АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

Шабе яке аз мансабдорон масто – маст ба ҳавлии ҳамсоя медарояд, ки саг ўро мегазад. Бо мақсаде ки сирраш ошкор нашавад, ҳамсояашро барои нигоҳ доштани саги девона ҷарима намуда, қарор мебарорад, ки ҳамаи сагҳо нобуд карда шаванд. Ҳарчанд дар ин бора хулосаи ташхисӣ набуд, вале касе муқобили қарори ў баромада натавонист. Мансабдор ин корро ба зиммаи Ҳусайн вогузошт ва ваъда кард, ки барои ҳар саги паррондааш се сўми музд медиҳад. Дар муддати як ҳафта Ҳусайн қариб ҳамаи сагҳоро бо вуҷуди рози набудани соҳибонашон парронд ва дар байни мардум лақаби Сагкушакро гирифт. Ҳамин лақаб боис шуд, ки ў қимоб шаваду сарашро гирифта баромада равад…
Инак бисту чор – бисту панҷ сол аст, ки Ҳусайн ёди ватани падар накардааст. Аз он метарсад, ки боз мардум ба тарафаш ишора карда гўянд, ки бубинед боз Ҳусайни сагкушак омад.
Дар ин муддат рўзҳои сахте ба сараш омад. Писараш вафот кард. Набераҳояш Мавлуда ва Анора сағера монданд. Худ ба худ меандешид, ки ҳамаи ин натиҷаи рехтани хуни ноҳақи ҷонварон аст...
Мўйсафед саргарми андешаҳо аробаи чун худаш фартутро базўр тела дода пеш мебурд. Садои шарақ – шарақи чархҳои ароба аз беравған монданашон гувоҳи медод. Вале ин «гиря» ба гўши Ҳусайни аробакаш надаромад, ки надаромад. Дар давоми як соле, ки ароба дар хизмати ўст, боре ҳам онро таъмир накардааст.
Дар ин гармои сахт дар кўча касе набуд. Ба назар чунин менамуд, ки натанҳо одамон, балки магасҳои шилкин ҳам аз гармӣ паноҳ бурданд, то ки пару боли хешро насўзанд. Танҳо мўйсафеди Ҳусайн аз баҳри ёфтани қути лоямуте дар ҳаракат буд.
Мўйсафед роҳи калонро миёнбур карда гузаштани буд, ки чархи ароба шикаст. Ў линчаро аз ароба гирифта паҳлўи дарахте монд ва хост баргашта аробаро ҳам биёрад. Нохост чашмаш ба шахсе бархўрд, ки аз бинои нўҳошёна ба поён парвоз дорад.
Хост, ки ба тарафи бино давад, вале аробаро ба ёд оварда аз райъаш гашт. Онро кашолакунон ба назди дарахт оварда, ба тарафи нўҳошёна нигарист.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё