«Гулбонги Истиқлол»

Маҷмўаи дастҷамъӣ буда, шеърҳои дар ситоиши Ватан, Истиқлол, Сулҳ, ваҳдат ва дўстӣ бахшидаи шоирони муосири тоҷикро фаро гирифтааст.
Валиев Султон · 27 ноябри 2024 · 63 саҳифа
САРҚОНУН
Шаҳодатномаи иқболи миллат,
Шукўҳи меҳаниву боли миллат.
Китоби ақливу озодибахшӣ,
Сафои рўҳиву ҳам шодибахшӣ.
Саодатномаӣ аҳли ватанро,
Нумўбахши сурури анҷуманро.
Асоси давлативу буди давлат,
Каломи раҳкушо бар суди давлат.
Сароғозӣ барои кашфи эҷод,
Барои ҳар накўфарди худодод.
Барои бахти некў раҳкушоӣ,
Ба ҳар инсони қобил раҳнамоӣ.
Адолатномаӣ дар дасти инсон,
Барои покиву пайкору имон.
Чароғи раҳнамои давру даврон,
Китоби бахти халқи Тоҷикистон.
Каломи теғ бар фарқи ҷаҳолат,
Барои худшиносиӣ кафолат.
Ту саддӣ бар алайҳи кулли бадкор,
Таноби гардани ҳар шахси мурдор.
Ҷиноятпешаро одам кунӣ ту,
Ба аҳли байташон ҳамдам кунӣ ту.
Ягона будани давлат пазирӣ,
Ҳақо қонуни хубу беназирӣ.
Барои наслҳоӣ номаи дод,
Аз он мо мардумони хонабод.
Бақои зиндагӣ ҳастиву эъҷоз,
Барои миллатӣ ту боли парвоз.
Саид АБДУЛЛО
ВАТАНПАРАСТӢ
ВАҲДАТ АСТ
Он кас, ки ниҳоли сабзи боғи Ватан аст,
Осоиши дидаву димоғи Ватан аст.
Ҳар дил, ки барои ин Ватан месўзад,
Бо шўълаи хеш як чароғи Ватан аст.
Модар–Ватанам, ҳамеша дар ёди манӣ,
Дар арсаи зиндагонӣ имдоди манӣ.
Бунёд кунӣ марову обод кунӣ,
Бунёди манӣ, хонаи ободи манӣ.
Бар ман ҳама дам шеъру сухан хуш бошад,
Аз ганҷу гуҳар хоки Ватан хуш бошад.
Ман булбули шўридаи боғу чаманам,
Гулхандаи ин боғу чаман хуш бошад.
Мўҳтарам ҲОТАМ
ТОҶИК
Тоҷик аз оғози таърих омадӣ, хуш омадӣ,
Бо китоби рози таърих омадӣ, хуш омадӣ.
Пештар аз бомдоди нақши таърих омадӣ,
Дар ҷаҳон ҳамчун ниҳоди нақши таърих омадӣ.
Саргузашти умри таърих аст андар дўши ту,
Сарнавишти дури таърих аст андар ҳуши ту.
Соли таърихат бувад андар хабар ҳаждаҳ ҳазор,
Давлату фарҳангу аврангу китобат бешумор.
Эй диновар, давлатовар, эй нахустомўзгор,
Эй нахустин дар ҷаҳон адловару қонунгузор.
Ту алифбои нахустинро ба санг овардаӣ,
Пас китобу хомаву дафтар ба ранг овардаӣ.
Давлати Тоҷик буд дар сеяки рўи замин,
Шўҳрати тоҷик буд болотар аз чархи барин.
Дар Тибету Ҳинд маҳфуз аст осораш ҳанўз,
Ҳар куҷо монда нишонаҳои бисёраш ҳанўз.
Хиттаи ў ҷойгоҳи ҳазрати Одам буда,
Шўҳрату овозааш сар то сари олам буда.
Буд нахустинмеҳани авлоди одам хоки ў,
Чун биҳишти рўи олам буд хоки поки ў.
Сарзамини тоҷикон дар ҳафт кишвар будааст,
Чун камони ҳафтрангу ҳафт манзар будааст.
Мардумаш дур аз бадиву ҷаҳлу аз кину риё,
З-ин сабаб машҳур гардид он ба номи Орё.
Рўзгорашро нахуст аз оҳану санг офарид,
Пас тамаддун офариду илму фарҳанг офарид.
Дасти тиллоии ў таърихро бунёд кард,
Сарзамини мурдаи таърихро обод кард.
Кам-камак аз хоки худ охир муҳоҷир гашт ў,
Сар ба сар дар ҳар сўи олам мусофир гашт ў.
Ў ба ҳар як хиттаи таърих роҳи нав кушуд,
Ў ба ҳар як гўша номи нав ба худ пайдо намуд.
Тоҷику Рус, Артаву Арса ҳама аз номи ўст,
Худ Фарангу Ҳинду Эрон ҷумла аз пайғоми ўст.
Кўҳи Тоҷикро Худо аз рўҳи Тоҷик офарид,
Ҳамчу рамзе аз баландӣ кўҳи Тоҷик офарид.
Буд забони ҳазрати Одам забони орё,
Буд забони бас бузургону азизу авлиё.
Достонҳои «Маҳабҳарата» аз шаҳкори ўст,
Низ «Ригведо», «Авасто» ҷумла аз осори ўст.
«Шоҳнома», кист мегўяд фақат афсона аст?
Ҳар кӣ мегўяд вай аз таърих бас бегона аст,
Кист мегўяд, ки тоҷикро, набуд кишваркушо?
Ў кушода хиттаҳои Осиёву Аврупо.
Кам-камак таърихи худро лек ў аз ёд бурд,
Дастовардаш ба чанголи фаромўшӣ супурд.
Дастоварди варо бас ин гирифту он гирифт,
Ин гирифт ар ошкоро, он вале пинҳон гирифт.
Парварид ў ину онро гарчи андар доманаш,
Оқибат дар доманаш ҳам ину он шуд душманаш.
Бояд аз тақдири тоҷик кард бас шукру сипос,
Ғайри оне, ки набудаш дидаи душманшинос.
Дасти тоҷик хиттаи таърихро обод кард,
Ҷовидон Кохе ба нерўи хирад бунёд кард.
Тоҷик аз ин ҳиммати худ тоза миллат офарид,
Орёимиллати орӣ аз иллат офарид.
Ҳикмати пешини худро ў ба ёд овард боз,
Ҳиммати дерини худро дар ниҳод овард боз.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё