Зеҳн
МАВЛОНО ҶАЛОЛИДДИНИ РУМӢ МУНТАХАБИ ДОСТОНҲОИ «МАСНАВИИ МАЪНАВӢ» БОЗГЎЙИ АҲМАД НАФИСӢ

Сӣ сол қабл нависандаи маъруфи рус Радий Фиш ба водии Вахш ташриф овард ва шабе дар манзили шоир ва рўзноманигор шодравон Пиримқул Сатторӣ меҳмон гардид. Дар ин маҳфил камина, муаллифи ин сатрҳо низ ширкат доштам. Сари дастархон бо шарқшинос ва донишманди пурдони таърихи ислом ва Шарқ ҳамсуҳбат гардида, мақсади сафарашро ба Тоҷикистон пурсон шудам. Ў изҳор дошт, ки солиёни зиёд аст, ки дар бораи зиндагӣ ва осори мутафаккири бузурги форсу тоҷик Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхӣ таҳқиқот мебарад ва романе таҳти унвони «Ҷалолиддини Румӣ» таълиф намуда, ба табъ расонида- аст. Дар бархе аз сарчашмаҳои таърихӣ зикр гардидааст, ки Мавлоно Румӣ на дар шаҳри Балх, балки дар канораи он – Вахшонзамини бостонӣ зода шудааст. Аз ин рў, камина дар китоби худ қайд намудам, ки падари Ҷалолиддини Румӣ–Баҳоуддинвалад қозии мулки Вахш буд, вале ҷуръат накардам, ки зодгоҳи ўро Вахшонзамин бинависам. Инак, бо мақсади аз наздик ошноӣ пайдо кардан бо диёри Вахш ба ин ҷо омадам ва мехоҳам барои китоби ояндаам маводи зарурӣ ҷамъ оварам. Тайи се рўзе, ки дар ин сарзамин будаму ёдгориҳои таърихии ин диёрро тамошо кардам, бовар ҳосил намудам, ки дар ҳақиқат, маълумоти муаллифони сарчашмаҳои қадимӣ асоснок буда, Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ тоҷики вахшонӣ аст. Радий Фиш илова кард, ки бо дархости Ҷамъияти умумииттифоқии «Дўстдорони китоб» дар бораи шоир ва андешаварзи бузурги форсу тоҷик Носири Хусрави Қубодиёнӣ асаре навиштааст, ки ба наздикӣ дар яке аз интишороти шаҳри Маскав ба табъ мерасад.

зеҳни сунъӣ · 8 октябри 2024 · 47 саҳифа · 3 писанд

Адабиёт
Аз аввал хондан

ДОСТОНИ РОҲИБЕ, КИ РЎЗОНА БО ЧАРОҒ ИНСОНРО ҶУСТУҶЎ ДОШТ

Дунёбезоре рўзона бо шамъ дар бозори шаҳр мегашт ва бо ишқу сўзи дил ба ҳар сўй нигоҳ мекард, гўё чизеро ҷустуҷў дошт. Марде ба ў гуфт:

–Эй мард! Дар пайи чӣ мегардӣ? Он ҳам бо рўшноии рўз. Ба равшании шамъ чӣ ниёз дорӣ?

Роҳиб гуфт: – Инсонро ҷустуҷў дорам.

Он мард гуфт: – Дар ин бозор инсонҳо бисёранд. Магар чашми ту намебинад?

Гуфт: – Ман дар пайи марде ҳастам, ки дар сар асари хашм ва ҳоҷату шаҳват надошта бошад:

Вақти хашму вақти шаҳват мард ку?

Толиби марде равонам кў ба кў!

Ку дар ин ду ҳол марде дар ҷаҳон?

То фидои ў кунам имрўз ҷон.

Яъне, мардеро меҷўям, ки хашми худро фурў барад ва дар гармогармии таманно аз шаҳват худро нигоҳ дорад.

Гуфт: «Нодир чиз меҷўйӣ, валек

Ғофил аз ҳукму қазоӣ, бин ту нек.

Нозири фаръӣ, зи асле бехабар,

Фаръ моем, асл аҳкоми қадар».

Чархи гардонро қазо гумраҳ кунад,

Сад Уторидро қазо аблаҳ кунад.

Танг гардонад ҷаҳони чораро,

Об гардонад ҳадиду хораро.

Он шахс гуфт:

– Ту дар ҷустани чизи камёбе ҳастӣ. Он ҳам дар ин ҷаҳон ки ҳукми қазову қадар равони он аст. Ту гардиши санги осиёро мебинӣ, аммо аз об, ки гардонидани он аст, ғофилӣ. Гарду чангро дар ҳаво менигарӣ, вале бодро нодида мегузарӣ!

Эй қароре дода раҳро гом-гом,

Хоми хомӣ, хоми хомӣ, хоми хом.

Чун бидидӣ гардиши сангосиё,

Оби ҷўро ҳам бибин охир, биё.

Хокро дидӣ, баромад дар ҳаво?

Дар миёни хок бингар бодро.

Дегҳои фикр мебинӣ ба ҷўш?

Андар оташ ҳам назар мекун ба ҳуш.

Худованд ба пайғамбар Айюб (а) фармуд, ки аз роҳи бахшандагӣ ва бузурговарӣ ба андозаи ҳар мўйи сарат ба ту сабре додаам.

Ҳин, ба сабри худ макун чандин назар,

Сабр дидӣ? Сабр доданро нигар.

Ту гумон мекунӣ, ки ҳама чизро медонӣ, аммо дурусту бодиққат диданро нишонаҳое ҳаст:

Он ки кафҳо дид, бошад дар шумор,

В-он ки дарё дид, шуд беихтиёр.

Он ки кафҳо дид, дар гардиш бувад,

В-он ки дарё дид, ў бе ғиш бувад.

Гардиши кафи рўйи обҳо дидӣ, аммо дарёро надидаӣ. Нишонаи дарё дидан ҳайрат аст. Он ки кафро мебинад, асрорро мебинад ва он ки дарёро дид, ҳайрону беихтиёр мешавад. Ҳар ки кафе аз дарёро дид, ҳанўз саргардон ва дар роҳ аст. Он ки дарёро дид, ба поёни роҳ мерасад, аз нигаронию ташвиш раҳо мешавад.

Мавлавӣ дар ашъори дигараш низ дар ин маврид барҳақ фармуда:

Дӣ шайх бо чароғ ҳамегашт гирди шаҳр,

К-аз деву дад малуламу инсонам орзуст.

3-ин ҳамраҳони сустаносир дилам гирифт,

Шери Худову Рустами дастонам орзуст.

Гуфтам, ки ёфт менашавад, ҷустаем мо

Гуфт: он ки ёфт менашавад, онам орзуст…

ДОСТОНИ ДАРВЕШИ ҲИРОТӣ

Дарвеше бебок аз шаҳри Ҳирот мегузашт. Дар роҳ саворон ва ғуломони амири Ҳиротро дид, ки бар аспони тозӣ саворанд, ки ҳама зину афзорашон қиматбаҳост ва бар тан либосҳои зарбофту пурарзиш доранд. Дар ин ҳол, он дарвеши бенаво аз ин диди худ дар шигифт шуд. Аз яке пурсид:

– Инҳое, ки бо ин қадар карру фар асп меронанд, киҳоянд?

Гуфт: –Инҳо ғуломони амири Ҳирот ҳастанд.

Дили дарвеш фишурда шуд. Даст ба сўйи осмон бардошту гуфт:

–Эй Худованд, банданавозиро аз ин амири Ҳирот бубин, ки дастпарварони худро чунин дар нозу неъмат нигоҳ медорад ва сарватмандӣ, вале ту аз ҳоли бандагони худ ғофилӣ:

Банда парвардан биёмўз, эй Худо!

З-ин расид ихтиёри шаҳри мо!

Дарвеш бо ин аҳвол дар шаҳр мегашт, то рўзе шунид, ки подшоҳ бар амири Ҳирот хашмгин шуда, ўро ба зиндон андохтааст. Фитнаҷўён ва бадхоҳон амири

Ҳиротро ба молҷамъкунӣ муттаҳам карда буданд. Шоҳ ўро зиндон кард ва ғуломонашро ҳам гирифтор сохта, зери шиканҷа қарор дод, то ин ки ба норостию корҳои бади ўро иқрор шуда, бар зидди ў гувоҳӣ диҳанд ва ҷойи пинҳонкардаи ганҷу пули ўро ошкор намоянд.

Аммо ҳеч як ғулом сухане хилофи амири худ ба забон наёвард, ҳар чӣ бештар озор медиданд, камтар сухан аз даҳони онҳо берун меомад.

Дарвеш як шаб хоб дид, ки ҳотифе ба ў мегўяд:

–Ту сарнавишти амири Ҳирот ва ғуломони ўро дидӣ. Бандагӣ ва банда буданро ҳам аз онҳо биёмўз, ки чӣ тавр озор мебинанду азоб дода мешаванд, вале сухане хилофи амири худ намегўянд!

Гуфташ андар хоб ҳотиф, к-эй киё,

Банда будан ҳам биёмўзу биё.

Эй дарида пўстини Юсуфон,

Гар бидаррад гургат, он аз хеш дон.

З-он ки мебофӣ ҳамасола бипўш,

З-он ки мекорӣ, ҳамасола бинўш.

Худованди бузург агар ба ту камар дода, камарбанд надода бошад, агар сар дода, тоҷ набахшида бошад, ту чаро ба даргоҳи Парвардигор бо чунин бешармӣ муроҷиат мекунӣ? Оё ба андозаи ғуломони амири Ҳирот вафодорӣ ва рознигоҳдорӣ аз худ нишон додаӣ? Касоне, ки шукри неъматҳои ба онҳо атошударо мекунанд, албатта, сазовори бахшиши Худованд мешаванд. Ғуломони амир он ҷомаҳои гаронбаҳо ва аспҳои хушзотро аз роҳи вафодорию посдории ҳаққи амир ба даст оварданд. Дар рўзи озмоиш мардона истодагарӣ карданд ва рози валинеъмати худро ба бегона ошкор накарданд. Ҳол он ки ту аз нодорию нотавонии зудгузари худ забони шикоят мекушоӣ!

Ошиқи он ошиқони ғайб бош,

Ошиқони панҷрўза кам тарош,

Вақти дарди чашму дандон ҳеч кас,

Дасти ту гирад ба ҷуз фарёдрас?

Бояд чун Аёз вафодорӣ биёмўзӣ ва гузаштаи худро аз ёд набарӣ. Аёз кафши куҳна ва ҷомаи жандаи худро, ки дар рўзгори нодорӣ ва пеш аз наздикшавӣ ба Султон Маҳмуд дошт, дар ҷое пинҳон карда буд ва барои ин ки қадри неъмати подшоҳро бидонад, сари ҳар чанд вақт як бор ба ҷойи пинҳонкардааш мерафт ва бо дидани кафшу ҷомаи куҳнаи худ замони нодорию бадбахтии худро ба ёд оварда, дараҷаи вафодорию хидматгузории ў ба шоҳ меафзуд:

Пас ҳамон дарду маразро ёд дор,

Чун Аёз аз пўстин кун эътибор.

Пўстин он ҳолати дарди ту аст,

Ки гирифтаст он Аёз онро ба даст.

Султон Маҳмуд бо қасди ба сухан овардани Аёз аз ў мепурсид, ки ин дилбастагии ту ба куҳнаҷома ва кафши дарида чист ва чаро гоҳу ногоҳ бо онҳо дар хилват роз мегўйӣ ва меҳр меварзӣ?

Эй Аёз, ин меҳрҳо бар чоруқе

Чист охир? Ҳамчу бар бут ошиқе.

Ҳамчу Маҷнун аз рухи Лайлии хеш

Кардаӣ ту чоруқеро дину кеш?

Бо ду куҳна меҳри ҷон омехта,

Ҳар дуро дар ҳуҷрае овехта.

Чанд гўйӣ бо ду куҳна нав сухан?

Дар ҷамоде медамӣ сирри куҳан?

Сурате пайдо кунад бар ёди ў,

Ҷазби сурат орадат дар гуфтугў,

Роз гўйӣ пеши сурат сад ҳазор,

Ончунон ки ёр гўяд пеши ёр.

Ончунон ки модари дилбурдае

Пеши гўри баччаи навмурдае,

Аёз ба забони ҳол мегуфт:

–Ҳангоме ки азизе дар гўр меравад, аввал ҳар дам ва ҳар рўз ба сари гўри ў мераванд. Аммо ба зудӣ фаромўшӣ меояд, чунки:

Ишқ бар мурда набошад пойдор,

Ишқро бар ҳаййи ҷонафзой дор.

Баъд аз он з-он гўр худ хоб оядаш,

Аз ҷамодӣ ҳам ҷамоде зоядаш.

З-он ки ишқ афсуни худ бирбуду рафт,

Монд хокистар, чу оташ рафт тафт.

Он чӣ бинад он ҷавон дар ойина,

Пир андар хишт мебинад ҳама.

Валекин ман ошиқи зиндаам ва куҳнаю жандаро барои ибрати ҳоли худ ва ёдоварии рўзгори нодорӣ нигоҳ доштам, то ишқи султонро ҳар лаҳза дар дили худ афзун кунам:

Пир ишқи туст, на риши сапед,

Дастгири сад ҳазорон ноумед.

Хешовандон ба Маҷнун гуфтанд:

–Лайлӣ он қадар ҳусне надорад, ки ту ин сон шефтаи рўйи ў шуда, дил ба ў бохтӣ. Садҳазорон дилбарони беҳтар аз ў дар ҷаҳон ҳастанд:

Беҳтар аз ў сад ҳазорон дилрабо,

Ҳаст ҳамчун моҳ андар шаҳри мо.

Маҷнун гуфт: –Он чи ман мебинам, шумо намебинед:

Гуфт: «Сурат кўза асту ҳусн май,

Май Худоям медиҳад аз нақши вай.

Мар шуморо сирка дод аз кўзааш,

То набошад ишқи ўтон гўшкаш».

Аз яке кўза диҳад заҳру асал,

Ҳар якеро дасти Ҳақ азза ва ҷал.

Кўза мебинӣ, валекин он шароб

Бода аз ғайб асту кўза з-ин ҷаҳон,

Кўза пайдо, бода дар вай бас ниҳон.

Бас ниҳон аз дидаи номаҳрамон,

Лек бар маҳрам ҳувайдову аён.

Худовандо!

Ту чу ҷонӣ, мо мисоли дасту по,

Қабзу басти даст аз ҷон шуд раво.

Ту чу ақлӣ, мо мисоли ин забон,

Ин забон аз ақл дорад ин баён.

Ту мисоли шодиву мо хандаем,

Ки натиҷай шодии фархундаем.

Эй бурун аз ваҳму қолу қили ман,

Хок бар фарқи ману тамсили ман.

Чунки баҳри ишқи Яздон ҷўш зад,

Бар дили ў зад, туро бар гўш зад.

Бо ин мисолҳо, ҳоли мо ҳоли он чўпон аст, ки барои

Худованд хонаро ҷорўб мекарду мехост, ки шабушкҳои сари ўро биҷўяду бикушад:

Кас набудаш дар ҳавою ишқ ҷуфт,

Лек қосир буд аз тасбеҳу гуфт.

Мағфират мехоҳам аз ҷурму хато,

Аз паси он парда, аз лутфи Худо.

пешина
аз 47
навбатӣ