Зеҳн
«Гулбонги Истиқлол»

Маҷмўаи дастҷамъӣ буда, шеърҳои дар ситоиши Ватан, Истиқлол, Сулҳ, ваҳдат ва дўстӣ бахшидаи шоирони муосири тоҷикро фаро гирифтааст.

Валиев Султон · 27 ноябри 2024 · 63 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Саидқул МИРАЛИЗОДА

СОЛИ ТОҶИК

«Муборак бод истиқлоли тоҷик»,

Ҳаёти хурраму иқболи тоҷик.

Шуда аз ғайрати ҳар як ватандор

Зи хубӣ хубтар аҳволи тоҷик.

Ба ҷавлон дар самои зиндагонист,

Салоҳу сулҳ бошад боли тоҷик.

Надидам ҳеҷ қавмеро ба олам

Ба номусу шараф амсоли тоҷик.

Бувад бунёдмаҳкам давлати мо,

Зи Сомонист баски Оли тоҷик.

Ба ин некахтарию сарфарозӣ

Хушо бошад ҳамеша соли тоҷик!

СОҲИБИХТИЁРӢ

Хушо, тоҷик, соҳибихтиёрӣ,

Сари сабзу нумўи навбаҳорӣ.

Муборак баъди яъсу ноумедӣ

Расидан бар муроду комгорӣ.

Ҳазорон сол буд ақвоми тоҷик

Ба тахту тоҷи Сомонӣ хуморӣ.

Талошу азми ту некў самар дод,

Муборак тахту бахту тоҷдорӣ!

Набошад милате амсоли тоҷик

Баномусу шараф, бонангу оре.

Ба ҳифзи зарраи хоки диёраш

Бувад омода баҳри ҷоннисорӣ.

Чу ҳастӣ қавми бофазлу хирадманд,

Набинӣ ҳеҷ гаҳ хорию зорӣ.

Нуқраи СУННАТНИЁ

ТОҶИКИСТОН

Номи ту бар лаб наронам беш, то наафтад аз даҳон номи ту, ки ояти ишқ асту нур, ибтидои зиндагониву сурур марҳами ҷон,

Тоҷикистон!

Номи ту бар лаб наронам беш,

То налағжад аз лабонам ногаҳон, чун зи лабҳои садаф дурдонае бар дили пуршўри дарё бегумон.

Номи туст– ин гавҳари покии имон,

Тоҷикистон!

Номи ту бар лаб наронам беш,

Номи ту ҷамъи ҳама зебоиҳост,

Беҳтар аз фирўзаву лаъли Бадахшон,

Эй нигини зеби тоҷи Оли Сомон,–

Тоҷикистон!

Номи ту бар лаб наронам беш

Чун дигарҳо саҳл бо нўки забон,

То наолоям ба гардаш,

То наафзоям ба дардаш,

То накоҳад қимати он,

Тоҷикистон!

Номи ту дар дил бигирам, ҷои ҷон,

Тоҷикистон,

Тоҷикистон!

ЭЙ ВАТАН

Кай кашидӣ интизории маро,

То ки оям рўи хокат, эй Ватан?

Лек медонам, накардам интихоб

Бо сари худ хоки покат, эй Ватан!

Кош, ман чун ҳадя бошам баҳри ту,

З-он ки беҳин тўҳфаи аз баҳри ман.

Аз азал бо ҳамдигар ҳамқисматем,

Ҳамгилему ҳамдилу ҳамҷону тан.

Аз азал чун модарӣ аз баҳри ман,

З-ибтидо фарзанд ман аз баҳри ту.

Нуқраи покизаи ҷисми туям,

Мисли ҳар як деҳаи ту, шаҳри ту.

Ҳеҷ касро нест имкон, то кунад

Модари хешу Ватанро интихоб.

Мояи тақдир бошад ин ҳама

Бахти кас бедор бошад ё ки хоб.

Шукр гўям қисмати некўи худ,

Шукри он ки бахти бедори манӣ.

Озмудам раҳ ба раҳ сад ранг дўст,

Тоҷикистон, беҳтарин ёри манӣ.

Меравам ҳар ҷой чун Меҳри сипеҳр

Ё чу меҳри модари ҷонбахши ман.

Хонаи ҷону дилам равшан кунад,

Ёди ту–Варзобу Сиру Вахши ман!

Лаълҷубаи МИРЗОҲАСАН

МУРҒИ ИСТИҚЛОЛ

Эй мурғи хушхиром,

Эй мурғаки раҳошуда аз бандҳои дом.

Эй беҳтарин парандаи дунёи ормон,

Зеботарин фасонаи таърихи тоҷикон.

Эй солҳо ба кунҷи қафас мустақар шуда,

Бо болу пар ситодаю бе болу пар шуда,

Эй зуд рафта дер зи ҳолам хабар шуда,

Эй худ асар ба зиндагию беасар шуда.

Дар гўшаҳо зи гоҳи саҳар то ба пойи шом,

Аз фарш то ба арш, зи саҳрой то ба бом,

Эй аз ҷаҳони поку зи озодиҳо салом,

Эй мурғи хушхиром,

Меҷустамат мудом.

Чун субҳи босафо ивази шом омадӣ,

Оғози субҳ аз паси анҷом омадӣ.

Эй пайки рўзгор,

Эй навгули баҳор,

Монандаи ҳумо ба сари бом омадӣ.

Эй орзуи миллату эй тўҳфаи замон,

Эй маҳвсози зулмати шабҳои бекарон.

Эй шўълаи самоии ваҳдатситони мо,

Эй рўшании зиндагии нав ҷаҳони мо.

Эй ҳадяи биҳиштӣ зи алтофи Кирдугор,

Рахшонтарин ситораи гардуни рўзгор.

Ин хоки тира аз рухи ту зери по зар аст,

Аз болҳои нурфишонат мунаввар аст.

Чун ташнакоми об намудам садо туро,

Кардам зи шом то дари субҳе нидо туро,

То бар тани заиф намоям даво туро.

То ёбамат ба дарди ватан чун даво туро.

Эй мурғи некфол,

Эй хушқаноту бол.

Аз доми бандҳо,

Аз коми фандҳо,

Охир ба дасти хеш намудам раҳо туро.

Эй мурғи ормон,

Эй пайки зиндагии нави шеързодагон,

Дар осмони сабзи саодат ҳамеша мон

Чун бахти тоҷикон!

пешина
аз 63
навбатӣ