АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

Дар ошёнаи нўҳум дар паси пардаи тиреза суроберо дид, ки ба поён менигарист. Ё шояд дар наздаш тофт…
Сипас, чӣ тавр аз роҳи калон гузаштанашро надонист.
Қариб ба зери чархи мошине монда буд. Автомашина аз паҳлўяш чунон ба шаст гузашта рафт, ки ҳатто шамоли он тоқии мўйсафедро аз сараш афтонд…
Ба ҳар ҳол мўйсафед аввалин шуда ба назди шахси аз боло афтида расид. Вай болои замини на чандон хурди пушти бино, ки кадоме аз истиқоматкунандагон ба обчакорӣ табдил дода буд, рў ба замин зада, аз лабу даҳонаш хун ҷорӣ буд. Мўйсафед ўро бардоштани шуд, вале ҳамоно аз райъаш гашт, чунки гардани шикастаи мард ба тарафи чапи танаш тоб хўрда, дигар ба ёрие муҳтоҷ набуданашро собит месохт.
Ў марди афтидаро ба пушт хобонида, дасту пояшро рост карда, чашмонашро молиш дода пўшонд. Ҷойнамозашро ки вазифаи миёнбандро ба ҷо меовард кушода, қисме аз онро пора карда, манаҳ ва ду нарагушти пояшро баст.
Дар як лаҳза гирду атрофи майитро одамони зиёде печониданд. Нафаре аз гирдомадагон ба тирезаи ошёнаи якуми ҳамон бино ангушт зад.
Духтараке тирезаро кушода буд, ки он мард гуфт:
– Баҳринисо ба милиса занг зада хабар деҳ, ки марде аз ошёнаҳои болои ҳамин бино афтидааст.
– Ба 03 ҳам занг занам дадаҷон?
– Не, ў дигар ба ёрии табибон муҳтоҷ нест, – гуфт ҳамон мард ва боз ба назди мардуми ҷамъ шуда баргашт. Ў ҳам аз болои симхор гузашта ба назди мўйсафед омад…
Дере нагузашта автомашинаи милиса ҳозир гардид. Аз дохили он чор нафар берун омаданд. Як нафарашон дар либоси низомӣ буд. Маҳз ҳамон кас сардори гурўҳ буд, ки аз ҳозирон воқеаи рух доданро пурсид.
– Ўро аз ошёнаи нўҳум партофтанд, – гуфт мўйсафед.
– Шумо дидед?
– Не, дидан– ку надидам, вале ба фикри ман ҳамин хел аст.
– Бобо, ин ҷо ҳама корро факту рақами аниқ ҳал мекунад, фикри беасосро дар ягон ҷо дўхта намешавад, – ба гап ҳамроҳ шуд марди ғайринизомипўши нав омада.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё