Зеҳн

Оё медонед

Чун кӯдакон хеле ҳассосу кунҷкованд, суҳбаташон ҳамеша аз суолҳои чуну чаро оғоз меёбад.

2 аъзоаз 20 сентябри 2026
Оё медонед·Ахбор·25 рӯз пешСуол

Оё энергияи Офтобро нигоҳ доштан мумкин аст?

Рӯшноӣ ва гармие, ки ба мо аз Офтоб мерасанд, зиндагиро осон мекунанд, аммо гармии Офтоб доимӣ набуда, балки аз вақти шабонарӯз, мавсими сол ва мавқеи ҷуғрофӣ вобаста аст. Масалан, дар экватори Замин ҳаво доиман гарм, аммо дар Қутбҳои Шимолу Ҷануби он ҳамеша хунук аст. Барои он ки аз Офтоб гармӣ гирифта шавад, бояд энергияи Офтоб ба ягон восита табдил дода шавад. Масалан, барои оби гарми ҳарораташ то 700С ҳосил кардан, дастгоҳи одии иборат аз пластина ва ё панелҳо, ки бо маводди махсуси нигоҳдорандаи гармӣ ва шиша рӯпӯш шудааст, истифода мешавад. Ин лавҳаҳои рӯ ба Офтоб гарм шуда, оби дар дохили онҳо бударо гарм мекунанд. Об аз зарфҳои захиракунанда барои истифода бурдан тақсим мешавад. Агар оби ҳарораташ баландтар зарур бошад, дастгоҳҳои оинадорро истифода мебаранд, ки он шуоъи Офтобро дар як нуқта ҷамъ мекунад ва ҳарорати он то ба 40000С мерасад. Ин усул бештар дар саноат истифода мешавад.

0
Оё медонед·Ахбор·25 рӯз пешСуол

Чӣ тавр энергия аз Офтоб ба Замин мерасад?

Офтоб энергияи худро дар шакли мавҷ ба замин мефиристад. Ин гуна интиқолёбии энергияро радиатсия ва ё афканишоти электромагнитӣ мегӯянд. Қисмати зиёди афканишот дар қабати болоии атмосфера гум мешавад ва танҳо қисми ночизи он – шуоъҳои ноаёни гармӣ, ки мавҷашон нисбат ба мавҷи шуоъҳои сурхи Офтоб хеле дароз аст, ба замин мерасанд. Шуоъҳои сурхи Офтоб ба мо гармӣ мебахшанд ва тавассути афканишоти нурҳо мо рангҳои гуногунро фарқ мекунем.

0
Оё медонед·Ахбор·25 рӯз пешНашрия

Осиёби бодӣ аз коғаз

Барои сохтани осиёби бодӣ ин ашёҳои зеринро омода кунед: якчанд коғази ҳаррангаи мураббаъ ва бадошт, қайчӣ, сӯзанаки нӯгаш калон ва чӯбчаҳои дарозиашон аз 30 то 40 см. Дар рӯи варақи коғаз аз рӯи диагоналҳо (кунҷҳои муқобил) чор хатти буриш гузаронед. Нӯгҳои ҳар кадоми онро болои ҳам гузоред ва ҳамон тавре ки дар расм нишон дода шудааст, бо ҳам часпонед. Дар анҷоми кор осиёби коғазиро дар муқобили шамол гузоред. Агар вазиши бод сахт бошад, он босуръат чарх мезанад, агар суст бошад, онро дар даст нигоҳ дошта, ба пеш давидан мумкин аст.

0
Оё медонед·Ахбор·25 рӯз пешСуол

Энергияи бод чӣ тавр истифода мешавад?

Энергияи кинетикии бод барои ҳосил намудани барқ аз дастгоҳҳое истифода мекунад, ки онҳоро аэрогенератор меноманд. Аэрогенераторҳо асосан аз се ҷузъ: пропеллер ё ротор, сафина (заврақ) ва манора иборат мебошанд. Тарзи кори онҳо чунин аст: шамол парраҳои сафинаро ба ҳаракат медарорад ва ин ҳаракат ба вал, сипас ба генератор мегузарад, дар натиҷа неруи барқ ҳосил мешавад. Ҳарчанд, истифодаи энергияи шамол ба муҳити атроф зиён надошта бошад ҳам, азбаски насби аэрогенераторҳо масоҳати зиёдро ишғол мекунанд, онҳо ҳусни маҳалу мавзеъро коҳиш медиҳанд.

0
Оё медонед·Ахбор·25 рӯз пешСуол

Энергияи ҳастаӣ чист?

Энергияи ҳастаӣ ё атомӣ энергияи дохилии Замин мебошад, ки дар тамоми қитъаҳои он мавҷуд аст ва Замин онҳоро аз замони пайдоиши худ захира кардааст. Дар чандин ҷисмҳо энергияи мазкур хеле кам ва ё истифодаашон душвор аст. Ин дар ҳолест, ки аз ҷисмҳои дигар, масалан, уран чунин энергия ба осонӣ ҳосил карда мешавад. Уран ба қатори канданиҳои фоиданок дохил мешавад. Он аз атомҳои ниҳоят неруманд иборат мебошад, ки ҳастаи онҳо дар натиҷаи таъсир расондан пора-пора мешавад. Ин ҷудошавӣ таҷзияи ҳастаӣ номида мешавад. Раванди таҷзияи ҳастаӣ миқдори зиёди энергияро ба вуҷуд меорад, ки дар камераҳо ва ё реакторҳои ҳастаӣ дида мешаванд. Энергияи дар натиҷаи ин ҳодиса бавуҷудомада барои ҳосил намудани бухори об истифода мешавад. Бухори об бошад, барои ба ҳаракат даровардани турбинаҳову генераторҳое, ки неруи барқ ҳосил мекунанд, истифода мегардад.

0
Оё медонед·Ахбор·25 рӯз пешНашрия

Сарфаи захираи сӯзишвориҳои табиӣ

Ангишту нафт ва гази табиӣ тавре ки гуфтем, дар давоми миллионҳо сол ба вуҷуд омадаанд. Захираи ин сӯзишвориҳо маҳдуд буда, дар натиҷаи истифодаи мунтазам ба охир мерасад. Олимон ҳисоб кардаанд, ки дар натиҷаи суръати имрӯзаи истифода захираи нафту гази табиӣ ба 50 сол ва ангишт ҳамагӣ ба 300 сол мерасад. Бино бар ин ояндаи инсоният кашфу истифодабарии шаклҳои нави манбаъҳои энергия, дар навбати аввал энергияи барқароршавандаро тақозо мекунад.

0
Оё медонед·Ахбор·25 рӯз пешСуол

Сӯзишвории табиӣ чист?

Нафт, ангишт ва гази табиӣ аз ҷумлаи сӯзишвориҳои табиианд, зеро онҳо чандин миллион сол пеш аз боқимондаҳои рустаниҳо ва ҳайвоноти баҳрӣ ба вуҷуд омадаанд. Ангишт аз дарахт ва рустаниҳои дигар, ки аз энергияи офтоб барои сабзиши худ истифода бурдаанд, ҳосил шудааст. Дарахтон ва рустаниҳо дар давоми ҳазорсолаҳо бо хок пӯшида шудаанд. Ин хоку гил дар натиҷаи мунтазам афзудани зичиашон ба санг табдил ёфтаанд. Дар зери фишори сангҳо рустаниҳои зери онҳо мунтазам сӯхта ба ангишт мубаддал мешаванд. Нафт бошад, аз рустаниҳои хурд ва ҳайвонҳои зериобие ҳосил мешавад, ки пас аз марг дар қаъри баҳр боқӣ мондаанд. Дар қаъри баҳр онҳо зери рег ва гили ба санг табдилшуда монда, дар давоми миллионҳо сол ба нафт мубаддал мегарданд. Гази табиӣ низ аз ҳамин манбаъҳо пайдо шудааст ва дар қишрҳои бузурги кӯҳҳо, баъзан дар зери шахҳои қаъри баҳрҳо низ вомехӯрад.

0
Оё медонед·Ахбор·25 рӯз пешНашрия

Манбаи барқароркунандаи энергия

Манбаи энергия мавод ва ё маҷмӯи мавҷудотест, ки аз онҳо энергия ҳосил мешавад. Агар энергия доиман ҳосил карда шавад ва ин манбаъ тамом нашавад, он манбаъро – манбаи барқароркунандаи энергия меноманд. Офтоб, шамол, баҳр, об аз ҷумлаи манбаъҳои барқароркунандаи энергия мебошанд, зеро онҳо дар сатҳи замин доимианд. Ангиштсангу нафт ва гази табиӣ манбаи барқароркунандаи энергия нестанд, зеро захираҳои муайяни онҳо дар қишри замин вуҷуд доранд ва дар натиҷаи истифодаи мунтазам оқибат тамом мешаванд.

0
Оё медонед·Ахбор·25 рӯз пешСуол

Оё ҳаракат метавонад ба дигар намуди энергия табдил ёбад?

Ҳаракат чун намудҳои дигари энергия метавонад ба дигар шакли энергия табдил ёбад. Масалан, дар неругоҳҳои барқӣ ҳаракати генератор қувваи барқро истеҳсол мекунад ва ба ҳамин монанд тавассути ба ҳаракат даровардани педалҳо дар динамои велосипед қувваи барқ ҳосил мешавад. Вақте ки мо чизи вазнинеро кашолакунон мебарем, байни фарш ва бор қуввае ба вуҷуд меояд, ки онро соиш меномем. Соиш як қисми ҳаракатро ба гармӣ табдил медиҳад. Чунин ҳолат вақти кордтезкунӣ ё ҳангоми тормоздиҳӣ давр назада, болои релсҳо лағжидани чархҳои қатора (поезд) ҳам рух медиҳад. Ҳамчунин, ҳангоми соидани ду чиз ё ба ҳам задани ду санг гармӣ ҳосил мешавад. Дар ҳар ду маврид шарора пайдо шуда, аз худ қувваи равшанидиҳанда ҳосил мекунад. Ҳамин тавр, ҳаракат метавонад ба қувваи электрик, гармӣ ва ғайра табдил ёбад. Тамоми ин зуҳурот намудҳои энергия мебошанд.

0
Оё медонед·Ахбор·25 рӯз пешСуол

Муҳаррики автомобил кадом навъи энергияро истифода мебарад?

Автомобил ба воситаи энергияи сӯзишвории бензин ба ҳаракат медарояд. Бензинро аз нафт ҳосил мекунанд ва мисли он бензин низ дорои энергияи офтоб аст, ки дар шакли энергияи кимиёӣ нуҳуфтааст. Вақте ки бензин дар камера (силиндри муҳаррик) месӯзад, таркиш ба вуҷуд меояд ва газҳои дар натиҷаи ин ҳодиса бавуҷудомада поршенро ба ҳаракат медароранд. Поршен ба воситаи системаи мураккаб ба зонунавард пайваст шудааст. Вақте зонунавард ба ҳаракат медарояд, чархҳои мошин давр мезананд ва мошин ҳаракат мекунад. Ҳамаи энергияи кимиёии бензин ба энергияи гармӣ мубаддал мегардад ва гармӣ дар навбати худ ба энергияи кинетикӣ ё ҳаракатди ҳанда табдил меёбад.

0
Оё медонед·Ахбор·25 рӯз пешСуол

Муҳаррики реактивии ҳавопаймо энергияро аз куҷо мегирад?

Дар муҳаррики ҳавопаймои реактивӣ сӯзишвории керосин, ки мисли бензин аст, истифода мешавад. Газҳое, ки дар ҷараёни сӯзиши керосин ба вуҷуд меоянд, ба воситаи қисми ақиби муҳаррик ҳамроҳи ҳаво хориҷ мешаванд ва дар ҷои баромад чунон қувваеро ба вуҷуд меоранд, ки ҳавопайморо ба пеш тела медиҳад. Энергияи барои ҳаракати ҳавопаймо зарур дар муҳаррик аз энергияи кимиёии керосин ба вуҷуд меояд. Аммо, дар таркиби дуди ҳосилшуда маводди зараровар, аз қабили меркурий мавҷуд аст, ки дар натиҷаи бо хоку об омехта шудан онҳоро заҳролуд мекунад ва ба муҳити атроф таъсири ногувор мерасонад.

0
Оё медонед·Ахбор·25 рӯз пешСуол

Чаро ҳама чиз дар ҳаракат аст?

Замин яке аз сайёраҳои хурдтарини Манзумаи Офтоб мебошад ва бешак ҷоест, ки миқдори зиёди энергия дорад. Агар мо дар боғу майдон, дашту ҳомун, баҳру уқёнус ба атрофи худ назар афканем, мебинем, ки тамоми чизҳои атроф дар ҳаракатанд: Одамон рафтуомад мекунанд, ҳайвонот, тайёра, мошин, зузанабҳо (кометаҳо), инчунин шамол (бод), оби баҳр, дарё ва амсоли инҳо дар ҳаракатанд. Ҳамчунин он чизҳое, ки мо бо чашми одӣ дида наметавонем (бактерияҳо, атом ва ғайра) низ ҳаракат мекунанд. Ҳамаи ин чизҳо барои он дар ҳаракатанд, ки энергия доранд. Аз ин рӯ энергия ҳаракатдиҳандаи тамоми мавҷудот аст. Энергияе, ки ҳаракат мекунад, энергияи кинетикӣ ном дорад.

0
Оё медонед·Ахбор·1 моҳ пешСуол

Офтоб энергияи худро аз куҷо мегирад?

Офтоб ба мисли гулхани бузургест, ки сӯхтани он бо ҳарорати ниҳоят баланди газҳои ҳидроген ва ҳелий таъмин мешавад. Замин энергияи Офтобро 4600 миллион сол боз мегирад. Ҳанӯз то асри 20 олимон медонистанд, ки Офтоб чун гулхан доимо месӯзад, вале сӯзишвориаш тамом намешавад. Илм дар оғози асри 20 сабаби ин ҳодисаро муайян кард. Офтоб энергияи худро дар натиҷаи раванде мегирад, ки онро синтези ядроӣ меноманд. Ин раванд чунин аст, ки атомҳои ҳидроген (обзо) ҷамъ шуда, атоми ҳелийро ташкил мекунанд. Ин омезиш чунон энергияе ҳосил мекунад, ки ба Офтоб имкон медиҳад, то гармию нурҳояшро ба Замин ва сайёраҳои дигар дар давоми миллионҳо сол равон кунад.

0
Оё медонед·Ахбор·1 моҳ пешСуол

Боришот чӣ тавр қабати болоии заминро дигаргун месозад?

Вақте ки оби баҳрҳо, кӯлҳо ва дарёҳо гарм мешаванд, онҳо ба буғшавӣ сар мекунанд. Буғ ба қабати болоии атмосфера мебарояд, ки дар он ҷо вай ба абр табдил меёбад. Чун ҳарорати ҳаво паст мешавад, об дар қабати абрҳо ба борон табдил ёфта, ба замин мерезад ва ҷӯю наҳрча ва ниҳоят сели обро ба вуҷуд меорад. Оби боришот аз болои замин сӯи нишебиву ҷойҳои пастхамӣ ҷорӣ шуда, бо худ регу сангрезаҳоро мебарад ва дар навбати худ обраҳа, ҷӯю хандақҳо ва тагноҳоро ба вуҷуд меорад. Об дар сатҳи ҳамвори замин ҷорӣ шуда, суръату қувваашро гум мекунад ва селобаву ҷинсҳои вазнини шустаашро боқӣ мегузорад, ки онро хамгаштҳо меноманд. Лекин маҷрои об бо худ хок, лойқа ва регро кашонда, онҳоро дар даҳанае ҷамъ мекунад, ки баъдан онҳо делтаҳо (резишгоҳҳо)-ро ташкил медиҳанд.

0
Оё медонед·Ахбор·1 моҳ пешСуол

Офтоб заминро гарм кунад, чӣ ҳодиса рӯй медиҳад?

Офтоб ба тамоми мавҷудоти рӯи замин – кӯҳу дашт, хок ва об гармӣ медиҳад. Ҳаво низ баробари ин мавҷудоти зикршуда гарм мешавад. Ҳавои гарм сабуктар шуда, ба қишрҳои болоии атмосфера мебарояд ва ҳавои хунуки дар болобуда ба поён, ба ҷои ҳавои гарм мефарояд. Ин ҷойивазкунии ҳаво шамолро ба вуҷуд меорад. Дар рӯи замин ҷойивазкунии шамол доимист, зеро дар тамоми фаслҳои сол минтақаҳои гарм ва хунук мавҷуданд. Энергияи шамолро метавон барои фаъолияти осиёби бодӣ истифода бурда, неруи барқ ҳосил кард. Дар ин сурат энергияи офтоб ба неруи барқ ва ё неруи дигари механикӣ табдил мешавад.

0
Оё медонед·Ахбор·1 моҳ пешСуол

Ҳангоми сӯхтани чӯб гармию равшанӣ аз куҷо ҳосил мешавад?

Маълум аст, ки ҳангоми сӯхтани чӯб гармӣ ва рӯшноӣ ҳосил мешавад. Дарахт ин энергияро аз офтоб мегирад. Дар натиҷаи раванде, ки фотосинтез ном дорад, дарахтон ду чиз: глюкоза ва селлюлоза ҳосил мекунанд. Дарахт асосан, аз селлюлоза иборат аст. Воқеан, энергияи офтоб дар танаи дарахтон ба шакли селлюлоза ва бофтаҳои дигар захира мешавад. Вақте ки чӯб месӯзад, ҳамон энергияи дар селлюлоза ҷамъшуда хориҷ мешавад ва гармиву рӯшноӣ медиҳад.

0
Оё медонед·Ахбор·1 моҳ пешСуол

Оё мағзи сари инсон энергияи зиёд талаб мекунад?

Қисми зиёди энергияи баданро мағзи сар сарф мекунад. Майна маркази назорат ба фаъолияти инсон аст. Дар он тамоми ахборе, ки аз ҷониби узвҳои ҳис, биноӣ, шунавоӣ ва ғайра фиристода мешаванд, баъд аз коркард, яъне пас аз омӯхтани ҳодисаву воқеаҳо ба ҳар кадоми он «ҷавобҳои мувофиқ» ё худ фармони амалкунӣ медиҳад. Албатта, иҷрои ҳамаи ин вазифаҳо энергияи зиёдеро талаб мекунад. Тавре ки таҳқиқот нишон медиҳанд, майнаи одами калон 1,5 кг вазн дорад ва панҷяки энергияи зарурии организмро сарф мекунад.

0
Оё медонед·Ахбор·1 моҳ пешСуол

Чаро ба ҷисми мо энергия лозим аст?

Организми мо барои иҷрои вазифаҳои зерин қувва (энергия)-и аз маводди ғизоӣ гирифтаашро сарф мекунад: 1. Барои таъмини фаъолияти тамоми узвҳои бадан. 2. Барои таъмини ҳарорати муътадили бадан (36,5–37 С) дар вазъи гуногуни обу ҳаво (ҳам гармӣ ва ҳам сардӣ). 3. Барои таъмин намудани сабзиши ҷисм, яъне барои организм бофтаҳои нав ҳосил мекунад ва кӯдак ба воя мерасад. Маълум аст, ки инсон дар кӯдакӣ ва наврасӣ ба воя мерасад, вале дар давоми тамоми ҳаёт организм инкишоф меёбад ва фаъолият мекунад. 4. Барои таъмин намудани фаъолият ва ҳарорати муътадили мушакҳои бадан. Мантиқан ҷисми одамони ба корҳои ҷисмонӣ ва варзиш машғулбуда, нисбат ба онҳое, ки ба фаъолияти ҷисмонӣ камтар машғуланд, энергияи зиёдро талаб мекунад.

0
Оё медонед·Ахбор·1 моҳ пешСуол

Ҷисми одам энергияро чӣ тавр мегирад?

Ҷисми мо қобилияти захира кардан ва нигоҳ доштани энергияро дорад, бинобар ин мо метавонем, гоҳо ғизо нахӯрем. Дар ҷараёни ҳазми ғизо глюкозаи зиёде ҳосил мегардад, ки ба таркиби хун дохил мешавад. Глюкоза «сӯзишворӣ»-и муҳимми энергияи ҷисм мебошад. Маъмулан, ҳамаи глюкозаи ҳосилшударо якбора истифода бурдан душвор аст, аз ин рӯ қисми зиёдатии онро бадани мо захира мекунад. Ҷигар маводди зиёдатии глюкозаро аз хун ҷамъ намуда, онро нигоҳ медорад ва ба глюкоген ном модда табдил медиҳад. Ҳамин вазифаро мушакҳо низ иҷро мекунанд. Ҳангоме ки ба ҷисм «сӯзишворӣ» лозим мешавад, ҷигар ва мушакҳо глюкогени захиракардаашонро аз нав ба глюкоза табдил медиҳанд. Албатта, захира кардани глюкоген низ ҳадду андозаи худро дорад. Вақте ки захира аз ҳад мегузарад, маводди ғизоӣ ба чарбу (равған) табдил меёбад. Дар оянда агар ба ҷисм боз «сӯзишворӣ» зарур шаваду глюкоген набошад, он гоҳ чарбуи захирашуда ба глюкоза табдил меёбад.

0
Оё медонед·Ахбор·1 моҳ пешСуол

Кадом қувваи ҳаётбахш ҷисми моро ба ҳаракат медарорад?

Қувваи ҳаётбахшеро, ки барои ҳаёт зарур аст, мо аз истеъмоли ғизо мегирем. Ҷисми мо ин энергияро захира карда, онро ба неру табдил медиҳад ва барои нафаскашӣ, гардиши хун ва ҳаракат истифода мебарад. Вақте ки мо нафас мегирем, шушамон аз ҳаво оксигенро қабул мекунад ва заррачаҳои хуни рагҳо аз он баҳравар мегарданд. Хун ғайр аз оксиген дигар маҳлулҳои ғизоиро низ мебарад, ки дар натиҷаи ҳазми хӯрок ҳосил мешавад. Ҳам оксиген ва ҳам маводди ғизоӣ ба воситаи гардиши хун ба тамоми узвҳои бадан тақсим мешаванд. Гардиши хунро дар организм дил ба воситаи рагҳои хунгузар таъмин мекунад. Дар мушакҳои бадан оксиген барои «сӯзондан»-и маводди ғизоӣ ва аз онҳо ҳосил кардани энергия зарур аст.

0