Зеҳн
Башир Усмон Дидор

«Дидор» ҳикояҳои муаллиф ва бархе аз гирдовардаҳои ӯро фаро гирифтааст. Ҳар як ҳикояи Башир Усмон дар маҷмӯаи «Дидор» дар худ маъниҳои бикреро нуҳуфта дорад, ки хонанда онҳоро ба осонӣ дарк, қабул ва ҳазм мекунад.

зеҳни сунъӣ · 29 ноябри 2024 · 11 саҳифа

Ҳикоя

Пешгуфтор

Ба ростӣ, ба синну соли нависандаи ҷавони умедбахш Башир Усмон нигоҳ карда, кас дар ҳайрат мемонад, ки дар боби оила, ба вежа устувору бардавом нигоҳ доштани он, ин қадар кашфиёту хулосабарориҳои аҷибро аз куҷо дарёфт намудааст. Ва баъди шиносоии андаке бо адиби ҷавон маълум мегардад, ки мушоҳидакории хосаи фитриву омӯзиши пайваста ва бар илова таҷрибаи журналистӣ ба ӯ чунин биниши борику дониши фаровонро ато кардаанд.

Акнун бингарем, ки ӯ дар анҷоми ҳикояи хурдаш - «Алмос» чӣ «қайд»-е дорад: «Ҳангоми иитихоби ҳамсар ҳар яки мо умед бастем, ки ӯро хуб: шиносем. Одатҳояш, тарзи зиндагиаш, завқаш, оила ва кору фаъолияташро ҳам фаҳмида гирифтем... Фарз кардем, ки оиладор шудем. Ҳаётро бо ҳам қисмат кардем. Солҳо гузашт. Ҳоло ба ҳамсари худ чӣ гуна менигарем?

Албатта, нигоҳамон бояд мисли нигоҳи коллексионери сангҳои қиматбаҳо ба алмос бошад, ки дар дил ба он ҳиссиёти наҷиби муҳаббат мепарварад…»

Дар муҳаббат, ки нависандаи ҷавон онро сутуни асосии нигаҳдорандаи оила медонад, дурӯғ, ҳилла, фиребу найранг ба кор наомада, чунин зуҳурот боиси хазон гаштани муҳаббату харобии оила мегарданд. Танҳо ростию росткорӣ, садоқату вафодорист, ки муҳаббатро нерӯи тоза бахшида, ниҳоли онро босамар мегардонанд ва оиларо ба дарозо пойдору устувор нигаҳ медоранд.

Ҳамин тавр, ҳар як ҳикояи хурди дигари Башир Усмон дар маҷмӯаи «Дидор» дар мавзӯи оилаву оиладорӣ дар худ чунин маъниҳои бикреро нуҳуфта дорад, ки ҳар як хонанда онҳоро ба осонӣ дарк, қабул ва ҳазм мекунад ва интихоби мавзӯву таҳқиқи он аз ҷониби нависандаи умедбахши мо айни муддао, ва сазовори таҳсин аст.

Неъматулло Худойбахш, нависанда

Алмос

Тоҷири сарватманд ба ҷамъоварӣ ва нигоҳдорӣ (колексия)-и сангҳои қиматнок шуғл дошт. Дер боз як алмоси гарону хосаеро орзу мекард, ки ба қатори сангҳояш ворид созад. Ӯ ба чанд нафар, ки ба харидуфурӯши сангҳои қиматнок машғул буданд, муроҷиат кард ва интизори расидан ба орзуяш буд.

Ниҳоят, хабар расид, ки нафаре алмосеро ба фурӯш гузоштааст. Тоҷир зуд худро ба назди ӯ расонд.

Соҳиби алмос барои бо нархи хуб ба фурӯш рафтани молаш беҳтарин мутахассисро даъват карда буд, то таърифу тавсифи онро ба авҷ расонад.

Мутахассис ҳам дар бораи махсусиятҳои алмос маълумоти муфассал дод. Ӯ таърихи алмосро, аз дасти киҳо гузашта, ба кадом намоишгоҳҳо ба намоиш гузошта шуданашро ва хеле қиматбаҳо буданашро ба харидор фаҳмонд. Вале тоҷир баъди шунидани муаррифии мутахассис аз харидани алмос даст кашид. Ӯ нияти рафтан дошт, ки соҳиби алмос гуфт:

- Агар, розӣ бошед, дар бори алмос як бори дигар ман гап занам.

Харидор розӣ шуд.

Соҳиби алмос ҳеҷ яке аз гуфтаҳои мутахассиси алмосшиносро такрор накард. Ӯ сангро ба даст гирифта, чуқур нафас кашид. Пасон бо ҳайрат ба алмос нигарист. Дар ҳоле ки чашмонашро аз алмос намеканд, иброз дошт, ки он як пораи муҳиме дар маҷмуаи вай ба ҳисоб меравад. Вақте нақл мекард, мисли мутахассиси алмосшинос ҷумлаҳои дурусту ботартиб надошт, суханҳояш парокандаву берабт мебаромаданд. Ӯ бо чашмони пурмеҳр, мисле ки аз маҳбуби дилаш ҷудо шуда бошад, ба алмос менигарист. Овозаш гирифтаву андӯҳнок мебаромад, мисле ки фарзанди азизашро ба сафари роҳи дур мефиристода бошад. Аз ғояти ҳаяҷон дар чашмонаш донаҳои ашк падид омад.

Донаҳои ашк аз назари тоҷир пинҳон намонд. Ӯ ба риққат омада, дарҳол алмосро харид. Онро ба зарфи махсус гузошта, ба ҷайбаш ниҳод. Пасон, ба алмосфурӯш рӯ оварда, пурсид:

- Мутахассиси кирокардаи шумо ҳар қадар алмосро васф кард, натавонист маро қоил созад.

Ин ба шумо чӣ гуна муяссар шуд?

Колексионер бо табассум ҷавоб дод:

- Мутахассис дар ҳақиқат корашро хуб иҷро мекунад. Дар дунё ба мисли ӯ касе дар бораи сангҳои қиматнок маълумот надорад. Ягона аст дар кори худ. Барои ин маълумот ва донишаш ба ӯ маоши баланд медиҳам. Вале он чиро, ки ман дорам, агар ӯ медошт, бешубҳа маошашро ду баробар меафзудам.

- Чи аст он?- пурсид тоҷир.

Колексионер ҷавоб дод:

- Ӯ алмосшинос аст, ман бошам дӯстдори алмос.

ҚАЙД: Ҳангоми интихоби ҳамсар ҳар яки мо умед бастем, ки ӯро хуб шиносем. Хурдтарин ҷузъиётро дар борааш пурсидем. Одатҳояш, тарзи зиндагияш, завқаш, оила ва кору фаъолияташро ҳам фаҳмида гирифтем. Шояд дар бораи ҳамсари худ аз маълумоти ба тоҷир додаи мутахассиси сангҳои қиматнок дида, маълумоти бештар гирифтем. Ва ба ин маълумот, нигариста ё аз интихобамон даст кашида, ба ҷустуҷӯи дигаре рафтем ё маълумот маъқуламон шуду интихоб кардем.

Фарз кардем, ки оиладор шудем… Ҳаётро бо ҳам қисмат кардем. Солҳо гузашт.

Ҳоло ба ҳамсари худ чӣ гуна менигарем?

Оё нигоҳи мо ба вай мисли нигоҳи колексионери сангҳои қиматбаҳо ба алмос аст ё чун нигоҳи хушки мутахассиси алмосшинос?

Асрори хушбахтии мӯйсафед

Кӯдак бобояшро мепурсад:

− Бобоҷон, бо бибиам чанд сол боз оиладоред?

− 40 сол мешавад, писарам.

− Ман ягон маротиба шоҳид нашудам, ки шумо бо якдигар ҷанг карда бошед. Ин ягон сир дорад?

− Бишин, писарам, мефаҳмонам, мегӯяд бобо ва ба нақл сар мекунад.

“Ҷони бобо, вақте ки ман бо бибиат оиладор мешудам, қариб ки ҳеҷ чиз надоштам. Ҳеҷ кас ҳам...

Он солҳо зиндагӣ вазнин буд. Камбағалӣ. Ман бибиатро аз як деҳаи хеле дур арӯс кардам. Баъди он ки никоҳ бастем, се−чор ашёи лозимии бибиатро гирифтему ба асп бор карда, ҷониби деҳаи мо ба роҳ даромадем. Дар роҳ пойи аспам лағжиду чанд қадам лангон−лангон роҳ рафт.

Ман ба шуморидан сар кардам. Гуфтам:

- Як!

Мо роҳамонро давом додем, пойи асп бори дигар лағжид.

Гуфтам:

- Ду!

Ҳоло то деҳа роҳ дур буд. Вақте пойи асп бори дигар лағжид, “Се” гуфтам ва туфангро бароварда, аспро парондам. Баъд бибиат сар кард: “Акнун мо чӣ хел меравем? Чаро аспро парондӣ? Ҳуш дорӣ ё надорӣ? Ҳоло ин бору бандро чи хел мебарем?” Ман ба чашмони бибиат нигариста, бо ғазаб гуфтам:

- Як! Аз ҳамон рӯз ин ҷониб хеле шоду хурсанд зиндагӣ мекунем...”

Бе ту нопурраам

Салом азизам!

Бубин, барои ту як даста садбарги сурх овардам. Гулҳои аз ҳама дӯстдоштаатро. Ба сару рӯям аз он атре молидам, ки бӯяшро аз ҳама зиёд дӯст медоштӣ. Сирф барои ту, ҷонам. Медонӣ, охир, аз бозе, ки рафтаӣ хона сокиту холист. Медонам, ҳар қадар “туро дӯст медорам” ва “туро бениҳоят пазмон шудаам” гӯям ҳам, барнамегардӣ. Аммо ман боз ҳам мегӯям: ТУРО ДӮСТ МЕДОРАМ ва ТУРО САХТ ПАЗМОН ШУДААМ.

Ин пагоҳӣ ҳам аз хоб барвақт бедор шудам.

Одати деринаамонро бори дигар анҷом додам, ҳамонеро, ки аз болохона баромада аз пушти кӯҳҳои бузург баланд шудани офтобро тамошо мекардем. Чашмонам беихтиёр пури об шуданд.

Ба ҳамон курсии ҷумонак, ки доим нишаста бо чеҳраи хандон бозӣ мекардӣ, нишастам. Нишастам ва нидои “кошкӣ” беихтиёр аз забонам садо дод.

Кошкӣ дар паҳлуям мебудӣ, то бори дигар туро сахт оғӯш мегирифтам. Бори дигар саратро рӯи китфонам гузошта, “туро дӯст медорам” мегуфтӣ. Ва ман “ман бештар аз ин дӯст медорамат” мегуфтам ва баҳс мекардем рӯи мавзӯи “кӣ зиёдтар дӯст медорад”.

Чи мешавад, яктои ман, баргард, охир. Бовар кун ҳар чи хоҳӣ, мекунам. Ҳар чи гӯйӣ, бо ҷону дил ба иҷро мерасонам. Бубин, ана, сигоркаширо ҳам бас кардам. Бовар кун, дигар сигорро ба дастам намегирам. Медонам, дар ин мавзӯъ туро сахт ранҷондам, дилатро озурдам. Медонам, ба сигор нафрат дорӣ. Охир, сигоркаширо вақте сар кардам, ки аз рафтанат огоҳ шудам. Аммо акнун тамоман аз он истифода намекунам.

Ҳуҷраи кориат пештара барин мондааст.

Ҷои ягон ашёро тағйир надодам. Ҳатто, “хирсаки” майдаякат, ки маъқулам набуд, дар ҷояш истодааст.

Бовар кун, нарасидам онро. Бовар намекунӣ, аммо ман ҳатто ҳамон коғазҳои сиёҳи нолозимро, ки ба қуттии партов партофта будӣ, нарасидам, напартофтам. Баъд аз ин ҳам нахоҳам партофт.

Имрӯз ҳамаи ашёи дар ҷевон будаатро баровардам. Ҳамаашонро як-як бӯй кашидам. Ҳар яке бӯйи туро дошт. Онҳоро аз нав ба тартиб оварда ба ҷояшон гузоштам. Чашмонам туро ҷустанд.

Наёфтанд. Набудӣ, охир. Беовозу хомӯш гиристам.

Дар хона ба фикр ғуттавар будам, ки аз радио суруди дӯстдоштаамон садо дод. Ҳамон суруде, ки ба ҳамдигар нигариста бо овози баланд месурудему мерақсидем.

аз 11
навбатӣ