МАВЛОНО ҶАЛОЛИДДИНИ РУМӢ МУНТАХАБИ ДОСТОНҲОИ «МАСНАВИИ МАЪНАВӢ» БОЗГЎЙИ АҲМАД НАФИСӢ

Сӣ сол қабл нависандаи маъруфи рус Радий Фиш ба водии Вахш ташриф овард ва шабе дар манзили шоир ва рўзноманигор шодравон Пиримқул Сатторӣ меҳмон гардид. Дар ин маҳфил камина, муаллифи ин сатрҳо низ ширкат доштам. Сари дастархон бо шарқшинос ва донишманди пурдони таърихи ислом ва Шарқ ҳамсуҳбат гардида, мақсади сафарашро ба Тоҷикистон пурсон шудам. Ў изҳор дошт, ки солиёни зиёд аст, ки дар бораи зиндагӣ ва осори мутафаккири бузурги форсу тоҷик Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхӣ таҳқиқот мебарад ва романе таҳти унвони «Ҷалолиддини Румӣ» таълиф намуда, ба табъ расонида- аст. Дар бархе аз сарчашмаҳои таърихӣ зикр гардидааст, ки Мавлоно Румӣ на дар шаҳри Балх, балки дар канораи он – Вахшонзамини бостонӣ зода шудааст. Аз ин рў, камина дар китоби худ қайд намудам, ки падари Ҷалолиддини Румӣ–Баҳоуддинвалад қозии мулки Вахш буд, вале ҷуръат накардам, ки зодгоҳи ўро Вахшонзамин бинависам. Инак, бо мақсади аз наздик ошноӣ пайдо кардан бо диёри Вахш ба ин ҷо омадам ва мехоҳам барои китоби ояндаам маводи зарурӣ ҷамъ оварам. Тайи се рўзе, ки дар ин сарзамин будаму ёдгориҳои таърихии ин диёрро тамошо кардам, бовар ҳосил намудам, ки дар ҳақиқат, маълумоти муаллифони сарчашмаҳои қадимӣ асоснок буда, Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ тоҷики вахшонӣ аст. Радий Фиш илова кард, ки бо дархости Ҷамъияти умумииттифоқии «Дўстдорони китоб» дар бораи шоир ва андешаварзи бузурги форсу тоҷик Носири Хусрави Қубодиёнӣ асаре навиштааст, ки ба наздикӣ дар яке аз интишороти шаҳри Маскав ба табъ мерасад.
зеҳни сунъӣ · 8 октябри 2024 · 47 саҳифа · 3 писанд
ДОСТОНИ ХАРИ ОБФУРЎШ ВА АСПОНИ ТОЗӣ
Обфурўше харе дошт, ки аз боркашӣ пушташ пур аз захм буд ва аз бечорагӣ тавоноии роҳ рафтан надошт:
Пушташ аз бори гарон сад ҷой реш,
Ошиқу ҷўёни рўзи марги хеш.
Мирохури шоҳ ошнои он мард буд. Чун ҳоли зори харро дид, пурсид, ки «чаро ин бадбахт ба ин рўз афтодааст?».
Обфурўш гуфт:
– Аз камхўрокӣ ва кори зиёд ҳолаш чунин аст.
Мирохур гуфт:
–Ғам махўр, ўро чанд рўз ба ихтиёри ман бисупор, то дар охури аспони шоҳ ўро парвариш кунам ва ба зудӣ боқувват шавад.
Гуфт: «Биспораш ба ман ту рўз чанд,
То шавад дар охури шаҳ зўрманд».
Харро ба охури шаҳ бурданд ва дар ин ҷо чашмаш ба аспҳое афтод, ки ҳама тандурусту бардам буданд.
Зери пояшон рўбучин шуда буд. Коҳу ҷав пешашон фаровон рехта шуда, саисон пушту паҳлуи онҳоро ҳар дам молиш медоданд. Хар ин аҳволро дида, сар ба осмон карду гуфт:
–Эй Худои бахшанда, ман ҳам яке аз махлуқони туам. Чаро бояд чунин зору низор бошам?
Хар дар ин розу ниёз буд, ки сарбозон ба тавила ворид шуда, апсҳоро зин зада, ба сўйи майдони ҷанг равона шуданд. Шаб, ҳангоме ки аспҳо аз ҷанг баргаштанд, ҳар кадоме бар тан захмҳои зиёд доштанд. Саисон ба ёрии аспҳо шитофта тирҳоро аз тани онҳо берун мекарданд ва захмҳоро мебастанд. Нолаю фарёди аспҳои бадбахт ба ҳаво баланд мешуд:
Мешикофиданд танҳошон ба неш,
То бурун оранд пайконҳо зи реш.
Хар ин ҳолати зору низори аспҳоро дид, аз гуфтаҳои худ пушаймон шуд, гуфт:
–Эй Худованд, маро бибахш! Ман аз ҳолу рўзгори худ хушнудам ва ҷойи он аспҳо будан ҳаргиз намехоҳам.
Он хар онро диду мегуфт: «Эй Худо!
Ман ба фақру офият додам ризо.
З-он наво безораму з-он захми зишт,
Ҳар кӣ хоҳад офият, дунё биҳишт».
ДОСТОНИ ШАЙХ МУҲАММАДИ САРРОЗӣ
Дар шаҳри Ғазнин зоҳиде буд, ки ўро Саррозӣ меномиданд. Ў муддати ҳафт соли тамом рўза гирифта рўзаашро фақат бо гиёҳ мекушод.
Бо вуҷуди ин ки ба ҷуз иҷрои фармонҳои Худо кори дигаре накарда, гуноҳе аз ў сар назада ва асрори ғайб ба ў зиёда ошкор шуда буд, боз дархости дидори Яздони покро дошт. Ин орзу дар сари ў чунон мустаҳкам ҷой гирифт, ки рўзе ба сари кўҳи баланд рафт ва даст ба дуо бардошта гуфт:
– Агар ин хоҳиши ман амалӣ нашавад, худро ба куштан хоҳам дод.
Чун хабаре нашуд, худро аз болои кўҳи баланд ба зер партофт. Аз қазо дар болои поруҷойи пур аз об афтод ва осебе надид. Касе, ки дар талаби марг буд, зиндагӣ ба ў рў намуд. Ҳайрону саргашта рў ба саҳро ниҳод. Ногаҳон бонге шунид, ки амри ба шаҳр рафтан ба ў кард.
Гуфт: «Эй донои розам мў ба мў,
Чӣ кунам дар шаҳр аз хидмат? Бигў!»
Соҳиби овоз боз ба ў гуфт:
–Бояд ба шаҳр биравӣ ва нафси худро хор кунонӣ, даст ба гадоӣ бизанӣ, то ҳамчун Аббоси Даббус, ки ба гадоӣ машҳури халқ буд, шуҳрат пайдо кунӣ. Ҳар чӣ аз гадоӣ пайдо мекунӣ, миёни бенавоёну бечорагони ҳоҷатманд тақсим кунӣ:
Муддате аз ағниё зар меситон,
Пас ба дарвешони мискин мерасон.
Шайх Муҳаммад итоат кард ва ба роҳ афтод, то ба шаҳри Ғазнин расид. Мардум, ки ному овозаи ўро шунида буданд, ба пешвози ў баромаданд. Ҳама бузургони шаҳр хонаҳои худро омодаи пазироии ў карданд.
Аммо шайх аз роҳи пинҳонӣ ва худро ношинос карда, ба шаҳр даромад. Чун ҳаёҳуи мардумро дид, гуфт:
Гуфт: «Ман аз худнамоӣ н-омадам,
Ҷуз ба хориву гадоӣ н-омадам.
Нестам дар азми қолу қил ман,
Дар ба дар гардам ба каф занбил ман.
Бандафармонам, ки амр аст аз Худо,
Ки гадо бошам, гадо бошам, гадо.
Гуфт: – Ман аз сўйи Худованд ба гадоӣ омадаам ва дар банди ҷоҳу ҷалол нестам, зеро:
Ў мазаллат хост, кай иззат танам?
Ў гадоӣ хост, кай мирӣ кунам?
Вай ошиқи дидори Худо буду сар ба фармони ў дошт ва ҳама чизро фаромўш карда буд:
Ошиқи ишқи Худо в-он гоҳ музд?
Ҷабрайили мўътаман в-он гоҳ дузд?
Ошиқи он Лайлии кўру кабуд,
Мулки олам пеши ў як тарра буд.
Пеши ў яксон шуда буд хоку зар,
Зар чӣ бошад, ки набуд ҷонро хатар.
Ишқ ҷўшад баҳрро монанди дег,
Ишқ сояд кўҳро монанди рег.
Ишқ бишкофад фалакро сад шикоф,
Ишқ ларзонад заминро аз газоф.
Пас аз он шайх дар шаҳр мегашту гадоӣ мекард ва ҳар чӣ ба даст меовард, ба бечорагон мебахшид. Як рўз чаҳор бор барои гадоӣ ба дари хонаи амири шаҳр рафт ва ҳар бор ягон чизе меситонд. Бори чаҳорум амири хашмгиншуда фарёд зад:
–Аз бешармии ту дар ҳайратам. Монанди ту ягон гадои беобрў надидаам!
Кист ин ҷо шайх! Андар банди ту?
Ман надидам наргадо монанди ту.
Шайх гуфт: –Эй амир, ман бандаам ва фармони Худовандро иҷро мекунам. Агар барои сер кардани шиками худам мебуд, онро пора мекардаму гадоӣ намекардам. Ман ҳафт сол боз ғайр аз гиёҳ чизе нахўрдаам ва дар банди шикам набудаам.
Бо ин суханҳо шайх ба гиря даромад ва ашкҳо рехт.
Ростии гуфтори шайх дар дили амир асар кард. Ў ҳам ба гиря даромад ва аз шайх узрҳо хосту гуфт: –Ман, ҳар чӣ дорам, ба ту медиҳам. Ба хона биё ва ҳар чӣ мехоҳӣ, бардор:
Ҳар чӣ хоҳӣ, аз хизона баргузин,
Гарчи истеҳқоқ дорӣ сад чунин.
Хона они туст, ҳар чи-т майл ҳаст
Баргузин, худ ҳар ду олам андак аст».
Гуфт: «Дастуре надодандам чунин,
Ки ба дасти хеш чизе баргузин.
Шайх гуфт:
–Ман фармон надорам, ки чизеро худам гирам, балки бо гадоӣ бояд ба даст орам. Ин фармони Худост, ҳар чӣ ў фармояд, он бикунам.
Шайх барои он ин гуна ҷавоб дод, ки аз содиқ будани амир ба гуфтаҳояш бовар надошт. Бо ин суханон роҳи худро пеш гирифт ва ду соли дигарро ҳамчунон ба гадоӣ гузаронид. Пас, аз Худованд фармон расид, ки баъд аз ин дигар чизе аз касе махоҳ. Вале ҳар чӣ аз Худованд мехоҳӣ, Худо бидиҳад, ки ба ҳоҷатмандон бибахшӣ.
Дигар гадоӣ макун. Мо ба ту тавоноӣ бахшидем, ки хок дар дастат зар мешавад. Аммо барои ин ки мардуми дилтангу ҳасуд ба ин роз пай набаранд, ба ҳар каси пеши ту барои дархости чизе омада, даст дар зери бўрё, ки рўйи он нишастаӣ, бикун ва он чиро ҳоҷат дорад, ба хоҳанда бидеҳ. Ин сазои фармонбардории туст ва ин мукофот аз ҷиҳати аз дилу ҷон худро дар хидмати Худо ва халқ қарор додану пайваста орзуи дидори Ҳақ карданат ҳаст.
Кам-кам кори шайх ривоҷ ёфт ва ҷойи ў дар пешгоҳи Худованди ҷаҳон он қадар мақому манзалат пайдо кард, ки агар ҳоҷатманде пеши ў меомаду аз шарм хоҳиши худро назди ў ба забон баён карда наметавонист, шайх аз дили ў огоҳ мешуд, ниёзашро медонист ва бе шарҳи хоҳиш ҳоҷати ўро мебаровард.
Гар ботини одамӣ софу нияташ пок бошад ва хидмати Худову халқашро пеша кунад, ба чунин мақому мартабае хоҳад расид, ки хок дар дасташ зар шуда, аз замири хоҳишманд бе гуфтори ў хабардор мешавад.
Шайх бо муриде ба як шаҳр сафар мекунад, ки дар он ҷо нон камёб буд. Дар аснои сафар мурид аз фикри гуруснагӣ ва набудани нон намеосуд ва мушавваш буд, ки агар нон пайдо накунанд, чӣ бояд кард. Шайх хаёли ўро донист ва ба ў гуфт:
Аз барои ғуссаи нон сўхтӣ,
Дидаи сабру таваккул дўхтӣ!
Гуруснагӣ озмоиш ва рўзӣ хосони Худост. Рўзии ҳар кас дар вақташ мерасад. Бояд сабр ва таваккул дошт.
Шунидаам, ки дар ҷаҳон ҷазираи сарсабзе пур аз сабзаву гиёҳ ҳаст ва дар он танҳо як гов зиндагӣ мекунад. Ҳар рўз аз бомдод то шом ҳамон сабзазорро мечараду бегоҳӣ аз фарбеҳӣ маҷоли ҷунбидан надорад. Аммо ҳангоми шаб аз тарси он ки фардо чизе барои хўрдан нахоҳад дошт, гўшти ў мерезад ва то бомдод лоғару заиф мешавад, ҳол ин ки боз то субҳ сабзаҳо мисли дирўза баланд мешаванд. Солҳост, ки кори гов ҳамин аст, вале доим ба ғами фардо гирифтор аст. Ҳеҷ наметавонад ба дирўзу имрўзи худ андеша кунад, ки хўроки ў ҳар рўз мавҷуд аст:
Ҳеч нандешад, ки чандин сол ман
Мехўрам з-ин сабзазору з-ин чаман.
Ҳеч рўзе кам наёмад рўзиям,
Чист ин тарсу ғаму дилсўзиям?
Боз чун шаб мешавад, он гови зафт
Мешавад лоғар, ки «оваҳ, ризқ рафт».
Нафси одамӣ чун ин гов аст ва ин ҷаҳон сабзазори ўст. Ҳар рўз нону оби ў ато мешавад, вале дар ғами фардо асту дар ғуссаи нонпайдокунӣ, ки чӣ гуна ва аз куҷо пайдо кунад:
Нафс он гов асту он дашт ин ҷаҳон,
К-ў ҳаме лоғар шавад аз хавфи нон,
Ки чӣ хоҳам хўрд мустақбал? Аҷаб!
Лути фардо аз куҷо созам талаб?
Солҳо хўрдиву кам н-омад зи х(в)ар,
Тарси мустақбал куну мозӣ нигар.
Луту пути хўрдаро ҳам ёд ор,
Мангар андар ғобиру кам бош зор

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё