Тоҷикистон
Бо истифода аз сарчашмаҳои муътамад, ҳаҷми зиёди иттилоот ва ҷалби муаллифони дорои ихтисосҳои гуногун таҳия намуда, маълумотҳо дар бораи Ватани азизамон
Консепсияи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи дин
Консепсияи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи дин, санади меъёрию ҳуқуқие, ки мақсаду вазифаҳо, самтҳои афзалиятнок ва дурнамои дарозмуддати сиёсати давлатӣ дар соҳаи динро бо дар назар доштани манфиатҳои миллии кишвар муайян ва танзим менамояд. Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 апрели соли 2018, № 1042 тасдиқ шудааст. Аз 10 боб ва 55 модда иборат аст. Бобҳои Консепсия: Муқаррароти умумӣ. Заминаҳои қабули Консепсия. Вазъи кунунии сиёсати давлатӣ дар соҳаи дин. Мақсад ва вазифаҳои асосии сиёсати давлатӣ дар соҳаи дин. Заминаҳои ташаккули сиёсати давлатӣ дар соҳаи дин. Муносибати давлат ва иттиҳодияҳои динӣ. Муносибати давлат ба шаклгирии тафаккур ва таълими динӣ. Нақши иттиҳодияҳои динӣ дар пешгирии экстремизм. Муносибати давлат бо омили динӣ дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Муқаррароти хотимавӣ. Дар Консепсия таърифи мафҳумҳои асосии дар он мавриди истифода қароргирифта (мазҳаб, мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба дин, маросими динӣ, мафкураи динӣ, озодии пайравӣ ба дин, прозелитизми ноҷоиз, таассуби динӣ, таҳаммулпазирӣ, тундгароии динӣ, фаъолияти таблиғотӣ, ходимони динӣ, экстремизм) дода шудааст (моддаи 5). Яке аз муҳимтарин масъалаҳои раванди эҳёи давлатдории миллии тоҷикон ва шинохти фарҳангу ҳувияти миллии мардуми Тоҷикистон муайян кардани мақоми дин дар ҷомеа ва татбиқи самараноки сиёсати давлатӣ дар соҳаи дин арзёбӣ шудааст (моддаи 6). Сабабҳои қабули Консепсия: Солҳои охир ба фазои динии кишвар ворид гаштани ғояву ақидаҳои ҳизбу ҳаракатҳои исломии номатлуб, ки моҳияти сиёсии таблиғотӣ дошта, сабаби дар ҷомеа ривоҷ ёфтани дидгоҳҳои ифротию тундравона гаштанд. Густариши фаъолияти ин ҷараёну равияҳои навпайдо, ки арзишҳои аслии мазҳабӣ ва анъанавии мардуми Тоҷикистонро зери шубҳа ва хатар мегузаронанд, боиси таҳдиди ҷиддӣ ба амнияти миллӣ ва суботу оромиши ҷомеа мегардад. Густариши фаъолияти таблиғотии (миссионерии) равияҳои гуногуни хориҷии ғайриисломӣ дар фазои динии Тоҷикистон дар ду даҳсолаи охир, ки боиси ба вуҷуд омадани заминаҳои хусумату низоъҳои диниву мазҳабӣ гашт. Аз ҷониби намояндагони равияву мазҳабҳои навпайдои исломӣ ва ғайриисломӣ ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид кардани адабиёти диниву мазҳабӣ, маводди электронӣ, видеоӣ ва шунавоии дорои хусусияти таблиғотӣ. Дуруст танзим нагардидани раванди гирифтани таълими динии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар ва ба Ватан барнагаштани ҳамаи донишҷӯёни дар хориҷи кишвар ғайрирасмӣ ба таълими динӣ фарогирифта, ки боиси афзоиши ворид шудани ғояву ақидаҳои равияҳои исломии барои муҳити динии Тоҷикистон номатлуб гашт. Дар фазои иттилоотӣ ва фарҳангии Тоҷикистон паҳн шудани барномаҳои гуногуни диниву мазҳабӣ тавассути интернет ва шабакаҳои моҳвораӣ, ки барангезандаи мафкураву ғояҳои ифротӣ буда, боиси нигаронии ҷомеа гардиданд. Рушд наёфтан ва хусусияти куҳнапарастӣ, таассуб ва то ҳадде хурофотӣ гирифтани тафаккури динии ҷомеа дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон (моддаи 7). Муҳити динӣ аз лиҳози паҳншавии тундгароии динӣ ва экстремизм бештар осебпазир буда, мухолифатҳои назарии дохилимазҳабӣ, ба қутбҳо ҷудо шудани он бар асари ворид шудани ақидаҳои тундгаро ва донишҳои нокифояи динии аҳолӣ ба ин раванд мусоидат менамоянд (моддаи 40). Мутобиқи Консепсия, сиёсати давлатӣ дар соҳаи дин амалӣ намудани вазифаҳои асосии зерро пайгирӣ менамояд: ҳифзи истиқлолияти давлатӣ ва манфиатҳои миллӣ, таҳкими суботи ҷомеа ва амнияти миллии кишвар; рушди устувори робитаҳои созандаи давлат ва иттиҳодияҳои динӣ; таъмини татбиқи кафолатҳои конститутсионӣ дар соҳаи озодии виҷдон, фароҳам овардани шароиту имконоти беҳтар ҷиҳати татбиқи ҳуқуқи шаҳрвандон ба пайравӣ кардан ва ё накардан ба дине, ба тарзи озод интихоб кардан ва тағйир додани эътиқоди динӣ; таъмини баробарии шаҳрвандон дар назди қонун, новобаста аз муносибат ба дин ва эътиқод; такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ; таъмини мақом ва нақши аслии дин ҳамчун манбаи маънавию ахлоқӣ ва тарбиявии аҳли ҷомеа, тақвият додан ва ба самти созандагӣ равона намудани неруи маънавию ахлоқии ҷомеа; мусоидат ба раванди эҳёи фарҳангу худшиносии миллӣ, посдории мероси маънавию фарҳангӣ ва анъанаҳои динию таърихии мардуми тоҷик; ташаккули низоми шаффофу муассири таҳсилоти динӣ ва тафаккури динии ҷомеа, ҳимояи гуфтугӯи доимӣ ва таҳаммулпазири ҳамзистӣ байни дину мазҳабҳо ва иттиҳодияҳои динии гуногун, инчунин таҳкими фазои ваҳдату ризоят дар ҷомеа; пешгирии барангехтани кинаву адовати динӣ, падидаҳои номатлуби ифротгароӣ дар муҳити динӣ; ҷалби иттиҳодияҳои динӣ ба раванди бунёди давлати дунявӣ дар ҳалли масъалаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеа (моддаҳои 14, 15). Дар Консепсия зикр шудааст, ки мардуми тоҷик беш аз 1300 сол бо фарҳангу эътиқоди исломӣ зиндагӣ доранд. Дар ин муддат дини ислом ба яке аз бахшҳои муҳими фарҳанги миллии тоҷикон мубаддал шуда, меъёри ахлоқию маънавии он дар зиндагии аксарияти мардум ҷой гирифтааст. Дар натиҷаи раванди тӯлонии омезиши арзишҳои исломӣ бо арзишҳои миллии тоисломии тоҷикон дар фарҳангу ҳувияти мардуми тоҷик марзи мафҳумҳо ва арзишҳои миллӣ ва динӣ асосан аз байн рафта, дар зиндагии амалии аксари мардуми Тоҷикистон ин арзишҳо ба сифати бахшҳои пайвастаи як низоми комили арзишҳои ахлоқӣ муаррифӣ мегарданд. Тоҷикон бо пазируфтани ислом дар ташаккули фарҳанги исломӣ нақши муҳим бозидаанд. Сарзамини Мовароуннаҳр ва Хуросон дар тӯли садсолаҳо ҳамчун бузургтарин маркази ташаккули илму фарҳанги исломӣ муаррифӣ гардида, дар масири таърих забони тоҷикӣ ба унвони забони дуюми олами ислом шинохта шудааст. Мероси гаронбаҳои фарҳангии мутафаккирони тоҷик дар ташаккули сиёсати давлатӣ дар соҳаи дин ҳамчун манбаи маънавию ахлоқӣ ва тарбиявии аҳли ҷомеа мавриди истифода қарор мегирад. Халқи тоҷик дар рушди тамаддуни ҷаҳонӣ, аз ҷумла фарҳанги исломӣ саҳми бузург ва ҳалкунанда гузошта, бо офаридани осори бузурги моддию маънавии илмӣ, динӣ, фарҳангӣ ва ҳунарӣ яке аз саҳмиядорони асосии хазинаи пурғановати тамаддуни ҷаҳонӣ мебошад. Бино бар ин, мардуми тоҷик ва давлати Тоҷикистон имрӯз худро аз ҷумла меросдорони маънавии ин саҳмияи бузурги гузаштагони худ дар тамаддуни ҷаҳонӣ дониста, ҳамчун бахши ҷудоношавандаи тамаддуни исломӣ нисбат ба сарнавишти имрӯзаи он дар сатҳи ҷаҳонӣ ва минтақавӣ бетафовут нестанд (моддаи 50). Тибқи Консепсия, мусулмонони Тоҷикистон пайрави мазҳаби ҳанафии аҳли суннат ва ҷамоати дини ислом мебошанд ва 3 дарсади онҳоро пайравони мазҳаби исмоилии дини ислом ташкил медиҳанд. Таълимоти мазҳаби ҳанафӣ дар фарҳанги миллии тоҷикон нақши меҳварӣ дорад. Фарҳангу маънавиёт, одобу ахлоқ, меъёрҳои рӯзмарраи ҳаёт ва расму оинҳои мардуми тоҷик дар тӯли садсолаҳо бо мазҳаби ҳанафӣ пайваст гаштаанд. Ба мазҳаби ҳанафӣ ҳамчун ба мазҳаби аксарияти аҳолии кишвар ва меҳвари фарҳангу суннатҳои мардуми тоҷик эҳтироми хосса гузошта мешавад (моддаи 23). Ҳолати дар сатҳи таассубу хурофот боқӣ мондани тафаккури динии баъзе аз шаҳрвандон, ки метавонад яке аз монеаҳои рушди устувори ҷомеа ва нуқтаҳои заифи суботу амнияти миллии кишвар бошад, бояд тавассути ба роҳ мондани барномаҳои таълимию маърифатӣ, боло бардоштани фарҳанги ҳуқуқию динӣ ва такмили раванди омӯзиши қонунҳо, таърих ва асосҳои дин, диншиносӣ ва мероси гаронбаҳои фарҳанги миллӣ ислоҳ карда шавад (моддаи 35). Тибқи муқаррароти хотимавии Консепсия, вазорату идораҳо, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот барои татбиқ ва иҷрои самараноки он масъул мебошанд (моддаи 55). Адабиёт: «Дин ва ҷомеа», № 6, 7, 2019. Ҷашнҳои бузурги мусулмонӣ Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ду ҷашни бузурги мусулмонӣ — идҳои Рамазон ва Қурбон дар шумори идҳои расмӣ ва рӯзи истироҳат мебошанд. Ба ин ду ид «идайн» низ гуфта мешавад. Иди Рамазон (Иди Фитр, Иди Сиём), яке аз ҷашнҳои миллии суннатии мардуми мусулмон, аз ҷумла тоҷикон, ки дар поёни моҳи рамазон, рӯзи якуми моҳи шавволи солшумории ҳиҷрӣ баргузор мегардад. Аз ҷумлаи воҷиботи динӣ дар ин рӯз додани садақаи фитр ва баргузории намози ид мебошад, ки мусулмонон бо анҷом додани онҳо бо моҳи шарифи Рамазон то соли оянда хайрбод мегӯянд. Пас аз он ба сари қабри гузаштагонашон, хонаи наздикону пайвандон, ёрону дӯстон, ҳамсоягон (асосан хонаҳое, ки мурдаи тоза доранд) рафта, ба арвоҳи фавтидагон оят тиловат мекунанд, дар ҳаққи онҳо дуову фотиҳа мехонанд, аз Худованд барояшон омурзиши гуноҳон хоста, аз даргоҳи илоҳӣ ба хонадони онҳо дар мусибати ба сарашон омада сабри ҷамил талаб менамоянд ва орзуву таманнои хайр мекунанд, ки ин худ як навъ ифодаи таслияту таскинбахшӣ ва изҳори ҳамдардию ғамхорӣ дар ҳаққи якдигар аст. Одатан дар хондани намози Иди Рамазон таъхир карда мешавад. Уламои дин сабаби инро дар он мебинанд, ки барои додани садақаи фитр фурсати бештар фароҳам гардад. Ҳикмати асосӣ дар ин маврид, агар аз як сӯ, ба савоби афзунтар ноил гардидани саховатмандону хайркунандагон бошад, аз сӯйи дигар, ҳар чӣ бештар баҳравар гаштани ниёзмандон аз ин хайру саховати онҳост. Иди Қурбон (Гӯспандкушон, Гӯсфандкушон, Иди Азҳо), яке аз ду иди бузурги исломист, ки ҳар сол дар рӯзи 10-уми зулҳиҷҷаи солшумории ҳиҷрии қамарӣ таҷлил мешавад. Ба қавли Берунӣ, «рӯзи даҳуми ин моҳ Иди Қурбон аст, ки қурбониҳо ва ҳадиро дар рӯз мекушанд. Ва охирин рӯзи ҳаҷ ҳамин рӯз аст. Ва дар ин рӯз Худованд ба ҷои Исмоил як қӯчро қурбонӣ гирифт» («Осору-л-боқия», саҳ. 385). Бино бар забҳи шутур, гов ё гӯсфанд (узҳия) дар айёми Иди Қурбон онро Идуннахр, Идулазҳо низ меноманд. Дар мавсими ҳаҷ дар Макка на танҳо ҳоҷиён, балки ҳар мусулмоне, ки қудрату тавоноӣ дорад, метавонад дар айёми иди Қурбон молеро қурбонӣ кунад. Дар китобҳои қисас ва таърих омадааст, ки пас аз бинои Каъба Иброҳим (алайҳиссалом) дар рӯъё фармони илоҳӣ ба забҳи Исмоил (алайҳиссалом)-ро дарёфт ва чун онро ба фарзандаш баён кард, ӯ низ ба амри илоҳӣ гардан ниҳод. Иблис саъй кард, то Исмоилро аз роҳ бизанад, вале дар фирефтани ӯ ва модараш Ҳоҷар ноком шуд. Ҳангоме ки Иброҳим кордро бар гулӯи Исмоил ниҳод, овози ғайбӣ ӯро аз идомаи кор боздошт. Хитоб омад, ки Худованд дар муқобили сабр ва сидқи эшон гӯсфандеро фидя фиристодааст ва Иброҳим маъмур шуд, то гӯсфандро ба ҷои Исмоил қурбонӣ кунад. Суннати мазкури иброҳимӣ минбаъд дар заминаи яке аз маносики ҳаҷ қарор гирифт. Ва ҳам дар ин замина аст, ки он ба иди «Гӯсфандкушон» маъруф шудааст, чунонки Рӯдакӣ мегӯяд: Бод бар ту мубораку хуншон, Ҷашни Наврӯзу Гӯспандкушон! Маъмулан, дар адои намози иди Қурбон таъҷил карда, барвақттар хондани он мустаҳаб ба шумор меравад. Сабаби ин амр дар он аст, ки мусулмонон барои қурбонӣ кардан вақти бештаре дар ихтиёр дошта бошанд. Аз ҷумлаи анъанаву суннатҳои неке, ки дар рӯзҳои Иди Рамазон ва Иди Қурбон анҷом дода мешавад, хайру саховат ба ниёзмандон, пӯшидани либоси беҳтарин, хешро оростану перостан ва бо шодию нишот ба идгоҳ (намозгоҳ) ва табрики ҳамдигар рафтан аст. Адабиёт: Мец А. Мусульманский ренессанс. Москва, 1973; Берунӣ Абурайҳон. Китобу-т-тафҳим. Душанбе, 1976; Ҳамон. Осор-ул-боқия. Душанбе, 1990; Ислам: Энциклопедический словарь. Москва, 1991; Боқизода А. Накҳати Рамазон. Душанбе, 2006; Раҳмонов Э. Дар бораи дин. Душанбе, 2006; Али-заде. Исламский энциклопедический словарь. Москва, 2007. С. Маҳмадуллоҳ. Танзими анъана ва ҷашну маросим Дар солҳои нахустини Истиқлол зоҳирпарастию худнамоӣ дар барпо кардани маъракаҳои пурдабдаба ва мусобиқа дар оростани дастурхони серхароҷот ба ҳукми анъана даромада, аҳволи оилаҳои нисбатан дасткӯтоҳро боз ҳам вазнинтар мекард. Анъана ва урфу одатҳои нав ба наве пайдо мешуданд, ки ба ҳаёти шахсӣ ва оилавии шаҳрвандон ба ҷуз сарборию вазнинӣ чизи дигаре намеоварданд. Бо мақсади пешгирӣ кардани исрофкорӣ ва зиёдаравиҳо соли 1999 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба зарурати танзими маъракаҳо ба тасвиб расида, дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 ноябри соли 1999 Комиссияи ҷумҳуриявӣ доир ба анъана ва маросимҳои миллӣ таъсис дода шуд. Бо мақсади назорати танзими анъана ва ҷашну маросимҳо бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, № 253 аз 24 майи соли 2007 Раёсати танзими анъана ва ҷашну маросимҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт. Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба баррасии умумихалқӣ пешниҳод шуд. Барои қабули Қонун беш аз 20 ҳазор дархосту пешниҳод ба унвони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол гардид. Инчунин тавассути васоити ахбори умум, сомонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон андешаву мулоҳизаҳои мардум изҳор карда шуданд. Дар таърихи давлатдории навини тоҷикон нахустин қонуни сирф миллӣ – Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» 8 июни соли 2007 таҳти № 272 ба имзо расида, ҳадафи он ҳимояи манфиатҳои иҷтимоии мардуми Тоҷикистон, мусоидат барои паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва гирифтани пеши роҳи хароҷоти зиёдагӣ мебошад, ки ба манфиатҳои иқтисодӣ ва фазои маънавии ҳаёти шаҳрвандон зарари ҷиддӣ ворид менамояд. Қонун бо тақозои рушди ҷомеа анъана ва ҷашну маросимро ба танзим дароварда, баҳри ҳифзи арзишҳои асили фарҳанги миллӣ ва эҳтиром ба суннатҳои мардумӣ барои баланд бардоштани сатҳи иҷтимоию иқтисодии ҳаёти шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардидааст. Дар радифи таъмини иҷрои талаботи қисми 1-и моддаи 5-и Қонуни мазкур дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот 503 комиссияи доимӣ амал менамоянд. Тибқи маълумоти шуъбаву бахшҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросими вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дар вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо ва корхонаҳое, ки на камтар аз 30 нафар корманд доранд, 6439 комиссияи ҷамъиятии танзими анъана ва ҷашну маросим (Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – 692, вилояти Суғд – 1740, вилояти Хатлон – 1666, шаҳри Душанбе – 1020 ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – 1321) фаъолият доранд. Бо саҳми вазорату идораҳо, ташкилоту созмонҳо ва ҳамватанони саховатманду хайрхоҳ тайи чанд соли охир дар арафаи ҷашнҳои миллӣ, аз ҷумла ҷашни Наврӯз, Рӯзи Ваҳдати миллӣ, Рӯзи Истиқлол хатнасури беш аз 94 ҳазору 589 нафар тифл ва тӯйи домодию арӯсии зиёда аз 5608 ҷуфт навхонадор аз оилаҳои камбизоат ва эҳтиёҷманд ба тариқи дастаҷамъона сурат гирифт. Аз рӯзҳои аввал иҷрои талаботи Қонун дар самти ҳимояи манфиати шаҳрвандони ҷумҳурӣ натиҷаҳои назарраси молӣ ва иқтисодӣ дод. Муҳимтар аз ҳама, мазмун, моҳият ва муҳтавои Қонун комилан ба табиат ва манфиати мардум мувофиқ омада, аз ҷониби шаҳрвандони кишвар бо қаноатмандӣ пазируфта шуд. Х. Шокиров. --- Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 315–317.
Ялдо
Ялдо, Шаби ялдо, шаби чилла, ҷашни бостонии мардуми ориёӣ, дарозтарин шаби аввали моҳи дай, ки ба муносибати зодрӯзи эзади Меҳр ё Митра баргузор мешуд. Мувофиқи тақвими эронӣ шаби 30-юми моҳи озар (22-уми декабр) рӯзи таваллуди Меҳр мебошад, зеро аз ҳамин вақт сар карда, рӯзҳо дарозтар ва тобиши офтоб бештар мегардад. Ялдоро инқилоби зимистонаи Офтоб низ мегӯянд. Офтоб дар ин вақт аз нуқтаи ҷанубтарини эклиптика (бо майли 23°27′) мегузарад ва рӯзи аз ҳама кӯтоҳу шаби аз ҳама дароз ба вуҷуд меояд. Эрониён ба муносибати ҳамин сана шабнишиниҳо барпо мекарданд. Вожаи «ялдо» аслан аз забони сурёнӣ буда, маънои вилодат ё таваллудро дорад. Яъне дар ин шаби дарозтарини сол Меҳр таваллуд шудааст, чун ӯ эзади рӯшноӣ ва фурӯғ буд, аз ҳамон замони зода шудани ӯ рӯзҳо ба дароз шудан сар мекарданд. Дар асотир ва боварҳои қадимии эрониён гуфта шудааст, ки Меҳр аз нуре, ки аз паси кӯҳҳои Албурз метобад, таваллуд шудааст. Эрониёни қадим дар Ялдо ба домани ин кӯҳ мерафтаанд, то ки субҳ шафақи сурхро ҳамчун намоди таваллуди Меҳр мушоҳида намоянд. Ӯ бар тан зиреҳи заррину бар дӯш сипари симин ва дар даст гурзе гарон дорад. Бар гардунаи минуии бо ситораҳо мунаққаш, ба чаҳор аспи сафеди намиранда, ки наълҳои заррин ва симин доранд, савор аст. Ҳоло дар бисёр устонҳои Эрон шаби дарозтарини солро бо номи Ялдо ҷашн мегиранд ва дар ин шаб ғизоҳои махсус тановул карда, амалу одатҳои суннатиро иҷро менамоянд. Дар рӯи суфраи маросими Ялдо меваҳои сурхранги себ, анор, ангур ва қанду мағзу мавиз мегузоранд. Яке аз неъматҳои шартии ин дастархони ҷашнӣ тарбуз (ҳиндувона) мебошад. Аз таомҳо оши шир, биринҷ, мурғ бештар таҳия ва тановул мегардад, ки аксаран ранги сафед, зард ва ё сурх доранд. Ҳар як мева ё ғизое, ки дар суфраи маросимӣ ниҳода мешавад, рамзи хоссеро ифода мекунад. Чунончи, ранги сурхро ҳамчун рамзи шафақ ва тулӯи офтоб, яъне таваллуди хуршед маънидод мекунанд. Дар бисёр манотиқи Эрон ва Тоҷикистон мардум зимистонро ба ду чилла: калону хурд ҷудо мекунанд ва шаби нахустини чиллаи калонро ба Ялдо баробар медонанд, аз ин хотир таъбири «шаби чилла» низ дар гуфтори мардум роиҷ аст. Мардуми Хуросон дар ин шаб бедор мемонанд ва ба ибодату қироати Қуръони маҷид мепардозанд. Дар бисёр деҳаҳо ҷавонон қиссахонӣ, шоҳномахонӣ ва саргармиҳои дигаре чун фолкушоӣ, чистонёбӣ, шеърхонӣ барпо мекунанд. Бурдани ҳадя ба арӯс ба унвони «шаби чилла» аз унсурҳои дигари маросими Шаби ялдо дар ҷануби Хуросон аст. Дар ин шаб барои духтароне, ки ба тозагӣ номзад шудаанд, аз тарафи хонаводаи домод ҳадяҳо фиристода мешаванд ва хонаводаҳои арӯсу домод даври ҳам ҷамъ меоянд. Дини меҳрпарастӣ дар замони ҳукумати Ашкониён аз сарзамини Эрони бузург ба Рум ва кишварҳои Балкану романизабони Аврупо роҳ ёфтааст. То асри 4-и милодӣ дар империяи Рум ва баъзе мамлакатҳои аврупоӣ дини меҳрпарастӣ ҷорӣ будааст ва баъд масеҳият ҷои меҳрпарастиро ишғол кардааст. Дар ин мамолик рӯзи 25-уми декабрро ҳамчун зодрӯзи Митра ҷашн мегирифтанд, шамъафрӯзӣ мекарданду шабнишиниҳо барпо менамуданд. Чун масеҳият дар империяи Рум ҷойгузини меҳрпарастӣ гашт, мардум шабнишинии зодрӯзи Меҳрро идома медоданд. Аз ин сабаб рӯҳониёни масеҳиро маъмур карданд, ки рӯзи таваллуди Исоро 25-уми декабр эълон кунанд ва таҷлил намоянд (то он замон зодрӯзи Исои Масеҳ 6-уми январ таҷлил мешуд). Ҳамин тавр, Ялдо дар кишварҳои аврупоӣ ба ҷашни Кристмас (Рождество — Милод) ё худ зодрӯзи Исои Масеҳ табдил ёфт ва то имрӯз идома дорад. Дар кишварҳои масеҳикеши Аврупо дар шаби ҷашни Милод ҳоло ҳам шамъ равшан мекунанд ва он се ҳафта фурӯзон мемонанд. Шамъгузорӣ ёде аз эзади фурӯғу рӯшноӣ Меҳр (Митра) мебошад, яъне идома ва унсурҳои оини бостонии ниёгони мо — меҳрпарастӣ ҳоло ҳам дар фарҳанги халқҳои гуногуни ҷаҳон ба назар мерасанд. Адабиёт: Баҳор М. Пажӯҳише дар асотири Эрон. Теҳрон, 1381 шамсӣ; Разӣ Х. Ойини Меҳр: Пажӯҳишҳое дар таърихи ойини розомези митрӣ дар Шарқу Ғарб. Ҷилди 1. Теҳрон, 1381; Раҳимов Д. Нигоҳе ба ҷашнҳои миллӣ ва оинҳои суннатии тоҷикон. Душанбе, 2011. Д. Раҳимов. --- Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 314–315.
Тиргон
Тиргон, яке аз ҷашнҳои бостонии мардумони эронитабор, ки то асрҳои миёна маъмул будааст. Ин ҷашн дар рӯзи 13-уми моҳи тир, ки он рӯзро низ «тир» меномиданд, баргузор мегашт. Ҷашни Тиргон ба эҳтироми об ва оини обпошӣ марбут аст. Дар асотиршиносии Эрони Бостон Тир номи эзади борон буда, номи ӯ дар Авесто дар шакли «Тиштрайа», дар паҳлавӣ «Тиштар» ва дар форсии навин бо номи «Тир» зикр шудааст. Мувофиқи маълумоти Авесто, вазифаи Тиштар об гирифтан аз дарёи Фароҳкарт ва онро дар шакли борон ба заминҳои аҳуроӣ резонидан будааст. Тиштар инчунин номи ситораи рахшонтарини осмон буда, бо номи ситораи Сириуси юнонӣ ҳамреша аст. Дар яшти ҳаштуми Авесто («Тир-яшт») Тиштар ситораи сапеду дурахшон ва тавоно мебошад, ки сиришти обро дораду нажодаш аз Апам Напат (эзади обҳо) аст. Тиштар ба колбадҳои марди ҷавони нерӯманд, аспи сафеди заррингӯш ва гови зариншох дармеояд ва бо деви хушксолию беборонӣ — Апаоша, ки мехост ҷаҳонро аз беобӣ табоҳ созад, мубориза мебарад. Дар набарди аввал Апаоша ғолиб меояд ва пеши дарёи Фароҳкартро мебандад, абрҳои бороноварро пора-пора мекунад, аммо дар набарди дуввум Тиштар нерӯ гирифта, деви хушксолиро шикаст медиҳад. Аз он пас абрҳо пурбор шуда, боронҳои фаровон ба кӯҳу дашту даман меборанд ва табиат сарсабз гашта, ҳаёти осудаву хуррам оғоз мешавад. Дар қиссаҳои эронӣ чунин оварда шудааст, ки дар ин рӯз дар мавзеи Табаристон Манучеҳри пешдодӣ аз Афросиёб шикаст хӯрд ва барои тақсим кардани қаламрав шарте пеш гузоштанд. Яке аз паҳлавонони эронӣ бо номи Ораш ба болои кӯҳи Дамованд баромад ва бо тамоми нерӯи худ камонро кашида, тире ба сӯи дарёи Ҷайҳун партоб кард. Тир бо суръати тез аз субҳ то нимрӯзӣ парвоз карда, ниҳоят дар соҳили Ҷайҳун ба тани як дарахти бузургу ғафс фуруд омад. Аз ҷои фуруд омадани тир марзи Эрону Турон муайян шуд. Дар гузашта дар рӯзи Тиргон дар байни ақвоми эронӣ маросими дигаре бо номи «Обрезгон» баргузор мешудааст. Дар замони шоҳигарии Пирӯзи Сосонӣ, ниёи Хусрави Анӯшервон, дар Эрон ҳафт сол хушксолӣ рух дода, борон намеборид. Одамону ҷонварон ва гиёҳҳо аз ин хушксолӣ маҳв мешуданд. Ин вазъро дида, шоҳ Пирӯз фармон дод, ки дар оташкада барои даъвати борон ба ибодат пардозанд. Ниҳоят баъди ҳафт сол дар рӯзи Тир борон борид. Ба хотири ин борони таърихӣ Пирӯзшоҳ амр намуд, ки ин рӯзро Обрезгон ном гузоранд ва онро ҳар сол ҷашн бигиранд. Абусаиди Гардезӣ — муаллифи «Зайну-л-ахбор» дар асараш оид ба расми зарфшиканӣ ва обтанӣ дар ин ҷашн байни эрониёни қадим ёдовар шуда, ривояти дигареро ҷиҳати пайдоиши Тиргон зикр намудааст: «... ва андар Тир порсиён ғусл кунанд ва сафолинҳову оташдонҳо бишкананд. Ва чунин гӯянд, ки мардумон андар ин рӯз аз ҳисори Афросиёб бирастанд ва ҳар касе ба сари кори хеш шуданд. Ва ҳам андар ин айём гандум ё мева бипазанду бихӯранд ва гӯянд: андар он вақт ҳама гандум пухтанду хӯрданд, ки орд натавонистанд кард, зеро ҳама дар ҳисор буданд». Дар ин ҷашн эрониёни қадим даруну беруни хонаро об пошида меруфтанд, либоси тоза мепӯшиданд. Сипас аз риштаи абрешимии ҳафтранг ресмоне ба шакли дастпона мебофтанд ва «Тиру бод» меномиданд. Баъди 10 рӯз дар рӯзи Бод онро кушода, ба бод медоданд. Мардумони эронӣ дар ин рӯз аз хонаҳои худ баромада, хурсандӣ мекарданд, ба якдигар об мепошиданд. Ҳоло ҳам дар баъзе минтақаҳои эронинишин ин оин бо каме тағйирот маъмул аст. Расмҳои зарфшиканӣ, шустушӯй, пухта хӯрдани гандуму мева низ дар маъхазҳо ишора шудаанд. Агарчи ҷашни Тиргон ва устураи Тиштар ё Тир аз байн рафтааст, аммо баъзе пораҳои он дар боварҳо ва таъбирҳо боқӣ мондаанд. Дар тасаввуроти мардуми баъзе манотиқи Тоҷикистон то ба имрӯз боварҳо дар бораи эзади тундару чароғак ва борон бо номи Қанбар, дар баъзе ҷойҳои дигар бо номи Бобо Қилдир боқӣ мондаанд, ки бешак идомаи омиёнаи асотири ниёгони мо дар бораи эзади борон Тир мебошанд. Адабиёт: Брагинский И. С. Из истории таджикской народной поэзии. Элементы народно-поэтического творчества в памятниках древней и средневековой письменности. Москва, 1956; Берунӣ А. Осору-л-боқия. Душанбе, 1990; Раҳимов Д. Нигоҳе ба ҷашнҳои миллӣ ва оинҳои суннатии тоҷикон. Душанбе, 2010. Д. Раҳимов. --- Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 314.
Сада
Сада, ҷашни Сада, яке аз ҷашнҳои бостонии мардуми эронӣ, ки рӯзи даҳуми моҳи ёздаҳуми солшумории шамсӣ – баҳман барпо мешуд ва тибқи тақвими милодӣ ба рӯзҳои 30–31-уми январ баробар аст. Азбаски аз даҳуми баҳман то ҷашни Наврӯз панҷоҳ шабонарӯз аст, ин рӯзро Сада ном ниҳодаанд, зеро, ба гуфтаи Абурайҳони Берунӣ, форсиён шабу рӯзро алоҳида ҳисоб мекарданд. Маъхазҳои адабию таърихӣ ва манбаъҳои бостонӣ собит кардаанд, ки пайдоиш ва решаи иҷтимоии ин ҷашн бештар ба корҳои кишоварзӣ алоқаманд буда, ибтидоаш бо рӯзгори қадими мардуми эронитабор пайванди ногусастанӣ дорад. Аз рӯи иттилои гоҳшуморҳо ҷашни Сада ба муносибати «аз хонаи зимистониаш убур намудани хуршед» ва ба баҳор майл кардани он ҷашн гирифта мешудааст, ки ин ҳолати табиат дар натиҷаи баробар шудани шабу рӯзи зимистонӣ ба амал меояд. Шабу рӯзи зимистонӣ 25-уми декабр баробар мешавад ва шояд ҳолати мусовӣ будани шабу рӯзи зимистонӣ замоне охири моҳи январ сурат мегирифтааст. Аз рӯи гуфтаи Абурайҳони Берунӣ, одамон гӯё ҷашни Садаро ба муносибати «аз дӯзах ба рӯйи олам баромадани зимистон» оташ афрӯхта, ҷашн мегирифтаанд. Дар ин ҷашн моддаҳои хушбӯйро дуд мекарданд, ки зимистон ба хубӣ сипарӣ гардад ва ба мардум осебу зиёне нарасад. Абулқосим Фирдавсӣ дар «Шоҳнома» Ҳушангро асосгузори ин ҷашн гуфтааст: гӯё Ҳушанг ҳангоми саёҳат бо дарбориён ба море дучор омада, сангеро сӯйи ӯ андохт. Санг ба санги дигар бархӯрда, аз он оташаке парид ва ба ин васила оташ кашф гардид. Минбаъд одамон ба ҳамин муносибат оташе афрӯхта, ба он саҷда мекарданд ва ин маросимро Сада номиданд. Дар баъзе ривоятҳои асотирӣ пайдоиши ҷашни Садаро ба шоҳ Фаридун ва даврони салтанати ӯ нисбат медиҳанд. Бо амри Заҳҳок – шоҳи ҷоҳил ҳар рӯз ду нафар шахси бегуноҳро кушта, аз мағзи сари онҳо барои морони ӯ ғизо таҳия мекарданд. Армоил ин одамонро яктоӣ дар кӯҳи Дамованд пинҳон кард, ба ҷои онҳо гӯсфандеро кушта, аз мағзи сари он барои морони Заҳҳок маъҷун таҳия мекард. Вақте ки Фаридун Заҳҳокро нобуд кард ва бар тахт нишаст, хост Армоилро низ ҷазо диҳад. Ӯ кори худро ба шоҳ баён кард. Барои исботи ҳақ будани гуфтаҳои Армоил шахсони аз марг наҷотдодаи ӯ шабонгоҳ ҳар кадоме дар кӯҳи Дамованд оташ афрӯхтанд, ҳисоби онҳо ба 100 мерасид. Ҳамин тавр, ба сабаби аз марг наҷот ёфтани 100 нафар одами бегуноҳ Фаридун ҷашне баргузор намуд ва номи онро Сада гузошт. Ба расмият даромадани онро манбаъҳои адабию таърихӣ собит сохтаанд. Аҷдоди мо дар ин рӯз ҷашне меоростанд, тамоми шаб гулхан афрӯхта, дар гирди он рақсу бозӣ мекарданд ва сӯи осмон кабутарҳо сар медоданд. Аз рӯи одат ба муносибати ҷашни Сада шоҳону амирон ҷамъ меомаданд, шоирон дар васфи Сада чакомаҳо месуруданд ва тавассути баргузор намудани русуми неки ниёкон сарварони замонро (мамдӯҳонро) ба саховатмандию мурувват даъват мекарданд. Мувофиқи иттилои Ибни Мискавайҳ, барои баргузории ҷашни Сада бо амри шоҳони эронитабор дар талу пушта ва ҷойҳои баланди шаҳрҳо ҳезуми бисёреро болои ҳам чида, онро бо тасмаҳои оҳанин мебастанд. Дар болои онҳо зоғ ва ҳар гуна парандаҳоро аз пояшон баста мемонданд. Даруни чормағзро кофта, бо пахтаи нафтолуд пур мекарданд ва бо ресмоне ба пойҳову гардани парандагон мебастанд. Дар базмгоҳ сутунҳои аз шамъҳои ранга озинбастаро мегузоштанд. Баробари фаро расидани вақту соати ҷашни Сада оташро дар як вақт ҳам дар базмгоҳ ва ҳам дар талу теппа фурӯзон мекарданд. Чормағзро даргиронда, парандагонро раҳо мекарданд. Шаби тор мисли рӯз равшан мегардид. Сада то асрҳои 10–11 ҳар сол ҷашн гирифта мешуд. Баъди ҳамлаи муғул дар дарбор таҷлили он аз байн рафт, вале байни мардум чун ҷашнҳои Наврӯзу Меҳргон бо анъаноти деринаи ориёӣ таҷлил мегардид. Султон Маҳмуд ва писараш Масъуд, ки диндорони мутаассиб буданд, бо мақсади боз ҳам тақвият бахшидани дини ислом бисёр анъанаҳо ва суннатҳои бостонии мардуми ориёиро манъ карда буданд, ки яке аз онҳо ҷашни Сада мебошад. Дар байни мардуми ориёиасли Ҳинду Эрон роҷеъ ба оташ асотири ҷолиб мавҷуданд. Аз Авесто, манбаъҳои форсии миёна, паҳлавии сосонӣ устураву ривоятҳои фаровонеро метавон пайдо намуд, ки тибқи онҳо нуру оташ бо пайдоиш ва фурӯзонии хеш тамоми беморӣ, зиштӣ, тарсу ваҳм ва ҳамаи осори бадию шайтониро парокандаву нобуд мекардааст. Гузаштагони мо дар оташдонҳову оташкадаҳо оташро ҳамеша фурӯзон нигоҳ медоштанд ва намегузоштанд, ки оташ хомӯш шавад. Дар оғози ҳамаи ҷашну сурҳо оташ меафрӯхтанд. Аҳуро Маздоро ситоиш намуда, намоз мегузорданд. Аз ҳамаи ин ҷашнҳои марбут ба оташ маъмултаринаш Сада буд. Ҷашни Сада то ҳол дар байни зардуштиёни Ҳинду Эрон баргузор мегардад. Мардуми Варорӯд онро бо номҳои ҷашни «Хут», «Чаҳоршанбеи охирин», «Чаҳоршанбеи сурӣ», «Аловпарак» ва «Оташафрӯз» таҷлил менамоянд. Дар Тоҷикистон баробари ба даст овардани истиқлоли давлатӣ ҷашни Сада дубора эҳё ва ҳамчун иди миллӣ эътироф гардид. Адабиёт: Бертельс Е. Э. Праздник джашни Сада в таджикской поэзии // История таджикско-персидской литературы. Москва, 1957; Аҳмадов Р. Наврӯзи оламафрӯз. Душанбе, 1978; Негмати А. Земледельческие календарные праздники древних таджиков и их предков. Душанбе, 1989; Берунӣ. Осору-л-боқия. Душанбе, 1999; Розӣ Х. Гоҳшуморӣ ва ҷашнҳои Эрони бостон. Теҳрон, 1380 (2002). Р. Аҳмадов. --- Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 313–314.
Наврӯз
Наврӯз, соли нав, сари сол, қадимтарин ҷашни мардумии эронитаборон, аз ҷумла тоҷикон (баъдан дар байни мардумони ғайриэронӣ низ расм шудааст), ки ба рӯзи аввали солшумории шамсӣ – 1-уми фарвардин (аввали ҳамал) ё 21-уми марти солшумории милодӣ рост меояд. Наврӯзро дар баъзе ноҳияҳо «Иди сари сол», «Иди соли нав» ва дар байни мардуми Бадахшон «Хидир айём» (ё Иди бузург) меноманд. Наврӯз ҷашни бузурги бедории табиат ва баробарии шабу рӯз мебошад, ки ҳазорсолаҳо ҳамчун ҷашни пирӯзии рӯшноӣ бар торикӣ, гармо бар сармо, некӣ бар бадӣ ва оғози хилқати инсону табиат дар байни мардумони Эрону Афғонистон, Тоҷикистон ва кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ, Шарқи Наздик ва Қафқоз таҷлил мешавад. Наврӯз дар байни тамоми идҳои мардумони ҷаҳон ҳамагонатарини ҷашнҳост. Наврӯз ҷашнест, ки бар пояи эътиқодҳову боварҳо ва ҷаҳонбинии фалсафии мардумони эронитабор бунёд ёфтааст. Наврӯз таърихи хеле қадимӣ дорад. Аксарияти манобеи бостонӣ пайдоиши онро ба фаъолияти шоҳи чаҳоруми пешдодӣ Ҷамшед нисбат медиҳанд. Аз ҷумла, Фирдавсӣ дар яке аз достонҳои оғози «Шоҳнома» овардааст, ки Ҷамшед баъд аз поён бахшидани корҳои бузург дар даврони подшоҳии хеш бо ёрии фарри каёнӣ ва мувофиқ ба шукӯҳи подшоҳии хеш аз зару сим тахте бисохт ва онро бо дурру гавҳар биёрост ва чун нахустин бор девҳо, ки дар итоати Ҷамшед буданд, тахтро ба дӯш гирифта, аз замин ба осмон боло шуданд, нури офтоб ба чеҳраи Ҷамшед ва бар тахти ӯ метобид ва инъикос ёфта, медурахшид. Мардум ин манзараро дида, дар шигифт шуданд ва он рӯзро «рӯзи нав» хонданд. Пас аз он рӯз Ҷамшед ба ҷашн гирифтани Наврӯз оғоз намуд. Дар сангнигораҳои Тахти Ҷамшед (Персеполис) тасвири шоҳаншоҳи Ҳахоманишӣ (махсусан Дориюши Бузург) ва таҷлили Наврӯз ба назар мерасад. Дар он мардум аз гӯшаву канори Эронзамин ба сӯи ин тахтгоҳ бо ҳадяҳои наврӯзӣ равонанд. Дар манобеи таърихию адабии бостонӣ ва қариб дар ҳамаи ривоятҳову устураҳо Ҷамшедро асосгузори Наврӯз номиданд. Фирдавсӣ, Истахрӣ, Ҳамзаи Исфаҳонӣ, Гардезӣ, Берунӣ ва дигарон дар бораи пайдоиши Наврӯз ва тарзи барпо гардидани он маълумот ироа намудаанд. Масъуди Ҳамзаи Исфаҳонӣ дар китоби «Мулуку-л-арз вал-анбиё» бар асоси асотиру ақидаҳои куҳан дар бораи таърихи мардумони эронӣ мегӯяд, ки дар оғози офариниши ҷаҳон хуршеду моҳу ситорагон ва замин дар рӯзи аввали фарвардинмоҳ, ки рӯзи Наврӯз аст, ба ҳаракат даромадаанд ва аз гардиши онҳо рӯзу шаб падид омадааст. Берунӣ дар баробари баъзе масъалаҳои дигар роҷеъ ба Наврӯз чунин гуфтааст: «Бархе аз уламои эронӣ мегӯянд, ки сабаби ин рӯзро Наврӯз номидан ин аст, ки дар айёми Таҳмурас собиа (бутҳо) ошкор шуданд ва чун Ҷамшед ба подшоҳӣ расид, динро нав кард. Ва ин кор хеле бузург ба назар омад ва он рӯзро, ки рӯзи тозае буд, Ҷамшед ид гирифт, агарчи пеш аз ин Наврӯз бузург ва муаззам буд». Аз гуфтаи Берунӣ чунин бармеояд, ки дар рӯзи фархундаи Наврӯз дар байни мардуми эронӣ чунин анъана будааст, ки одамон барои якдигар ҳадя мефиристодаанд. Берунӣ аз Озарбади мӯбади Бағдод чунин нақл мекунад, ки найшақарро дар кишвари Эрон рӯзи Наврӯз кашф кардаанд. Пеш аз ин онро касе намешинохтааст. Гӯё рӯзе худи Ҷамшед буттаи найро дар шикоргоҳ мебинад ва онро ба даст гирифта, обашро чашидааст, ки ширин мебошад. Амр кардааст, ки оби онро берун оваранду аз он шакар истеҳсол намоянд. Он гоҳ дар рӯзи шашуми моҳи фарвардин шакар ба даст омад ва мардум ба муносибати пайдо шудани шакар дар Наврӯз ба якдигар ҳадя медоданд. Тибқи иттилои Берунӣ, рӯзи шашуми моҳи фарвардин Наврӯзи бузург аст. Гӯянд, Худованд дар ин рӯз аз офариниши ҷаҳон осуда гардидааст, чунки дар ин рӯз Худованд Муштариро офаридааст. Зардуштиён мегӯянд, ки Зардушт дар ин рӯз тавфиқ ёфтааст, ки бо Худованд муноҷот намояд ва Кайхусрав дар ин рӯз ба ҳаво ба меъроҷ рафта ва дар ин рӯз барои сокинони кураи Замин саодатро қисмат кардааст, бино бар ин, мардум ин рӯзро рӯзи умед номидаанд. Ҳар кас дар бомдоди ин рӯз, пеш аз он ки сухан гӯяд, шакар бичашад ва бо равғани зайтун тани худро чарб кунад, тамоми сол аз кулли балоҳо эмин хоҳад монд. Дар аҳди Сомониён ба инкишофи суннатҳои бостонии халқи тоҷик ва халқҳои дигари Мовароуннаҳру Хуросон шароити мусоид фароҳам омад. Дар ин давра идҳои Наврӯз, Садаву Меҳргон ҷашн гирифта мешуданд. Бино ба маълумоти Муҳаммади Наршахӣ, Наврӯзро аввал дар рӯзи 1-уми фарвардин кишоварзон, баъди панҷ рӯз муғон (оташпарастон) ҷашн мегирифтанд, ин рӯзҳоро «Наврӯзи кишоварзон»-у «Наврӯзи муғон» меномиданд. Дар аҳди Ғазнавиён, Салҷуқиён, Хоразмшоҳиён ва ҳатто баъди истилои муғул Наврӯзро мардум бо тантана ҷашн мегирифтанд ва ба шарафи Наврӯз пешакӣ тайёрӣ медиданд. 25 рӯз пеш аз Наврӯз дар зарфҳои махсус гандуму адас сабзонида, дар рӯи хони наврӯзӣ мегузоштанд ва омади кишти зироатро аз рӯи ҳолати сабзиши онҳо пешбинӣ менамуданд. Гоҳшуморӣ ва нишонаҳои фарорасии Наврӯз Тоҷикон аз замонҳои қадим фарорасии Наврӯз, эътидоли баҳорию тирамоҳӣ ва суръати вақтро дар давоми шабонарӯз аз мушоҳидаи такрор шудани ҳодисаҳои табиат, гардиши ҷирмҳои осмонӣ ва рафтори ҷонварон муайян мекарданд. Яке аз тақвимҳои хосси мардуми Бадахшони Тоҷикистон ҳисоби «Офтоб дар мард» (ба забони мардуми маҳаллӣ Хир пи чор) мебошад. Ҳисоби вақт аз рӯи узвҳои бадани инсон аз гоҳшумориҳои қадимии тоҷикон буда, дар Қаротегину Дарвоз, Ванҷу Язгулом, Ишкошим, Рӯшон, Шуғнон, Вахон, инчунин дар байни тоҷикони водии Фарғона (Сӯх) аз ҷониби мардумшиносон ба қайд гирифта шудааст. Ин навъи тақвимро тоҷикони Афғонистон ва ҳатто дар Покистон ҳам истифода мекарданд. Онро сокинони ин минтақаҳо «ҳисоби мард», «офтоб дар мард», «панҷоҳи мард», «нишонҳо» ва монанди инҳо низ ном мебаранд. Тибқи ҳисоби ин тақвим, офтоб дар ҳар як узви бадан якчанд рӯз меистад, масалан, се рӯз дар камар, се рӯз дар зону, дар пою нохунҳо ва ғайра. Мувофиқи тасаввуроти тоҷикони ҳавзаи Хингоб, Наврӯз замоне фаро мерасад, ки офтоб ба нишони «дил» ворид шавад. Ин айём се рӯз давом карда, иди Соли нав ё Сари сол барпо мегашт. Дар ҳисоби сокинони баъзе деҳаҳо Наврӯз дар давраи «камар» ё «кордафсон» (рон) фаро мерасидааст. Мутобиқи ҳамин тақвим аксари мардум корҳои деҳқониро оғоз мекарданд. Иҷрои бархе маросими мавсимӣ ва расму одат низ аз рӯи ҳамин гоҳшуморӣ сурат мегирифтааст. Дар Бадахшон низ, ки тақвими «Офтоб дар мард» (Хир пи чор) корбурди васеъ дошт ва дорад, нишони «дил» замони таҷлили соли нав аст. Шеваи дигари таъйини фарорасии соли нав дар байни аҳолии кӯҳистон мушоҳидаи ҳаракати офтоб ва афтодани сояи он ба нуқтаҳои муайян ба шумор мерафт. Асосан гардиши офтоб аз рӯи ҷойҳои нишоншуда дар қаторкӯҳҳо, қуллаҳо, дарахтон, сангҳо ва ғайра мушоҳида мешавад, ки офтоб дар паси онҳо ғуруб ё тулӯъ мекард. Ҳисоби рӯзҳои солро мардум ба ҷуз аз нуқтаҳои тулӯъ ва ғуруби офтоб, равиши сояи қуллаҳои кӯҳ, ҳамчунин аз равзан ба нишонаҳои гуногуни хонаҳои анъанавӣ расидани нури офтоб ва ғайра муайян мекарданд. Яке аз куҳансолони деҳаи Сорчи ноҳияи Роштқала Худоёров Файзулло (85-сола) гуфтааст: «Ҳангоме ки аз равзанаи хона офтоб рост ба болои шахсутуни хона меафтад, мегӯянд, ки «офтоб дар мард» афтод, яъне офтоб қувват гирифт ва метавонем, ки ба Наврӯз тайёрӣ бинем». Дар деҳаи Ямги ноҳияи Ишкошим санге мавҷуд аст, ки мардум онро «офтоббин» ном мебаранд. Чанд рӯз пеш аз ҷашни Наврӯз мӯйсафедони ин деҳа ба воситаи ин санг фарорасии Наврӯзро мушоҳида мекунанд. Ин олати сангӣ дар ҳамворӣ ҷойгир шудааст ва дар миёнҷойи он сӯрохе мавҷуд аст. Вақте ки офтоб вориди он гашт, одамон пай мебаранд, ки Наврӯз фаро расидааст. Ин мушоҳидаи мардум танҳо аз 18 то 21-уми март ба амал меояд. Дар баробари мушоҳидаҳои ҷирмҳои осмонӣ ва гардишу афтодани сояи офтоб дар мавзеъҳои муайян мардуми тоҷик инчунин кӯчишу рафтори ҷонварони мухталифро мушоҳида карда, фарорасии баҳорро таъйин менамуданд. Ин мушоҳидаҳои фенологӣ барои муайян кардани замони фарорасии мавсими баҳор, оғози корҳои кишоварзӣ, кишти зироат, молдорӣ, боғдорӣ ва ғайра истифода мешуданд. Чунончи, аҳолии деҳоти ҳавзаи дарёи Хингоб дар оғози баҳор парида омадани парандаи хурд — сангобдавакро мушоҳида кардаанд. Дар ин айём инчунин парандаи дигар – шохник парида меомадааст, гамбуски хурди сиёҳ — говак пайдо мешудааст, гулҳои зардаку сиёҳтӯш – гули чоғузак мерӯидаанд. Мардумони шаҳрҳои Бухорову Самарқанд, Шаҳрисабз ва сокинони водиҳои Ҳисору Зарафшону Фарғона бо дидани лаклак бар он бовар буданд, ки баҳор расидааст, ҷашни Наврӯз наздик аст, чунки лаклак қосиди баҳору Наврӯз буда, одамони аз сармои зимистон дилтанггардида баробари дидани ин парандаи зебо шоду масрур мешаванд. Рамзҳои наврӯзӣ Ҷашни Наврӯз рамзҳои хосси худро дорад. Дар ҷашни Наврӯз ва оину суннатҳои марбути он ранги сафед аҳаммияти бештар доштааст ва дар гузашта ранги сафедро ҳамчун рамзи покию беолоишӣ, сулҳу осоиш, осмони соф ва кушоиши кор шумурда, дар интихоби ғизову обу либосу ороиши хона ба он афзалият медоданд. Ниёгони тоҷикон кӯшиш менамуданд, ки ҳар чӣ бештар ин ранг дар айёми Наврӯз ба назарҳо расад. Масалан, ҳангоми таҷлили сол либоси сафед ба бар мекарданд. Дар рӯи суфраи наврӯзӣ шакар, шир, мост ва хӯрокҳои аз ширу биринҷ таҳияшуда мегузоштанд. Аз гӯшти ҷонварон, асосан мурғу моҳиро рӯи дастурхон мениҳоданд, ки сафедранг ҳастанд. Дар суфраи наврӯзӣ инчунин себу сир ва санҷид ҳам мегузоштанд, ки дарунашон сафед аст. Расми сафедгузинӣ ва рамзофарӣ дар замонҳои хеле қадим низ маъмул будааст. Бино ба маълумоти Мусо ибни Исо ал-Кисравӣ, шоҳони Сосонӣ пагоҳии рӯзи Наврӯз бози сафедеро ба ҳаво сар медоданд, субҳи Наврӯзро бо ошомидани шири навдӯшида, ё хӯрдани пораи панири тоза оғоз мекарданд ва дар ин рӯз ба шоҳ дар обгинаи нуқрагин об мебурданд. Дар минтақаи Дарвози Тоҷикистон дар айёми Наврӯз аслан ғизоҳои ширӣ, ба мисли ширбиринҷ, ширчӯш, ширравған, ширбат омода мекарданд. Мардум ин хӯрокҳоро дар хона таҳия карда, сипас ба табақу зарфҳо бардошта, ба идгоҳ мебурданд ва бо ҳам тановул мекарданд. Тоҷикони ноҳияи Сӯхи вилояти Фарғона дар суфраи идона суманакро дар зарфи сафедранг мегузоранд ва ҳатто ба хонаи ҳамсоя ва хешу ақрабо низ дар зарфи сафед мебаранд. Кадбону ба сари шахси суманаковарда рӯймоли сафед баста, ба зарфаш, маъмулан, орд, қанд ё тухми мурғ мениҳад. Дар Бадахшони Тоҷикистон дар рӯзи Наврӯз агар мардум ба хонаи якдигар оянд, шахси ба хона воридшаванда дар даст шохчаи тару тозаи бедро дошта мегӯяд: «Шогуни баҳор муборак!» ва мизбон «Бо рӯи шумо муборак!» гуфта, қадре ордро ба китфи рости шахси омада ва шохчаи бедаш мепошад. Ин орд рамзи ҳаёти осуда буда, сафедӣ, фаровонӣ ва фоли нек ба шумор меравад. Дар Самарқанду Бухоро, Хуҷанду Ҳисор, Кешу Фарғона, Қаротегину Дарвоз, Зарафшону Бадахшону Хатлон ва дигар ҷойҳо идгоҳҳои махсус вуҷуд доштанд, дилхушиҳои гуногун, бозӣ ва сайрҳои халқӣ баргузор мешуданд. Ин гуна идгоҳҳо дар Самарқанд – мавзеи Оби Раҳмат, дар Бухоро – Чашмаи Аюб, дар Кӯлоб – Тамошотеппа, дар Ҳисору Панҷакенту Хуҷанд ва Истаравшану навоҳии дигар лаби рӯдхонаҳо ва атрофи чашмаҳои маъруфу ҷойҳои хушобу ҳаво интихоб шуда буданд. Дар баъзе маҳалҳо сайри наврӯзӣ дар назди мазоре бо қурбон кардани гӯсфанд ё буз ҳам барпо мешуд. Аз ҳамон давра одати мардум шуда буд, ки рӯзи Наврӯз дар ҳафт зарф ҳафт навъи ғалларо мекориданд ва аз рӯи сабзиши онҳо фол мегирифтанду пешгӯӣ мекарданд, ки дар ин сол ба кадоме аз ин рустаниҳо эътибор бидиҳанд ва корҳои кишоварзон чӣ гуна сурат хоҳанд гирифт. Дар байни мардуми тоҷик оид ба Наврӯз нақлу ривоят, рубоию дубайтӣ, суруду тарона, ғазалу мухаммас ва қиссаву ҳикояту достон эҷод шудаанд. Мардуми заҳматкаш бо таҷлили Наврӯз сулҳу салоҳ, беҳбуд, оромишу осоиш ва хушнудиро орзу мекарданд. Бозиҳои наврӯзӣ Як бахши ҷашни Наврӯзро бозиҳои суннатии варзишӣ ташкил медиҳанд. Дар айёми Наврӯз мусобиқаҳои гуштингирӣ, аспдавонӣ, пиёдапойга (давидан), бандкашӣ, ҷавгонбозӣ (дар Яғноб, Бадахшон), инчунин бозиҳои тухмҷанг, хурӯсҷанг, кабкҷанг, чилликандозӣ, дастхобонӣ ва монанди инҳо барпо мешуданд. Гуштингирӣ ва бузкашӣ маъмултарини мусобиқаҳои наврӯзӣ буданд. Дар баъзе минтақаҳо мусобиқаи пиёдакашак низ доир мешуд. Ҷавонмардони пурқувват ба ду даста тақсим шуда, талош мекарданд, ки пораи матои 2–3-метриро ба даст оранд. Навъи дигари бозиҳои варзишии наврӯзӣ сараспа буд, ки тирандозон аз болои аспи давон нишони ҳаракаткунандаро (буз ё мурғро аз пояш баста сар медоданд) ба нишон мегирифтанд. Дар водии Хуф найзапартоӣ маъмул буд, ки аз болои аспи давон тухмро дар замин бо найза мезаданд. Инчунин дар ҷашни Наврӯз арғамчинкашӣ, тирандозӣ, лаклакбозӣ, бандпарӣ, ҷаҳидан аз болои арғамчин ва чанде дигар бозиҳо иҷро мешуданд. Расму оин ва суфраи наврӯзӣ Дар бисёр маҳалҳо пеш аз фаро расидани Наврӯз мардум расму оинҳои гулгардонӣ, суманакпазӣ, ҷуфтбаророн, чоршанбеи сурӣ ё чоршанбеи охирин, ҳинобандон, бахткушоён ва ғайраро бо мақсаду ниятҳои нек иҷро мекарданд. Дар бисёр ҷойҳо рӯзи чоршанбеи охири солро «чоршанбеи сурӣ», яъне ҷашну хушнудии рӯзи чоршанбе номида, онро дар арафаи ҷашни Наврӯз барпо менамуданд. Мардум хона ва гирди оташдонро тоза мекарданд, оташ меафрӯхтанд, фол мекушоданд, ҳазориспанд дуд мекарданд, чойнику пиёлаи кафида ва тарқёфтаро дур меандохтанд, оташбозӣ (алавпарак) мекарданд. Мардуми водии Ҳисор, Қаротегин ва Кӯлоб дар чаҳоршанбеи охири сол, ҳангоми ғуруби офтоб дар майдонҳо ё кӯчаҳо оташ афрӯхта, аз болояш се бор меҷаҳиданд. Зарфи сафолиро ба оташ андохта мешикастанд ва то ба хонаҳояшон баргаштан ба қафо нигоҳ намекарданд. Дар баъзе манотиқи тоҷикнишини Осиёи Марказӣ низ маросими оташафрӯзӣ баргузор мешуд. Ба баргузории ин маросим аҳли ҳар оила аз рӯи тавоноӣ ва имкони моддии хеш омодагӣ мегирифт. Сардори оила субҳ пеш аз баромадани Офтоб бо кӯза ё зарфи об ба лаби чашма ё рӯд рафта, зарфҳоро пуроб мекард. Аз болои об се бор ҷаҳида, «Ҳар чӣ дарду бало дорам, об бибар» гуфта, оби тозаро оварда ба остонаи дари хонаи худ мерехту баъзе амалҳои рамзомезро иҷро менамуд. Ҳангоми таҷлили Соли нав дар байни мардум оростани суфраи «Ҳафтсин» маъмул буд, ки ба он ҳафт ашёи сарҳарфи номашон «син» дохил мешуданд. Ин ашё себ, сир, сирко, сабза, суманак, санҷид, сумоқ буда, ҳар кадомашон рамзу маънӣ дошт. Баъзеҳо ба пайравии «Ҳафтсин» суфраи «Ҳафтшин»-ро низ оро медоданд, ки фарогири шаҳд (асал), шир, шароб, шакар, шамъ, шамшод ва шарбат буд. Тоҷикон суфраи «Ҳафтмева»-ро меоростанд, ки аз ҳафт навъи меваҳои маҳаллӣ иборат буд. Занҳо дар арафаи Наврӯз маслиҳат карда, дар табақҳо гандум месабзонданд ва дар рӯзи муайян аз он дастаҷамъӣ дар деги калоне суманак мепухтанд. Дар айёми Наврӯз мардум ба сайру гашти идона мебаромаданд. Ҷойҳо ва мавзеъҳои махсуси сайр ва идгоҳҳо мавҷуд буданд, масалан, «Сайри соли нав», «Сайри Ширбадан», «Сайри Оби Раҳмат», «Сайри Қӯшчинор», «Сайри гули биҳӣ», «Сайри гули норинҷ» ва ғайра. Мардум гурӯҳ-гурӯҳ (занҳо ҷудо аз мардон) ба талу теппаҳои гулпӯш, лаби чашмаву канори дарёҳои мусаффо ва ҷойҳои дигари хушобуҳаво рафта, базму хурсандиҳо мекарданд. Духтарон даф зада, сурудхонӣ ва рақсу бозиҳо мекарданд, ба шохҳои дарахтони бузург арғунчак баста, алвонҷ мехӯрданд. Наврӯз дар адабиёт ва мусиқӣ Дар адабиёти хаттӣ ва эҷодиёти шифоҳӣ дар васфи Наврӯз шеъру таронаҳои бисёр эҷод гардиданд, ки дар онҳо арҷгузории арзишҳои фарҳангии миллӣ, зебоиҳои баҳор, васфи манзараҳои дилфиреби диёр, ишқу ошиқӣ, инсондӯстию рафоқат, адлу инсоф ва дигар ғояҳои умумибашарӣ аксандоз шудаанд. Машҳуртарин таронаҳову оҳангҳои наврӯзӣ, ки аз аҳди хонадони Сосониён то ин замон суруда мешуданд, инҳо буданд: «Фаҳлабодӣ», «Сабзаи баҳор», «Офарин», «Хусравонӣ», «Мардистонӣ», «Сабз андар сабз», «Нӯшинлабон», «Боғи Ширин», «Наврӯз», «Наврӯзи Хоро», «Наврӯзи Бузург», «Наврӯзи Аҷам», «Кабки дарӣ» ва ғайра. Дар ин суруду таронаҳо шуҷоату мардонагии ҷаҳонпаҳлавонон васф ва ишқу муҳаббати мардум ба зодгоҳу диёр, табиати зебоманзари кишвар ситоиш ёфтаанд. Наврӯзи байналмилалӣ Наврӯз ҷашни созандаву сулҳовар, муттаҳидкунандаи инсонҳо ва таблиғкунандаи дӯстию рафоқат, баробарӣ, адолату додгустарӣ ва ахлоқи ҳамидаи инсон аст. Ин ҷиҳати масъаларо ба эътибор гирифта, Созмони Милали Муттаҳид 23-юми феврали соли 2010 дар иҷлосияи 64-уми Ассамблеяи генералӣ қароре ба тасвиб расонд, ки тибқи он рӯзи 21-уми мартро Рӯзи байналмилалии Наврӯз эълон намуд. Мувофиқи он Наврӯз ба маҷрои тамаддуни ҷаҳонӣ ворид шуда, ҳамасола дар тамоми ҷаҳон таҷлил мегардад. Дар даврони истиқлол Наврӯз бо тамоми урфу русумаш эҳё гардида, ҳамчун ҷашни бедории табиат, ҷашни сурур ва худшиносии миллӣ бо риояи расму оин ва анъанаҳои қадимӣ вориди зиндагии мардум гардид. Ҳоло Наврӯзро дар шаҳри Душанбе дар «Наврӯзгоҳи пойтахт» ва дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар боғҳои шаҳрию фарҳангӣ ва варзишгоҳҳо таҷлил менамоянд. Дар сайргоҳҳо дастархонҳои наврӯзиро меороянд ва намоиши ҳунарҳои мардумӣ, барномаҳои ҳунарӣ созмон медиҳанд. Дар рӯзҳои ҷашни Наврӯз дар варзишгоҳҳо ва ҷойҳои махсус мусобиқаҳои гуногуни наврӯзӣ, аз қабили гуштингирӣ, аспдавонӣ, бузкашӣ ва ғайра ташкил карда мешаванд. Адабиёт: Аҳмадов Р. Наврӯзи оламафрӯз. Душанбе, 1978; Берунӣ Абурайҳон. Осору-л-боқия. Душанбе, 1990; Мирбобо А. Наврӯз ва ҷаҳонибинӣ. Душанбе, 1992; Аҳмадов Р. Наврӯзи хуҷастапай. Душанбе, 2001; Ҳамон. Фолклори маросимҳои мавсимии тоҷикони Осиёи Марказӣ. Душанбе, 2007; Раҳимов Д. Нигоҳе ба ҷашни миллӣ ва оинҳои суннатии тоҷикон. Душанбе, 2011; Аҳмадов Р. Наврӯзи оламоро. Душанбе, 2012. Р. Аҳмадов, Д. Раҳимов. --- Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 307–313.
Ҷашнҳои миллӣ
Меҳргон ҷашни бостонии миллист. Меҳргон аз вожаи «Меҳр» корбаст шуда, шакли аввалаи «Митра» – номи яке аз бузургтарин эзадони ҳиндуэронист, ки 1400 сол то милод дар сангнавиштаҳо ҳакк шудааст. Дар Авесто низ суруде мансуб ба Меҳр мавҷуд аст. Дар осори санскрит, бавижа дар Ведаҳо, ки қадимтарин ҷузъи он «Ригведа» аст, роҷеъ ба ин эзад иттилоъ зикр шудааст. Тибқи тақвими зардуштии авестӣ, Меҳргон рӯзи эътидоли тирамоҳӣ оғоз меёбад, ки он ба 16-уми меҳрмоҳ (моҳи ҳафтуми солшумории шамсӣ), мутобиқ ба 22 октябри солшумории григорианӣ рост меояд. Тибқи гоҳшумории авестӣ ҳар як моҳ аз 30 рӯз иборат буд, ки ҳар кадоми он рӯзҳо бо номи яке аз эзадон номгузорӣ шудааст. Ҳар гоҳ номи рӯзу моҳ бо ҳам баробар меомад, он рӯзро ҷашн мегирифтанд. Чун номи рӯзи 16-уми ҳар як моҳ «Меҳр» буд, ба он пасванди «гон»-ро изофа намуда, «Меҳргон» номида, ҷашни бузург созмон медоданд. Ҷашни Меҳргон пас аз Наврӯз куҳантарин иде мебошад, ки аз қадимулайём ба муносибати бардошти ҳосили кишти деҳқонӣ ва поён пазируфтани корҳои кишоварзӣ таҷлил мегардад. Доир ба пайдоиши ҷашни Меҳргон ривоятҳои гуногун мавҷуданд. Бино бар маълумоти Берунӣ дар «Осору-л-боқия», Фаридун ба муносибати нобуд кардани Заҳҳок дар кӯҳи Дамованд базме ороста, ба ҷашни Меҳргон асос гузоштааст. Дар даврони куҳан маъмултарин ва ҷолибтарин русуми ин ҷашн оростану перостани хони меҳргонӣ будааст, ки махсус бо анвои меваҷот сурат мегирифтааст. Дар замонҳои қадим чунин одат будааст, ки дар ҷашни Меҳргон агар касе ба тани худ равғани бон молида, ба наздиконаш гулоб пошад, ҳамеша сиҳҳату саломат ва сарбаланд мегаштааст. Дар Меҳргони бузург шоҳ намояндагони вилоятҳо ва шаҳрҳои кишварашро қабул мекард. Онҳо барои шоҳ ва ғанӣ гардондани хазинаи давлат туҳфаҳо меоварданд. Баъзан ашёи рамзиро дар лагани тилоӣ монда, болояшро бо матои гаронбаҳо пӯшонда, назди шоҳ мегузоштанд, ки ин амал пандомӯз буд. Меҳргон баробари рушди деҳқонӣ пайдо шудааст ва онро баъди ғунучини ҳосил ид мекардаанд. Деҳқонҳо ба пешвози Меҳргон ҳашар мекарданд, сарулибоси нав мепӯшиданд, сайру базмҳо анҷом медоданд, шоирон дар васфи Меҳргон шеърҳо менавиштанд. Ҳофизону мутрибон ба муносибати ин ҷашни бузург суруду оҳангҳои ҷашнӣ эҷод мекарданд, ки онҳо «Меҳргонӣ», «Меҳргони бузург», «Меҳргони хурд» ва ғайра ном доштанд. Дар рӯзи Меҳргон шоҳи сосонӣ бомдодон ҷомаи махсусе, ки аз матои «Бурди яманӣ» ва зарбофти гаронбаҳо буд, ба бар карда, тоҷи махсусро, ки нақши хуршед дошт, ба сар мениҳод, дар толори бузург менишаст ва мардуми аз вилоятҳои дури мамлакат омадаро мепазируфту ҳадяҳояшонро қабул мекард. Меҳргонро Ҳахоманишиён низ таҷлил мекарданд, дар давраи Сомониён ва то ҳамлаи муғул (асри 13) ин идро бо шукӯҳу тантана ҷашн мегирифтанд. Муғулҳо ҷашни Меҳргонро дар дарбори шоҳон манъ карда бошанд ҳам, ин ҷашн дар байни кишоварзон бо ин ё он ном таҷлил мешуд ва ин анъана то замони мо расидааст. Масалан, сокинони деҳаи Сарчашмаи ноҳияи Шаҳрисабзи вилояти Қашқадарё (Ҷумҳурии Ӯзбекистон) баъди бардошти ҳосили деҳқонӣ, дар миёнаи моҳи октябр, бо номи «Сайри мазор» ҷашне доранд. Дар ин рӯз гӯсфанд ё гов кушта, аҳли деҳа ҷашни бузурге меороянд, дастархонашонро бо меваҳои гуногун, тарбузу харбуза ва сабзавот пур карда, дар атрофи хони пурнозу неъмат тарона месароянд, дафу танбӯру дутор навохта, рақсу бозӣ мекунанд ва ин шодиву сурур то бегоҳ идома меёбад. Мардум ҷашни «Сайри мазор»-ро ба хотири фаровонии ҳосил ва осудагии рӯзгор баргузор мекунанд. Чунин маросим, ки боқимондаи ҷашни бостонии Меҳргон мебошад, дар дигар маҳалҳои тоҷикнишини Осиёи Марказӣ ҳам ба мушоҳида мерасад. Меҳргонро зардуштиёни Язд ва Кирмоншоҳи Эрон дар давоми 6 рӯз бо риояи анъанаҳои бостонӣ таҷлил мекунанд. Онҳо дар ин рӯз либоси нав мепӯшанд, даруни мурғро бо маводди ғизоӣ пур карда мепазанд, дар рӯи дастархони меҳргонӣ шарбат, гулоб, ширинӣ, сабзавот, меваҷот (анор, себ, ангур), гулҳои рангоранг, оина, сурмадон ва китоби Авесторо мегузоранд. Атрофи хони меҳргониро бо овишн (пудинаи кӯҳӣ) оро медиҳанд, гузоштани чанд адад сиккаи нуқра, санҷиду бодому писта ва зарфи оби хушбӯйи овишнро раво намуда, шамъҳоро фурӯзон ва дар зарфе испанд дуд мекунанд. Ҳангоми пешин аҳли хонавода, хурду бузург бо шодию сурур сари дастархон баробари оинаи барқад рост истода, дуо мехонанд ва сипас ба нӯшидани шарбат сар мекунанд, зану мард ба чашмонашон сурма мекашанд ва овишни хушкро бо нуқлу санҷид ба сари ҳамдигар рехта, якдигарро табрик мекунанд. Дар ин рӯз барои тозадомодону номзадҳояшон порча, ширинӣ мебаранд, ба тангдастону бечорагон ёрӣ мерасонанд. Агар дар ин рӯз тифле ба дунё ояд, номе ба ӯ мегузоранд, ки вожаи «Меҳр» дар он бошад. Масалан, Меҳрдод, Меҳрноз, Меҳрбону, Меҳрваш, Меҳрдухт, Меҳрон, Меҳрубон, Меҳроб ва ғайра. Дар даврони шӯравӣ заҳматкашон ҳар сол баъди ҷамъоварии зироат «Иди ҳосилот»-ро анҷом медоданд, ки он қисме аз унсурҳои ҷашни бостонии Меҳргонро фаро мегирифт. Рӯзҳои ҷашн дар шаҳру деҳот бозиҳои варзишӣ — бузкашӣ, гуштингирӣ, камонварӣ ва ғайра барпо мегардиданд. Баъди истиқлоли давлатии Тоҷикистон ин иди аҷдодӣ дубора эҳё шуд. Ҳоло ҳар сол дар Тоҷикистон баъди ҷамъоварии зироати кишоварзӣ ҷашни Меҳргон бо риояи русуми суннатӣ таҷлил мегардад. Ба ин муносибат дар ҷумҳурӣ Иди харбуза, Иди асал, намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, мусобиқаҳои варзишӣ, барномаҳои махсуси консертӣ ва сайругашти оммавии мардум ташкил карда мешаванд. Адабиёт: Аҳмадов Р. Наврӯзи оламафрӯз. Душанбе, 1978. Р. Аҳмадов. --- Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 306–307.
Либос
Маълумот оид ба либоси қадимтарини тоҷикон дар асарҳои муаррихони юнонӣ ва хитоӣ вомехӯрад. Бозёфтҳои бостоншиносӣ, тасвироти рӯи деворҳову сангҳо гувоҳӣ медиҳанд, ки аҷдоди тоҷикон аз давраи ташаккули таърихиашон дорои навъҳои гуногуни кулоҳ ва ашёи ороишу зебу зинати миллӣ будаанд. Заминаҳои пайдоиши либоси анъанавиро дар Бохтар ба асри 2 то милод мансуб медонанд. Шаклҳои дақиқи либосҳои суғдию бохтарӣ дар тасвирҳои Тахти Ҷамшед, Хизонаи Амударё ва ғайра инъикос ёфтаанд. Дар давраи Кушониён (асри 1 то милод – асри 3) дар сарулибоси аҳолии Бохтар як навъ омехтагӣ бо либоси мардуми кӯчӣ ба назар мерасад. Дар асри 5 баъди бунёди марказҳои шоҳибофии худӣ дар сарулибоси тоҷикон дигаргунӣ ворид шуд, ки пероҳани дароз, куртаи остиндароз, шалвори хиштакдор, қитфирак, хилъат, мӯзаи сабук, шипак ва ғайра хосси он замонанд. Густариши дини ислом ба Осиёи Марказӣ ба сарулибоси сокинони минтақа таъсири ҷиддӣ расонд. Барои мардуми Шарқи Наздик ва Миёна либоси шаклан ягона ба вуҷуд омад. Хилъат либоси маъмулию болопӯш буда, мардҳо аз зери он куртаву шалвор мепӯшиданд. Пероҳани занона остиндор буда, дар поин тирезҳои паҳлуӣ дошт ва аз ин рӯ қисми болои курта тангу поёни он васеъ омода мешуд. Дар асри 13 пӯшидани хилъати нимдоманҳояш уреб, ки то миён буриши паҳлуӣ ва дар пеши бар нақши гулдӯзӣ дошт, ба ҳукми анъана даромад. Маъмултарин навъи хилъати тунуки мардонаву занона қабо буд, ки аз матоъҳои гуногуни якрангаву мунаққаш истифода шуда, аз зери он куртаи сафеди ҷоки гиребонаш уфуқӣ мепӯшиданд. Ба сифати либоси ороста хилъати фаранчӣ хидмат мекард, ки онро аз болои қабо мепӯшиданду аз болои он камарбанд намебастанд. Хилъати фарачӣ ва қаборо аз матоъҳои абрешимӣ (дебову атлас, паринду дороӣ, сайфур ва ғайра) ва зарбоф (парчаву кимхо ва касабу симгун) медухтанд. Либос дар асрҳои 15–20 Дар асрҳои 15–17 занҳо ба сар рӯймоли сафеди майданақш баста, маликаҳову шоҳдухтарон бо дайҳими бо тӯғи баланд оро додашуда мегаштанд. Дар асри 18 пӯшидани фаранчиву чашмбанд роиҷ гардида, дар баъзе маконҳо ба ҷои фаранчӣ фарисар истифода мешуд, ки он чашмбанд надошт. Маводди таърихии нимаи дуввуми асри 19 – аввали асри 20 гувоҳӣ медиҳад, ки либосҳои тоҷикони қисми шимолу ҷануби Тоҷикистони кунунӣ аз якдигар андаке фарқ доштанд. Ин гуногунӣ ба иқтисодиёт ва шароити ҷуғрофиёӣ вобаста буд. Дар қисми шимоли Тоҷикистон як навъи куртаи расмӣ медухтанд, ки он «куртача» ном дошт. Пушти ин навъ куртаҳо якқад буда, камзӯлчаи пешаш чинчин дӯхта мешуд. Дар ҷануби Тоҷикистон куртаҳои идона, тӯёна ва рӯзмарраро гулдӯзиву юрмадӯзӣ мекарданд. Пойафзори занона аз масҳӣ, кафши чӯбин ва чармин иборат буд. Занон вақти кор баъзан чоруку мӯза ҳам мепӯшиданд. Либоси таҳпӯши мардон аз эзори дарози васеъ ва курта иборат буд. Буришу дӯхти курта дар ҳама ҷо яксон буда, фақат бо шакли гиребон фарқ мекард. Гиребони куртаро уфуқӣ ё шоқулӣ бурида, мағзӣ медавонданду шероза мечаспонданд. Дар шимоли Тоҷикистон куртаҳои гиребонбӯғаки тугмадор расм буд. Дар аксари ноҳияҳои кишвар аз болои курта яктах, челаки беастар мепӯшиданд. Дар водиҳои Қаротегин (Рашти имрӯза), Яғноб ва Кӯҳистони Мастчоҳ дар пеши челак аз зер матои чоркунҷаи дарозрӯя медухтанд, ки он вазифаи куртаро адо мекард. Дар шимоли Тоҷикистон яктахҳои пешкушодро ба ҷои курта мепӯшиданд. Дар Бадахшон ва баъзе деҳаҳои Дарвоз аз болои курта камзӯлчаҳои кӯтоҳи беостин (васкат) мепӯшиданд. Ҷомаҳои серпахтаву кампахтаи абраву астардор, ки дар лаби доман, сари остинаш зеҳ мешинонданд ва чакмани моҳутӣ, пашмин ва пӯстин либоси зимистона ҳисоб меёфтанд. Баъди ба Руссия ҳамроҳ карда шудани Осиёи Миёна либоси аврупоӣ маъмул гашт. Соли 1895 дар бозори Панҷшанбе ва атрофи он 23 дӯкони дӯзандагӣ мавҷуд буд. Охири асри 19 – ибтидои асри 20 либоси боло (мунисак, калтача) барои занон ҳатмӣ буд. Дар Душанбе ғайр аз мунисак ҳамчунин челакҳои гиребондор (3–4 сантиметр) низ мепӯшиданд. Остини челаки мардона то панҷаи даст, занона аз панҷаи даст дарозтар буд. Солҳои 20 асри 20 пероҳани гиребонаш рости парпар (чинчин) роиҷ шуд. Солҳои 30 пероҳани то сари китф буришдор, остинкӯтоҳ, гиребонхобида, тоқӣ ва камзӯлча пайдо шуданд. Устоҳои кафшдӯз ба дӯхтани мукӣ, чорук ва мӯза тахассус дошта, кафшҳои зебои мардонаву занона медухтанд. Истеҳсоли саноатӣ ва тарроҳии либос Дар замони шӯравӣ тарзи саноатии истеҳсоли либос ба роҳ монда шуд. Фабрикаи дӯзандагии Ленинобод (ҳоло Хуҷанд), фабрикаи дӯзандагии Табошар, корхонаҳои дӯзандагии «Гулистон», «Тоҷикатлас», Иттиҳодияи истеҳсолии дӯзандагии «50-солагии Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ», фабрикаи трикотаж дар шаҳри Душанбе, фабрикаи дӯзандагии Норак ва ғайра дар ин ҷода фаъолияти босамар доштанд. Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар кишвар чандин корхонаи нави дӯзандагӣ арзи вуҷуд кард. Дар Душанбе корхонаҳои «Дилором», «Гулдаст», «Ёқут», «Чевар», «Тоҷтекс», дар Хуҷанд корхонаҳои «Суғдиён», «Лидер», дар Истаравшан ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ноҳид», корхонаҳои «Палос» дар Бӯстон, «Шарофат» дар Ҳисор, «Субҳи Рашт», корхонаи дӯзандагии «Хайёт» дар Хоруғ ба истеҳсол ва фурӯши анвои гуногуни либос машғуланд. Дар эҳёи суннатҳои қадимии либосдӯзӣ, барқарорсозии нақшу унсурҳои қадимӣ дар тарҳҳои наву замонавӣ ва тарғиби либосҳои миллии тоҷикон тарроҳони боистеъдод М. Қаюмова, Н. Имронова (ҷоизадори Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг барои тарроҳиву навоварӣ), Н. Икромова, Х. Сатторов, М. Ҳамроева, У. Кучкалиев, С. Ҳамроева, С. Махсумов, Р. Шералиева, С. Ғуломова, Л. Мамадсултонова, М. Бобоқулов, У. Порсоева, Д. Турсунова, С. Каримова, М. Акбарова, М. Ниёзова саҳми назаррас дошта, бо коллексияи либосҳои эҷод намудаашон дар ҳафтаҳои муди ватанӣ ва намоишгоҳҳои байналмилалӣ ширкат меварзанд. Барои нигоҳдошт, тарғиб ва рушди ҳунари либосдӯзӣ фестивали байналмилалии «Диёри ҳусн» баргузор мешавад. Дар озмунҳои «Чакомаи гесӯ», «Чевар» ва «Атласи Хуҷанд» низ беҳтарин намунаҳои ҳунари чеварони тоҷик намоиш дода мешаванд. Либос ва таҳсили тарроҳӣ дар ҷомеаи муосир Дар ҷомеаи муосир либоси анъанавӣ синтези услубҳои миллӣ ва ғарбиро дар бар мегирад. Ҳолати ба бар кардани нимтанаи боронӣ аз болои куртаву поҷомаи миллӣ мисоли возеҳи чунин либоспӯшӣ аст. Либосҳое, ки аз матоъҳои миллӣ дӯхта шуда, шаклбурии гуногуни навбаромад доранд, васеъ паҳн гардидаанд. Масалан, дар солҳои охир ба бар кардани болопӯшҳои аз атласу адрас дӯхташуда ё бо гулдӯзии миллӣ оро додашуда оммавӣ гаштааст. Бо мақсади омода намудани дизайнерону тарроҳони либос дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон кафедраи дизайни либос ва санъати муд ва дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон кафедраи тарҳрезии бадеии либос фаъолият доранд. Таълими дизайнерону тарроҳони либос инчунин дар чанде аз муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва коллеҷҳову литсейҳо ба роҳ монда шудааст. --- Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 300–301.




