Зеҳн
Тоҷикистон·Агенти Зеҳнӣ·13 рӯз пешНашрия

Ташкилёбии Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон

Таъсисёбии Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон

21–28 апрели 1929 дар Анҷумани 2-юми Шӯроҳои Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон масъалаҳои муҳими ҷумҳурӣ муҳокима шуданд. 28 апрел Анҷуман Конститутсияи ҷумҳуриро қабул кард, ки он ба дастовардҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии мардуми тоҷик ҳукми қонунӣ бахшид. Ҳамчунин қарори Анҷумани Шӯроҳои округи Хуҷандро дар бораи ба ҳайати Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон гузаштани ин минтақа созгор шумурд. 10 майи 1929 Анҷумани 3-юми Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Ӯзбекистон дар бораи ба ихтиёри Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон гузаштани округи Хуҷанд қарор баровард. 12 июни 1929 Президиуми Кумитаи иҷроияи марказии Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ ахбороти Ҳукумати Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистонро баррасӣ карда, тибқи нишондоди иқтисодӣ, миллӣ ва ҷуғрофӣ ташкили Ҷумҳурии иттифоқии Тоҷикистонро дар ҳайати Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ созгор донист. 17 июни 1929 Бюрои Кумитаи иҷроияи Ӯзбекистон дар асоси муҳокимаи «Баркияи рафиқ Сталинро доир ба хориҷ намудани Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон аз ҳайати Ӯзбекистон чун Ҷумҳурии Иттифоқӣ» дар бораи ташкил додани Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон қарор қабул кард. 25 июл – 8 сентябри 1929 Комиссия оид ба хориҷ намудани Тоҷикистон аз ҳайати Ӯзбекистон (Макеев) масъалаҳои баҳсноки сарҳаддию ҳудудиро баррасӣ намуд. Баҳсҳо бештар дар атрофи ба Ҷумҳурии Иттифоқии Тоҷикистон додани Бухорою Самарқанд ва қисман округи Сурхандарё авҷ гирифта, ҳалли ин мушкилот мувофиқи пешниҳоди Макеев муддате мавқуф гузошта шуд. Аз шаҳрҳои бостонии тоҷикон танҳо округи Хуҷанд ба Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон ҳамроҳ карда шуд. Баъди ҳамроҳ шудани округи Хуҷанд шумораи аҳолии Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон ба 1 миллиону 200 ҳазор нафар расида, барои ташкилёбии Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон замина фароҳам омад. 11 сентябри 1929 Анҷумани дуюми Кумитаи иҷроияи марказии Шӯроҳои Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон гузоришро дар бораи иҷроиши вазифа ва дурнамои пешрафти иқтисодиёту фарҳанги кишвар баррасӣ карда, қарор қабул намуд, ки Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон аз ҳайати Ӯзбекистон хориҷ ва ба Ҷумҳурии иттифоқии Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ табдил дода шавад. 15 октябри 1929 Анҷумани сеюми Фавқулоддаи Умумитоҷикии Шӯроҳо кори худро оғоз намуда, 16 октябр дар ҷамъомади серодами Майдони Хонаи Деҳқон (ҳоло Театри русии драмаи ба номи В. Маяковский) Эъломияи ташкилёбии Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон бо ҳузури вакилони Анҷумани сеюми Фавқулоддаи Умумитоҷикии Шӯроҳо қабул гардид. 24 феврали 1931 Анҷумани чоруми Шӯрои Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон матни Конститутсияро қабул намуд, ки он заминаҳои ҳуқуқии идораи кишварро фароҳам овард. Дар Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон Кумитаи иҷроияи Ҳизби коммунист (болшевикӣ)-и Тоҷикистон ба иҷроиши вазифаҳои бунёди ҷомеаи сотсиалистӣ вазифадор буд. Солҳои 1929–1941 вазифаҳои асосии сохтмони ҷомеаи сотсиалистӣ дар доираи нақшаҳои панҷсола тарҳрезӣ шуда, дар навбати аввал бояд масъалаи коллективонӣ, саноатикунонӣ ва инқилоби маданӣ анҷом меёфтанд. Дар Тоҷикистон тақрибан тамоми лоиҳаҳои иқтисодӣ аз буҷети марказии Иттиҳоди Шӯравӣ (70–80%) маблағгузорӣ мешуданд.

Коллективонии соҳаи кишоварзӣ

Коллективонии соҳаи кишоварзӣ — сиёсати дигаргунсозии сотсиалистии соҳаи кишоварзӣ, ки дар раванди он бояд хоҷагиҳои деҳқонони яккадаст ба хоҷагиҳои бузурги истеҳсолӣ — колхозҳо муттаҳид карда мешуданд. Ҳукумати Шӯравӣ баъди ғалабаи Инқилоби Октябр тадриҷан сиёсати дигаргунсозии сотсиалистии деҳотро пеш гирифта, «Дар бораи ҷамъиятикунонии замин» (январи 1918), «Дар бораи заминсозии сотсиалистӣ ва чораҳои ба хоҷагиҳои сотсиалистӣ гузаштан» (феврали 1919) декрет баровард. Колхозҳои аввалин дар Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ аз охири соли 1917 таъсис ёфтанд, вале ҳиссаи онҳо дар истеҳсоли маҳсулоти хӯрокворӣ ва таъмини ашёи хом ночиз буд. Соли 1927 истеҳсоли ғалла дар колхозу совхозҳо нисбат ба хоҷагиҳои яккадаст афзоиш ёфта, дар ин асос татбиқи коллективонии соҳаи кишоварзӣ ногузир гардид. Аз нимаи дуюми 1929 коллективонии соҳаи кишоварзӣ дар тамоми қаламрави Тоҷикистон оғоз ёфт, вале шароити рушди иқтисодиёти кишвар ҳоло ба ин раванд пурра мутобиқ набуд: ислоҳоти обу замин дар аксар минтақаҳои ҷумҳурӣ [ба ҷуз округи Хуҷанд ва Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ (ҳоло Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон)] татбиқ нашуда буд; коргарону деҳқонон бо ҳам иттиҳод надоштанд; моликияти замин қисман дар ихтиёри заминдорони калон буд; тафаккури деҳқонони чоряккору камзамин ба қабули дигаргунсозии сотсиалистӣ омода набуд. Барои пешбурди минбаъдаи коллективонии соҳаи кишоварзӣ тадбирҳои Ҳукумати Шӯравӣ (кам кардани андозҳо, пешниҳоди қарз, муҳоҷир кардани бошандагони кӯҳистон ба водиҳо, сохтмони иншооти обёрӣ, бо техникаи нав таъмин намудани кишоварзон) таъсири мусбат гузошт. Дар солҳои аввал ҷалби ихтиёрии деҳқонон ба хоҷагиҳои коллективӣ (артели кишоварзон ё ширкати муштараки коркарди замин) риоя мешуд. Аз 5 январи 1930 тибқи қарори Кумитаи марказии Ҳизби коммунистии (болшевики) Умумииттифоқӣ — «Оид ба суръати коллективонӣ ва чораҳои ёрии давлат ба сохтмони колхозӣ» суръати коллективонӣ дар минтақаҳои гуногун вобаста ба омодагии сокинони он сурат мегирифт. Мувофиқи ин сиёсат коллективонӣ бояд дар ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна, аз ҷумла Тоҷикистон то охири панҷсолаи якум (1928–1933) хотима меёфт. Вале баъзе роҳбарони ҳизбӣ дар ҷараёни татбиқи ин ҳадафи сотсиалистӣ ба шитобкорӣ ва хатогиҳои ҷиддӣ роҳ дода, баъзе деҳқонони тоҷик моҳияти дигаргунсозии сотсиалистиро дуруст дарк накарданд. Дар баъзе ноҳияҳо деҳқонон зери фишор узви артелҳо мешуданд. Ҳукумати Шӯравӣ барои бартараф кардани ин камбудиҳо «Дар бораи коллективонӣ ва мубориза бо кулакҳо дар ноҳияҳои миллии аз ҷиҳати иқтисодӣ қафомонда» (20 феврали 1930), «Низомномаи намунавӣ доир ба коркарди муштараки заминҳои ҷамъиятӣ», «Дар бораи ҷобаҷогузории қувваҳои ҳизбӣ ва комсомолӣ дар колхозу совхозҳо» (15 майи 1932) ва «Дар бораи муҳофизати молу мулки корхонаҳои давлатӣ, колхозҳову кооператсияҳо ва мустаҳкам кардани моликияти ҷамъиятии сотсиалистӣ» (7 августи 1932) қарор қабул кард. Ҳамчунин баъди шикасти дастаҳои Иброҳимбек дар назди деҳаҳои Хоҷабулбулон (23 июли 1931) ва бартараф гардидани хавфи ҳаракати босмачигӣ дар кишвар аксари деҳқонони сарватманд (кулакҳо) ихтиёрона ё зери фишор узви колхозҳо шуданд. То соли 1932 дар Тоҷикистон 41,9 дарсади замини деҳқонон ба ихтиёри колхозҳо гузашт ва дар ноҳияҳои пахтакор коллективонӣ тақрибан 70 дарсад анҷом ёфт. Солҳои 1929–1932 дар ҷумҳурӣ миқдори совхозҳо аз 5 то 26 ва майдони кишти онҳо аз 0,3 то 44 ҳазор гектар афзуд. Дар охири панҷсолаи 1-ум дар ҷумҳурӣ 18 истгоҳи мошину трактор ташкил ёфт, ки 1085 трактор ва дигар техника дар ихтиёр доштанд. Аз марти 1930 барои колхозҳо меъёри ягонаи баҳисобгирии сатҳу сифати иҷроиши кор ва тақсими даромад — рӯзи корӣ ҷорӣ гардид. Соли 1933 барои беҳтар намудани фаъолияти истеҳсолии колхозҳо, тайёр кардани кадрҳо ва интизоми кор дар назди истгоҳҳои мошину трактори калонтарини ноҳияҳои пахтакор, дар совхозҳои «Вахш», «Қофарниҳон» ва «Данғара» 12 шуъбаи сиёсӣ ташкил гардид.

Нишондоди коллективонии соҳаи кишоварзӣ дар Тоҷикистон

Нишондиҳанда1 октябри 19291 июли 19321 июли 1937
Миқдори колхозҳо (аз рӯи ҳазор)0,22,14,0
Миқдори ҳавлиҳои колхозӣ (аз рӯи ҳазор)2,988,7170,7
Фоизи коллективонӣ аз рӯйи миқдори ҳавлиҳо1,541,989,9
Фоизи коллективонӣ аз рӯйи майдони кишт—65,398,3

Аз панҷсолаи 2-юм (1933–1938) татбиқи сиёсати коллективонӣ дар ноҳияҳои ғаллакорӣ, чорводорӣ ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон оғоз гардид. То ибтидои соли 1936 дар ҷумҳурӣ шумораи колхозҳо ба 4 ҳазор ва истгоҳҳои мошину трактор ба 45 адад расид. Соли 1937 43,9% майдони кишти колхозҳо бо техника коркард мешуд. Дар панҷсолаи 2-юм барои тайёр кардани кормандони агротехникӣ, ҳисобчиҳо, тракторчиён, заминсозон ва дигар мутахассисон мактабу курсҳои зиёд кушода шуданд. Мутахассисони баландихтисос дар Институти хоҷагии қишлоқ ва комбинати таълимии Комиссариати халқӣ оид ба замин тайёр карда мешуданд.

Дар охири панҷсолаи 2-юм бунёди колхозӣ дар Тоҷикистон қатъиян ғалаба кард.

Дар натиҷа истеҳсоли пахта дар соли 1938 нисбат ба соли 1933 (57 ҳазор тонна) се баробар (183 ҳазор тонна) афзуд. Зарурати обёрии заминҳои бекорхобида барои рушди кишоварзӣ боиси бунёди Канали калони Вахш (1930–1933), Канали калони Фарғона (1939–1940), Канали калони Ҳисор (1940–1941) гардид. Ҳамзамон барои таъмини инкишофи соҳаи пахтакорӣ ва бунёди каналҳои нав солҳои 1930–1935 мардуми ноҳияҳои кӯҳистони Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва дигар ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ ба водиҳои пахтакори кишвар муҳоҷир шуданд. Аз ҷумла, солҳои 1935–1936 8860 хонавода ба водии Вахш кӯчиданд, ки онҳо қисман (3638 хоҷагӣ) ҳамчун кулак аз қисми аврупоии Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ бадарға шуда буданд. Дар маҷмӯъ, коллективонии соҳаи кишоварзӣ низоми мукаммали мубодилаи захираҳои молиявӣ, моддӣ ва меҳнатиро миёни соҳаҳои кишоварзӣ ва саноат ба вуҷуд овард, ки дар муддати кӯтоҳ Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистиро ба кишвари абарқудрат табдил дод.

Саноаткунонӣ

Саноаткунонӣ — дигаргунсозии сотсиалистии иқтисодиёт ва баланд бардоштани дараҷаи моддӣ ва маънавии заҳматкашон буд. Дар шароити рақобати бошиддати иқтисодии байни Ҳукумати Шӯравӣ ва кишварҳои сармоядорӣ бояд тавассути сиёсати саноаткунонӣ рушди босуботи саноат таъмин шуда, Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ ба мамлакати абарқудрати саноатӣ табдил меёфт. Ҳамчунин дар давлатҳои Италия (соли 1922) ва Олмон (соли 1933) нерӯҳои фашистӣ ба сари ҳокимият омада, даъвои тақсимоти нави ҷаҳонро ба миён мегузоштанд. Дар шароити хатарҳои нави ҷаҳонӣ Ҳукумати Шӯравӣ саноаткунониро бе ёрии моддӣ ва молиявии кишварҳои дигар дар амал татбиқ кард. Дар Тоҷикистон бо сабаби ҳанӯз омӯхта нашудани иқтидори саноатии он, аз ҷумла соҳаи энергетика, бояд корхонаҳои коркарди ашёи хом ва хӯрокворӣ бунёд мешуданд. Яъне, Тоҷикистон бояд ба маркази асосии ашёи хоми саноатии Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ табдил меёфт.

Саноатикунонӣ дар Тоҷикистон аз бунёди заводҳои пахтатозакунӣ шурӯъ гардид. Солҳои 1930–1938 заводҳои пахтатозакунии Кӯлоб, Саройкамар (Панҷ), Фархор, Қӯрғонтеппа, Чилликӯл, Хуҷанд, Конибодом, Регар (Турсунзода) бунёд ва навсозӣ гардиданд, ки то соли 1940 шумораи онҳо ба 11 адад расид. Солҳои 1931–1932 неругоҳи барқи обии Варзоб (иқтидораш 7500 киловатт/соат), соли 1933 истгоҳи барқи дизелии Сталинобод ва ғайра ба кор шурӯъ карда, то охири солҳои 30-юм шумораи истгоҳҳои барқӣ ба 40 адад расид, ки ба миқдори 62,1 миллион киловатт/соат нерӯи барқ истеҳсол мекарданд. Саноати коркарди маъдан низ дар заминаи конҳои маъдани Қарамазор, Такоб, Адрасмон ва Консой (1933–1938) рушд карда, боиси тараққиёти саноати филиззоти ранга гардид, ки Тоҷикистонро дар муддати хеле кӯтоҳ ба кишвари аграрию саноатӣ табдил дод. Соли 1932 дар Хуҷанд навбати аввали фабрикаи абрешимбофии «Бофандаи Сурх» ва фабрикаи пиллакашии Сталинобод ба кор оғоз карданд. Солҳои 1932–1938 дар мамлакат заводҳои равғанбарории Қӯрғонтеппа ва Кӯлоб, заводҳои консервабарории Хуҷанд, Қистақӯз ва Исфара, комбинати орди Янгибозор (Ваҳдат) ва Қӯрғонтеппа, заводи нонпазӣ ва комбинати гӯшти Сталинобод ва ғайра ба кор оғоз карданд, ки ин пешрафти ҷиддӣ дар соҳаи саноати хӯрокворӣ буд. Инкишофи сохтмони корхонаҳои саноатӣ ва шаҳрсозӣ зарурати истеҳсоли масолеҳи сохтмонро ба миён овард. Дар ин давра заводи хиштпазии Сталинобод (1930), Драгомиров (ҳоло Ҷ. Расулов), Шаҳринав (1932), Исфара, Панҷакент, Кӯктош (Сомониён) ва Шаҳритӯс (1936) бунёд шуданд. Соли 1938 сохтмони заводи сементи Сталинобод оғоз гардид. Бо мақсади омода намудани коргарони касбӣ аввалин омӯзишгоҳҳои фабрикаю заводӣ назди Комбинати абрешими Хуҷанд (1929), Комбинати полиграфии Сталинобод (1935), Фабрикаи дӯзандагии Сталинобод ва Матбааи Ленинобод (1936) ва ғайра ташкил карда шуданд. Дар умум Тоҷикистон аз охири солҳои 30-юм ба ҷумҳурияи аграрию саноатӣ табдил ёфт.

Инқилоби маданӣ

Инқилоби маданӣ — таҳаввулоти бузург дар соҳаи маориф ва фарҳанги тоҷик буд, ки бо мақсади соҳибмаърифат гардонидани аҳолии Тоҷикистон, ташкил кардани мактабҳои махсуси маҳви бесаводӣ ва бо китобҳои дарсӣ ва дигар лавозимоти хониш таъмин кардани онҳо шурӯъ шуд. Инқилоби фарҳангӣ тақрибан соли 1929 шурӯъ гардида, аз бастани мактабҳо, мадрасаҳо ва муассисаҳои таълимии низомашон куҳна оғоз ёфт. Солҳои 1925–1930 шумораи мактабҳои маҳви бесаводӣ ба 1111 адад расид. Дар натиҷаи татбиқи сиёсати шӯравӣ ва дуруст ба роҳ мондани низоми маориф соли 1939 сатҳи саводнокии аҳолии Тоҷикистон ба 82,8% расид. Барои рушди соҳаи маориф ҷорӣ намудани таълими ибтидоӣ ва умумии ҳатмӣ мусоидат кард. Соли 1930 11 мактаби 7-сола ва 2 мактаби миёна фаъолият дошт (шумораи онҳо соли 1938 мутаносибан ба 89 ва 18 адад расид), ки дар онҳо беш аз 22000 хонанда таҳсил мекарданд. То соли 1933 инчунин мактабҳои ибтидоии 2-сола (синфҳои 1 ва 2) вуҷуд доштанд. Барои тайёр кардани омӯзгорон дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд ва баъзе ноҳияҳои дигари ҷумҳурӣ мактабҳои олӣ ва курсҳои кӯтоҳмуддати муаллимӣ, омӯзишгоҳҳои педагогӣ таъсис ёфта буданд (институтҳои педагогии Душанбе (1931), Хуҷанд (1932), Академияи педагогии Сталинобод (1931), комбинатҳои педагогии Душанбе, Хуҷанд, Конибодом, Ғарм, Нов, Ӯротеппа, Панҷакент, Хоруғ, Кӯлоб, Шаҳринав ва ғайра). Солҳои 1940–1941 дар ҷумҳурӣ 6 мактаби олӣ фаъолият дошт, ки дар онҳо 2,3 ҳазор донишҷӯ таҳсил мекарданд. Солҳои 1930 дар Тоҷикистон 3 театри касбӣ, филармонияи давлатӣ, ансамбли рақсии миллӣ, оркестри симфонӣ, хонаи эҷодиёти халқ, театри опера ва балет, 12 театри халқӣ (дар Хоруғ, Ғарм, Кӯлоб, Панҷакент, Қӯрғонтеппа, Ӯротеппа, Исфара, Ҳисор), 140 нуқтаи намоиши кино, 416 китобхонаи илмӣ-оммавӣ (китобхонаи ҷумҳуриявии ба номи А. Фирдавсӣ, 1933), 2 осорхона (дар Душанбе ва Хуҷанд) амал мекарданд. Саноати полиграфӣ аз Нашриёти давлатии Тоҷикистон ва 34 матбааи хурду миёнаи ноҳиявӣ иборат буд. Дар ин давра 5 рӯзномаи ҷумҳуриявӣ («Тоҷикистони сурх», «Маориф ва маданият», «Коммунист Таджикистана», «Роҳбари дониш», «Дониш ва омӯзгор»), 1 рӯзномаи минтақавӣ, чандин маҷалла, зиёда аз 350 газетаҳои деворӣ ба табъ мерасиданд. Солҳои 1929–1940 ду ислоҳоти алифбо гузаронида шуд; се бор (1929, 1931, 1937) конститутсия қабул гардид. Инқилоби фарҳангӣ барои дастрасии оммавии таҳсил, ташаккули низоми маорифи шӯравӣ ва баланд шудани сатҳи маърифати аҳолӣ замина гузошт. Аҳамияти таърихии инқилоби фарҳангӣ хеле бузург буда, рушди маориф, санъат, фарҳанг ва матбуоти тоҷикро ба сатҳи сифатан нав баровард.

Гузариш ба алифбои лотинӣ ва русиасос

Баъди ташкилёбии Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ масъалаи табдили хат ва алифбои ягона барои ҳамаи аҳолии Иттиҳоди Шӯравӣ пеш омад. Соли 1929 масъалаи гузариш ба алифбои лотинӣ ба таври қатъӣ гузошта шуд. Соли 1927 бо ташаббуси Комиссари халқии маорифи Иттиҳоди Шӯравӣ А. Луначарский Комиссияи гузариш ба алифбои лотинӣ таъсис ёфт. Табдили алифбо аз хатти форсӣ ба лотинӣ аввалан дар Туркия оғоз шуда, баъдан бо баҳонаи маҳви бесаводӣ дар байни аҳли маориф ва фарҳанги туркони Қафқоз, бахусус ҷумҳурии Озарбойҷон, тоторҳои Россия (аз 1922) ва мардуми туркзабони Осиёи Миёна ҷонибдорони зиёд пайдо кард. Баръакси туркзабонон ва дигар ислоҳотгароён дар байни зиёиёни калонсоли тоҷик ҷонибдорони табдили алифбо ба лотинӣ камтар буданд. Устод Айнӣ, Мунзим, Ҳамдӣ ва дигарон дар комиссияи гузариш таърихи беш аз ҳазорсола доштани хатти форсӣ ва душвор будани баргардонии дастхатҳои қадимаро ба алифбои лотинӣ ба миён мегузоштанд. Ҷумҳурии Ӯзбекистон алифбои лотиниро дарҳол қабул кард, аммо доираҳои ҳукмрони Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон гузариш ба алифбои лотиниро ба таъхир меандохтанд. Дар ҷаласаи охирини Комиссияи табдили алифбо шиори «Гузариш ба алифбои лотинӣ — ҳукми инқилоб. Марг ба душмани халқ!» овезон буд. Ҳайати Комиссияи табдили хат баъди овоздиҳии маҷбурӣ лоиҳаи алифбои лотинасосии тоҷикии Абдурауфи Фитратро, ки ба савтиёти забони тоҷикӣ мувофиқ буд, охири соли 1929 қабул кард. Аммо ҷараёни татбиқи алифбои лотинасос дар Тоҷикистон ба осонӣ амалӣ нашуд ва қаноатбахш набуд. Аз ин сабаб, моҳи январи соли 1929 «фармоиш»-и раиси Кумитаи Марказии Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон Нусратулло Махсум дар бораи такмил ва пешрафти корҳои алифбои нав содир шуда, иҷрои қарорҳои Кумитаи Марказӣ оид ба алифбои навро барои ҳамаи мақомот «маҷбурӣ ва қатъӣ» эълон намуд ва дар асоси ин фармон ҷараёни гузаштан ба алифбои нав суръат гирифт. Ҳамин тавр, алифбои лотинӣ ва имлои забони тоҷикӣ бо ҳуруфи лотинӣ дар Тоҷикистон то соли 1936 ба куллӣ ҷорӣ шуд. Вале охири солҳои 30-юми асри 20 дар Тоҷикистон ва кишварҳои турктаборе, ки дар онҳо алифбои лотинӣ ҷорӣ буд, ҷараёни гузариш ба алифбои кириллии русӣ оғоз гардид. Бинобар ин, соли 1938 таълими забони русӣ дар мактабҳои тоҷикӣ аз соли дуввуми таҳсил ҷорӣ гардид ва худи ҳамин сол Кумитаи Марказӣ маҷлиси машваратии умумиро ду маротиба дар мавзуи забон ва хат даъват намуд. Дар ин маҷлисҳои машваратӣ пешниҳод гардид, ки барои тағйири алифбои лотинасоси тоҷикӣ ба алифбои русиасос ва омода кардани тарҳи алифбои нав гурӯҳи олимон аз сектори таърихӣ-забоншиносии Базаи Тоҷикистонии Академияи илмҳои Иттиҳоди Шӯравӣ: С. Арзуманов, Л. Бузургзода, Р. Ҷалилов, Н. Ершов, С. Нестеренко, Б. Ниёзмуҳаммодов вазифадор карда шаванд.

Соли 1939 нахустин Анҷумани омӯзгорони Тоҷикистон баргузор гардид ва аз сӯи ширкаткунандагони он ба Ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод гардид, ки нақшаи табдили алифбои лотинӣ ба алифбои кириллӣ дар кишвар ҳарчӣ зудтар татбиқ гардад. Дар ҷараёни гузаштан ба алифбои русиасос, моҳи феврали соли 1940 Конференсияи ҷумҳуриявӣ оид ба алифбои нав доир гардид ва дар он алифбои нави русии тоҷикӣ пазируфта шуд, ки он аз 37 ҳарф иборат буд. Моҳи майи соли 1940 иҷлосияи шашуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон (даъвати якум) Қонун «Дар бораи гузаронидани хати лотинии тоҷикӣ ба алифбои нави тоҷикӣ дар асоси графикаи русӣ»-ро ба тасвиб расонд, ки мувофиқи он ҳуҷҷатгузорӣ дар тамоми идора ва созмону бунёдҳои мухталифи илмию иҷтимоӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон ба алифбои кириллӣ сурат мегирифт. Нашрияҳои Тоҷикистон аз 1 июни соли 1940 бо ин алифбо чоп шуданд. Бинобар ин қарор бояд то 1 сентябри соли 1941 ҳамаи корҳои марбут аз алифбои лотинӣ ба алифбои нави тоҷикӣ мегузашт. Аммо ҷараёни гузариш аз алифбои лотинӣ ба алифбои русиасос ба мисли гузариш аз алифбои арабиасос ба алифбои лотинасос дар байни зиёиёни кишвар мавриди баҳсу мунозираи илмӣ қарор нагирифт ва дар ин хусус аз олимону соҳибназарон касе ҳам изҳори назар накард, зеро дар солҳои 1936–1937 дар натиҷаи таъқиби зиёиён, ки ҳазорҳо нафар ба марг маҳкум шуданд, зиёиёни кишвар аз ибрози андеша дар ин хусус худдорӣ карданд.

«Таъқиботи сталинӣ»

Солҳои 1934–1938 таъқиботи сиёсии ходимони ҳизбию давлатӣ ва аҳли зиё бо айбҳои сохтаи мурофиавӣ дар Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ афзоиш ёфтанд. «Таъқиботи Сталинӣ» таҳти шиори маҳв кардани мухолифини сиёсат ва бунёди ҷомеаи сотсиалистӣ сурат мегирифт. Афроди гуногун аз ҷониби Сарраёсати бехатарии Комиссариати халқии корҳои дохилии Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ ба «рӯйхати сиёҳ» ворид шуда, бо фармони бевоситаи Сталин ба ҷазоҳои гуногун (ҳабс, бадарға, қатл ва ғайра) маҳкум мегардиданд. Агар оид ба нафаре ҳамчун «душмани халқ» ба мақомот маълумот мерасид, ӯро бе тафтишу баррасӣ ва ҳукми додгоҳ ба ҷазо гирифтор менамуданд. Ба ин восита солҳои 30-юми асри 20 ходимони намоёни давлатӣ, роҳбарони сиёсию ҳизбии Тоҷикистон, аз қабили Н. Махсум, Ш. Шоҳтемур, А. Муҳиддинов, А. Ҳоҷибоев ва Ч. Имомов, А. Раҳимбоев, Ӯ. Ашуров, И. Исмоилов, А. Фозилов, А. Мавлонбеков, С. Абдуллоев, С. Носиров, Р. Бобоҷонов, А. Алиев, О. Оқчурин, Г. Бройдо, Т. Рискулов, Н. Тӯрақулов, Ф. Хоҷаев, Нисормуҳаммади Афғон, С. Афзалов, М. Гусейнов, Х. Боқиев, М. Қурбонов ва дигарон чун миллатгарои буржуазӣ ба додгоҳ кашида шуданд. Аз соли 1937 дар Тоҷикистон таъқиботи Сталинӣ авҷ гирифт, даҳҳо ҳазор зиёиён, рӯҳониён, заминдорони соҳибмулк бо ҷурми миллатгароӣ, пуштибонии босмачиён ва ҷосусӣ ҳабсу бадарға шуданд. Дар ин таъқиботи хунин ва қазияҳои сохта нақши А. Раҳимбоев, ки аз соли 1933 Раиси Шӯрои Комиссарони Халқии Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон буд, барои заиф сохтани нуфузу эътибори кадрҳои миллӣ бузург аст. Вале худи А. Раҳимбоев низ соли 1938 дучори ин таъқибот гашта, ба қатл маҳкум гардид. Дар ин давра фаъолияти зиёиён таҳти назорати шадид қарор гирифт. Дастовардҳои илмӣ агар ба идеологияи роҳбарони Ҳизби коммунист мувофиқат намекарданд, олимонро ҳамчун мубаллиғи арзишҳои ҷомеаи сармоядорӣ ҷазо медоданд.

Соли 1931 Иттифоқи Нависандагони Тоҷикистон 28 аъзо дошт, ки баъзе онҳо муқобили ҳамдигар мақолаҳои туҳматомез навиштанд ва дар натиҷа адибон Х. Карим, Ғ. Абдулло ва Р. Абдуллоро барои робита бо тарроҳи марзбандии миллии Осиёи Миёна А. Раҳимбоев айбдор карданд. Ҳамчунин Ҷ. Икромӣ, С. Ализода, Т. Зеҳнӣ ва Р. Ҳошим низ гирифтори таъқибот гардида, ҳабс шуданд. Тибқи нақшаи амниятии Лаврентий Берия талаб карда шуд, ки аз Тоҷикистон 120 ҳазор нафар ҳабсу бадарға карда шаванд. Вале Б. Ғафуров ҳангоми дидор бо Сталин ин нақшаро баррасӣ намуда, аксари мардумро аз таъқиботу маҳвшавӣ наҷот дод.


Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 281–284.

0

Ҷавобҳо (0)

Ҳанӯз шарҳе нест.