
Оё медонед
Чун кӯдакон хеле ҳассосу кунҷкованд, суҳбаташон ҳамеша аз суолҳои чуну чаро оғоз меёбад.
Шаҳзодаи хурдакак
Антуан де Сент-Экзюпери (1900– 1944) на астроном, балки ҳавонавард ва нависандаи маъруфи фаронсавӣ буд. «Шоҳзодаи хурдакак» яке аз асарҳои машҳури вай ба шумор меравад. Дар ин ҷо мо ӯро барои он ёд намудем, ки қаҳрамони асосии асараш дар астероиде зиндагӣ карда, боре дар Замин пайдо шудааст. Сент-Экзюпери китобҳои «Ҳавонаварди ҳарбӣ» ва «Парвози шабона»-ро навиштааст. Вай чун сарнишини тайёра дар Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ иштирок кардааст, Тайёрае, ки онро Экзюпери идора мекард, дар уқёнус ғарқ мешавад ва ӯ ҳалок мегардад.
Алессандро Волта
Алессандро Волта (1745–1827) олими итолиёӣ неруи барқро таҳқиқ кардааст. Ӯ соли 1800, пас аз таҳқиқоту таҷрибаи зиёд унсури электрикиеро кашф намуд, ки неру ба вуҷуд меовард. Ин бозёфт дар илм инқилобе буд. Ҳамин шиддати неруи барқ ба шарафи олими номбурда Волт номида шуд ва дар оянда воҳиди ифодакунандаи шиддати неруи барқ гардид, ки бо ҳарфи В ифода мекунанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё