«Гулбонги Истиқлол»

Маҷмўаи дастҷамъӣ буда, шеърҳои дар ситоиши Ватан, Истиқлол, Сулҳ, ваҳдат ва дўстӣ бахшидаи шоирони муосири тоҷикро фаро гирифтааст.
Валиев Султон · 27 ноябри 2024 · 63 саҳифа
САРЗАМИНИ КАМЗАМИНИ БЕКАНОР
Осмонат зарнигору остонат зарнисор,
Кўҳсорат нуқрадору обшорат нуқрабор.
Киштзорат ширадору боғҳоят шахдбор,
Пирҳоят пири кору тифлаконат шаҳриёр.
Қаҳрамонҳои қаламдори азизат, эй Ватан,
Аз азал сардафтари майдони маънову сухан.
Аз қадамгоҳи қаламкашҳои қавми сафшикан,
Мерасад сад Орашу сад Рустаму Исфандиёр.
Оли Сомон чун камону тиру пайконро гирифт,
Мағрибу Машриқу ҳомуну биёбонро гирифт.
Лаҳни ноби орифонат Руму Юнонро гирифт,
Алғараз бигрифт Шарқу Ғарбу Ёмину Ясор.
Мезанам Заҳҳокро бо кўбаи оҳангарӣ,
Медиҳам позаҳр заҳрашро зи алфози дарӣ,
Душманатро месароям ояти одамгарӣ,
То бимонад ҷовидона осмонат беғубор.
Синаро бикшодаам бар рўи дунёи башар ,
Чор сўи хонаро бикшода бар ҳар раҳгузар,
Сарзаминам камзамину неъматаш бологузар,
Марҳабо бар хонаи ман, эй ҷаҳони беканор!
Парда ҲАБИБ
ТОҶИКИСТОНИ ОЗОД
Ҳама армони мо дар қалби ту ҷо шуд,
Дилат чун кохи нав болову барпо шуд,
Чу ҳамдил ёфт, якдил бо ту дунё шуд,
Ғамат, чун хотират шуд ҷамъ, танҳо шуд,
Сари ту боз бо хуршед боло шуд.
Басо помол шуд сарҳо, ки подорӣ,
Басо хуншор шуд дил, то ту саршорӣ.
Зи гил оварда берун бору пурборӣ,
Ту то гулпарварӣ, дурӣ зи ҳар хорӣ,
Ҳавою об ҳам кардат ҳаводорӣ.
Дилатро баҳри бахт омода кардӣ, лек
Шудӣ дур аз дилат, чун бахт шуд наздик,
Вале бахшид чун рўҳат туро таҳрик,
Ту худ бардоштӣ бадро зи роҳи нек,
Ки боқӣ монд тоҷу тахтат, эй тоҷик!
Чу поённопазирӣ кард дил оғоз,
Сазовори ту боду бошад ин эъҷоз,
Ту ҳастӣ аз азал чун халқи давронсоз,
Яқин, оварда рў бар сўи даврон боз,
Қарини ман, бикардӣ дуртар парвоз.
Батар мехост хасмат, гаштаӣ беҳтар,
Ба худ бовар бикун, ў монд бе бовар.
Чу ҳолат дид бад, хуш ҳоли ў шуд гар,
Бишуд дилхун, ки дилкаш мондаӣ, бингар,
Мабар аз ёд овард он чият бар сар.
Накандӣ дил зи бахт азбас туӣ хушбин,
Бубин рўзи хуш, аз бад дорад он эмин,
Дилат ҳақҷўю чашми туст то ҳақбин
Сарат чун қулла бодо, на аз он пойин!
Баробар байни Балхиву Бухороӣ,
Чу гавҳар байни Балхиву Бухороӣ,
Ки ту бо оламороӣ, дилороӣ,
Саропо байни Балхиву Бухороӣ,
Сарафроз аз ту балхиву бухороӣ!
ХАСУ ХОКИ ВАТАН
Аз он ҷарҳо, ки ман ғежидаам бо тан,
Аз он ҷарҳо, ки ман лағжидаам аз по,
Аз он ҷарҳо, ки ман ғелидаам чун санг–
Намоёнӣ, Ватан, чун як тани хокӣ,
Аз он ҷарҳо, аз он хоки пур аз чокӣ.
Чунон хокӣ, ки бар он бигзарад чун бод,
Кунад бодаш, вале хоҳад ки афзун бод.
Бизад бар гўш боде пушти ангуштам,
Ки пуштак ман ниҳодам бар танаш пуштам,
Чу кардам бар тани худ бори хокаш ҳис,
Бикардам бори хокатро зи чокаш ҳис.
Чу гирад бори он ҳатто хасе бар дўш,
Бихоҳам гирад онро ҳар касе бар дўш,
Нагирад заррае аз он касе бар дўш,
Ки натвон буд бори як хасе бар дўш,
Чунин будаст ҳисси ифтихори он,
Чунинам ифтихори хоки кўҳистон.
Чу мешуд селае аз ҷўши ҷар берун,
Ҳамешуд ғов-ғов аз гўши ҷар берун.
Канораш абрҳо чун ришта меборид,
Ки об аз нўги ҳар як ришта мешорид,
Ба чокаш мезадам бо мижжаам сўзан,
Ба хокаш мезадам бо мижжаам сўзан.
Накардам баски худро дар гумонат гум
Яке тири ту аз тирукамонат гум,
Намекард остонро осмонат гум,
Канори дилкашатро Каҳкашонат гум,
Қалам ҳам таъми обу таъми донат гум.
Чи роҳатбахш, агарки хаста мо будем,
Ба ҳар чоки танат дил баста мо будем,
Ки бо хору хасат пайваста мо будем,
Ҳама побандат, эй вораста, мо будем
Туро ҳамдаст садҳо даста мо будем.
Чунон бо махмали худ беҳтарӣ аз рахт
Ки он буд нарм моро рўзҳои сахт,
Ту дон бахшидаӣ дар рўзҳои қаҳт,
Шудӣ яклухт аз садҳо тани садлахт,
Худатро бохтӣ бар хотири ин бахт.
Гули субҳи сафедат чун гияҳ меруст,
Чу дидат бефара, он бо фараҳ меруст,
Ба шомат руст мешуд, то пагаҳ меруст
Сафедии ту аз хоки сияҳ меруст.
Накарда чун хасе хоки туро помол,
Накард аз мо касе хоки туро помол,
Сафоли синаи чоки туро помол,
Нарўяд то ки бар ангушти мо хасмол,
Накарда кас хаси поки туро помол!

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё