«Гулбонги Истиқлол»

Маҷмўаи дастҷамъӣ буда, шеърҳои дар ситоиши Ватан, Истиқлол, Сулҳ, ваҳдат ва дўстӣ бахшидаи шоирони муосири тоҷикро фаро гирифтааст.
Валиев Султон · 27 ноябри 2024 · 63 саҳифа
Адибаи АЗИЗ
ВАТАН
Ғарибона сурудамро,
Дурудамро, вуҷудамро, суҷудамро,
Ба сўи ту,
Худоё,
Мебарам буду набудамро!
Дар ин шаҳри саропо ҳиллаву найранг,
Гаҳе бегона,
Гоҳе хеши бефарҳанг,
Ба ҳар ҷо мезанад сўи муҳоҷир санг.
Дар ин ҷо қадри саг болотар аз ҷони мусофирҳои бетақдир,
Дар ин ҷо нози гурба қимат аст аз нархи нону шир.
Дар ин ҷо тоҷикон аз дасти қисмат хаставу дилгир.
Ҳазорон навшаҳи мо аз пайи рўзиву берўзӣ,
Нисори теғ,
Ё дарҳам нишони тир,
Ки меоранд ин тайёраҳо сўи Ватан тобут беохир…
Аё, Модар!
Дуоям деҳ!
Ғарибӣ синаи дард аст!
Ҳавои ғурбаташ сард аст!
Ватан бо он ҳама ранҷу ситамҳо,
Дар дили хуршед дорад ҷо!
Ки он ҷо Обигарми ман,
Кунун гарм аст мисли чашмаҳои гарми зебояш,
Ва дар ин чашмаҳои чашми ман мўъҷизае дигар наметобад.
Худоё!
Кулбаи мо аз ҳама дунё, ки дидам дилкашу орому побарҷост,
Ки он ҷо каъбаи дилҳост.
Ва ҳоло ҳотаи мо сабзу гулпўш аст.
Ҳазорон боғи Маскав,
Бо ҳама он шўҳрату гулҳои садрангаш,
Дилоро нест чун дастобадастии сафедорони ошиқкуш,
Ки ҳамчун қалъаи сабзе гирифта
Мўъминободи маро оғўш.
Падар чун солҳои кўдакӣ саргарми меҳмон аст,
Ба шохи пургули зардолу банди ҳой рақсон аст.
Сабо бо кокулони хоҳарам чун ишқи печон аст,
Ба шохи тути пайвандӣ, ки садранг аст,
Қафас танг асту дар он кабки хушхон аст.
Ватан!
Ҳар зарра хокат…
Қатраобат нўшдоруи ғарибон аст!
Чу меҳри модарам ёди ту дар ҷон аст!
ТОҶИКИСТОН
Тоҷикистон!
Такягоҳам!
Нури хуршеди сабоҳам,
Дар нигоҳам.
Ту маро пушту паноҳӣ,
Ман туро чун тифл умре дар паноҳам.
Хоҳамат умре баҳори бегазанд.
Ҳам ба хоку ҳам ба сангат,
Рўҳи ман бо ҷисм пайванд.
Ахтаронат,
Шўълаҳои ишқи гумноми мананд.
Балки ҳамрозанд,
Дар шоми мананд.
Моҳу хуршедат,
Саранҷоми мананд.
Тоҷикистон!
Бе ту ҳеҷам!
Меҳанӣ!
Ту модарӣ!
Сабз монам, кош чун нахли тари ту,
Дар бари ту.
Абдусаттори РАҲМОН
БО ВАТАНУ БЕ ВАТАН
Зарра-зарра бе Ватан кам мешавам,
Меравам чун тармае дар худ фурў.
Шўразори қисматам оби маро
Мекашад, кай мерасад он то ба ҷў?
Бе Ватан аз бепаноҳиҳои худ
Дар назар аз шаш ҷиҳат бошам сиёҳ.
Ман зи ҷумла бепаноҳӣ дар Ватан
Дар паноҳам, дар паноҳам, дар паноҳ.
Бе Ватан ман гарди бодовардаам,
Менишинам бар сари ҳар хору хас.
Метакад аз худ маро, аз худ маро,
Чун нишинам дар бару домони кас.
Бе Ватан аз дўши худ афтодаам,
Мешавам бори гарони дигарон.
Ман зи неши хори қаҳру таънаҳо
Кай амон ёбам, амон ёбам, амон?!
Бе Ватан ман аз мани аз худ ризо
Дар канорам, дар канорам, дар канор.
Бо Ватан ман дар мани бонангу ор
Устуворам, устуворам, устувор.
Будани ман бе Ватан нобудан аст,
Меравам бар бод ҳамчун дуди оҳ.
Чун сириштӣ, эй Худо, аз меҳри ў,
То қиёмат дар Ватан дорам нигоҳ.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё