Зеҳн
Оё медонед·Ахбор·25 рӯз пешНашрия

Манбаи барқароркунандаи энергия

Манбаи энергия мавод ва ё маҷмӯи мавҷудотест, ки аз онҳо энергия

ҳосил мешавад. Агар энергия доиман ҳосил карда шавад ва ин манбаъ тамом нашавад, он манбаъро – манбаи барқароркунандаи энергия меноманд. Офтоб, шамол, баҳр, об аз ҷумлаи манбаъҳои барқароркунандаи энергия мебошанд, зеро онҳо дар сатҳи замин доимианд.

Ангиштсангу нафт ва гази табиӣ манбаи барқароркунандаи энергия нестанд, зеро захираҳои муайяни онҳо дар қишри замин вуҷуд доранд ва дар натиҷаи истифодаи мунтазам оқибат тамом мешаванд.

0

Ҷавобҳо (0)

Ҳанӯз шарҳе нест.