МАВЛОНО ҶАЛОЛИДДИНИ РУМӢ МУНТАХАБИ ДОСТОНҲОИ «МАСНАВИИ МАЪНАВӢ» БОЗГЎЙИ АҲМАД НАФИСӢ

Сӣ сол қабл нависандаи маъруфи рус Радий Фиш ба водии Вахш ташриф овард ва шабе дар манзили шоир ва рўзноманигор шодравон Пиримқул Сатторӣ меҳмон гардид. Дар ин маҳфил камина, муаллифи ин сатрҳо низ ширкат доштам. Сари дастархон бо шарқшинос ва донишманди пурдони таърихи ислом ва Шарқ ҳамсуҳбат гардида, мақсади сафарашро ба Тоҷикистон пурсон шудам. Ў изҳор дошт, ки солиёни зиёд аст, ки дар бораи зиндагӣ ва осори мутафаккири бузурги форсу тоҷик Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхӣ таҳқиқот мебарад ва романе таҳти унвони «Ҷалолиддини Румӣ» таълиф намуда, ба табъ расонида- аст. Дар бархе аз сарчашмаҳои таърихӣ зикр гардидааст, ки Мавлоно Румӣ на дар шаҳри Балх, балки дар канораи он – Вахшонзамини бостонӣ зода шудааст. Аз ин рў, камина дар китоби худ қайд намудам, ки падари Ҷалолиддини Румӣ–Баҳоуддинвалад қозии мулки Вахш буд, вале ҷуръат накардам, ки зодгоҳи ўро Вахшонзамин бинависам. Инак, бо мақсади аз наздик ошноӣ пайдо кардан бо диёри Вахш ба ин ҷо омадам ва мехоҳам барои китоби ояндаам маводи зарурӣ ҷамъ оварам. Тайи се рўзе, ки дар ин сарзамин будаму ёдгориҳои таърихии ин диёрро тамошо кардам, бовар ҳосил намудам, ки дар ҳақиқат, маълумоти муаллифони сарчашмаҳои қадимӣ асоснок буда, Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ тоҷики вахшонӣ аст. Радий Фиш илова кард, ки бо дархости Ҷамъияти умумииттифоқии «Дўстдорони китоб» дар бораи шоир ва андешаварзи бузурги форсу тоҷик Носири Хусрави Қубодиёнӣ асаре навиштааст, ки ба наздикӣ дар яке аз интишороти шаҳри Маскав ба табъ мерасад.
зеҳни сунъӣ · 8 октябри 2024 · 47 саҳифа · 3 писанд
ДОСТОНИ МАРДИ ҒАРИБУ ДЎСТИ Ў
Марди ғарибе дар шаҳре ворид шуд. Гирди хонае мегашт, ки дар он ҷо маскан гирад.
Ба дўсте бархўрду аз ў кўмак хост. Дўсташ хонаи вайронеро ба марди ғариб нишон медоду мегуфт, ки агар сақф медошт, метавонистӣ дар он бимонӣ. Агар як ҳуҷраи дигар ҳам медошт, метавонистӣ ҳамсаратро ҳам ҷо бидиҳӣ. Агар дару тиреза медошт, метавонистӣ дар он осуда бихобӣ.
Марди ғариб гуфт:
– Дар канори дўстон будану сарпаноҳ доштан бисёр хуб аст, лекин, эй дўсти гиромӣ, дар «агар» наметавон зиндагӣ кард.
Он ғарибе хона меҷуст аз шитоб,
Дўсте бурдаш сўйи хонай хароб.
Гуфт ў: «Инро агар сақфе будӣ,
Паҳлуи ман мар туро маскан шудӣ.
Ҳам иёли ту биёсудӣ, агар,
Дар миёна доштӣ ҳуҷрай дигар».
Гуфт: «Оре, паҳлуйи ёрон беҳ аст,
Лек эй ҷон, дар агар натвон нишаст».
ДОСТОНИ МАРДИ МОДАРКУШ
Он яке аз хашм модарро бикушт,
Ҳам ба захми ханҷару ҳам захми мушт.
Он дигар гуфташ, ки аз бадгавҳарӣ
Ёд н-овардӣ ту ҳаққи модарӣ.
Ҳай, ту модарро чаро куштӣ? Бигў,
Ў чӣ кард охир? Бигў, эй зиштхў!
Марде модарашро кушт. Мардум ўро сарзаниш карданд, ки касе модар намекушад. Ў бар ту ҳақ дошт, туро ба дунё оварда ва парваронда буд. Агар ҳам ҳазор кори бад карда буд, набояд даст ба хуни ў олуда мекардӣ.
Гуфт:
–Охир шумо намедонед, модарам расвоӣ бор оварда буд, ўро куштам, то хок айбашро бипўшонад.
Гуфтанд:
–Чаро модарро куштӣ, мебоистӣ ҳарифи ўро, ки гуноҳаш буд, бикушӣ!
Гуфт:
–Агар чунин мекардам, бояд ҳар рўз якеро мекуштам ва дастам ба хуни халоиқ олуда мешуд. Модарро куштам, то ниёз ба куштани дигарон пеш наёяд.
Гуфт: «Коре кард, к-он ори вай аст,
Куштамаш, к-он хок саттори вай аст».
Гуфт: «Он касро бикуш, эй муҳташам!»
Гуфт: «Пас ҳар рўз мардеро кушам?
Куштам ўро, растам аз хунҳои халқ,
Нойи ў буррам, беҳ аст аз нойи халқ».
Он «модар» нафси ту аст, барои хотири ў ҳар рўз азизеро мекушӣ. Аз асари вуҷуди он ва фармонбарии ту дунё ба ту танг мешавад, бояд нафсро кушту аз ҳар газанде ва осебе дурӣ ҷуст:
Нафси туст он модари бадхосият,
Ки фасоди ўст дар ҳар ноҳият.
Ҳин, бикуш ўро, ки баҳри он данӣ,
Ҳар даме қасди азизе мекунӣ.
Аз вай ин дунёи хуш бар туст танг,
Аз пайи ў бо Ҳақу бо халқ ҷанг.
ДОСТОНИ ПОДШОҲ ВА ДУ ҒУЛОМ
Подшоҳе ду ғулом арзон харид,
Бо яке з-он ду сухан гуфту шунид.
Ёфташ зиракдилу ширинҷавоб,
Аз лаби шаккар чӣ зояд? Шаккароб.
Одамӣ махфист дар зери забон,
Ин забон пардаст бар даргоҳи ҷон.
Чунки боде пардаро дарҳам кашид,
Сирри саҳни хона шуд бар мо падид.
К-андар он хона гуҳар ё гандум аст?
Ганҷи зар ё ҷумла мору каждум аст?
Подшоҳе ду ғулом харид. Яке хушрў, ширинзабон, боҳушу зирак буд, дигаре зиштрў ва гандадаҳон. Аввалиро ба гармоба фиристоду дастур дод, то ҷомаи нав ба ў бипўшонанд. Он гоҳ ба дувумӣ гуфт:
–Он дўстат гуфт, ки ту каҷниҳоду номардӣ.
Ғулом гуфт:
–Ў одами ростгўй аст ва айби маро беҳтар медонад.
Гуфт: «Пайваста будаст ў ростгў,
Ростгўе ман надидастам чу ў.
Ростгўйӣ дар ниҳодаш хилқатест,
Ҳар чӣ гўяд, ман нагўям: он тиҳист.
Каж надонам он накўандешро,
Муттаҳам дорам вуҷуди хешро.
Бошад ў дар ман бибинад айбҳо,
Ман набинам дар вуҷуди худ, шаҳо!
Ҳар касе, к-ў айби худ дидӣ зи пеш,
Кай будӣ фориғ вай аз ислоҳи хеш?
Ғофиланд ин халқ аз худ, эй падар!
Лоҷарам гўянд айби ҳамдигар.
Шоҳ гуфт:
–Ҳоло ту айбҳои ўро бигў!
Ғулом гуфт:
–Айби ў меҳру вафост, айби ў ҷавонмардию сафост.
Гуфт: «Эй шаҳ ман бигўям айбҳош,
Гарчи ҳаст ў мар маро хуш ҳоҷатош.
Айби ў меҳру вафову мардумӣ,
Айби ў сидқу зукову ҳамдамӣ.
Камтарин айбаш ҷавонмардиву дод,
Он ҷавонмарде, ки ҷонро ҳам бидод».
«Айби дигар ин ки худбин нест ў,
Ҳаст ў дар ҳастии худ айбҷў.
Айбгўю айбҷўйи х(в)ад будаст,
Бо ҳама некўву бо худ бад будаст».
Шоҳ гуфт:
–Барои он чи гуфтӣ, бояд савганд бихўрӣ.
Ғулом гуфт:
–Ба бузургии Худо, ба Одаму Ҳаво ва Мўсою Исо, аз ў ҷуз он чӣ гуфтам, чизе намедонам.
Ғуломи аввалӣ, ки аз гармоба баромад, шоҳ дувумиро ба гармоба фиристод ва ба аввалӣ гуфт:
–Ту бо ин ҷамоли зебое, ки дорӣ, ҳама аз дидорат хушнуд мешаванд. Аммо намедонам чаро дўсти ту аз ту бад мегуфт, ки одами бевафо ва ноҷавонмард ҳастӣ.
Ғулом хашмгин шуду фарёд зад:
–Ў ҳамеша душмани ман аст ва чун саге дунболи ман афтодааст ва аз вай бисёр бо бадӣ ёд кард.
Шоҳ бонг зад, ки камтар ёва бигў!
Гуфт: «Донистам туро аз вай, бидон:
Аз ту ҷон гандасту аз ёрат даҳон.
Пас нишин, эй гандаҷон, аз даври ту,
То амир ў бошаду маъмур ту».
Бо ин ҳарфҳо туро шинохтам. Ту ҷонат гандида аст ва аз ботин бадӣ, агарчи рўйи зебо дорӣ ва ў агарчи даҳонаш бадбўст, ҷонаш тозаасту фариштае аст бо чеҳраи одамӣ. Акнун сазои ту ин аст, ки ҳамеша фармонбару зердасти ў бошӣ ва ҳар чӣ бигўяд, бикунӣ. Вай бар ту амиру фармонравост ва ту зердасти ўстӣ.
Сурати зоҳир фано гардад, бидон,
Олами маънӣ бимонад ҷовидон.
Чанд бозӣ ишқ бо нақши сабў?
Бигзар аз нақши сабўву оби ҷў.
Сураташ дидӣ, зи маънӣ ғофилӣ,
Аз садаф дурре гузин, гар оқилӣ.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё