Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 408 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ҳамсояи ў марди 35–40 солае ходими кадом як институти тадқиқотист, ки сари субҳ рафта нисфи шаб меояд. Ҳардуи онҳо дар ошёнаи ҳаштум зиндагӣ мекунанд.
Хонае, ки аз ҳама бештар таваҷҷўҳи милисаро ба хеш ҷалб кард, ин ҳамон хонае буд, ки мўйсафеди аробакаш ба қавле дар паси тирезаи он сўроберо дида буд.
– Агар аз рўйи мантиқ андеша намоем, осори ҷиноят аз ҳамин хона берун нест,– гуфт Сорбони Ҳомид ба Озар Аминзода ва ўро ҳамон ҷо барои назорат гузошта худ аз зинаҳо ба поён фаромад.
Озар ҳайрон буд, ки чаро Сорбони Ҳомид ба лифт савор нашуд…

Сардори шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Шоҳмансур Абдуҷаббори Ислом, ки нав ба ин мансаб таъин шуда буд, гузориши Сорбони Ҳомидро дар бораи ба зери назорат гирифтани хонае, ки дар ошёнаи нўҳум воқеъ буд пазируфт. Ва баъди каме суҳбат гуфт, ки ҳоло рафта аз ҳайати қаторӣ ду нафарро дар либоси ғайринизомӣ ба ин ҷо мефиристад ва ба ронанда амри ҳаракати мошинро дод.
Сорбони Ҳомид боз аз пайи иҷрои кори хеш шуд. Бо чандин нафар сокинони бино суҳбат кард, вале касе ҳам нагуфт, ки мақтулро дидааст.
Ў ҳис кард, ки гурусна мондааст. Вақте ба соат нигарист ақрабаки он ба се наздик мешуд. Озарро танҳо гузошта рафтан нахост. Ба лифт нишаста, ба ошёнаи нўҳум назди ў баромад.
– Шумо рафта тановули нисфирўзӣ карда биёед, – гуфт ў.
– Чаро худатон нарафтед?
– Ҳоло иштиҳоям нест, шояд то баргаштанатон иштиҳоям пайдо шавад.
Озар дигар баҳс накарда ба лифт нишаст.
Сорбони Ҳомид ду– се зина болотар баромада нишаст.
Ҳеҷ бовар намекард, ки мўйсафеди аробакаш дар масофаи сад – саду панҷоҳ метр дар паси тирезаи ошёнаи нўҳум суроберо дида тавонад. Агар инро ягон марди бист – биступанҷ сола мегуфт, алббата, бовар кардан мумкин буд.

пешина
аз 408
навбатӣ