«Гулбонги Истиқлол»

Маҷмўаи дастҷамъӣ буда, шеърҳои дар ситоиши Ватан, Истиқлол, Сулҳ, ваҳдат ва дўстӣ бахшидаи шоирони муосири тоҷикро фаро гирифтааст.
Валиев Султон · 27 ноябри 2024 · 63 саҳифа
ШАТРАНҶ
Дар хаёлам зиндагонӣ саҳнаи шатранҷ ҳаст,
Ранҷ агар бар ҷон кашидӣ, нақдаи он ганҷ ҳаст.
Мўҳраҳо аз дона то фарзин чу мебошад азиз,
Нест нодаркор саҳни рўзгорон ҳеҷ чиз.
Борҳо бишнидаю дидем дар ин корзор,
Буд нобуд гаштаю нобуда буд, ин гўш дор:
Бингарад ҳар мўҳрае бар тахта бо азму субот,
Бар ямину бар ясору пешу пас бо эҳтиёт.
Майда-майда дона бо ҷидду ҷадал фарзин шавад,
Зинбапуште аз амал охир савори зин шавад.
Ростӣ омўз аз рафтори худ гоҳи набард,
Каҷравии асп охир шоҳи худро мот кард.
Дар ҳақи фарзин яке фил кори бас марғуб кард,
Дигаре бо ҳамлаи худ шоҳро мағлуб кард.
З-ибтидо ҳар мўҳрае дорад ба худ ҷоеву ном,
Гоҳи бурду бохт мегардад яке воломақом.
Ин ба ону он ба инаш такягоҳу ёвар аст,
Ҳар яке бозингару корозмуда довар аст.
Ваҳдати шатранҷ бар мо панд бошад, бегумон,
Шоҳ чун танҳо бимонад, мот гардад он замон.
Абдурауф МУРОДӢ
РЎЗИ ВАҲДАТ
Қалбҳо аз қайди ғам озод шуд,
Гўӣ, Ширин ҳамдами Фарҳод шуд.
Парчами ваҳдат парафшон гашт боз,
Пиру барно ҳар куҷое шод шуд.
Вартае дар ҷодаҳои мо намонд,
Шоҳроҳи тозае бунёд шуд.
Тоҷики равшанзамир бинмуд ҷаҳд,
Аз Худованди сахӣ имдод шуд.
Бар парешонгашта ёрони азиз,
Сўи оғўши Ватан фарёд шуд.
Дўстонро ханда андар лаб шукуфт,
Душманонро нақшаҳо барбод шуд.
Мулки мо аз бўсаю оғўшҳо
Гўиё пуркелину домод шуд.
Аз футўҳи беназири тоҷикон
Шаҳкитобу қиссаҳо эҷод шуд.
ШУКРОНА
Шафоатмандии Яздон расида,
Ба дарди тоҷикон дармон расида.
Зи баъди сактаи Сомониён боз
Бар ин кишвар зи нав сомон расида.
Ба ваҳдат ҳар куҷо оғўш боз аст,
Ки сарҳо бар сари паймон расида.
Зи файзи ҳамдиливу ҳамнавоӣ,
Басе файзе ба дастархон расида.
Ҳама озодаву болида , гўӣ,
Ба марзи ташнае борон расида.
Ба дастафшонии тоҷик ёрон
Зи Ҳинду Чину аз Эрон расида.
Ҳама гўянд ҳарфи сулҳу ваҳдат,
Ки ҷанги худкушӣ бар ҷон расида.
Аз ин пас модари тоҷик ҳар ҷо
Аз он нозад, ки бар армон расида.
Душанбе омада аз нав бузургон,
Чу Юсуфон, ки бар Канъон расида.
Сияҳкор аз сиёсат дур гардид,
Сиёсат бар хирадмандон расида.
Худо, кун бепаю бебозгашташ
Сияҳрўзе, ки бар поён расида.
ТАМАННО
Расад рўзе, ки мо вораста бошем,
Забон аз ғай бати ҳам баста бошем.
Бурун афканда аз худ бухлу кина,
Ҳама озодаву барҷаста бошем.
Шавад гулрез нахли ваҳдати мо,
На ҳамчун шохаи бишкаста бошем.
Барандозем аз дил меҳри сарват,
Фақат бар ҳамдигар дилбаста бошем.
Чӣ ҳусне аз парешонии гулҳо,
Биё, эй ҳамватан, гулдаста бошем.
Ба ҳам бандем занҷири муҳаббат,
Ки занҷири адў бигсаста бошем.
Расад рўзе, ки мо бедор гардем,
Ба асли поки худ пайваста бошем.
Расад рўзе, ки ҳамчун Оли Сомон,
Ҳумоюндавлату барҷаста бошем.
Хосият ВАЛИЗОДА
ИСТИҚЛОЛ
Рўзгори сабзу хуррам бошад истиқлол,
Азми беандоза ҳар дам бошад истиқлол.
Ҳамчу оби тозаву боду ҳавои хуб,
Дар ҳама ақсои олам бошад истиқлол.
Хонаи ободу хони пур зи файз умре,
Заркалиди бахти одам бошад истиқлол.
Он паём аз ложварди эзиди пок аст,
Даст бар дастасту маҳкам бошад истиқлол.
Ҷанги бадрў доимо дар қасди зебоист,
Бо салоҳу Сулҳ тавъам бошад истиқлол.
Чеҳраҳои шоду хандон фориғ аз ғурбат,
Чирагӣ бар аҳди адҳам1 бошад истиқлол.
Рўҳи аҷдодони худро шод бинмудем,
Ояҳои қудси ардам2 бошад истиқлол.
Тоҷикони сарфароз аз ҳар канори даҳр,
Ҳамдилу ҳамрой3 бо ҳам бошад истиқлол.
Ҳамватан, бодо муборак худшиносият,
Сўи фардо гоми бардам бошад истиқлол.
1 Аҳди адҳам—ин ҷо ба маънои гузаштаи тор омадааст.
2 Ардам –ояҳои китоби муқаддаси «Авасто» дар назар аст.
3 Рой—андешаи маҳкам , иродаи қавӣ.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё