АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

буд, баъди лаҳзае ба тарафаи бино рафту назди мусоҳиби мўйсафед омада гуфт:
– Рафиқ, майор дар он ҷо касе нест.
– Чӣ хел нест?
– Ҳамсояҳо мегўянд, ки чанд моҳ пештар соҳибони хона ба хориҷа рафтаанд.
– Хонаро бе назорат монда омадед?
– Не, нозири минтақавӣ Озар Аминзода ҳамон ҷост.
– Болои бомро хабар гиред.
– Ман аллакай баромадгоҳи болои бомро ҳам дидам. Бо қулфи калоне чун қулфи анбор маҳкам карда шудаст.
– Аз пайи кор шавед, гиреҳи ин муамморо дар ин ҷо не, дар худи дохили бино ҷўстан лозим.
– Итоат рафиқ майор, – гўён Сорбони Ҳомид аз назди издиҳоми ҷамъшуда боз ба тарафи бино тоб хўрд.
Мақтул дар намуд марди чил–чилу панҷсола буда, дар тан куртаи остинкалтаи сафед, шим ва туфлии сиёҳ дошт. Дар киссааш ба ғайр аз ҳашт сомониву бист дирам дигар чизе ёфт нашуд. Ба кадом табақаи аҳолӣ мансуб буданашро муайян кардан душвор буд. Ў дар намуд европойи метофт.
Танҳо пас аз азназаргузарони ҷойи ҳодиса ва сурат гирифтани ҷасад марди хилъати сафедпўш ду нафарро барои бардоштани ҷасад рухсат дод. Чун ҷасадро ба автомашинаи «Ёрии таъҷилӣ» бор карданд, мардум ҳам пароканда шуданд ва фақат ду – се нафар ҳамроҳи милисаҳо дар ҷойи ҳодиса монданд.
Маълум шуд, ки мақтул дар ин бинои нўҳошёна зиндагони намекардааст. Ба ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ лейтенанти милиса Озар Аминзода муяссар шуд, ки дар бораи истиқоматкунандаи се ошёнаи болои бино маълумот дастрас намоянд.
Ҳар як ошёна панҷ квартира дошт, ки аз онҳо танҳо ду квартирааш аз пушти бино тиреза доштанд. Ин дараҷаи кофтуковро то андозае осонтар мекард.
Маҳз аз шаш квартирае, ки дар ҳамон самти бино ҷойгир буд, соҳибони сетояш дар хона буданд ва дар ҳар се хонадон ҳам хандаю ҳам гиряи кўдакон ба гўш мерасид. Хонае, ки хандаю гиряи тифл дорад хушбахти дар он хонадон аст…
Дари се квартираи дигар маҳкам буд. Аз рўйи гуфти ҳамсояҳо дар яке аз он хонаҳо кампири русе зиндагӣ мекунад ва ҳар рўз аз саҳар то бегоҳ дар бозор нишаста майда –ҷўйдаҳояшро мефурўшад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё