АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 408 саҳифа
Шарифбек АЗИЗӢ
ПАРВОЗ
Қисса
Он рўзи якшанбе бозор ниҳоят пуродам буд. Гўё замин кафидаву одам баромада бошад. Ҳама дар талоши зиндагӣ чун мурчагон дар ҳаракат буданд. Мўйсафеди Ҳусайн бо аробачаи фарсуда, ки онро ягона воситаи рўзгузарониаш медонист, омодаи хизмати мардум буд. Аммо ҳайрон буд, ки соат ёздаҳ шудаасту касе ўро ҷеғ намезанад. Мўйсафед харчанд ба хотир овардани шуд, ки ин субҳ бо кадом дасташ аз хоб хестааст, вале натавонист. «Агар кор ҳамин хел рафтан гирад, ба гумон аст, ки бегоҳ барои ду набераи сағерам қути лоямуте бурда тавонам».
Ин фикрро аз дил гузаронда буд, ки рў ба рўяш ҷавонзане омад.
– Бобо, агар бемалол бошед, ҳамон халтаи орди маро мебурдед.
– Хуб шудаст, – гўён мўйсафед аробаашро тела дода, аз қафои ҷавонзан ба растаи ордфурўшон рафт.
мўйсафед зуд халтаро болои ароба гузошта ба ў нигарист.
Ҷавонзан ба дасти ў як сомонӣ дода нишонаашро гуфт ва худ дар байни издиҳом даромада рафт.
Мўйсафед аробаро тела дода, аз бозор баромаду, лаҳзае қоматашро рост кардани шуд, вале натавонист. Оҳе кашида худ ба худ гуфт: қоматеро ки бори вазнини зиндагӣ хам кардааст, рост карданаш мушкил…
Замоне Ҳусайн дар деҳаи дурдасти кўҳистон зиндагӣ дошт.
Шикорчии моҳир буд. Пинҳони оҳў шикор мекард, зеро медонист, ки Қонун шикори ҳайвоноти нодирро маън кардааст.
Вале ин пинҳонкорӣ пўшида намонд. Ҳукуматдорони маҳал ўро ба хизмати хеш ҷалб карданд ва акнун ягон Қонун садди роҳи ў набуд. Чунки санг ҳам он ҷо буду сангшикан ҳам…
Чун ба хизмати калоншавандаҳо камар баст, ёру дўстонаш таъкид мекарданд, ки аз баҳри ин хизмат гузарад, вагарна хуни ноҳақ рехтааш ба гарданаш мегардад. Вале ҳамаи ин гапҳо аз як гўши Ҳусейн даромада чун бод аз дигараш баромада мерафт. Дар давоми се – чор соли дар хизмати калонҳо будан, дар кўҳу пуштаҳои Вахё дигар ҳайвони ёбоӣ намонд…

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё