Зеҳн
«Гулбонги Истиқлол»

Маҷмўаи дастҷамъӣ буда, шеърҳои дар ситоиши Ватан, Истиқлол, Сулҳ, ваҳдат ва дўстӣ бахшидаи шоирони муосири тоҷикро фаро гирифтааст.

Валиев Султон · 27 ноябри 2024 · 63 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

БЕ ТУ

Бе ту бар дастам наояд домани шавқу ҳавас,

Бе ту дардолуда оҳе бошадам ҳар як нафас,

Бе ту дил бошад миёни сина чун мурғи қафас,

Бе ту бефайзу сахоям, бе туам чун хору хас,

Тоҷикистон, эй биҳишти ҷовидон,

Эй ҳумои бахти моро ошён.

Бе ту чун боре ба дўши худ гаронӣ мекунам,

Дар раҳи уммеду армон нотавонӣ мекунам,

Бе ту сарфу ҳайф умри навҷавонӣ мекунам,

Бо чунин маънӣ магар ман зиндагонӣ мекунам?

Тоҷикистон, эй биҳишти ҷовидон,

Эй ҳумои бахти моро ошён.

Бе ту ман бе қимате чун ҷомаи афсурдаам,

Бе ту дар осудагӣ ҳам як нафас н-осудаам,

Бе ту ман сар то ба по бар дарду ғам олудаам,

Бе ту беҳтар бошад аз ин будаам нобудаам,

Тоҷикистон, эй биҳишти ҷовидон,

Эй ҳумои бахти моро ошён.

ТУ ДАР ХУД БОБАҚОӢ,

ТОҶИКИСТОН

Ба худ аз кўҳи худ то поя дорӣ,

Зи ганҷат сарвату сармоя дорӣ.

Ба сар аз Боми Олам соя дорӣ,

Ту дар худ бобақоӣ, Тоҷикистон.

Ту бар худ муттакоӣ, Тоҷикистон.

Бидорад то баландиат баландат,

Баландиат бидорад дилписандат,

Ва дорад дилписандӣ арҷмандат,

Ту дар худ бобақоӣ, Тоҷикистон.

Ту бар худ муттакоӣ, Тоҷикистон.

Зи обат то туӣ сарсабзу обӣ,

Зи хокат то ту пурфайзу савобӣ,

Зи нанги халқи худ дар обутобӣ,

Ту дар худ бобақоӣ, Тоҷикистон.

Ту бар худ муттакоӣ, Тоҷикистон

Набошад то амониат амонат,

Амон дорад ба ҳар давру замонат,

Туро аз бенишониҳо нишонат,

Ба ҷои худ баҷоӣ, Тоҷикистон,

Ту бар худ бобақоӣ, Тоҷикистон.

Зи таърихи куҳан то реша дорӣ,

Наӣ аз фари ориёна орӣ.

Зи истиқлоли худ дар ифтихорӣ,

Ту дар худ бобақоӣ, Тоҷикистон.

Ту бар худ муттакоӣ, Тоҷикистон

Бимонад партавафшон то ливоят,

Бувад андар ливои ту ҷилоят,

Ту ҳастӣ ҳастиатро дар ҳимоят,

Ту дар худ бобақоӣ, Тоҷикистон

Ту бар худ муттакоӣ, Тоҷикистон

Ҳисори шуҳратат то ки зи санг аст,

Ва ҳар марди туро нерў зи нанг аст,

Ва то сулҳи ту садди роҳи ҷанг аст,

Ту дар худ бобақоӣ, Тоҷикистон

Ту бар худ муттакоӣ, Тоҷикистон.

Аҳлиддин ҲИСОРӢ

ТОҶИКИСТОН

Ҳавои меҳри ту биншаста дар ҷон,

Ба сони сабзаву анфоси борон.

Баҳоре дар ниҳодам ранг дар ранг,

Дилорову гуворову гулафшон.

Чи гўям тавсифи ҳусну ҷамолат,

Биҳиштӣ дар замин, дар чархи гардон.

Ҳавоят доруву оби ту дору,

Маро ҳар сангу хорат ҳаст дармон.

Ғуруру эътибору ифтихорам,

Умедам дар ду олам, Тоҷикистон.

Туро, ҷуз ин дуо дигар надорам:

Худои меҳрубон бодо нигаҳбон.

ҶОНБАҲО

Партави уммеду армон аст истиқлол,

Шўълаи ҷовид дар ҷон аст истиқлол.

Дар гили мо аз азал бисриштаанд ин меҳр,

Муддаои ҷумла инсон аст истиқлол

То нишоне аз асорат дар ҷаҳон боқист,

Арсаи пайкори мардон аст истиқлол.

Дар дифоъи ному номуси ватандорӣ,

Аҳду савганд асту паймон аст истиқлол.

Қуввату нуру ҳарорат медиҳад бар дил,

Офтоби шўълаафшон аст истиқлол.

ВОЖАИ ҶОН

Ин баҳоре, ки гулафшон аст,

Ин диёре, ки гулистон аст,

Сарзамини сабзу ҳосилхез,

Меҳани ман, Тоҷикистон аст.

Боғи фирдавс аст пиндорӣ,

Сабзу хуррам, боғу бустон аст.

Рўзу шаб, ҳар чор фасли сол,

Гулшани сабзу шукуфон аст.

Кишвари хуршедиву сарсабз,

Осмонаш гарму тобон аст.

Хоку обаш дардро дармон,

Бодҳояш анбарафшон аст.

Баски бо ҷон аст ҳампайванд,

Ҳамрадифи вожаи ҷон аст.

пешина
аз 63
навбатӣ