Зеҳн
Башир Усмон Дидор

«Дидор» ҳикояҳои муаллиф ва бархе аз гирдовардаҳои ӯро фаро гирифтааст. Ҳар як ҳикояи Башир Усмон дар маҷмӯаи «Дидор» дар худ маъниҳои бикреро нуҳуфта дорад, ки хонанда онҳоро ба осонӣ дарк, қабул ва ҳазм мекунад.

зеҳни сунъӣ · 29 ноябри 2024 · 11 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ба назарат ин вазъияте, ки мо афтодаем, аламовар нест? Бо ҳамдигар як узви комил будем.

Ҳоло ман бе ту нопурраам, ту бе ман танҳо.

Азизам, ё баргард ё маро ҳам бо худат бар!

Медонам, намеоӣ. Ҳеҷ набошад, иҷозат деҳ вақте ба наздат меоям, бо ту бимонам. Чаро фикри бо ту мондан то ҳол ба сарам наомада буд? Имрӯз хуб қарор додам. Аз наздат намеравам, дигар.

Бубин, ҳоло ман дар назди туам. Оғӯш мегирам мазоратро. Аз ҳароратам мазорат гарм мешавад. Ту ҳам гарм мешавӣ. Охир, қалби ман он қадар гарм аст, ки дар оташи фироқат месӯзад. Туро сахт дӯст медорад дилам ва барои ту метапад.

Оҳ, азизам, туро он қадар дӯст медорам, он қадар пазмон шудаам... Аммо акнун, меоям яктои ман, меоям, меоям...

... Ва cубҳи рӯзи дигар дарбони қабристон мардеро дид, ки рӯи қабре парӯ хобида, дар дасташ як даста гули садбарги сурх дорад. Дарбон кӯшиши бедор кардани ӯро кард. Марди хобро ҷунбонд, садо зад, такрор ба такрор фарёд кашид, аммо ҳайҳот.

Мард бедор нашуд, ҷавоб надод... Гули «ростӣ» Шоҳзодаи Чин бояд ба тахт мебаромад, аммо тибқи оини давлатдории он замон аввал оиладор шудананаш даркор буд. Ба хотири пайдо кардани номзади мувофиқ чанде аз духтарони ҷавони шаҳрро ба ҳузураш даъват кард. Духтари яке аз хизматгорони дарбор шоҳзодаро хеле зиёд дӯст медошт. Вай ҳам хоҳиш кард, ки ба ҳузури шоҳзода барояд. Модараш ҳарчанд итобу сиёсат кард, аммо натавонист монеи духтар бишавад.

Соати таъиншуда фаро расид. Духтарони ҷавон ва зебои зиёде ҷамъ омаданд. Барои он ки писанди табъи шоҳзода бошанд, беҳтарин либосҳо пӯшида, худро бо қиматтарин дурру марҷон оро доданд. Хуллас, ки барои мақбули шоҳзода шудан ҳама роҳро ба кор бурданд.

Шоҳзода ба ҳар як духтар яктои тухми гул дода, фармуд, ки онро ба гулдоне шинонда, баъд аз шаш моҳ ба ҳузури вай биёранд. Ҳар кас тухмро гирифта, бо шӯру ҳаяҷони зиёд сӯи хонааш шитобид.

Духтари хизматгори дарбор низ тухми ба ӯ додаро ба гулдоне шинонд. Ҳарчанд бо диққат нигоҳ мекарду ба гулдон об мемонд ва хоки гулдонро нарм мекард, чизе намерӯид. Ҳама корро кард, бо чанд гулпарвар суҳбат карда, маслиҳат гирифт, аммо беасар буд. Шаш моҳ гузашт, вале гулдон ҳанӯз холӣ буд. Бо вуҷуди он ки духтари хизматгор ба ҳузури шоҳзода гули мебурдагӣ надошт, аммо соати муқарраршуда бо гулдони холӣ ба дарбор рафт. Баракси вай духтарони дигар бо гулҳои зебо омада буданд. Ниҳоят соати муҳиму лаҳзаи ҳаяҷон фаро расид: Шоҳзода ба ҳуҷрае, ки духтарон ҷамъ омада буданд, ворид шуд. Ӯ гулдонҳоро як як аз назар гузаронд ва эълон кард, ки духтари хизматгорро ба занӣ мегирад.

Ҳама дар ҳайрат монд. Духтарони дигар ба ин қарори шоҳзода норозигӣ баён карданд. “Ин чӣ гуна қарор аст, ки соҳиби гулдони холиро ҳамсар мегиред?”,- мегуфтанд онҳо. Шоҳзода вазъиятро чунин шарҳ дод: “Ин бонуи ҷавон ба ман беҳтарин гулро тақдим кард. Гули ростиро! Чунки аз тухмҳои ба шумо додаам, гул намерӯид. Онҳо пуч буданд!” Гули ҳасрат

Толори додгоҳ пур аз одам буд. Аз ҳама зиёд хабарнигорон ба назар мерасиданд. Кӣ медонист, ки фардо дар саҳифаи аввали рӯзномаҳояшон чӣ гузориш ё сармақолае нашр хоҳанд кард. Охир, ин бори аввал буд, ки ҷуфте дар 70−солагӣ аз ҳам ҷудо шаванд…

Толори пурмағалро садои тақ−тақи судя оромӣ бахшид.

− Марҳамат, холаҷон, гап занед, ба пиразан рӯ оварда гуфт судя.

Пиразан нафаси чуқур кашида, нӯги докаи сафеди сарашро, ки даҳонашро пушида буд, озод карда, ба гуфтор лаб кушод:

− Ин мардак 50 сол боз аз ҷон серам кард.

Пиразан, ки бо ғазаб ба ҳамсараш менигарист нигоҳи тезашро аз рӯйи мӯйсафед барчида, ба судя нигарист.

Ба ҷонам зад... Аз ғояти ҳаяҷону ғазаб даҳонаш хушк шуда буд. Хост оби даҳонашро фурӯ барад, аммо натавонист. Дигарбора ба ҳамсараш ишора карда, илова намуд:

− Ин ношуд 50 соли умрамро заҳр гардонд, чида−чида ҳарф мезад пиразан. Дар толор хомӯшӣ ҳукмрон буд. Агар пашша пар занад, шунида мешуд. Ин хомӯшии бардавомро аз ҷой бархостани яке аз хабарнигорон шикаст. Аз пушти ӯ мухбири суратгири дигар якбора дастгоҳи аккосиашро фаъол карда, чанд акс гирифт. Агар аз дасташон меомад, аз даҳони кампир ҳарфҳоро бо анбур кашида мебароварданд. Барои онҳо ин даъвои судӣ хабари хеле аҷиб буд.

Пиразан суханонашро давом дод:

− Мо як гул доштем. Онро Гули ҳасрат меномидем. Ба мо насиб нашуд, ки фарзанд ёбем.

Аз ин рӯ, он гулро, ки бо дастони худ парварда будам, чун фарзанд дӯст доштам… Ӯ инро дар ёд надорад, ба шавҳараш ишора карда афзуд зан. Ман он гулро аз тухмиҳои ба ман додааш парвариш кардам. Ин расо 50 сол пеш буд. Замоне гул пажмурда шудан гирифт. Ҳар шаб аз хоб бедор шуда, обаш медодам. Зеро гуфта буданд, ки ин кор метавонад гулро аз хушкшавӣ нигоҳ дорад. Ин кор

50 сол давом кард. Чунки ман қавл дода будам.

Вале ӯ тӯли ин муддат ҳатто як шаб ҳам ба гул об надод. Бале, писарам судя, бо ана ҳамин хел як нафар 50 соли умрамро сипарӣ кардам. Ман ба ӯ тамоми умеду орзуямро бахшидам, аммо аз ӯ як хайре ҳам надидам. Як бор ҳам ақаллан ба ҷои ман корамро иҷро накард. Барои ҳамин, ман фикр дорам, ки боқимондаи умрам бе ӯ хуб хоҳад гузашт. Бинобар ин, талаб дорам, ки моро расман ҷудо кунед.

Судя ба пирамард, ки паҳлуи ҳамсараш менишаст, рӯ оварда гуфт:

− Шумо ягон гуфтанӣ доред, амак?

Пирамард то ин дам боре ҳам ба минбар набаромада буд. Шарм медошт. Аз ин рӯ, бо такяи асо оҳиста аз ҷой бархост.

− Хизмати аскариамро дар кӯшки президент гузарондам, сухан сар кард ӯ.

Боғбон будам, боғи калони кӯшкро нигоҳубин мекардам. Боғ гулҳои рангоранги зиёд дошт. Ман ҳамсарам Фариштаро он ҷо шинохтам. Гули ҳасратро низ…

Ҳар бор аз гулҳои мухталиф дастагул ё сабад омода мекардам ва ба фариштаи орзуҳоям тақдим менамудам… Солҳои аввали оиладориамон буд.

Ҳамсарам ба дарди миён гирифтор шуд. Табиб гуфт, ки дуру дароз хоб карданаш зарар дорад.

Бояд шабҳо аз хоб бархоста, каме ҳаракат кунад.

Азбаски Фариштаи ман хобро сахт дӯст медошт, ба гуфтаи табиб аҳамият надод. Сахтгириҳои ман низ беасар буданд.

Дар чеҳраи мӯйсафед осори табассум падид омад. Ин табассуми шахси закиву донишманде буд. Ӯ нақлашро идома дод: − Тасодуфан ҳамон шабу рӯз Гули ҳасрат пажмурда шудан гирифт. Ба ҳамсарам гуфтам, агар шабҳо обаш диҳӣ, аз хушкшавӣ эмин мемонад. Ӯ ҳам қавл дод, ки ҳар шаб хеста, ба гул об медиҳад.

Ҳар нимишабӣ ин корро мекард. Гулро бо меҳр об медоду ман ба ӯ менигаристам.

Мӯйсафед каме бозистод ва ба ҳамсараш, ки дар паҳлӯяш менишаст, нигоҳи меҳрборе афканд.

Он гуна, ки шабҳо ҳангоми ба гул об монданаш менигарист.

− Ҳар шаб гӯё он гул ман будам, бо як меҳрубонӣ идома дод мӯйсафед, ки нақлаш диққати атрофиёнро чун оҳанрабо мекашид.

Ҳар шаб баъди он ки ҳамсарам ба гул об монда мехобид, ман аз ҷой мехестаму оби гулро холӣ мекардам.

Чунки Гули ҳасрат оби шабро намеписандад. Агар ба он шаб об монӣ, мехушкад.

Мӯйсафед вазнашро аз як пой ба пойи дигар партофта, афзуд:

− Пирӣ, писарам, пирӣ… Он шаб ба хоб мондам. Ҳамсарам гулро об монда, хуфтааст. Ман натавонистам он шаб оби гулро холӣ кунам. Аз ин рӯ, писарам, гунаҳкорам...

Дар толори пуродам касе оби чашмашро дошта наметавонист. Хабарнигорон ҳам мутаассир шуда ашк мерехтанд… Гулҳо барои чӣ?

Ҷавон баъди солҳои тӯлонӣ аз муҳоҷират ба Тоҷикистон баргашт. Дар остонаи дар ӯро ҳамсару тифлакони дӯстрӯяш пешвоз гирифтанд.

Ӯ дастагули зеборо, ки аз гулҳои рангорангу хушбӯ таркиб ёфта буд, ба ҳамсараш дароз кард.

Зан ки баъди арӯсиаш бори охир дар яксолагии издивоҷашон гулдаста гирифта буд, ин амали шаваҳарашро фаҳм карда наметавонист. Ҳайрон шуда пурсид:

− Ин гулҳо ба чи хотиранд?

Марди хонадон табассум карду чизе нагуфт, аммо аз дилаш фикре гузашт: “Бечора ҳамсарам, хабар надорад”

Зан ба суолаш ҷавоб нагирифта бошад ҳам, пофишорӣ накард. Охир, вай мактубҳои телефонӣ (паёмакҳо)−и рӯзҳои охир фиристодаи шаваҳрашро низ сарфаҳм рафта наметавонист. Ин кори шавҳар ҳам занро ҳайрон карда буд, зеро собиқа надошт.

Паёмакҳои ба телефони зан фиристодаи шавҳараш саршори меҳру лабрези садоқат буданд. Ин ҷуфти ҷавон муносибати хеле хубу самимӣ доштанд, аммо паём фиристодан тариқи телефон бори аввал буд дар ҳаёташон.

− Қаблан гул намеовардӣ, бори охир дар солгарди аввали издивоҷамон буд гул оварданат, гуфт зан табассумкунон ба шавҳараш, − ё пеш аз омаданат хобе дидӣ?

Мард низ табассуме карду ин дафъа суоли ҳамсарашро беҷавоб нагузошт.

− Ту ба ин ҳама лутфу меҳрубонӣ сазоворӣ.

Охир, ин тӯӣ, ки сӯям бо меҳр менигарӣ. Ҳамеша боэҳтиром муомила мекунӣ. Соҳиби оила буданамро ба ман ҳис мекунонӣ. Ба тифлаконамон модарӣ...

Тӯли ин қадар вақте ки набудам, онҳоро дурусту хушахлоқ тарбия намуда, ба мактаб додӣ. Дар таълимашон чизеро дареғ надоштӣ, ба тарбияашон сахт аҳамият додӣ. Вале ман набудам. Оре, ин қадар вақт ман дар паҳлуят набудам. Аммо ту собит будӣ ва нагузошти, ки набуданамро ҷигарбандон ҳис кунанд. Имрӯз чун онҳо баъди солҳои зиёд “падар” гӯён наздам метозанд, хеле шод мешавам ва аз ту фахр мекунам. Бубахш, азизам, ки ин қадар сол танҳо гузоштамат. Ман барои ин ҳама хушбахтиам аз ту қарздорам.

Гунаҳои занро бо шунидани ин ҳарфҳои меҳрбор табассум зеб медод, вай шодмон буд. Аз бари рӯи мард қатраҳои ашк поён метаровид...

Воқеан, чанд вақт боз ӯ ба ҳамсараш мактуб менавиштагӣ шуд. Дақиқан, аз бозе, ки фаҳмид мариз аст, сатрҳои муҳаббатро аз дафтари дил ба коғаз рӯбардор кард. Ҷавон гирифтори саратони гулӯ буду баъди чанде бояд ҷарроҳӣ мешуд.

Ҷарроҳие, ки дар пайаш барои чанд муддат ва ё абадан аз гуфтор мемонд...

− Ин номумкин аст! Худоё, наход ӯ зинда бошад?! мегуфт капитани навбатдор Набӣ Холиқов.

пешина
аз 11
навбатӣ