли 1991 нисбат ба соли 1975 32,4% афзуд. Дар хоҷагиҳои алоҳида маҳсулнокии кирмаки пила ба ҳисоби миёна 70 килограмм ва ҳатто аз 100 килограмм зиёдро ташкил мекард. Соли 1976 кирмакпарварони колхози ба номи М. В. Фрунзеи ноҳияи Хуҷанд аз 490 қуттӣ кирмак ба ҳисоби миёна 103,9 килограмм ҳосил гирифта, нақшаи пиласупориро 121% иҷро карданд. Чандин кирмакпарвари ҷумҳурӣ барои дастовардҳои баланд бо унвони Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (Ф. Сӯфихонова, Б. Мирашӯрова, Ҷ. Ӯрунова) ва 8 нафар мутахассисони соҳа ба унвони Агрономи хизматнишондодаи Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон сарфароз шуданд.
Дар натиҷаи ҷорӣ намудани дастовардҳои илмӣ муҳлати хӯрокдиҳии кирмак аз 30–32 то 25–28 рӯз кам карда шуд. Бо мақсади таъмини тухми кирмаки абрешими зотҳои ба маҳал мутобиқшуда дар назди Стансияи минтақавии таҷрибавии пахтакории ноҳияи Хуҷанд озмоишгоҳи кирмакдорӣ ва дар заминаи он Стансияи таҷрибавӣ ва соли 2018 Стансияи ҷумҳуриявии таҷрибавии кирмакпарварии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон ташкил гардид. Зотҳои нави «Тоҷикистон-1», «Тоҷикистон-2», «Хуҷанд-1» ва «Хуҷанд-2», инчунин дурагаҳои сермаҳсули онҳо ва дурагаҳои дарахти тут «Суғдиён-1» ва «Суғдиён-2»-и аз ҷониби олимони соҳа бавуҷудовардашуда дар амал татбиқ гардиданд.
Соли 2004 дар факултети «Боғдорӣ ва биотехнологияи кишоварзӣ»-и Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шоҳтемур кафедраи кирмакпарварӣ таъсис дода шуд.
Истеҳсоли пила дар ҷумҳурӣ дар солҳои 2008–2019
| Вилоят ё минтақа | 2008 (тонна) | 2010 (тонна) | 2012 (тонна) | 2019 (тонна) |
|---|---|---|---|---|
| Суғд | 1303,1 | 396,4 | 636,2 | 315,7 |
| Хатлон | 1212,7 | 518,8 | 560,2 | 378,4 |
| Ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ | 243,2 | 162,7 | 145,1 | 109,6 |
| Ҳамагӣ | 2759 | 1077,9 | 1341,5 | 803,7 |
Соли 2011, «Барномаи рушди соҳаи кишоварзӣ ва коркарди пила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012–2020» тасдиқ шуд. Тибқи барномаи мазкур тадбирҳои зарурӣ ҷиҳати беҳтар кардани заминаи хӯроки кирмак ва корҳои зотпарварӣ, таъмини хоҷагиҳо бо тухмии хушсифати кирмак, бештар намудани ҳавасмандии хоҷагидорон ва кирмакпарварон дар истеҳсоли пила ва рушди соҳа амалӣ мешаванд.
Адабиёт: Ҳафизов А. Р. Шелководство Средней Азии (Развитие и экономика). Ташкент, 1969; Муҳиддинов С. Москва, Салимҷонов С. Кирмакпарварӣ. Хуҷанд, 2010; Салимҷонов С. История шелководства и шелкомотального производства Северного Таджикистана. Душанбе, 2014.
С. Салимҷонов, Д. Комилзода, С. Шарифов, Ш. Солиев.
Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 341–343.
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.




