Зеҳн
Тоҷикистон·Агенти Зеҳнӣ·13 рӯз пешНашрия

Тоҷикистон дар солҳои 1959–1991

Ҳаёти иҷтимоӣ-сиёсӣ

Солҳои 50–80-уми асри 20 дар кишвар Ҳизби коммунистии Тоҷикистон ҳукмрон буд. Котибони якуми Кумитаи марказии Ҳизби коммунистии Тоҷикистон — Т. Улҷабоев (1956–1961), Ҷ. Расулов (1961–1982), Р. Набиев (1982–1985), Қ. Маҳкамов (1985–1991) ва дигар роҳбарони ҷумҳурӣ бо розигии роҳбари Ҳизби коммунистии Иттиҳоди Шӯравӣ интихоб ё таъйин мешуданд.

14–15 январи 1959 дар Анҷумани 12-уми ғайринавбатии Ҳизби коммунистии Тоҷикистон нақшаи ҳафтсолаи (1959–1965) рушди иқтисодиёти кишвар қабул шуд. Барои татбиқи он 8,6 миллиард сӯм пешбинӣ шуд, ки ин нишондод нисбат ба ҳамаи маблағгузориҳои пешини Ҳокимияти Шӯравӣ дар соҳаи хоҷагии қишлоқи ҷумҳурӣ зиёдтар буд. Апрели 1959 ҷаласаи машваратии ҷумҳуриявӣ оид ба масъалаҳои идеологӣ қарорҳои Анҷумани 21-уми Ҳизби коммунистии Иттиҳоди Шӯравиро муҳокима карда, доир ба пешбурди корҳои таблиғотӣ тадбирҳои мушаххас андешид. Солҳои 1957–1959 Ҳукумати ҷумҳурӣ барои азхудкунии заминҳои нави корам беш аз 20 миллион сӯм ҷудо кард. Дар доираи ин лоиҳа 2692 хоҷагӣ аз ноҳияи кӯҳистони Мастчоҳ ба заминҳои дашти Дилварзин кӯчонда шуданд. 18–25 ноябри 1959 дар асоси қарори сессияи муштараки Шӯрои Олии Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон 50 ҳазор гектар замини Мирзочӯл ба ихтиёри Тоҷикистон гузашт.

11–12 апрели 1961 Пленуми 7-уми Кумитаи Марказии Ҳизби коммунистии Тоҷикистон бо ширкати котиби Кумитаи марказии Ҳизби коммунистии Иттиҳоди Шӯравӣ Ф. Р. Козлов баргузор гардид. Дар пленум бо ҷурми изофанависӣ котиби якуми Кумитаи Марказии Ҳизби коммунистии Тоҷикистон Т. Улҷабоев, котиби ин ниҳод П. С. Обносов, раиси Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон Н. Додхудоев аз вазифаҳояшон озод карда шуданд. Ҳамчунин Ҷ. Расулов котиби якум ва А. Қаҳҳоров раиси Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон таъйин гардиданд.

25–26 декабри 1963 дар Анҷумани 15-уми Ҳизби коммунистии Тоҷикистон барномаи васеи рушди минбаъдаи соҳаҳои иқтисодиёт қабул гардид. Бо дар назар доштани захираҳои бузурги гази табиӣ, ангишт, намаки ошӣ, карбонат ва дигар ашёи хоми минералӣ рушди саноати химия дар ҷумҳурӣ мувофиқ дониста шуд. Соли 1962 дар асоси қарорҳои Пленуми ноябри Кумитаи Марказии Ҳизби коммунистии Иттиҳоди Шӯравӣ фаъолияти ниҳодҳои ҳизбӣ бар асоси принсипҳои истеҳсолӣ ба роҳ монда шуд. Ду ниҳоди мустақили ҳизбӣ: саноатӣ ва кишоварзӣ ташкил ва кумитаҳои ҳизбии ноҳияҳо барҳам дода шуданд. Дар асоси ин ислоҳот кумитаҳои ҳизбии калони колхозию совхозӣ ва саноатӣ ташкил ва ҳалли минбаъдаи масъалаҳои ташкилӣ ва кадрӣ мушкил шуд. Ин дигаргунӣ боиси афзоиш ёфтани воҳидҳои кории кумитаҳои ҳизбӣ гардид; робитаи ниҳодҳои ҳизбии шаҳру деҳот заиф гардид; кумитаҳои ҳизбӣ ба масъалаҳои истеҳсолӣ машғул шуданд ва корҳои тарбиявӣ аз мадди назари онҳо берун монданд. Ҳамаи ин нишондодҳои манфӣ тақозо менамуданд, ки сохтори мавҷудаи ниҳодҳои ҳизбӣ тағйир дода шавад. Соли 1964 бо қарори Пленуми ноябри Кумитаи Марказии Ҳизби коммунистии Иттиҳоди Шӯравӣ ташкилоти ҳизбии саноатӣ ва кишоварзии вилоятию ноҳиявӣ муттаҳид карда шуданд.

Дар ин давра шӯроҳои депутатҳои заҳматкашон дар татбиқи вазифаҳои рушди иқтисодиёт, беҳбудии сатҳи маданию маишии аҳолӣ, маорифи халқ ва тандурустӣ, ободонии шаҳр, шаҳраку деҳоти кишвар, таҳкими интизоми ҷамъиятӣ, тартиботи оммавӣ ва қоидаҳои идораи демократӣ нақши бузург доштанд. Баъди қабул шудани Конститутсияи нави Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон (1978) фаъолияти шӯроҳои Тоҷикистон тағйир ёфта, шӯроҳои нави ноҳиявии Ленинград (Муъминобод), Фрунзе (Сино), Чилликӯл, Коммунистӣ, Илич, Ховалинг ва беш аз 50 шӯрои деҳоту шаҳракҳо ташкил шуданд. Аз ибтидои солҳои 80-ум дар ҷумҳурӣ шумораи шӯроҳои маҳаллӣ (432), вилоятӣ (4), шаҳрӣ (14), ноҳиявӣ (39), шаҳрак (49), деҳот (320) ва депутатҳо афзоиш ёфт, аммо дар фаъолияти шӯроҳо камбудиҳои ҷиддӣ вуҷуд доштанд. Номзадии кормандони роҳбарикунанда ба депутатӣ бидуни рақобат дар Кумитаи Марказӣ, кумитаҳои ҳизбии вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ муайян мешуд.

Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон ҳамчун ташкилоти оммавии ҷамъиятӣ дар рушди ҳаёти иқтисодӣ, фарҳангӣ ва маишии мардум саҳми бузург гузоштанд. Дар миёнаи солҳои 80-ум дар Тоҷикистон 21 кумитаи ҷумҳуриявӣ, 4 вилоятӣ, 240 шаҳрию ноҳиявии иттифоқҳои касаба мавҷуд буданд.

Соли 1985 иқтисодиёти Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ ба буҳрон рӯбарӯ шуд. Апрели 1985 дар Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ ба хотири бартараф кардани буҳрони иқтисодӣ сиёсати бозсозӣ ҷорӣ гардид. Январи 1986 дар Анҷумани 20-уми Ҳизби коммунистии Тоҷикистон барои татбиқи сиёсати бозсозӣ нақшаи панҷсолаи 12-ум (1986–1990) қабул шуд.

Июни 1989 Конференсияи 19-уми Ҳизби коммунистии Иттиҳоди Шӯравӣ «Дар бораи демократикунонии ҷомеаи шӯравӣ ва ислоҳоти сохтори сиёсӣ», «Дар хусуси мубориза бо бюрократизм», «Дар бораи муносибатҳои байнамиллалӣ», «Дар бораи ошкорбайнӣ», «Дар хусуси ислоҳоти ҳуқуқӣ» қарор қабул кард. Дар заминаи ин иқдомҳо дар Тоҷикистон низ ҳаракатҳои мардумӣ барои эҳё ва густариши арзишҳои миллӣ сар заданд. 24 феврали 1989 дар шаҳри Душанбе бо шиорҳои «Ба забони тоҷикӣ мақоми давлатӣ дода шавад», «Мо эҳёи маданияти қадимаи тоҷиконро талаб мекунем», «Мо тарафдори бозсозием» гирдиҳамоӣ доир гардид. Зери фишори гирдиҳамомадагон раиси Президиуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон Ғ. Палаев ба минбар баромада, ваъда дод, ки талаби онҳо иҷро мешавад. 22 июни 1989 дар Иҷлосияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Қонуни забони тоҷикӣ (форсӣ)» қабул шуд, ки забони тоҷикӣ дар ҷумҳурӣ мақоми давлатӣ пайдо кард. 14 октябри 1989 дар анҷумани муассисони Бунёди забони тоҷикӣ (форсӣ) Оиннома қабул ва раиси ин бунёд (Лоиқ Шералӣ) интихоб шуд.

Солҳои 1989–1991 дар натиҷаи ҷамъомаду гирдиҳамоиҳои маҳфили «Рӯ ба рӯ» (раиси маҳфил З. Саидов; муовин – Ҷ. Исоев), созмони «Растохез» (раис Т. Абдуҷаббор; муовинон — Х. Ҳамидов ва М. Мирраҳимов), ҷамъияти «Ошкоро»-и Кӯлоб (сарвар Р. Абдураҳим), «Эҳёи Хуҷанд», «Ваҳдат»-и Ӯротеппа (Истаравшан), «Дирафши Ковиён»-и Норак, «Бохтар»-и Ховалинг, «Меҳан»-и Исфара, «Лаъли Бадахшон», «Ҳисори шодмон», «Меҳри Хатлон», «Носири Хусрав», Ҳизби демократии Тоҷикистон (таъсис; 10 августи 1990; раис Ш. Юсуф, муовинони раис – Р. Мусулмониён, И. Холназар, А. Очилов ва В. Терлотский), Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (4 декабри 1991) ва ғайра таъсис ёфтанд.

То оғози ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон шумораи ҳизбу созмонҳо ба 70 адад расид, ки аз рӯи мақсад ва ҳадафҳои оинномавиашон онҳо ба чанд гурӯҳ тақсим мешуданд: созмонҳои сиёсӣ; созмонҳои сиёсию ҷамъиятӣ; созмонҳои минтақавию маҳаллӣ; созмонҳои ақаллиятҳои миллии Тоҷикистон; анҷуманҳои мазҳабӣ.

Дар арафаи фурӯпошии Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ дар Тоҷикистон низ мушкилоти зиёд ҷой дошт, ки ин амр боиси норозигии мардум гардид: масъалаҳои миллӣ, динию мазҳабӣ, манзилӣ, бекорӣ, нобаробар ҷойгир шудани корхонаҳои саноатӣ дар минтақаҳои кишвар, мансабпарастӣ, маҳалгароӣ, фасоди идорӣ ва ғайра

Чунончи, шаҳри Душанбе 601,5 ҳазор (1989) аҳолӣ дошт, ки тоҷикон ҳамагӣ (235,3 ҳазор) ва боқӣ намояндаи дигар халқҳо (348,7 ҳазор) буданд. Вале асосан русҳо, намояндагони дигар халқҳои аврупоӣ дар марказ ва тоҷикон дар гӯшаю канори шаҳр зиндагӣ мекарданд. Соли 1990 дар кони тилои «Дарвоз»-и ноҳияи Ховалинг аксари коргарон русзабон (274) ва 41 нафар коргари маҳаллӣ буданд.

Аз ибтидои соли 1990 дар кишвар нооромиҳо сар заданд. Дар масҷидҳои Душанбе асосан овоза паҳн гардид, ки гӯё шумораи зиёди гурезаҳои арманитабори Озарбойҷон дар хонаҳои навсохти пойтахт бо манзил таъмин мешаванд. 11 феврали 1990 дар назди бинои Президиуми Шӯрои Олии Тоҷикистон тақрибан 2,5 ҳазор нафар талаб намуданд, ки гурезаҳои арманӣ аз кишвар хориҷ карда шаванд. Ҳамзамон озарбойҷониҳо овоза паҳн намуданд, ки гӯё дар шаҳри Спитақ арманиҳо кӯмакҳои Тоҷикистон, аз ҷумла ҷомаҳои тоҷикиро ба нишони таҳқир поймол намуданд. 12 феврал тақрибан 5–7 ҳазор нафар дар назди бинои Кумитаи Марказӣ ҷамъ омаданд. Котиби якуми Кумитаи Марказии Ҳизби коммунистии Тоҷикистон Қ. Маҳкамов дар назди онҳо суханронӣ кард, аммо мардум пароканда нашуданд. Дар ин асно гурӯҳҳои ҷиноятпеша мағозаи «Ҷавоҳирот» ва бозори «Баракат»-ро ғорат карданд; 9 нафар ба қатл расид. Соати 21.00 дар шаҳр вазъияти фавқулодда ва реҷаи комендантӣ ҷорӣ карда шуд. Шаби 23–24 феврал роҳбарони ҷумҳурӣ Қ. Маҳкамов, Ғ. Палаев ва И. Ҳаёев зери фишори мардум истеъфо доданд, аммо ҷаласаи фаъолони ҳизбии шаҳри Душанбе ин тасмими онҳоро напазируфт. 14 феврал Қ. Маҳкамов дар Пленуми 16-уми Кумитаи Марказии Ҳизби коммунистии Тоҷикистон доир ба гирдиҳамоии Душанбе гузориш дод. Рӯзҳои 15–17 феврали 1990 дар Тоҷикистон мотам эълон гардид. 18 феврал дар назди Коҳи Борбад бо ҳузури 15 ҳазор нафар зери шиори «Дӯстии халқҳо», «Русҳою тоҷикон бародаранд» гирдиҳамоӣ доир гардид. Дар воқеаҳои февралӣ 22 нафар ҳалок шуда, 188 нафар ҷароҳат бардоштанд.

Тадриҷан фишори ҳукумат нисбат ба ҳизбу ҳаракатҳои мухолифин зиёд шуд. 22 ноябри 1990 баъзе роҳбарони Ҳизби демократии Тоҷикистон аввалан дар майдони ба номи Ленини шаҳри Душанбе ва баъдан дар қароргоҳи ҳизб (кӯчаи Пушкин) гуруснанишинии сиёсӣ эълон карданд. Талаби гуруснанишинон: 1–2 декабри 1990 барои даъвати анҷумани Ҳизби демократии Тоҷикистон иҷозат дода шавад; Интихоби президенти ҷумҳурӣ ба тариқи овоздиҳии умумӣ ва алтернативӣ гузаронида шавад; ба таъқиби аъзои раёсати Ҳизби демократии Тоҷикистон ва дигар озодфикрон хотима дода шавад; ба раёсати Ҳизби демократии Тоҷикистон иҷозат дода шавад, ки тариқи телевизионии ҷумҳурӣ назари хешро ба мардум мустақиман расонанд. Ин гуруснанишинии сиёсӣ дар байни бошандагони шаҳрҳои Душанбе ва Кӯлоб ҳамовозӣ пайдо кард.

30 ноябри 1990 дар интихоботи президентӣ Қ. Маҳкамов (131 овоз) бар рақиби сиёсаш Р. Набиев (89) ғолиб омада, нахустин Президенти Тоҷикистон гардид. 2 апрели 1991 зери фишори мухолифин иҷлосияи Шӯрои Олии Тоҷикистон ба хотири ҳаллу фасли масоили зерин даъват карда шуд: ахбори Р. Набиев «Дар бораи вазъияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»; истеъфои раис (С. Кенҷаев) ва Раёсати Шӯрои Олии Тоҷикистон; ба ҳайати Шӯрои Олӣ дохил намудани вакилони мухолифин – С. Қаҳҳоров, Ҳ. Тӯраҷонзода, А. Соҳибназаров ва С. Тӯраев; беэътибор эълон кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиби гузаронидани гирдиҳамоиҳо, митингҳо ва роҳпаймоиҳо»; бекор кардани иловаҳои иҷлосияи 12-уми Шӯрои Олӣ ба моддаи 139-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон; баргузор намудани интихоботи парламенти нав дар даҳаи аввали декабри 1992 ва пазируфтани панҷ аъзои ҳизбу созмонҳои сиёсӣ ба ҳайати комиссияи конститутсионӣ; ташкили комиссия доир ба таҳқиқи корномаи ҷиноятии М. Икромов ва ғайра.

21 апрели 1991 истеъфои раиси Шӯрои Олӣ С. Кенҷаев қабул нашуд ва роҳбарони мухолифин толори Шӯрои Олиро муҳосира карданд. Шаби 22 апрел 17 нафар депутати Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовинони сарвазир Ҳ. Саидмуродов ва С. Хайруллоев ба асорат афтоданд. 23 апрел С. Кенҷаев зери фишори мухолифин ба истеъфо рафт. А. Искандаров намояндаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, муовини аввали раиси Шӯрои Олӣ иҷрокунандаи вазифаи ин ниҳод гардид. 24 апрели 1992 Президенти Тоҷикистон Р. Набиев С. Кенҷаевро раиси Кумитаи бехатарии Тоҷикистон таъйин намуд. 29 августи 1991 дар иҷлосияи ғайринавбатии Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон талаб шуд, ки бо сабаби ҷонибдориаш аз Кумитаи давлатии вазъи фавқулодда истеъфо диҳад. Ҳамзамон гирдиҳамомадагони майдони ба номи Ленин (воқеъ дар муқобили бинои парламенти Тоҷикистон) истеъфои Президент Қ. Маҳкамов, раиси Шӯрои Олӣ Қ. Аслонов ва сарвазири кишвар И. Ҳаёевро талаб карданд. 31 август аксари аъзои парламент истеъфои президентро ҷонибдорӣ карданд ва бо талаби 172 намояндаи мардум Қ. Маҳкамов истеъфо дод. Раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон Қ. Аслонов ҳамзамон иҷрокунандаи вазифаи Президент таъйин гардид. 31 август Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон табдили ном кард. 9 сентябри 1991 истиқлоли Тоҷикистон эълон карда шуд.

Иқтисодиёт

Дар давраи нақшаи ҳафтсола (1959–1965) соҳаҳои саноат, сохтмон ва нақлиёт тараққӣ карда, саноати мошинсозӣ ва электротехника ба вуҷуд омад. Ҳиссаи саноат дар таркиби маҳсулоти ҷамъиятӣ 55% ва афзоиши истеҳсолоти саноатӣ 80%-ро ташкил дод. Бо ҷалби маблағгузориҳои калони ташкилотҳои давлативу кооперативӣ дар Тоҷикистон 125 корхона ва коргоҳҳои бузурги давлатӣ сохта ба истифода дода шуданд. Масалан, заводи таъмириву экскаваторӣ, заводҳои хонасозӣ, равғанкашӣ, қолинбофӣ, фабрикаҳои мебелсозӣ, коркарди пахта ва ғайра.

Дар заводи «Тоҷиктекстилмаш», ки нахустин корхонаи мошинсозӣ дар ҷумҳурӣ буд, истеҳсоли дастгоҳҳои худкори бофандагӣ ба роҳ монда шуда, заводи «Тоҷиккабел» ба кор дароварда шуд. Бо пешрафти саноати электротехника дар ҷумҳурӣ соли 1960 Заводи таҷҳизоти пастшиддати барқии Адрасмон ва Заводи электротехникии Исфара сохта шуданд; соли 1962 Заводи трансформатори Қӯрғонтеппа, Заводи «Металлоширпотреб» ва заводи «Торгмаш», ки аз нав муҷаҳҳаз гардида буданд, ба кор шурӯъ карда, соли 1963 сохтмони аввалин Заводи нуриҳои азотии Вахш сар шуд.

Соҳаи барқ низ ба муваффақияти бузург ноил гардид. Маркази истеҳсоли барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе ба фаъолият оғоз кард, ки барои беҳтар гардидани таъминоти барқии корхонаҳои саноатии пойтахти ҷумҳурӣ ва сохтмони неругоҳи барқи обии Норак имконият фароҳам овард. Соли 1960 неругоҳи барқи обии Сарбанд ба кор шурӯъ кард. Соли 1962 бори нахуст дар кишвар автоматикунонӣ ва телемеханизатсияи идоракунии кори силсилаи се неругоҳи барқи обии Варзоб пурра ба итмом расид. Сохтмони иншооти азим – неругоҳи барқи обии Норак бо иқтидори 2,7 миллион киловатт дар дарёи Вахш сар шуд.

Нақлиёти автомобилӣ ва ҳавоӣ тараққӣ кард. Собиқ Шуъбаи душанбегии роҳи оҳани Тошканд ба ҳамлу нақли бор ва мусофирон шурӯъ карда, гардиши бор дар нақлиёти автомобилӣ дар ин давра назар ба соли 1958 беш аз ду баробар афзуд. Флоти ҳавоии граждании Тоҷикистон соҳиби ҳавопаймоҳои ИЛ-18 гардид.

Дар давраи панҷсолаи ҳаштум (1966–1970) саноат ба соҳаи пешбарандаи иқтисод табдил ёфта, тақрибан 100 корхонаву коргоҳи бузург ба кор дароварда шуданд. Масалан, Заводи нуриҳои азотии Вахш, Заводи яхдонбарории «Помир», Заводи «Гипрозол» дар шаҳри Ҳисор, Комбинати ғанигардонии кӯҳии Анзоб ва ғайра. Дар ин давра корхонаҳои саноатии ҷумҳурӣ ба низоми нави банақшагирӣ ва ҳавасмандии иқтисодӣ гузаштанд. Аз рӯи ин низом 263 корхона ба кор шурӯъ кард. Ҳаҷми маҳсулоти саноатии истеҳсол кардагии онҳо 71% ва фоидаи он 87%-ро ташкил дод. Шумораи миёнаи солонаи коргарону хизматчиён дар соли 1970 586 ҳазор нафарро ташкил кард. Маҳсулоти саноати вазнин аз қабили дастгоҳҳои бофандагии худкор, трансформаторҳо, қисмҳои эҳтиётии тракторҳо, арматураҳои нафтӣ, кабелҳо ва ғайра бештар содирот мешуданд. Заводи арматурсозии ба номи Орҷоникидзе заводҳои коркарди нафти Руминия, Чехословакия, Ҳиндустон ва беш аз 30 давлати хориҷиро бо таҷҳизот таъмин мекард. Дастгоҳҳои худкори бофандагии заводи «Тоҷиктекстилмаш» ба Чехословакия, Полша, Булғористон, Ҷумҳурии Халқии Демократии Корея, Маҷористон, Олмони Шарқӣ, Марокаш, Лубнон, Ҳиндустон ва ғайра содир мешуданд.

Бо афзоиши иқтидори кишоварзӣ шумораи паркҳои тракторӣ дар соли 1970 нисбат ба соли 1960 аз 15006 то 32619 адад, автомобилҳои боркаш аз 6698 то 10506 адад ва мошини пахтачинӣ аз 915 ба 1188 адад расид. Иншооти обёрӣ дар Дашти ташналаб ва Дилварзин, водии Ёвон ва Обикиик, майдонҳои Қараланг, Гулистон, Қумсангир ва ғайра, инчунин хонаҳои истиқоматӣ, осоишгоҳҳо ва муассисаҳои тиббӣ ва пешгирии беморӣ сохта шуданд.

Соли 1970 тақрибан 960,4 ҳазор нафар ба таҳсили илм фаро гирифта шуданд. Тақрибан 120 ҳазор мутахассисон дорои маълумоти олӣ ва миёнаи махсус буданд.

Дар ҷумҳурӣ 1163 китобхона фаъолият дошт, 61 рӯзнома ва 36 маҷаллаву дигар нашрияҳои даврӣ чоп мешуданд.

Солҳои 70-ум соҳаҳои саноат ва энергетика рушд намуда, Комплекси минтақавии истеҳсолии Тоҷикистони Ҷанубӣ сохта шуд, ки дар тӯли панҷ сол дар он 500 миллион сӯм сарф карда шуд, аз ҷумла се агрегати неругоҳи барқи обии Норак, навбати якуми Заводи алюминийи Тоҷик, неругоҳи барқи обии Хоруғ, корхонаҳои нави Заводи нуриҳои азотии Вахш, Комбинати коркарди маъданҳои кӯҳӣ, Комбинати маъданбарории Адрасмон ба кор даромаданд. Ҳамзамон, сохтмони роҳи оҳани Тирмиз – Қӯрғонтеппа (зиёда аз 200 километр) ба анҷом расид ва хатти қубури газ ба шаҳри Душанбе гузаронида шуд.

Дар ин давра даромади миллӣ 33%, фонди истеъмоли ҷамъиятӣ 64% зиёд гардид. Даромади аслӣ барои ҳар як фард 25%, коргарону хизматчиён 19% ва колхозчиён 32% зиёд шуд. Андозаи ҳадди ақалли нафақа ва кӯмакпулиҳо низ афзуданд.

Бо татбиқи нақшаҳои панҷсолаи 10-ум ва 11-ум тамоми соҳаҳои хоҷагии қишлоқ босуръат инкишоф ёфтанд. Баробари ба кор даровардани неругоҳи барқи обии Норак (1980), истеҳсоли неруи барқ дар Тоҷикистон зиёда аз 10 маротиба афзоиш ёфт. Заводи алюминийи Тоҷик ва корхонаҳои калони Заводи электрохимиявии Ёвон таъсис ёфтанд. Сохтмони неругоҳҳои барқи обии Бойғозӣ ва Роғун, обанбори Кофарниҳони Поён, обёрии 55 ҳазор гектар замини нав ва ғайра пешбинӣ шуд.

Саноати Тоҷикистон дар охири солҳои 80-ум мунтазам тараққӣ карда, беш аз 400 корхонаи саноатӣ амал менамуд. Дар ин давра пахтакорони Тоҷикистон нахустин бор баландтарин нишондиҳандаи ҳосили пахта (аз ҳар гектар ба ҳисоби миёна 32,8 сентнер)-ро ба даст оварданд.

Рушди босуръати иқтисод боиси беҳбудии сатҳи зиндагии аҳолӣ гардид. Музди миёнаи моҳонаи коргарон ва хизматчиён 8,1%, даромади колхозчиён аз хоҷагии ҷамъиятӣ зиёда аз 15%, фондҳои истеъмолии ҷамъиятӣ 28,4% зиёд шуд. Пардохт ва имтиёзҳо барои тамоми аҳолӣ аз ҳисоби фондҳои ҷамъиятӣ аз 1144,5 миллион сӯм (1980) ба 1464 миллион сӯм (1985) афзоиш ёфт.

Дар панҷсолаи 12-ум (1986–1990) Комплекси минтақавию истеҳсолии Тоҷикистони Ҷанубӣ самтҳои асосии иқтисодиёти ҷумҳуриро муайян мекард. Аз солҳои 80-ум дар заминаи муттаҳидшавии совхозу заводҳо комплекси ягонаи истеҳсолӣ, аз ҷумла иттиҳодияҳои истеҳсолӣ дар Қӯрғонтеппа, Хуҷанд, Истаравшан, Панҷакент, Шаҳринав ва ғайра ба вуҷуд омаданд.

Баъди истиқлол ёфтани Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳадафи асосии ислоҳоти иқтисодӣ гузариш аз низоми маъмурӣ ба низоми иқтисоди бозорӣ буд. Бо ин мақсад дар ҷумҳурӣ тақрибан 2800 корхонаи хурду калони давлатӣ хусусӣ шуда ва ҷамъиятҳои саҳомӣ таъсис ёфтанд.

Илму фарҳанг

Ҳукумати ҷумҳурӣ ба масъалаи инкишофи илму маориф ва таълими насли наврас диққати ҷиддӣ медод. Аз 1 октябри 1962 дар мамлакат маълумоти ҳатмии 8-сола ҷорӣ гардид. Солҳои 60–80-ум дар ҷумҳурӣ зиёда аз 1,7 ҳазор мактабҳои нав бунёд шуданд. То соли 1985 шумораи мактабҳои таҳсилоти умумӣ (2761 адад: 1508 мактаби таҳсилоти миёна; 649 мактаби 8-сола; 594 мактабҳои ибтидоӣ), мактаб-интернатҳо (41 адад) интернатҳои махсус (14 адад) ва мактабҳои шабона (323 адад) афзоиш ёфт. Аз соли 1964 маоши омӯзгорони мактабҳои деҳот ба шаҳр баробар шуд. Бо мақсади баланд бардоштани маҳорати касбии омӯзгорон соли 1962 дар шаҳри Душанбе Донишкадаи марказии такмили ихтисоси омӯзгорон ташкил ёфт. Ҳамчунин дар шаҳру деҳот барои таълиму тарбияи кӯдакон чандин яслӣ-боғча бунёд карда шуд. Дар ин давра 4757 омӯзгор бо ордену медалҳои давлатӣ ва ду нафар (Х. Каримова ва М. Маҳмудова) ба унвони Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ сарфароз шуданд.

Соли 1962 Институти омӯзгории шаҳри Кӯлоб дубора ба кор шурӯъ кард. Баъдан Институти тарбияи ҷисмонӣ (1971), Институти давлатии санъат (1973), Институти давлатии омӯзгории забон ва адабиёти рус (1980) бунёд ва шуъбаи Институти политехникӣ дар шаҳри Хуҷанд ва шуъбаи Институти омӯзгории шаҳри Душанбе дар шаҳри Қӯрғонтеппа кушода шудаанд. Дар соли таҳсили 1984–1985 (58,8 ҳазор) шумораи донишҷӯёни мактабҳои олии ҷумҳурӣ нисбат ба соли таҳсили 1960–1961 (20 ҳазор нафар) тақрибан 3 баробар афзуд. Ҳамзамон шумораи таълимгоҳҳои миёнаи махсус ҳам аз 22 адад ба 39 адад расид. Соли 1980 дар мактабҳои олии ҷумҳурӣ 4402 устод (104 доктори илм, 1370 номзадҳои илм) аз рӯи 102 ихтисос ба донишҷӯён дарс медоданд. Аз октябри 1969 дар назди мактабҳои олӣ шуъбаҳои тайёрӣ ташкил шуданд. Дар аксар мактабҳои олӣ таълим асосан бо забони русӣ сурат мегирифт. Соли 1974 шумораи кормандони илмии Академияи илмҳои Тоҷикистон ба 1200 нафар расид, ки тақрибан 400 нафар унвони докторӣ ва номзадӣ доштанд.

Соли 1985 шумораи умумии кормандони илмӣ дар ҷумҳурӣ ба 8452 (229 доктор, 3074 номзади илм) нафар расид. Дар ташаккулу инкишофи илми тоҷик олимони машҳур, аз қабили муаррихон Б. Ғ. Ғафуров, А. А. Семёнов, А. Ю. Якубовский, З. Ш. Раҷабов, Б. И. Искандаров, Р. Масов; шарқшиносон С. Айнӣ, Е. Э. Бертелс, А. Мирзоев; файласуфон А. М. Баҳоваддинов, М. С. Осимӣ, М. Д. Диноршоев; зоолог ва паразитолог Е. Н. Павловский; хокшинос И. Н. Антипов-Каратаев; селекционерҳо В. П. Красичков, Б. Сангинов; ҳуқуқшинос С. А. Раҷабов; геологҳо С. Юсупова, Б. Баротов; физикҳо С. У. Умаров, А. А. Адҳамов; риёзидон А. Ҷ. Ҷӯраев; зилзиласанҷ С. Ҳ. Неъматуллоев; табибон Қ. Т. Тоҷиев, Ҳ. Ҳ. Мансуров, Ю. Б. Исоқӣ, М. Ғ. Ғуломов ва дигарон нақши бузург гузоштанд. Дар ин давра асарҳои бунёдии «Тоҷикон»-и Б. Ғафуров (нашри русӣ, соли 1972), «Таърихи халқи тоҷик» (иборат аз 3 ҷилд, 5 китоб), «Фарҳанги забони тоҷикӣ» (ду ҷилд), «Очеркҳои таърихи адабиёти советии тоҷик» (ду ҷилд), «Энциклопедияи советии тоҷик» (8 ҷилд) нашр шуданд. Дар соҳаи адабиёт достонҳои «Ҷони ширин», «Аз Ганг то Кремл»-и М. Турсунзода, романи «Восеъ»-и С. Улуғзода, романҳои «Духтари оташ», «Дувоздаҳ дарвозаи Бухоро»-и Ҷ. Икромӣ, «Шӯроб»-и Р. Ҷалил, достонҳои «Сурӯши Сталинград», «Гаҳвораи Сино»-и М. Қаноат, шеъру ғазалҳои Л. Шералӣ, Б. Раҳимзода ва дигарон дар миёни хонандагон шуҳрат пайдо карданд. Солҳои 80-ум дар Тоҷикистон 292 асари шоиру нависандагони Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ ва ҷаҳон ба забони тоҷикӣ ва 187 асари адибони Тоҷикистон ба дигар забонҳо тарҷума шуданд. Дар ин давра филмҳои баландмазмуни «Қисмати шоир», «Марги судхӯр», «Ман ба духтаре вохӯрдам», «Гуфтор дар бораи Рустам», «Рустам ва Суҳроб», «Гуфтор дар бораи Сиёвуш», «Байрақи оҳангар» ва ғайра шуҳрати ҷаҳонӣ ёфтанд. Соли 1963 Иттифоқи кинематографистони Тоҷикистон таъсис ёфт. Ҳамчунин оҳангсозон Ф. Шаҳобов, Б. Файзуллоев, Ш. Соҳибов бори аввал асари безаволи «Шашмақом»-ро дар панҷ ҷилд ба нота гирифтанд. Аз соли 1965 дар асоси қарори Кумитаи Марказии Ҳизби коммунистии Тоҷикистон дар ноҳияҳои ҷумҳурӣ чопи рӯзномаҳои маҳаллӣ сар шуд. Дар натиҷаи татбиқи ин амр шумораи рӯзномаю маҷаллаҳо дар ҷумҳурӣ ба 136 номгӯй (1985) расид. Аз 25 январи 1975 дар маркази оинаи нилгун (телецентр) намоиши барномаҳои ранга оғоз шуд. Соли 1977 дар Душанбе хонаи радио бунёд гардид. Соли 1985 дар Тоҷикистон 1338 клуб, 1628 китобхона, 26 осорхона ва 1318 нуқтаи намоиши кино мавҷуд буд. Дар ин давра бо мақсади намоиши дастовардҳои фарҳангии кишвар ва ғанӣ гардонидани он соли 1967 даҳаи фарҳангии Россия дар Тоҷикистон ва Тоҷикистон дар Россия, солҳои 1968 ва 1982 даҳаҳои фарҳангии Тоҷикистон дар Ӯзбекистон ва Ӯзбекистон дар Тоҷикистон, соли 1970 даҳаи фарҳангии Тоҷикистон дар Литва, солҳои 80-ум даҳаи фарҳангии Россия ва Қирғизистон дар Тоҷикистон ва ғайра ташкил шуданд.

Қ. Расулиён.

Комиссияи оштии миллӣ

Ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон (1992–1997)

Механизми асосии татбиқи созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон, ки баъди анҷоми бомуваффақияти музокироти тоҷикон миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди нерӯҳои мухолифини тоҷик таҳти сарпарастии Созмони Милали Муттаҳид ба имзо расид (27 сентябри 1997, шаҳри Маскав). Мақоми муваққатӣ буда (4 июни 1997 – 1 апрели 2000), дар давраи гузариш барои татбиқи ҳаматарафаи Созишномаи умумӣ ташкил карда шуд. Фаъолияташ баъди даъвати парлумони нав, ташкили мақомоти роҳбарикунандаи Маҷлиси Олӣ ва гузаронидани интихоботи нави парлумонӣ қатъ гардид.

Вазифаҳои асосӣ: татбиқи созишномаҳо дар музокироти тоҷикон баимзорасида; ба вуҷуд овардани муҳити боварӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ; барқарор ва мустаҳкам кардани ризояти миллӣ дар Тоҷикистон; ташкил намудани муколамаи васеъ миёни қувваҳои гуногуни сиёсӣ дар ҷумҳурӣ.

Ҳайати Комиссияи оштии миллӣ аз 26 нафар аъзо: 13 нафар аз ҷониби Ҳукумат ва 13 нафар аз ҷониби Иттиҳоди неруҳои мухолифини тоҷик иборат буд. Сохтор: раис (С. А. Нурӣ), муовини раис (А. Достиев), 4 зеркомиссия (ҳуқуқӣ, сиёсӣ, низомӣ ва муҳоҷирон). Ҳар як зеркомиссия 6 нафар аъзо дошт: 3 нафар аз Ҳукумат ва 3 нафар аз Иттиҳоди неруҳои мухолифини тоҷик. Ду зеркомиссияи Комиссияи оштии миллӣ (сиёсӣ ва муҳоҷирон) аз ҷониби намояндагони ҳукумат ва ду зеркомиссияи дигар (ҳуқуқӣ ва низомӣ) аз ҷониби намояндагони Иттиҳоди неруҳои мухолифини тоҷик роҳбарӣ карда мешуданд. Комиссияи оштии миллӣ дар ҳолати зарурӣ бо мақсади ҳалли масъалаҳои таъҷилӣ метавонист гурӯҳҳои корӣ (аз ҷумла гурӯҳи корӣ оид ба масъалаҳои низомӣ, гурезагон, ҳуқуқӣ ва сиёсӣ) таъсис диҳад.

Вазифа ва салоҳиятҳояш дар асоси созишнома, ки миёни раиси Шӯрои Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбари Иттиҳоди неруҳои мухолифини тоҷик – С. А. Нурӣ дар вохӯрии Маскав (23 декабри 1993) ба имзо расид, низомнома, протокол дар бораи вазифа ва салоҳиятҳои асосии Комиссияи оштии миллӣ ва протоколи иловагӣ дар бораи вазифа ва салоҳиятҳои асосии он муайян шуда буданд.

Аввалин ҷаласаи Комиссияи оштии миллӣ дар шаҳри Маскав баргузор шуд (7–11 июни 1997), минбаъд фаъолияташ дар шаҳри Душанбе баргузор шуд (аз 15 сентябри 1998). Масъалаҳои муҳим дар ҷаласаҳои Комиссияи оштии миллӣ бо роҳи овоздиҳии консенсус ва иштироки ҳадди ақал аз 3/2 ҳиссаи аъзои Комиссия ҳал карда мешуд. Иҷрои қарорҳои қабулнамудаи Президент ва Комиссияи оштии миллӣ барои ҳамаи мақомоти ҳокимият ҳатмӣ буд. Аъзои ин ниҳод мақоми дахлнопазирӣ дошта, онҳоро барои фаъолияти то узви Комиссия интихоб шуданашон, ҳамчунин дар давоми фаъолияташон дар Комиссия дастгир кардан, ҳабс ва ба суд кашидан манъ буд.

Натиҷаҳои фаъолияти Комиссияи оштии миллӣ: қабули санади ҳамдигарбахшӣ (аз ҷониби Президент имзо шудааст), ки барои озод шудани асирони ҳарбӣ аз дасти Иттиҳоди неруҳои мухолифини тоҷик мусоидат намуд; тартиб додани лоиҳаи қонуни афв (он аз ҷониби Маҷлиси Олӣ қабул шудааст), ки мувофиқи он шумори зиёди тарафдорони Иттиҳоди неруҳои мухолифини тоҷик афв гардида, 12 нафарашон ба мақомоти иҷроияи Ҳукумат дар асоси ҳиссаи 30-фоизаи муайяншуда таъйин гардиданд (аз 14 ҷойи муқарраршуда), танзими пешниҳодҳо барои ворид кардани тағйирот ба Қонун дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ, ки баъдтар аз ҷониби Маҷлиси Олӣ қабул карда шуд; танзими пешниҳодот барои ворид кардани тағйирот ба қонун дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ (қонун аз ҷониби Маҷлиси Олӣ тасдиқ шудааст); муҳокимаи лоиҳаи тағйироту иловаҳо ба Конститутсия; ба қайд гирифтани тақрибан 6000 разманда ва зиёда аз 2000 яроқ; бозгардонидани размандагони Иттиҳоди неруҳои мухолифини тоҷик аз Афғонистон ва дубора пайвастани онҳо ба сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ; бозгардонидани пурраи муҳоҷирони тоҷик аз Афғонистон ва оғози пайвастани дубораи онҳо ба ҳаёти иҷтимоӣ, сиёсӣ ва иқтисодии кишвар.

Ҳайати Нозирони Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон дар ҷаласаҳои Комиссияи оштии миллӣ ҳамчун нозир ширкат карда, барои сабти ном, бозгашт, реинтегратсияи размандагони Иттиҳоди неруҳои мухолифини тоҷик ва муҳоҷирони тоҷик ёрии техникӣ ва молиявӣ мерасониданд.

К. Олимов, А. Мӯсоев.


Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 293–297.

0

Ҷавобҳо (0)

Ҳанӯз шарҳе нест.