«Гулбонги Истиқлол»

Маҷмўаи дастҷамъӣ буда, шеърҳои дар ситоиши Ватан, Истиқлол, Сулҳ, ваҳдат ва дўстӣ бахшидаи шоирони муосири тоҷикро фаро гирифтааст.
Валиев Султон · 27 ноябри 2024 · 63 саҳифа
НАВРЎЗ ДАВЛАТИ МОСТ
Наврўз Офтоб аст,
Ҳар тобаш изтироб аст,
Ҳар сўзи ў ҷавонист,
Ҳар рўзи ў шабоб аст.
Наврўз Офтоб аст.
Наврўз инқилоб аст,
Афканда ҳар ниқоб аст,
Хок аст завҷаи бод,
Оташ арўси об аст.
Наврўз инқилоб аст.
Наврўз–ишқи печон,
Обистан аст кайҳон,
Обистан аст олам,
Обистан аст ҳайвон.
Наврўз–ишқи печон.
Наврўз табли шодист,
Сармои дай дигар нест.
Сардӣ чу барфи охир
Аз тору пуди мо хест.
Наврўз табли шодист.
Гардид ҷони мо сабз,
Ҳарфи забон мо сабз.
Пирем ё ҷавонем,
Шуд устухони мо сабз.
Гардид ҷони мо сабз.
Наврўз давлати мост,
Ҳар сабза ҳиммати мост,
Ҳар лола сурхрўйӣ,
Ҳар ғунча исмати мост.
Наврўз давлати мост!
ДАР ОБИ ВАХШ МОҲИИ
ЗАРРИНИ БАХТИ МОСТ
Дар хонае, ки барқ набошад, нишот нест,
Дар кишваре, ки барқ набошад, ҳаёт нест.
Ҳар миллате, ки ғарқ нагардад ба нури барқ,
Дар толиъаш ситора дар ин коинот нест.
Чашме, ки оташак занад аз сериву пурӣ,
Ўро ба ғайри оташи обӣ субот нест.
Хуш гуфт пири мо, ки: «Саховат ибодат аст
Ин нуктаро ниёз ба шарҳу барот нест.
Ҳар кас, ки саҳми хеш ба «Роғун» ниҳодааст,
Пурқиматаш ба назди Худо з-ин закот нест.
Оне, ки пули андаку беше дар он ниҳод,
Дар Рўзи Ҳашр маътали Пули Сирот нест.
Он, ки дар ин ҷаҳон накунад дўзахе биҳишт,
Дар он ҷаҳон ба арши биҳишташ қанот нест!»
Резад ба пойи ў ҳама ганҷинаи ҷаҳон,
Онро, ки ғайри нур, шайаш дар бисот нест.
Дар оби Вахш моҳии заррини бахти мост,
Дар Нилу Волгаву Амазону Фурот нест!
Нерўи барқи обии «Роғун» наҷоти мост,
Дар барқи абру оби ду чашмон наҷот нест.
Ваҳшии Вахш ром кун, эй ҳамватан, ба зўр,
Дигар замони тарсу шаку эҳтиёт нест!
Назри ЯЗДОНӢ
ТОҶИКИСТОН БЕҲТАР АЗ ҶОН
Захми чашм афтод бар рухсори ту,
Дар ҳавои софу дар ҷўбори ту,
Оҳи сурху зард омад дар ҳаво,
Оби сурху зард андар ҷўйҳо.
Зард ояд дард аз овои ман,
Оҳҳои сард аз ҳайҳои ман,
Мерасад аз нағмаҳои ҷўйҳо,
Тоҷики ман, вои ман, эй вои ман.
Пардаҳои нағмаҳоямро бикан,
Бар барои бекафанҳоям кафан,
Эй ғарибони Ватан, овардаам,
Пораеро аз Ватан дар ҳар сухан.
Тоҷикистон, зиндаам бо бўи ту,
Кўр бодо чашми бад бар сўи ту,
Дур бодо ранги зарду гарди дард,
Ҷовидон аз рўи ту, аз ҷўи ту.
Эй худо, пайванд кун бишкастаро,
Ҷамъ кун ҷамъи парешон рафтаро,
Ҷамъи хурди Тоҷикистони маро,
Аз парешонӣ, нигаҳ дор, эй худо.
Тоҷикистон, Тоҷикистон,
Тоҷикистон ҷону ҷонон,
Тоҷикистон беҳтар аз ҷон,
Беҳтар аз ҷонону ҷонон.
ОРИЁНИ БОСТОНАМ,
ТОҶИКИСТОНИ ҶАВОНАМ…
Ориёно, Ориёно, Ориёни бостонӣ,
Ориёни бостону Тоҷикистони ҷавонӣ.
Тозаву сарсабзу рўшан, эй диёри боғу гулшан,
Чашмасору обшорӣ, ҷаннати рўи ҷаҳонӣ.
Азм кардӣ, ориёна, дасти Аҳриман бубастӣ,
Разм кардӣ рустамона, пои сарлашкар шикастӣ.
Базм кардӣ ориёна, даштҳоро кишта кардӣ,
Базм кардӣ орифона, кинаҳоро кушта кардӣ.
Киштаӣ дар ҷўяҳои мағзҳо пиндорҳо,
Ҷорӣ кардӣ аз забонат чашмаи гуфторҳо.
Аз қадамҳоят бирўяд хуштарин рафторҳо,
Хуштарин ангорҳо, атворҳо, адворҳо.
Шаҳриёрӣ, шаҳриёри кишвари меҳру муҳаббат,
Шаҳриёри орифони кишвари ишқу садоқат.
Орифи шаҳрофаринӣ, сад Бухоро сохтӣ,
Шаҳраке аз хишти пухта, шаҳре аз хишти саодат.
Ман ба расми ориёнӣ тоҷ бар сар кардаам,
Бар дирафши ориёнӣ ҳафт ахтар кардаам,
Чилчароғи орифона ман фурўзон доштам,
Хонадони ҳафт кишварро мунаввар кардаам.
Зинда бодо Ориёнам, ориёни бостонам,
Ориёни бостону Тоҷикистони ҷавонам!

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё