Зеҳн
«Гулбонги Истиқлол»

Маҷмўаи дастҷамъӣ буда, шеърҳои дар ситоиши Ватан, Истиқлол, Сулҳ, ваҳдат ва дўстӣ бахшидаи шоирони муосири тоҷикро фаро гирифтааст.

Валиев Султон · 27 ноябри 2024 · 63 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

ВАТАН

Ман бо садои хандаи боди саҳар ба худ,

Оҳиста маст, боз пурафсуну растаҷон

Бар тораҳои зулфи пур аз рози бофта

Бар хонаи сафинаи хуршед омадам.

Лек аз ҳуҷуми шўълаи чашми ситораҳо

Омад садои нозуке бар гўшаи хаёл

Эй бандаи замин,

Аҷдоди ту куҷост?!

Чун пеша кардаӣ ба дил ин тарки кешу хок

Ин кори ту хатост!

Омад магар ситорае аз осмони дур

Бар хонаи Шумо?!

Ё ки шаби сиёҳ магар нўш кардааст

Паймонаи вафо?!...

Зуд он лаҷоми аспи абасро кашидаму

Аз зин фаромадам

З-он, ки макони модари аҷдоди одамӣ

Бошад макони ман!

То хонаи садоқати ишқу умедҳо

Бошад ҳамин Ватан!

Ҳалим НАЗАР

\* \* \*

Эй ҳамватанон, мояи ҳастам Ватан аст,

Боғу чаману булбули мастам Ватан аст.

Аз рўзи азал меҳри Ватан бар дили ман,

Ду қоши базеби сурмастам Ватан аст.

Кай дидӣ, гуле шукуфта бар шўразамин,

Донӣ, ки замини гулпарастам Ватан аст.

Бо базму тараб сайқали дил гашт маро,

Шукрона, ки зодгоҳи бахтам Ватан аст.

Ду дидаи мўҳтоҷ ба гардиш дорам,

Ман тифламу нексарпарастам Ватан аст.

Шуд қиблаи уммед, сафои дилу ҷон,

Фархундаву фарзонапарастам Ватан аст.

Ганҷе агарам нест, чаро ғам бихурам,

Тоҷам Ватан асту ганҷу тахтам Ватан аст.

Тарсе набувад, тира само чун гардад,

Истораи пурҷилои бахтам Ватан аст.

Моро накунад тарси адў музламу1 паст,

Парво чӣ кунам? Ливои дастам Ватан аст.

Ҷоно, Ватанам, сано туро гуфт Ҳалим,

Ҳам зеби санову буду ҳастам Ватан аст.

1 Музлам–моту маҳбут, ҳайрон.

ТОҶИКИСТОН – ВАТАНАМ

Тоҷикистон – Ватанам, ҷон Ватанам, ҷон Ватанам,

Ҷои ту дар дилу дар дидаву дар ҷону танам.

Дашту кўҳу даману санги туро саҷда кунам,

Хоки зархезу ҳама ганҷи туро саҷда кунам .

Ранҷ бурдӣ ту басе, ранҷи туро саҷда кунам.

Тоҷикистон–Ватанам, ҷон Ватанам, ҷон Ватанам,

Ҷои ту дар дилу дар дидаву дар ҷону танам.

Навазад боди хазон, бори дигар бар дари ту,

Назанад санги парешонӣ адў бар сари ту.

Кўр он чашми тамаъ, гар нигарад бар зари ту.

Тоҷикистон–Ватанам, ҷон Ватанам, ҷон Ватанам,

Ҷои ту дар дилу дар дидаву дар ҷону танам.

Ситаму ҷабру ҷафо, ранҷи гарон бар ту бас аст,

Мотаму ранҷу азо, модари ҷон, бар ту бас аст.

Дили садпора ба мулки дигарон бар ту бас аст.

Тоҷикистон – Ватанам, ҷон Ватанам, ҷон Ватанам,

Ҷои ту дар дилу дар дидаву дар ҷону танам.

Султон СУЛАЙМОН

\* \* \*

Мо аз ҳарими раҳмати яздон расидаем,

Аз чорсўи хоки Хуросон расидаем.

Зери дирафши Коваю зери дурахши нур,

Бо аспҳои хатлии паррон расидаем.

Гетӣ зи номи аҳриманӣ пок кардаем,

Эй бас палангу шер, ки дар хок кардаем.

Инак, манам ба даҳр Каюмарси додхоҳ,

Оварда халқ зери ливоям ҳама паноҳ.

З-он дам, ки ман ба тахти забарҷад нишастаам,

Ҷуз ростӣ ба ҳеҷ амал дил набастаам.

Оину расму кеши ниёгон шинохтам,

Он Хусравам, ки дар раҳи ҳақ ҷон бибохтам.

Имрўз пойдор бувад дар ҷаҳон хирад,

Бо адлу доду донишу фарҳанг то абад.

Имрўз пеши парчами худ мекунам суҷуд,

Бар хонадону дудаи Сомониён дуруд.

Кўйбек ШАРИФЗОДА

НУРИ ВАҲДАТ

Ҷамоат босафо аз нури Ваҳдат,

Замона пурҷило аз нури Ваҳдат.

Шуда кошонаи тоҷик равшан,

Ҳама ҷо пурзиё аз нури Ваҳдат.

Зи дилҳо кинаю буғзу ҳасад рафт,

Мунаввар ҳар куҷо аз нури Ваҳдат.

Ба Хатлону Зарафшону Бадахшон,

Ҳама файзу сахо аз нури Ваҳдат.

Зи кўрии замона дар амонем,

Дурахшон дидаҳо аз нури Ваҳдат .

Ватан аз нури Ваҳдат нур бигрифт,

Шуда дардаш даво аз нури Ваҳдат.

САЙҚАЛИ ДИЛҲОСТ

ИСТИҚЛОЛИ МО

Ваҳ чӣ хуш зебост истиқлоли мо,

Чун гули раъност истиқлоли мо.

Мо ба ҳифзаш ҷону дил карда нисор,

Аз ҳама болост истиқлоли мо.

Дил ба васфи ў ҳамегўяд ғазал,

Сайқали дилҳост истиқлоли мо.

Чун кабўтар болафшон дар само,

Зиннати дилҳост истиқлоли мо.

Фахрҳо дорем з-истиқлоли хеш,

Раҳбари фардост истиқлоли мо.

Навшукфта ғунчае андар чаман,

Зебиши гулҳост истиқлоли мо.

Неъмати волотарини халқи мо,

Дар ҷаҳон яктост истиқлоли мо.

Лаълу марҷонро набошад қимате,

Гавҳари дарёст истиқлоли мо.

Ҳеҷ гаҳ дигар намеёбад завол,

Кўҳи побарҷост истиқлоли мо!

Рўдобаи МУКАРРАМ

ЗАБОНИ ТОҶИКОН ЯК АСТ

Забони ноби тоҷикон ту ҷавҳари сиришти ман,

Ту рамзи неки Ориён, паёми зардуҳишти ман.

Ту дар замини фикри ман самар диҳӣ зи кишти ман,

Ту лафзи поки қудсиён, бақои сарнавишти ман.

Бародарон, бародарон, Ватан як асту ҷон як аст,

Ба ҳаққи шири модарон забони тоҷикон як аст.

Ту ояти каломи ман, ту нури хонадони ман,

Ту мағзи устухони ман, ту ҷисми ман, равони ман.

Сараввали ҷаҳони ман, замину осмони ман,

Баҳори бехазони ман, бақои хонадони ман.

Бародарон бародарон Ватан як асту ҷон як аст,

Ба ҳаққи шири модарон забони тоҷикон як аст.

Ту махзани саодатам, ту манбаи саодатам,

Ту тахту бахту сарватам, нигини тоҷи нусратам.

Ту ҳимматам, ту ҳикматам, тулўъи фоли миллатам,

Ту санъатам, ту фитратам, фурўғи шамъи давлатам.

Бародарон, бародарон, Ватан як асту ҷон як аст,

Ба ҳаққи шири модарон забони тоҷикон як аст.

Ба субҳи поки ин Ватан, чу нури ҳақ расидаӣ,

Басе фарозу шебҳо ба ҳар куҷо ту дидаӣ.

Зи Рўдакии нуктадон ба даври мо расидаӣ,

Чу накҳате зи Мулиён ба рўйи мо вазидаӣ.

Бародарон, бародарон, Ватан як асту ҷон як аст,

Ба ҳаққи шири модарон забони тоҷикон як аст.

Забони модарии ман, ту арсаи вуҷуди ман,

Даме, ки аст ин нафас, ту қиблаи суҷуди ман.

Ту байти ман, суруди ман, ту буди ман, набуди ман

Фидои шаъну шони ту тамоми тору пуди ман.

Бародарон бародарон Ватан як асту ҷон як аст,

Ба ҳаққи шири модарон забони тоҷикон як аст.

пешина
аз 63
навбатӣ