Либос
Маълумот оид ба либоси қадимтарини тоҷикон дар асарҳои муаррихони юнонӣ ва хитоӣ вомехӯрад. Бозёфтҳои бостоншиносӣ, тасвироти рӯи деворҳову сангҳо гувоҳӣ медиҳанд, ки аҷдоди тоҷикон аз давраи ташаккули таърихиашон дорои навъҳои гуногуни кулоҳ ва ашёи ороишу зебу зинати миллӣ будаанд. Заминаҳои пайдоиши либоси анъанавиро дар Бохтар ба асри 2 то милод мансуб медонанд. Шаклҳои дақиқи либосҳои суғдию бохтарӣ дар тасвирҳои Тахти Ҷамшед, Хизонаи Амударё ва ғайра инъикос ёфтаанд. Дар давраи Кушониён (асри 1 то милод – асри 3) дар сарулибоси аҳолии Бохтар як навъ омехтагӣ бо либоси мардуми кӯчӣ ба назар мерасад. Дар асри 5 баъди бунёди марказҳои шоҳибофии худӣ дар сарулибоси тоҷикон дигаргунӣ ворид шуд, ки пероҳани дароз, куртаи остиндароз, шалвори хиштакдор, қитфирак, хилъат, мӯзаи сабук, шипак ва ғайра хосси он замонанд.
Густариши дини ислом ба Осиёи Марказӣ ба сарулибоси сокинони минтақа таъсири ҷиддӣ расонд. Барои мардуми Шарқи Наздик ва Миёна либоси шаклан ягона ба вуҷуд омад. Хилъат либоси маъмулию болопӯш буда, мардҳо аз зери он куртаву шалвор мепӯшиданд. Пероҳани занона остиндор буда, дар поин тирезҳои паҳлуӣ дошт ва аз ин рӯ қисми болои курта тангу поёни он васеъ омода мешуд. Дар асри 13 пӯшидани хилъати нимдоманҳояш уреб, ки то миён буриши паҳлуӣ ва дар пеши бар нақши гулдӯзӣ дошт, ба ҳукми анъана даромад. Маъмултарин навъи хилъати тунуки мардонаву занона қабо буд, ки аз матоъҳои гуногуни якрангаву мунаққаш истифода шуда, аз зери он куртаи сафеди ҷоки гиребонаш уфуқӣ мепӯшиданд. Ба сифати либоси ороста хилъати фаранчӣ хидмат мекард, ки онро аз болои қабо мепӯшиданду аз болои он камарбанд намебастанд. Хилъати фарачӣ ва қаборо аз матоъҳои абрешимӣ (дебову атлас, паринду дороӣ, сайфур ва ғайра) ва зарбоф (парчаву кимхо ва касабу симгун) медухтанд.
Либос дар асрҳои 15–20
Дар асрҳои 15–17 занҳо ба сар рӯймоли сафеди майданақш баста, маликаҳову шоҳдухтарон бо дайҳими бо тӯғи баланд оро додашуда мегаштанд. Дар асри 18 пӯшидани фаранчиву чашмбанд роиҷ гардида, дар баъзе маконҳо ба ҷои фаранчӣ фарисар истифода мешуд, ки он чашмбанд надошт. Маводди таърихии нимаи дуввуми асри 19 – аввали асри 20 гувоҳӣ медиҳад, ки либосҳои тоҷикони қисми шимолу ҷануби Тоҷикистони кунунӣ аз якдигар андаке фарқ доштанд. Ин гуногунӣ ба иқтисодиёт ва шароити ҷуғрофиёӣ вобаста буд. Дар қисми шимоли Тоҷикистон як навъи куртаи расмӣ медухтанд, ки он «куртача» ном дошт. Пушти ин навъ куртаҳо якқад буда, камзӯлчаи пешаш чинчин дӯхта мешуд. Дар ҷануби Тоҷикистон куртаҳои идона, тӯёна ва рӯзмарраро гулдӯзиву юрмадӯзӣ мекарданд. Пойафзори занона аз масҳӣ, кафши чӯбин ва чармин иборат буд. Занон вақти кор баъзан чоруку мӯза ҳам мепӯшиданд.
Либоси таҳпӯши мардон аз эзори дарози васеъ ва курта иборат буд. Буришу дӯхти курта дар ҳама ҷо яксон буда, фақат бо шакли гиребон фарқ мекард. Гиребони куртаро уфуқӣ ё шоқулӣ бурида, мағзӣ медавонданду шероза мечаспонданд. Дар шимоли Тоҷикистон куртаҳои гиребонбӯғаки тугмадор расм буд. Дар аксари ноҳияҳои кишвар аз болои курта яктах, челаки беастар мепӯшиданд. Дар водиҳои Қаротегин (Рашти имрӯза), Яғноб ва Кӯҳистони Мастчоҳ дар пеши челак аз зер матои чоркунҷаи дарозрӯя медухтанд, ки он вазифаи куртаро адо мекард. Дар шимоли Тоҷикистон яктахҳои пешкушодро ба ҷои курта мепӯшиданд. Дар Бадахшон ва баъзе деҳаҳои Дарвоз аз болои курта камзӯлчаҳои кӯтоҳи беостин (васкат) мепӯшиданд. Ҷомаҳои серпахтаву кампахтаи абраву астардор, ки дар лаби доман, сари остинаш зеҳ мешинонданд ва чакмани моҳутӣ, пашмин ва пӯстин либоси зимистона ҳисоб меёфтанд.
Баъди ба Руссия ҳамроҳ карда шудани Осиёи Миёна либоси аврупоӣ маъмул гашт. Соли 1895 дар бозори Панҷшанбе ва атрофи он 23 дӯкони дӯзандагӣ мавҷуд буд. Охири асри 19 – ибтидои асри 20 либоси боло (мунисак, калтача) барои занон ҳатмӣ буд. Дар Душанбе ғайр аз мунисак ҳамчунин челакҳои гиребондор (3–4 сантиметр) низ мепӯшиданд. Остини челаки мардона то панҷаи даст, занона аз панҷаи даст дарозтар буд. Солҳои 20 асри 20 пероҳани гиребонаш рости парпар (чинчин) роиҷ шуд. Солҳои 30 пероҳани то сари китф буришдор, остинкӯтоҳ, гиребонхобида, тоқӣ ва камзӯлча пайдо шуданд. Устоҳои кафшдӯз ба дӯхтани мукӣ, чорук ва мӯза тахассус дошта, кафшҳои зебои мардонаву занона медухтанд.
Истеҳсоли саноатӣ ва тарроҳии либос
Дар замони шӯравӣ тарзи саноатии истеҳсоли либос ба роҳ монда шуд. Фабрикаи дӯзандагии Ленинобод (ҳоло Хуҷанд), фабрикаи дӯзандагии Табошар, корхонаҳои дӯзандагии «Гулистон», «Тоҷикатлас», Иттиҳодияи истеҳсолии дӯзандагии «50-солагии Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ», фабрикаи трикотаж дар шаҳри Душанбе, фабрикаи дӯзандагии Норак ва ғайра дар ин ҷода фаъолияти босамар доштанд.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар кишвар чандин корхонаи нави дӯзандагӣ арзи вуҷуд кард. Дар Душанбе корхонаҳои «Дилором», «Гулдаст», «Ёқут», «Чевар», «Тоҷтекс», дар Хуҷанд корхонаҳои «Суғдиён», «Лидер», дар Истаравшан ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ноҳид», корхонаҳои «Палос» дар Бӯстон, «Шарофат» дар Ҳисор, «Субҳи Рашт», корхонаи дӯзандагии «Хайёт» дар Хоруғ ба истеҳсол ва фурӯши анвои гуногуни либос машғуланд.
Дар эҳёи суннатҳои қадимии либосдӯзӣ, барқарорсозии нақшу унсурҳои қадимӣ дар тарҳҳои наву замонавӣ ва тарғиби либосҳои миллии тоҷикон тарроҳони боистеъдод М. Қаюмова, Н. Имронова (ҷоизадори Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг барои тарроҳиву навоварӣ), Н. Икромова, Х. Сатторов, М. Ҳамроева, У. Кучкалиев, С. Ҳамроева, С. Махсумов, Р. Шералиева, С. Ғуломова, Л. Мамадсултонова, М. Бобоқулов, У. Порсоева, Д. Турсунова, С. Каримова, М. Акбарова, М. Ниёзова саҳми назаррас дошта, бо коллексияи либосҳои эҷод намудаашон дар ҳафтаҳои муди ватанӣ ва намоишгоҳҳои байналмилалӣ ширкат меварзанд. Барои нигоҳдошт, тарғиб ва рушди ҳунари либосдӯзӣ фестивали байналмилалии «Диёри ҳусн» баргузор мешавад. Дар озмунҳои «Чакомаи гесӯ», «Чевар» ва «Атласи Хуҷанд» низ беҳтарин намунаҳои ҳунари чеварони тоҷик намоиш дода мешаванд.
Либос ва таҳсили тарроҳӣ дар ҷомеаи муосир
Дар ҷомеаи муосир либоси анъанавӣ синтези услубҳои миллӣ ва ғарбиро дар бар мегирад. Ҳолати ба бар кардани нимтанаи боронӣ аз болои куртаву поҷомаи миллӣ мисоли возеҳи чунин либоспӯшӣ аст. Либосҳое, ки аз матоъҳои миллӣ дӯхта шуда, шаклбурии гуногуни навбаромад доранд, васеъ паҳн гардидаанд. Масалан, дар солҳои охир ба бар кардани болопӯшҳои аз атласу адрас дӯхташуда ё бо гулдӯзии миллӣ оро додашуда оммавӣ гаштааст.
Бо мақсади омода намудани дизайнерону тарроҳони либос дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон кафедраи дизайни либос ва санъати муд ва дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон кафедраи тарҳрезии бадеии либос фаъолият доранд. Таълими дизайнерону тарроҳони либос инчунин дар чанде аз муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва коллеҷҳову литсейҳо ба роҳ монда шудааст.
Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 300–301.
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.




