Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 408 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Охир, ман аз лаҳзаи афтидани ин мард ҳамин ҷо будам ва чӣ тавр сарозер омаданашро дидам.
– Шояд ў аз ошёнаҳои чорум ё панҷум афтида бошад.
Шумо аниқ надидед, ки ўро партофтанд ё худаш афтид.
– Худораҳматиро ман дар байни ошёнаи шашуму ҳафтум дидам.
Мусоҳиб лаҳзае ба қомати хамгаштаи мўйсафед ва чашмони фурўрафтаву обрави ў нигариста, чизе гуфтан хост, аммо мўйсафед пешдастӣ кард:
– Шояд гуфтаниед, ки ман чи хел дар байни кадом ошёна будани ўро фаҳмидам.
– Бале, бале...
Мўйсафед дидаашро нақл кард.
Мусоҳиб пурсид:
– Сўробро дидед ё дар назаратон ҳамин хел намуд?
– Ман аниқ гуфта наметавонам, вале ба фикрам ҳамон ҷо одам буд.
– Чаро чунин худбоваред?
– Албатта, банда ақидаи хешро ба гардани шумо бор кардани нестам, вале замоне ман шикорчӣ будам. Гарчанде солиёни зиёде ба шикор набаромада бошам ҳам, мушоҳидаҳоямро фаромўш накардаам.
– Дар гирду атроф касе набуд?
– Аниқ гуфта наметавонам, вале кўча холӣ буд.
Дар ҳамин вақт автомашинаи «Ёрии таъҷилӣ» расида омаду суҳбати мўйсафеду корманди милиса канда шуд.
Чун азназаргузаронии ҷойи ҳодиса сар шуд, мўйсафед бори амонат гирифтаашро ба ёд оварда, аз мусоҳибаш иҷозати рафтан пурсид..
– Боз каме сабр мекардед, бобо.
– Охир ман бояд он линчаи ордро ба соҳибаш бурда диҳам, ба зами ин аробаам шикастааст, – узр пеш овард мўйсафед.
– Ин тавр, ки бошад нишониатонро монда равед, – гуфт ҳамсуҳбати мўйсафед ва ба яке аз кормандонаш амр кард.
– Бачаи боба, канӣ бин Сорбони Ҳомид куҷо шуд?
Номашро гиру гўшашро каш гуфтагӣ барин аз паҳлўи бино ҷавони қоматбаланде, ки дар автомашинаи аввал омада

пешина
аз 408
навбатӣ