Зеҳн
«Гулбонги Истиқлол»

Маҷмўаи дастҷамъӣ буда, шеърҳои дар ситоиши Ватан, Истиқлол, Сулҳ, ваҳдат ва дўстӣ бахшидаи шоирони муосири тоҷикро фаро гирифтааст.

Валиев Султон · 27 ноябри 2024 · 63 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

ДУБАЙТИҲО

Бувад ваҳдат шиори рўзгорам,

Ба ҳар ҷое сухан аз ваҳдат орам.

Шуд Истиқлолу ваҳдат раҳнамоям,

Ба ҳар коре зи ваҳдат шуд барорам.

Аз он рўзе, ки ваҳдат шуд шиорам,

Бишуд ҳар миллату ҳар қавм ёрам.

Дарахти кина аз дилҳо бикандем,

Ниҳоли бахт сабзад дар диёрам.

Умеду орзўйи мо зи ваҳдат,

Ба ҳар ҷо гуфтугўйи мо зи ваҳдат.

Ба ҳар коре нумўйи мо зи ваҳдат,

Бувад амнияти дунё зи ваҳдат.

Зи Ваҳдат мамлакат обод гардад,

Тамоми аҳли олам шод гардад.

Агар бошад дар олам сулху ваҳдат,

Бинойи бахти мо бунёд гардад.

Аз он рўзе раҳи Ваҳдат бишуд боз,

Ҳаёти хуррами мо ёфт оғоз.

Ба ҳар ҷое, ки дил хоҳад, равонем,

Кушода болу пар, гўйи ба парвоз.

Раҳи Ваҳдат, ки ҳамвор асту зебо,

Аз Истиқлол шуд моро муҳайё.

Барад ин роҳ моро сўйи мақсад,

Бувад роҳи умеди пиру барно.

Раҳи Ваҳдат раҳи сулҳу амонист,

Раҳи бахту саодат, шодмонист.

Чунон роҳат кунад кас андар ин роҳ,

Гумонам, ки чунин раҳ дар ҷаҳон нест.

Бубин, роҳе, ки моро мебарад Рашт,

Чӣ сон буду дар ин даврон чӣ сон гашт.

Ба сони каф бувад ҳамвор акнун,

Азоби роҳи мо, сад шукр, бигзашт.

Раҳи Ваҳдат, ки роҳи бемисол аст,

Зи «Ваҳдат» то канори Ҷиргатол аст.

Касе, ки сохт ин сон роҳ, нонаш

Ҳалол асту ҳалол асту ҳалол аст.

Гузар з-ин роҳ карда, мешавӣ шод,

Диёри мо, чӣ хуш, гардида обод.

Барои Сулҳу Истиқлолу Ваҳдат,

Ба Имом ибни Раҳмон офарин бод!

Киром ОСТОНЗОДА

МЕҲРИ ВАҲДАТ МЕШАВАД ТАВЛИД…

Ба меҳри файзбори рўзгорон боварӣ дорам,

Ба қавли баркамоли аҳди Яздон боварӣ дорам.

Ҷаҳони лашкари неку бадӣ чун оташу обанд,

Ба фатҳи лашкарони росткорон боварӣ дорам.

Агарчи тоҷикон дар даҳр мурғони парешонанд,

Ба сарҷамъии аҳли ҳамдиёрон боварӣ дорам.

Ба қонуни муҳаббат нафси саркаш ром мегардад,

Ба рўҳи покбози ҳақгузорон боварӣ дорам.

Навои зиндагӣ бо сози дилҳо ҷўр хоҳад шуд,

Ба амвоҷи нишоти комгорон боварӣ дорам.

Дигар абри сияҳ хуршеди дилҳоро намепўшад,

Ба истиқлоли мулки меҳрдорон боварӣ дорам.

Зи нав аз чашмаи дилҳо муҳаббат мешавад тавлид,

Ба ҷўши синаҳои роздорон боварӣ дорам.

Ватан аз оби ранҷи дасти мо шодоб хоҳад шуд,

Ба сарсабзии дашти галлазорон боварӣ дорам.

Ҳамон тоҷи шукўҳи давлати Исмоили Сомон,

Дурахшон бар сари меросдорон боварӣ дорам.

Табибони хирад дилро шифои тоза мебахшанд,

Ба нирўйи каломи ғамгусорон боварӣ дорам.

Ҳама чун зарраҳо як пораи хуршед мегарданд,

Ба ҳамдастии меҳри ҳамҷоварон боварӣ дорам.

Ба азми ҳамдилӣ мулки башар обод мегардад,

Ба хуршеди азими дўстдорон боварӣ дорам!

НУРИ ИТТИҲОД

Тифли ҷон дар сина мерақсад ба сози ҳамдилӣ,

Мурғи рўҳам нағма мерезад зи рози ҳамдилӣ.

Дар баҳори амни кишвар гулбуни меҳрам шукуфт,

Ҷўр шуд бо тори назми дилнавози ҳамдилӣ.

Андалебам аз қафас озод шуд, парвоз кард,

Бар самои беғубори Майҳанам овоз кард.

Вожаи ишқам ба шохи килки ҷонам гул намуд,

Баски дар набзи дилам нури Худо иъҷоз кард.

Мурғи фикрам дар замони Оли Сомон бол зад,

Дар шукўҳи мулки тиллоини ишон фол зад.

Ҳикмати деринаи Сомониёнро зинда кард,

Парчами андешаро дар маснади иқбол зад.

Аз чароғи Рўдакӣ равшан бишуд дунёи дил,

Аз давои Буалӣ дармон бигирад ройи дил.

Хуни Исмоъили Сомонист дар шарёни мо,

Метапад баҳри дифои кишвару маъвои дил.

Парчами ваҳдат ба фарқи мо парафшон мешавад,

Меҳр дар кошонаи дилҳо дурахшон мешавад.

Аз ҷабини марду зан борони меҳнат рехта,

Ризқи мо фардо дар ин кишвар фаровон мешавад.

Бо хирад рахшанда бодо роҳи дури иттиҳод,

Бо хирад авзун-ш бинамоем зўри иттиҳод.

Зарраҳои ишқро хуршеди иҳсон сохта,

Дар ҷаҳони дил биафрўзем нури иттиҳод!

Усмон НАЗИР

ИСТИҚЛОЛ

Ибтидои ҳастии халқу Ватан,

Муждаи шодифизои ҷону тан.

Раҳкушои давлати нав, рўзи нав,

Раҳкушои бахти нав, наврўзи нав.

Зиндагибахшанда баҳри разму базм,

Мулкро бо ақл овардан ба назм.

Бозгў, равшаннамо таърихро,

Ҳам забони Зўраву Миррихро.

Раҳбари илму адаб омўхтан,

Машъали хушрўзие афрўхтан.

Ҳам садодеҳи диёри беназир,

Тоҷикони бефанову ҳам кабир.

Миллате, ки нест соҳибихтиёр,

Буду бошад мисли мурғи дар фирор.

Соҳибистиқлолӣ кард моро дигар,

Боз бинмуда ба мо роҳи зафар.

Кард Истиқлол моро комгор,

Маънии дигар гирифта рўзгор.

Гашт Истиқлоли тоҷик зебу фар,

Ҳам бақои миллати соҳибҳунар.

Пос медорем Истиқлоли худ,

Дўст медорем некў ҳоли худ.

Зинда бод Иқболрўзи Тоҷикон,

То замин асту ҳаёту ин Ҷаҳон!

пешина
аз 63
навбатӣ