Оё ҳаракат метавонад ба дигар намуди энергия табдил ёбад?
Ҳаракат чун намудҳои дигари энергия метавонад ба дигар шакли энергия табдил ёбад.
Масалан, дар неругоҳҳои барқӣ ҳаракати генератор қувваи барқро истеҳсол мекунад ва ба ҳамин монанд тавассути ба ҳаракат даровардани педалҳо дар динамои велосипед қувваи барқ ҳосил мешавад.
Вақте ки мо чизи вазнинеро кашолакунон мебарем, байни фарш ва бор қуввае ба вуҷуд меояд, ки онро соиш меномем.
Соиш як қисми ҳаракатро ба гармӣ табдил медиҳад. Чунин ҳолат вақти кордтезкунӣ ё ҳангоми тормоздиҳӣ давр назада, болои релсҳо лағжидани чархҳои қатора (поезд) ҳам рух медиҳад.
Ҳамчунин, ҳангоми соидани ду чиз ё ба ҳам задани ду санг гармӣ ҳосил мешавад. Дар ҳар ду маврид шарора пайдо шуда, аз худ қувваи равшанидиҳанда ҳосил мекунад.
Ҳамин тавр, ҳаракат метавонад ба қувваи электрик, гармӣ ва ғайра табдил ёбад. Тамоми ин зуҳурот намудҳои энергия мебошанд.
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё