Зеҳн
СИЁҲ ВА САФЕД

Воқеа дар як шаҳраки яке аз штатҳои ҷанубии Амрико рух додааст.

Зеҳн · 28 ноябри 2024 · 9 саҳифа

Санъат
Аз аввал хондан

ЛИЗЗИ. То субҳ боз ҳашт соат. Ба гумонам, мижа таҳ карда наметавонам. (Сукут.) Ин ҷоро шабҳояш ҳам чунон гарм аст, ки дами одам мегирад. (Сукут.) Ҳабаш чӣ шуд?

СЕНАТОР. Кадом Ҳабаш? Ҳа, вай... Ҷустуҷўяш доранд.

ЛИЗЗИ. Чӣ мешавад ҳолаш? (Сенатор китф дарҳам мекашад.

Ғавғои кўча меафзояд. Назди тиреза меравад.) Барои чист ин доду вой?

Одамро бине-ед, дар дасти ҳамаашон – чароғак, ҳамроҳашон – сагҳо.

Раҳпаймоии чароғдорон аст магар? Ё... Бигўед, Сенатор! Бигўед, барои чӣ ин қадар доду фиғон доранд онҳо?

СЕНАТОР (Аз ҷайбаш номае мебарорад). Хоҳарам хоҳиш кард, ки ана инро ба шумо бисупорам.

ЛИЗЗИ (хушҳолона). Хоҳаратон ба ман нома навиштанд? (Лифофаро кушода, як коғази саддоллараро берун меорад, номаро меҷўяд, вале наёфта, лифофаро ғиҷим карда, ба фарш мепартояд; садояш тағйир меёбад.) Сад доллар... Офарин, нағз сарфа кардед: писаратон панҷсад доллар пешниҳод карда буд.

СЕНАТОР. Фарзанди азиз...

ЛИЗЗИ. Миннатдории маро ба хоҳаратон бирасонед. Бигўедашон, ки ягон зарфаки японӣ ва ё ҷўроби нейлонии интихоби худашон бароям афзалтар буд. Муҳим таваҷҷуҳ аст, охир, ҳамин хел не, ҷаноби сенатор? (Сукут.) Хуб бобам кардед, офарин. (Хомўшона ба чашмони ҳамдигар менигаранд.)

СЕНАТОР (ба ў наздиктар шуда.) Ман шуморо розӣ мекунам, фарзанди азиз. Акнун, биёед, як ба як рўирост суҳбат бикунем.

Медонам, ки ин лаҳза дилатон бисёр ганда аст ва ба дастгирии ман ниёз доред.

ЛИЗЗИ. Беш аз ҳама ман ба пул ниёз дорам. Ва, гумон мекунам, дар ин масъала ману шумо забон меёбем. (Сукут.) То ҳол мўсафедонро бисёр эҳтиром мекардам, аз дидани чеҳраи солхўрдаашон ба риққат меомадам. Акнун дидам, ки найрангбози гузарое будаанд онҳо ҳам.

СЕНАТОР (хушҳолтар). Найрангбоз?! Кош ягон ҳамкори ман мешунид ин суханонро! Чӣ самимияти олиҷаноб! Ҳанўз дар ниҳоди шумо оташаке ҳаст, ки боди бероҳагиатон ҳам хомўшаш карда натавонистааст. (Навозиш мекунад.) Оре, оташаки аҷибе ҳаст... (Лиззи ором аст, вале чеҳрааш нафратро ифода мекунад.) Ман боз меоям.

Гуселам накунед. (Меравад.)

Лиззи лаҳзае сокит меистад, баъд аз рўи миз коғази саддоллараро гирифта, ба фарш меафканад ва, ба курсӣ нишаста, фиғон мекунад. Доду фарёди кўча наздиктар мешавад. Аз дур садои тирпарронӣ ба гўш мерасад.

Ҳабаш, аз паси парда баромада, назди Лиззи меояд. Лиззи баногаҳ ўро мебинаду дод мезанад.

Саҳнаи дуюм

Лиззи ва Ҳабаш

ЛИЗЗИ. Воҳ! (Лаҳзае сукут. Бармехезад.) Дилам гувоҳӣ медод, ки ту меоӣ!.. Албатта, меоӣ! Чӣ хел даромадӣ?

ҲАБАШ. Аз тиреза.

ЛИЗЗИ. Чӣ мехоҳӣ?

ҲАБАШ. Пинҳонам кунед.

ЛИЗЗИ. Гуфтам, ки не.

ҲАБАШ. Ин доду фарёдро мешунавед, хонум?

ЛИЗЗИ. Кар нестам.

ҲАБАШ. Ин доду фарёд оғози шикор аст.

ЛИЗЗИ. Чӣ хел шикор?

ҲАБАШ. Шикори ҳабашҳо.

ЛИЗЗИ. Ҳа... (Сукути бардавом.) Бовар дорӣ, ки онҳо даромаданатро надидаанд?

ҲАБАШ. Оре.

ЛИЗЗИ. Ба дасташон биафтӣ, чӣ мешавад?

ҲАБАШ. Бензин.

ЛИЗЗИ. Чӣ?

ҲАБАШ. Бензин. (Бо ишора мефаҳмонад, ки дар гулхан месўзонандаш.) Аз сарам бензин мерезанду оташам мезананд.

ЛИЗЗИ. Фаҳмо. (Назди тиреза рафта, пардаҳоро мекашад.) Бишин.

(Ҳабаш баазоб мешинад.) Бисёр зарур буд назди ман омаданат? Кай тамом мешавад ин даҳшат? (Таҳдидомез ба ў наздик мешавад.) Аз кашокаш метарсам, мефаҳмӣ, мурданак метарсам! (Ҳабаш рўяшро ҷониби дигар мегардонад). (Ба фарш по мекўбад.) Метарсам! Метарсам!

Метарсам!

ҲАБАШ. Онҳо гумон доранд, ки ман ба шумо даст дароз кардаам.

ЛИЗЗИ. Хайр, чӣ?

ҲАБАШ. Дар ин ҷо намекобандам.

ЛИЗЗИ. Медонӣ, барои чӣ мекобандат?

ҲАБАШ. Гумон доранд, ки ба шумо даст дароз кардаам.

ЛИЗЗИ. Медонӣ, инро ба онҳо кӣ гуфтааст?

ҲАБАШ. Не.

ЛИЗЗИ. Ман. (Сукути бардавом. Ҳабаш бодиққат ба Лиззи менигарад.) Чӣ фикр дорӣ дар бораи ман?

ҲАБАШ. Барои чӣ ин хел кардед, хонум? Барои чӣ?

ЛИЗЗИ. Худам ҳам намедонам.

ҲАБАШ. Раҳм надоранд онҳо. Чашмонамро канда мегиранд. Аз сарам бензин мерезанд. Бароӣ чӣ ин хел кардед? Ман-ку ба шумо бадие накардаам.

ЛИЗЗИ. Кардӣ! Тасаввур намекунӣ, ки чӣ қадар бадӣ кардӣ!

(Сукут.) Намехоҳӣ маро бизанӣ?

ҲАБАШ. Сафедҳо доим одамро маҷбур мекунанд, ки ноинсофона рафтор бикунад.

ЛИЗЗИ. Оре. Агар зўрашон нарасад, майнаатро бо суханони зебо гиҷ мекунанд. (Сукут.) Маро бўғӣ кардан намехоҳӣ? Одами хубӣ ту.

(Сукут.) Пинҳонат мекунам. То шоми фардо ин ҷо бимон. (Ҳабаш наздаш рафтан мехоҳад.) Даст нарасон, нағз намебинам ҳабашҳоро. (Аз кўча тирпарронӣ ва фарёди издиҳом шунида мешавад.) Расида омаданд.

(Назди тиреза меравад ва, пардаро як тараф карда, ба кўча менигарад.)

ҲАБАШ. Чӣ кор карда истодаанд?

ЛИЗЗИ. Дар ду тарафи кўча посбонҳо монда, хонаҳоро мекобанд.

Бо кадом ақл ин ҷо омадӣ! Ягон кас ба кўчаи мо даромаданатро дидагист. (Боз ба тиреза менигарад.) Ана! Навбати хонаи мо ҳам расид.

Баромада истодаанд.

ҲАБАШ. Чанд касанд?

ЛИЗЗИ. Панҷ-шаш кас. Дигарҳояшон дар поён монданд. (Назди ҳабаш меояд.) Наларз, аз барои Худо, наларз! (Сукут. Ба дастмонааш нигариста) Ҳайвон! (Дастмонаро ба фарш афканда, пойкўб мекунад.)

Палид! (Ба ҳабаш.) Кадом шамоли хунук туро ин ҷо овард?! (Ҳабаш хеста, рафтанӣ мешавад.) Худатро нишон додӣ, мурдӣ!

ҲАБАШ. Рў-рўи бомҳо меравам.

ЛИЗЗИ. Дар ҳамин маҳтобшаб? (Сукут.) Сабр мекунем. То ба хонаи мо омадан онҳо ду ошёнаро чапаву роста мекунанд. Ман, ба фикрам, хоҳиш карда будам, ки наларз! (Хомўшии бардавом. Ҳабаш рўҳафтода дар курсӣ нишастааст.) Сиоҳ дорӣ?

ҲАБАШ. Не-е.

ЛИЗЗИ. Хуб. (Қуттиеро кофта, таппончае мебарорад.)

ҲАБАШ. Шумо чӣ кор карданиед, хонум?

ЛИЗЗИ. Дарро кушода, ба хона таклифашон мекунам. Биступанҷ сол аст, ки сарамро бо ҳазёнҳояшон дар бораи модарони пичасафеду миллати амрикоиву қаҳрамонони ҷанг гиҷ мекунанд. Оқибат асли рўяшонро дидам. Бас акнун! Дигар ба домашон намеафтам. Дарро мекушояму мегўям, ки «Ҳа, ҳамин ҷост ҳабаш. Ҳамин ҷост, лекин ягон гуноҳ надорад. Аз ман шаҳодати бардурўғ гирифтанд. Ба Худо қасам, ки ягон кор накардааст.»

ҲАБАШ. Боварат намекунанд.

ЛИЗЗИ. Шояд. Балки, аниқ, бовар намекунанд. Он гоҳ ту таппончаро сўяшон рост мекунӣ ва, агар нараванд, мепарронӣ.

ҲАБАШ. Дигарҳояш меоянд.

пешина
аз 9
навбатӣ