Зеҳн
«Гулбонги Истиқлол»

Маҷмўаи дастҷамъӣ буда, шеърҳои дар ситоиши Ватан, Истиқлол, Сулҳ, ваҳдат ва дўстӣ бахшидаи шоирони муосири тоҷикро фаро гирифтааст.

Валиев Султон · 27 ноябри 2024 · 63 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

ИСТИҚЛОЛ

Чи хуш ҳаловатест дар ҳавои истиқлол,

Ба рақс мекашад маро навои истиқлол.

Талоши зиндагониву фасоҳати ҳаёт,

Ҳар он чи ҳаст мекунам фидои истиқлол.

Агар ба маснади ҷаҳон ба ҷид бингарӣ,

Шаҳаст дар мақоми худ гадои истиқлол.

Тавони тоза медиҳад ба кишвари вуҷуд,

Таровати насими пурсафои истиқлол.

Зи шавқ аз қабои худ бурун шавам, аҷаб

Бинам чу бар тани ватан қабои истиқлол.

Зи ҳар канори ватан ба шодиву сурур,

Ба гўши ҷон ҳамерасад садои истиқлол.

Ҷалолу ҷоҳи қайсарӣ ба сад шукўҳу ноз,

Сари ҳавас ҳамениҳад ба пои истиқлол.

Низомиддин ДАВЛАТЗОДА

НУРИ ИСТИҚЛОЛ

Ахтаристон аст гардуни Ватан,

Ҷўш дорад дар бадан хуни Ватан.

Хуни шарёни ватан мову туем,

Ахтарони шўълазан мову туем.

Анҷуман дорем то бар даври хеш,

Пеш метозем аз айём пеш.

Пеш будан пешаи оқил бувад,

Пешрафти халқи соҳибдил бувад.

Шамъи ақли мост то партавфикан

Нур борад аз саропои Ватан.

Нури Истиқлол бо ваҳдатшиор,

Равшанӣ бахшид бар чашмони чор.

Пиру барно дар миёни корзор,

Дасти ҳам бигрифта бо номусу ор.

Нурборон шуд сарои зиндагӣ,

Тоза меояд садои зиндагӣ.

Халқи ман аз нури Истиқлоли худ,

Фахр дорад чун уқоб аз боли худ.

Зебои ХАТЛОНӢ

НИЁИШ

Тоҷикистон, ҳастии ман, бахти ман,

Эй ватан, эй тоҷи ман, эй тахти ман!

Аз дили нарми ниёгон ёдгор

Мондаӣ, эй сарзамини сахти ман.

Кишвари фархундаи ман, эй ватан,

Рафтаву ояндаи ман, эй ватан.

Ормони зиндаи Сомониён,

Давлати пояндаи ман, эй ватан.

Мепарастам марзи яздонии ту,

Меситоям ишқи нуронии ту.

Рўшноии ту бодо ҷовидон

Дар дили Зебои Хатлонии ту!

МЕҲРИ ВАТАН

Сарзамини беназирам, эй ватан,

Як ҷаҳонӣ дар замирам, эй ватан.

Ман ба ойини муҳаббат аз дилам

Сўи ту ойина гирам, эй ватан.

Нақши гулҳои баҳори сабзи ту

Дар сарандози ҳарирам, эй ватан.

Чашмаҳои кўҳсорат додаанд

Дар ҳавои шеър ширам, эй ватан.

Чун каму беши насиби худ туро

Дар дилу ҷон мепазирам, эй ватан.

Сарбаландам бо ту ҳамчун кўҳи ту,

Бе ту ман зору ҳақирам, эй ватан.

Бе Камони Рустами ту осмон

Мезанад аз дур тирам, эй ватан.

Ман агар як шаб бимирам, эй ватан,

Номи ту бар лаб бимирам, эй ватан!

Салоҳиддини САДРИДДИН

ШУКРИ ИСТИҚЛОЛ

Бўйи Турсунзода дорад равзаву кўйи Ватан,

Шеъри Турсунзода хонад гулпарирўйи Ватан.

«Менависам ман суруди сулҳро бо хуни дил»,

Ў навид аз сулҳ дода баҳри нерўйи Ватан.

«Ишқ»-гўяд оҳу дар саҳрову булбул дар чаман,

Дўстиву сулҳ ҷўяд ҳар сухангўйи Ватан.

Шукри истиқлоли кишвар, ваҳдату созандагӣ,

Бахти нав хоҳам туро, садбарги хушбўйи Ватан.

Гўшту нохун бигарду «Тоҷи сар кун дўстро»,

Ончуноне гуфт Мирзо, марди хушрўйи Ватан.

Гар кабутар қосиди сулҳ асту булбул рамзи ишқ,

Байти хушбахтӣ саро, эй гулсуманбўйи Ватан!

–Об додан ташнагонро баски мебошад савоб,

Ин ҳадис бишинидаам аз замзами ҷўйи Ватан.

Дар лабонам шеъри Мирзо меравам сўйи Ҳисор,

То нафас гирам зи боғи сабзу ҳулбўйи Ватан.

Зиндагӣ акнун дигар шуд, ҳамдилӣ пояндагист,

Сарбаланду шодмон зӣ, эй худоҷўйи Ватан.

ТОҶИКИСТОН

Зираке гуфто ба ҳукми доварӣ:

«Тоҷикистон – меҳани лафзи дарӣ.

Бо ҳама ширинию ҳуснофарӣ,

Ин забонро додаанд эҳёгарӣ,–

Рўдакиву Балъамӣ, Айнӣ, Парӣ.

Гар бигўям аз раҳи донишварӣ,

Тоҷикистон–хиттаи шеъри дарӣ».

Аз ҳамин рў Тоҷикистон, шоиро,

Кишвари шеъри тару насри расо,

Зодгоҳи орифони хушадо,

Сарзамини ваҳдату сулҳу сафо,

Ҳам Ватан ҳам Модари дилсўзи мо.

Тоҷикистон–зевари арзу само,

Тоҷикистон–манзари нури Худо.

Сулҳ бошад ҳар саломи халқи ман,

Амният бошад мароми халқи ман,

«Шоҳнома»–худ каломи халқи ман,

Кас шунида «Шашмақом»-и халқи ман,

Баҳрае бурд аз мақоми халқи ман,

Ҳар кӣ нўшад май зи ҷоми халқи ман,

Маст гардад аз паёми халқи ман.

Одина РАҲМОН

ТОҶИКИСТОН

Тоҷикистон, модари зебои ман,

Эй биҳишти поку беҳамтои ман.

Сарзамини нозанини дилрабо,

Манзили ман, хонаву маъвои ман.

Мекунам шукронаи ҳар санги ту,

Зиндаам бо номи ту, бо нанги ту.

Сози сулҳу сози ваҳдат мезанӣ,

Гашта ин дунё пур аз оҳанги ту.

Хонаи сулҳу амонӣ гаштаӣ,

Раҳнамои зиндагонӣ гаштаӣ.

Меҳри ту дар сина афзун мешавад,

Ту нишони меҳрубонӣ гаштаӣ.

пешина
аз 63
навбатӣ