«Гулбонги Истиқлол»

Маҷмўаи дастҷамъӣ буда, шеърҳои дар ситоиши Ватан, Истиқлол, Сулҳ, ваҳдат ва дўстӣ бахшидаи шоирони муосири тоҷикро фаро гирифтааст.
Валиев Султон · 27 ноябри 2024 · 63 саҳифа
ПАЙКИ ИСТИҚЛОЛ
Дўстон номаи иқбол муборак бодо!
Некӣ дар сафҳаи аъмол муборак бодо.
Хандаи модару тифлон бирасад то ба фалак,
Фараҳу шодии ҳар сол муборак бодо!
Оли Сомонӣ зи нав бар сари қудрат омад,
Бо ҳамон ақлу тавоноиву фитрат омад.
Баъди сад қарн насибаш шуда мероси Аҷам,
Комрон тоҷики ман бар сари нусрат омад.
Машъали сулҳу амонӣ раҳи мо равшан кард,
Сарзамини дили моро зи фараҳ гулшан кард
Омада сарвари фарзона чу атои яздон,
Ҷаннате меҳани тоҷик ба мову ман кард.
Зинда гардиду тавон ёфт равони миллат,
Фахри моён зи суруд асту нишони миллат.
Парчами тоҷики мо гашт ба ҳар гўша баланд,
Қудрату зўр зи нав ёфт забони миллат.
Тоҷики ман, ки зи нав соҳиби иқбол бишуд,
Дар хати қисмати мо боз накў фол бишуд.
Пайки шодӣ бирасид аз дари фардои ҳаёт,
Боиси хандаи ҳар модару атфол бишуд.
Раҷаби МУСУЛМОНИЁН
ТОҶИКИСТОН МОДАРИ
ҶОНИ МАН АСТ
Тоҷикистони азизам, модари ҷони ман аст,
Модари ҷони ману тифлони хандони ман аст.
Қудрати мардонаам хоки варо зар мекунад,
Ҳусни рўзафзуни ў аз файзи дастони ман аст.
Ҳар куҷое гар равам, ёди варо бо худ барам,
Офтоби бахтрезаш нури чашмони ман аст.
Аз сухан, аз фазлу маънӣ Кохи Ваҳдат сохтем,
Ваҳдати ақлу хирад, эҷоди паймони ман аст.
Аз азал тоҷик баски тоҷдорӣ кардааст,
Тоҷи ў имрўз аз нав шўҳрату шони ман аст.
Дар ҳавои ҷонфизояш чун кабўтар пар занем,
Ин нишон аз неъмати иқболи даврони ман аст.
Гуфтаам, аз симу зар гарчӣ надорам давлате,
Давлатам дар ҳарду олам Тоҷикистони ман аст.
ТОҶИКИСТОН, ДУНЁИ ЗЕБОИ МАНӢ!
Рўзи бахтат рў намояд бо тулўи офтоб,
Дар ҳавоят мезанад ҷуфти кабўтар печутоб.
Ҳар касе бинад чунин дунёи рангини туро,
Мешавад ўро зи шодӣ дил даруни сина об.
Тоҷикистон, бахти ман, дунёи зебои манӣ,
Бе ту дунёе надорам, як ту дунёи манӣ!
Субҳи уммедам зи файзи ту муаттар мешавад,
Чеҳраи поки ту дида, дил мунаввар мешавад.
Чун надонад носипосе қадри обу хоки ту,
Шоҳи олам гар шавад, охир қаландар мешавад.
Тоҷикистон, бахти ман, дунёи зебои манӣ,
Бе ту дунёе надорам, як ту дунёи манӣ.
Раззоқи ДАВРОНШОҲ
ИСТИҚЛОЛ
Шўҳрати миллат ба олам файзи истиқлоли мост,
Бози истиқлоли давлат ҳампару ҳамболи мост,
Шукри ин даврон, ки дар он сулҳу ваҳдат ёфтем,
Пешрафти зиндагӣ дар рўзу моҳу соли мост.
Субҳи истиқлолро хуршеди равшан ҳамдилист,
Ваҳдату ҳамбастагӣ мазмуни номи зиндагист,
Мақсади инсоният пайванди истиқлоли ўст,
Одамиро аз ҳама бад боли нанги бандагист.
Тоҷиконро тоҷ бар сар рамзи озодӣ бувад,
Маслаки озодагон пайваста ободӣ бувад.
Сўи фардои наҷибу ҷониби шаҳкориҳо,
Ворисе аз Оли Сомон халқро ҳодӣ бувад.
Ман ба истиқлол нозам ҳамчу фарзанди Ватан,
Ҳар куҷо ҳастам ба нури меҳр пайванди Ватан,
Сўи озодӣ кунад даъват маро ҳар дам Ватан,
Сар напечам ҳеҷ гаҳ аз даъвату панди Ватан.
Бо Ватан ман тоҷикам дар ҳар куҷо, дар ҳар замон,
Бо Ватан ман миллатастам, бо Ватан ман комрон.
Чун бувад Оли таборам аз нажоди ориё,
Ёфтам дар миллати худ офариниш ҷовидон.
ТОҶИКЕМ
Мо зи насли миллати Сомониёни тоҷикем,
Қавми бо тоҷи тафохур, аз шаҳони тоҷикем,
Бо ҳама ёру рафиқи меҳрубони тоҷикем,
Рустами душманфикан аз достони тоҷикем,
Халқи пирўзу музаффар, қаҳрамони тоҷикем.
Суфта шуд дар коргоҳи завқи мо дурри сухан,
Шўҳра шуд дар ҳар куҷо аз шеъри мо номи Ватан,
Аз азал мардони тоҷик буда садри анҷуман,
Баҳравар гардида моро нахли боғи илму фан,
Ворисони олимону шоирони тоҷикем.
Рўдакӣ шеъри дариро шаҳпари парвоз дод,
Шавқу шўре дар дили аҳли адаб оғоз дод,
Ў чу шамъе гашту моро тоби сўзу соз дод,
Аҳли оламро ба шеъри тоҷикӣ овоз дод,
Тоҷики овозадор аз хонадони тоҷикем.
Бўалӣ аз қаъри гил то авҷи Кайвон пар кушод,
Банди ҳар як мушкили моро ба ҳикмат баркушод,
Илми тибро дафтари дастури қонун шарҳ дод,
Тоҷи донишро мурассаъ карду бар сар барниҳод,
Шоҳи мулки ҳикмату шаҳзодагони тоҷикем.
Носири Хусрав хирадпарварди ҳикматошно,
Баҳри илму донишаш бесоҳилу беинтиҳо,
Равзани маънӣ кушода сўи мулки кибриё,
Банди зоҳирро зи пои мўъминон карда раҳо,
Мазҳаби озодаи озодагони тоҷикем.
Тоҷикон таърихи оламро шаҳодат додаанд,
Гулшани боғи тамаддунро назокат додаанд,
Офтоби маърифатро файзи ҳикмат додаанд,
Чеҳраи фарҳангро зебу тароват додаанд,
Гулшане дар ин ҷаҳон, ҳамбўстони тоҷикем.
Мирзо КЕНҶА
ХУРШЕДИ ИСТИҚЛОЛ
Самандарвор миллат зист бо уммеди Истиқлол,
Дамид аз қуллаи уммеди ў хуршеди Истиқлол.
Саре аз иртифои ҳимматаш афрохт болотар,
Назар афканд бар фардои хеш аз диди Истиқлол.
Зи по барканд то занҷири заррини тааллуқро,
Варо шуд зеби гардан шаддамарвориди Истиқлол.
Худо ҳар миллатеро медиҳад гар аз дилу ният.
Ба мо дод аз дилу аз нияти испеди Истиқлол.
Фазои бекарону гардиши гардуни гардонро
Куҷо ин рафъати як лаҳзаи ҷовиди Истиқлол?!
Имоми барҳақи миллат башорат дод аз Ваҳдат,
Ба мо ҳамчун дуо дар шаҳраҳи тавҳиди Истиқлол.
Раҳи созандагӣ бикшоду тарҳи зиндагӣ бинҳод,
Ки сад таҷдиди дигар зод ҳар таҷдиди Истиқлол.
Зи нав озода минбар ёфт, фарри эзадӣ дарёфт,
Ки миллатрост тавлиде дигар тавлиди Истиқлол.
Диёри соҳибистиқлолам, ин меҳрона аз Мирзо
Нисорат бод чун идонае дар Иди Истиқлол!

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё