Зеҳн
МАВЛОНО ҶАЛОЛИДДИНИ РУМӢ МУНТАХАБИ ДОСТОНҲОИ «МАСНАВИИ МАЪНАВӢ» БОЗГЎЙИ АҲМАД НАФИСӢ

Сӣ сол қабл нависандаи маъруфи рус Радий Фиш ба водии Вахш ташриф овард ва шабе дар манзили шоир ва рўзноманигор шодравон Пиримқул Сатторӣ меҳмон гардид. Дар ин маҳфил камина, муаллифи ин сатрҳо низ ширкат доштам. Сари дастархон бо шарқшинос ва донишманди пурдони таърихи ислом ва Шарқ ҳамсуҳбат гардида, мақсади сафарашро ба Тоҷикистон пурсон шудам. Ў изҳор дошт, ки солиёни зиёд аст, ки дар бораи зиндагӣ ва осори мутафаккири бузурги форсу тоҷик Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхӣ таҳқиқот мебарад ва романе таҳти унвони «Ҷалолиддини Румӣ» таълиф намуда, ба табъ расонида- аст. Дар бархе аз сарчашмаҳои таърихӣ зикр гардидааст, ки Мавлоно Румӣ на дар шаҳри Балх, балки дар канораи он – Вахшонзамини бостонӣ зода шудааст. Аз ин рў, камина дар китоби худ қайд намудам, ки падари Ҷалолиддини Румӣ–Баҳоуддинвалад қозии мулки Вахш буд, вале ҷуръат накардам, ки зодгоҳи ўро Вахшонзамин бинависам. Инак, бо мақсади аз наздик ошноӣ пайдо кардан бо диёри Вахш ба ин ҷо омадам ва мехоҳам барои китоби ояндаам маводи зарурӣ ҷамъ оварам. Тайи се рўзе, ки дар ин сарзамин будаму ёдгориҳои таърихии ин диёрро тамошо кардам, бовар ҳосил намудам, ки дар ҳақиқат, маълумоти муаллифони сарчашмаҳои қадимӣ асоснок буда, Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ тоҷики вахшонӣ аст. Радий Фиш илова кард, ки бо дархости Ҷамъияти умумииттифоқии «Дўстдорони китоб» дар бораи шоир ва андешаварзи бузурги форсу тоҷик Носири Хусрави Қубодиёнӣ асаре навиштааст, ки ба наздикӣ дар яке аз интишороти шаҳри Маскав ба табъ мерасад.

зеҳни сунъӣ · 8 октябри 2024 · 47 саҳифа · 3 писанд

Адабиёт
Аз аввал хондан

ДОСТОНИ ЧАРМГАР ДАР БОЗОРИ АТРФУРЎШОН

Он яке афтод беҳушу хамид,

Чунки дар бозори атторон расид.

Ҳамчу мурдор уфтод ў бехабар

Нимрўз, андар миёни раҳгузар.

Марди чармгаре аз бозори атрфурўшон мегузашт.

Чун ба бўйи атру гул одат надошт, аз бўйи хуш бетоб шуду аз ҳуш рафт ва ба замин афтод. Мардум гирд омаданд ва ҳар кас дармоне мекард: яке гулоб овард ва бар ў пошид, дигаре об бар рўйи ў мерехт, яке пироҳанашро боз мекард ва дигаре набзашро мегирифт.

Аммо ҳеҷ кас дармони ўро намедонист. Хабар ба бародари чармгар расид. Донист, ки чармгар аз бўйи хуш ба ин рўз афтодааст. Миқдоре саргин дар кисаи худ пинҳон кард ва рўй ба бозори атторон овард. Пеши худ мегуфт:

–Ман сабаби беҳушии ўро медонам, ў ба бўйҳои нохушу гандазо одат кардааст.

Чун бидонистӣ сабабро, саҳл шуд,

Дониши асбоб дафъи ҷаҳл шуд.

Пас чунин гуфтаст Ҷолинуси меҳ,

Он чӣ одат дошт бемор, он-ш деҳ.

Гар хилофи одат аст он ранҷи ў,

Пас давои ранҷаш аз муътод ҷў.

Бародар худро ба бозор расонид ва бар сари болини чармгар омад. Барои ин ки касе саргинро набинаду аз равиши дармони ў огоҳ нашавад, мардумро аз давру бари ў дур карду сар ба гўшаш карда бо даст саргинро бар бинии ў молид.

Сар ба гўшаш бурд ҳамчун розгў,

Пас ниҳод он чизро бар бинӣ ў.

К-ў ба каф саргини саг соида буд,

Доруи мағзи палид он дида буд.

Соате шуд, мард ҷунбидан гирифт,

Халқ гуфтанд, ин фусуне буд шигифт,

К-ин бихонд афсун, ба гўши ў дамид,

Мурда буд, афсун ба фарёдаш расид.

Чармгар, ки бўйи бади саргин ба биниаш расид, ба ҳуш омад. Бўйи бад дар димоғаш печиду ба ҷунбиш афтод. Мардум дар шигифт шуданд, ки бародараш чӣ афсуне дар гўши ў хонд, ки ў мурда буд, дубора зинда шуд. Онҳо намедонистанд, ки кори он мард чисту одати ў чист.

Намедонистанд, ки мушку бўйи хуш дармони ранҷи касе, ки ҳама умраш ба бўйҳои нохуш одат кардааст, нест.

ДОСТОНИ СУЛАЙМОН ВА МАЛИКА БИЛҚИС

Билқис маликаи шаҳри Сабо буд. Сабо кишваре буд сарватманду обод. Рўзе ба фикр афтод, ки молдории худро ба Сулаймон (а) нишон бидиҳад. Чиҳил хачир хишти зару ҳадяҳои дигар бо ҳамроҳии гурўҳе аз дарбориёни худ ба Сулаймон (а) фиристод. Фиристодагони ў ба наздики пойтахти Сулаймон (а) расиданд.

Ногаҳон роҳро пўшида аз тилло диданд. То чиҳил манзил ҳамчунон фарши роҳ аз зар буд. Кам-кам фиристодаҳо пеши худ эҳсоси шарм карданд ва ҳадяи шоҳбонуи

Саборо дар баробари сарвати кишвари Сулаймон (а) бисёр ночиз диданд.

Арсае, к-иш хок зарри даҳдаҳист,

Зар ба ҳадя бурдан он ҷо аблаҳист.

Чун касоди ҳадя он ҷо шуд падид,

Шармсоришон ҳаме вопас кашид.

Боз гуфтанд: «Ар касоду ар раво,

Чист бар мо? Бандафармонем мо.

Гар зару гар хок моро бурданист,

Амри фармондеҳ баҷооварданист».

Сулаймон (а), ки фиристодагони малика Билқис ва ҳадяҳои ўро дид, хандиду гуфт:

– Ман аз шумо кай ҳадя хостам. Он чи ман мехостам, ин буд, ки коре кунед, ки шоистаи ҳадя шавад.

Ман намегўям маро ҳадя диҳед,

Балки гуфтам лоиқи ҳадя шавед,

Ки маро аз ғайб нодир ҳадяҳост,

Ки башар онро наёрад низ хост.

Шумоҳо ситораҳое мепарастед, ки хаёл мекунед зар дуруст мекунанд, ҳол он ки бояд касеро, ки ситора меофаринад, бипарастед.

Он гоҳ фиристодагони малика Билқисро бозгардониду гуфт:

–Ман ба зарҳои шумо ҳоҷат надорам. Зарҳои маро ҳам бибаред, ки ба ман лозим нестанд. Он чи ман мехоҳам, рўйи зард аст, ки ба ишқи Худованд ранг бохта бошад. Он дили ошиқ аст. Акнун биравед ва ба маликаи худ ҳар чӣ дидед, бозгўед, то бидонад, ки ман чашм ба молу зар надорам, чун аз Худованд ҳар чӣ бихоҳам, ба ман медиҳад.

Фориғем аз зар, ки мо бас пурфанем,

Хокиёнро сар ба сар заррин кунем.

Дар баробари тавоноии Худованд ягона чизе, ки лозим аст, фармонбарии ў ва ситоиши ўст:

Лек завқи саҷдае пеши Худо

Хуштар ояд аз дусад давлат туро.

Пас бинолӣ, ки нахоҳам мулкҳо,

Мулки он саҷда мусаллам кун маро.

Подшоҳони ҷаҳон аз бадрагӣ

Бў набурданд аз шароби бандагӣ.

Дороӣ ва мулки шумо моли шумо нест, балки шумо асиру нигоҳбони он ҳастед. Молики аслӣ Худои таво ност. Мо монанди мурғе ҳастем, ки донаро дида ва домро намебинад. Ин дилбохтагии ў ба дон, ўро ба дом меандозад.

Касе ба гил хўрдан хў карда буд, ба бозор рафт, ки шакар бихарад. Фурўшанда ба ҷойи санги тарозу гили саршў гузошт ва дар пайи шакар рафт. Харидор, ки ошиқи гилхўрӣ буд, то чашми фурўшандаро дур дид, аз он гил дуздиду муштоқона мехўрд ва пеши худ мегуфт:

–Ин гил аз зару шакар ҳам беҳтар аст. Фурўшанда зери чашм дид ва ў ҳам ба худ гуфт:

–Ту хаёл мекунӣ моли маро мехўрӣ ё медуздӣ? Намедонӣ, ки ҳар чӣ бештар бихўрӣ, шакари ту камтар мешавад.

Гар бидуздӣ в-аз гили ман мебарӣ,

Рав, ки ҳам аз паҳлуи худ мех(в)арӣ.

Ман, ки Сулаймонам, фиреби гил ва зарро намехўрам. Шумо биравед ва ба малика Билқис бигўед, ки тахту тоҷро раҳо кунад ва барои имон овардан ба

Худои меҳрубон пеши ман биёяд. Даъвати ман аз

Билқис барои шаҳват нест. Ман фиристодаи Худовандам ва шаҳваткушам.

Сулаймон (а) забони мурғонро ҳам медонист. Ба ҳар мурғе панде, ки муносиби ў буд, медод. Ў ҳама мурғони Саборо ба сўйи хеш хонд. Билқис ҳам якбора аз шавқу имон саршор шуд. Аз сари подшоҳӣ ва мулку асбоб гузашт ва аз дилу ҷон ба Худованд рўй овард.

Аммо бо ин ки аз ҳар чӣ дошт чашм пўшад, наметавонист тахти худро фаромўш кунад ва аз он дил биканад. Сулаймон (а) рози дили ўро дарёфт ва орзуи ўро донист, ба фикри чора афтод, ки чӣ гуна тахти ўро аз шаҳри Сабо ба пойтахти худ биёварад. Деве, ки ҳозир ба фармон буд, гуфт:

– Агар иҷоза бидиҳӣ, то ту дар ин ҷо нишастаӣ, ман онро меоварам.

Осафи вазири Сулаймон (а), ки ў ҳам имони қавӣ дошту аз мардони Худои меҳрубон буд, гуфт:

–Ба кўмаки Худованд ман онро дар як чашм ба ҳам задан аз Сабо ба ин ҷо хоҳам овард.

Малика Билқис, ки ҳоҷаташ ҳам бароварда шуда буд, барои дидори Сулаймон (а) ва пазириши дини ҳақ озими диёри Сулаймон (а) гардид. Ў дигар ба молу сарват, ҷоҳу ҷалол алоқае надошт. Дилбастагии ў бар тахт монанди шавқу завқи нависанда ба қалам ё ҳунарманд ба лавҳи корӣ буд. Тахт ҳам мўниси Билқис буд ва то расидани ў ба назди Сулаймон (а) Осаф онро дар қасри ў (а) ҳозир кард. Сулаймон (а) гуфта буд:

–Бояд тахт зудтар аз Билқис расида бошад, чун ў дар ин ҳолат монанди кўдакест, ки ба бозичааш ниёзманду дилхуш аст. Аммо ба зудӣ онро ҳам раҳо хоҳад кард ва якдилу якҷиҳат ба Худованд рўй хоҳад овард.

Ва чунин ҳам шуд.

Рўзе Сулаймон (а) бар тахти худ нишаста буд. Бод вазидан гирифту бар ў мезад. Ў гуфт:

–Эй бод даст бардору бар ман мапеч!

Бод гуфт: – Ту ҳам аз хаёлу орзуи хом даст бардор, то ман ҳам аз вазидан боз истам!

Бод бар тахти Сулаймон раст каж,

Пас Сулаймон гуфт: Бодо каж мағаж!

Бод ҳам гуфт: Эй Сулаймон каж марав,

В-ар равӣ каж, аз кажам хашмин машав.

Ҳамчунин хаёли шаҳвонӣ бар ў ғалаба ёфт. Ногаҳон тоҷаш каҷ шуд. Ҳарчи Сулаймон (а) кўшид онро рост кунад, мумкин нашуд. То фикри шаҳвонии худро раҳо накард, тоҷ ҳам бар сараш рост нагардид. Пас аз ин ки аз хаёли хоми худ даргузашт ва андаруни дили худро пок кард, тоҷ бар ҷойи худ истод. Он гоҳ Сулай мон (а) хост, ки озмоиш бикунад. Тоҷро бар сари худ ба қасд каҷ ниҳоду ҳашт бор ин корро такрор кард ва ҳар бор тоҷ ба ҷойи худ боз мегашт.

Ҳашт бораш рост карду гашт каж,

Гуфт: «Тоҷо! Чист охир? Каж мағаж».

Гуфт: «Агар сад раҳ кунӣ ту рост, ман

Каж шавам, чун кажравӣ, эй мўътаман!»

Пас Сулаймон андаруна рост кард,

Дил бар он шаҳват, ки будаш, кард сард

Баъд аз он тоҷаш ҳамон дам рост шуд,

Ончунон ки тоҷро мехост, шуд.

Аз он пас Билқис– шаҳбонуи Сабо чашм аз ҳама чиз пўшиду ба Худованди ягона дилашро пайваст.

ДОСТОНИ ДАРВЕШ ВА ПИРАМАРДИ ҲЕЗУМКАШ

Дарвеше барои шунавандагони худ ҳикоят кард, ки шабе дар хоб гурўҳе аз бузургонро дидам, ки бо Хизр сарукор доштанд. Ба онҳо гуфтам, ки коре кунед, ки ман битавонам бе ранҷу кўшиш рўзии ҳалол ба даст оварам. Онҳо маро ба сўйи кўҳистоне бурданд, ки дар он ҷо дарахтони мева фаровон буд.

Мар маро сўйи кўҳистон ронданд,

Меваҳо з-он беша меафшонданд,

Ки Худо ширин бикард он меваро

Дар даҳони ту ба ҳимматҳои мо.

Ба ман гуфтанд, ки аз ин меваҳо ҳар чӣ дилат мехоҳад, бихўр ва ман, ки рўзии ҳалол ёфта будам, ба хўрдан пардохтам. Хўрдани он меваҳо тавоноии маро дар сухан гуфтан афзуд, ба тавре ки мардум аз ширинии суханони ман дар пўсташон намеғунҷиданд. Ман тар сидам, ки таваҷҷуҳи халқ ба ман сабаби фитнаву фиреб бишавад. Аз Худованд хостам барои ин ки хушсуханӣ боиси лағзиши ман нашавад, ба ман бахшише кунад, ки аз ҳама ниҳон бошад.

Шуд сухан аз ман, дили хуш ёфтам,

Чун анор аз завқ мебишкофтам.

Гуфтам ар чизе набошад дар биҳишт

Ғайри ин шодӣ, ки дорам дар сиришт.

Ҳеч неъмат орзу н-ояд дигар,

З-ин напардозам ба ҷавзу найшакар.

Худованди бахшандаву меҳрубон дуои маро пазируфт ва фасоҳати сухани ман гум шуд, аммо дилам шодмон гардиду он қадар дилхуш шудам, ки бо худ мегуфтам:

–Агар дар биҳишт ҳам инчунин шодӣ дошта бошам, дигар гирди ҳуру қасрҳо нахоҳам гашт. Аз касбу кори пештараам чанд танга доштам, ки барои рўзи мабодо дар остини ҷомаи худ дўхта будам ва медонистам, ки дигар ба он ҳоҷат нахоҳам дошт.

Дар ин ҳол чашмам аз дур ба пирамарде афтод, ки боре аз ҳезум бар пушт дошт ва онро ба сахтӣ мекашид:

Он яке дарвеш ҳезум мекашид,

Хаставу монда зи беша даррасид.

Пас бигуфтам, ман зи рўзӣ фориғам,

З-ин сабаб аз баҳри ризқам нест ғам.

Пеши худ гуфтам, ки ман бо ин ҳама мева дигар ғами рўзӣ надорам. Беҳтар аст ин чанд тангаро ба ў диҳам, то каме хотираш аз ҷиҳати ба даст овардани рўзӣ осуда шавад. Дар ин ҳол пирамард наздик шуду бори худро ба замин гузошт. Нигоҳе тунд ба ман афканду зери лаб чизе гуфт, ки ман нафаҳмидам, аммо танам аз ҳайбати нигоҳи ў ларзид.

Сўйи ман омад ба ҳайбат ҳамчу шер,

Банди ҳезумро зи худ бинҳод зер.

Партави ҳоле, ки ў ҳезум ниҳод,

Ларза бар ҳар ҳафт узви ман фитод.

Он гоҳ даст ба осмон бардошту гуфт:

– Худоё, ба бахшише, ки ба хосони худ дорӣ, ин бори ҳезумро ба зар табдил кун!

Лутфи ту хоҳам, ки миногар шавад,

Ин замон ин банди ҳезум зар шавад.

Ҳанўз сухани ў тамом нашуда буд, ки он ҳезум шохаҳои зар гардид ва ман аз ин дидани ин ҳол аз ҳуш рафтам. Чун чашм кушодам, пирамард боз даст ба дуо бардошту гуфт:

– Эй Худованд, ба ҳаққи онҳо, ки аз шуҳрат мегурезанд, ин тиллоҳоро ба ҳоли аввал баргардон!

Ва ман дидам, ки зарҳо дубора ҳезум шуданд. Пирамард бе он ки ба ман нигоҳ кунад, борро бар пушти худ ниҳоду ба сўйи шаҳр равон шуд.

Хостам, то дар пайи он шаҳ равам,

Пурсам аз вай мушкилоту бишнавам.

Баста кард он ҳайбати ў мар маро,

Пеши хосон раҳ набошад оммаро.

Мехостам ба дунболи ў биравам ва мушкили худро дар миён ниҳаму посух бишнавам. Аммо ҳайбати ў маро бар ҷойи худ мехкўб кард, натавонистам аз пайи вай биравам ва аз хоб бедор шудам.

пешина
аз 47
навбатӣ