Зеҳн
МАВЛОНО ҶАЛОЛИДДИНИ РУМӢ МУНТАХАБИ ДОСТОНҲОИ «МАСНАВИИ МАЪНАВӢ» БОЗГЎЙИ АҲМАД НАФИСӢ

Сӣ сол қабл нависандаи маъруфи рус Радий Фиш ба водии Вахш ташриф овард ва шабе дар манзили шоир ва рўзноманигор шодравон Пиримқул Сатторӣ меҳмон гардид. Дар ин маҳфил камина, муаллифи ин сатрҳо низ ширкат доштам. Сари дастархон бо шарқшинос ва донишманди пурдони таърихи ислом ва Шарқ ҳамсуҳбат гардида, мақсади сафарашро ба Тоҷикистон пурсон шудам. Ў изҳор дошт, ки солиёни зиёд аст, ки дар бораи зиндагӣ ва осори мутафаккири бузурги форсу тоҷик Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхӣ таҳқиқот мебарад ва романе таҳти унвони «Ҷалолиддини Румӣ» таълиф намуда, ба табъ расонида- аст. Дар бархе аз сарчашмаҳои таърихӣ зикр гардидааст, ки Мавлоно Румӣ на дар шаҳри Балх, балки дар канораи он – Вахшонзамини бостонӣ зода шудааст. Аз ин рў, камина дар китоби худ қайд намудам, ки падари Ҷалолиддини Румӣ–Баҳоуддинвалад қозии мулки Вахш буд, вале ҷуръат накардам, ки зодгоҳи ўро Вахшонзамин бинависам. Инак, бо мақсади аз наздик ошноӣ пайдо кардан бо диёри Вахш ба ин ҷо омадам ва мехоҳам барои китоби ояндаам маводи зарурӣ ҷамъ оварам. Тайи се рўзе, ки дар ин сарзамин будаму ёдгориҳои таърихии ин диёрро тамошо кардам, бовар ҳосил намудам, ки дар ҳақиқат, маълумоти муаллифони сарчашмаҳои қадимӣ асоснок буда, Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ тоҷики вахшонӣ аст. Радий Фиш илова кард, ки бо дархости Ҷамъияти умумииттифоқии «Дўстдорони китоб» дар бораи шоир ва андешаварзи бузурги форсу тоҷик Носири Хусрави Қубодиёнӣ асаре навиштааст, ки ба наздикӣ дар яке аз интишороти шаҳри Маскав ба табъ мерасад.

зеҳни сунъӣ · 8 октябри 2024 · 47 саҳифа · 3 писанд

Адабиёт
Аз аввал хондан

ДОСТОНИ МОРГИРИ ДУЗД

Моргире море аз моргири дигар дуздиду ба хонаи худ бурд. Аз қазо он мор хашмгин шуду тан ба таслим надод. Афсуни моргири дузд дар ў асар накард ва моргирро газиду кушт. Соҳиби аслии мор аз ҳодиса огоҳ шуду гуфт:

–Худо нигоҳ дорад. Ман дар ҷустуҷўйи ў будам, ки морамро пас бигирам ва дуо мекардам, ғофил, ки чӣ бар сари ў хоҳад омад. Агар дуои ман пазируфта мебуд, акнун ман ба ҷойи ў мурда будам.

Дар дуо мехостӣ ҷонам аз ў,

К-аш биёбам мор, бистонам аз ў.

Шукри Ҳақро, к-он дуо мардуд шуд,

Ман зиён пиндоштам, худ суд шуд.

Бас дуоҳо, к-он зиён асту ҳалок

В-аз карам менашнавад Яздони пок.

ДОСТОНИ МАРДИ СЎФӢ ВА ХОДИМИ ХОНАҚОҲ

Марди сўфие савор бар хари худ ҷаҳонгардӣ мекард. Дар роҳ ба хонақоҳе расид, харро дар охур басту худаш ба сўфиёни дигар пайваст ва бо онҳо ба зикр гуфтан нишаст.

Дафтари сўфӣ саводу ҳарф нест,

Ҷуз дили испед ҳамчун барф нест.

Он чи ту дар ойина бинӣ аён,

Пир андар хишт бинад пеш аз он.

Пас аз зикру тараб сўфиён сўфии ҷаҳонгардро меҳмон карданду суфра андохтанд, Сўфӣ, ки бар сари сурфа нишаст, ба ёди хари худаш афтод, ки хаста буду ташнаю гурусна. Ба ходими хонақоҳ гуфт, ки ба ў обу ҷав бидиҳад ва ғамхорӣ кунад.

Ходим гуфт:

–Эй вой, албатта, медиҳам!

Сўфӣ гуфт:

–Хари ман пир асту дандон надорад, ҷаверо, ки ба ў медиҳӣ, хуб тар кун!

Ходим гуфт:

–Эй вой, ҳеч неруе ҷуз ғайри Худованд нест!

Сўфӣ гуфт:

–Пушти ў захм шуда, қадре рўйи захмаш бигузор!

Ходим гуфт:

–Эй вой, ман беҳтар медонам! Мисли ў ҳазорон харҳоро бонӣ кардам, Гуфт:

– Оби ширгарм ба ў бидеҳ!

Ходим гуфт:

–Эй вой, ман меҳмонро хело дўст медорам, ба чашм!

Сўфӣ гуфт:

– Ҷояшро бирўб!

Хулоса, ҳар чӣ сўфӣ супориш кард, ходим «эй вой» гуфту фармонбардорӣ нишон дод. Дар охир бархост, ки барои иҷрои фармони сўфӣ биравад.

Ходим ин гуфту миён барбаст чуст,

Гуфт: «Рафтам коҳу ҷав орам нахуст».

Аммо ҳамин ки аз дар берун рафт, сўфию харашро фаромўш карду пайи кори худ рафт. Марди сўфӣ, ки хаёлаш аз бобати хар осуда шуда буд, низ ба хоб рафт.

Дар хоб дид, ки гургон ба хараш ҳамла бурда, гўшти ўро мехўрданд ва сўфӣ мепурсид: «Пас ходими меҳрубони хонақоҳ куҷост?»

Аз хоб бедор шуду дубора ба хоб рафт, боз дид, ки хараш лангон-лангон ба чоҳу чола меафтад. Аз хоб бедор шуд, ба худ гуфт, он ходим бо ман нону намак хўрд, набояд ба ў бадгумон бишавам, ки харамро нигоҳубин накардааст. Аз он сў, хари бадбахт дар оғил аз ташнагию гуруснагӣ меғалтид. Бомдод ходим хари нотавонро пеш андохту ўро бо халачўб меронд.

Хар ҷаҳанда гашт аз тезии неш,

Ку забон, то хар бигўяд ҳоли хеш?

Сўфӣ савори хар шуду ба роҳ афтод, аммо ҳайвони нотавон мадори роҳ рафтан надошт. Мардум ба тасаввури ин ки хар бемор аст, дар ҷустуҷўйи дарду дармон буданд. Ба сўфӣ гуфтанд:

–Ту дишаб аз тавоноии харат сухан мегуфтӣ ва супориши обу ҷав медодӣ, Чӣ тавр шуд, ки харат ба ин

ҳоли зору низор афтодааст?

Сўфӣ гуфт:

–Он ки тамоми шаб «эй вой» бихўрд, беҳтар аз ин наметавонад роҳ биравад. Ходими хонакоҳ ба ҷойи коҳу ҷав ба ў «эй вой» хўрондааст. Ҳар кӣ монанди ман ба ходим эътимод кунад, оқибате беҳтар аз ин нахоҳад дошт.

Дар сарзамини дигарон хона бино макун. Кина ба худ роҳ мадеҳ, ки гумроҳ мешавӣ, бад маяндешу бад макун.

Эй бародар, ту ҳамон андешаӣ,

Мобақӣ ту устухону решаӣ.

Гар гул аст андешаи ту, гулшанӣ,

В-ар бувад хоре, ту ҳимай гулханӣ.

ДОСТОНИ ШОҲУ БОЗ

Подшоҳе бозе дошт, ки бад-ў бисёр алоқаманд буд.

Рўзе аз вай бигрехту ба хонаи пиразане, ки бар лаби танўр ба кори нонпазӣ барои фарзандони худ саргарм буд, фуруд омад. Пиразан ўро бигирифту пояшро баст ва гуфт: Нохунҳои ту баланд шудаанд. Онҳоро чиду сипас ба парҳои ў нигарист. Ба назараш дарҳаму ошуфта омад. Онҳоро ҳам кўтоҳ кард.

Гуфт: «Ноаҳлон накардандат ба соз,

Пар фузуд аз ҳадду нохун шуд дароз.

Дасти ҳар ноаҳл беморат кунад,

Сўйи модар о, ки тиморат кунад».

Меҳри ҷоҳилро чунин дон, эй рафиқ,

Каж равад ҷоҳил ҳамеша дар тариқ.

Шоҳ ба дунболи бози худ ҳамаро ҷустуҷў кард ва ба хонаи пиразан расид. Бозро бадбахту парканда, нохунчидаву зору нолон миёни гарду хок дид.

Гуфт: «Ҳарчанд ин сазои кори туст,

Ки набошӣ дар вафои мо дуруст».

Боз ба забони безабонӣ, аз ин ки аз кохи шоҳ фирор карда ва бевафоӣ нишон додааст, узр мехост ва ба забони ҳол мегуфт:

–Ҳарчанд ман гунаҳгорам, аммо ба сазои худ расидаам. Нохуни шикору пари парвозро ҳам аз даст додам.

Пушаймонам, меҳрубонии ту маро дубора соҳиби нохуну пар хоҳад кард:

Гарчи нохун рафт, чун бошӣ маро,

Барканам ман парчами хуршедро.

Варчи паррам рафт, чун бинвозиям,

Чарх бозӣ кам кунад дар бозиям.

Гар камар бахшим, кўҳро барканам,

Гар диҳӣ килке, аламҳо бишканам.

Охир аз пашша на кам бошад танам,

Мулки намрудӣ ба пар барҳам занам.

Подшоҳро дил бар ў бисўхту пушаймонии ўро пазируфт ва навозишкунон ўро ба хонаи худ бурд.

То нагиряд тифл, кай нўшад лабан?

То нагиряд абр, кай хандад чаман?

ДОСТОНИ СЎФӢ, КИ МИЗБОНАШ ХАРАШРО ФУРЎХТ

Сўфие дар хонақоҳ аз раҳ расид,

Маркаби худ бурду дар охур кашид.

Обакаш доду алаф аз дасти хеш,

На чун он сўфӣ, ки мо гуфтем пеш.

Марде хаставу кўфта савор бар хараш ба дари хонақоҳе расид. Хуш кард, ки шаб он ҷо бимонад, то ҳам худаш осоише ба даст овараду ҳам хастагии роҳро аз тан бадар карда, барои идомаи сафар омода шавад. Пас харро ба тавила бурду ба охур баст ва коҳу ҷаву об ба ў дод. Баъд назди сўфиёни хонақоҳ рафт, ки ўро гиромӣ пешвоз гирифтанду ба шом даъваташ намуданд. Аммо дарвешон «оҳ» дар бисот надоштанд ва барои пазироӣ аз меҳмон дасташон холӣ буд. Муддате буд, ки ғизои сергирашон наёмада буд ва барои пазироии сўфии тозаворид дармонданд. Пас аз машварат бо якдигар тасмим гирифтанд, ки хари сўфиро бифурўшанд ва бо пули он шоми хубе фароҳам созанд. Ва ҳамин корро ҳам карданд.

Эй тавонгар, ки ту серӣ, ҳин маханд,

Бар кажии он фақири дардманд.

Аз сари тақсири он сўфи рама

Харфурўшӣ даргирифтанд он ҳама.

К-аз зарурат ҳаст мурдоре мубоҳ,

Бас фасоде, к-аз зарурат шуд салоҳ.

Ҳам дар он дам он харак бифрўхтанд,

Лут оварданду шамъ афрўхтанд.

Дар ҳангоми сахтӣ хўрдани гўшти мурда ҳалол мешавад ва бисёр корҳои бад дар мавқеи ночорӣ хуб шумурда мешаванд. Дарвешон ҳам бо фурўши хару пули он зиёфати пуршукўҳе оростанд ва аз сўфии тозарасидаи соҳиби хар бисёр хуб пазироӣ карданд. Пас аз хўрдану нўшидан ба сурудхонию рақс пардохтанд. Дар миёни айшу ишрату овозхонӣ сўфиён суруде оғоз карданд, ки нақароти он ин ҷумла буд, ки «хар бирафту хар бирафту хар бирафт».

Гоҳ дастафшон қадам мекўфтанд,

Гаҳ ба саҷда суффаро мерўфтанд.

Дарвеши мусофир сархушу хушҳол бо дигарон ҳамовоз шуда ва бо сурур тарона мехонду нақароти онро ба шавқ такрор мекард, то шаб ба поён расиду дарвешони хаста ба хоб рафтанд. Сўфии мусофир ҳам ҷое хобиду бомдод, ки бедор шуд, асбоби сафари худро гирд овард ва ба тавила рафт, то харашро гираду сафарашро идома диҳад, вале маркабашро он ҷо надид.

Фикр кард, ки ходим маркабро берун бурдааст, ки об бидиҳад. Муддате мунтазир шуд, то ходим пайдо гардид ва харашро пурсон шуд. Ходим бо таънаву маломат гуфт:

–Кадом хар? Магар хари дишабаро мегўйӣ, ки дарвешон онро фурўхтанд ва харҷи пазироии дишаб карданд?

Сўфӣ бо хашм фарёд зад:

– Чаро ҳамон дишаб нагуфтӣ?

Ходим гуфт:

–Ту ҳангоми пойкўбӣ ва овозхонӣ бо ҳамроҳии дигарон мехондӣ, ки «хар бирафту хар бирафту хар бирафт!» Ман фикр кардам аз ҳодиса хабар дорӣ. Фурўши хар ба хушнудӣ ва иҷозати худат шудааст:

Ту ҳамегуфтӣ, ки хар рафт, эй писар,

Аз ҳама гўяндагон бозавқтар.

Боз мегаштам, ки ў худ воқиф аст,

З-ин қазо розист, марде ориф аст.

Гуфт: «Онро ҷумла мегуфтанд х(в)аш,

Мар маро ҳам завқ омад, гуфтанаш.

Мар маро тақлидашон бар бод дод,

Ки дусад лаънат бар он тақлид бод!

Хоса тақлиди чунин беҳосилон,

К-обрўро рехтанд аз баҳри нон.

Марди сўфӣ донист, ки тамаъ ба зиёфати дарвешон ва айшу нўши шабона ўро аз огоҳии ҳақиқат боз доштааст ва ба тақлиди аз онҳо ва ширкат дар пойкўбию овозхонӣ хушнудии худро аз фурўши хар нишон додааст, бинобар ин, дигар пушаймонӣ суде надорад.

пешина
аз 47
навбатӣ