МАВЛОНО ҶАЛОЛИДДИНИ РУМӢ МУНТАХАБИ ДОСТОНҲОИ «МАСНАВИИ МАЪНАВӢ» БОЗГЎЙИ АҲМАД НАФИСӢ

Сӣ сол қабл нависандаи маъруфи рус Радий Фиш ба водии Вахш ташриф овард ва шабе дар манзили шоир ва рўзноманигор шодравон Пиримқул Сатторӣ меҳмон гардид. Дар ин маҳфил камина, муаллифи ин сатрҳо низ ширкат доштам. Сари дастархон бо шарқшинос ва донишманди пурдони таърихи ислом ва Шарқ ҳамсуҳбат гардида, мақсади сафарашро ба Тоҷикистон пурсон шудам. Ў изҳор дошт, ки солиёни зиёд аст, ки дар бораи зиндагӣ ва осори мутафаккири бузурги форсу тоҷик Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхӣ таҳқиқот мебарад ва романе таҳти унвони «Ҷалолиддини Румӣ» таълиф намуда, ба табъ расонида- аст. Дар бархе аз сарчашмаҳои таърихӣ зикр гардидааст, ки Мавлоно Румӣ на дар шаҳри Балх, балки дар канораи он – Вахшонзамини бостонӣ зода шудааст. Аз ин рў, камина дар китоби худ қайд намудам, ки падари Ҷалолиддини Румӣ–Баҳоуддинвалад қозии мулки Вахш буд, вале ҷуръат накардам, ки зодгоҳи ўро Вахшонзамин бинависам. Инак, бо мақсади аз наздик ошноӣ пайдо кардан бо диёри Вахш ба ин ҷо омадам ва мехоҳам барои китоби ояндаам маводи зарурӣ ҷамъ оварам. Тайи се рўзе, ки дар ин сарзамин будаму ёдгориҳои таърихии ин диёрро тамошо кардам, бовар ҳосил намудам, ки дар ҳақиқат, маълумоти муаллифони сарчашмаҳои қадимӣ асоснок буда, Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ тоҷики вахшонӣ аст. Радий Фиш илова кард, ки бо дархости Ҷамъияти умумииттифоқии «Дўстдорони китоб» дар бораи шоир ва андешаварзи бузурги форсу тоҷик Носири Хусрави Қубодиёнӣ асаре навиштааст, ки ба наздикӣ дар яке аз интишороти шаҳри Маскав ба табъ мерасад.
зеҳни сунъӣ · 8 октябри 2024 · 47 саҳифа · 3 писанд
ДОСТОНИ МАРГИ БИЛОЛ(Р)
Чун Билол аз заъф шуд ҳамчун ҳилол,
Ранги марг афтод дар рўйи Билол.
Билол, ки азонгўйи Паёмбари акрам (а) буд, бемору ранҷур шуд. Ранги марг ба рўяш нишаст. Ҳамсараш нолиду гуфт:
–Эй вой, марг ба суроғи ту меояд!
Билол гуфт: –Хуш ба ҳоли ту, ки намедонӣ зиндагӣ чист. Чӣ донӣ пас аз марг чӣ ҷаҳоне интизори ту аст.
Гуфт: –Ту меравӣ ва фарзандону хешонро мегузорӣ ва танҳо мешавӣ.
Билол гуфт:
–Хушо, ки ҷони ман аз зиндони тан раҳо мешавад.
Гуфт: «На на, балки имшаб ҷони ман
Мерасад худ аз ғарибӣ дар ватан».
Гуфт: «Рўятро куҷо бинем мо?»
Гуфт: «Андар ҳалқаи хоси Худо.
Ҳалқаи хосаш ба ту пайвастааст,
Гар назар боло кунӣ, на сўйи паст.
Занаш гуфт: –Бо мурдани ту ин хона хароб мешавад.
Билол гуфт: –Бар моҳ нигоҳ кун, на ба абр. Танро бигузор ва ба ҷон биандеш!
Гуфт: «Вайрон гашт ин хона, дареғ!»
Гуфт: «Андар маҳ нигар, мангар ба меғ».
Кард вайрон, то кунад маъмуртар,
Қавмам анбуҳ буду хона мухтасар».
Худованд хароб мекунад, то онро ободтар созад.
Ман дар ин ҷо дар зиндон будам, меравам ва ҷонам Машриқу Мағрибро пур мекунад.
Ман гадо будам дар ин хонай чу чоҳ,
Шоҳ гаштам, қаср бояд баҳри шоҳ.
Ҳангоми хобидан ҷон осуда мешавад. Дар роҳ рўҳ аз ситами табиӣ мераҳад ва зиндонӣ ба ёди зиндон нест.
Агар кафши танг бипўшӣ ва дар биёбони фарохе қадам бигузорӣ, он фазои паҳновар дар назди ту танг меояд.
Ҳар кас туро аз дур бинад, хаёл мекунад, ки аз он саҳро хушу хуррам мегузарӣ. Чӣ медонад, ки кафши ту танг асту саҳрои кушодро бар ту танг кардааст.
Хоби ту он кафш берун кардан аст,
Ки замоне ҷонат озод аз тан аст.
Ҷанин, ки дар раҳми модар аст, мекўшад худро аз он ҷойи танг бираҳонад. Раҳоӣ бо дарду ранҷи модар ҳамроҳ аст, Ў намедонад ва модар ҳам намедонад, ки ҷанинм кўдак дар он ҷойи танг нафастангӣ мекашад.
Дуд аз ҳезуми нимсўхта аст, вагарна оташи шуълавар дуд надорад.
Ваҳм хато мекунад, вале ақл не. Малолат аз тан аст, вагарна ҷон аз сабукӣ дар парвоз аст.
Нури ҳуршед аз роҳи дур ба замин мерасад, аммо ғуруб мекунад. Агар тани мо ба қурси ҳуршед бирасад, месўзад, аммо бо нури хуршед зиндааст. Гуфтани ин суханон баъзе касонро малол мекунад.
Гар ҳазорон толибанду як малул,
Аз рисолат бозмемонад расул.
Асп бонгу бўйи шерро мешиносад. Ҳар ҳайвоне душмани худро аз нишонаҳои ў, пайи пойи ў, бўйи ў муайян мекунад. Аммо инсон бояд ба ақли худ руҷўъ кунад ва аз асар пай ба моҳият бибарад. Агар касе аз ту бипурсад, Нуҳро мешиносӣ? Ту мегўйӣ: «Чаро нашиносам! Номашро шунидаам. Пайғамбари Худост, дар Қуръони маҷид ҳам номи ў ҳаст». Ва рост мегўйӣ. Ва агар бигўйӣ: – «Не, чӣ гуна ўро бишиносам. На дидаам ва на сухани ўро шунидаам». Боз ҳам рост мегўйӣ!
Инсони комил аз моҳияти чизҳо огоҳ аст ва дилҳои ноогоҳ ҷуз аз рўйи тақлид ё шиносоии зоҳир донишу бинише надоранд.
ДОСТОНИ ҲИЛОЛ
Чун шунидӣ баъзе авсофи Билол,
Бишнав акнун қиссаи заъфи Ҳилол.
Достони Билолро шунидӣ, акнун қиссаи бемории Ҳилолро бишнав, ки чизи дигаре аст.
Ҳилол дар равишу рафтор пешрави Билол буду бо бадиву ноҳинҷориҳо пештару бештар аз ў кўшиш буд.
Ў ҳар дам ба сўйи камолот пеш мерафт, на мисли касе, ки ҳар дам пасттар меравад ва ба ҷойи он ки гавҳаре бишавад, санг мегардад. Монанди он марди доро, ки шахсе меҳмонаш шуда буд ва аз ў пурсид, ки чандсола аст. Меҳмон гуфт:
–Ҳаждаҳ ё ҳафтдаҳ ё шонздаҳ ё понздаҳсола.
Соҳиби хона гуфт: –Аз умрат надузд. Ин тавр ки ту паст-паст меравӣ, ба шиками модарат боз мегардӣ.
Ё ин ки касе аз амире асп хост. Амир гуфт:
–Бирав ва он аспи сафедро гир.
Мард гуфт: –Он аспро намехоҳам, зеро ҳам паст-паст меравад ва ҳам саркаш аст.
Амир гуфт: –Агар чунин аст, думашро ба сўйи хона кун.
Думи асп нафси одамии шавҳат аст ва ба ин ҷиҳат ўро ба сўйи ақиб мекашад ва намегузорад, ки пеш равад.
Агар пеши шаҳватро бигирӣ, ақли ту нашъунамо мекунад ва он қуввае, ки сарфи шаҳват мекунӣ, ба кори парвариши ақлу дониши ту кўмак хоҳад кард, чунон ки боғбон сари шохҳои дарахтонро мебурад, то навдаҳои тозаи боровар аз нав сар бароранд.
Корвон дар сармои сахти зимистонӣ ба деҳа расид.
Дари хонае боз буд. Яке аз корвониён гуфт:
–Дар ин ҳавои сард беҳтар аст, ки дар ин хона борҳоро фурорем.
Касе аз даруни хона фарёд зад:
–Ҳар чӣ афканданӣ аст, онро берун фуроред, он гоҳ ба даруни хона биёед!
Ҳилол як бандаи равшандилу ғуломи боимон буд.
Ў дар зоҳир банда буд, аммо тоҷи сари шоҳон буд. Вале амир, ки хоҷаи ў буд, аз ҳолаш огаҳӣ надошт.
Ҳилол бемор шуд ва нуҳ рўз дар бистари беморӣ буд, хоҷааш намедонист, аммо Паёмбари акрам (с) бо неруи ваҳй аз ҳоли ў бохабар шуду ба дидораш шитофт.
Расули Худо (с) бо дўстону ёрони худ ба роҳ афтод ва чун ба наздикии манзили онҳо расид, ба хоҷа хабар доданд. Аз шодию хушҳолӣ, ба гумони ин ки Паёмбар барои дидорбинии ў омадааст, аз ҷой барҷаҳид ва ба пешвози эшон рафт.
Муҳаммад (с) гуфт, ки ман барои дидорбинии ту наомадам. Хоҷа гуфт:
–Ҷонам фидои ту бод! Бигў, дар ҷустуҷўйи ки ҳастӣ, то ман пеши пойи ў ҷон бидиҳам.
Он гоҳ Паёмбари акрам (с) аз Ҳилол суроғ карду аз ҳоли ў ҷўё шуд. Хоҷа гуфт, ки ў ғуломи ўст ва посбони аспҳост, ҷояш дар саисхона буда, чанд рўз боз ўро надидааст.
Саисхона торику ифлос буд. Аммо ба расидани Муҳаммад (с) ҳама осори ифлосию нопокӣ ва торикии он ҷо нопадид шуд ва чун Яъқуб, ки бўйи Юсуфро шамид, Ҳилол аз омадани Пайғамбар огоҳ шуду кашонкашон худро ба наздики ў расонид.
Паёмбари акрам (с) ўро дар бар кашид ва гуфт:
–Эй гавҳари пинҳон ва эй дурри афтода аз ёрон.
Дар чӣ ҳолӣ?
Гуфт: –Ман саис будам. Туро, ки акнун дидам, сарам назди тоҷи шоҳӣ хам намешавад.
Ҳоло достони Ҳилолро гуфтам, ки дар луғат ба маънои моҳи нопурра аст ва чун пурра шавад, онро бадр номанд, чанд сухане бигўем.
Ҳилол чизи дигаре ҷуз нур нест, вале муқаррар аст, ки он кам-кам шакли моҳи комилро мегирад. Барои ба камол расидан роҳ ҳаст ва ин роҳро якбора наметавон тай кард. Бояд ба тадриҷ он роҳро паймуд.
Магар на Худованди тавоно буд, ки фалакро ба як лаҳза метавонист биофарад, вале онро дар шаш рўз бино кард ё хилқати Одамро дар чиҳил рўз кашид, ё чаро кўдак нуҳ моҳ дар шиками модар монд? Сабру тоқат тадбири Ҳақ аст. Шитоб дар кори табиат нест. Ҳар чиз бояд дар навъи худ комил шавад ва ба коре, ки нигаронда шудааст, онро ба хубӣ анҷом дода тавонад.
ДОСТОНИ ҒУЛОМУ ПЕШКОРИ САДРИҶАҲОН
Пешкори Садриҷаҳон–подшоҳи Бухороро, ки ғуломи бовафое буд, бегуноҳ туҳмат карданд ва аз тарсу хашми шоҳ пинҳонӣ аз Бухоро гурехт. Овораи шаҳрҳои Хуросон шуд. Даҳ сол ҳамчунон саргардон буд. Оқибат аз оворагию дурии ватану шоҳ ба хаёли бозгашт афтод.
Аз фироқ ин хокҳо шўра бувад,
Об зарду гандаю тира шавад.
Пеши худ фикр кард:
– Ба Бухоро бармегардам ва худро таслими шоҳ мекунам. Ҳар чӣ мехоҳад, бикунад, беҳтар аз оворагӣ ва дарбадарӣ аст.
Гўям: «Афгандам ба пешат ҷони хеш,
Зинда кун ё сар бибур моро чу меш.
Куштаву мурда ба пешат, эй қамар!
Беҳ, ки шоҳи зиндагон ҷони дигар.
Озмудам ман ҳазорон бор беш,
Бе ту ширин менабинам ишқи хеш».
Яке аз ошноён гуфт:
–Ба Бухоро бознагард, ҷонат дар хатар аст. Садриҷаҳон бар ту хашм гирифтааст ва дигарон ба ту туҳмат задаанд. Фирори ту шоҳро бештар хашмгин кардааст ва туро мекушад.
Дарнигар пасро ба ақлу пешро,
Ҳамчу парвона масўзон хешро.
Чун Бухоро меравӣ, девонаӣ,
Лоиқи занҷиру зиндонхонаӣ.
Ў зи ту оҳан ҳамехояд зи хашм,
Ў ҳамеҷўяд туро бо бист чашм.
Мекунад ў тез аз баҳри ту корд,
Ў саги қаҳт асту ту анбони орд.
Чун раҳидиву Худоят роҳ дод,
Сўйи зиндон меравӣ? Чунат фитод?
Мард гуфт:
–Эй дўст, пандам мадеҳ! Ҷонам дар гарави муҳаббати Садриҷаҳон аст ва аз дурии ў дар ранҷам. Беш аз ин ҳам тоби дурӣ аз ёру диёр надорам. Бо ин хаёл роҳӣ ба Бухоро шуд.
Ту макун таҳдид аз куштан, ки ман
Ташнаи зорам ба хуни хештан.
Ошиқонро ҳар замоне мурданест,
Мурдани ушшоқ худ як навъ нест.
Ў дусад ҷон дорад аз ҷони ҳудо
В-он дусадро мекунад ҳар дам фидо.
Ошноён ўро диданд ва дар шигифт шуданд.
Гуфтанд: –Худро пинҳон кун. Сипоҳиён дар ҷустуҷўйи ту ҳастанд. Мард гуфт:
–Ман ташнае ҳастам. Ташнаи обро наметавон аз нўшидан боздошт. Ман омадаам, ки худро ба шоҳ таслим кунам, ҳар чӣ кунад, мепазирам.
Ин бигуфту ба сўйи шоҳ ба роҳ афтод. Ҳар кас ўро медид, бар ҷонаш метарсид, намедонист, ки ў парвона аст ва аз сўхтан намеҳаросад.
Ҳикоят мекунанд, ки дар канори шаҳри Рай масҷиде буд, ки мардум онро меҳмонкуш меномиданд, чунки ҳар кас шабе дар он мехобид, бомдод зинда аз хоб барнамехест.
Рай – шаҳри қадиме дар надикии Теҳрони Эрон
Ҳеч кас дар вай нахуфтӣ шаб зи бим,
Ки на фарзандаш шудӣ он шаб ятим.
Баски андар вай ғарибу ур рафт,
Субҳдам чун ахтарон дар гўр рафт.
Ур – бараҳна, луч, урён.
Мардумон мегуфтанд:
–Ин масҷид ҷойи париён аст, ки шабҳо бар сари меҳмон мерезанд ва ўро мекушанд. Дигарон мепиндоштанд, ки дар масҷид тилисме ниҳодаанд ва ҷони ҳар касро, ки шаб он ҷо бимонад, мегирад. Рўзе дарвеше аз роҳ расид ва қасд кард, ки шаб он ҷо бихобад. Мардумон ўро аз хатаре, ки пешбинӣ мешуд, огоҳ карданд.
Дарвеш гуфт: –Шунидаам ва имшаб мехоҳам ҳақиқатро дарёбам.
Ман аз марг наметарсам. Ҳар кас як бор мемирад.
Марг дарест, ки ба сўйи ҷаҳони фароху озода кушода мешавад.
Гуфт: «Эй ёрон! Аз он девон наям,
Ки зи лоҳавле заъиф ояд паям.
Эй ҳарифон! Ман аз онҳо нестам,
К-аз хаёлоте дар ин раҳ бистам.
Аз гумону аз яқин болотарам,
В-аз маломат барнамегардад сарам».
Он ғариби шаҳри сарболо талаб,
Гуфт: «Мехусбам дар ин масҷид ба шаб.
Масҷидо! Гар Карбалои ман шавӣ,
Каъбаи ҳоҷатравои ман шавӣ.
Ҳин, маро бигзор, эй бигзида дор,
То расанбозӣ кунам мансурвор».
Ва ҳамон шаб дар масҷид бимонд. Нимаҳои шаб садои ҳавлноке шунид, ки мегуфт:
–Ҳам акнун барои гирифтани ҷонат меоям ва ин садо панҷ бор такрор шуд. Мард аз шунидани овоз натарсид ва андешид, ки ман худамро ба Худо супоридаам, барои марг ҳам омодаам. Ҳеҷ чиз наметавонад маро битарсонад.
Барҷаҳиду бонг барзад, к-эй киё,
Ҳозирам, инак, агар мардӣ, биё!
Ҳамин ки фарёди ў баланд шуд, ногаҳон тилисм шикаст ва девори масҷид ҳам шикасту он қадар зар аз шикоф берун рехт, ки роҳ банд омад.
Ин масал барои он аст, ки набояд аз марг тарсид ва мардона ба пешвози он рафт. Ғуломи Садриҷаҳон ҳам бо ишқе, ки ба дидори шоҳ дошт, тарсу бимро фаромўш кард ва дил ба дарё зад. Садриҷаҳон ҳам гоҳ-гоҳ аз вафодории ғулом ёд мекард, аз гурезаш ғамгин буд.
Мавҷ мезад дар дилаш афви гунаҳ,
Ки зи ҳар дил то дил омад равзана(ҳ).
Ки зи дил то дил яқин равзан бувад,
На ҷудову дур чун ду тан бувад.
Муттасил набвад сафоли ду чароғ,
Нурашон мамзуҷ бошад дар масоғ.
Ҳеч ошиқ худ набошад васлҷў,
Ки на маъшуқаш бувад ҷўёи ў,
Лек ишқи ошиқон тан зеҳ кунад,
Ишқи маъшуқон хушу фарбеҳ кунад.
Чун дар ин дил барқи меҳри дўст ҷаст,
Андар он дил, дўстӣ медон, ки ҳаст.
Ҳикмати Ҳақ дар қазову дар қадар
Кард моро ошиқони ҳамдигар.
Ҷумла аҷзои ҷаҳон з-он ҳукми пеш
Ҷуфт-ҷуфту ошиқони ҷуфти хеш.
Ҳаст ҳар ҷузве зи олам ҷуфтхоҳ,
Рост ҳамчун каҳрабову барги коҳ.
Бо муҳаббате, ки дар дили шоҳу ғулом буд, чун дубора баргашт, муҳаббати ў дар дили шоҳ бештар шуд.
Ғулом ҳам омада буд, ки агар бояд кушта шавад, дар ҳузури дўст бошад.
Ҳар кӣ андар кори ту шуд, маргдўст,
Бар дили ту бе кароҳат дўст ўст.
Ғулом, ки чашмаш ба Садриҷаҳон афтод, беҳуш шуд ва чун чўби хушк нақши замин гардид. Ҳар қадар ўро гулоб заданду ҳаво доданд, аз ҷо наҷунбид. Подшоҳ
Гуфт: «Ошиқ дўст меҷўяд ба тафт,
Чунки маъшуқ омад, он ошиқ бирафт».
Гуфтаанд, ки пашша назди Сулаймон (а) омад ва аз дасти бод шикоят кард, ки маро осуда намегузорад.
Гуфт пашша: «Доди ман аз дасти бод,
К-ў ду дасти зулм бар мо баргушод.
Мо зи зулми ў ба тангӣ андарем,
Бо лаби баста аз ў хун мех(в)арем».
Сулаймон (а) бодро ҳозир кард. Чун бод омад, пашша рў ба гурез ниҳод.
Сулаймон гуфт: –Куҷо меравӣ? Дар рўйи душман сухани худ боз гў!
Гуфт: «Эй шаҳ! Марги ман аз буди ўст,
Худ сиёҳ ин рўзи ман аз дуди ўст.
Ў чу омад, ман куҷо ёбам қарор?
К-ў барорад аз ниҳоди ман димор».
Садриҷаҳон чун ғуломро бад-он ҳол дид, ўро дар бар гирифт ва навозиш кард. Ғулом чашм кушод ва гўё дунёро дар бағал дошт. Ба пойи шоҳ афтоду гуфт:
–Ман аз туҳмати ҳасудон гурехтам, вале ҳар ҷо гаштам, меҳрубон чун ту наёфтам.
Мегуфту ашки шодӣ мерехт. Мардум аз ҳоли ў гирён шуданд, ки ин чӣ дилбастагию вафое аст!
Ақл ҳайрон, ки чӣ ишқ асту чӣ ҳол?
То фироқи ў аҷабтар ё висол?
Бо ду олам ишқро бегонагӣ,
Андар ў ҳафтоду ду девонагӣ.
Пас чӣ бошад ишқ? Дарёи адам,
Даршикаста ақлро он ҷо қадам.
Бандагиву салтанат маълум шуд,
З-ин ду парда ошиқӣ мактум шуд.
Кошкӣ ҳастӣ забоне доштӣ,
То зи ҳастон пардаҳо бардоштӣ.
Маъшуқ аз ошиқи худ пурсид: –Ту гирди ҷаҳон гаштаӣ. Кадом шаҳр аз шаҳрҳоро хуштар дидӣ?
Гуфт: – Шаҳри дилдорро!
Гуфт: Маъшуқе ба ошиқ, эй фато,
Ту ба ғурбат дидаӣ бас шаҳрҳо.
Пас кадомин шаҳр з-онҳо хуштар аст?
Гуфт: «Он шаҳре, ки дар он дилбар аст».
Дурии ишқ аз маъшуқ озмоиш аст. Агар аз бало чашм нагардонӣ, оқибат хушӣ хоҳӣ ёфт.
Ин тамсилро бишнав ва аз бало маҳарос. Нахўдро бонуи хона дар деги хўрок мерезад, ҷўшиш ўро болою поин мекунад. Нахўд ба кадбону мегўяд:
–Ту, ки маро харидаӣ, моли ту ҳастам. Дигар чаро меҷўшониям?
Кадбону мегўяд:
З-он наҷўшонам, ки макрўҳи манӣ,
Балки то гирӣ ту завқи чошнӣ.
То туро наҷўшонам, маза пайдо намекунӣ ва хўрданбоб намешавӣ!
Нахўд гуфт: –Агар чунин аст, чӣ қадар мехоҳӣ, биҷўшон.
Кафгир ба сарам бизан, то пухта шавам ва шоистаи дастархони ту гардам.
Ҳамчун пилам, бар сарам зан захму доғ,
То набинам хоби Ҳиндустону боғ.
Барои ҳамин аст, ки муъмин дар бало сабркунанда асту хурсанд, чун медонад, ки ҳар балое раҳнамои хайре аст ва ҳар дарду талоше поёни хушӣ хоҳад дошт.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё