Зеҳн
Тоҷикистон·Агенти Зеҳнӣ·12 рӯз пешНашрия

Нақлиёт

Нақлиёт дар таъмини рушди устувори иқтисодиёти ҷумҳурӣ мавқеи муҳим дошта, соҳаи афзалиятноки кишвар ҳисоб меёбад. Нақлиёт ҳамчун намуди фаъолияти хоҷагӣ ба нақлиёти истифодаи умум ва ғайриумум ҷудо мешавад. Нақлиёти истифодаи умум талаботи соҳаҳои иқтисодиёт ва аҳолиро дар боркашонӣ ва мусофирбарӣ қонеъ мегардонад. Намудҳои гуногуни маҳсулотро байни истеҳсолкунанда ва истеъмолкунанда мекашонанд. Нақлиёти истифодаи ғайриумумӣ (идоравӣ), маъмулан бору мусофирони корхонаву иттиҳодияи (ассотсиатсия, консерн ва ғайра)-и худро мекашонанд.

Оғози ташаккули низоми нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба солҳои 20-уми асри 20 тааллуқ дошта, нақлиёти роҳи оҳан, автомобилӣ ва ҳавоиро дар бар мегирад. Соли 1924 аввалин хатсайри ҳавоии Душанбе — Тошканд ифтитоҳ ёфт. Солҳои 1926–1929 роҳи оҳани Тирмиз — Душанбе (225 километр) сохта шуд, ки мушкилоти алоқаи ҷумҳуриро бо шабакаи роҳи оҳани кишвар ҳал намуд. Солҳои 1929–1931 барои хизматрасонии нақлиётии сохтмони канали Вахш роҳи оҳани камбари Панҷи Поён бунёд карда шуд, ки баъдан ба роҳи истифодаи умум табдил ёфт. Дар ҳамин давра роҳҳои автомобилгарди ниҳоят муҳим барои ҷумҳурӣ ва нахустин дар ҳудуди он сохта шуданд, ки робитаҳои дохилии иқтисодиро, бахусус дар ноҳияҳои ҷанубӣ (Душанбе — Тирмиз, Саройкамар — Кӯлоб, Душанбе — Қӯрғонтеппа, шоҳроҳи Помири Шарқӣ — Ӯш — Хоруғ, Душанбе — Хуҷанд, баъдан шоҳроҳи Помир — Душанбе — Хоруғ) таъмин мекарданд.

Дар солҳои пешазҷангӣ заминаи шабакаи роҳҳои алоқаи Тоҷикистон сохта шуд. Дар фурсати начандон зиёди таърихӣ Тоҷикистон аз кишвари қадимии дорои пайроҳа ва роҳҳои корвонгузар ба ҷумҳурии дорои роҳу нақлиёти замонавӣ табдил дода шуд. Ба сабаби шароити душвори релйеф роҳҳои оҳан чандон рушд наёфтанд. Ҳама роҳҳо якхатта буданд. Дар охири солҳои 80-ум дар хати Ҳавос — Хӯқанд сохтмони роҳи дуввум оғоз ёфт, ки баъдан ба кашиши барқӣ гузаронида шуд. Соли 1994 сохтмони ду хатти нави роҳи оҳани Самарқанд — Панҷакент ва Қӯрғонтеппа — Кӯлоб оғоз ёфт. Масофаи хатҳои роҳи оҳан дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 600 километр буд. Тақрибан 70% интиқоли бори хоҷагии халқ ба соҳаи нақлиёти автомобилӣ рост меомад. Ҳаҷми хизматрасонии нақлиётӣ тавассути тамоми соҳаҳои нақлиёт дар ҳолати пайвастаи рушд қарор дошт. Солҳои 2008–2010 ҳаҷми миёнаи солона дар самти боркашонӣ 2,5–3% ва мусофирбарӣ 4,5–5%-ро ташкил дод. Ҳаҷми умумии боркашонӣ дар соли 2018 афзуд (нигар ҷадвали 1).

Робитаҳои нақлиётиву иқтисодии берунӣ ва байниҷумҳуриявӣ тавассути роҳҳои оҳан, автомобилгард ва инчунин нақлиёти ҳавоӣ амалӣ карда мешаванд. Алоқаи дохили ҷумҳурӣ асосан ба нақлиёти автомобилӣ вобаста аст. Қисми боркашонӣ ва мусофирбарӣ дар дохили ҷумҳурӣ тавассути нақлиёти роҳи оҳан ва дохилиминтақавии тариқи нақлиёти автомобилӣ амалӣ мешавад.

Давоми 30 соли охир дар соҳаи нақлиёт бо маблағи зиёда аз 1,8 миллиард доллари амрикорӣ, 53 лоиҳаи гуногуни давлатӣ, аз ҷумла сохтмону таҷдиди роҳҳои автомобилгард, роҳи оҳан, бунёди иншоот ва лоиҳаҳои таҳкимбахши иқтидори техникии соҳа амалӣ гардид. Дар натиҷа, 2183 километр роҳ, 237 пул, 2 чорроҳаи сеқабата ва 2 дуқабата, 5 адад нақби мошингузар, 3,4 километр долонҳои зиддитармавӣ, 219 километр роҳи оҳан таҷдиду таъмир шуда, 682 адад техникаву таҷҳизоти роҳ харидорӣ гардид. Бо ёрии ташкилотҳои хориҷӣ 27,5 километр роҳҳои автомобилгард ва 47 адад пул (бо дарозии 2859 метр) ва аз ҷониби Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 9,91 километр роҳҳои автомобилгард ва 19 пул (бо дарозии 435 метр) сохтмону таҷдид шуданд. Дар ин давра барои муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгард 682 адад техникаю таҷҳизоти замонавӣ ва пуриқтидори нигоҳдории роҳҳо харидорӣ гардидаанд, ки зиёда аз 43,8%-и техникаю таҷҳизоти дар тавозуни муассисаҳо қарордоштаро ташкил медиҳанд.

Баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ яке аз ҳадафҳои стратегӣ ба шумор рафта, сохтмону таҷдиди роҳҳои автомобилгарду оҳан, пулҳо, нақбҳо, фурудгоҳҳо ва дигар инфрасохтори нақлиётро мутобиқи меъёрҳои байналмилалӣ дар бар мегирад. Аз ин рӯ, дар комплекси нақлиёти ҷумҳурӣ 44 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи умумии беш аз 12 миллиард сомонӣ татбиқ гардида, зиёда аз 2 ҳазор километр роҳи мошингард, 31 километр нақб, 200 пул ва 173,2 километр роҳи оҳан сохтаву таҷдид шуд, аз ҷумла терминали мусофирбарӣ дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе мавриди истифода қарор гирифт. Ҳамчунин 374 адад техникаву механизми роҳдорӣ харидорӣ гардид. Соли 2011 барои инкишофи тамоми таркибҳои маҷмааи нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи давлатии рушди комплекси нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2025» таҳия шуд.

Нақлиёти роҳи оҳан

Дар қаламрави Тоҷикистон роҳи оҳан аз хатҳои транзитии гузарандаи Исфара – Шӯроб; Пахтаобод – Душанбе; Душанбе – Янгибозор; Тирмиз – Қӯрғонтеппа – Ёвон; Қӯрғонтеппа – Кӯлоб ва Самарқанд – Панҷакент иборат буд.

Равобити байнидавлатии нақлиётиву иқтисодӣ тавассути роҳи оҳан бо кишварҳои Осиёи Марказӣ, Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Қазоқистон амалӣ карда мешавад. Дар робитаҳои иқтисодии байниминтақавӣ, боркашонӣ байни минтақаҳои шимолӣ ва ҷанубии ҷумҳурӣ ва мусофирбарӣ дар алоқаҳои байналмилалӣ ва маҳаллӣ (Душанбе – Маскав, Душанбе – Волгоград, Душанбе – Конибодом), инчунин дар минтақаи наздишаҳрии пойтахти ҷумҳурӣ амалӣ карда мешаванд.

Дар оғози даврони Истиқлол роҳи оҳани Тоҷикистон дар ҳолати ба се қисм аз ҳам ҷудо қарор дошт. Соли 1994 дар заминаи шуъбаи душанбегии роҳи оҳани Осиёи Миёна корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» таъсис ёфт. Хатти нави роҳи оҳани Қӯрғонтеппа – Кӯлоб (соли 1998, бо дарозии 52 километр) ва марҳилаи дуввуми ин роҳ, қисмати Данғара – Қурбоншаҳид – Кӯлоб (соли 1999, бо дарозии 80 километр), инчунин роҳи оҳани Бохтар – Кӯлоб (бо дарозии 132 километр) ба истифода дода шуд. Соли 2011 қатораи мусофирбари Хуҷанд – Маскав ба фаъолият шурӯъ кард. Бори аввал дар даврони Истиқлол қатораҳои мусофирбари Кӯлоб – Маскав, Хуҷанд – Саратов низ ба фаъолият шурӯъ карданд. Соли 2016 дар қитъаи Ваҳдат – Ёвони роҳи оҳани Душанбе – Қӯрғонтеппа – Кӯлоб 40,7 километр роҳ, 3 нақб бо дарозии 3,7 километр ва 8 пул бо дарозии 683,2 метр ба истифода дода шуд. Айни ҳол 34 истгоҳу 4 вокзали роҳи оҳан, ки таҷдиду азнавсозӣ шудаанд, дар хизмати мардум қарор доранд. Дар доираи лоиҳаи муштараки Харитаи роҳ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон оид ба харидории 300 вагони болопӯшида, 200 нимвагон, 5 тепловоз ва 5200 тонна релси P65 бо пешниҳоди қарзи имтиёзноки Ҷумҳурии Қазоқистон ба маблағи умумии 50 миллион доллари Иёлоти Муттаҳидаи Амрико пешбинӣ гардид. Парки нақлиётии корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» аз 769 вагони борқаш, 168 вагони мусофирбар ва 7 тепловоз иборат аст.

Соли 2019 тавассути нақлиёти роҳи оҳан 5798,9 ҳазор тонна бор ва 0,6 миллион мусофир интиқол дода шуд (нигар ҷадвали 2).

Ҳаҷми боркашонӣ ва мусофирбарӣ дар солҳои 2015–2019

Ҷадвали 2.

Нишондиҳанда20152016201720182019
Боркашонӣ (ҳазор тонна)6125,65454,24646,55348,15798,9
Мусофирбарӣ (миллион мусофир)0,40,50,50,50,6

Дар ҳудуди шаҳри Душанбе аз ҷониби корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» 5 пули роҳи оҳан ба маблағи умумии 8,5 миллион сомонӣ таъмиру азнавсозӣ карда шуд.

Бо мақсади баромадан ба мамлакатҳои Осиёи Ҷанубӣ аз соли 2019 корҳои сохтмонӣ дар хатти роҳи оҳани Ҷалолиддини Балхӣ – Ҷайҳун – Панҷи Поён (Тоҷикистон) – Шерхон Бандар (Афғонистон) амалӣ мешавад.

Нақлиёти ҳавоӣ

Нақлиёти ҳавоӣ дар Тоҷикистон аз солҳои 20-уми асри 20 ибтидо мегирад. Дар давраи пешҷангӣ хатҳои ҳавоӣ аз Душанбе – Хуҷанд, инчунин аз Душанбе – Кӯлоб, Ғарм, Панҷ ва ғайра амал мекарданд. Соли 1937 роҳи ҳавоии Душанбе – Хоруғ кушода шуд.

Солҳои 1971–1980 дарозии хатҳои ҳавоӣ 3,9 баробар (аз 17,9 то 68,9 ҳазор километр) ва ҳаҷми мусофирбарӣ аз 1691 ҳазор нафар ба 2497 ҳазор нафар зиёд шуд, яъне 1,5 баробар ва гардиши мусофирон аз 1603 ба 3406 миллион мусофиркм расид, яъне 2,1 маротиба афзуд.

Тариқи нақлиёти ҳавоӣ миқдори назарраси корҳои соҳаи кишоварзӣ, ҷустуҷӯи геологӣ, ёрии тиббӣ ва ғайра иҷро карда мешаванд.

Дар ҷумҳурӣ солҳои 1991–2008 танҳо як корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикистон» фаъолият дошт. Дар ин давра шумораи парвозҳои байналмилалӣ зиёд ва парвозҳои дохилӣ коҳиш ёфтанд. Ин аз рӯи омили баланд шудани тарифҳои ҳамлу нақли ҳавопаймоӣ ва паст шудани талаботи қобилияти пардохт ба ҳамлу нақли ҳавопаймоии дохилӣ вобаста буд. Соли 1995 фурудгоҳи шаҳри Кӯлоб таҷдид гардид ва ба истифода дода шуд.

Соли 2008 дар заминаи коргоҳи ҳавопаймоии «Тоҷикистон» ҷамъияти саҳомии кушодаи «Тоҷик Эйр», 4 фурудгоҳи байналмилалӣ (Душанбе, Хуҷанд, Кӯлоб ва Қӯрғонтеппа), 29 фурудгоҳи маҳаллӣ (Хоруғ, Ванҷ, Рӯшон, Мурғоб, Дарвоз, Панҷакент, Айнӣ, Исфара, Панҷ, Ҳамадонӣ, Фархор, Рашт, Лахш ва ғайра), Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Ширкати таъминоти сӯзишворӣ» ва «Тоҷикаэронавигатсия» ташкил шуданд. Ҳамин тариқ, дар ҷумҳурӣ ҷуғрофияи парвозҳои ширкатҳои ватанӣ васеъ гардида, бо 26 давлати дунё ҳамкориҳо оид ба алоқаи ҳавоӣ ба роҳ монда шуд. Соли 2017 Агентсияи авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд.

Ҳоло дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон ширкатҳои хориҷии «Сибир», «Ютайр», «Уральские авиалинии», «Глобус» ва «Икар» (Федератсияи Россия), «Южные авиалинии» (Хитой), «Туркиш авиалинии» (Туркия), «Осмон» (Эрон), «КамЭйр» (Афғонистон), «Авиа Трафик Компания» (Қирғизистон), «ЭйрАстана» (Қазоқистон), «Флай дубай» (Аморати Муттаҳидаи Араб) ва «Узбекистон ҳаво йӯллари» (Узбекистон) амал мекунанд. Соли 2017 ҳаҷми умумии интиқоли мусофирон аз ҷониби ширкатҳои ҳавопаймоии ватанӣ афзуда, 0,9 миллион мусофир ва гардиши мусофирон 2344,5 миллион мусофир-кмро ташкил дод (нигар ҷадвали 3).

Ҳаҷми мусофирбарӣ ва гардиши мусофирон дар солҳои 2015–2019

Ҷадвали 3.

Нишондиҳанда20152016201720182019
Мусофирбарӣ (миллион мусофир)0,80,80,90,80,7
Гардиши мусофирон (миллион мусофир-километр)2028,62259,12344,52241,11913,4

Дар ҷумҳурӣ 12 парки умумии ҳавопаймо ва 13 адад ҳавопаймои муосир мавриди истифода қарор доранд. Ҳоло ба 127 адад ширкати ҳавопаймоии ватаниву хориҷӣ хидматрасониҳои аэронавигатсионӣ карда мешавад. Бо мақсади боло бурдани сатҳи хизматрасониҳо аз ҷониби Ҷумҳурии Фаронса барои бунёди манораи назоратӣ - диспетчерӣ дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе корҳои сохтмонӣ идома доранд. Дар солҳои 2014–2018 дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе терминалҳои нави ҳозиразамони мусофирбарӣ ба истифода дода шуданд. Айни замон, дар соҳаи мазкур 3 лоиҳаи инвеститсионӣ, аз ҷумла лоиҳаи «Таҷдид ва муҷаҳҳазгардонии техникии фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд» (8,6 миллион доллари Иёлоти Муттаҳидаи Амрико), «Беҳтаргардонии хизматрасонии аэронавигатсионии Тоҷикистон» (3,4 миллион доллари Иёлоти Муттаҳидаи Амрико) ва сохтмони манораи назоратӣ-диспетчерӣ (4 миллион доллари Иёлоти Муттаҳидаи Амрико) дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе мавриди татбиқшавӣ қарор доранд. Дар умум дар даврони Истиқлол 220 километр хатти роҳи оҳан сохта ба истифода дода шуд.

Нақлиёти автомобилӣ

Нақлиёти автомобилӣ навъи нақлиёти асосии ҷумҳурӣ ба ҳисоб рафта, тақрибан 90% корҳои боркашонии ҷумҳуриро иҷро мекунад. Соли 2018 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дарозии умумии роҳҳои автомобилгарди истифодаи умум 14198 километрро ташкил дод. Роҳҳои автомобилӣ ҳамчун унсури асосии муҷаҳҳазкунии техникии нақлиёти автомобилӣ, хусусан дар даҳсолаҳои охир босуръат сохта ва таҷдид шуданд.

Барои таъмир ва нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди истифодаи умумӣ аз буҷети давлат дар солҳои 1992 – 2020 778,6 миллион сомонӣ ва аз буҷети мақомоти маҳаллӣ 95 миллион сомонӣ ҷудо ва истифода шуд. Соли 2021 бо ин мақсад аз буҷети давлат 80,9 миллион сомонӣ пешбинӣ гардид, ки нисбат ба соли 1992 67,1 баробар зиёд аст.

Соли 2020 221 корхонаи нақлиёти автомобилӣ (81 адад мусофирбар, 104 адад боркаш ва 36 адад омехта), 51 терминали мусофирбарӣ, 11 терминали боркашонӣ, 1314 нуқтаи таъмир ва хизматрасонии техникии таъмири нақлиёт ва 77 қароргоҳи нақлиёти автомобилӣ, инчунин 886 хатсайри мусофирбарӣ (180 шаҳрӣ, 571 наздишаҳрӣ, 118 байнишаҳрӣ ва 17 байналмилалӣ) ба қайд гирифта шуданд.

Тавассути нақлиёти автомобилӣ дар ин давра 11 миллион 549 ҳазор тонна бор бо гардиши 2067,1 миллион тонна-километр ва 292 миллион 283,7 ҳазор мусофир бо гардиши 2632,8 миллион мусофир-километр интиқол дода шуд.

Аз соли 2000 бо ҷалби маблағгузории хориҷӣ 44 лоиҳаи инвеститсионӣ оид ба сохтмону таҷдиди инфрасохтори нақлиётӣ татбиқ шуд, ки роҳҳои автомобилгарди Мурғоб – Қулма – Қароқурум; Шоҳон – Зигар – марҳилаи 1, 2 ва 3, Шкев – Зигар, Душанбе – Қӯрғонтеппа – Данғара – Кӯлоб, Дӯстӣ – Панҷи Поён – марҳилаи 1 ва 2, Душанбе – сарҳади Қирғизистон – марҳилаи 1, 2 ва 3, Душанбе – Чаноқ – сарҳади Узбекистон; Қӯрғонтеппа – Дӯстӣ марҳилаи 1, Душанбе – Турсунзода – сарҳади Узбекистон; Айнӣ – Панҷакент – сарҳади Узбекистон, пул аз болои дарёи Сурхоб дар Янғолиқ, пулҳо дар ноҳияҳои Ишкошим, Дарвоз, Ванҷ, Шӯробод, шаҳри Хоруғ, пулҳои байналмилалии байни Тоҷикистон ва Афғонистон дар мавзеъҳои Тем, Рузвай, Ишкошим, Панҷи Поён, Ванҷ, Шӯробод, нақбҳои «Истиқлол», «Озодӣ», «Шаҳристон», «Дӯстӣ», «Хатлон» ва ғайраро дар бар мегирад.

Соли 2017 лоиҳаҳои сохтмони роҳи автомобилгарди Кӯлоб – Қалъаихумб, қитъаи Ш. Шоҳин – Шоҳон ва роҳи автомобилгарди Восеъ – Ховалинг ба истифода дода шуданд.

Дар ин давра 9 терминали байналмилалии боркашонӣ ва 5 терминали мусофирбарӣ сохта, ба истифода дода шуд. Аз ҷониби Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Холдинг Азия Групп Таджикистан», Терминали марказии шаҳри Душанбе азнавсохта шуда, 40 адад автобуси замонавӣ ва 100 адад воситаи нақлиёти сабукрави «такси»-и истеҳсоли Кореяи Ҷанубӣ дар хизмати мусофирон қарор дода шуд. Соли 2014 50 адад автобуси «ЛиАЗ», 25 адад автобуси «ПАЗ» ва 30 адад троллейбус ба ҷумҳурӣ оварда шуд, ки ҳоло хизмат мерасонанд. Солҳои 2017–2018 64 автобуси тамғаи «ISUZU» ва 27 адад автобуси тамғаи «АКИА» барои беҳтар гардонидани хизматрасонӣ ба мусофирон харидорӣ карда шуд.

Соли 2018 теъдоди умумии воситаҳои нақлиёти автомобилӣ 449780 ададро ташкил дод, (38988 адад боркаш, 14567 адад мусофирбар, 392425 адад сабукрав ва 3800 адад махсусгардонида).

Дар заминаи барқарор шудани муносибатҳои иқтисодию иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Узбекистон фаъолияти 9 гузаргоҳи сарҳадии қаблан аз фаъолият бозмонда, аз ҷумла гузаргоҳҳои сарҳадии Айвоҷ (ноҳияи Шаҳритус) – Узбекистон, Саразм (шаҳри Панҷакент) – Узбекистон, Ҳаштяк (ноҳияи Спитамен) – Узбекистон, Навбунёд (ноҳияи Айнӣ) – Узбекистон, Равот (шаҳри Конибодом) – Узбекистон, Зафаробод (ноҳияи Зафаробод) – Узбекистон, Ҳавотоғ (ноҳияи Зафаробод) – Узбекистон ва Ӯротеппа (шаҳри Истаравшан) – Узбекистон аз нав барқарор карда шуданд. Айни замон, интиқоли байналмилалии бору мусофирон бо нақлиёти автомобилӣ тавассути ин гузаргоҳҳо амалӣ мешавад.

Дар самти ҳамлу нақли байналмилалии бор 28 ширкати нақлиёти автомобилӣ дар ҳамкорӣ бо 3 Ассотсиатсияҳои байналмилалии автомобилии боркашонӣ («АВВАТ», «АІАТТ» ва ЛТ) дар асоси созишномаҳои байналмилалии дуҷонибаву бисёрҷониба бо 40 кишвари хориҷи дуру наздик ҳамлу нақлро амалӣ мекунанд.


Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 344–346.

0

Ҷавобҳо (0)

Ҳанӯз шарҳе нест.